Эҳсоси хатар: кӯдакон қурбонии дасисаҳои мақомот

Эҳсоси хатар: кӯдакон қурбонии дасисаҳои мақомот

 

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мавҷи ҷадиди фишору таъқиб ва таҳдиду бозпурсиҳои тӯлонии худ алайҳи наздикону пайвандони хеле аз мухолифони кунунӣ ва собиқи ҳукуматро дар дохили кишвар оғоз кардаанд.

 

Дар ин раванд, ки ҳудуди як моҳ зиёдтар идома дорад, ба фарқ аз давраҳои қаблӣ занону кӯдакони ноболиғро низ мавриди истинтоқ ва зери таҳдиду фишорҳои мухталифи худ қарор дода, алайҳи бархе аз онҳо низ парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардаанд.

 

Бар асоси иттилоъоте, ки то кунун ба дасти мо расида, дар ин авохир даҳҳо хонаводаҳое аз наздикону пайвандони мухолифонро мақомоти интизомии кишвар дар сар то сари Тоҷикистон мавриди фишору таъқиб ва таҳдиду бозпурсиҳои тӯлонии қарор додаанд, ки барои мисол наздикону пайвандони худи мо, ба хусус бародаронам дар ноҳияи Вахш низ шомили онҳо мебошанд.

 

Ҳамзамон ҳамин чанд рӯзе пеш низ бародарамон қорӣ Муҳаммадҷон Абдуллоев аз «Гурӯҳи 24» наворе аз гилаву шикояти падари куҳансолашро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр кард, ки он аз таҳдиду фишорҳои мақомот алайҳи ин хонавода қисса мекард. Наздикону пайвандони бародарамон Устод Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздикону пайвандони ҷаноби Салим Султонзода, узви Анҷумани озодандешон низ дар ин шабу рӯз аз дасти мақомоти интизомии кишвар рӯзи хуше надоранд.

 

Ин афрод касоне ҳастанд, ки дарди худро бо дигарон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба иштирок гузоштаанд, аммо касоне, ки бо далелҳои мухталиф аз ин таъқибу фишорҳои мақомот дар расонаҳо чизе намегӯянд, теъдоди онҳо хеле зиёдтар аст…


Дар ин марҳила аз таъқибу фишорҳои иддае аз кормандони нобихради мақомот дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, ва Прокуратураи генераливу зерсохторҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар кор то ҷое расида, ки қисме кӯдакони наврасу ноболиғ низ аз шарри ин фишоровару таҳдидкунандаҳо дар амн намебошанд.

 

Барои мисол, тайи даҳ рӯзи ахир дар маҳаллаи Бустони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт (собиқи кӯчаи Қаротегин) фарзандону набераҳои Мирзокарим, Мирзоҳаёт ва Абдураҳим Назараровҳо (бародарзодаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муъовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон)-ро низ на танҳо мавриди фишору таъқиб ва таҳдид қарор додаанд, балки аз фарзандони ноболиғони онҳо аксу наворбардорӣ ҳам карда, алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ низ боз кардаанд. Ба гуфтаи наздикони онҳо, акнун ба назар мерасад мақомоти кишвар аз ҳоли ҳозир ба хотири заминазосӣ барои кудом ҳодисаҳои нохуше ва қурбонӣ кардани онҳо омодагӣ мегиранд.

 

Модари пир ва солхӯрдаи собиқ муъовини аввали вазири дифоъи кишвар низ бо вуҷуди беморӣ дар ҷамъи ин ҷабрдидаҳо буда, ки санаи 16-уми ноябри соли 2019 бар асари фишорҳои мақомот тоб оварда натавонист ва ҷон ба Ҷонофарин супурда, як рӯз пас ҷанозаи марҳума ба хок супурда шуд.

 

Бо таваҷҷуҳ ба ин мавҷи ҷадиди фишору таъқиб ва таҳдидҳои мақомоти қудратӣ алайҳи наздикону пайвандони хеле аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва ҳушдорҳои ҷониби Русияву Эрон ва сафоратхонаҳои Омрико ва Бритониё дар Душанбе дар робита ба эҳсоси ноамнӣ, ва ё зери сояи хатари гурӯҳҳои мусаллаҳи даҳшатафкан қарор гирифтани Тоҷикистон ва хеле аз иттилоъоти дигаре, ки аз дохили кишвар мерасад, моро хеле нигарон кардааст.

 

Ба иборати возеҳтар, зоҳиран ҷониби Русия ва Эрон ва ҳамзамон сафоратхонаҳои Омрико ва Бритониё хуб медонанд, ки дар замони вуқӯъи ҳодисаҳои нохуше тавассути гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва даҳшатафкан дар аксар маврид шаҳрвандони хориҷӣ ва бахусус ин кишварҳо, ба истиснои ҳолатҳои алоҳида, дар амн боқӣ мемонанд. Локин, чун онҳо ҳама аз найрангҳои қисме низомипӯшони кишварамон огоҳ ҳастанд, медонанд, ки чанд ҳодисаи ахири кишвар сохтаи мақомоти Тоҷикистон буда, гурӯҳҳои даҳшатафкан барои таблиғи худ аз онҳо баҳрабардории сиёсӣ кардаанд, ин дафъа лаҳни гуфтори онҳо ҷиддитар садо додааст. Яъне, медонанд, ки ҳеч гоҳ барои як даҳшатафкани низомипӯш қатлу куштори як хориҷӣ новобаста аз ҷойгоҳи вай аз амру фармони фармонравоёнаш арзиши болотаре дошта наметавонад.

 

Ин дар ҳолест, ки дар як соли ахир дасти кам панҷ нақшаи кор ва ё сенарияи баъзе низомипӯшони тоҷик дар қатли омми зиндониён дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд, шаҳри Ваҳдат ва ҳангоми интиқол аз вилояти Суғд ба пойтахт ва вилояти Хатлон, террори сайёҳони хориҷӣ ва ахиран задухӯрди нуқтаи марзбонӣ (ҳодисаи 06.11. 2019 дар Ишқобод) дар ноҳияи Рӯдакӣ аз нигоҳи амалӣ хело даҳшатафкан, вале тарзи ироа ва фарзиябофии мақомот хеле ҳам хандаовар ва боварнакарданӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Ба ин хотир, мо нигарони он ҳастем, бархе наздикону пайвандони мо мухолифон низ мабодо қурбони дасисаҳои навбатии мақомоти қудратӣ нагарданд.

 

Хулоса, Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи интихоботи парлумонӣ дар кишвар ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз корҳои даҳшатофаринӣ дар байни мардум ва ҷомеъа кор гирифта, ин дафъа аз кӯдакону наврасони ноболиғ ба нафъи худ қурбонӣ гирифтан мехоҳад.

 

Худойи накарда, агар як дафъа ин низомипӯшони даҳшатафкани мо аз кӯдакони ноболиғ дар амалиётҳои даҳшатофаринии худ қурбонӣ бигиранд, ин маънои онро хоҳад дошт, ки Тоҷикистон дар ояндаи начандон дур ба майдони таҷрибаи баъзе гурӯҳҳои силоҳбадасту даҳшатафкан дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил гардида, хуни ҳазорон тан бегуноҳ рехта хоҳад шуд, ки он гоҳ ҷурми тамоми қурбониён ба гардани ҳукумати худкомаи кишвар сабт хоҳад шуд...

 

Манбаъ: шабакаи фейсбук ва ин ёддошт аз сафҳаи Амруллоҳи Низом гузошта шудааст.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.