Фармондеҳи «Ҷаллод»-и «Фронти Халқӣ» боздошт гардид

Фармондеҳи «Ҷаллод»-и «Фронти Халқӣ» боздошт гардид

                        

Хӯҷа Каримов фармондеҳи хуношоми "ФронтиХалқӣ" дар Дубай дастгир шуда аст.

 

     Боздошти Хӯҷа Каримов дар Дубай,ки аз соли 2001дар хориҷа ва  дар ҳолати фирор ба сар мебурд,як кори хело хубу савобе аз тарафи режими худи " Фронти Халқӣ" дар ин солҳои охир ба шумор меравад. Хӯҷа командир хашинтарин,қотилтарин ва манфуртарин ҷинояткоре  буд,ки ӯро ҳама аҳли кишвар мешиносанд.Достони ӯ дар осори китоби ҷиноятҳои режими "ФронтиХалқӣ" бобу сафаҳоти алоҳидаеро дар бар мегирад.Агарчи “Фронти Халқӣ” дигар қотилоне ҳам дошт,ки аз ӯ садҳо маротиба даррандатар, ваҳшитар ва золимтар буданд. Ҷони ҳазорҳо ҳазорро гирифтанд, таҷовуз карданд, ба яғмо бурданд, дуздиданду сухтанд. Ин ҷинояткори касбӣ ва ҳирфаӣ бозмонда ё ба ёдгор аз он фаҷоеъи хунини солҳои 1992-2000 мебошад. Хӯҷа Карим, замоне,ки савори хинги фармондеҳӣ дар “Фронти Халқӣ”буд дар даст маҳмези хунин дошт ва ба аҳаде, он хоҳ кучак ва ё хоҳ солманд,раҳм намекард.

 

Хӯҷа Каримов(Каримов Раҳим) 1уми октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Донишгоҳи тиббии Душанберо ба поён бурда то соли 1992 дар Поликлиникаи 3-и пойтахт кор мекард. Дар солҳои 92-93 қумандони Фронти халқӣ, сипас ноиби якуми командири бригадаи махсуси вазорати мудофиа,аз соли 94 то 98 корманди ҳукумати вилояти Хатлон, соли 95 депутати халқии Маҷлиси Олӣ, соли 97 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон буд. Ноябри соли 1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта мешавад.Ин ҳабс тавассути пешниҳоди Сайидамир Зуҳуров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар он давраи Маҷлиси олӣ, ки парлумони қумандонҳо ҳам мегуфтанд, аксарияти фармондеҳони “Фронти халқӣ” депутат буданд ва ба боздошти Хӯҷа мухолифат мекунад. Зуҳуров дуввумбора ба минбари иҷлосияи  баланд мешавад ва мегуяд: “ агар шумо иҷозаи боздошти ӯро надиҳед, ҳам мо ӯро боздошт кардем ва на танҳо Хӯҷа, хеле аз шумоҳо ҳам, вақту саоаташ,ки омад маҳкум ба ҳабс ҳастед”.

 

Он замон Хӯҷа алакай ба як тоҷир бадал шуда пахтаи Ғозималикро бо Аврупо, аз ҷумла ба ширкатҳои ҳулландӣ мефурухт.Хӯҷа ба корҳои “Ободкорӣ” дар Ғозималик ҳам гоҳе даст мезад. Барои мисол аз боғи ботаникии Душанбе  садҳо бех арчаҳоро дуздида оварда дар қади роҳи Ғозималик шинонид,ки ҳоло ҳам  ҳастанд.

 

Вақте дар яке аз манозили зисти ӯ  кофтукоби мақомот сурат гирифт, даҳҳо адад мошинҳои хориҷӣ, ба миқдори зиёд тилло ва ҷавоҳирот ва 800 ҳазор доллари нақд ва рублҳои русӣ ва низ як анбори силоҳу муҳиммоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

 

Зимнан вақте бори нахуст Фронти халқӣ вориди пойтахт шуд, дар пойизи соли 1992, Хӯҷа аз қумандонҳое буд, ки идораи телевизионро забт кард ва ҳамроҳ бо мушовираш масахаробози маъруф ба Поччохон журналистонро ба “юрчик” ва “вовчик” ҷудо карда дуввумиҳоро аз кор пеш карданд.

 

Аммо Хӯҷа Каримро аз маҳбас шояд бо мусоидат худи Раҳмон гурезониданд. Миёни Хуҷа ва онҳое, ки ӯро озод намуданд чи муомилаи пинҳонӣ буд,  Худо медонад вале шарт ин буда.ки ҳатман бояд хориҷа биравад. Аммо ҳадс мезанем, ки дар миён танҳо пул ҳасту бас.

 

Аммо як манбаи наздик ба мақомот гуфт, ки Дар раҳоии Хуҷа собиқ прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов даст дорад. Муфваттиш Сафар Назаров бо дастури Бобохонов ва бар ивази пули зиёд Хӯҷаро мегурезонанд. Аз ин пулҳо соҳиби хона ва мошин мешаванд. Дар назди беморхонаи чашми  чанд квартираро дар ошёнаи якуми як подъезд ин муфаттиш харида ва низ аз Хӯҷа як Нексия ҳам пора гирифта будааст.

 

  Инак,  пас аз 18 сол ва оқибат бо дасти худи ин режим боздошт гардид ва дар садади истирдод ба кишвар ва ватане, ки онро сухта валангору вайрон кардаву ба тороҷ бурда буд, қарор дорад.

 

 Хӯҷа Каримро аз ҳамон солҳо таҳти пайгард қарор дода ва Интерполро дар боздошти ӯ гумошта буданд. Ва ҳоло Интерпол ӯро дастгир карда аст. Ҳаминҷо бояд як нуктаро бигӯям,ки мақомоти Дубай, ӯро таҳвили Тоҷикистон хоҳанд кард ё не, номаълум аст. Аммо як нуктаро сад дар сад ва боитминон тазаккур медиҳам, ки додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста сурат мегирад ва парвандаи ӯ зери мӯҳри махфӣ тафтиш хоҳад шуд.Чунки Хӯҷа хеле аз ҷиноёт ва ҷурми худро бо худи Раҳмон дар ҳамоҳангӣ анҷом додааст ва дигар нукта ҳам ин аст ки дар фирори Хуҷа онҳое шариканд, ки аз ин муомила ҳиссаи Раҳмонро ҳам додаанд. Барои ҳамин гумон намеравад, ки додгоҳи Хӯҷа ошкоро сурат бигирад.Хӯҷа ва амсоли ӯ, бунёдгузорони режими имрузаанд.

 

  Агар хоҳед асоси режими кунунии кишварро ва ҷеҳраи ҳақиқии президенти ғайриқонунии кишварро беҳтар шиносед, бояд онҳоеро, ки ин режимро асос гузоштанду барояш ҷомаи конститутсионӣ ё қонуният пушонидаандро бишинохт.

 

  Дар миёни қумандонҳои " Фронти Халқӣ" Хӯҷа Каримов ҳокими мутлақи минтақаи Қизилқалъа ва Обикиик то Фахробод ва умуман Ғозималик буд. Ин ҷонвари ваҳшӣ амалиётҳои қатлу куштори худро дар он солҳо бидуни вақфа идома дода тарсу ваҳшатро дар дили мардум ҷо карда буд. Номи Хӯҷа он замон дар тани мардуми бечора лараза меандохт. ШоҳроҳиДушанбе-Қурғонтеппа дар ихтиёри ӯ буд ва ҳар коре дилаш мехост анҷом медоду касе пишакашро пишт наметвонист бигӯяд. Шахсонеро мешиносам,ки бо ашки шашқатор аз ҷиноятҳои ӯ мегуфтанд ва қатлҳояш ҳам  чунон бераҳмона будааст, ки барои мисл муллоҳои он минтақаро ҳатто зинда-зинда бензин рехта оташ задааст. Занҳо ва духтарони он минтақаро бо ҷурми " Вовчик" дар назди падару шавҳаронашон таҷовуз кардааст.

 

   Ҳиссае  аз қатлу куштори Хӯҷа командир

 

1      Домулло Муҳаммадшарифи Ғозималикиро аввал бензин мехуронад ва баъдан бо тири оташин (трасирӯйиши) мезанад, то пора -пора шавад Нахуст писарашро дар пешаш мекушад ва пас аз он домуллоро бо чунин ваҳшоният ба шаҳодат мерасонад.

 

2      Мулло Файзулло (Қузғалӣ) ки аз Фахробод буд, дар пушти БТР мебандад ва бо як мошини дигар ба ду тараф мекашанду ду порааш мекунад. Бале, дақиқан бо чунин шева ба шаҳодат мерасонад ва дар он рӯз бо ӯ 37 ҷавони дигарро аз ин минтақа,то шом ба қатл мерасонад.

 

3       Сайидшо Шоев, депутати Шурои олӣ ва директори заводи пахта дар ноҳияи Ленин-Рӯдакии имрӯзаро ҳамроҳ бо бародараш Сияршо Шоев, корманди вазорати кишоварзӣ  аз назди бинои Шурои Олӣ гирифта якҷо бо қотилонаш ба Ғозималик бурда бо ваҳшонияти гушношунид ба қатл мерасонад.

 

4       Домулло Зулфалӣ,ки аз шогирдони Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ буд ҳамаги 21 сол умр дошт ва рӯзадор ҳам буд дастгир мекунад ва дар штабаш дар Қизилқалъа шахсан дар гулӯяш бо чанд тир ӯро ба шаҳодат мерасонад.

 

5      Абдуқодир Розиқов бародари Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро вақте дастгир мекунад мешинонад,то ба қатлаш расонад.Ин ҳангом яке аз ҳам гурӯҳони Хӯҷа,ки хуб Абдуқодирро мешинохт мили силоҳро ба даст мезанад ва тир ба дигар тараф мезанаду бо хоҳиши ин силоҳбадасти гурӯҳаш мошини Абдуқодирро мегираду ҷонаш наҷот меёбад.Мегуяд, то вақте ман инҷо ҳастам набояд дар ин наздикиҳо бошед ва агар фаҳмидам,ки ҳаминҷоҳо ҳастед, мекушам.

 

   6  Тағай Шукуров, депутати дигари Шӯрои олиро,ончуноне духтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ибтидо парронида ва сипас ҷасади ӯро даруни деги оҳкпазии коргоҳи оҳак андохта тавре месузонад,ки ҳатто хокистари онро пайдо карда наметавонанд.

  

    Гурӯҳҳои силоҳбадасти навоҳии Шаҳритуз ва Қубодиён, ки бо номи Арабҳо маъруф буданд, аз Хӯҷа ин иҷозаро доштанд,ки  дар минтақаи зери тасарруфашон ҳар ҷинояту қатле мекунанд, озоданд.  Дар 3 рӯз беш аз 3000 ҳазор сокинони ин мантақа ба хоку хун кашида шудаанд ва шоҳидоне, ки аз ин манзара ва қатлҳои ҷамъӣ зинда мондаанд,ин ҳодисаҳоро ба ашку ҳасрат қисса мекунанд. Як рӯз яке аз бародарони ғозималикӣ гуфт Хуҷа Командир дар қатли беш аз 80 қорибача ва руҳониёни минтақа ва ноҳияи Ленин- Рудакии кунунӣ даст дорад.Қатлҳояш комилан ба шакли фаҷеъ ва хашин анҷом дода мешуданд вале ӯ аз он лаззат мебурд. Беш аз 3000 ҳазор мардуми Куйбешевро гурӯҳи ӯ ба хоку хун кашидаасту ӯ бо ифтихор  аз он ҷиноятҳояш лоф мезадааст. Ҳатто боре дар як нишаст гуфтааст, ки Файзалӣ Саидовро дар куштор беҳамто мегуфтанд, яъне (звер). Он қатлҳое, ки  ман кардаам, Файзалӣ накарда буд ва “удоволство” нагирифта буд.Қатли инсон барои Хӯҷа Карим як навъи тафреҳу дамгирӣ ва амали рӯзмарра шуда буд.

Он чунон қатлҳо ва ҷурму ҷиноятҳояш зиёданд,ки дар як матлаб он ҳамаро намешавад баён кард.

 

Як нуктаро бояд тазаккур бидиҳам,ки Хӯҷа аз хеле барвақт бо хадамоти махсуси кишвари ҳамсоя иртибот барқарор  ва дар хидмати онҳо камар баста буд. Зарбаҳои аввалинро бар Ҳукумати Муросои Миллӣ дақиқан ӯ зада буд. 27 нафар аз кормандони ВКД- ро бо кумаки русҳо дар роҳи Обикиик боз медоранд ва ба ӯ таслим мекунанд. Ҳамаи онҳоро аз дами тир мегузаронад.

 

Он солҳо Фронти Халқӣ аз ду самт силоҳ мегирифту икмол мешуд. Самти аввал тавассути қаламрави зери назорати Хӯҷа Карим, ки минтақаи Эсанбой буд, аз Узбекистон силоҳҳоро ба ӯ мерасониданд ва пас аз он ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Фронти Халқӣ  тақсим мешуданд. Дуввум тавассути чархбол аз Узбекистон ба Кулоб аслиҳа расонида мешуд. Инки Сангак бо Қорӣ Иброҳим ба Афғонистон рафта аз онҷо бо дурӯғ, гӯиё барои муқобила бо Шуравӣ, аз мардуми Афғонистон силоҳу муҳиммот гирифта меоваранд. Қорӣ Иброҳим қуръон мехонд ва мардуми Афғонистон бовар мекарданду ба Сангак силоҳ медоданд.Аммо ин кор як маротиба сурат гирифтаааст вале ду канали дигар ҳамеша боз ва мудовим буд ва Хӯҷа Карим нақши асосӣ дар таҷҳизу омодасозии гурӯҳҳои силоҳбадасти “Фронти Халқӣ” дошт.

 

 Ҳоло мутаваҷҷеҳ бишавед, ки  Раҳмонро чӣ касоне ва бо чи қатлу кушторҳое ба қудрат расониданд ва дар қудрат нигоҳ доштаанд. Раҳмоне, ки дам аз “Асосгузори Сулҳу ваҳдат” ва  “Пешво”-и мезанаду гӯши мардуми оламро кар кардааст.Чӣ гуна шахсон бо ӯ ҳамроҳ буданд ва бо кумаки кӣ  ба қудрат расида буд.Ҳамин ҳол ҳам, ки мардумро аз ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарс медиҳад ба хотири ҳамин қатлу таҷовузҳо аст. яъне ба ин маъно, ки “Агар нахоҳед маро ва ончи мекунам тоқат накунед, бори дигар чуноне карда будам такрор мекунам ва ман бо хун омадаам ва инро мардум фаромуш накунанд”. Бадбахтона, ҷавононе, ки аз он солҳо ва аз он ҳодисаву воқеъаҳо огоҳӣ надоранд ҳар ончӣ Раҳмон мегуяд бовар мекунанд. Аммо  бояд махсус таъкид бикунам,ки 

 

-боздошти Хӯҷа Карим ин таъйид ва тасдиқи чеҳраи ҳақиқии худи Эмомалӣ Раҳмон аст.

-боздошти ӯ намоёнгари адолати Илоҳӣ бо дастони ҳамяроқонаш.

-боздошти ӯ паёмест барои ҳар боқимондаи “Фронти Халқӣ”

-боздошти ӯ наздик шудани фурӯпошии низоми “Фронти Халқӣ”

-боздошти ӯ ифшо гаштани фармонҳои қатлу куштори Раҳмон

-боздошти ӯ ифшо гаштани муомилаҳои хунини солҳои 92-2000.

 

Як ҳодисае бо Хӯҷа Карим дар ҳавопаймо

 

Тирамоҳи соли 1999 моҳи октябр буд, агар хато накунам, дар як ҳавопаймо аз Шорҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе парвоз доштем. Бо ман Муҳаммадсайид Ризоӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ ва боз чанд бародари дигар ҳам буданд. Аз қазо Хӯҷа ҳам дар он ҳавопаймо бо мо буд. То фурудомадан дақоиқи башумор монда буд ва ман хостам аз ҷаъбаи худ ба Муҳаммадсайид Ризоӣ  чизе бидиҳам.Ин вақт Хӯҷа ҳам хост чизе бигирад ва ман ӯро намешинохтам ва боре ҳам ӯро надида будам. Нохост дар вақти гирифтани ҷаъба-сумка пояшр зер кардаам. Дар пояш туфлиҳои нукборики сиёҳе буд ва воқеан сахт пояшро зер кардаам, ки додаш баромад. Дашном кард ва ман,ки намедонистам ӯ кӣ аст гуфтам, ака ин нохост шуд ва чаро дашном мекунӣ? Гуфт маро нашинохтӣ? Гуфтам нашинохтамат ва шинохтанат ҳам намехоҳам. Пас аз чанд дақиқа фаҳмид мо аз оппозитсия ҳастем омаду гуфт додар фаромӯш кардем, ончи гуфтам. Ман то ин вақт ҳам намедонистам ӯ кӣ аст, дар ин вақт Муҳаммадсаид Ризоӣ гуфт нашинохтӣ? Не гуфтам. Гуфт: ӯ Хӯҷа командир аст. Гуфтам: касе бошад фарқаш чӣ аст, ман барқасд накардам, ку. Боз ду дақиқа гузашт омад ба назадмон ва як визитка ба ман дод ва гуфт додар ягон хизмат бошад занг занед. Дидам он вақт,ки ӯ Хӯҷа командир аст. Аз ҳавопаймо хостем фароем дидам. Дар назди трап 10 мошини нави Нексия истодааст ва ҳамаи онҳо Хӯҷаро пешвозгирӣ омадаанд.Фаромаду гуфт:- паспортҳотона диҳед бачаҳо онро меоранд печат зада ва хоҳед бачаҳо шуморо мерасонанд.Рад кардам. Ӯ ҳам дастонашро як боло карду нишаста рафт.

 

Чаро Хӯҷа чунин кард? Мумкин аст дар зеҳни шумо чунин саволе пайдо шавад.Чанд рӯз пас омадам ва Сафаров -Шери Язгуломиро дидам,Аллоҳ раҳматаш кунад ва аз ӯ пурсидам,ки Хӯҷаро чи хел мешиносӣ? Гуфт: Хӯҷаро соли 1998 дар як муноқиша дар назди Комиссияи оштии миллӣ дар моҳи май чунон зери латукуб қарор додам ва между ноги чунон лагаде хурд,ки дигар гапашро гум карда буд ва дар мошин бор карда бурда буданаш. Пас аз он гуфтам ана гап дар куҷо будааст,ки ин Хӯҷаи қотил дар назди мо мисли як муш ба таҳлука афтода буд.

 

Дидори дуввум дар ИМА

 

Бори дигар солҳои 2009 буд ӯро дар Аҷмони Имороти Араб , дар як рӯзи ҷумъа дар назди масҷиде, вале дар беруни масҷид буд, намедонам намоз хонда баромад ва ё касеро интизор буд, дидам. Маро диду салом дод ва гуфт,ки “маро шумо надидаед”- фаҳмидед? Гуфтам дидамат, ку,чихел надидамат. Гуфт: медонам дидед вале фикр кунед, ки маро надидаед, инҷо масъалаи ҳаёту марг аст. Гуфтам: бошад, вақте вазъ чунин бошад...

 

 

 Ҳоло  мунтазири он мемонем,ки бо ин “Шоҳи Ғозималик” ва аз ҷаллодону аз фармондеҳон “Фронти Халқӣ”, ки Раҳмонро рӯи кор овардааст, пешвокаду чи кор мекарда бошад.Бо ин ҳама ҷиноёти айну дайн ӯро чи муҷозоте хоҳад кард ва барои чанд сол равонаи зиндон мекарда бошад.Барои як лайк 9 сол зиндон мекунад, ба ин қотили махуфи Чингизманиш чанд сол медода бошанд? Ҳатман ин қазияро дунбол ва кушиш мекунем дар ин қазия ҳар ҷузъиёте расид, расонаӣ ва ба кумисюнҳои ҳуқуқӣ тақдим хоҳем кард.

Хонандагони гиромӣ, ба канали телеграмии мо пайваст шавед ва аз ҳама интишороти мо огоҳӣ пайдо намоед.

https://t.me/islohnet

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.