Бо Раҳмон ё бо Кабирӣ?

                                         

    Аз чанд гоҳе ба ин сӯ мехостам дар ин бора бинависам. Вале ҳар бор як гапе дигар рӯ мезад, ҳодисае дигар рух медод ва навиштан ва гуфтан дар ин бораро ба баъд мегузоштам. Тайи ду- се рӯзе, ки бо ӯ ҳамроҳ будам ва сӯҳбатҳоеро ҳам навишторӣ ва ҳам дидорӣ омода ва дар рӯи нахҳои тортанаки ҷаҳонӣ гузоштам, бори дигар итминон ҳосил кардам, ки ӯ як шахсият, як сиёсатмадор ва як раҳбаре дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.Огоҳ, донишманд, пур аз андеша ва афкори созанда.

 

   Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон сиёсатмадоре аст, ки метавон ба ӯ бовар кард. Бовар кард, ки маҳз ӯ ва амсоли ӯ метавонанд барои ҷомеаи Тоҷикистон ва давлати он корҳое бикунанд, ки боиси шукуфоӣ ва ривоҷу равнақ бошад. Бо ин вуҷуд ки ӯ дар хориҷа аст ва кору фаъолияти худро барои ватан аз ҳаминҷо ба роҳ мондааст, шумори пайраву тарафдори ӯ ва роҳу равиши сиёсии ӯ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа бештар ва бештар мешаванд. Кабирӣ ба унвони на танҳо раҳбари як ҳизбу созмон, балки фаротар аз ин чаҳорчӯб ва доира, раҳбари қисмати аъзами ҷомеаи Тоҷикистон,раҳбари афкору андеша ва ормонҳо шудааст. Аз ин лиҳоз, бидуни тардид метавон гуфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба ду тақсим шудааст. Қисмате бо Раҳмон ва қисмате бо Кабирӣ.Наметавон ин воқеиятро инкор кард ва нодида ангошт. Мусалламан ин вазъият барои хелеҳо, қобили қабул нест ва роҳи дигареро ҷустуҷӯ доранд. Аммо воқеияте, ки  имрӯз дорем чунин аст, кишвар, ҷомеа, мардум дар чунин шароит зиндагӣ дорад.  Вале дар қисматшавии ҷомеаи тоҷик Кабирӣ нақш надорад, зеро то ӯ ҷомеа ба ду бахш ҷудо шуда буд.Ҳама чиз бармегардад ба ҳаводисе, ки кишвар тӯли  наздик ба се даҳаи баъди истиқлолият пушти сар кард. Ҳанӯз аз ҳамон солҳои аввали истиқлолият, ба вижа баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1991 ҷомеа миёни ду кондиди асосӣ:-Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаров тақсим шуд: -ба тарафдорони нерӯҳои нави ислоҳтталаб- милливу мардумӣ (Д. Худоназаров) ва консерваторони кӯҳнагарои коммунистӣ –шӯравӣ (Р. Набиев) ва ҳамин тавр то ба ҳоло ҳамон раванд идома дорад. 

 

Вале агар ки жарфтар бингарем қисматшавии ҷомеаи тоҷик аз даъвату талоши рӯшанфикрон барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ оғоз шуда ва дар интихоботи депутатҳои Шӯрои олӣ дар соли 1990,ки баъди ҳаводиси февралӣ  баргузор шуда буд, шакл гирифт. Рӯшанфикрон, олимон, адибон, журналистон, муллоҳо ва дар маҷмӯъ ақшори ҳаводор ва тарафдор ба идеяи мустақилияти давлатӣ аз як тараф ва тарафдорони сохти шӯравӣ ва коммунистоне, ки консерватор ё куҳнагароҳо ном доранд аз тарафи дигар.Нуқтаи иртифои бархӯрди ин ду қисмати бо ҳам мухолиф кандани ҳайкали Ленин дар шаҳри Душанбе буд.

 

 Мунтаҳо ҷанги дохилии таҳмилӣ қисматшавии ҷомеаро амиқтар бурд. Нерӯҳои навгаро ва куҳнагаро баъди панҷ соли ҷанг оштӣ карданд.Тарафҳоро оштӣ ба ҳам овард.Чандин сол ҳарду қисмат Рӯзи ваҳдатро муштарак ҷашн гирифтанд ва дигар мисле, ки миллат ва мардум ба ваҳдат расиданд.Вале тарафи кӯҳнагаро, ки на танҳо ҳокимият, балки шиору барномаи навгароҳоро аз худ ва ба номи худ карда буд,(акнун дам аз истиқлолият ва шукронаи истиқлолият мезанад, дар ҳоле, ки бо байрақҳои сурх ва шиори барқарории СССР ва маҳви марази демократия ба қудрат расида аст) онҳоро, қисмати аъзам,балки аксари мутлақи мардумро ба ҳошия ва ба хориҷа ронда ва ба ҳамон мавқеи қаблӣ ва ё нуқтаи оғоз баргашт. Ҳоло руҳияи ҷомеа ба ҳамон шакле, ки буд, ба руҳияи даврони муқовимати панҷсола, пас гашт. Навсозии нимпайкараҳои Сангаку Файзаливу Лангарӣ ва душмантарошиҳои Кабирӣ ва ҳизбу созмони сиёсии таҳти роҳбарии  ӯ  далели ҳамин гуфтаҳо аст.

 

Дар имтидоди ин солҳо тамоми мубориза миёни ин ду тараф сурат гирифтааст. Зеро муқовимат байни ду мафкура ва ду ҷаҳонбинӣ аст. Дар ин миён аҳзобу созмонҳои дигар ҳам буданд. Дар дохил ва дар хориҷ. Аммо ҳамаашон мунҳал шудаанд дар миёни ин ду. Бад-ин хотир, ин ки мегӯем ва мебинем  ҷомеаи кишвар ба тарафдорони Раҳмон ва баракс Кабирӣ  ҷудо шудааст, як воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон аст. Зеро ҳамин ҳоло ҳам, ин ду, аз ҷаҳонбинӣ, мафкура ва ақоиди мухолиф ва мутафовит намояндагӣ мекунанд.

 

    Шумораи ҷонибдорони кадоме аз ин ду бештар аст ва кадомеро мардуми кишвар мехоҳадро инҷо мавриди арзёбӣ қарор намедиҳем. Зеро аз интихоботи раёсатиҷумҳурии соли 1994, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири пешини Тоҷикистон ғолиби он буд, то ба имрӯз интихобкунанда- мардумони Тоҷикистон хуб ҳам медонад, ки дар ин сабқатҳо халқ рӯйи киро хати сиёҳ зад. Вале як нукта яқин аст ки тарафдорони Кабирӣ тарафдори ислоҳот буданд, аз ҳамон  аввал вале тарафдорони Раҳмон ҳамин ҳоло ҳам бо навгониҳои дунё ва таҷаддуд ба сахтӣ канор меоянд, дар асл намехоҳанд. Намехоҳанд, ки як ҷомеае бозу ҳамроҳ бо маҷрои таҳаррукот ва таҳавулоти дунёи имрӯз дошта бошем. Талоши Раҳмон ва дору дастааш ин аст ки Тоҷикистон  таҳти як сарпӯш, як чатри бузурге бошад, ки касе аз чи ки дар он иттифоқ меафтад воқиф набошад. Кишваре бошад Тоҷикистон монанди Кореяи шимолӣ. Маҳдуд ва пӯшида ва баста. Аммо Кабирӣ ва тарафдорони ӯ баракс. Талош доранд, ки Тоҷикистон ва ҷомеаи он бо ҳифзи арзиш ва оину анъаноти милливу мазҳабии худ ҳамроҳ бо равандҳои пешқадами дунё бошад. Ҳамин ҳодисаи омада бар сари ИНТЕРНЕТ баёнгари мавзеъҳои иҷтимоии ин ду қисмати ҷомеаи тоҷик аст.Инро бояд инҷо зикр намоям,ки шахсан дар Порис дар мавриди интернет бо эшон суҳбатдоштам ва як муроҷеатҳам ба миллат доштанд,ки қабл аз нашри он қимати интернет ба ҳолати аввалааш аз марди бехабари нафари аввали кишвар содир гашт.

 

 Ҷанги нархи интернет ҳам гувоҳ буд, ки мардум тарафдори Кабирианд. Вусъат ва паҳнои ин ду қисмат то кадом андоза аст,тарафдор ва муқобили ин ду қисмат чи шумора аз ҷамъияти кишварро дар бар мегирадро ҳамин иттифоқоти ахир маълум мекунад.На танҳо барои пайравону аъзо ва ҳаводорони созмони сиёсии пурқудрат ва пурнуфуз-ҲНИТ ва имрӯзҳо иттиҳоди нави оппозитсиони тоҷик- ПМТ ҳамчунин дар  миёни тоифаву табақа ва қишрҳои гуногуни иҷтимои кишвар Кабирӣ мавриди таваҷҷӯҳи бештар қарор дорад. Бо онки берун аст ҳамоно пойгоҳи иҷтимоии қавӣ дорад, ки фурсат ва замони мусоид даст ба кор хоҳанд шуд. Имрӯз дар ҳар эътилоф, иттиҳод, кунгура, анҷумане, ки Кабирӣ ҳузур дорад, табъан, ки хулосаи калом аз ӯст. Ҳамчуноне, ки дар ҳар маҳфилу маҷлис Раҳмон ҷо дошта бошад, дигарҳо сокитанд.  Байни ин ду бахши ҷомеа тафовутҳо кам нестанд,бо ҳам сахт фарқ доранд.

 

Тарафдорони Кабирӣ аз зикри Аллоҳ(ҷалаҷалолаҳу) ва Муҳаммад(саллалоҳи ва саллам) лаззат мебаранд, каломи аввалӣ ва иншои дуввумиро дар куллия кори дунёии худ санад меҳисобанд. Тарафдорони Кабирӣ аз ислом ва мусулмонии худ ифтихор мекунанд, рушду равнақ ва тарақиётро аз баракати ислом медонанд. Тарафдорони Раҳмон намоз намехонанд, рӯза намедоранд, бисмиллоҳ намегӯянд “раз.. два.. три... взяли,  ну..ну... ва  ё “поехали” ва вай вай ва якҷаҳон ташаккуре иқтибос аз пешвояшон, барояшон гуворо ва ширинтар аз Аллоҳу акбар ва бисмиллоҳ аст.Инкор ба кулли агарчӣ хато аст вале он бечораҳоеки бо ӯянду аз исломситезияш безоранд дар асорати ин хирасар ва оилаи бехирадаш қарордоранд. Раҳмону дору дастааш исломро наҳ мезанад инро инкор наметавон кард, ҷаҳолат, асри миёна мегӯяд, аммо тарафдорони Кабирӣ аз ин гапҳо астағфируллоҳ, наузбиллоҳ мегӯянд.Фикр мекунед инҳо деталҳо ё ҷузъи  зиндагии фардианд.На. Вақте инҳоро бигиреду бар тамоми ҷамоаи Тоҷикистон татбиқ кунед,бо тамоми ҷомеа баркашед, чӣ? “Раз,два взяли” ва ё “поехали” мегуфтаҳо дар Тоҷикистон зиёдтаранд ё Аллоҳу акбар ва бисмиллоҳ мегуфтаҳо? Аз ҳаминҷо маълум аст, ки тарафдорони кӣ дар кишвар бештар аст ва ба кадоме халқ  ихлос ва эътимод дорад.

 

   Дар воқеъ хеле аз мардум ба шахси худи Кабирӣ шефта ва маҷзуб шуданд.Кабирӣ роҳ ва сиёсати нав аст. Барои ҷомеа, ки аз дидори як нафар безор шудааст, омадани нафари нав орзуи оммавист. Тамоми ин ҳама муддат қудрати сиёсӣ ва идораи давлат дар инҳисори як нафар аст ва мардум ба унвони гаравгони уст, дуруғ, найранг, фиреб, фасод идома дорад.Сабабҳое айнӣ, ки дар чашми мардум ҳамагӣ ҳувайдоянд. Саволи инки чаро Раҳмон аз ҳукумат рафтан намехоҳад ва кай аз у халос мешавем, дар фикру андешаи миллионҳо тоҷик чарх мезанад.Бидуни шубҳа, агар ҳукумати Тоҷикистон ҳар чаҳор ё панҷ сол иваз мешуд ва афроди нав сари кор меомад, тақсимшавии ҷомеаи ин тавр амиқ намешуд. Иваз нашудан тақсимшавиро амиқтар кард. Мо дар шароите қарор гирифтаем, ки ончиро ки ҳамарӯза мебинему дар борааш гап мезанем, дигар қобили таҳаммул нест. Яъне ҷомеаи кишвар бо васила аз зур ва бо тарсонидани мардум идора мешавад ва ҳамин тавр итоат карда истодааст. Мардум бо майлу иродаи худ зиндагӣ надорад. Тарз усули зистан ва зиндагӣ кардан барояш дикта  мешавад. Ҳамаро саҳнасозӣмекунанд. Аммо вақте даруни ғурфаи ахзи рай мераванд, мардум ҳам ӯ ва ҳам ҳизбу барномаҳояшро хат мекашанд. Хати сияҳ 

 

  Дақиқ аст, қисмате, ки бо Кабирӣ ва мухлису тарафдори уст, самимӣ аст. Аммо қисмати дигар тамаллуқу дуруягӣ ва чоплусӣ мекунад. Ҳоло маълум нест ки Кабирӣ ояд, чӣ хоҳад шуд. Аммо шароит то ба ҳадде асафбор аст ки халқ ба он тарафаш кор надорад:- бигзор ҳаминҳо бираванд.Ва мебинанд, ки боз ҳам ҳамон қудрат ва қувват ва имконоте, ки ҳаст бо Кабирӣ ва ҳамон ҳизби уст, ки дар ҷиҳати табиқи орзуҳои онҳо саъй меварзад. Бо онки бастанду фирориашон карданд,Эрону Афғонистону Покистону Туркияву кишварҳои арабӣ мехоҳед ё не, аз Кабирӣ пуштибонӣ мекунанд. Чун ин нерӯи шинохта аст ва барои арзиш ва он ҳам арзиши олии инсонӣ набард мекунад. Вале ин навбат ба фарқ аз муқовимати зафармандонаи 19 97 Аврупо Кабириро дар ҳифз ва ҳимояташ гирифт. Яъне доираи манёвру майдони пайкори Кабирӣ хеле васеъ шудааст.

 

 

Дар майдони тарафи нерӯҳои милливу мардумии кишвар шахсиятҳо ва сиёсатмадорҳои бонуфуз кам нестанд вале касе ба мисли ӯ соҳиби эътибор нест. Аз ҳамин ҷост ки дар адабиёти тарафдорони Раҳмон ҳамвора интиқод мешавад ва дору дастаи Раҳмон то ҳадде ки мумкин аст ва ҳатто номумкин ӯро ба иттиҳомоти содирнакарда муҷрим мехонад ва гузашта аз ин манзилу макон ва кору коргоҳашро мусодара мекунад. Ин ҳама зӯровариҳо болои ӯ ӯро бештар маҳбубулқулуб месозад. Шахсияти ӯ дар  майдони сиёсат камсобиқа аст. Дар як фосилаи кӯтоҳ номдор ва соҳиби сухан шуд. Ӯ аз раҳбарони пешини ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳам, ки дар ҳасостарин замону давр ва дар мураккабтарин шароити кишвар ном ва ҷойгоҳ ёфта буданд,пешӣ гирифт. Ва тафовути аслӣ ҳам ин аст ки ӯ дар замони оромӣ ва осоиштагии кишвар ва дар ваҳлаи мухтасари замонӣ, дар саҳнае, ки на он қадар пурҷӯшу хурӯш буд, боло омад ва саҳнаро таҳти таъсири кору пайкор қарор дод. Новобаста аз синну сол шахсияти як сиёсатмадори пурмантиқу пурдониш ва бо забони фасеҳу нутқи бурроро ба намоиш гузошт. Кабирӣ агар ки ҳазорон нафарро дар берун ба ҳамроҳ дорад, садҳо ҳазори дигарро дар дохил дорад, ки ӯро ва барномаи ӯро хоҳиш ва қабул доранд.

 

  Имрӯз на танҳо ҷомеаи кишвар дар дохили танҳо Тоҷикистон ду қисмат шудааст. Қисматшавии ҷомеаи тоҷик нигоҳ ва мавқеи хориҷиҳоро ҳам ба Тоҷикистон ду тақсим кардааст. Коршиносон, давлатмардон ва давлатҳо ва созмонҳо гоҳе ошкор ва гоҳе ниҳон аз ин тарафҳо ҷонибдорӣ ва ё интиқод мекунанд. Ҳамин, ки назарҳо аз берун ҳам ба тарафҳои бахшшудаи тоҷик яксон нест, бори дигар гувоҳ аст, ки маҳз ҳаминҳоанд,ки муҳит ва фазои сиёсиву давлатӣ дар ин мамлакатро ифода ва инъикос мекунанд.

 

  Бо ин ҳол мушкил ва масъалаи Раҳмон ва “сиёсатмадорон”-е худхонда ҳам ин аст ки силоҳи Кабириро на метавонанд аз дасташ бигиранд ва на метавонанд шикасташ бидиҳанд ва на метавонанд истифодааш бубаранд. Силоҳе, ки Кабириро аз онҳо бештар ва бартар кардааст, силоҳе, ки дар так-таки хонаводаи мардуми тоҷик ҳамвора ва пайваста дар ҳимояташон аст ва танинаш шунида мешавад. Ҳатто дар хонаи худи Раҳмон, агарчанде ки муғойир ва мухолифи майли ӯст... 

 

    Ва акнун суол ин аст ки, пас роҳе ҳаст, ки ин қисматҳо як ва миллат яклухт бишавад. Бале, ҳамон роҳ боз ҳам ин аст ки агар инду созиш кард боз ҳам ҷомеа созиш мекунад ва ором мегирад  ва агар муқовимат идома ёфт боз ҳам идома хоҳад кард. Новобаста аз ин ки ман чӣ хоҳам хост ва ин хоҳиши ман аст, воқеияти  кишвар ҳамин аст.Гурӯҳе саввум, роҳи саввум наметавонад қисматҳоро ба ҳам оварад.Вале яқинан бе Кабирӣ ва тарафдорони ӯ ҷомеаи қисматшуда  ҷамои воҳид ва маҷмуъ намешавад. Роҳе саввум, “сиёсатмадорон”-е дигар бигзор бошанду гӯянд, аммо ҳисобҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ боз ҳам рӯи ин ду тараф: рӯи Раҳмон ва Кабирӣ аст.Албатта, ки медонед ҳисоби ман бо кӣ аст ва ман ҳам медонам, ки шумо аз кӣ пуштибонӣ хоҳед кард........

 

 

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.