Ба Президент монандам, Сарвазири Рустам мешавам

Ба Президент монандам, Сарвазири Рустам мешавам

 

Раҷаббой  АҲМАДЗОДА:  “Ба Президент монандам, Сарвазири Рустам мешавам”

 

досияи сиёҳи Хони Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 

 

(бахши аввал)

 

     Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд,ки қошҳои ғафсу ғуллӣ ва гардани кулуфташ Раҳмоновро канда гирифтааст, қавора ва қиёфаашро ҳам ба тарзе танзиму тартиб медиҳад, ки нусхаи Раҳмонов бошад, дигар аз ишкамбаш чизе намегуем чун бениҳоят ҳамшакланд. Вай  талош мекунад, ки на танҳо шаклан,моҳиятан ҳам копии Раҳмонов шавад. Агар Раҳмонов  тамоми Тоҷикистонро иддао кунад, вай қаламрави Суғдро аз они худ меҳисобад ва бе тараддуд ӯ хони Суғд аст.

 

Мо дар ин «Досияи сиёҳ» намехоҳем аз шахсияти Раҷаббой Аҳмадзода бигуем, ки дар гузашта ки буд ва чи гӯна ба ин мақом расидаастро ҳам намегуем. Бидуни муқаддима ва муаррифинома мепардозем ба асли матлаб,чун барои касе шахсияти ӯ муҳим нест ва ҳама мехоҳанд ҷиноятҳояшро  бидонанд.

 

 Раҷаббой Аҳмадзода такя ба он нафароне мекунад,ки аз онҳо ягон “манфиат”-е шахсан барояш бирасад. Манфиатхоҳии ӯ ба ҳадде аст ки ҳозир нашуд, як нафареро,ки хилофи “лист”-и  тасдиқкардаи ӯ вакили Маҷлиси вилоятӣ интихоб шуд, эътироф намояд. Дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз он сухан рафта буд, ки аз ҳавзаи интихоботии №28-и Панҷакент бо касби бештар аз 3600раъй Абдуваҳҳоб Давлатов (14184 овоз) сардори Шӯъбаи Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар вилояти Суғд бар муқобилии ректори ДОТ дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ (10577 овоз)   дастгирии интихобкунандаҳоро ҳосил кунад, аммо Раҷаббой Аҳмадзода,раиси вилоят натиҷаҳоро  напазируфта ва то ҳамин имрӯз интихобот дар ин ҳавзаро ба бозӣ гирифтааст. Дар тафовут ва бар хилофи қоида ва қонуни интихобот комиссияи ҳавзавӣ дар қароре,ки  омори ба даст овардаи номзадҳоро зикр ва мӯҳру имзо ҳам кард, вале бандеро ҳам афзудааст,ки натиҷаи интихобот эълон намешавад. Мутаваҷҷеҳ бишавед ба ин банди охирини қарори комиссияи ҳавзаӣ:

 

“Бо назардошти он ки дар вақти ҷамъбасти протоколҳои комиссияҳои участкавӣ баҳс ба вуҷуд омад,натиҷаҳои овоздиҳӣ эълон карда нашавад.”

 

 

    Нафаре,ки раъйи бештари овоздиҳандаҳоро ба даст овард,на намояндаи ҲСДТ-ҳизби мухолифи ҳукумат, не кадом равшанфикр ва ё мунтақиди ҳукумат, балки баракс ӯ ҳам як узви дигари ҲХДТ-ҳизби ҳоким ва корманди ниҳоди давлатӣ аст. Маълум мешавад,ки участкаҳо ва комиссиюни ҳавзавӣ ончиро ки буд, натиҷагирӣ карда қарор ба имзо расонидаанд. Аммо ба назар мерасад ҷамъбасти интихобот дар ин ҳавза ва касби бештар раъй ва пирӯзии нафари ғолиб он натиҷа ва ҳосиле набудааст, ки ба табъи Раҷаббой Аҳмадзода хуш ояд. Аз инҷост,ки аз “боло” дафъатан занг зада ва гуфтаанд, ки омору натиҷа –кӣ чи қадар овоз ба даст овард,эълон нашавад.Вале дақиқан,ки дер шуда буд. Қарори ҳавзаро мисли онки афроди нафари пирӯзи интихобот ба даст оварда ва дар шабакаҳои маҷозӣ нусхае аз онро мунташир карданд.Сипас шурӯъ шудааст моҷарои интихоботӣ дар Маҷлиси вилоятӣ. Ончуноне сайти “Ахбор” ва нашрияи “Фараж” навиштаанд, Муаззамхон Ансорӣ, номзаде,ки амалан сабқатро бохт,қаблан ҳам ду навбат дар ҳамин Маҷлис вакил будааст ва бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Маҷлиси вилоят дар иртиботи дӯстӣ қарор доштааст.

 

Хабарҳо ҳокӣ аз он аст ки ректори Донишгоҳи омӯзгории Панҷакент аз ҳисоби ин донишкада гаҳ-гаҳ баъзе аз харҷу сарфи ноҳияро мепӯшонидааст. Бахусус, вақте ки сафарҳои раиси вилоят ба Панҷакент сурат мегирифтааст, роҳхарҷӣ ва истироҳату фароғати ӯро  ректори Донишгоҳи Омӯзгории Панҷакент бар дӯш мегирифтааст. Ин ба он маъност,ки рақиби  Муаззамхон Ансорӣ нафаре набудааст,ки раиси вилоятро ягон бор “хуронида” бошад. Вале Аҳмадзода аз рӯи мақолӣ якрӯза нонхӯрда садсоларо “ӯй” мекунад, амал карда бар лағви натоиҷ талош кардааст ва ҳатто қасдаш ин аст ки Муаззамхон Ансорӣ баранда эълон шавад.

 

   Хабарҳои расида ҳокӣ аз он аст ки  Раҷаббой Аҳмадзода интихоботи ҳавзаи мазкурро,дақиқтар натиҷа ва нафари пирӯзро қабул карданӣ нест. Гуфтааст,ки дар вилоят ман Президент.Ончизе ки ман мехоҳам, ҳамон хостаи ҳама мешавад. Ва инак натиҷаи интихоби вакили Маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаи №28-и Панҷакент бо гузашти 10 рӯз ҳамоно номаълум боқӣ мондааст. Чунин тарзи бархурд аз тарафи ҳокимияти вилоят ва раиси он хилофи қонуни интихобот аст. Ошкоро изҳор карда истодаанд,ки барои ин ҳокимият  раъйи мардум ва интихоби мардум на муҳим аст ва на аҳамият дорад. Муҳим одами Аҳмадзода бояд гузарад ва вакил бошад. Аҳмадзода тамоми мағзу моҳияти интихобот дар Тоҷикстонро ошкор ва  маълум кард. Маълум кард, ки дар инҷо ҳамачиро, ки ҳоким бигӯяд, арбоб бигӯяд, ҳамон мешавад. Домани олудаи ҳокимиятро бар зад, боло бардошт ва пушташро тарафи мардум кард. Бар фарзи мисол ҳоло агар ҷойи Давлатов,ки низ корманди давлатӣ ва он ҳам корманди амният ва он ҳам пешбаришуда аз тарафи ҲХДТ ҳарифи ӯ дастболо мешуд, натиҷаҳоро ҳамон замон эълон мекарданд ва чунин талаботи ғайриқонунӣ дар матни қарори ҳавза раҳ намеёфт: “Бо назардошти он ки дар вақти ҷамъбасти протоколҳои комиссияҳои участкавӣ баҳс ба вуҷуд омад,натиҷаҳои овоздиҳӣ эълон карда нашавад”. 

 

Ин ҷо маъно дошта метавонад,дар ҳоле,ки тафовути овозҳо 50 ва ё 100 нест.3600 овоз байни ин ду номзад фосила ҳаст, аммо то ҳол нафари ба тарафдории вай овози бештар дода эълон намешавад. Дасти дароз ва мушти оҳанини  Раҷаббой Аҳмадзода дар вилоят беш аз пеш дароз ва гиреҳ мехурад. Худаш ҳам дар чанд ҷо гуфтааст: « ман ба президент монанд ҳастам фардо сарвазири Рустам мешавам.»

 

 Зимнан дар чанд интихоботи ахир, ончуноне мо худ ҳам шоҳид будем, рақобат ва сабқату муборизаҳо дар интихоботи номзадҳои Маҷолиси маҳаллӣ- ноҳиявӣ,шаҳрӣ ва вилоятӣ сурат мегирад.Чунки мардум ба интихоботи Маҷлиси намояндагон тамоман эътимод ва бовариро аз даст додааст. Назари мардуми интихобкунанда ин аст ки номзадҳои Маҷлиси намояндагон аз қабл маълум мебошанд ва ҳама медонад, ки кӣ вакил мешавад ва кӣ не? Ҷолиб ҳам инҷост ки мардум дар ин мавқеи худ як зарра ҳам иштибоҳ намекунад. Онҳое,ки бо мо дар тамос ва алоқа мешаванд,гуфтаанд,ки “явка” ва ё дарсадии иштироки мардум дар интихоботи ахир дар кишвар ва бахусус музофот аз 20 то 30% бештар набуд. Вале эълон карданд,ки ҳудуди 90% иштирок кард,ки омори мутлақо дурӯғ аст. Ин воқеан ҳам як нишона ва хасисаи низомҳои худкома ва диктотутрӣ аст, ки арқом ва нишондодҳо ҳарчи бештар олуда бо дурӯғ мекунанд.Чунин бармеояд,ки Раҷаббой Аҳмадзода (вақте интернетро  суол кардам,ки ӯ кист) бо мардуми Панҷакент як муносибати дигартар дорад. Бубинед барои мисол ҳоло бахшида ба 5500 солагии Саразм барои таъсисоти ҷашнӣ аз Ашт санг оварда истодааст. Дар ҳоле ки дар Панҷакент мармари навъи олии дунё мавҷуд аст ва корхонаи коркардаш ҳам вуҷуд дорад ва чандин ранги ин навъи санги аълосифат  водор карда буд,ки ҳанӯз солҳои шӯравӣ итолиёвиҳо инҷо корхонаи муштарак дуруст кунанд. Фикр мекунед,ки чаро санг аз Ашт оварда шудааст? Албатта фақат ба хотири бештар “списат” кардани пули тахсисишуда ба ин иншоот. Ва як қиссаи дигар,ки Раҷаббойи нусхаи Раҳмоновро дар Панҷакент қаҳрамони достонҳо кард ин буд,ки  дар қаҳри зимистон омаду духтарони бо пироҳани тунук ӯро истиқбол карданд. Он замон  Феврал 14, 2019 радиои “Озодӣ” чунин навишта буд:

 

“Чанд мақоми шаҳри Панҷакент ба хотири онки дар фасли зимистон духтаронро бо либоси тобистона ба пешвози раиси вилояти Суғд бароварда буданд, муҷозот шудаанд. Акси истиқбол аз Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент моҳи январи имсол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Вай дар тан палтову дар сар кӯлоҳи зимистона дошт, вале духтарон дар ҳавои сард бо либоси тунук ба пешвози ӯ баромада буданд. Мақомоти Суғд мегӯянд, чанде аз масъулонро барои ташкили чунин шеваи пешвозгирӣ ҷазо доданд. Вале нагуфтанд, ки ин афрод кӣ ҳастанд ва дар кадом сатҳи ҳукумати Панҷакент кор мекунанд”. 

 

Дар январ-феврали  соли 2016 ҳанӯз,ки Раҷаббой раиси шаҳри Хуҷанд буд дастур дод,ки масоҷиди шаҳрро то ҳарҷи имкон ҳаст кам бикунанд ва  ба навиштаи боз ҳам “Озодӣ” 

 

“дар Хуҷанд як гурӯҳи корӣ – аз ҳисоби кормандони шуъбаи дин ва ҳифзи ҳуқуқ – барои мушаххас кардани теъдоди масоҷид ва роҳҳои кам кардани онҳо таъсис ёфтааст.Раҷаббой Аҳмадзода – раиси Хуҷанд дастур додааст, ки бинои масҷидҳои, ба қавли ӯ, «зиёдатӣ» дар маҳаллаҳои ин шаҳр ба сехи дӯзандагӣ ё чойхонаву боғчаҳои бачагона табдил дода шаванд.Раиси Хуҷанд гуфтааст, ки агар дар як маҳалла 2 ё 3 масҷид воқеъ  бошад ва  фосилаи миёни ин масҷидҳо 50 ё 100 метрро ташкил диҳад, беҳтар аст, ба ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ табдил дода шаванд. «Ягон сехи дӯзандагӣ ё чойхона кунед. Агар масҷиди калонтар бошад, кӯдакистон кунед, то ба мардум ҷойҳои корӣ шавад,» – таъкид кардааст раиси шаҳри Хуҷанд”.

 

 Соли гузашта бо дастури мустақими Раҷаббой Аҳмадзода,ки худро президенти Суғд эълон кардааст кормандони идораҳои давлатӣ  Зафаробод ба ҷамъоварии пахта фиристода мешаванд.”Озодӣ” дар таърихи  8-уми октябри 2019 навишта буд: 

 

 “Даҳҳо пизишку омӯзгор ва кормандони соҳаи фарҳанги вилояти Суғдро, ки дар даст бистари хобу халтаи хӯрок ва либос доштанд, 8-уми октябр аз Хуҷанд ба ноҳияи Зафаробод бурданд. Онҳо ба камияш даҳ рӯз ба ҷойи таълими кӯдакон ва муолиҷаи беморон ба ҷамъоварии пахта машғул хоҳанд шуд. Дар ҳамин шабу рӯз дар бораи ҷалби маҷбурии хонандагони мактабҳои баъзе аз ноҳияҳо низ гузориш шудааст. Мақомот гуфтанд, “ин кор баъд аз дарс сурат мегирад ва кӯдакон барои худ пул кор мекунанд”.

 

 

Албатта, мо бо навиштани танҳо ҳамин матлаб дар бораи Раҷаббой Аҳмадзода,раиси вилояти Суғд иктифо нахоҳем кард ва дар дасти мо маводду матолиби дигар аз ҷумла,аз фурӯши мансабҳо дар вилоят, фурӯши ғайриқонунии замин ва дигар корҳои фасоду фосиқии Президенти вилояти Суғд мавҷуд аст.Вале мутмаинем,ки шумо хонандаи азиз ҳам дар бораи паҳлуҳои барои мо ва ҳама мардуми кишвар номаълуми зиндагии Аҳмадзода менависед. Аммо ҳоло барои онки нагӯянд чаро фосиқаш хондаем ҳамин нуктаро тазаккур медиҳем,ки Аҳмадзода бо як зани шавҳардор “қӯш” шуда “любов” крутит карда он занро аз шӯяш баровард. Ҳоло ин бону як кӯдак аз ҷаноби Аҳмадзодаи монанд ба Президет Раҳмонов ва ба гуфтаи худаш Сарвазири Рустам дорад ва тоза вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҳам интихоб шуд.Ному насаби ин зан Исмоилова Фарангис Лутфуллоевна аст ки  Раҷаббой аз ҳавзаи рақами 18- Хуҷанд вакили шаҳрӣ “интихоб” кардааст. Дар мавриди ин хонум ва шахсияти ӯ ва чи гуна бо Раҷаббой ошнои пайдо намудааст муфассал дар дасти мо вуҷуд дорад. Агар мабодо инкор кунад ва ё гуяд ин туҳмат аст дар он сурат муфассал зери номи «Муносибати маҳрамонаи Раҷаббой ва Фарангис» тақдими ҳамагон менамоем. Ё инки ёвагуияшро дар сомонаҳои Суғдӣ ва навоҳии он бас накунад ин корро мекунем.

 

PS : “Фараж” дар инъикоси моҷарои интихоботи ҳавзаи №28и Панҷакент матлабашро чунин номгузорӣ кардааст: 

Интихобот: Тақаллуб дар Панҷакент; Кӣ вакил шуд? Аз ин матлаб ду сархат иқтибос мекунам,ки Раҷаббой Аҳмадзода фикр накунад,ки ҳамаро аз худамон бофтаем:

 Бо гузашти беш аз 24 соат ва ё як шабонарӯз, то ҳол масъулини ҳавзаи интихоботии Вору 28- и шаҳри Панҷакент оид ба интихоби вакилони вилоят, эълон накардаанд, ки дар интихобот кӣ баранда шуд…

 

Бо вуҷуди он, ки дар интихобот байни ду номзад аз ҲХДТ ректори ДОТ дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ (10577 овоз) ва Давлатов Абдулваҳоб, сардори Шӯъбаи Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар вилояти Суғд, (14184 овоз) тафовут беш аз 3500 овоз аст, аммо ба гуфтаи интихобкунандагони Давлатов рақиби ӯ Ансорӣ намехоҳад мағлубияташро эътироф кунад. .....

 

Миш – мишҳое аз Панҷакент мерасанд, ки гӯё Ансорӣ одами даркорӣ ва корбудкун ҳасту нафъаш ба ҳукумати маҳаллӣ бештар мерасад ва аз ин рӯ ӯ бояд ҳатман вакил интихоб шавад. Кор то ба раиси вилоят расидаасту баъзеҳо назар доранд, ҳатто дахолати раиси вилояти Суғд низ дар интихобот ва баҳс байни ин ду нафар номзад шояд мавҷуд ва ҳалкунанда бошад…

 

Поёни бахши аввали “Досияи сиёҳи  Хони Суғд Раҷаббой Аҳмадзода” дар ин шакл,  бахши дуввуми онро бо маълумоти ҷадид тақдими хонандагон ва бинандагони Ислоҳ хоҳем намуд.Интизори маълумотҳои дигар ҳам  дар мавриди ин "Хони Суғд" аз шумо Суғдиҳои гиромӣ ҳастем!

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.