Досияи сиёҳи полковник Нуралӣ (сиёҳ) Муродов

Досияи сиёҳи полковник Нуралӣ (сиёҳ) Муродов

 

(бахши дуввум)

 

 

       Баъд аз интишори як матлаб дар моҳи гузашта дар бораи полковник Нуралӣ Муродов, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар навоҳии минтақаи Рашт -шарқи кишвар,ки бо лақаби Нуралии сиёҳ маъруф аст, ба суроғаи Isloh.net маълумоти зиёде расид. Дар он матлаб, мо бо иттико ба ончики дар даст доштем, навишта будем,ки ҳақиқатан ҳам Нуралии сиёҳ ба тамоми кори минтақа:- он кор марбути салоҳияти кумитаи ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва вазъияти фавқуллода аст, он кори шуъбаи маориф ва ё шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуъбаи тандурустӣ аст, он муртабит аст ба милиса ва ё прокуратура ҳатман, ки сояаш лангар меандозад ва ҳатман, ки фукашро мехалонад. Воқеан ӯ ба ҳайси як хон ва бек қаламрав ва салобати сиёсати худро дар ин минтақа паҳн ва қоим кардааст.

 

Ҳоло идомаи фаъолиятҳои ин беки Раштро бароятон бозгӯ мекунем.Вале қабл аз он гуфтанием,ки ончики Нуралии сиёҳ дар водии Қаротегин ба ҳайси як бек амал меекунад, танҳо хоси ӯ набудааст. Ин як сиёсати ҳисобшуда ва вижа будааст,ки дар аксарияти навоҳии кишвар,ҳамчунин соҳибмансабоне аз мақомоти қудратии кишвар,шояд дар бархе аз ноҳияҳо,ин нақшро сардори шӯъбаи милиса,шояд дар бархеаш раиси додгоҳ,шояд дар қисмате додситон ва дар бархеаш албатта сардори шӯъбаи амният он ноҳияро “аз қафо” идора мекунанд ва роҳбари асосӣ ҳамонҳоанд ва ин сиёсати ҳисобшуда дар тавофуқ бо худи Раҳмонов роҳандозӣ шудааст.Шарти асосӣ ин аст ки он роҳбари “аз қафо” ҳатман,ки аз “бачаҳакои боло” бояд бошад,ҳатто агар сардори шӯъбаи Идораи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии ноҳия бошад ҳам. Хуб ҳоло бигзарем ба бозгӯии "фаъолиятҳо"-и “Нуралии сиёҳ“ дар водии Қаротегин Аз он оғоз мекунем,ки Идиева Зарина,муовини раиси ноҳияи Рашт,ки пештар мудири шӯъбаи маориф буд,маҳз бо дастгирӣ ва тавсияи Нуралии сиёҳ ба мақоми феълиаш даст ёфтааст.

 

Бо ин зан Нуралӣ робита дорад.Робитаи ошиқона.Чанд навбате ҳам якҷо дараи Камаров моҳидорӣ ва истироҳатрафтаанд. Даврае, ки ин зан мудири маорифи ноҳияи Рашт буд аз ҳисоби квотаи президентии ноҳия духтари Нуралии сиёҳро ба яке аз Донишгоҳҳоии  Душанбе шомил мекунад.  Сардори Кумитаи амнияти ноҳия бо нақзи ошкорои қонун ва бо иртикоби ҷиноят духтарашро оварда ин арӯсашро мегӯяд ,ки “духтарамро гузарон” дар ҳоле, ки вай сокини Рашт нест ва духтараш як дақиқа ҳатто дар ягон мактаби Рашт таҳсил накардааст. Собиқ муовини раиси ноҳия Зумрати Лоиқ ба ин кор зид мебарояд. Аммо фавран ӯро аз вазифа бо супориши Сиёҳ мегиранд ва ба ҷояш ин зани бесаводу бедонишеро, ки ҳамин солҳои наздик Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар н.Раштро ғоибона хатм кардааст, таъин мекунанд. Идиева Зарина, хоҳари ректори собиқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Идиев Файзалӣ ва хоҳари сардори Кумитаи андози ҳамин ноҳия Идиев Фаррух мебошад. Ин оила ба Нуралии сиёҳ рафту омади наздик доранд.

 

Ректори ДОТ дар Рашт як шахси  бесавод буда доиман дар хизмати ҳамин сиёҳ мебошад.Умуман саводи кофӣ надорад ва даъвои вазифаи Шукурҷон Зуҳуровро дорад. Ҳоло аз тарафи ҲХДТномаш барои депутатӣ дар рӯйхат пешниҳод шудааст. Ин шабу рӯзҳо масъалаи таблиғоти интихоботиро шурӯъ кардааст. Ман  собиқ декани факултет будам ва ноадолатиҳои ин даюсон маро маҷбур кард то вазифаро тарк намуда худро аз гуноҳ дур кунам. Иштирокчии олимпиадаҳои миллӣ ва байналмилалӣ аз давраи мактаби ва давраи донишҷӯӣ аз фанни математика будам.Ҷоизадори чандин олимпиадаҳои миллӣ ва байналмилалӣ мебошам.

 

Овозае буд, ки сиёҳ дар маъракае мешинад, майнушӣ мекунад, сархушу махмур мешавад ва  мегӯяд: “маро президент фиристодааст, ки рав зани ғармиёра ...да гард”.

 

Чанд вақте хомуш буд. Ҳоло ҳар касе вазифае, мансабе хоҳад, аввал рафта Сиёҳро “доля”медиҳад, дили ӯро меёбад ва баъд бо тавсияи вай вазифа мегирад. То ҳамин ҳоло собиқ раиси ҲНИТ дар н.Рашт Мулло Сайъалиро зери фишор қарор медиҳад. Ҳар вақте хост муллоҳо ва имом-хатибҳои дигарро ҷамъ оварда  наъузубиллоҳ Худо ва расулашро дашном мекунад. Ин корро пештар бо дасти Манучеҳри кал(корманди зердасташ дар амнияти ноҳия) мекард. Нисбати худи ман баъди аз вазифа даст кашиданам ин даюсон:-ректор ва ӯро пора намедодам, гуноҳ  бофта мехостанд  ғам диҳанд. Ин муҳим нест,ман аз барои худам намегӯям ин суханонро, инро аз барои мардуми мазлуми Рашт, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи миллати тоҷик мебошанд, мегӯям.

 

   Як нуктаи дигарро мехоҳам махсус таъкид намоям,ки ҳангоме Муҳиддин Кабирӣ дар интернет баромадҳо мекард, Нуралии сиёҳ ва ректори собиқ ҷаласа доир мекарданд ва моро супориш дода мегуфтанд,ки зиёда аз 100 комментария нависем. Сипас ректор ҷаласа баргузор мекард ва аз деканҳо ҳисобот мегирифт,ки кӣ чанд коммент навиштааст. Дар маҷлисҳои умумӣ низ бо суханҳои қабеҳ ва пур аз дашному ҳақорат аз Кабирӣ ба шадидтарин лаҳн ёд мекард ва ӯро хоини миллат меномид . Умед дорем инша Аллоҳ рӯзе миллати тоҷдори тоҷик аз дасти зулми золимон озод мешавад. Ин ша Аллоҳ.

 

    Як намунаи ситаму ҷабри Нуралии сиёҳ ин аст ки бо супориши ӯ шогирдаш кали Манучеҳр мулло Неъмон аз деҳаи Сияҳлояк ва мулло Маҳмадшариф аз деҳаи Қалъанакро,ки дар тӯю мотами мардум иштирок ва дуохонӣ мекарданд, сиёҳ оварда дар дохили кумитаи амнияти ноҳия ришҳояшонро  тор-тор канда ба онҳо мегӯяд канӣ худоятон, ки биёяд шуморо озод кунад аз дасти мо. Манучеҳр аз ҳоҷиён барои ба ҳаҷ рафтанашон бо супориши Нуралии сиёҳ маблағи изофӣ гирифта буд, аммо чанде аз онҳо розӣ нашуданд,ки маблағ бидиҳанд.Дар ин миён Манчеҳрро ба ҷойи дигар интиқол доданд. Мардум аз ӯ шикоят бурданд, пулашонро талаб карданд, аммо Нуралии сиёҳ худро дур гирифта ин корро бори гардани Манучеҳр карда овоза андохт,ки  ӯро аз мақомот ронданд. Нав аз барномаи шумо фаҳмидем, ки ӯ ба Помир рафта аст.

 

Чуноне  худи шумо ҳам дар барномаатон зикр намудед  дар сафари Раҳмонов ба Рашт раиси ноҳия ба Тоҳирҷон Зокирзода, муовини Сарвазир аз Нуралии сиёҳ шикоят кард. Сабабаш дар он аст,ки дар он сафар меҳмонҳо хеле зиёд омаданд ва Сиёҳ ба раис гуфт, ки меҳмонҳоятро аз ресторан гир, ман меҳмонҳоямро ҷо кунам.Раис  бори аввал шуда ӯро не гуфт, аз ҷонаш гузашта не гуфт.  

 

   Имсол ва соли гузашта Сиёҳ масъалаи ҷалби ҷавонон ба Сафи қувваҳои мусаллаҳро ба зиммаи худ гирифта,ба тамоми сохторҳои давлатӣ супориш медод, ки 4 ё 5 сарбоз биёваранд.Агар намеоваред ба ҳар  сари сарбоз 6000 сомонӣ пул медиҳед. Ба ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ низ супориш дода буд. Ректор чанде аз донишҷӯро аз таҳсил хориҷ карда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ равон кард. Чандин ҷавони касалиро ҳам иҷборан ба аскарӣ бурданд.

 

Як амали дигари коррупсионии ин мақомот ба Донишкадаи омузгории Тоҷикистон дар н.Рашт.Аксарияти донишҷӯён  дар шуъбаи ғоибона,ки дар Россия дар муҳоҷирати меҳнатиянд, ба дарсҳо иштирок намекунанд ва ректори Донишкада ба деканҳо супориш медиҳад,ки 1500 сомонӣ сари донишҷӯи ба дарсҳо иштирок накарда гиред ва қисми маблағи ҷамъшударо ба куратори амният супоред. Пас деканҳо аз онҳо пулро мегиранд ва ба куратори амният месупоранд ва боқимондаро ректор ба кисаи худ мезанад. Инчунин ҳар сол дар вақти имтиҳонҳои давлатии хатмкунии донишҷӯён(гос экзаменҳо) ректор аз ҳар нафар 450 сомонӣ мегирад ва инро мегӯяд ,ки эҳсонкорӣи аст. Мегӯяд дар тамоми ҷумҳурӣ аз эҳсонкорҳо истифода мекунанд. Ин маблағро низ Нуралии сиёҳ тақсим мекунанд. Нуралии сиёҳ корҳои коррупсионии алоқаманд ба шаҳрвандони одиро ба воситаи ҷиянаш Иззат, ки корманди раёсати ШВКД -и н.Рашт аст анҷом медиҳад.Иззат аз ноҳияи Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод мунтақил шуд. Аз Тоқикобод хеста омада ба қавли худашон “кори мардумро ҳал мекунад” ва гашта меравад. Ин Иззат корманди уголовний розиск аст.

 

Собиқ раиси ҲНИТ дар н.Рашт мулло Сайидалӣ, ки воқеан дониши хуб дорад, овозашро суд кардааст. Қироат кардани ӯро дар маъракаҳо манъ кардааст. Дар ҳар баромади  устод Кабирӣ телефонашро мегиранд ва ӯро зери шиканҷа қарор медиҳад. Ин мулло шахси камбағал буда гуноҳаш ҳамин аст,ки мегӯяд ман то мурданам ба ҳамин ақидаам меравам.Бачаҳои КГБ дар назди бозор ба ӯ масхараомез гуфтаанд,ки мулло намерӣ кумита телефонатро бигирӣ. Мулло ба онҳо гуфтааст,ки он телефонро гирифта дар куни Нуралӣ бизанед.Ҳоло намедонам баъд ба ӯ чи руй дод. Шоҳиди дигар ҳодиса будам,ки Сиёҳ дар вақти ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ раисро супориш дода буд,ки ба духтурон гӯяд, ки носолимонро солим нависта ба аскарӣ фиристанд.

Раис ин корро карда натавонист.Раиси ноҳияро занг зад ва ба ӯ гуфт: “аз дасти ту ...м намеояд, мурдант беҳ!”. Мардум то ин видео баромадан фикр мекарданд,ки “Ислоҳ.нет” ва Сиёҳ ҳамкорӣ доранд.”Ислоҳ” бо Сиёҳ якҷоя Лоиқзодаро шикастанд. Аз ҷумла худи ман ҳам чунин хиёл доштам. Инчунин аз видеое, ки дар бораи ба корҳои саҳроӣ ҷалб намудани донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ дар н.Рашт, ки аз канали радиои “Паём” пахш шуд, ҳам фикр карданд, ки КГБ бо онҳо ҳамкорӣ дорад. Ва нафарони “фермаи ҷавоб” мегуфтанд маҷбурем нависем лекин ҳақиқатро инҳо мегӯянд. Фикр мекунам каме ҳам бошад,суханони ман ба шумо кӯмак хоҳанд кард иншо Аллоҳ.  

 

  Як  ҷинояти сангини Нуралии сиёҳ ин аст ки вақте ки раиси пешинаи Рашт  Лоиқзода Қаноат меҳмонхонаи Ғармро харида хусусӣ мекунад ва аз ин кор  Нуралӣ бохабар мешавад 100000$ долар талаб карда мегирад. Мегӯяд надиҳӣ,.....ҷиноятҳоят хеле бисёр аммо инаш боз вазнин. Меҳмонхонаро шахсӣ кардай...   100ҳазор долларро ба воситаи миёнаравҳои шӯъбаи амният мегирад аз Қаноатшо. Ва номардиву номардумии ин Сиёҳро бубинед,ки Лоиқзодаро боз мефурӯшад ба президент, ки меҳмонхонаи марказӣ ва асосии ноҳияро раиси н.Рашт шахсӣ кардааст. Президент худаш, ки аз Лоиқзода Қаноат тариқи духтараш Озода барои ишғоли курсии раиси ноҳия 200ҳазор доллар гирифта буд ба Зокир Тоир дастур медиҳад,ки биравад ва раиси н.Раштро аз вазифа барои ҷиноятҳояш бигирад.

 

Муҳаммадзокири Тоир,муовини Сарвазир ҳам меояд ва маҷлис доир карда Лоиқзода Қаноатро аз вазифа барканор мекунад.Аммо  ин ҳама корҳо-корҳои Нуралии сиёҳ буд, ки 100ҳазор долларашро гирифт аммо боз”мимо” ба президент    фурӯхт. Аммо ман инҷо мегуям,ки дар барканории Қаноатшо Лоиқзода “Ислоҳ.нет” бо навиштани панҷ корномаи сиёҳи ӯ сабаби барканории ӯ шуд.

 

Аммо сангинтарин ва нобахшудатарин ва аламовартарин дар назди Худо бахшиданӣ нест,таҳқиру дашноми домулло Ҳикматулло аст. Нуралии сиёҳ бо супориши Ятимов дахолат ба ҳаёти он шахсе, ки ба хору хас  кор надорад- ҳазрати домулло Ҳикматулло мебошад, ки шогирдонашро пайваста фишор меорад, ки дарс  дар пеши домуллоро бас кунед вагарна вазъиятатонро безеб мекунам. То Нуралӣ ҳам чандин нафар сардори шӯъбаи амният буд дар инҷо,ҳатто дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба домулло кор надоштанду намедоштанд.Аммо ин Нуралии сиёх бисёр ба домулло фишор оварда истодааст. Ба воситаи Ятимов ба президент расонидаанд, ки домулло Ҳикматулло кӯдакҳоро дарс медиҳад. Мақсадашон ҳамин аст ки масҷиди ӯро ҳам бубанданд.  Нуралии сиёҳ на инсони мусалмон, балки аз фиръавн ҳам болои мардуми Ғарм бисёр зулм карда истодааст. Аммо пушти соҳибкорҳоро омода аст ки барои пул билесад.

 

 Нуралии сиёҳ аз пушти пулҳои аз Ғарм ҷамъ овардааш дар  Душанбе соҳиби 3 хонаи истиқоматӣ шуда боз як қасри боҳашамат дар даруни автобазаи политехникум, пушти беморхонаи чашм (глазной) сохта аст.  

 

PS То ҷое шунгавидам айни замон Нуралӣ сахт касал шудааст,дар кор нест.Ҳоло бо пешниҳоди Нуралӣ ҳамон меҳмонхонаи харидорӣ кардаи Лоиқзодаро барои дастаи “Алфа”-и шӯъбаи амният додаанд ва онҳо дар онҷо зиндагӣ карда истодаанд. Дар мавриди соҳибкори раштӣ Муҳибов Раҳим,ки дар гузашта дар борааш гуфта будем, ҳам баъзе гуфтаниҳои тоза дар дастамон расид,ки дар фурсати муносиб дастрас хоҳем кард.

 

Хонандагони гиромӣ поёни бахши дуввуми “Досияи сиёҳи полковник Нуралӣ (сиёҳ) Муродов” .Ҷиноятҳои дигари ин ҷияни Ятимов дар Раштонзамин ба дасти мо расида истодаанд,дар фурсати муносиб онро тақдими шумо азизон менамоем.Ҳар маълумоти дигаре дошта бошед бароямон ирсол намоед,то онҳоро расонаӣ кунем.

 

 

    • Farhod18 февраля 2020, 09:31

      Муҳаммадиқболи беиқбол
      писари «шавҳари гов» ва кабӯтари сафеди афғонҳо.

      Ман ҳаргиз нияти вокуниш нишон додан ба андешаҳои сафсаттаомез ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури «мухолифинро» надоштам ва надорам. Зеро, тавваҷҷуҳ ба ин гуна сафсаттаҳо сарфи беҳудаи вақт аст, на чизи дигар!!! Аммо нафаре, ки дар мақолаҳояш ба шаъну шарафи зан – Модари тоҷик мерасад, бар зидди ӯ набояд хомӯш истод. Инҳо беномустарин, беортарин ва бевиҷдонтарин ашхоси руйи олам ҳастанд.
      Ин суханҳо рабт доранд ба Муҳаммадиқболи Садурдин. Номбурда дар мақолаи охири худ муовини Раиси ноҳияи Рашт Идиева Зарринаро тӯхмат карда, иброз доштааст, ки гуё ӯ арӯси кадом як корманди мақомоти қудратӣ ҳаст. Зиндагии як нафарро вайрон кардан гӯноҳи кабира аст, оқои Иқболи беиқбол. Ман ки худ зодаи ин минтақаи кишвар ҳастам, боварӣ дорам, ки бо ин гуфтаҳои ту дар шаъну шарафи ин зан ягон костагӣ ба вуҷуд намеояд. Зеро кӯмаки Раиса ба ҳама расидааст ва мардум ӯро хуб мешиносанд.
      Писари шавҳари гов ва кабутари сафеди афғонҳо номгузорӣ кардани ин навишта таърихчаи худро дорад, ки М.Садурдин онро фаҳмид ва ман ба фарқ аз ӯ ин сирро алҳол фош намекунам. Ку бубинем ….

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.