Досияи сиёҳи мири Ҳисор Ш.Ҷумазода,шогирди Сарвазир

Досияи сиёҳи мири Ҳисор Ш.Ҷумазода,шогирди Сарвазир

 

     (бахши аввал)

 

    Аз Ҷамолиддин Мансуров, раиси пешин ва Пири феъли раисони Ҳисор вақте менавиштем,як -ду ишора ба Ҷумазода Шарифҷон, раиси ҳозираи Ҳисор ҳам гуфта будем ва гуфта будем, ки вай аз наздикони Қоҳир Расулзода,Сарвазири Тоҷикистон аст. Ба маҳзи онки “одам”-и Сарвазир аст, дар ду навбати “поналичка” афтидан дар шасти кормандони Оҷонсии зидди фасод, тавонист на танҳо “аз об хушк барояд”, бадтар аз ин, курсиро ҳам ҳифз бикунад ва бештар аз гузашта даст ба фасоду тақаллуб бизанад.

 

Манобеи  “Isloh.net” дар миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъд аз мутолиаи досйеи Ҷамолиддин Мансуров маълумотҳои ҷолиберо барои мо ироа медиҳанд. Яке аз онҳо аз он ҳикоят кард,ки на танҳо сарбозгирӣ ба як маъракаи ҷамъоварии маблағҳои муфт ва бедардимиён барои мақомоти навоҳиву шаҳрҳо бадал шудааст, балки имрӯзҳо дар Тоҷикистон як тиҷорати нав - тиҷорати замин ба шакли нав пайдо шудааст,ки бидуни шак дар байни раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ривоҷу равнақ дорад. Ин манбаи мо гуфт,ки суръати ҳаракати ин тиҷорат аз суръатаи ҳаракат ва густариши вируси курунои чинӣ ҳам тундтар аст. Гап дар инҷост ки ҳеҷ яке аз раисони шаҳру навоҳӣ бидуни  пардохти ришва соҳиби курсӣ намешаванд. Аз инҷост ки онҳо вақте сари курсӣ меоянд аз ваколат ва салоҳиятҳои беҳадду марз бархурдор мешаванд. Масалан онҳо бидуни онки авоқиби амалкарди худро биандешанд, қарорҳои раисони пештара, пешиниёни худро,махсусан қарорҳои вобаста ба заминро бекор мекунанд ва аз нав ё дубора бо қарори худ он заминҳоро мефурӯшанд ва ё чи хеле ҳоло ҳамчунин “формулировка” мӯд шудааст “вобаста мекунанд”.

 

Масалан ман аз раиси пешина барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ  замин гирифта будам. Тамоми инстансияҳои давлатиро тай кардам ва ниҳоят муваффақ ба дарёфти қарори деринтизори замин шудам ва инак чор-панҷ  сол ва ё бештар аз он истифода кардам. Боғ бунёд кардам, аз ҳосилаш ҳам камубеш баҳравар шудам. Аммо дар ин миён раиси шаҳр аз кор рафт, вазифаи дигар гирифт, ваколаташ тамом шуд. Раиси нав омад ва бо такя ба ваколатҳояш қарори раиси қаблӣ дар мавриди заини маро бекор кард. Гуфт ту дигар соҳиби замин нестӣ ва ба каси дигар шакли дигар ин заминро қарор содир карда мефурӯшад, ё чи хеле ки мегӯянд “вобаста” мекунад. Пеш аз онки биравам сари асли матлаб бароятон итминон медиҳам ва бо қотеият шаҳодат ва гувоҳӣ медиҳам,ки дар ин “тиҷорат” миллионҳо, шояд,ки миллиардҳо сомонӣ дар сатҳи ҷамоат, шаҳру навоҳӣ ва вилоят  дар гардиш аст. Гумон намекунам,ки мақомоти болоӣ аз ин тиҷорат бехабар бошанд. Ҳамон гуна,ки дар сатҳи болои боло Раҳмонов ва ақорибу домоду духтаронаш тиҷоратҳои ғайриқонунӣ ва аз пули бюҷети давлатро мечархонанд ва амалан ҳокимияти марказиро ба ташаккули ҷиноӣ  табдил додаанд,ҳамин гуна шароит ва имконият ва имтиёзҳоро ба раисон ҳокимчаҳои шаҳру навоҳӣ ва ҳатто поинтар аз онҳо додаанд. Барои ҳамин онҳо дилпурона ҳамчунин аъмоли ҷиноиро анҷом медиҳанд.Ва инак,намунае аз чунин ҷиноятҳо,ки мири ҳозири Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода  анҷом додааст тақдими шумо мекунам.

 

   Ин воҳиди кишоварзӣ дар Иттифоқи советӣ “Роҳи Ленин” ном дошт. Яке аз хоҷагиҳои калонтарини чорвопарварии Тоҷикистон ба шумор мерафт, зотҳои беҳтаринро парвариш мекард ва як хоҷагии тавоно ва бой буд. Заминҳои зиёди корам ва киштбоб дошт. Мавқеи заминҳояш ҳам,ки дар ду канори шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода  воқеъ афтодааст,айни замон барои роҳандозии тиҷоратҳои гуногун ҳам мувофиқ мебошад. Баъдан ин хоҷагӣ тағйири ном кард ва ном гузоштанд “Сайди кӯҳсор”. Аммо ҳамин чанд соли пеш буд,ки дар арафаи таҷлил аз 25 солагии истиқлолияти давлатӣ боз номашро дигар карданд ва гузоштанд “25-солагии Истиқлолият”. Ин ҳамон хоҷагии деҳқониест, ки президент Раҳмонов дар соли 2015,вақти ҷашни 3000-солагии Ҳисор омада дар масоҳати 400 гектари он дарахти гелос шинонд. Сухан аз қисмат ва ё ҳиссае аз ин замин меравад,ки 8 ва ё 10 сол пеш  Баракатулло, собиқ раиси ҳамин хоҷагӣ, Ғаффор саҳмдор ва Розиқов Иззат бо лақаби Иззати Ғафс,яке аз соҳибкорони муваффақи Ҳисор бо қарори раиси собиқи Ҳисор ҳиссае аз заминҳои он хоҷагиро барои истифода гирифтанд.Аммо имрӯз баъди 10 сол қарори ҳамин заминро Шарифҷон Ҷумазода бекор  карда ва бо як қарори дигар ба Неъматов Қурбон, бо лақаби роҳсоз медиҳад. Заминҳое, ки инҳо кор мекунанду боғ бунёд кардаву обод намудаанд,ба Қурбони Роҳсоз “вобаста” мекунад.

 

Иззати ғафсро барои он чунин лақаб гузоштаанд,ки воқеан ғафс аст 150-160 килост, сахт бӯзбала аст.  

 

Қурбони роҳсоз барои онки воқеан роҳсоз лақаби роҳсозро гирифтааст.Ширкати роҳсозӣ дорад ва солҳои тӯлонӣ ба роҳсозӣ машғул аст. Бо дилхоҳ раиси Ҳисор забон меёбад ва ҳамроҳ мешавад ва рбита барқарор мекунад. Ҳам бо Маҳмадалӣ Тухтаев ва ҳам бо Усмон Сабзов хеле соз буд. 1километрро асфалтпуш кадем гуфта бардурӯғ ҳисобот медиҳад. Пули бюҷетро  мегирад ва тақсим мекунанд,албатта  бо ҳамин раисҳо. Дар асл на ягон асфалте мешаваду не ягон комиссияе,ки  он асфалтро аз назар гузаронад. Сад метр асфалтро 1 километр санад месозад. Дар вилояти Суғд ҳам хеле корҳоро анҷом додааст.Тендерҳоро баранда мешавад. Гурги борондида аст.

 

Хулоса, заминҳоро  Ҷумазода аз ин нафарон гирифта ба Қурбони роҳсоз дод. Бар ивази 25 ҳазор доллар  ва як автомашинаи Мерседес- бенс .25 ҳазор долларро ба Ҷумазода Шарифҷон,раиси шаҳри Ҳисор ва Мерседес- бенсро ба зани раис тӯҳфа мекунад.Ҳамин тавр қарори раиси собиқи шаҳри Ҳисорро раиси феълӣ бекор карда бар ивази 25 ҳазор доллари пора ва як мошини Мерседес-бенс ба Қурбони Роҳсоз дод. Масоҳати он заминҳо ҳудуди 80 гектарро ташкил медиҳад.

 

 Бояд қайд намоям,Баракатулло,ки дар гузашта раиси колхози Роҳи Ленин буд, шахси сарватманд аст,деҳқони оддӣ нест.Ғаффор ҳам пулдор ва доранда аст.Иззати ғафс ҳам  маблағ дорад,барои худаш тинҷ аст. Инҳо аз он нафароне ҳастанд, ки аз худ ҳимоя ва дифоъ карда метавонанд,зеро чуноне гуфтам, дар ҷойҳои даркорӣ ҳам маблағ ва ҳам шиносҳову алоқаҳо доранд.

 

Ҳамин тавр аз болои қарори Шарифҷон Ҷумазода ба Прокуратураи генералӣ ариза ва шикоят мекунад. Прокуратураи генералӣ бар зидди қарори ба Неъматов Қурбон вобаста шудани замин эътироз оварда амали онро бозмедорад. Ва ба ҳолати аввала бармегардонад, яъне ба Баракатулло баргардонида мешавад  замин.

 

    Ғаффор ва Иззат Розиқов  аз болои қарори раиси шаҳр ба Суди олии иқтисодӣ шикоят мебаранд. Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аризаи даъвоӣ оиди бекор кардани қарори раиси Ҳисор Шариф Ҷумазодаро қонеъ мекунад ва ҳалнома содир карда ба ҳолати аввала бозгардонидани заминро талаб мекунад. Ҳукумати Ҳисор хеле талош мекунад,ки аризаҳои даъвогӣ рад карда шаванд. Даъвои зидди даъво аризаи зидди ариза шикояти зидди шикоят  меоранду менависанд. Лекин чи хеле гуфтам инҳо ҳам пул доранд, аризаҳои Неъматов Қурбон ва раиси шаҳри Ҳисор рад мешаванд. Зеро инҷо ҳам ҳама корро пул ҳал мекунад. Ба ҳолати аввала бармегардонад. Ҳоло ҳар се қарор мавриди баҳс қарор дорад. Агарчанде ҳалномаи Суди олии иқтисодӣ  ва эътирози Прокуратураи генералӣ  содир шудааст,аммо  раиси шаҳри Ҳисор бо истифода аз ваколат ва мансаб монеа гузошта истодааст,боз ба зинаҳои болоии мақомот шикоят пешниҳод карда истодааст. Зеро 25 ҳазор доллар ва мерседес бенс гирифтааст. 25 ҳазор доллар ин нархи як ҳуҷраи се хонаӣ дар Ҳисор аст. Аз тарафи дигар айни замон ҳалномаи Суди олии иқтисодӣ  ба қувваи қонунӣ надаромадаст.  

 

Инҷо акнун мехоҳам як нуктаро таъкид намоям. Баҳси бархоста миёни раиси шаҳри Ҳисор ва чанд ба истилоҳ пулдори ҳисорӣ, дар мавриди замин,ки дар зинаҳои гуногуни мақомот идома дорад ягона нест. Дар саросари кишвар вуҷуд дорад ва характери оммавӣ касб кардааст. Дар ин қазия дасти  афроди баландмақоме мисли Қоҳир Расулзода,Сарвазири Тоҷикистон баръалло ҳис мешавад, манзурам қазияи ҳисориҳо. Аммо  ин хел ҳолатҳо садҳо, ҳазорҳо аст. Имрӯз тиҷорати замин ба манбаи даромади мақомот табдил шудааст. Ва,бадбахтӣ дар ин ҷост,ки дар бештарини ҳолатҳо замин аз дасти деҳқон кашида гирифта шуда истодааст ва деҳқони тоҷик ба замине,ки қаблан харидорӣ карда буд ва ё ба иҷора гирифта буд мисли ғулом кор карда истодааст.

 

Сумдорҳо заминҳоро кашида гирифта истодаанд,раисони ноҳия ва шаҳрҳо ва кумитаҳои замин бизнес кардаистодаанд, хулоса саг соҳибашро дар ин бозор пайдо намекунад. Мисли он аст кимиёни ин мақомдорон як сабқат ва пойгаи хартозӣ дар ҷараён аст ва агар харе аз харе монд гӯшашро хоҳанд бурид. Албатта  гӯши онеро хоҳанд бурид,ки  заминфурӯшӣ накунад ва онеро ҳам ки гӯшҳоро мебурад, бояд худатон фаҳмед,ки кист?

 

Ва,акнун баргардем ба суоли асосӣ,ки чаро Шарифҷон Ҷумазода  аз Неъматов Қурбон маблағ  гирифта заминеро,ки балки хоҷагии деҳқониеро, ки даҳ сол муқаддам ташкил шудааст, то ба имрӯз андоз месупорид ва ҳоло боғаш ба бар омадааст ва моликони он истифодааш доштанд,ба ӯ доданист?

 

Шарифҷон Ҷумазода то инки раиси шаҳри Ҳисор таъйин шавад дар маъмурияти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон фаълият мекард. Қаблан дар ҳеҷ куҷое раиси ноҳия ва ё шаҳр набуд. Ҳамчунин нафари бетаҷрибаро оварда ба яке аз ноҳияҳои калонтарин ва асоситарини ҷумҳурӣ раис мондан аз он дарак медиҳад, ки вай пуштибон ва такягоҳи бо қудрате дорад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Ҷумазода, барои мисол аз оила нест, аз Данғара нест ва ҳеҷ иртиботе ба “бачаҳакои боло” надорад.

 

 Ҷумазода, вақте Қоҳир Расулзода дар вилояти Суғд,раиси вилоят буд,дар мақоми раҳбари дастгоҳи Раиси вилоят кор мекард. Расулзода Душанбе омад ва ӯро бо худаш овард. Ҷумазода дар вилоят ба ҳайси пулчинак ва ё кошелёки Қоҳир Расулзода буд ва барои ҳамин ҳоло ҳам ӯро дастгирӣ мекунад.

 

Аммо Неъматов Қурбони Роҳсоз чӣ? Қурбони Роҳсоз  дар баъзе аз тендерҳое,ки дар Суғд барои барқарории роҳу  асфалтпуш кардан доир мешуданд ширкат мекард ва баранда мешуд. Барои баранда шудани ширкати Қурбони Роҳсоз ҳамин Ҷумазода “мусоидат” мекард. Тавассути раиси Дастгоҳ (Ҷумазода) ба Қоҳир Расулзода (раиси вилояти Суғд) пора дода тендерҳоро мебурид. Байни онҳо додугирифт аз ҳамон вақт сар шуда буд. Яъне роҳ ва сохтмону мараммати роҳ байни роҳро барои додугирифт,ришва ва дӯстӣ ҳамвор карда буд. Азбаски ҳамин гуна шиносҳои кӯҳна ва бо робитаҳои дӯстонаи дилпурона буданд Шарифҷон Ҷумазода вақте раиси Ҳисор мешавад аз Қурбони роҳсоз озод 25 ҳазор доллару Мерседес бенсро бидуни кадом мулоҳиза мегирад ва бар вифқи муроди ӯ амал карда заминро аз Баракатулло, Иззати ғафс ва Ғаффор мегирад. Мегӯянд,ки зани раиси Ҳисор аз ҳамаи мошинҳо мерседессавориро нағз медидааст.  

 

Аммо раиси Ҳисор на бо ҳама онгуна ки бо Роҳсоз муносибат дошт, муносибат намекардааст. Бисер эҳтиёткор аст.Схемаи порагирии ӯро бишнавед, аз ҳайрат ангушт мегазед. Ҳатто мӯҳрро дар дасти худ намегирад,мӯҳрро дар дасти муовинҳо нигоҳ медорад. Яъне бо дасти дигарҳо ҷиноят содир мекунад. Зеро дар ҳолатҳои изтирорӣ,ки аллакай чанд бор пеш омад, худро канор мекашад:  “ман намедонам, ман ба муовинҳо  дода будам, ба ин корҳ дахл надорам” ва аз ин қабил муғамбириҳое,ки гумон мекунад дигарон пай намебаранд.

 

Раис як мушовир дорад номаш Ният Ҳаё, аз ноҳияи Айнӣ.Ин нафар бо Ҷумазода дар вилояти Суғд якҷо кор мекардааст. Шахси босавод ва бомаърифат аст.Ният Ҳаёро аз онҷо овардааст. Ҳамаи асноду ҳуҷҷатнигории шаҳри Ҳисорро:мактуб, суханрониҳо,ҷавобу посухҳо,қабул муросилот, хулоса ҳама “документатсия”-ро   аз номи раиси шаҳр Ният Ҳаё омода мекунад :-  Ӯ калла, мозг-мағзи мутафаккири  раиси шаҳр аст.

 

  Нафари дуввуми раиси Ҳисор Бобосафар Шарифзода, раиси дастгоҳи ӯст. Бо воситаи ҳамин ду нафар ҳам маблағ мегирад ва ҳам ба онҳо сахт бовар дорад. Мӯҳрро бошад, чи хеле гуфтем, ба муовинҳо додааст. Муовинҳо бе иҷозати раис ягон кор карда наметавонанд.Ҳатто ду муовинаш ариза навишта аз кор рафтанд.Зеро ин кори раис дақиқан “подстава” аст. Пулро раис мегирад, мӯҳрро ноиб мезанад ва ҷавобгар мешавад.Чертечка мемонаду имзо мекунад, ки и.в аст.

 

Ҳоло инҷо схемаи порагирии Ҷумазодаро бештар ифшо месозам. Масалан барои замини наздиҳавлигӣ,хоҷагии деҳқонӣ ва ё барои сохтани мағоза, бензинфурӯшӣ ва ё ҳар чизе дигар,корафтодаҳо меоянд  назди раис аммо онҳоро муовинҳо қабул мекунанд. Баъд футбол кардани одамҳоро бинед: мегӯянд,ки назди мушовир равед, назди сардори дастгоҳ равед,баъзе санадҳоро ҷобаҷо мекунанду мефаҳмонанд:  “Мо адолатро пеша мекунем” ва аз қонун ва волоияти он гап мезананд. Ният Ҳаё ва ё Бобосафар Шарифзода як зал-толори калонро ба ин корафтодаҳо нишон дода мегӯянд, ки ҳамин толорро бо ташаббуси Пешво ва бо ёрдаму кӯмаки ҳукумати ноҳия сохтаву таъмир кардем. Аммо натавонистем мебел гирем, кондитсионер гузорем. Корафтодаҳо “намек”ро мефаҳманд. Мепурсанд,ки хуб, чанд пул даркор,чи хел мебел? Ин ду нафар,Ният Ҳаё ва Бобосафар Шарифзода дафъатан нархро ва ё ягон мебелро намегӯянд. Боз як рӯзу ду рӯз як ҳафтаву ду ҳафта онҳоро медавонанд, сарсону саргардон мекунанд. Азбаски он корафтодаҳо бе ин ҳам аз равуо қимоб ва дилсард шуда буданд,дигар саддарсад омода мешаванд,ки ҳар чизе,ки онҳо бигӯянд харида бидиҳанд. Аз ягон бист нафар шунидам,ки ҳамин қиссаи мебелу кондитсионерро такрор мекунанд.

 

Мебаранд дари толорро мекушоянд ва ба гуфтан медароянд.  Бархе аз онҳоро, вобаста ба маҳалли таваллудаш ва ё вобаста ба онки онҳоро кадом шиносашон роҳӣ карда бошад ё Ният Ҳаё ва ё Бобосафар  Шарифзода қабул мекунанд. Ин ду барои назарфиребӣ ва ё инки табиӣ тобад химрӯзу пагоҳ карда ҷони корафтодаро ба лаб оварда, саддарсад мутмаин шуда,ки вай намефурӯшад, ва дар ин миён як бору ду бор бо онҳо “обед” хӯрда шинос шуда нону намкхӯрда шуд ва ниҳоят нархро мегӯянд: 4 ҳазор 5 ҳазор доллар. Ва боз афсун мекунанд ва мегуянд:  “бисер ҳам хуб мешуд, мақомоти ҳокимияти маҳалӣӣ  аз шумо бисёр миннатдор мешавад,боз дар оянда ҳамкорӣ мекунем” ва аз ҳамин қабил ҳарфҳо зада, хулоса он корафтодаро розӣ мекунанд.

 

 Ӯ ҳам мехезаду меравад,ки кондитсионер ва мебел оварад.  Аммо баъди чанд дақиқа аз қафои вай “одам” меравад, ки:  “хайр мебела чи кор мекунед,пулро ҳаминҷо супоред, инҳо худашон ҳаминҷо мегиранд”. Ин аст тактика ва схемаи пулгирии онҳо. То ҳамин дараҷа мураккаб мекунанд,ки ҳамон коррупсия ҳам биояд,сардаргум мешавад,ки аз куҷояш қапад намедонад. Аммо он толор асло соҳиби мебел намешавад .Дарро мекушоянд:- ана дидӣ ҳамин қисматаш мондасту шумо шахсони саховатпешаву  доранда.... ва ҳамин тавр ҳатто аз дину гӯру қиёмат ҳам гап мезананд.

 

 Ҳамин қадар ҳадис мегӯянд, ки мулло он қадар намедонад. Хулоса Шарифҷон Ҷумазода ҳам аз тор мезанаду ҳам аз пуд.Аммо бе маблағ ягон корро буд намекунанд.Аммо ҳамон тавр аз ҷайби мардум пулро кашида мегиранд,ки шумо гумон мекунед,ки дар воқеъ хайр кардаеду савоб гирифтаед....

 

Дар мавриди рейдҳои зидди ҳиҷоб ва мамониъат дар намозгузорӣ,бастани масоҷид ва дигар зулму фишорҳо дар ноҳияи Ҳисор,ки қариб 300 ҳазор аҳолӣ ва даҳ ҷамоат дорад, маълумотҳое дар даст дорем зҳои наздик онҳоро низ тақдиматон менамоем.

 

   Ин буд,шаммае аз кирдорҳои ҷиноии Шариф Ҷумазодаи,мири ҳозири Ҳисор ва “одам”-и Қоҳир Расулзода,сарвазири Тоҷикистон,ки  хапу дам “кор” карда истодааст.

 

 Мо медонм, ки аз ин вазъият ҳамаи  роҳбарият огоҳ аст то Ятимов то Юсуф Раҳмон то Раҳимзода то худи Раҳмонов. Аммо касе пеши роҳи ин ҷиноятҳо ва корупсияро намегиранд.

 

Таҳқиқоти Ислоҳ дар ин қазия идома дорад ва дар рӯзҳои наздик аз ин ҳам маълумоти бештар тақдими шумо хонандагони гиромӣ менамоем бо мо бошед.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.