Гурбаи мискин агар пар доштӣ...

Гурбаи мискин агар пар доштӣ...

Муҳаммадиқболи Садриддин

                   

    Абдуллоҳи Раҳнамои Ҳакими порсо, мушовири мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳоло дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкори дар Аврупо дар Варшаваи Лаҳистон ширкат дорад. Аммо қабл аз сафар бо нашри як мусоҳиба бо хабаргузории Ховар худро як давлатмарди бо стажи 22 солаи кор  муаррифӣ карда,эълом доштааст,ки ба ин ҷаласа “... бо сари баланд ва руи сурх меравам”.

 

  Аммо ин як дуруғи маҳз аст,ки Абдуллоҳ инҷо бо руи сурх меояд. Абдуллоҳ ба ин ҳамоиш ночору ноилоҷ  ва на бо хоҳиши худ меояд. Агар ба ихтиёри худи Абдуллоҳ буд ва агар ба ӯ ҳақи интихоб барои рафтан ва ё нарафтанро медоданд,ҳаргиз намеомад. Мисли онки ин мусоҳаба саропо бахшидашуда ба мо ва амалҳои мо асту моро боз ҳам гурӯҳи заиф меҳисобад.Ва,дар бораи гурӯҳи заиф як тахта суҳбат мекунад. Ва, чи суҳбате. Ба назар мерасад Абдуллоҳи Раҳнамо комилан таҳти  барномаҳои ТВ-ҳои Тоҷикистон мондааст ва аз вазъияти воқеии кишвар дарак надорад. Ӯ аз ҷумла дар ин мусоҳаба гуфтааст,ки  “...Ман ҳамроҳи худ навиди ободии Тоҷикистон, паёми созандагиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон....ро мебарам”.

 

 

Овардан гиред.Касе магар сади роҳатон мешавад,ки шумо ин корро ва ин паёмҳоро набаред ва наоваред? Овардан гиред. Магар ба ҷуз аз овардани паёмҳо кори дигаре ҳам карда метавонед? Як ба ҳамроҳонатон,ки дар курсиҳо нишастаанд, баргардеду бингаред. Кӣ астанд онҳо,ки ба намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон дар як нишасти ҷаҳонӣ ширкат меварзанд? Аммо чаро дар инҷои мусоҳибаатон дар муаррифии исми Пешво Асосгузори сулҳу ваҳдаташро зикр накардед. Бале, хуб медонед,ки ӯ ҳеҷ гоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдат набуд ва нест.

 

Инки шумо паёмашро меовред созандагиҳояшро меоваред, бовар кунед парво надорад. Барои Раҳмон по..й,ки Варшава Раҳнамо меравад ё касе дигар.Раҳнамо не, як Чаҳнамои дигар. Ранги Раҳнамо дар гирду атрофи Раҳмон садҳо нафар парса задаанд. Чоплусу тардоману хушомадгуҳо лак андар лак. Аммо Абдуллоҳ инҷо аз он ҷиҳҳат “особий”  ва асбоби аёнӣ аст, ки дар ҷойи Мулло Аёмиддин ва мулло Абдураҳим меояд. Чун Раҳмон ва бахусус “масъули амнияти 9 миллион аҳолӣ” хуб медонанд,ки Абдуллоро “одам” кардагиҳо имруз дар гирди мизи ҷаласаи Варшава менишинанд ва Абдуллоҳ бояд онҷо ба унвони таъкиди пирузии Раҳмон бар мухолифин-нерӯҳои милливу мардумӣ бинишинад. 

 

....”Музокира бо кӣ? Ба суол суол гузоштааст Абдуллоҳи Раҳнамо- соҳиби “зарфияти қавии зеҳнӣ” ва илова кардааст,ки “бо чанд шахси норозӣ,ки аз ҷавобгарӣ фирор карда, дар Аврупо ҳавзаи роҳат ёфта, аз дур ба воситаи шабакаҳои маҷозӣ ва фейкҳо фазои мухолифат месозанд”?

 

 

  Инҷо ба ёди кас ҳамон пуписаву дағдағаҳои  Раҳмон меяод,ки мегуфт, мо бо онҳое,ки дасто то оринҷ олуда ба хун аст музокира намекунем вале вақте зураш омад, хесту вертолетро савор шуду Афғонистон ба побуси устод Нурӣ рафт. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигари масъала он аст ки ин “шахсони норозии аз ҷавобгарӣ фирор карда” аз кадом ҷавобгарӣ фирор кардаанд? Бар фарзе,ман, Кабирӣ,Ризоӣ,Суҳроб, Шамсиддин Сайид ва садҳо нафари дигар аз кадом ҷавобгарӣ фирор кардаем? Аз табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим? Фикрат ва ишораат ҳамин аст? Инро,ки медонӣ дуруғе бузургест,ки бар пойи ҲНИТ бастанд ва агарки воқеан фирор намекардем, ҳоло дар канори дигар бародарҳо,ки онҳоро хуб мешинохтаӣ,будем. Ҳаминро мехоҳӣ?  Барои Раҳнамо бисёр-бисёр муҳим аст ки Кабирӣ ҳам дар канори Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳайит дар зиндон мебуд? Ҳоло,ки омадӣ, бигиру бибараш, то ҷавоб диҳад. Аммо ҷавоб ба чӣ ва барои чӣ? Мо таҳдид ба ҷонамон буд,ки фирорӣ шудем. Ҳавзаи Аврупо барои мо роҳат нест. Мо дар ватани худ бояд роҳат дошта бошем. Аммо водор кард,ки паноҳандаи кишвари дигар ва дар ин ҳолат қарор дошта бошем.Ҳоло акнун таъна мезанед,ки чанд норозии фирорӣ?Дар тааҷҷубам аз ин гуна ҳарфу ҳиҷои як нафаре,ки худро донишманд мегирад.

 

Дар идомаи ин мусоҳабааш Абдуллоҳ гуфтааст,ки мо-ҳамин гурӯҳи заиф “вуҷуди физикӣ” надорем.  Агар вуҷуди физикӣ надошта бошем  чаро шумо аз навиштаҳои  мо дар шабакаҳо норозиед,ки “падару модару духтару зану домоди касе...ро” мазоҳу мазҳака кардаем. Ун “касе” кӣ аст? Чаро номашро намебарӣ?Агар мазоҳу мазҳака набуд, мешавад мазоҳу мазҳака кард? То шамол набошад барги дарахт намеҷунбад, ин мақоли мардуми тоҷик аст.Кадом гуфтаи мо бе далел,бе санад ва бе мадраку шавоҳид буд?

 

  Зимнан ин мусоҳибаи Раҳнамо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои доманадореро ба бор овард ва худи ӯ ҳам ногузир шуд ворид бишавад ва аз худ дифоъ кунад. Дар яке аз ин бигумагуҳо гуфтааст,ки ӯ 10 соли пеш ва дар толори Наҳзат гуфта буд,ки “Андешаи бузург дар дасти гурӯҳи заиф аст”. Бале, ёдамон ҳаст,ки ҳамин тавр мегуфт ва менавишт. Аммо ҷудо аз онки моро заиф мешуморад, оё имрӯз ҳам бар ин назар бошад,ки он “андеша” ҳоло ҳам “бузург” боқӣ монда аст. Ва ё он андешаи бузург имрӯз дигар аз муд рафта ва дигар ҳақиру кучакасту коромад нест? Аз суи дигар суол ин аст ки магар заифон метавонанд “андешаи бузург” дошта бошанд? Ин чи гуна заифҳоянд, ки тавонистаанд андешаи бузург дошта бошанд?

 

Ва  дар ҷое дигар ба Дориюш гуфтааст,ки руи сухани ӯ ба самти мазҳабиҳо буд, на ба ӯ.Аҷаб мисле,ки худаш бемазҳаб шуда бошад. Ба Дориюш маслаҳат додааст,ки бо “онҳо наздик нашавад ва кораш афтад баъд мешиносад”. Магар мо ба Абдулло чи зарару зиёне расонида бошем? Мешавад ошкоро бигуяд, ки ин гурӯҳи заиф чӣ хисороте расонидааст? Шояд имрӯз дар танаффуси ҷаласа  дар ин бора суҳбат мекунад?

 

Вале ҳоло гумон намекунам,ки Абдуллоҳи Роҳнамо,ой мебахшед Раҳнамо битавонад ончиро ки даҳ соли пеш мегуфт, бигуяд. Дигар андешаи даҳ соли пеши мо ва андешаи айни замони моро Абдуллоҳ болояш хати бутлон кашидааст. Ӯ дигар ба ҳеҷ сурат наметавонад, он андешаи даҳ соли пеши моро,ки ҳоло ҳам дунболаш ҳастем, бузург бигуяд, вагарна мавриди хашму нафрини “фабрикаи ҷавоб” хоҳад шуд. ”Фабрикаи ҷавоб” гуфтаму хотирам омад,ки ҳамин лақаб, барчасп ва ё тахаллуси  имрӯз мудшуда ва оммафаҳми “фабрикаи ҷавоб”-ро бори аввал бародар Абдуллоҳи Раҳнамо вориди расонаҳо карда буд. Ҷолиб ин ҷост,ки акнун худ дар сафи “фабрикантҳо” қарор гирифтааст ва яке аз онҳо шудааст.  Ва акнун ҷабри рузгор (тафсири Дориюш аз вазъи феълии Абдулло)-ро бубинед,ки “фабрикаи ҷавоб” Абдуллоро водор кардааст, ки аз “фабрикаи ҷавоб” дар баробари ҳамсафони собиқаш ҳимоят кунад.Агар ки дар мавқеи қаблиаш буд, иззат ва эътибор дошт,аммо имрӯз ба як адвокати бепули давлатӣ ва ба як спикери режими Раҳмон табдил шудааст. Танҳо барои онки бигузоранд,ки литсеи “Раҳнамо” фаъолият кунад ва ба Роҳнамо пул оварад.Гур сари пул шавад,ки акнун Раҳнамо,ба навиштаи Сайёфи Мизроб “устод Абдулло” метсенат шудааст  ва ҳар сол ба ятимон кумак мекардааст.Ин литсейе аст,ки бунёдкору созандаи он Зайд Саид дар кунҷи зиндон аст. Вагарна Абдулло ҳам як “бачаи деҳқон” буд,ки тобистону зимистон як ҷома ба тан дошт.

 

 Дар ҷое дигар аз мусоҳиба бо тафохур гуфтааст,ки “22 сол аст ки дар давлат” аст.Аммо як раҳ бипурседаш,ки маоши бистудусолааш имкон медод,ки ҳадди ақал барои бинои он литсей фарш бихарад? Дигараш ҳам ин аст ки 22 сол дар давлат аз куҷо? Магар кадри сифоизаи оппозитсион нест? Шаш сол дар Дастгоҳи иҷроия будам... чанд сол ..сардори раёстҳо дар МТС. Шаш сол помошник-дастёри Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода буд, чун устод Тураҷонзода ба ин “кудаки бо қуттӣ”-и худ дареғ надошт “ҳайфаш омад” ва аз саройи мусофирони сарупобараҳнаи Теҳрон овард ва нону обу либос доду ва ҳамроҳаш боз баргардонд ба Душанбе. Вагарна киро ғами Раҳнамо буд дар давлати Раҳмон ва ҳамин ҳоло ҳам Пешвои миллат чи парво дорад,ки рубаруоӣ барои Абдуллоҳ бо Кабирӣ ва ё Шамсиддини Сайид барояш чи қадар душвор аст ва бо чи азоби виҷдоне дар як толор бо онҳо менишинад ва бахусус дар ҳоле,ки масъалаи Зайд боло мешавад. Бале,танҳо дар ин миён ҳамин як литсей асту бас. Агарки амволи бештар насибаш мешуд, ҳоло чи кор мекард? Ва,билфарз дар МИД ва ё ҳамон Дастгоҳи иҷроияи “завотдел” ва ё сардори раёсат мебуд ва ё мушовири калон ҳоло чи гапҳое менавишт? Ҳамин помошникиву дар як муассисаи илмии назди ҳукумат кор кардан агар касро одами давлат карда бошад, .....агар дар худи давлат кор мекард, имрӯз чи ҳадисе халқ ва вазъ мекард:

Гурбаи мискин агар пар доштӣ,

Тухми гунҷишк аз ҷаҳон бардоштӣ,

Ин ду шохи гов агар хар доштӣ,

Ҳеҷ касро пеши худ нагзоштӣ.

Абдулло навиштааст,ки “ман муаллифи мавқеи худам” ҳастам ва бо худам  шукуфоии Тоҷикистону бунёдкориҳои Пешвои миллатро Варшава мебарам. Ин чизҳоро бароӣ кӣ ва барои чӣ меоварӣ? Барои мо,ки аслан даркор нест. Барои масъулони ин нишаст комилан зарурат надорад. Шояд барои мухолифини мухолифин меоварӣ. Хуб мекунӣ. Онҳо муштоқи буи туву буи Пешвоянд. Аммо бояд бидонӣ,ки кадом мавқеъе ҳам ҳеҷ гоҳ надоштӣ ва дошта ҳам наметавонӣ. Ҳарчизе, ки то имрӯз шудиву будӣ дар пайи нависонависат дар бораи ҲНИТ ва  ӯ созмонҳои амсоли ӯ соҳиби “андешаи бузург” ва муаллифони он андешаи бузург мисли Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода аст.Ва болотар гуфтам,ки на маоши помошникӣ ва на маош аз МТС,балки кумаку дастгирии устод Турҷаонзода ва Зайд Сайид буданд,ки дар қатору шумор даромадӣ. Акнун,ки ин ду дигар мисли пешина нестанд, ва ҲНИТу Кабирӣ ҳам дар берун аз кишваранд, мавқеат ҳам дигар шуд.Солҳои пеш чи қадар зиқ мешудӣ,ки наздикони Пешво-домодҳояш аз Зайд бисёр “мекананд”. Абдулло  маълум шуд,ки барои худат мавзеъ ва мавқеъ касе аст,ки нон бидиҳад.Инки мегуӣ Тураҷонзода “мухолиф” нест, чӣ аст? Тураҷонзода мисли садҳо ҳазор тоҷики дигар сокит аст. Ё мегуӣ,ки мувофиқ шудааст? Хуб, шояд, гуфтаи ту бошад. Чун дастёраш будӣ як замон ва на танҳо дастёр,дастархончӣ ҳам будӣ. Аммо фикр накунам,ки Тураҷонзода имрӯз бо чун туе “муаллифи мавқеъ” дар миён бигзорад,ки мувофиқ аст ва ё мухолиф. Аммо чаро ба худат иҷоза медиҳӣ,ки мавзеъ ва мавқеи Тураҷонзодаро изҳор бисозӣ? Хеле ҳам номардона шахсиятсузӣ карда сукути ӯро суиистифода мекунӣ?

 

Боре ҳам як раҳ аз ҳолу аҳволаш хабар гирифтаӣ? Ва ё ягон маротиба аз вазъи фарзандони Зайд дидан кардаӣ? Боре рафтӣ ба ҳабсхона ва “дачка” кардӣ? Ин “дачка”-и ӯст,ки зиндагиат пеш меравад, вагарна бо маоши МТС-ат аз куҷо метсенат мешудӣ? Дар ҳар сурат аз муҳосиботи литсеят бохабар бишав,ки кадом рӯз парпечонат накунад ва налогҳоро сари вақт бисупор ва ягон талабаи изофӣ аз он шумораи расмӣ қабул накун,ки балоеро бар сарат меоранд. Зеро агар ки ҳатто забонатро берун оварӣ ва лесолес кунӣ ҳам боварат намекунанд. Инро бояд хуб дар ёд дошта бошӣ.

 

 Давлат соли 92,97 ва ҳатто 2015 нест. Ободӣ карда истодааст, ....гуруҳи заиф, ....чанд нафари норозӣ чи кор ҳам аз дасташ меояд. Ин бардошти Раҳнамо аз вазъи мавҷудаи кишвар аст. Мо меравем ва ҳамин ҳарфҳоро мегуем, ҳамин аст маънии гуфтаҳои Абдулло бо Ховар. Ҳамаҷо тинҷ. бунёдкорӣ, давлат пурқувват, амнияташ таъмин.

 

   Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо фаромӯш мекунад,ки дар чи ҷаласае ҳузур хоҳад дошт.Инҷо аз қудратиҳои қудратманд не,аз табаддулоти тақаллубӣ не, аз ҳуқуқу озодиҳо мепурсанду мегуянд,аз он  мегуянд, ки одамҳо дар Тоҷикистон мисли одам зиндагӣ мекунанд:- мехуранд,мепушанд, маош мегиранд,истироҳат мекунад ва амсоли ин. Аз он мегуянд ки,чаро Раҳмон давлати демократӣ мегуяду 28 сол аст ки рафтанӣ нест. Аз он мегуянд,ки чаро Раҳмон дар фикри овардани  фарзандонаш ба ҳокимият аст. Аз он мегуянд,ки чаро бахши бузурге аз тоҷикҳо имрӯз дар кишварҳои урупоӣ сарсону саргардон, чаро занону мардони ҳатто солхурда инҷо омадаанд? Ба онҳо чи шудааст?Аз он мегуянд,ки дар зиндонҳои Тоҷикистон чаро одамҳоро ҳукумат парронида мекушад? Ва,ҳазору як гапу ҳарфи дигар. На аз гурӯҳи заиф ва давлати қавӣ.  Шояд аз он ҳам бигуянд,ки  афроди муҳташаме мисли доктар Абдуллоҳи Раҳнамо, муаллифи мавқеи худ дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, аммо дар Тоҷикистон афроде мисли Зайд Саид. Бидуни каддом гуноҳе равонаи зиндон шудааст? Чаро? Ҳол ба Абдуллоҳ  ҳеҷ савол надиҳанд. Танҳо ҳаминро бипурсанд,ки чун ту тутиёи сухангуи Раҳмон шудаӣ метавонӣ таъйид ва ё такзиб кунӣ, ки Зайд дар воқеъ духтари ноболиғ ва модари ӯро таҷовуз кард ё не? Бидуни шак дар ин маврид ҳукумат барои дифоъ аз худ агар Дабири кулли СММро ҳам роҳӣ кунад,ҳарфе гуфта, ҷавобе дода наметавонад. Як чирту пиртҳое мегуяд,ки Абдулло ҳам шояд истисно нест.Аммо ҳоло ҳама мутаваҷҷеҳанд,ки Абдулло дар бораи зиндониҳои сиёсӣ,аз ҷумла Зайд Сайид чи мегуфта бошад?

 

Иззат Амон ва хеле аз бародарони дигар,ки барои тамоми умр санги қаноатро дар миён бастаанд дуруст ташхис кардааст,ки барои ишкам ва нафс шуда имону ақидаро ба савдо задан хеле кори бад аст. Ӯ воқиан ҳам дуруст мегуяд.Вагаран барои Муҳаммадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ ҳамчунин ваъдаҳое доданд,ки  шароити шуморо “шик” мекунем,аммо такон нахурданд. Осон нест,ки дар ин як умри кутоҳ ду бор ва аз ҷабри як ҳамватани худ маҷбур ба тарки ватан ва хонаву дарат бишавӣ. Осон нест Абдуллоҳи Раҳнамо,ки мо дар ин сол боз ҳам дар ғурбат бошем.Ту кӣ ғарибиро таҷриба кардаӣ. Гумони ман ин аст ки шахсияти Раҳнамо дар як ҳолате қарор дорад,ки ба ду бахш тақсим шудааст.Як бахшаш ончики дар вуҷуди ӯ тули беш аз 45 сол шакл гирифтаву шах шудааст ва як бахшаш он ки имрӯз тазоҳур менамояд, ҷилва медиҳад.

 

Раҳнамое,ки  тамоми умр афкору андешааш машғул ва марбут ба ҲНИТ ва ҳаракатҳои  исломӣ буд ва аз онки онҳоро террорист меномиданд, сахт ғашаш меомад, аз онки ифротӣ ва тундгаро медонистанд нороҳат мешуд ва мегуфт, ки ин ҳама айбу иттиҳом ба исломи азизро яҳудиҳо ва ғарбиёни исломситез мондаанд, комилан иваз шуд.Ҳеҷ гоҳ,ки оромиши руҳиву қалбӣ надорад. Ҳолу вазъаш ба ҳам рехтааст.Аммо бар ивази чӣ? Бар ивази ҳамон як литсей? Магар мешавад ба ҳамин роҳатӣ ҳама арзишҳоро, ҳама, ҳамаро, дустону бародаронро иваз карду дупагона  ва дуруя шуд.

 

Шояд, баъди бозгашт аз Варшава барои Абдуллоҳи Раҳнамо,ки акнун 22 сол аст марди давлатӣ шудааст, ягон вазифае калонтар бидиҳанд. Наход ин қадар заҳамот беподош бимонад? Ва дар ҳамин мансабаки пасти давлатии мушовири мудири МТС бознишаста бишавад?

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.