Инҳисор ё монополияи истиқлол

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

  Ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳоле аз Истиқлоли давлатӣ таҷлил ба амал меоварад,ки масъалаи номи забони давлатӣ ва хатти он баҳсҳои доғеро дар миёни рушанфикрон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардааст. Масъалае, ки бо тарҳ ва пешниҳоди он нахустин гомҳо ба самти истиқлол гузошта шуда буд. Ва, маҳз ҳамин масъалаи мақоми забони давлатӣ ва хатти он буд,ки ба равандҳои бедории миллат замина ва поя гузошта мардум ва рушанфикрону озодихоҳон ва истиқлолталабонро  бо ҳам муттаҳид кард ва мунтаҳо тавонистанд,ки ба забони модарӣ мақоми давлатӣ бидиҳанд.

 

 Хат ва забони давлатӣ талаб ва шиори аввали ҷомеаи рушанфикр ва зиёиҳои кишвар буд,ки аз бузургоне чун Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, М. Осимӣ ,Т. Абдуҷаббор, А. Турсун, Раҳими Мусулмониён гирифта то олимону рузноманигороне ба мисли М. Мирраҳим, М.Муҳаббатшо, Халифабобо Ҳомидов, Шарифиддин Имомов, Салими Аюбзод, Д. Атовулло, Қодири Рустам, Сафар Абдулло, Аҳмадшоҳ Комилзода ва чандин нафарони дигар бо мақомоти давр баҳсҳо, руёруиҳо ва музокираҳо доштанд.

 

Дар ҳамон соли 1989,ҳануз,ки шуравӣ барпо, Ҳизби Коммунист ва Кремлин ҳоким буд, тоҷикон тавонистанд,ки Қонуни забони давлатии худро қабул бикунанд. Дар аҳде,ки Тоҷикистон қисми таркибии Ҷамоҳири Шуравии Сусиолистӣ буд, забони давлати Тоҷикистон: тоҷикӣ(форсӣ) ном гирифт. Дар он қонун барои гузариш ба алифбои классикӣ- хати порсӣ давра ва вақти муайян пешбинӣ ва таъйин карда шуд. Дар макотиб сооти омузиши ин ҳуруф бо номи “Алифбои ниёкон” роҳандозӣ ва сафаҳоте аз нашриёт ва маҷаллоти даврӣ барои ин хат ихтисос дода шуданд.

 

   Аммо, баъд чи шуд. Ҳоло имрӯз чи ҳол дорем? Инки нахустин иқдомот ва гомҳо дар амри расидан ба Истиқлол бобарор ва муваффақомез буд, то ба имруз ҳамин тавр боқӣ мондааст? Имрузе,ки аз Истиқлоли давлат таҷлил ба амал меоварем ва 28 сол аст ки давлати мустақил дорем, гербу гимн дорем, нишони давлатӣ дорем, сафоратҳои хориҷӣ дар пойтахти Ватан мустақаранд, Президент дорем, Порлумон дорем,Кремлин мисле,ки дигар барои мо хуҷаин ва таъйинкунанда нест, оё дар воқеъ ҳамин тавр аст, оё дар воқеъ мо мустақил ҳастем, оё Тоҷикистон соҳиби Истиқлол аст? Шумо худро мустақил меҳисобед? Ва,агар мустақил ва соҳиби ихтиёр наед, пас ,мушкили истиқлоли шумо чӣ ва кӣ аст?

 

   Бузургтарин монеа ва мушкилоти Истиқлоли Тоҷикистон ва мардуми он онҳоеанд,ки  дар оғози дастёбӣ ва талошҳо барои Истиқлол бо шиору транспорантҳои зидди Истиқлол вориди Душанбе шуда ва маъалаасаф мунтаҳо бо дастгирии Кремлин ва Тошканд қудрати сиёсӣ ва ҳокимиятро гирифтанд ва ҳоло ки 28 сол дам аз Озодиву Истиқлол мезананд, на барои он аст ки бар фарзи мисол масъалаи хат ва забонро ҳал накарданд, балки аз пайи ҳалли мушкилоти фақру камбағалии худ шуданд. Ин ҳамин қабила,буд ки бо куштан ва нобуд кардани муаллифи санади Истиқлоли кишвар Истиқлоли давлатро бар суд ва манфиати худ истифода карданд.

 

   Қадриддин Аслонов,раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро имзо кард ва ин хабари хушу руҳангез ба таври оҷил дар тамоми Тоҷикистон пароканда ва паҳн гардид. Аммо ҳамин Раҳмон ва ҳаммайдонҳои ӯ вориди саҳна шуданд бо шиорҳои зидди Истиқлол ва бо барқарории СССР ва бо маҳви Ислому демокросӣ.Ва ҳамин Раҳмону ҳамсангаронаш  муаллифи имзои Истиқлолро бо дастони ҷиноятпешае,ки байрақи сурхи гербу болға дар даст СССС-ро барқарор мекунам, демократияро аз Тоҷикистон нобуд мекунам, нест бод муллоҳо мегуфт,паронида кушт. Муаллифи санади истиқлоли давлатиро оне кушт, ки имруз даъво ва сухан аз истиқлол ва аҳамияту муҳиммияти он мезанад. Аслонов кадом гуноҳе надошт, гуноҳаш ин буд ки Тоҷикистонро мустақил эълон кард.Раҳмон ва Сангак Аслоновро не, истиқлолро, озодиро, соҳибихтиёриро, куштанд. Озодӣ ва Истиқлолро куштанд ва ҳоло бидуни онки шарманда бошанд ва ҳоло бидуни онки аз мардум ва миллат омурзиш ва афви ин ҷиноят ва хиёнаташро бихоҳад Истиқлол ва Озодиро меситояд.

 

Озодӣ ва Истиқлоле,ки танҳо ва танҳо барои ӯ,хонавода ва қабилаи ӯ манфиат ва файзу баракат овардааст. Шурбахтона, дар оғози марҳалаи Истиқлол давлат ба дасте афтод,ки на фақат аз мафҳуми истиқлол бӯ набурда буд, балки муқобили он буд.Он ки Раҳмону навкару чокараш Истиқлол мегуянд, барои худ мегуянд, чунки ба маҳзи истиқлол аз қашшоқӣ ва аз гушнагӣ раҳо шуданд, аммо баракс мардуми тоҷик дар шароите ба сар мебарад,ки барояш даврони шуравӣ ба каррот беҳтар буд. Дуруст аст,ки дигар Маскав барои иқтисоди Тоҷикистон нақша намекашад, план намедиҳад. Вале суоле,ки аксарияти мардуми тоҷиқро гиҷу гаранг кардааст ва ба он посух меҷуяд ин аст ки агар мо соҳиби ихтиёр, соҳиби истиқлол шудаем,пунбаву алюминиюмамонро худамон мефурушем,Кремлин ҳақи марказро намегирад,пас, чиро мо ҳоло ҳам қашшоқем,бенавоем? Пас, аз кӣ мустақил шудаем ва аз куҷо? Зери итоати кӣ будем, юғи кӣ дар гардани мо буд? Мо чиро ва чи гуна аз Крмелин раҳо ва озод шудаем,ки садҳо ҳазор, миллионҳо имруз дар Русияанд ва амалан табаъаи ин кишвар. Миллионҳои мо ҳавасу орзуи дарёфти мақоми шаҳрвандии Русияро дорем,чаро? Чаро, мо дар ватани мустақили худ, соҳибихтиёри худ кору фаъолият надорем, имрузу ояндаи худро наметавонем дошта бошем.Шарт мебандам,ки агар раъйпурсӣ гузаронем, ки кӣ тарафдори истиқлол ва кӣ тарафдори ҳамроҳшавӣ бо Русия аст, беш аз 90% барои ҳамроҳшавӣ ба Русия “оре” ва “ҳа” мегуянд. Зеро Истиқлоли давлатро онҳое,ки зидди Истиқлол буданд, дуздиданд, ғорат карданд, ғаноими ҷангӣ шумориданд, ба гарав гирифтанд. Ва то замоне,ки сари қудрат ҳастанд, бо ҳамин шева ва минвол идома хоҳанд дод:- яғмогарӣ, задану бурдан, “оптом и в рознице” ё яклухт ва чакана фурухтан. 

 

Ин тавр гумон ва пиндоштан,ки мо мухолифему  пешравиҳоро намебинем ва ё нодида мегирем ва ё инки мо замони аҳди коммунистиро авлотар медонем, ғалати маҳз аст. Инҷо ман аз воқеияте,ки мову шуморо фаро гирифтааст, аз муҳит ва вазъи ватанам,ки ҳоло сахт пазмонаш мебошам, аз шароити кору зиндагии ҳаммилатонам меандешам. Аз онҳое меандешам,ки барои Истиқлол ва озодии Тоҷикистон ҷон бохтанд, маҳбус шуданд. Вале магар дар муҳите,ки зиндагӣ пеш намеравад, гузарони рузгор ғайримумкин аст,замзама ва суруди Истиқлол ба кӣ мефорад?  Истиқлол барои Раҳмону хонавода ва қабилааш  рифоҳу роҳат овардааст.Дигар УАЗ неву Мерседес савор мешавад, ”пшеничний”нею виски мехурад. Дар бораи Т-40, ДТ-75, сеялка, касилка, комбайни “Нива” фикр намекунад.Самолет, вертолёт ....  суратҳисобҳо дар Вирҷини,Қибрис, Пономо (Аммо ҳоло хабар чоп шуд,ки дар Ҳолланд 22 миллиард доллари Назарбоевро мунҷамид ва масдуд карданд). Худ қазоват кунед,ки  бо ин вазъу ҳол мешавад зиндагӣ ва рӯзгори мардумро бо хонаводаи Раҳмон қиёс кард?

 

   Агар Истиқлол набуд роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ ва пули он Спитаменбонки домодаш мешуд?

  Агар Истиқлол набуд Рустам- раиси шаҳри Душанбе ва Озода-роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мешуд?

  Агар Истиқлол набуд ҳафт домоду ҳафт духтар ҳафт бонк дошта метавонистанд?

  Агар Истиқлол набуд Эмомалӣ Шарипович, собиқ раиси колхоз,Президенти Тоҷикистон ва  мултимиллиардер мешуд?

 

    Халқ бенавову камбағал,бечора, хонасалот, ҳақир,мазлум, беҳуқуқ,зиндонӣ,туҳматшуда,хоин,салафӣ,наҳзатӣ ва экстримист унвон, ва ба хоки сияҳ яксон шуд. Аммо Эмомалӣ Шарипович даруни қасру кушк, савори мошинҳои садҳазордолларӣ. Истиқлол мардумро ба сармоя, ба матоъ,ба мол, ба маҳсулот, ба чиз ва ба канданиҳои фоиданок соҳиб кунад, аммо Раҳмонро ба соҳибмулк, ба тоҷир, ба капиталист  ва ба фермер табдил додааст.

 

    Абдуфаттоҳ  Шарифзода, сухангӯи Раҳмон аз  Нуриддини бародари ӯ тавре сифат кардааст, ки Ҳотами той ва Қоруну  Ҷорҷ Соросу Алишер Усмонов  дар пеши ҷуду караму саховати ӯ об хуранд.  Агар истиқлол набуд, ин тракторчӣ амакии Мавлоно Нуриддин чи тавр ба як бизнесмени соҳиби ҳазорҳо ҳектор мазореи кишт, боғот, сабзиҷот, дарраҳои хушманзара,мамнуъгоҳҳо, ки наъузу биллоҳ рашки фирдавс мекунанд,  фермаҳои моли калони шохдору майда ва мурғ мубаддал мешуд. Бале, инҳо ҳамон % истиқлол аст. 

 

  Даромади Истиқлол на барои давлат, на барои раият, даромаду пулҳои истиқлол ба хона ва хонаводаи  Раҳмон  сарфу харҷ шуда истодааст. Садҳо кони тиллову нуқра ва мису симобу сурмаву қалъагиву .... ро ба хитоиҳо фурӯхт.Истиқлол барои Раҳмон бизнеси бидуни кризис шудааст. Миллион-миллион тоҷик муздури рус, даҳҳо ҳазор тоҷик овораву паноҳанда  аст. Куни тоҷики соҳибистиқлолро луч карда дар интернет партофтанд.Тоҷики соҳиби истиқлол имрӯз барои гирифтани мақоми шаҳрвандии Русия “очурат”  меистад. Ба даст оварад ифтихор мекунад. Вай аз кишвараш мегурезад, ҳазар мекунад,аммо Раҳмон мегуяд,ки шукри истиқлол кунед, шукри чунин давлат кунед.....

 

Бо ин ҳол бармегардам ба ончики дар оғози навишта ва гуфтор овардам. Аз онки натавонистаем тули 28 сол мушкили дохилии худро, ҳамон масъалаи хатт ва номи забонро ҳал бикунем, имкон надорад, ки аз истиқлоли давлатӣ ҳарф бизанем.

 

Истиқлоли мо бастагии мустақим ба ҳамин масъала дорад. Дар ҳоле,ки дар шӯравӣ талошу муборизаҳои мо муваффақ буда баъд, дар даврони Истиқлоли чи тавр шуд?

 

Инки мегуянд бо пешниҳоди Шуҳрат Султон калимаи “форсӣ” аз матни Қонуни забон берун карда шуд дуруғи маҳз аст.Ин муддаои дили Раҳмон ва ҳукумати ӯ буд,ки русҳо оварда буданаш. Ш. Султон дар соли 1989 ҳам дар ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов  мақом дошт. Аммо чаро он вақт натавонист? Ш. Султон ончиро матраҳ ва дархост кард,ки Раҳмон мехост. Агар Раҳмон намехост,ки порсӣ ҳазф бишавад ва агар Раҳмон мехост, ки ҳифз бишавад, Султон чунин пешниҳод намекард.Раҳмон рад накард  ҳарфи ӯро,балки қабул кард.

 

Соли 2009 ба Қонуни забон тағйирот ворид карда шуд. Санаи қабули ин Қонуни таърихӣ аз 22 июл ба 5-октябр,рузи таваллуди Раҳмон оварда шуд.Ш. Султон ҳам вакил набуд.

 

   Агар ки Раҳмон мехост ва агар ки нияташ барои ин забону ин хат соф буд ва агар ки дастнишонда ва ҳалқабаргуши Кремлин набуд, чаро ончиро ки куллия рушанфикрон мехостанд, ислоҳи хат ва зикри номи аслии забони давлатӣ ба қонун ворид накард. Баракс, нафароне чун Низом Қосим ва Рустами Ваҳҳоб,ки он солҳо дар қатори раҳпаймоёну ҳаводорони ашадии хатти порсӣ ва забони порсӣ буданд,агарчӣ эҳтироми хоссае ба ин ду устодон қоилам,чаро дар ин росто мавзеъ ва мавқеъ табдил додаанд?.

 

 Соли 2009 Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  ба ҳангоми  баррасии лоиҳаи ислоҳот ба Қонуни забони давлатӣ пешниҳод кард,ки барои тантанаи адолати таърихӣ бояд, ки номи аслии забон- форсӣ- ба он гузошта шавад. М. Кабирӣ тавзеҳ кард,ки ҳадаф аз пешниҳоди барқарории ҳақиқти таърихӣ ва “меросбари қонунии тамаддун ва осори таърихии муштарак бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамҷавор маҳсуб шудан”-и мо тоҷикон аст. Аммо ин пешниҳод пазируфта нашуд, чун Раҳмон ва нукарону мутафаккирони бемояи он  бар ин ақиданд,ки ин хат аз они муллоҳо аст ва Кабирӣ аз он манфиат мебинад ва форсӣ гуфтан ҳам бар манфиати онҳост, чун Эрон бо онҳост.

 

Аз ин ҷиҳат мушкили хат ва забон ҳам то Ӯ дар қудрат ҳаст комилан иваз намешавад. Бояд мушкилро дар решааш ҷуст. Мушкили истиқлол ва мушкили ҳама чиз ӯст.      Ӯ на танҳо барои онки худаш ин хатро балад нест, писар ва духтараш ҳам, ки бояд баъди ӯ бимонанд низ намедонанд. Аз ин хотир Истиқлоли давлати мо ҳоло ҳам дар ҳамон марҳала ва масъалаи аввал банд мондааст. Мо бо гузашти ин ҳама сол ҳамоно дар оғози Истиқлолем. Хати  мо ва забони мо ҳар гоҳе истиқлол пайдо кард ва дар амри истифода аз ин ду рукн ва сутуни асосии Истиқлол мустақил будани мо маълум нашавад, мо номустақилем... губерния ва район ё мустамликае беш нестем....

 

Дар охир рӯҳу ёди  ҳама он шермардони бо нангу номуси миллат,ки  барои истиқлолияти аслии кишвар талошкарданд,заҳмат кашиданд, зиндонӣ шуданд ва ниҳоятан аз дасти ин мухолифони истиқлолият кушташуданд шод бошад. Аллоҳ моро ба истиқлолияти асил ва бе дастнигар будан ва бо хатту фарҳанги асили худамон насиб гардонад. Аммо чунин истиқлолиятро танҳо пас аз ин мухолифони истиқлолиятеки ҳоло нидои дурӯғини истиқлолият мезананд ва  духтарони ин миллат,ки падаронашонро ба Русия фиристодааст, онҳо дар наздашон мерақсанду ин номардон бо ишкамҳои тосида аз пули ғораткардаи ин мулк,  аз он  манзара роҳат мекунанд.То он даме ин номард дар сари ҳокимият аст, ҳеҷ истиқлолияти комилеро,ки ормонҳои ин миллат ва ниёкони мо бошад,дар хоби шабатон мебинед.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.