И.Ёқубов:“Ҷоизаи Воҳидова, обрӯи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳон аст”.

И.Ёқубов:“Ҷоизаи Воҳидова, обрӯи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳон аст”.

 

 

Мусоҳиба бо Илҳомҷон Ёқубов,раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва муассиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Файзинисо Воҳидова

 

     Ислоҳ:- Қаблан огоҳ шуда будем,ки шумо дар садади таъсис ва роҳандозии Ҷоиза ба номи шодравон Файзинисо Воҳидова ҳастед. Ҳоло ба ин ният расидед,ки самимона табрикатон мегӯем. Аммо дар ҳар сурат коре саҳлу сода ҳам нест,ки дар як кишваре хориҷӣ ҳамчунин ҷоиза ва он ҳам бо мақоми байналмилалӣ  сабти ном бишавад. Мақомоти вазорати адлияи Литва дар бораи шахсият ва фаъолияти Воҳидова огоҳӣ доштанд?Бо чӣ далоил онҳоро мутақоид кардед,ки таъсиси ҳамчунин ҷоиза лозим аст?

 

 

 Илҳомҷон Ёқубов:- Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

  Ёдатон бошад 12-уми феврали соли равон дар шаҳри Вилнюси Литва мо як конфаронси байналмилалиеро доир карда якҷо бо иштирокдорони он маросими ёдбуди марҳум муаллимаи азизу гиромӣ, ёдашон гиромӣ ва ҷояшон ҷаннат бошад доир кардем.

   Дар он маҳфил бо ҷамъе аз дӯстон ва намояндаҳо аз созмонҳои ҳуқуқи башар аз кору пайкор ва зиндагии пуршебу фарози ин Бонуи ҳуқуқи башар  ёдовариҳо кардем ва хотираашонро гиромӣ доштем. Онҷо ҳам эълон  кардем, ки дар назар дорем барои зинда нигоҳ доштани хотираи ин бонуи мубориз дар роҳи ҳимояти ҳуқуқи инсон ҷоизаеро ба номи он кас “Ҷоизаи Файзиннисо Воҳидова”  таъсис бидиҳем.Ҳама ҳозирини ин маҳфил аз ин пешниҳод истиқбол карданд. Ва инак аз ҷониби созмони Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳамаи аснод омода гардид ва ниҳоятан муваффақ шудем,ки дар таърихи 16уми июли соли ҷорӣ  ҷоизаи номбурда таҳти рақами 305214908 аз ҷониби вазорати адлия кишвари Литва сабти ном шавад. Бале, аз кору пайкори муаллимаи шаҳид дар ин кишвар огаҳӣ доштанд. Муаллима се маротиба ба Литва сафар карда буданд ва ҳамчунин раводиди охир, ки ҳаққи сафар ба кишварҳои узви Шенгенро дошт барояшон маҳз вазорати хориҷаи ҳамин кишвар дода буд. Вазорати хориҷа ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ин кишвар фаъолият доштанд барояшон шахсияти муаллима ошно буд ва аз кору пайкор ва ба хусус фишорҳо ва таҳдидҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва ба хусус аз ҷониби КДАМ алайҳи он кас ба кор бурда мешуд пурра огоҳӣ доштанд. Ростӣ,кадом мухолифат ва монеа барои сабти номси расмӣ ҳам пеш наомадааст.

 

Ислоҳ:- Ҳадаф аз таъсиси “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова”?

 

 

 Илҳомҷон Ёқубов:- Тибқи Ойиннома ҳадаф аз таъсиси ҷоизаи байналмилалии Воҳидова  ташвиқ ва қадрдонӣ аз афроду созмонҳое аст,ки фаъолияти худро сарфи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии андеша ба хусус дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ кардаанд.

 Инро бояд махсус тазаккур бидиҳам,ки ин аввалин ҷоизаи байналмилалӣ бо номи як тоҷик ва он ҳам зан- модар мебошад,ки дар як кишвари аврупоӣ сабти ном шудааст. Ин боиси ифтихори миллати тоҷик аст. Мақсади мо аз таъсиси ин ҷоиза аз як сӯ гиромӣ доштани ёд ва номи неки шодравон Файзинисо Воҳидова аст аммо аз сӯи дигар ташвиқи мардуми Осиёи Марказӣ, ба хусус мардуми Тоҷикистон дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи хеш ва ҳамчунин қадрдонии афрод ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аст, ки дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи башар корнамоӣ кардаанд. Зимнан ин масъаларо ҳам бигӯям,ки кори созмон танҳо иборат аз ҷоиза супорӣ нест ва ин созмон тибқи ойинномаи фаъолият ҳақ дорад, ки китоб, дастуруламал, брошюраҳоро нашр ва ҳамчунин ҳамоишу конфаронсҳои байналмилалӣ баргузор кунад ва болотар аз ин ҳақ ва қасд дорад, ки тадқиқоти худро дар робита ба марги мармузи Файзинисо Воҳидова анҷом диҳад, зеро ман мутмаин ҳастам, ки муаллима бо марги табиӣ реҳлат накардаанд.

 

Ислоҳ:- Ҷоизаро киҳо метавонанд сазовор бишаванд?

 

   Илҳомҷон Ёқубов:-  Тибқи ойиннома шахсиятҳое,ки дар умури ҳифзи ҳуқуқи башар, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирону рӯзноманигорон корҳои қобили мулоҳиза кардаанд , дар тақвияти амнияти ҷомеаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин барои рушди матбуоти озод ва ҳамзистии мазҳаби ва қавмӣ саҳм ва ҳиссаи арзанда гузоштаанд, барандаи ин ҷоиза хоҳанд буд. Ҳамчунин дар баробари шахсиятҳои алоҳида созмонҳои дохиливу хориҷии тоҷикӣ ва низ созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи мардум ва ба хусус зиндониёни сиёсӣ кору фаъолият доранд, сазовор барои гирифтани ин ҷоиза хоҳанд буд. Дар нақша ҳаст, ки дар ояндаҳо ин ҷоиза ба онҳое эъто бишавад, ки дар курсии қудратанд,масалан сарвазир ва ё президенти кишварҳоеанд, ки барои тақвияти риояти ҳуқуқи инсон ва озод кардани озодандешону дигараандешон ва маҳбусони сиёсӣ саҳми беназир гузоштаанд.

 

  Ислоҳ:-  Интихоби нафари баранда аз рӯи кадом меъёрҳо сурат мегирад?Ҳакамон киҳо хоҳанд буд?

 

  Илҳомҷон Ёқубов:- Интихоби шахсиятҳо ва созмонҳои ғолиб кори  Комиссияи эътои ҷоиза хоҳад буд. Ҳоло комиссияи барои муайян кардани барандагони Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ф. Воҳидова дар ҳоли таъсисёбӣ аст ва чанде аз шахсиятҳо аз ҷумлаи ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон даъват шудаанд, ки узви он бишаванд ва дар муайян кардани барандагони ҷоиза холисона кӯмак кунад. То ҳол беш аз 15 нафар номзадхо барои гирифтани ҷоизаи мазкур тариқи емайли расмии созмон ва ҳамчунин бо дигар василаҳои иртибот асноди худро пешниҳод кардаанд.  

 Ислоҳ:- Рамзҳои ҷоиза чи тавр муайян шуданд ва аз чи иборатанд?Ва мукофоти он аз чи иборат аст?Фарқи он аз ҷавоизи дигар?

 

Илҳомҷон Ёқубов:- Ҷоизаи Воҳидова шомили нишон,тандис ва маблағи пулӣ мебошад. Ва ин маблағ аз сӯи худи мухлисон ва дӯстдорони шодравон Воҳидова ва низ алоқамандон дар роҳи барқарории озодиҳои маданӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон  ба шумораи ҳисоби ҷоиза ворез мегардад.  

 

 Ислоҳ:- Бо онки ташкилоти шумо-Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо яке аз муассисони Паймони миллии Тоҷикистон –эътилофи ҳизб ва созмонҳои оппозитсионии тоҷик дар хориҷ аз кишвар аст,мешавад гуфт,ки ин ҷоиза ҷоизаи мухолифини тоҷик аст?Фикр мекунед,ки сабти номи ҷоизаи мазкур эътироф ва тасдиқи як созмони оппозитсионии тоҷик дар Аврупо аст?

 

  Илҳомҷон Ёқубов:- Бале, ин ҷоиза, ки аз ҷонибисозмониАнҷуманимуҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо яке аз муассисони Паймони миллии Тоҷикистон таъсис ва эълон шудааст, мешавад гуфт, ки он ҷоизаи мухолифини тоҷик аз номи миллати тоҷик аст. Имрӯз  қароргоҳи он дар Аврупо аст, вале мо ният дорем, ҳар замоне бо сари баланд ба Тоҷикистон баргаштем мақари он ҳам дар шаҳри Душанбе   ва сатҳи он ҳам болотар хоҳад шуд. Ва,умедвор ҳастем,ки  ҳукумати ҳамонрӯзаи Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии Воҳидоваро аз номи давлатамон эълом ва эъто кунад. Аз фурсат истифода бурда ба унвони муассис пешниҳод мекунам,  агарки розӣ ва омодаанд, чунин ифтихорот аз номи ҳукумати имрӯза  ба шахсиятҳо ва созмонҳо аммо бе ҳеҷ найрангбозие дода шавад, ҳозирем, ки масъулияти онр ба дӯши ҳукмат вогузор кунем. Ҳоло, ки аз номи мухолифон ин ҷоизаи байналмилалӣ дар Аврупо эълон ва ба расмиёт дароварда шудааст ва ягон монеагузорӣ ҳам набуд бояд гуфт, ки сабти номи ҷоизаи мазкур низ ин худ эътироф ва тасдиқи ба расмият шинохтани оппозитсиони тоҷик дар Аврупо аст.

 

Ислоҳ:- Афрод ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳам метавонанд, довталаби ин ҷоиза бишаванд?

 

 Илҳомҷон Ёқубов:- Бидуни шак. Барои дарёфти ҷоиза кадом маҳдудият  пешбинӣ нашудааст,ончӣ созмон ва шахсиятҳо дар дохили Тоҷикистон бошанд ва ё дар хориҷ аз кишвар. Муҳим он аст ки ба шароити пешниҳодкардаи мо мувофиқ ва мутобиқ бошад. Дар ҳар сурат ин нахустин ҷоиза дар сатҳи байналмилалӣ аст ки бо номи як тоҷик ва он ҳам як хонум таъсис ва ташкил дода шуд. Ба назари худи шумо он чи аҳамият дошта метавонад

  Ислоҳ:-  Маросими аввали эътои “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” дар куҷо ва кай баргузор мешавад?

 

 

Илҳомҷон Ёқубов:- Рӯз ва дар куҷо баргузор кардани маросими аввали эътои “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова маълум шудааст ва рӯзҳои наздик расман эълон хоҳад шуд.

  Ислоҳ:- Аммо ба дунболи нашри хабари Ҷоиза “фабрикаи ҷавоб” ниҳоят оташин шуд ва ба нашри силсилаи мақола ва наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ кард.Ва,ҳатто шавҳари марҳум Воҳидова ва келини он кас ҳам ногузир шуданд,ки шуморо барои ин амал накӯҳиш кунанд.

 

 

Илҳомҷон Ёқубов:- Бохабар ҳастам. Аммо камтарин эътиборе барояшон қоил нестам. Зеро онҳо ончизеро мегуянд,ки мақомот бар даҳонашон меандозанд. Шавҳари муаллима дар як навори видео , ки аз ҷониби КДАМ дар пойгоҳҳои иҷтимои пахш шуд , гуфт, ки “ҳар боре, ки шумоён дар бораи муаллима менависед ман касал мешавам “, касал мешавам ба маънои он ва шаҳодат аз он медиҳадки кормандони КДАМ хонаводаи Воҳидова ва аз ҷумла шаваҳарашонро зери фишорҳои равони карор додааст. Ин гуна сақат ва дурушту дағалгӯӣ нишонаи табиат ва зоти онҳост. Аммо аз онки шавҳар ва келини хонуми шаҳидро безобита ва маҷбур кардаанд, ки алайҳи банда сӯҳбат кунанд, воқеъан ҳам бори дигар чеҳраи касифи масъулони “фабрикаи ҷавоб”-ро нишон медиҳад. Тамоми талоши онҳо ин аст ки марги ҷабрии шодравон Воҳидова ҳаминхел сокиту хомуш ва фаромӯш бишавад, аммо мо ин тавр намегузорем. Дар ҳар сурат истифодаи нафароне, ки наздикони ин хонум ҳастанд, як амали нангин ва аз сӯйи дигар баёнгари аҷзу нотавонии онҳост....

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.