Галстук харед,депутат мешавед

  

      Шояд боваратон наояд аммо Э. Раҳмон ва ҳукумати ӯ қасд доранд ин навбат аз қишри руҳоният чанд танеро вориди Маҷлиси намояндагон кунанд.Бад-ин манзур эмиссарҳо аз дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ ва ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо чанде аз руҳониҳои кишвар сӯҳбатҳое ба анҷом расонида ба онҳо ҷиҳати омодагӣ дастуру супоришҳои махсус додаанд. Дар ин мулоқотҳо чи гуфтанду чи супориш додандро дар идомаи матлаб хоҳем гуфт аммо ҳоло аз худи интихоботи қарибулвуқуъ мегуем.

 

             Интихоботи порлумонии 2020

 

   То интихоботи ояндаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон камтар аз нуҳ моҳи дигар фурсат боқӣ мондааст. Дар кишварҳои дигари дунё ҳанӯз як сол, якуним сол қабл аз баргузории интихобот аҳзоб ва довталабҳои курсиҳои Маҷлис аз худ дарак дода ва бо ироаи дидгоҳҳову назарҳо ва барномаҳо саъй мекунанд таваҷҷӯи мардумро ба самти худ бикашанд. Ҳар қадр ки фурсат наздик бишавад, фазо ва иқлими сиёсӣ гармтар ва доғтар мешавад.Айни замон ба ҷуз аз ҲХД-ҳизби ҳоким  аҳзоби дигар сукути мутлақ ихтиёр кардаанд.Ҳизби халқӣ-демократӣ моҳи феврали соли равон, расо як соли қабл аз замони интихоботи оянда бо ҳузури Э.Раҳмон, раиси ин ҳизб, анҷуманеро дар ақиби дарҳои баста баргузор ва шароит ва наҳваи ширкати худро муайян кард. Ба назар мерасад, функсионерҳои ин ҳизб, ки на танҳо наҳва ва шароити ширкати ташкилоти худ, ҳамчунин раванди баргузории ин интихоботро ҳам барномарезӣ ва назорат мекунанд, даст ба кор шудаанд. Барои онҳо масъала ва масъулиятҳо мушаххас гузошта шудааст.Таҳияи феҳристи ҳизбӣ барои ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, яъне номи 22 номзад аз ҲХДТ барои парлумони оянда бояд маълум бишавад. Ҳамчунин барои ҳавзаҳои инфиродӣ номзадҳо аз куллия манотиқи кишварро бояд муайян ва пешниҳод  кунанд. Шахсияти номзадҳои ҳизб аз ҳаллоҷии КДАМ ва Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ бояд бигзарад ва сипас созмонҳои ҳизб дар навоҳӣ онҳоро пешбарӣ кунанд. Албата, қабл аз ниҳоӣ ва аз тарафи ячейкаҳо пешбарӣ шудан розигии худи Раҳмон  ҳам ҳосил мешавад. ҲХДТ дар пардохти гаравпулии интихоботӣ мушкил нахоҳад дошт. Зеро ҳам корхонаҳо ва ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дастур гирифтаанд, ки шароити беҳтаринро барои номзадҳои ҳизб муҳайё бисозанд. Худи ҳизб ҳам имконоти молиявии кофӣ дорад. Танҳо аз ҳисоби обуна ба “Минбари халқ” солона то 4 миллион сомонӣ даромад дорад.Вале боқии аҳзоб, ҲД,ҲИИ,ҲА, ки аз мутаффиқони ҲХДТанд мунтазири “занг”-анд.Вале ҲКТ ва ҲСДТ чун интихоботи пешина аз ҳар ҷиҳат бо мушкил рӯбарӯанд. Ҳам мушкили  баргузории Анҷуман,ҳам мушкили пардохти гарав ва ҳам мушкили ҷамъоварии имзо.Агар ҳамаи ин мароҳилро тай карданд,  вале дар назорат ва ҷамъбасти интихобот боз ҳам дасткутаҳанд.

 

   Вале дар ин васат таваҷҷуҳ ва ё ҷалби нафарҳо аз қишри руҳоният ба парлумони баъдӣ воқиан як таҳаввул ва сиёсати ҷадид аст, сиёсате, ки 180 дараҷа давр хурдааст. Зеро Раҳмон ва ҳукумати ӯ шуруъ аз анҷоми соли ёдбуди Имоми Аъзам(раҳ) дар соли 2009 сиёсати хашин ва хасмонаеро ба таври шадид бо ислом, муллоҳо, масоҷид пеш гирифта ба унвони як раҳбари исломҳарос ва динбезор шинохта шуд. Агарчанде то баргузории соли ёдбуди муассиси ва поягузори мазҳабамон ҳам миёнаи хубе бо дини ислом надошт вале бо хатми он маросим пустинашро тамоман чаппа пушид. Муллоҳо таҳқир, аз минбарҳо афканда ва ба ҳошия ронда шуданд. Садҳо масҷид баста ва ба тарабхонаву марказҳои дилхушӣ- ҷойи арақхурӣ ва бангзанӣ мубаддал шуданд. Баракс, чойхона ва ошхонаҳоеро, ки арақ савдо намекарданд бастанд ва шарт гузоштанд, ки то арақ нафурӯшанд иҷозаи кор намегиранд. Хулоса, аз соли 2010 бад-ин су як сиёсати алании зидди исломӣ ҷузви умдаи сиёсати дохилаи Э.Раҳмон шуд. Нафрат ва хашму ғазаби ҳукумат ба муллову масҷид дигар барои ҳеҷ касе пушида набуд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби сиёсии динӣ тараф ва шарики сулҳи ҳукумат ҳам бо фитнаву дасиса ва иттиҳомоти бофта мамнуъ ва террористӣ хонда шуд.Ҳизбе,ки ҳамин чанд солаке пештар боиси машруияти Раҳмон ва ҳукумати Ӯ арзёбӣ мешуд.

 

Оё муллоҳо дар порлумон ва ҳукумат собиқае доштанд?

 

         Муллоҳо ё табақаи руҳоният дар Тоҷикистон ҳамагӣ як маротиба, ҳанӯз,ки СССР барқарор буд, дар интихоботи Шурои Олӣ дар соли 1990 ширкат ва чаҳор курсӣ аз маҷлиси 230 нафариро ишғол карданд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода,қозии мусалмонони кишвар, Муллоҳайдар Шарифзода, қозии вилояти Кулоб, Ҳоҷӣ Муслиҳиддин Мукаррамов,сархатиб аз вилояти Ленинобод  ва домулло Ҳадиятулло Одилов аз Чоркуҳи Исфара чаҳор тан муллое, ки соҳиби мандати депутатӣ шуда буданд. Баъд аз имзои Созишномаи умумии сулҳ дар соли 2000 устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода тибқи феҳристи ҳизбӣ шомили Маҷлиси намояндагон шуданд. Устод Ҳимматзода боз ҳам бар тибқи руихати ҳизбӣ дар интихоботи соли 2005 низ ба парлумон роҳ ёфтанд аммо ба нишони эътироз аз қабули қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки бархе аз муқаррароти он бо шариат муғойират дошт, аз ваколаташон даст кашида истеъфо доданд. Дар парлумони солҳои 2010-2015 аз ҲНИТ ду донишманди динӣ устод Муҳиддин Кабирӣ ва домулло Саидумар Ҳусайнӣ шомил шуданд. Ва устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ки тибқи саҳми сидарсадӣ чандин сол ба ҳайси муовини аввали сарвазири Тоҷикистон фаъолият мекард, танҳо домуллое буд, ки узвияти Маҷлиси Миллиро то соли 2010 дошт.Ин буд ҳама он дору мадори муллоҳо дар ҳукумат ва порлумони кишвар.

 

          Рӯ овардан ба муллоҳо барои чӣ?

 

    Ҳоло савол инҷо аст ки чаро Э. Раҳмон қасд дорад аз табақаи руҳоният намояндаҳоеро шомили Маҷлиси Намояндагон бикунад.Тобхурӣ ва тағйири сиёсат ба 180 дараҷа, чаро? Дар пайи баста шудани ҲНИТ ва инки ҳукумати Э.Раҳмон ба таври мудовим бо масоили мазҳабӣ мушкил дорад, мавҷи интиқодҳоро дар саросари ҷаҳон зидди ӯ бештар кардааст.Ҳамин чанд рӯзи пеш як Камиссиюни амрикоӣ аз адами озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон изҳори норизоиятӣ карда Тоҷикистонро дар ҷойгоҳи пойинтар аз солҳои қабл ҷой дод. Арзёбиеро, ки тайи чанд соли ахир Вазорати хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон нисбат додааст. Дигар ҳам ин аст ки ҳоло фазо ва сару садоҳое дар кишвар ҳоким шудааст, ки Э.Раҳмон ба унвони як роҳбари зиддидин аст ва ҳамин руёруӣ ,муқобала ва душмании раиси давлат бо мазҳаб ва дини мардум боис шудааст, ки кадом тавфиқе бо мардум ёр набошад ва файзу баракат дар корҳо ва зиндагии мардум намонад. Соли гузашта фармон дод, ки коргарони Роғун руза хуранд, Худо ба итобаш гирифту нишон доду ҳама корҳо дар Роғун чаппа шуд.Даъвати аскарӣ аз тарафи Саидмукаррам Абдуқодирзода-раиси Шӯрои уламо ҳам натиҷаи матлуб надод. Шоядам муллоҳоро барои рафъи ҳамин нуқси кориаш вориди парлумон кунад. Ва аз мулло-депутатҳо истифода барад. Ва шоядам бечораи бахтбаргашта бо ин васила даҳони мунтақидони урупоӣ ва амрикоии худро бубандад. Агар ин сару садоҳо ҳам дуруст бошад,Э. Раҳмон қасд дорад ба зиёрати хонаи Худо биравад.Ва дастур ҳам додааст, ки масоҷиди дар солҳои қабл бастаи худро дубора боз кунад. Дар назар менамояд, ки муносибати худро Э.Раҳмон бо дин ва аҳли дин иваз карданӣ аст, то ҳам аз интиқодоти беруна ва ҳам аз ҳарфу ҳиҷои дохилӣ халос шавад.

 

Аммо гумони банда ин аст ки сабаби тағйири сиёсати ӯ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 ва ба писараш вогузор кардани курсии президентӣ сахт алоқаманд аст. Раҳмон як раҳбари рибохор, ҳақи мардумхор, дузд, золим ва зиддидини Аллоҳ аст, ки ҳамаи мову шумо инро хуб медонем. У талош карда истодааст, ки шароит ва муҳити кишварро барои Рустам ором бисозад. Барои ҳамин муллоҳоро ба парлумон оварда истодааст,ки баъди ӯ ҳамкорӣ ва иртибот бо Рустамро дошта бошанд.Ягон мабдаъ ва маншаи мухосимат бо Рустам боқӣ намонад. Вагарна ӯ ҳамон динозори динбезори зотӣ аст.Танҳо далеле, ки русҳо маҳз ба ҳамин қабила ва қавм такя карданд ва бо дастони маҳз ҳаминҳо ҳукумати қонунии кишварро дар ноябри соли 1992 сарнагун карданд ҳамин буд, ки русҳо  ба фаросат ва вузуҳ дарёфтанд, ки ин қабила худонотарс аст ва барои нафси дунёиаш ҷигари бародар медарад, муқаддасоташро,дину ойин ва замини ватанашро мефурӯшад.Истихборот ва иктишофоти русӣ мо ва тоҷикони моро аз мо хубтар ва беҳтар мешиносанд ва ғалат ҳам накардаанд.Барои ҳамин фикри ман ин аст ки ҳоло  бо ҷалб ва ворид кардани муллоҳо ба парлумон Э. Раҳмон боз  ҳам мунофиқӣ дорад ва муллоҳое ҳам вориди парлумон мешаванд, ки  аз ӯ бештар мунофиқанд.

 

Кадом муллоҳоро ба порлумон ворид кардани ҳастанд?

 

 Ҳоло инҷо баргардем ба оғози навишта. Дар мулоқотҳое, ки намояндаҳои Э. Раҳмон аз ҲХД ва Дастгоҳи иҷроия бо муллоҳо баргузор шуд чиҳо гуфта шудааст. Ростӣ, мо дақиқ намедонем, ки бо чанд тан аз муллоҳо  суҳбатҳо баргузор шуда бошад ва ин муллоҳо аз руи кадом асл, зодгоҳ ва ё минтақа ва ё сатҳи саводу дониш мавриди таваҷуҳ қарор гирифта бошанд. Бо онҳо,ки сӯҳбатҳо гузаронидаанд талаб ва дастур дода шудааст,ки “ба афтуандом ва ба хусус риш”-и худ диққати зиёдтар диҳанд ва кутоҳ қайчӣ зананд.Ҳамчунин онҳоро огоҳонидаанд, ки ворид шудан ба парлумон ройгон нест вале имкон дорад Пешвои миллат гузашт кунанд. Дар ин миён маълум нест ки бо кадом яке аз халифаҳо ва ё корманди намозхона дар вилояти Бадахшон ҳам ҳамингуна суҳбатҳо доир шуда бошад. Аммо инҷо як  мушкил вуҷуд дорад. Ва он ҳам мушкили саҳлу сода нест. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон муллоҳо ва руҳониёне,ки дар масоҷид масъулият доранд, довталаб ва муддаӣ барои мақоми вакили Маҷлиси намояндагон ва ё узви Маҷлиси Миллӣ шуда наметавонанд.

 

Моддаи 33 Қонуни конститутсионии ҶТ “”Дар бораи қонуни интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ” муқаррар кардааст, ки:-“ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ҳангоми дар вазифа буданашон” ҳуқуқи пешбарӣ шудан ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намоянда- гонро надоранд.

Аз ин талаботи қонун бармеояд, ки онҳо дар суроғи муллоҳоеанд, ки берун аз масҷиданд. Ва ё шояд аз он муллое, ки дар масҷид кор мекард, талаб мешавад, ки корро қатъ кунад, то ки вакили Маҷлиси намояндагон бишавад.Намехоҳам номбубарам аз он Муллоҳои депутатшав аммо манбаъи мо чанд номро бароямон ирсол намудааст,ки дар фурсати муносиб барояи ҳар кадомашон мақолаи муфассал тақдиматон менамоем.

 

 Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  ҳоло ҳудуди 850-900 доллари амрикоӣ маош дорад.Масрафи солонаи Маҷлиси Намояндагон дар соли ҷорӣ 20 миллион сомонӣ, чизе бештар аз 2 миллион долларро ташкил медиҳад ва шумораи кормандони он ба шумули 63 вакил 270 нафарро дар бар мегирад.  Аммо ворид шудани муллоҳо ба парлумони Тоҷикистон кадом як ҳодисаи наве дар давлатдорӣ нест. Чуноне пештар гуфтем ҳануз дар замони шуравӣ муллоҳои тоҷик  депутати Шӯрои олӣ интихоб шудаанд. Ва ҳоло дар бархе аз кишварҳо аз ҷумла дар  Қирғизистони ҳамсоя, Покистон, Эрон, Афғонистон кадом маҳдудияте аз рӯи касбу пеша барои вакилӣ муқаррар нашудааст. Ҳамчуноне дар кишварҳои пешрафтаи олам. Барои мисол Ангела Меркел, намояндаи ҳизби христианӣ-демократии Олмон аст ки чанд навбат дар интихобот пируз мешавад. Аммо баъид ба назар мерасад, ки аз шумори муллоҳо  нафаре ҳам узви Маҷлиси Миллӣ,палатаи болоии парлумон бишавад.

 

Аз 33 аъзои ин маҷлис 25 нафаро вакилони маҷолиси навоҳӣ ва вилоятӣ интихоб мекунанд ва 8 нафари онро бо дастури Раҳмон таъйин мешавад. Вале  масъалае, ки аз чанд сӯ ба ин тараф перомуни он зиёд мегуянд, зарурати Маҷлиси дупалатаӣ дар Тоҷикистон аст.Ба эътиқоди коршиносон ҳоло ин зарурат боқӣ намондааст.

 

Палати болоӣ ё “ММ МО” як доми тазвир аст

 

Маҷлиси Миллӣ натиҷаи тавофуқи тарафҳои сулҳи тоҷикон дар Камиссиони оштии миллӣ буд. Он замон ин воқеият вуҷуд дошт, ки ҳукумат курсиҳои Маҷлиси намояндагонро гирифта наметавонад ва эҳтимоли зиёд аст ки аксарияти вакилон аз ҷонибдорони мухолифин ташкил бишаванд.Аз бими ҳамин эҳтимол тарафи ҳукумат Маҷлиси Миллиро таъсис дод ва қасдаш ҳам ин буд, ки бо истифода аз палатаи болоӣ шохаи муқаннана-органи олии қонунгузорӣ дар ҳокимиятро зери назорат бигирад.Ва раиси он нафари дуввум дар ҷумҳурӣ шинохта шудааст.Яъне рақами 1 ва 2-и ҳукумат бояд аз наздикони ҳамон қабилаи имрузӣ бошад.Дар ҳоле Порлумон аз қадим ба зодагони Рашт марбут буд,агарчӣ ҳолоҳам чунин аст вале ....

Бо ин ҳол инҷо намехоҳам ному насаби муллоҳоеро, ки ба ҳайси номзади эҳтимолӣ ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон ҳамроҳашон суҳбатҳо шудаастро зикр намоям. Зеро ин аз як тараф хуб нест ва аз тарафи дигар имкон дорад умуман ин барнома лағв бишавад ва ниҳоят он аст ки худи он муллоҳо хоҳиш кардаанд, ки аз исмашонро наоварам.

 

 

 

 

 

 

    • Точка зрения08 мая 2019, 14:07

      Мухаммадикбол брат! То, что делает Рахмонов это чистой воды, неоманархизм!
      Чтобы легализовать своего сынка урода он хочет протащить в парламент так называемое «духовенство».
      Короче он хочет легализовать своего сынка в Исламском мире посредством лживых и продажных суфиев.

      Ну, что сказать. Не сидите сложа руки нахзатовцы, и давайте разъясняйте народу и разоблачайте всё это с точки зрения ахкамов шариата. Необходимо разоблачить и показать его нелегитимность с точки зрения Ислама.
      Привлекайте к этому вопросу обладающих знаниями и авторитетов Исламского мира.

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.