Дар миср чӣ хабар аст?

Муҳаммадиқболи Садриддин

                       

   Миср дигарбора ба майдони эътироз ва тазоҳуроти мардум  бадал мешавад.Вазъият дар ин кишвари бузурги африқоӣ рӯ ба вахомат аст.Рӯзи ҷумъа 27.09.2019 мардуми зиёде ба хиёбонҳо бо шиори “Ирҳал ё Сисӣ”- Бирав эй Сисӣ- ба хиёбонҳо рехтанд.Ин ҷумъаро ҷумъаи бидуни Сисӣ унвон карда буданд.То кунун беш аз ду ҳазор нафар боздошт ва дар тавқифгоҳҳо қарор доранд. Аммо мардум бе таваққуф ба эътирози саросарии худ идома медиҳанд. Тибқи хабарҳо як шахси мулкӣ аз эътирозгарон ва як низомӣ дар ҷараёни мухолифат дар эътирозҳои саросарӣ кушта шудаанд. Ин эътирозро исломиҳо ба душ нагирифтаанд ва ба касе нагуфтаанд,ки ба хиёбонҳо бароед,ин эътирози оммавии худҷуши мардумӣ ва ба сутуҳ омада аст. Бо мардуми дохили Миср мисриёни муқими чандин кишвар аз хориҷа  бо ҳамраъйи ва ҳамдилӣ ба музоҳирот дар он кишварҳо даст задаанд.Дар Лондон,Истанбул, Алҷазоир, Порис,Тунис, Навокшут, Олмон ва дигар кишварҳо бо мардуми дохили кишвар якфикранду бо шиорҳои “Бирав эй Сисӣ” ба назди сафоратхонаҳои Миср дар хориҷ таҷаммӯъ намудаанд.

 

          Сабаби асосии эътирози мардумӣ дар Миср чӣ буд?

 

     Эътирозҳои хашмгинонаи мардумӣ дар Миср на диниву ақидавӣ ва на сиёсӣ аст. Балки сабаби асосӣ фасоди молии густарда, фақр, гуруснагӣ,поймолшудани ҳуқуқи инсонҳо,болоравии нархҳо, бекорӣ, паст шудани қурби пули миллӣ,мунтаҳо иқтисодӣ аст.  Агар дар даврониМуҳаммад Мурсӣ,раиси ҷумҳури асбақи Миср як доллар баробар ба ҳафт ҷунайҳ,пули ин давлат буд,ҳоло 16,5 ҷунайҳ як долар ва то ба 18 ҷунайҳ ҳам расида буд.Мардум тавони пардохти пули барқ,газ,сузишвориро надоранд.Қаблан агар аз тарафи давлат барои табақаи камбизоат имтиёзоте қоил буданд аз ҷумла нархҳои поийн бурда мешуд,ҳоло бошад аслан чунин коре вуҷуд надорад.

 

                           Оғози ангеза ва мавҷи нооромиҳо

 

     Танишҳои имсола аз як ширкати паймонкор ё сохтмоние оғоз гардид.Молики ин  соҳиби ширкат Муҳаммадалӣ аз вуҷуди фасоди молӣ дар низоми фосиди ҳукумати Сисӣ ошкоро ҳарф зад ва дар пайи ҳамин ифшокорҳои ӯ буд,ки мардум ҳама ба по хеста хостори раҳоӣ аз низоми фосиди Сисӣ шуданд.

  Яке аз мавориди фошкориҳои Муҳаммадалӣ ин буд,ки ширкати ӯ ба маблағи дусаду панҷоҳ миллион долар як қаср барои ҳамсари Абдулфатоҳ Сисӣ хонум Интисор Омир Сисӣ бунёд намуд вале хонум Интисор онро писанд накард ва онро комилан хароб карда дубора бино ниҳоданд. Ин масрафҳо аз ҳисоби ҳукумати кишваре аст,ки мардумаш зери хатти фақр зиндагонӣ мекунанд. Аммо президенти ин кишвар чунин масорифи бузург дорад. Инчунин масорифи хело зиёд  барои пойтахти наве,ки Сисӣ бо номи “Осиматул идория Алҷадида”, ки аз Қоҳира дар фосилаи тақрибан шаст километр қарор дорад, боиси хашму ғазаби мардум гардид. Ин шахс инчунин дар мавриди генералҳои низомии Сисӣ ва масрафҳои беандозаи онҳо дар биноҳое дар ин пойтахти ҷадид сохтаистодаро иттилоотҳоеро кашф ва ба мардум пешкаш кард,ки мардум дигар ба шӯр омаданд.

 

Сисӣ ва мақомоташ барои хунсо сохтан чӣ чораҳое андешид?

 

    Сисӣ ва мақомоти низомияш барои мардумро аз идомаи тазоҳурот боздоштан дар Бирулабди минтиқаи Сино рӯзи 27.09.2019 ҳуҷуме аз тарафи ДОИШ ба қувваҳои низомии ин кишвар анҷом доданд. Дар натиҷа 15 нафар аскар кушта шуд.Ҳатто ҳавопаймоҳои ҷангиро ба осмон хезонида бист маротиба он минтақаро бомборон карданд.Шоҳидони ҳодиса ба Алҷазира гуфтанд,ки ин амалро панҷ нафар мусаллаҳ анҷомдода буд,ки аз як чархбол ба минтақа интиқол додашуда ва онҷо дар камин фароварда шуда буданд.Онҳо буданд,ки  ба ин қофила(колона)и низомиён ҳуҷум  анҷом додаанд. Ин кори Сисӣ боиси хашму ғазаби бештари мардум шуд. Зеро шакку шубҳаҳо зиёд шуд,ки  ДОИШ аз куҷо дар инҷо пайдо шуд ва боз бо чархбол ва либоси махсуси арабӣ?

 

Агар диққат дода бошед дар мусоҳибаи охири Ислоҳ бо Муҳиддин Кабирӣ дақиқан ин сохтакориҳои режимҳои худкома ва дикториро ишорае намуда буданд,ки инҳо худашон чунин корҳоро анҷом медиҳанд.Дақиқан номи Синоро ҳам ёдовар шуда буданд,ки чунин саҳнасозиҳое ин диктотурон барои ҳушу ёди мардум ва ҷомеаи баналмилалиро ба он тараф кашидан анҷом медиҳанд. Ана пас аз он мегуянд шумо аз ҳуқуқи башар,интихоботҳо ва ҳолатҳои иҷтимоъӣ мегуед,дар ҳоле мо бо терроризм дар набардем. Дар ҳоле на ДОИШ  аст ва ягон гурӯҳу гурӯҳаке,инҷо танҳо ба гӯна саркубкардани эътирозҳо аст.

 

   Як мақоми аршади низомӣ дар Қоҳира рӯзи 25.09.2019 дар як навор маълумотҳои хатарнокеро ироа кард:

“Шумо фикр мекунед,ки афсарони низомии Миср дар Сино кушта мешаванд? Ҳаргиз чунин нест,балки ин низомиҳои артиши Миср ба кӯмаки Ҳафтар ба Либия  фиристода мешуданд,то бо ҳукумати қонунии Либия биҷанганд. Дар онҷо даҳҳо афсарони баландпояи артиши мо кушта шудаанд. Дар дасти ман номи даҳ нафар аз ин афсарон вуҷуд дорад,ки миёни инҳо ҳам мусалмонон ҳастанд ва ҳам масеҳиёни қубтии Миср. Ин Сино ва воқеаҳои он сохтаанд ва ба он ҳаргиз бовар накунед”.

 

    Ин диктаторон барои бақои худашон ҳама корро анҷом медиҳанд,саҳнасозӣ мекунанд,то мардумро пароканда кунанду ба ҳукумати мустабидди худ идома диҳанд.

 

Дар Ироқ ёдатон бошад мардум бо митинг дар Анбор бар ҳукумати он вақтаи ин кишвар Нурӣ Алмоликии саффок пирӯз шуда буданд. Аммо онҷо яке сару калаи ДОИШ  бо садҳо мошинҳои ҷадид пайдо шуд ва натиҷаашро ҳама дигар медонед.

 

Рӯзи 27.09.2019 Сисӣ ба Қоҳира омад ва ӯро поп ва чанд мардуми дигаре истиқбол намуданд. Муҳаммадалӣ, Сисиро масхара дошт,ки агар Сисӣ аз мардум наметарсид, ӯ намеомад ба Миср. Яъне ӯ як қотили тамомайёр аст ва...

 

Аз боздоштшудагон ҳангоме пурсидаанд,ки сабаби баромадан ба тазоҳурот чӣ буд? Ҳамаашон ҷавоб гуфтанд,ки аз гуруснагӣ,аз нодорӣ,аз гаронии нархҳо,аз бекорӣ ба кӯчаҳо баромадем. Дигар мақомоти ин кишвар надонистанд, барои ин боздоштшудаҳо кадом модаҳои ҷиноятиро бор кунанд. Яъне инҷо қазия комилан барои ҳама маълум ва ошкор аст.

 

   Ин буд шарҳи вазъи кунунии Миср, бузургтарин кишвари минтақа,пас аз барканории ҳукумати қонунии Муҳаммад Мурсии шаҳид.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.