Данғара то 30 солагии истиқлолият табдил ба вилояти Сомон мешавад

Данғара то 30 солагии истиқлолият табдил ба вилояти Сомон мешавад

  • 26 апреля 2019, 15:41

Дар назар аст,  то 30 солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ, яъне  соли 2021 ноҳияи Данғара, зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмонов  бояд ба вилоят табдил ёбад. Номаш ҳам аллакай муайян шудааст-Вилояти Сомон, маркази маъмурияш шаҳри Данғара хоҳад буд.

Дар ин бора манбаъи Ислоҳ аз ноҳияи Данғара хабар дода гуфт, ки раиси ин ноҳия, Исломиддини Нуриддин, писари бародари Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони тамоми соҳаҳо фармон содир намудааст, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе бояд ҳама корхонаҳо кор кунанд. Шахсе аз кор дар рӯзҳои истироҳат сарпечӣ кунад, аризаи аз кор рафтанашро дар ҳол таслим кунад.  

“Агар ба занги телефон раиси корхона ҷавоб надиҳад, ӯ ҳам бояд аризаашро навишта, курсиро холӣ кунад. Ҳар касе гӯяд, ки ман мехоҳам дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе истироҳат  мекунам бояд аризаи рафтан аз корашро бидуни ҳеҷ баҳонае нависад. Ин амр ҷиддӣ аст”

Ин гуфтаҳо дар маҷлиси МИҲД ноҳияи Данғара аз забони Исломиддини Нуриддин, раиси шаҳри Данғара садо додаанд.

Илова бар ин Исломиддини Нуриддин ба раисони ҷамоатҳо ва корхонаву ширкатҳои давлатии воқеъ дар Данғара фармон додааст, ки “ҳар роҳбаре, ки дар ҳудуди ноҳия ифои вазифа мекунад,  бояд панҷ сарбоз ба комисарияти ҳарбии ноҳия супорад. Агар насупорад, барояш сараввал танбеҳ дода мешавад ва дар ҳолати то охири мавсим иҷро накардани амр, вазифаро аз даст медиҳад”.

“Нақша  бояд то охири моҳи апрел ҳатман пурра иҷро гардад”. - таъкид кардааст Исломиддини Нуриддин.

 

Тибқи маълумоти ба мо расида,  хобгоҳе, ки дар Данғара марбути Озодаи Раҳмон, бузургдухтари Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон   мебошад, иҷрои кораш ба ширкати сохтмони Бег Сабур таслим шудааст, то барои корҳои омодагӣ ба сисолагии истиқлолият ва ба вилоят табдил шудани Данғара истифода шавад. Қаблан ин биноҳоро ширкати сохтмонии дигаре ба анҷом мерасонид, вале аз он ширкати сохтмонӣ  пас гирифта, ба Бег Сабур додааст.

 

 

Манбаъи мо мегӯяд, иллати ин кор маълум нест, вале “сохтмончиён аз рафти кор ва надодани маблағ аз тарафи ширкати сохтмонии Бег Сабур розӣ нестанд. Маҷбуран онҳоро кор мефармоянд”.

 

 

“Мегӯянд, ки агар хоҳиши маоши ду моҳаатро гирифтан дошта бошӣ, бояд моҳи севвум ва чаҳорум ҳам сар набардошта кор кунӣ,  вагарна, маошро дар хоби шабат мебинӣ”. - нақл кард манбаъ.

 

Ӯ афзуд: “Сохтмончиён аз манотиқи Шаҳритус, Қубодиён ва минтақаи Ғозималик, ки хело камбағаланд ва ба ин зулм ночор аз бекорӣ розӣ шудаанду кор мекунанд. Аз камии хурок ва он чӣ барояшон медиҳанд, меноланд ва мегӯянд, ки чизе барояшон намедиҳанд. Маошҳояшон аз рӯйи иҷрои кор дода мешавад.  Дар оғоз вақте коргар ҳисоб мекунад, бо иҷрои кор маошаш тақрибан панҷ то шаш ҳазор сомон дар моҳ мешавад. Аммо Бег Сабур барояшон 2000 сомонӣ медиҳад ва мегӯяд, ки агар хоҳед, ки боқии маошро гиред, моҳи оянда кор кунед”.

 

 

Манбаъи ин хабар, ки дирӯз, аз кишвар ба Русия расида буд, мегӯяд, айни ҳол  Бег Сабур аксари рӯзҳояшро дар Данғара сипарӣ мекунад.

 

 

“Ниҳоят шахси пасту золим аст. Худованд ҷазояшро диҳад. Фақат кораш фиреби коргарон аст. Пули медодагиаш ба масрафи кисагӣ намерасад. Ниҳоят маҷбур шуда, Русия омадам”. - изҳор намуд ӯ.

 

Тибқи баъзе маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, сохтмони чандин иншоотҳое, ки ба Озода Раҳмон тааллуқ дорад, Бег Сабур амалӣ карда истодааст. Бинобар, барои Озода Раҳмон мисли Бег Сабур, як корчалони гапдарою кориҷрокун хеле муҳим аст. Аз ин рӯ Бег Сабур аз ҷониби Озода Раҳмон ҳимояти ҷиддӣ дида истодааст. Тибқи маълумоти ба мо расида,  Бег Сабур то иҷрои корҳои ба ӯ вогузоршуда, шояд ба ҳеҷ ҷазое ҳам рӯ ба рӯ нашавад.

Ин дар ҳолест,  пойгоҳи Паём ду рӯз пеш хабар дода буд, ки қарори барканории Бег Сабурӣ ва аз дасташ гирифтани тамоми бизнеси телекомминикатсионӣ ҳудуди ду моҳ пеш қатъӣ шуда буд. Аммо чун меросбари бизнес-империяи Бег ҳам муайян гардидааст, Бегро ба хотири ба анҷом расонидани тамоми расмиёт ва ба номи ӯ часпондани қимати гарони интернет нигоҳ медоштанд. Писараш Рамзро раҳо карданд то ба хориҷ равад. Ҳоло ӯ дар Ландан ва ё Дубай қарор дорад.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.