Дуздро на қарақчӣ .... КДАМ зад

 

 

   Аз тафсилоти ин моҷаро дар ҳафтаи дуввуми моҳи сентябр хабар дода буданд.Аммо баъзе норавшаниҳо дошт. Ҳоло ҷузъиёт ошкор ва дастбакорон  шиносоӣ шуданд.

 

 Ҳамагӣ аз ҳолату шароити ба ҳаҷ рафтани мардуми кишвар огоҳии хубе доранд.Аммо инҷо аз ин раванд нахоҳем гуфт. 

 

Инҷо аз сӯйиистифодаи ин маросим аз ҷониби масъулин хоҳем гуфт,ки бо баҳонаи “ободонии ноҳия” аз ҳар ҳоҷишавандаи имсола маблағи 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ ситонидаанд.

 

Дар пайи фармони раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода, мудири бахши “кумитаи дин” Музаффаров Эраҷ даст ба кор шуда ва дар амал ба иҷро гузоштааст. Суҳбат аз он хусус меравад,ки дар маросими ҳаҷҷи соли ҷорӣ ҳар ҳоҷишаванда дар баробари супурдани маблағи  40,000(чилҳазор) сомонӣ дар ноҳияи Нуробод, ин ҳаштҳазор сомониро ҳам маҷбуран пардохт намудаанд,ки ҳудуди 800 долари амрикоӣ мешавад ба суратҳисоби КЖКП-и ноҳия дар “Амонатбонк” маҷбуран гузаронидаанд. Дар ҳолеки нархи ҳаҷҷи имсоларо кумитаи дин дар таърихи 25 уми апрел 35 ҳазору 128


Инчунин ин Кумита тавзеҳ додабуд, ки ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад. Акнун диққат диҳед,ки аз ҳар ҳоҷии Нурободӣ 13 ҳазор сомонигӣ изофа гирифтаанд.

 

  Чунин фармон будааст,ки агар ин маблағро насупорӣ, ҳатто  шафоъати “Пешво” ҳам фоидаат намекардааст. Ва, ҳамин тавр боз сару калаи як  Қаноатшо Лоиқзодаи дигар пайдо гашт. Раиси “Амонатбонк” Раҷабов Раҷабалӣ, ки бо тахаллуси “Раҷуга” дар ноҳия маъруф мебошад ин ҳолатро метавонад тасдиқ кунад,ки ҳар ҳоҷишаванда имсол 8,000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ супоридааст.

 

Инчунин тибқи манбаъи Ислоҳ се нафар барои насупоридани маблағи 8000 ҳазор сомонӣ аз рафтан ба ҳаҷ маҳрум шудаанд.Дар ҳоле дар дохили ин чилҳазор сомонӣ тақрибан панҷҳазор сомонӣ изофа ва ё иловапулӣ вуҷуд дорад.

 

Аммо ин маблағ оё барои “Ободонии ноҳия” масраф шуд ё ба коре дигар, ё ба киса ва коми дигаре ?

 

Диққат диҳед ба ин арқом:

 

Агар аз ноҳияи Нуробод фарзи мисол 150 ҳоҷишаванда бошад,яъне 150х 8000 =1,200 000 (як миллионудусадҳазор) сомонӣ мешавад ва агар дусад зойир бошад 200х8000 =1,600 000 (як миллиону шашсадҳазор) сомонӣ.

Он маблағи болопулии 4872 сомониро худатон ҳисоб кунеду хулосакунед.

Гумон мекунед ин маблағҳо барои “ободонии ноҳия”сарф шудаанд? Ва агар барои ноҳия сарф шуда бошанд,оё тағйроте дида истодаед дар ноҳия? Дар ҳоле,ки аз бозгашти ҳоҷиҳо аллакай ду моҳ сипарӣ мешавад.

Қабл аз инки ба асли матлаб баргардем мехоҳам кутоҳ дар мавриди ин ноҳия маълумот диҳам,то хонанда ба хуби огоҳ гардад.

 

 Ноҳияи Дарбанд (Нуробод)

 

Агарчи номи қадима ва таърихии ин ноҳия Дарбанд аст ва дар маъхазҳои зиёди таърихӣ бо ин ном зикр шудааст, аммо бо пешниҳоди ҷаноби Раҳмонов,ки бечора аз таърих бӯе намебарад онро ба ин номи бе моҳият ва бе рабте барои ноҳия иваз кард.Дар Осиёи миёна ва Қафқоз ду Дарбанд вуҷуд дорад,ки  якеаш дар Доғистон,ки то ҳол вуҷуд дорад. Дуввумаш дар кишвари мо,ки макони ҷамъоварии боҷу хироҷ барои онҳое будааст,ки аз роҳи Абрешим бо ин роҳ убур мекарданд. Аммо Раҳмонов,ки аслан намедонад худаш чи кор мекунад.Номҳои манотиқро бо он номҳое,ки дар ёдаш меояд мегузорад. Худо паноҳ диҳад,агар ӯ вақти сархушӣ номеро гуяд...Ин яке аз бадтарин корҳои ин марди хашин ва бе фитрат аст. Умед дорем ба номи аслии хеш пас аз пирӯзии миллат, ин ноҳия дубора баргардонида мешавад.Сокинони ин ноҳия дар сол шаш моҳ нерӯи барқ доранд вале номаш  Нуробод аст.Ин як таҳқир ба сокинони ин ноҳияи куҳанбунёди ватан аст.

 

Ноҳияи Нуробод дар водии Рашт ҷойдорад. Дар Шимол бо ноҳияи Рашт, дар Ғарб - бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Роғун, дар Шарқ — бо ноҳияи Тавилдара ва дар Ҷануб бо ноҳияи Балҷувон ,сарихосор аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳам марз аст.

Масоҳати ноҳияи Нуробод 7127,8 км² буда як шаҳрак ва шаш ҷамоат дорад. Сокинонаш 75,000 (ҳафтодупанҷҳазор) мебошанд.

 

Кормандони КДАМ пули «Ободонии ноҳия»-ро гирифтанд

 

Яке аз кормандони КДАМ,ки исму насаб ва рутбааш назди мо маҳфуз аст, дар шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ дар  тарабхонаи “Руский баня” воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ 72 ба ҳамроҳонаш мегӯяд: “мо имрӯз як миллион сомонии ноҳияи Нурободро гирифтем. Ин “амалиёт” ҳангоме рух дод,ки одамҳои раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода мехостанд ин маблағро дар шаҳри Душанбе, доллар кунанд. Мо аз ҳама чиз дарак доштем ва мунтазир будем,ки раиси ноҳия ин пулро чи кор мекунад.Аммо мо аз онҳо “тихо” гирифтем ва ба раис занг зада гуфтем,ки агар ба касе ин корро мегӯӣ ҳатман бар алайҳат делои ҷиноятӣ мекушоем ва шармандавор зиндонат мекунем”

 

Акнун хонандаи азизу гиромӣ худ қазоват кунед,ки дар кишвар фасод,то кадом дараҷа густариш ёфта ва решаҳояш тамоми ниҳодҳои давлатиро фаро гирифта аст. Аз ҷамоат,кумитаҳо,раисони ноҳия,кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии кишвар.

 

 Ҳангоми омода намудани ин хабар,аз ноҳияи Нуробод чунин хабар расид,ки Ҳасан Дӯстзода ба роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ноҳия дастур додааст,ки аз таги замин ҳам бошад якто сарбоз биёред ва ба комиссарияти ҳарбии ноҳия супоред.Дар сурати иҷро нашудани ин фармон ҷойро холӣ кунед!

 

Дар мавриди Ҳасан Дӯстзода дақиқан мисли Қаноатшо Лоиқзода досияи сиёҳ омода шуда истодааст. Агар маълумотҳое доред, сокинони ноҳияи Нуробод, бароямон ирсол кунед,мисли раштиҳои ғаюр ва шуҷоъ,то онҳоро ба миллат бирасонем то аз чанголи ин хирасар раҳоӣ ёбед.

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.