Ба маъноҳои жарфу мураккаби суханони Бег Сабур сарфаҳм биравед!

Ба маъноҳои жарфу мураккаби суханони Бег Сабур сарфаҳм биравед!

     

 

 Як тафсир ва як шарҳе дар ҳошияи сӯҳбатҳои ахири Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо хабарнигори “Озодӣ”

 

Як тафсир

 Савол: Шумо ба ҳайси як раис, як роҳбари хадамот ҳамин ахборҳои сиёсии шабакаҳои хориҷ аз кишварро, ё телевизион тамошо мекунед. Гуфтед аз интернет камтар истифода мекунед,дохила ба фикрам мебинед?

 

 Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пас аз якчанд сония сукути файласуфона ва кашидани як оҳи сард дасташро болои дасти дигараш фишор додаву шакидан чунин шурӯъ мекунад:

 

  Ма .....тамошо намекунм, боз аааааа ма бисёр китоб мехонум,боз ааааа китоб вахте, ки одам мехонааааааа дилхоҳ ахборотда внутри ҳал мекунад, публично не.

 

      (Нигоҳаш хело бо ҳасрат ва мисли онки дар сакароти сабук душшавӣ қарор дорад, гӯё гуфта бошандаш, ки фармони моддаи 69 аш омода аст,бечора) 

 

Савол: Шумо бештар китобҳои бадеӣ мехонед ё..

 

Бег Сабур:Оооо ами случиёра ма китобода бисёр, ки хондагиюм, барои ами.

 (Намедонад чӣ гӯяд бечора,ки чӣ хондааст ва кадом китоб хондааст ва он китобҳо кадоманд.Вале зӯр мезанад, ки аз “положени” барояд )

 

Савол:охирон маротиба кадом китоба хонда будед?

 

Бег Сабур: мара негативни аааааанн ма мисол китоби аааа (бо ангушт ҳисоб мекунад,  як оҳи сарде мекашаду оби даҳонашрофурӯ мебарад) “Нисо”, “Одина”,”Арбоб-Камол”,  “Марги судхур”,ами чизое ҳастай, ки экономически характер доранд,мошно связан с бизнеса,удавронай неки. Амиё конкретни бизнесай. Аминора мехонем, ( Э, рута лахча. Худе, ки ин китобҳоро фақат ту хонда бошиву дигарҳо на. Дигар инки ту вазири алоқаӣ ё бизнесмен? Чаро китобҳои марбути алоқаро ёдовар намешавиву аз “китобҳои бизнес” сӯҳбат мекунӣ? ва рӯяшро нимкола турш мекунаду мегӯяд): мардум кати муносибат ,бад мо як характери бениҳоят дилсузӣ дорем.Чандин маротиба шатаҳо мехурему неки бо ҳаму дилсузиёмона давом метем.

Ҳами одамоера, ки касера, ки мо дар бармон мегирем, дасгири мекунем, ҳаму одам дар бораи мо менависа,душмани мо мешава,дасгири намекуна( рӯяшро турш карда ин суханонро мегӯяд) ҳами хел одамо ҳаст (ва дар болои дасти чапаш бодасти росташ мезанад, чанд бор ва суханони ҳакимонаашро идома медиҳад): ҳаётда даст гирифта наметони дил наранҷон,ҳами принсип кати кор мекунем.

 

(Таваққуф карда ва бо ангушти ишоратияш ишора карда мегӯяд):

  неки тонистм ма дасти ягон каса мегирм,барои худм не, ( ба ин маъно, ки намебинӣ, ман худам тинҷам) барои оянда, фарзанд дорем, навера, наваса дорем. Пага увоам ягон праблема шуданш мумкин,гушна монданшон мумкин......

  (Ана гап дар куҷо?! Бег Сабур ҷони гапи ҳукумати имрӯзаро гуфт: “гушна монданшон мумкин”. Инҳо аз онки ризқ азалӣ аст, аз онки худованд офарид, ризқро ҳам хоҳад дод, дарак надоранд, бехабарҳоеанд,ки бовар надоранд. Ёдатон бошад Раҳмон вақте Рустамро ба курсии шаҳрдорӣ овард, гуфт, ки ту сер!Ана ҳамин аст тамоми фалсафаи зиндагии онҳо. Гушна ва сер! Онҳо барои онки сер бошанд тамоми кишварро ба яғмо мебаранд. Аслан инҳо ҳамеша дар ҳолати тарс аз гушнагианд. Бо онки ҳамин қадар ҷамъ кардаанд ҳоло ҳам дар фикри онанд, ки писару навераву навасашон гушна хоҳад монд)

 

....... Ҳаму як одам, ки дид,ки ами навасаи маҳаи набераи маҳай (ба замин нигариста бо диди дурбинонаи  ҳакимонааш) мегӯяд: хай ба чашми нек нигаҳш мекуна,мепурсш ақалан мепурсаш ба чашми нек.А и методи вай. Одамо ай рӯйи бесаводӣ, беақлӣ, бефаросатишон ами корора мекунан,ғайбат мекунан,гуноҳи азим дар дунё и ғайбатай.

 

   Ва дар интиҳои сӯҳбат, ки ба назар мерасад, хеле хаста ва дилгираш кардааст ва намедонад чи тавр аз ин саволҳои “мӯътадил” куҷо бигрезад бо як жести хело аҷиби дастонаш, мисле, ки бас гуфтан мехоҳад, мегӯяд:

                    одами бад тавакалш ба Худо.

 Ин сӯҳбатҳоро мешунаваму ба хотирам сӯҳбатҳои раиси марҳум Миралӣ Маҳмадалӣ мерасад, ки дар яке аз иҷлосияҳои Шӯрои Олии Тоҷикистони замони Қаҳҳор Маҳкамов гуфта буд, ки онро аз телевизион  нишон дода буданд.

  Ҳиҷ кууми ира фамида намешава. Мо, чи ко дорем ба ҳами корои калонора. И Тоҳири Абдуҷаббор, намедонум чи мехоҳа, чи мега намефамум.Мо ҳар чизе, ки биган бояд дстомора вардорем. Да сари мо чуба роҳбар бмонан бояд итоат кнем!

                Як шарҳ

    Аз навиштаҳои сершуморашон чунин  назар мерасад, ки дӯстони гиромии мо, аҳли Фейсбук ба умқу жарфои  гуфтаҳои Раиси Хадамоти  алоқа, номзади илми педагогика, бизнесмен, файласуф, хирадманд, дӯсти содиқи варзишкорон Бег Сабур сарфаҳм нарафта, нигоҳи саҳлангорона ба он андохтаанд ва дар қазоват саросема шудаанд.

 

    Киё Бег Сабур ба родиёи Озодӣ гуфтанд, вақташонро беҳуда сарфи тамошои телевизион, ки ба ҷуз мадҳу сано суханею хабаре надорад, намекунанд ва ба ҷойи он китоб мехонанд....  Ҳамин сарфаи вақт, ки берун аз вақти бизнеси хона ва контроли нархи телефону интернет муяссар шудааст,  имкон фароҳам карда, ки эшон чаҳор китоб бихонанд ва дар миёни давлатмардони тоҷик рекордшиканӣ кунанд...... Мо то кунун чанд вазири китобнависи тоҷикро мешинохтем, акнун Худоро шукр, бо вазири китобхон ҳам ошно шудем. Ин амр боиси ифтихор аст ва метавонад исботи содиқи халқи мутамаддин будани тоҷикон бошад, ки ҳатто вазираш вақти гаронбаҳои худро масруфи китоб хондан мекунад... Аммо, Бег Сабур таъкид карданд, ки китобҳои хондаашон: 1) Нисо, 2) Одина, 3) Арбоб Камол  4) Марги судхӯр ҳамагӣ “экономический характер” дошта, “мошна связано с бизнессом” будаанд.

 

    Аҳли фейсбукро ду нукта аз ин изҳорот боиси ҳайрат шуд: аввал ин ки ҳеч кас аз инҳо  исме ҳам аз китобе ба номи Арбоб Камол нашунидаанд ва сонӣ ин ки чӣ гуна ин китобҳо а) характери иқтисодӣ дошта, б) пайванди қавӣ бо бизнесс доштаанд?  Ва ҷолиб, ки зуҳури ин ҳайрат ба ду гунаи мутафовит буд: баъзе чунон хандиданд, ки (аз нозуктабъон узр мехоҳам) эзорашонро тар карданд ва баъзеи дигар чунон гиристанд, ки гиребонашон ғарқаи ашк гардид.... Дар кулл, ин ду гунаи  нигоҳи фалсафӣ  ба ҷаҳону кори ҷаҳону аҳли ҷаҳон  аст, ки ангезааш танҳо як гуфтаи ба назари аввал одию маъмулии  Бег Сабур аст. Онон, ки гиристанд, гиряашонро чунин тавҷеҳ мекунанд, ки дилашон ба ҳоли ин миллат месӯзад.... Ва онҳое, ки  қаҳқаҳа заданд, хандаашонро чунин тафсир мекунанд, ки “кор аз гиря гузаштаст, аз он механдем”....

 

  Ҳар ду гурӯҳ иштибоҳ мекунанд,  барабас  хандидаанду гиристаанд; онҳо ба кунҳи маънои суханони жарфу бисёрбуъдаю хирадмандонаи Бег Сабур нарасидаанд, ҳатто наздик нарасидаанд ба он.....

 

  Ва инак шарҳро бихонед:

 

 1) Манзур аз Арбоб Камол дар суханони Бег Сабур асари ҷудогона нест, балки эшон бо назаре хирадмандона ва нозук исми  асари устод Айниро ислоҳ карданд. Ҳар ки таърихи адабиёт хонда медонад, ки “Одина” аввалин повести адабиёти шӯравии тоҷик аст. Ва чун сиёсати шӯравӣ арҷ гузоштан ба камбағалон ва маҳкум кардани феодалону заминдорону арбобҳо буд, устод ба Одинаи пойлучи камбағалбачча таваҷҷуҳ карда, асарашонро “Одина” номидаанд. Акнун ки замона дигар шуд ва корди арбобҳо рӯйи равған аст ва сухан сухани арбоб аст (Арбоб занад ба ҳар боб), Бег Сабурӣ бо шоммаи ҳассоси сиёсӣ ин маъниро дарк карда, гӯшзад карданд, ки ин асар бояд минбаъд Арбоб Камол-Одина ва ё Одина- Арбоб Камол номида бишавад ва ба хотири устод Айнӣ исми Одинаро ҳам иҷозат доданд, ки дар рӯйи ҷилд бимонад, вагарна дурусттару саҳеҳтараш фақат Арбоб Камол аст. Агар Арбоб Камол набуд, Одина Одина намешуд.

 

2) Пайванди осори хондаи Бег Сабур бо иқтисод.... Он чӣ назари жарфбини Бег Сабур дида, ҳеч кадоме шумо натавонистед бибинед...  Нисо оқибат чӣ кор кард? Нисо ба афсари Русияи подшоҳӣ издивоҷ кард ва ниҳоятан пас аз инқилоб ба яке аз кишварҳои Скандинавия рафт  ва ҳаёти роҳату рифоҳ ба сар бурд ..... Одина бароии издивоҷ бо Гулбибӣ ба корхонаи пахтаи  Фарғона меравад ва кор мекунад.... Бег Сабур бо даъвати хондани Нисо ва Одина-Арбоб Камол ҷавондухтарону писарони тоҷикро ба роҳи дурусту рост  ҳидоят  мекунад: азбаски дар ватанамон ҷойи кор нест, ҷавондухтарон наъузубиллоҳ метавонанд шӯйи хориҷӣ карда, ба кишварҳои обод раванд, аммо писарон бояд барои кор ба Русия раванд, пул кор карда фиристоданд, то волидонашону зану фарзандонашон пули телефону интернетро бемалол пардозанд ва худи писар, ки ба синни нафақа расид, ба Тоҷикистон баргашта аз хонаҳои арзони Бег Сабур яке як ё духонагиашро харида, хушу хурсандона зиндагонӣ карда гаштан гирад.  Ва аммо дар мавриди Марги судхӯр, ки роҳҳои мустақими пулҷамкуниро нишон медиҳад, ҳоҷати гап нест..... Ва инҷо байни Қорӣ-ишкамба, тоҷири сарватманд ва “гушнагӣ”, ҷаноби Бег Сабур алоқаҳоеро дидааст, аммо нахостааст, ки дар ин бора тафсилоти бештар диҳад.

 

Ин аст, характери иқтисодии ин китобҳо ва пайванди қавияшон бо тиҷорат....

 

     Хулласи калом, аз аҳли Фейсбук даъват мекунем,  хандидану гиристанро абс кунанд ва барои он ки ба маъноҳои жарфу мураккаби гуфтаҳои Бег Сабур сарфаҳм бираванд, бештар мутолиа бикунанд.....

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.