Ба муносибати Иди Каду

Ба муносибати Иди Каду

Тақдим ба пешвокаду

 

Дардо ба дӯши миллати ман бор шуд Каду

Асли хато чӣ буд? Сазовор шуд Каду.

Мағзи тамоми салтанаташ рафт аз Ватан,

Холӣ буду ба холисарон ёр шуд Каду.

Озодӣ мурд, шӯълаи равшанзамирӣ нест,

Гирди тамом панҷарадевор шуд Каду.

Сарфаҳми ришу сатр куҷо меравад сараш?

Бар аҳли фаҳм манбаи озор шуд Каду.

Марги ҳамон даме, ки падидор шуд Каду,

Орӣ зи шаъну иззату ҳам ор шуд Каду.

Дар шаҳри нектинату озодафитратон

Шайтони саг чӣ кард, ки бедор шуд Каду?

Қурбони як каломи хушат, эй шакарпаём!

Гуйӣ агар забуну нагунсор шуд Каду.

Сад ҳайфи сабзавот, ки тамсил кардамаш,

Оҳ эй каду-каду, чӣ қадр хор шуд каду!

Хонандагони гиромӣ, ба канали телеграмии мо пайваст шавед

https://t.me/islohnet

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.