Дузди дуздону дуздбачаҳои ӯро ҳама мешиносанд

Дузди дуздону дуздбачаҳои ӯро ҳама мешиносанд

 

   Раддия ба “фермаи ҷавоб” як борҳам бошад мард шавед!

 

Бо инки дар тамоми манотиқи кишвар дигарбора лимити барқро ҷорӣ кардаанд ва рӯзона даҳҳо нома ва паёмаку занг дар ин замина аз ҳамватанон дарёфт мекунем, аммо муаллифон аз “фермаи ҷавоб” моро муттаҳам мекунанд,ки дар хориҷа истода ба сӯи ватан сангандозӣ мекунем. Қаблан ҳам гуфтаем ва боз ҳам мегӯем,ки мафоҳими муқаддаси Ватан, Миллат, Давлат ва Тоҷикистонро  бо Раҳмонови диктотур ва хонаводаи дузди вай наомезед, бо номи мардум ва миллат дурӯғ нагӯед ва агарки муқобили мо менависед ва мегӯед бо далелу мадрак бинависед.

 

         Ба мо маълумот расид,ки  имрӯзҳо на танҳо дар вақти рӯзона ҳатто шабона ҳам нерӯи барқро ба мардум барои се то чаҳор соат хомуш мекунанд. Чи тавр мешудааст,ки трансформатор ҳам дар ноҳияи ба номи Рӯдакӣ ва ҳам дар Ҳамадонӣ ва ҳам дар Истаравшану Ашт ва Ҳисору боқии навоҳӣ баробар  сухтаву таъмирталаб мешудааст. Шумо иқрор кунед ва пазиред,ки Раҳмонов барои онки бизнеси хонаводаашро пеш бибарад ҳамин ҳоло ҳам,ки сардиву хунукӣ манозили мардумро зулмонӣ кардааст,нерӯи барқро ба Узбакистон ва Афғонистон фурӯхта истодааст ва пулҳои аз ин содирот ба дастмеомадаро ба суратҳисобҳои пинҳонии худ ба хориҷ аз кишвар интиқол дода истодааст. Хуллас, “гӯр сузаду дег ҷӯшад”.

 

  Аммо  дар ин авохир шумоҳо муаллифони “фермаи ҷавоб”,ки хаставу лакот шудаед намедонед,ки чи гуфта истодаед? Ба назар мерасад мисли “фронтавикҳо”и  Фронти халқӣ “сарвайрон” шудаед. Пеши даҳонатон ҳарчизе ояд, бидуни онки биандешанд, чи мегӯеду гуфтаат рост аст ё дурӯғ оё он маънову мантиқ дорад, ё хайр, гуфта истодаеду гуфта истодаед.

 

“Ислоҳ.нет” иғво меандозад, “Ислоҳ.нет” душманӣ мекунад, “Ислоҳ.нет” бозичаи дасти ТТЭҲНИТ аст ва ғайраву ҳоказоҳо.

 

Аммо вақте менависед,ки дар Тоҷикистон бо шарофати Пешвои миллат масъалаи таъмини барқ ҳал шудааст, як бор биандешед,ки дар берун аз утоқи “ферма”-атон чи гап аст? Вақте шумо дидаву дониста чизи набударо ҳаст мегӯед ва баракс дуздии ошкоро ва дар рӯзи равшан ширкати пулчинакро нест мегӯед ва зӯр зада сафед мекунед, мардум шуморо чи тавр қабул хоҳад кард? Инашро ҳам фикр мекунед?

 

Охир, ончизеро,ки ҳамарӯза дида истодаед, дар таги биниатон аст чи тавр нест мегӯед ва аз халқ  таваққӯъ доред,ки ба Муҳаммадиқболи Садриддини наҳзатӣ бовар накунанд,ки дурӯғ мегӯяд.Ман чи дурӯғ гуфтам? Магар ҳоло мардум барқ доранд ва дар дастрасӣ ба барқ танқисӣ намекушанд? Магар ҳоло барқро бо лимит дарёфт намекунанд? Ман аз ин дуриҳои дур истода воқеияти мавҷударо бигӯям, шумо дар ҳамон даруни дарун истода набударо буда нишон дода истодаед. Пас, халқ киро бовар кунад?

 

Шумо агар шабурӯз,бидуни танаффус бинависед,ки мардум ба шумо кайҳост бовар надорад. Бахусус,ки вақте  як нафари ҳеҷ кораро фавқулбашар-супермен,абармард сифат карда мегӯед,ки ӯ “корнамоиҳо” кардааст.

 

Дар як навиштаатон,ки боз ҳам алайҳи мо ба нашр расонидаед ба чунин ҷумла бархӯрдам:

  “Душмании Шумо алайҳи миллат ба ҳама маълум аст. Ҳама медонад,ки президент  барои халқаш чи корнамоиҳо кардааст”.

 

Ҳақназара Ибодов “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”. Дар бораи онки ҳамчунин муаллиф дар асл вуҷуд дорад чизе намегӯям, чун ин номҳои “однораз” ҳастанд. Аммо,бале, дуруст, ҳама медонад,ки президент барои халқаш чи корнамоиҳо кардааст: беш аз дувуним миллион тоҷик муздуру муҳоҷир ва дарбадари мулкирус аст,барои онки як тика нон ёбаду ба бачаву падару модараш расонад, то ки аз гушнагӣ намуранд.

 

Аммо Президенте,ки ту мегӯӣ, “корнамоӣ” карда барои ҳафт духтару ҳафт домодаш  тамоми сарватҳои ба халқу ба мардум тааллуқдоштаи ватанро тарака кардааст,ки бигиранду битозанду бой шаванд.Билети самолётро,ки як тоҷики муздур мардикорӣ меравад, Таҳминаи духтари Президент нарх мемонад, симкарти телефонашро Заринаи духтари Президент нарх мемонаду мефурӯшад, дору давояшро Парвинаи духтари Президент нарх мемонаду мефӯрушад,Озодаву Фирӯзаву Рухшонаву шӯҳояшон ҳам яке соляркаву бензин, яке орду гандум, яке.... хулоса тамоми хоҷагии халқро ба ғорату яғмо бурда истодаанд. Ҳамин аст “корнамоӣ”-и Президент?

 

   Боз аз кадом корнамоиҳояш бигӯям?Худро модомулумр Президент таъйин кардааст, писарашаро ба ҷойи худаш оварданист, духтарашро роҳбари Дастгоҳи иҷроия таъйин кардааст, шӯи ҳамин духтараш муовини аввали раиси Бонки миллӣ аст. Инки духтарону писарону домоду ҷиянҳояш мисли қавми яъҷуҷу маъҷуҷ,мисли Алибобо ва чиҳил роҳзани вай Тоҷикистонро лаб-лаб, тика-тика, яклухт-яклухт хӯрдаву  дам кашидаи истодаандро бигӯям.Инҳо  ҳама ҳисса аз “корнамоиҳо”-и ӯ аст.

 

Шумо шарму ҳаё ва нонгу номус надоред. Ва,агарки медоштед миллат дар як чунин ҳолати хориву зорӣ қарор дорад, вақте мисли кана хуни мардумро макида истодааст бо авлоду оилааш шумо ҷойи онки ҳадди ақал сокит бишавед,аз кадом “корнамоӣ” мегӯӣ? Барои як маоши хуру намур, дунёву охирататонро месӯзед?

 

Дар як навиштаи мо,ки дар робита ба дуздиҳои Раҳмону домодаш дар ширкати пулчинаки “IRS-Инновейтив Роуд Солюшинз-ЛТД” факту равоқими мушаххас зикр шуда буд, муаллифи ошно бо номи Хуршеди Мурод посух гардонида талош намудааст,ки ин дуздони давлатиро ва ин ширкати яғмогарро сафед кунад.Аз ҷумла ӯ чунин навиштааст:

 

“...онҳо фаъолияти филиали ширкати саҳомии Инновейтив Роуд Солюшинз ЛТДро,ки як ширкати хориҷӣ мебошад баррасӣ карда  иддао доранд,ки он моли кадом як давлатмарди Тоҷикистон мебошад”.

 

Ин як ширкати хориҷӣ нест. Ширкати хориҷӣ мебуд, барвақт исми молики он ошкор мешуд. Қарордоди ба ихтиёри ин ширкат вогузоркардани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро  Раҳмон имзо кардааст.Ва дар Маҷлиси намояндагон ба таври пӯшида ин қарордод ба тасвиб расида буд,ки қиссаи он ҷудо аст. Фақат ҳаминро бояд ошкоро бигӯем,ки М.Кабирӣ, Ш. Шабдолов ва чанд вакили дигар ҳарчанд ки пофишорӣ карданд,ки аз номи ширкат нафари масъул,ки дар тарафи дигари қарордод даст монда бошад, чи ном дорад, касе посух дода натавонист. Хулоса бо фанду фиреб ин роҳро Раҳмон ба манбаи даромади хонаводаи худ табдил дод ва ин дуздии ошкорои пули мардум аст.

 

   Иттифоқан баъди нашри он матлаб навореро аз шабакаи К+ фиристоданд,ки як нафари хориҷиро ба унвони масъули ин ширкат ба ҳангоми ифтитоҳ ва маросими рӯнамоии роҳи пулакӣ дар авоили апрели соли 2009 муаррифӣ мекунанд,бо номи Робин Кук. Аммо ин Кук ба суолҳои хабарнигорон,аз ҷумла инки агар ширкати шумо хеле филиалҳои зиёд дошта буд, чаро Тоҷикистонро интихобид ва маҳз ҳамин роҳро,ки ягона роҳ аст ва инки фаъолияти шумо дар кадоме аз кишварҳои олам комёб аст,чанд намунае матраҳ кунед, посух дода натавонист. Баъдан маълум мешавад,ки ҳамчунин ширкат ва ҳамчунин масъуле дар рӯи замин вуҷуд надорад. Фақат инки ин ширкат  дар хориҷа сабти ном аст, дар ҷазоири Вирҷиниё ва моликаш ҳам ҳамоне аст,ки мо гуфтем.Бале моли як давлатмарди Тоҷикистон аст ки даст ба ҷайби мардум андохтаву таййи ин даҳ соли кор наздик ба як миллиард доллари мардуми тоҷикро ба ғорат бурдааст. Ҳатто барои ҷаҳонгардон ва сайёҳони хориҷӣ ҳам мояи ҳайрат ва тааҷҷуб аст,ки чи тавр мешавад,ки танҳо ва ягона роҳ пулакӣ бишавад ва баҳои убуру мурур ҳам садҳо маротиба аз меъёре,ки дар кишварҳои пешрафтаи урупоӣ ҷорӣ аст, баландтар аст.

 

   Аз тарафи дигар Хуршеди Мурод,нависадаи “фермаи ҷавоб”,ки маслиҳат додааст, вазорати нақлиёт ба суд муроҷиат кунад то ҳуқуқашро аз ин ширкат бистонад, ҳамчуноне,ки миёни Конгресси Амрико ва ширкати Фейсбук баҳс шуда ва суд ҳаллаш кард, гуфтаниам,ки магар вазири нақлиёти Тоҷикистон мағзи сари хар хӯрдааст,ки аз болои Раҳмон ва домодаш ба суд муроҷиат кунад? Ва, ба кадом суд? Инҷо кадом ҳаққу ҳуқуқ не, инҷо фақат буқагии кормандони “IRS-Инновейтив Роуд Солюшинз-ЛТД” аст,ки мутахассисони вазорати нақлиётро нагузоштааст,ки адои рисолати касбӣ бикунанд. Магар, як ширкати хориҷӣ ҳақ дорад,ки ҳамчунин муносибат бо намоянди ниҳоди давлатӣ бикунад ва ӯро “на три букви” посилат кунад? Магар як ширкати хориҷӣ хари мамлакатро ва миллатро ин қадар аз лой кашидааст,ки ягона шоҳроҳро барояш ройгон бидиҳӣ,ки одаму мошину чаррандаву паррандаро нагузор,ки бепул убуру мурур кунанд? Ин чи ширкати хориҷӣ аст ки фарзондони ин миллатро имкон намедиҳад,ки аз раҳи худашон бепул бигузаранд?Хуршед Муроди азиз як дурӯғе бигӯ,ки ҳадди ақал худат бовар кунӣ, чанд нафарро метавонӣ мутақоид бисозӣ. Дар кишваре,ки тамоми умурашро ҳамин диктотуре,ки мову ту мешиносем ва 28 сол мешавад,ки мехураду мехурад ва ҳеҷ не ки сер бишавад, мешавад,ки як ширкати хориҷӣ ояду солона то сад миллион долларро аз таги фукаш ҳамин тавр осону роҳат бигираду бибарад? Ба ҳамин бовар мекунӣ? Яқинан,ки бовар намекунӣ. Ва, яқинан,ки медонӣ он ширкати хориҷӣ ҳам ҳамён дузди давлатӣ аст. Бале худи худаш.

 

  Ва, инки Хуршеди Мурод хуб ҳам медонад,ки ҳамчунин мавориде,ки “IRS-Инновейтив Роуд Солюшинз-ЛТД” ва амсоли ӯ ширкатҳои вобастаи Раҳмон ва оилааш вазорату вазирҳоро борҳо “посилат” кардаанд, ҳарфи наве нест. Чанд соли пеш вазорати молияи Тоҷикистон бинии Талкоро каҷ гуфт, яъне гуфт,ки аз ин ширкат ба ҷуз зиён даромаде нест, ин ширкат,ки муфтхӯри асосии он худи дузди дуздон буд водор кард,ки вазорати молия ҳарфи худро пас бигирад ва гӯяд,ки нохост ҳамчунин нақд кардааст.

 

 Ва ё вазорати тандурустӣ ошкоро эълом кард, ки шираи камолро наметавонад ҷамъу гир кунад ва назорат барад, чун онро ширкати “Фароз” дар даст дорад. “Фароз”  аз они кӣ аст, маълум аст. Ва,аз чунин маворид хеле зиёд метавон масал зад,ки Раҳмону хонаводааш чи тавр доранд дороиҳои мамлакат ва давлатро мебалъанд ва медузданд.

 

Аммо ин Хуршеди Муродҳову Фирдавси Каримҳои бечора бояд,ки пушти ӯро тоза бисозанд. Зимнан онҳо вазифадоранд,ки ҳар ҳарфе дар бораи Дузди дуздон ва дуздбачаҳои вай навишта ва гуфта бишавад,ҳатман бояд посух бинависанд.Дузди дуздону дуздбачаҳои вайро дар Тоҷикистон ҳама мешиносад, номашро нагирем ҳам маълум аст.

 

 Ба назар мерасад муаллифони “фермаи ҷавоб” дастур гирифтаанд,ки тамоми талошҳоро ба кор  бубаранд,ки  Раҳмонову хонаводаашро муназзаҳ ва мубарро ба ҷилва диҳад. Набояд интиқод бинад. Онҳо розианд,ки тамоми вазиру раис то сарвазир танқид шавад,аммо “объект”-и асосӣ набояд танқид бишавад. Дар ҳоле,ки тамоми риштаҳо мерасад ба сарнахи нахҳо,ки худи вай аст.  

 

Ҳатто гоҳо ошкоро ва гоҳо пинҳон аз давлатҳои урупоӣ ва аз ҷумла Амрико ҳам муаллифони ферма ба шиддат интиқод мекунанд,ки Кабирӣ ва расонаҳои иҷтимии мунтақидро маблағгузорӣ мекунанд, чун аҳдофи сиёсӣ доранд.Дар яке аз навиштаҳои “фермаи ҷавоб” ин ҷумла ба чашмам хӯрд,ки мегӯяд:

 

  “Нуктаи муҳими дигар  дар армонпарастии наҳзатӣ ин аст ки давлат ва созмоне,ки ТТЭҲНИ ва роҳбари фирории онро ҷонибдорӣ мекунанд,хуб медонанд,ки ТТЭҲНИ чӣ ташкилот асту Кабирӣ кӣ ҳаст?”  

 

Бале, ба фарқ аз шумо, ҲНИТ ва ПМТ ва шабакаҳои иҷтимоии мухолифинро хуб шинохтанд,ки дурӯғгӯ нестанд,воқеиятро мегӯянд.

 

  Муаллифони “фермаи ҷавоб”  як чиро фаромӯш мекунанд,ки ончики ТВҳои Тоҷикистон  мегӯянд ба кор намеравад. Як ҷавони 30 сола бо дипломи аъло ва “круглий панҷ” шифери боми урусро зада истодааст, як табибе,ки  панҷ сол дар беморхонаҳои пойтахт кор карду натавонист ҷоеро, ки бишавад “ду сомонӣ “ кор кард, наёфт ва ҳоло бар асоси барномаи давлати Русия зану бачаҳояшро гирифта тарки ватан карда истодааст, пешониашро Худо кушояд, ҳазорҳо ҳамватани ҷавону пир дар гирифтани мақоми шаҳрвандии Русия ҳасрат мехуранд, КГБешнике,ки  як умр барои Раҳмонову оилаи беохираш хизмат карда буд, давутоз дорад,ки Русия рафта “пенсаи русӣ” туғрӣ кунад, гувоҳи вазъи феълии кишвар аст.

 

Мо вақте аз “IRS-Инновейтив Роуд Солюшинз-ЛТД” гуфтем аз тарозуи вазнкашии вай нагуфтем. Аз он нагуфтем,ки ин тарозу садҳо миллиони дигарро аз ҷайби мардум кашида гирифта истодааст.Ин ҳама ҳиллаҳои дуздии пулкоркунӣ ва ё ғорати ошкорои мардумиро магар давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ намебинанд?

 

  Ферма ва муаллифони он хиёлашон ин аст ки мо сукут кунем. Дам назанем. Лому мим нагуем.   Ҳар номаъқулие,ки дилашон мекашад болои ин мардум бор кунанд,аммо мо набинем ва сокит бимонм. Барои мо танқиди ҳукумат аз мӯд нарафтааст. Мо сади шуморо як гуфта истодаем. Дар ҳоле,ки бояд якатонро ҳазор бигӯем ва ҳазор бор бигӯем. Моро берун кардед, моро овораву  сарсон кардаед. Таваққуатон аз мо чӣ аст? Мо гӯем ,ки ҳа, боракаллоҳ,кори хубе кардед.Табиист,ки ҳеҷ гоҳ нахоҳем гуфт. Аммо ба виҷдон ва имонамон,ки ҳеҷ гоҳе тӯҳмат ва дурӯғ нагуфтаем ва нахоҳем гуфт. Шумо ҳам,ки агар алайҳи мо менависед, бо факту бо далел гап бизанед. Раҳмонов ва оилаи фосиду дузди вайро беҳуда тараф нагиред. Вай на ба шумо ва на ба мардум парво мекунад.Вай фақат дар фикри салтанат ва ҳифзи он ва ҳифзи сармояи оилааш асту бас.

Вале, мо бояд ислоҳ кунем.”Ислоҳ” шуморо ин шо Аллоҳ ислоҳ мекунад.Агар ислоҳ шудани набошед,пас вой ба ҳолатон!

 

 Метавонед моро дар дигар шабакаҳои иҷтимои ҳамроҳи намоед.

Facebook: https://www.facebook.com/Muhammadiqbo...

Facebook: https://www.facebook.com/wasatiyat

Instagram: https://www.instagram.com/isloh_tv/

website: https://isloh.net/

Telegrama: https://t.me/islohnet

соцсети: +33 7 67 69 67 83

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.