Читавр Ҳасан.А 1,5 миллиард доллари Роғунро дуздид ?

Читавр Ҳасан.А 1,5 миллиард доллари Роғунро дуздид ?

 

 Ғорати Роғун

 

Роғун бо он ҳаҷму андоза ва маблағе, ки барояш сарф мешавад, бидуни шак бубояст таваҷҷӯҳи муассиса ва сармоягузорони бузургро ҷалб ва ҷазб кунад. Аммо барнома ва иқдомоте, ки Раҳмонов ва дастаи дуздони давру бараш тавре таҳия ва иҷро мешавад,ки кадом сармоягузоре, кадом муассисаи молиявие омода нест, ки  бо он ҳамкорӣ бикунад. Фикр мекунед, ки сабаб чӣ аст? Сабаб дар ихтиёри Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Раҳмонов вогузории сохтмони он аст. Асадуллозода ҳанӯз аз замони баҳсҳои додгоҳии ширкати Талко ва ширкати Ансол-шарики тиҷоратии пешини корхонаи алюминиюми Тоҷикистон дар додгоҳи аълои салтанатии Бритониёи Кабир ба ҳамагон ошкор кард, ки як “афирист” ва дузди гузаро ва як қаллоб ва як кулоҳбардоре аст,ки наметавон бо ӯ ҳамкорӣ кард. Дар ҳоле,ки тамоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун шурӯъ аз соли 2008-2009 дар ихтиёри ширкати “Роғун ГЭСстрой”-и Ҳасан Асадуллозода дода шуда ва  суратҳисобҳои сохтмони Роғун ҳам дар Ориёнбонк аст. Хуб, маълум аст, ки ин бонк ба кӣ тааллуқ мегирад. Бояд ба як нукта ишорат бишавад дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳама чиз аз ғизову сару либоси коргарон гирифта то ашёву таҷҳизот ва молу маҳсулот тавассути баргузории тендер таъмин ва дастрас карда мешавад. Ангор ҳама чиз бар тибқу хости қонун ва ҳама чиз шаффофу дуруст. Аммо дар ин тендерҳо на ҳар кас роҳ меёбад, на ҳар кас баранда мешавад ва на ба ҳар кас дода мешавад.Ва агар мабодо “случайно попав” шуду  молеро ворид кард, пулашро намедиҳанд, капааш месӯзад.

 

  Аз ҳазорон мисол якто меоварам. Мисол аз сарнавишти талху шӯри фурӯшандаҳои бозори Султони Кабир.

 

Фурӯшандаҳои бозори Султони Кабир, вақти рафтани президент барои кушодани чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун тамоми кормандони онро бо сару либоси нав, берсиву каска ва мӯза  таъмин мекунанд. Ин кор чи тавр сурат гирифт ва шумо  суол мепурсед, ки барои фурӯшандаҳои Султони Кабир Роғун чи дахл дорад? Акнун гӯш фармоед. Таъминкунанда одами Ҳасан Асадуллозода, меояд бо як дипломат пул ба бозор. Чун вақт хеле маҳдуд аст. Бояд ҳамаи 10-11 ҳазор корманди нерӯгоҳ бо либоси нав ва аҳорнарехта дар расми баҳрабардории чархаи аввал,ки дар он созмонҳо ва давлатҳо намояндаҳои худро фиристодаанд, ширкат кунанд. Таъминкунанда меояд бозор, назди фурӯшандаҳо. Барои мисол як сару либоси корӣ 160 сомонӣ. Мегӯяд аз ҳамин сесад ҷуфт бароям омода кун,мехарам ва нарх мегузорад, барои мисол 120-130 сомонӣ. Ҳамин тавр бо чандин фурӯшандаҳои дигар, ки сартуан, каска, мӯза мефурӯшанд, қарордод, албатта,шифоҳӣ мебанданд. Аз фурӯшандаҳо тақозо мекунанд,ки ҳатман  барои моли худ “фалшивий” ҳам бошад, чек ёфта бидиҳанд ва ба ҷойи 120-130 сомонӣ 260 сомонӣ бинависанд. Инҷо бояд тазаккур бидиҳам,ки чунин сирқати бухгалтерӣ дар тамоми соҳаҳои хидматрасонии Роғун ҷой дорад ва “муҳосиботи дугуна”-двайной бухгалтерия,тақрибан рӯшод амал мекунад. Хулоса,фурӯшанда ба хотири онки молашро  яклухт(оптом) –сесад дона, 100 дона, 150 дона ва ҳатто 50 дона фурӯшад ва харидор ҳам “дангалӣ” ва он тарафаш ҳам Роғун –(Пешвои миллат) аст, чун воқеият ин ҳам ҳаст,ки имкони ин қадар борро яклухт фурӯхтан надорад ва ин фурсати хели нодир ва олӣ барои тиҷорати ӯ пеш омадааст, ба вай як чеки бардурӯғ ёфта медиҳад. Чек бо мӯҳр ва бо имзо ва рақами тартибии тиҷоратӣ. Ҳастанд ширкатҳое, ки ҳамин гуна чеки қалбакӣ мезананду медиҳанд. Агар тафтиш ва бозрасӣ ҳам шавад, санад дар бухгалтерия ҳам ҳаст, дар андоз ҳам.Вале соли дигар биёед аз он ширкат на ном ҳаст, на ҳисоботи муҳосибавӣ. На пай, на ҳайдар.

 

Хулоса, ин ширкатҳое ҳастанд,ки  барои “обмиват”- шустушӯи пул  сохта мешавад ва ин гуна “фирма”-ҳо алоқаи беҳад наздик бо мақомот ва шахсиятҳое аз оила ва ё наздик ба онҳо доранд. Чунки ба хотири ҳамин пулҳое, ки меояду мечархонанд, таъсис дода мешаванд. Барои онки маблағро бигиранд, масалан бардурӯғ ба муҳосиботи Роғун чеки қалбакиро медиҳанд.  Дар Роғун чекро аз онҳо мегиранд. Санад мекунанд, ки дар ҳақиқат он ашё ва он маҳсулот харида ва истифода шудааст. Пулро ба суратҳисоби он ширкати “муваққатӣ”  мерезанд. Аммо дар асл медонанд, ки ҳама  амалиёти бонкӣ, шурӯъ аз ширкат, чек, санади интиқол, ҳамагӣ сохта ва ҷаълӣ аст. Аммо муҳосиботи Роғун аз ин доду ситад “доля”-и худро дорад. Он ширкат,ки чеки дурӯғӣ дод, қабл аз онки пул ба ҳисобаш ояд, “доля”-и муҳосиботи Роғунро пардохт мекунад. Ҳиссаи саҳмро муҳосиботи Роғун дар як суратҳисоби дигар тасоҳуб мекунад ва он гаҳ барои ин ширкат пул мегузаронад. Тамоми ин ҳам амалиёт тавассути “Ориёнбонк”,ки суратҳисоби Роғун ҳам дар он аст сурат мегирад. Мунтаҳо ин як “афера”-е аст,ки солҳост идома дорад ва на танҳо бо Роғун,балки бо Талко ҳам ин кор сурат гирифтааст, ки ба таври алоҳида ба он низ хоҳем пардохт.

 

Ҳоло баргардем ба идомаи сарнавишти талху шӯри фурӯшандаҳои бозори Султони Кабир. Вақте молу колои онҳоро таъмикунандаи Роғун мехарад, ба онҳо 20,20% маблағро пардохт карда бақияро нася мекунад ва мегӯянд,ки ба  муҷарради гирифтани  пул аз Роғун пардохт хоҳад кард. Шумораи дақиқи фурӯшандаҳои Султони Кабир,ки ба Роғун бор додаанд, мамълум нест, аммо на камтар аз 60-70 нафар гуфта мешавад. Ҳеҷ яке аз онҳо боқии пули худро гирифта натавонистаанд, “кидат” шудаанд. Ба баъзаешон гуфтаанд,ки пулҳоятонро ба ҳамон ширкате, ки аз он чек оварда будед, пардохт кардем. Баъзеи дигарашро имрӯзу пагоҳ карда то ба ҳамин имрӯз фиреб дода истодаанд, аммо ба сари бархеашон, ки молу маҳсулоти бештар додаанд, кормандони андозро фиристода барои “рӯпӯш” кардани ҳаҷму адади коло ҷаримаҳои ҳангуфт баста ва ҳатто бархешонро ба ҳадде танг намудаанд, ки билохира бозор ва тиҷоратро тарк кардаанду ҳоло муҳоҷир дар Русия қарор доранд. Ана ин аст фиреб ва роҳҳои пулёбии онҳое,ки дар пушти худ чун Ҳасан Асадуллозода, роҳбари “Роғун ГЭСсохтмон”-ро доранд, ки беш аз даҳ сол мешавад, пулу маблағҳои ҷалбшуда ба ин нерӯгоҳро обу лой мекунад.

 

Ҳамасола аз бюҷети давлат аз 210 то 220 миллион доллар барои Роғун ҷудо карда мешавад ва Роғун бо дарназардошти зери 200 миллион доллар пули саҳмияҳои халқ, ниммиллиард доллар авроқи гаронбаҳо-евробондҳо,ки дар бозори Амрико ва Аврупо фурӯхта шуд ва низ фурӯши филизот ва сангҳои қиматбаҳо ва пули аз мошинҳои сиёҳшиша ва номерҳои крутой ба дастомада ва низ 2 миллиард сомонии ҷудошуда дар соли ҷорӣ аз хазинаи давлат 4 миллиард долларро масраф кардааст. Дар ҳоле,ки ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) ва ҳукумати Тоҷикистон  қарордодеро ба имзо расониданд, ки маблағи умумии сохтмони Роғун 3.9 миллиард доллар нишон дода шудааст. Ҳоло суол ин аст ки барои гардон кардани ду чархаи Роғун ҳудуди 4 миллиард доллар, баробар ба 40 миллиард сомонӣ масраф шуд, бақия 4 трубин ва ё 4 чархаи он бо чи миқдор маблағ бунёд мешавад?

 

 Бар пояи муқаррарот ва қавонини ҷории кишвар ташкилот ва ниҳодҳое,ки аз ҳисоби бюҷети давлатӣ фаъолият доранд, ҳарду сол аз тарафи Палатаи ҳисоб ва ҳар се сол аз тарафи Оҷонсии мубориза бо коррупсия бояд санҷида ва тафтиш бишаванд. Маълум нест, ки оё ин ниҳодҳо дар ҷараёни бозрасӣ чи камбуд ва обу лойкуниҳоро ошкор кардаанд ва чи касоне ҳамчун гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ин кор имконпазир нест, чун Роғун ба як тиҷорати бузурги ватании хонавода табдил шуда ва дар он ширкат ва корхонаҷоте,ки ба Ҳасан Асадуллозода ва бародарони вай, Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон марбут аст, аз қабили  “Раҳмонҷон”, “Сомонтаъминот” , ”Сомонтаҷҳизот”  “Сомонсаноат”“Исмоили Сомонӣ” “Асри 21” ва ғ.фаъолият доранд, ки ҳеҷ ниҳоде ҳам ҳақ надорад камбуд ва навоқис бикобад. Танҳо дар тафтишоти соли 2016 аз тарафи Оҷонсии зидди фасод 186 миллион сомонӣ пули дуздӣ аз Роғун ошкор карда шуд. Аммо ҳеҷ касро ба ҷавобгарӣ накашиданд ва касе ҳам ҷавоб пас надод. Зоҳиран маълум нашуд,ки ин миқдор  пулро кӣ дуздидааст,аммо ҳамагон медонанд, ки ҳар касе ҳам набошад ҳатман бо худи Раҳмонов дуздишарик аст. Аз тарафи дигар кор ба ҳадде дар инҷо бо фасоду сирқату тақаллуб омехта шудааст,ки дар як аудити байналмилалӣ аудиторҳо андаруни дуздиҳо ва изофанависиҳо ва “списатҳо”-и бардурӯғ ба ҳадде роҳгум задаанд, ки натавонистаанд, гузориши худро аз анҷоми кор таҳия бисозанд. Нафаре,ки аз ин моҷаро огаҳӣ дошт гуфт, дар яке аз аудитҳо ҳисоб кардаанд, ки дуздии хурду резаҳои танҳо мудири кулли нерӯгоҳ дар моҳ 25 ҳазор долларро ташкил додааст. Аз ин хотир гуфт ин нафар аудити байналмилалии Роғун тавассути ширкатҳои аудитии машкук ва тамоман номаълум  доир шуда онҳо бар ивази сукут чандин миллион доллар аз Раҳмонов, ҳақ гирифтаанд. Ин манбаъ гуфт,ки гузоришу ҳисоботҳо тамоман бардурӯғ омода карда мешаванд ва агар асли кор дар сохтмони Роғун ошкор бишавад ҳеҷ сармоягузоре ҳозир ба ширкат дар ин сохтмон нахоҳад шуд.

 

Ҳасан Асадуллозода, дурусту дақиқ он балоеро,ки бар сари Талко овард, дар инҷо ҳам овардааст ва на танҳо “двайной бухгалтерия” инҷо манбаъ ва асли фасоду фосидист, роҳҳо ва василаҳое дигар ҳам ошкор шудааст, ки нерӯгоҳи Роғун ба мисли як гови ҷӯшоӣ ҷӯшида шуда истодааст. Гове,ки то ҳамин ҳоло як рӯз ҳам шираш нахушкида аст. Агар барои мисол дар моҳ ё ним сол 10 ҳазор тонна ГСМ харҷ шуда бошад, агар 1000 дона шинаи мошинҳои боркаш, трактор, экскаватор ва ғайра сарф шуда бошад, онҳо чанд баробар ҳам аз шумора ва ҳам аз нарх зада шудаанд. Изофанависӣ дар инҷо ба дараҷаи аъло идома дорад. Садҳо нафаре,ки дар асл як соат ҳам дар Роғун набудаанд, ҳамчун корманд сабт шудаанд ва дар номашон маош навишта  мегиранд.

 

 Дар охири соли гузашта Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК нерӯгоҳи Роғун  аз 1 миллиард камомад ва ё қарздоории Роғун дар парлумон бонги изтироб зад. Вале наметавонад бигӯяд, ки барои мисол Ҳасан Асадуллозоад 1 тонна арматурро барои нерӯгоҳ то 1300-1400 доллар мефурӯшад, дар ҳоле,ки дар бозор аз 900 доллар болотар нест,ҳамин тавр сементро,ҳамин тавр швелерро,ҳамин тавр дигар таҷҳизот ва ашёро. 1000 тонна аз Тоҷиксемент сементи навъи олӣ ворид кунад,2000 тонна аз Ҳуаксин ва ё Ғаюр семент бо сифат ва нархи пойинтар дароварда аммо ҳамаашро моли Тоҷиксемент нишон дода садҳо, балки миллионҳо долларро муфту ройгон ба даст дароварда истодааст. Гумон намеравад, ки аз ин ҳама Раҳмонов бехабар бошад, балки мутмаинан ӯ худ шарик ва роҳнишондиҳанда аст, ба ҳайси дузди пир. Вай худаш Пири дуздони оилаи фосидаш аст. Ӯ шаби дароз роҳу усулҳои дуздиро, ғоратро фикр карда бо дастони Ҳасану дигару дигараш татбиқ мекунад. Хабарҳо ҳокист,ки  Сайдамир Сияҳмардов, собиқ мудири нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки баъдан раиси ноҳияи Нуробод таъйин гардид бо дастури Раҳмонов масмум шуда ва  баъди чанде дунёро тарк кард.Зеро ӯ хеле аз дуздиҳои калони Ҳасан Асадуллозода ва Раҳмонов дар ин сохтмонро медонистааст.

 

Аммо Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон вақте дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ аз 1 миллиард сомонӣ қарзи Роғун сӯҳбат мекард, гуфт ин қарз “уҳдадориҳои молиявӣ дар назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ то 1 январи соли 2020 аст ва маблағҳое, ки аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ ё худ евробондҳо ҷалб гардида буданд, пурра харҷ шуданд”.

 

Ба гуфтаи мудири нерӯгоҳ “Роғун ҳоло дар тавозун дороии зиёд дорад, ки қисми он на дар маҳалли ҷойгиршавӣ, балки дар дигар минтақаҳои кишвар ҷойгиранд ва истифодаи ин дороиҳо аз рӯи таъиноташон ғайриимкон мебошаду ҳар рӯз хароҷоти молиявиро барои нерӯгоҳ ба бор оварда истодаанд”.

 

Сафарзода ҳадафи иҷозат барои хусусигардониро роҳандозии ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии ватанию хориҷӣ гуфта, аз ин иқдом беҳтар гардидани маблағгузории сохтмони неругоҳро интизор аст.

 

Хулоса ва маънои ин ҳарфҳои мудири кулли нерӯгоҳ ин аст ки Роғун ҳанӯз ба фаъолият сар накарда, бо онки 4 миллиард долларро фурӯ бурд,аллакай қарздор аст ва қарзаш ҳам “дар назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ”.

 

Дигар чорае надорем магар инки онро бифурӯшем, зеро бо он пуле, ки ҷудо мешавад, баъид аст ки дар даҳсолаҳо ҳам онро ба итмом бирасонем. Аммо  савол инҷост ки кӣ барои як чунин сохтмоне, ки аз сад 99% дуздида мешавад, сармоя мегузорад. Ин дуруст аст ва шакке ҳам нест, ки вазъияи молиявӣ дар Роғун тамоман фоҷиабор аст ва ҳатто бархе аз ширкатҳо  аз нагирифтани ҳаққи кори худ ба сутуҳ омада дар садади қатъи ҳамкорӣ баромадаанд. Бубинед 1 миллиард сомонӣ ҳаққи хидмати коршарикон таъминкунандаҳо дода нашудааст ва он ҳам дар танҳо як соли 2019. Пурсиши аввал ин аст ки чаро ҳаҷми қарз ба беш аз 100 миллион доллар, муодили 1 миллиард сомонӣ нарасида хабардор ва дар пайи ислоҳи авзоъ нашудед. Масалан вақте як миллион,даҳ миллион,хуб,бигзор 100 миллион сомонӣ шудани қарз аз он нагуфтед, роҳи чора наҷустед?  Магар намедонед, ки арматура дар бозор чи нарх дорад, швелер дар бозор чи арзиш дорад, семент дар бозор баҳояш чанд аст?  Бо таваҷҷӯҳ ба маълумоти дар даст қарор дошта ва бароварду ҳисобу китоб метавонем бигӯем,ки аз ин 4 миллиард доллари ба Роғун харҷшуда наздики 40-50% дуздӣ шудааст?

 

Ҳасан Асадуллозода дар додгоҳи Лондон бо коршарикони пешини Талко Аваз Назаров ва ширкати Ансоли ӯ 92 миллион доллар ба як ширкати адвокатӣ ҳаққуззаҳма пардохт кард. Албатта аз ҳисоби кисааш набуд, аз ҳисоби бюҷети мамлакат буд. Ҳоло ки Роғун комилан дар ихтиёри ӯст ва дар пушташ Эмомалӣ Раҳмонов, писартағо ва язнаи ҳамчун худаш дузди гузароро дорад, магар чи бикунад? Фақат медуздаду медуздад, бераҳмона ва беинсофона, талаву тороҷ мекунад. Соли 2010 вақте бо як фармон Роғунро моликияти истисноии давлат эътироф кард эълон шуд, ки саҳми давлат 75% ва 25% он ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо ҳоло саҳми давлатро беш аз 90% эълон мекунанд. Пас,саҳми мардум куҷо меравад? Шояд онро ҳам дар руихати дуздиҳои Ҳасан Асадуллозода ва язнаи дузди калони ӯ биҷӯем?

 

  Дар мулоқоти ахири миёни Қоҳир Расулзода ва раиси ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA)бисёр ҳам ҳарфҳои пасту баланд гуфта шудааст. Масъули ширкати итолиёвӣ аз норасоиҳо ва ба хусус танқисии маблағ ба шиддат изҳори нигаронӣ  ва тақозо кардааст,ки тамоми суратҳисобҳои Роғун аз Ориёнбонк берун ва ба дигар бонк кушода шаванд. Ҳоло суратҳисоби Роғун аз Ориёнбонк ба Амонатбонк гузаронида шудааст. Бархе аз созмонҳои молиявӣ мисли Бонки осиёии Рушд, Хазинаи байналмилалии асъор баргузории  як аудити байналмилалии фарогир дар сохтмони нерӯгоҳ ва муайян кардани қимати асосии онро талаб ва пешшарти ҳамкорӣ донистаанд. Яке аз дигар шартҳое,ки ба таври махфӣ пеш гузоштаанд, ин буда, ки пудратчии генералии сохтмони нерӯгоҳ иваз карда шавад. Пудратчии генералии сохтмони нерӯ гоҳи Роғун Ҳасан Асадуллозода аст.

 

 Таҳқиқоти мӯшикофонаи "ИСЛОҲ" идома дорад , ҳар далел ва мадраке  дар ин замина доред бароямон ирсол намоед,то дар мақола ва нашрҳои баъди аз онҳо истифода намоем.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.