Интихоби “Соя”-и Назарбоев

 

  Тардиде нест, ки Қосимҷомарт Тоқаев, и.в раиси ҷумҳурӣ- сояи Назарбоев, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон пирӯз хоҳад шуд.Назарбоеве, ки сӣ сол дар сари давлати Қазоқистон истод ва як ҳокимияти мустабиди диктотуриро ба вуҷуд овард ва барои ҳамтоёни худ дар Осиёи Марказӣ намуна ва роҳи таъсису ташкил ва таҳкиму тақвияти ҳокимияти тӯлонии авторитарии як диктотури тамомаёрро бино ниҳод дар оғози баҳори соли ҷорӣ ғайри мутаваққеъ  ва ғайримунтазира истеъфо дод. Истеъфои ӯ дар воқеъ ногаҳонӣ ва боварнакарданӣ буд, бад-ин далел, ки ҳанӯз кадом шиква ва шикояте аз сиҳатияш надошт ва муҳимтар аз ҳама ба ҳадде ба арикаи қудрат паҳлу зада буд, ки тамоми олам мутмаин буд, танҳо малакулмавт метавонад аз ӯ курсиро бигирад.Аз ин лиҳоз истеъфои ӯ дар оғоз хело аҷиб ва барои озодандешону мардумсолорон хушҳолкунанда ба назар мерасид. Миллионҳо  нафар дар кишварҳои Осиёи марказӣ, ки заҷри диктотурӣ мекашанд хушҳол мешуданд,ки дар ниҳоят дар кишварҳои куҳнадиктотурии осиёӣ ҳам равандҳои тозае шурӯъ мешавад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ба кишварҳои озоду мардумсолор иваз мешаванд ва дар кучаи мо ҳам ид мешавад. Зеро чуноне гуфтем, ин Назарбоев буд, ки намунаи дурушту дағали як диктотурро барои роҳбарони кишварҳои дигари ин қора  ба вуҷуд оварда буд ва дигарҳо шуруъ аз С. Ниёзов, И. Каримов, А.Акаев то Э. Раҳмон дар тақлиди ӯ “бошӣ”-иву “пешво-”ву  кадом алқобу рутбаҳое нестандаҷаҳонро барчаспи номи худ кардаву қонуни асосии кишварҳоро  дар зери пойи худ мутобиқ ва мувофиқ карданд ва худро раиси якумрӣ эълон намуданд.

 

Мунтаҳо Назарбоев ин бор ҳам аз ҳила кор гирифт ва нагузошт, ки кишвар дар роҳу равиши мардумсолорӣ гом бизанад ва ҳамоно низоми худсохтаи худро ба шакли дигартаре ҳифз кард.Варианти дигартар аз Путинро барои дур нарафтан аз қудрат  ба кор бурд. Қудратро дар ихтиёри худ дорад вале ғайри мустақим.Чуноне ки В.Путин дар Русия ин як чунин ҳиллабарномаеро якҷо бо Медведев татбиқ намуду дубора боз ба ин шакл худро ду маротибаи дигар қонунан тавонист раисҷумҳур кунонад.Аммо қабл аз сарвазир шуданаш Путин салоҳиятҳои раисҷумҳурро ба сарвазир вогузор намуд.Худаш сарвазир шуд ва вақте хост дубора президент шавад он салоҳиятҳоро дубора ба президенти баргардонид.

 

  Ин усулро дар Туркия ҳам дидем,ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон вақте муҳлати қонунии сарвазирияш ба итмом расид,аввал низом идораи давлатро аз парлумонӣ ба раисҷумҳурӣ табдил дод ва худаш раисҷумҳур шуд. Салоҳиятҳои садриаъзамро ба раисҷумҳур вогузор намуд.Қудрати сиёсиро, ки қариб як аср дар дасти намояндаи ҳизби пирӯз дар интихоботи парлумонӣ, яъне сарвазир буд, ба президент вогузошт. Далел танҳо ва танҳо ҳифзи курсии қудрат аст. Агарчи Туркияро ба як кишвари муқтадир табдил дода ва барои мардум озодиҳои зиёдеро ҳам арзонӣ дошта ҷойгоҳи кишварро ҳам хело боло бурд вале диктатор ва яка ҳукми ин ғайри қобили пазириш дар низоми демократӣ аст, ки ҳеҷ тавҷеҳе дошта наметавонад. Бигузор он ҳатто “супермен” бошад ҳам, набояд барои бақои худ саҳнасозӣ кунад.

 

Ин ду мисоле буданд,ки мехостам як ишорае ба ин ду кишвар намоям,чун яке Кремл -  “шарики стратегии кишварҳои пасошуравӣ” дигари ҳукумати туркзабон,ки ҷаноби Назарбоев аз ин қавму нажод мебошад ва барои ӯ беҳтарин улгӯ метавонад бошад.

  Усуле, ки Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон амалӣ намуд, албатта дигартар аст ва ба ду ҳелаи боло иртиботи мустақим надорад вале барои равшан шудан он дуро ҳамчун мисол овардам.Ҳоло шакли севвумро бубинем,ки чӣ гуна аст ва оё он ду беҳтар аст ё ин сохти Назарбоев ташкилнамуда. Усуле, ки Н.Назарбоев кор гирифт дар олам назир надорад, чун ибтикори тозаест,ки онро метавон авҷи диктотура ва зодаи диктотура номид.Мумкин аст хонанда бипурсад чӣ гуна?

 

   Нурсултон Назарбоев “отец нация-элбасӣ”созандаи Қазоқистони навин,аввалин президент пас аз истиқлолияти ин кишвар аст. Ӯ ба худ муносиб намедонад,ки чунин шахсияте салоҳиятҳои президентиро ба сарвазир бидиҳад ва шахси дигареро президент таъин намояду худаш сарвазир шавад. Пиндори диктаторон чунин аст,ки намехоҳанд ҳеҷ гоҳ пас аз шоҳ,президент,падари миллат будан бо даҳҳо титулу ановини болохонадор худро дар мақоми поёнтаре бубинанд, Яъне барои Назарбоев мақоми сарвазирӣ ва он ҳам таҳти итоати президент “западло” дониста мешавад.Ӯ аз ин ҳолати ба худаш нописанд роҳи ҳалли созгортар ба монанди кишварҳои монархӣ ё шоҳӣ ва ё диние, масалан мисли Эрон, ки дар ин кишвар имом ё валии фақеҳ волотарин мақом дар кишвар астро пайдо кард. Барои иҷрои ин амр  бояд як шахси ниҳоят сарсупурда ва содиқ ва мухлис ва марионеткаеро пайдо намояд,ки дар ин масъала ба ӯ кумак кунад.Ӯ бояд президент бошад ва ин диктатори собиқ дар мақоме аз президент болотар дар ҳукумат қарор дошта бошад. Агарчи Қонуни асосии кишвар ба чунин шакл банду асле надорад,ки аз президент шахси болотаре дар кишвар бошад.Барои таҳаққуқ пайдо кардани ин шакли ҳукуматдорӣ тағйиру иловаҳо ба қонунҳои асосии кишвар ворид мекунанд ва ба “отец натция”  ё “аввалин президент” ва ё “созандаи Қазоқистони навин” шароит ва заминаро барои як чунин мақоми болотар аз ҳар мақом, аз ҷумла раиси давлат, фароҳам месозанд,то дар оянда тавонанд ба ин ҳадафҳояшон расанд.

 

  Аз ин ҷост, ки гуфтем интихоби сояи Фиръавн ва интихоботе ҳам, ки дар Қазоқистон ҷараён гирифт боз ҳам ҳукумати Н.Назарбоевро идома хоҳад дод. Ҳама чи ва ҳама барномаву лоиҳаҳо сохта, маснуӣ ,ҷаълӣ ва дасткоришудааст. Зоҳиран созмонҳо ва ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқ ҳам  наметавонанд Қазоқистонро ба диктатура гунаҳгор намоянд.Чунки расман ӯ дар ҳукм нест ва инчунин касе аз авлоди  ӯ дар ҳукм қарор надорад. Аммо амалан  ӯ раиси ҳизби ҳокими “Нуротан” ва дар Шӯрои амният мақоми воло ва дар ихтиёраш тибқи маълумоти мухолифони сиёсии кишвар отряд ё гурӯҳи махсусе дорад,ки онҳо  шурӯъ аз маркази давлат то вилоятҳо фаъолият мебаранд. Адади ин гурӯҳи зудамалро,ки аз ашхоси низомии обутобёфта иборатанд болиғ бар даҳ ҳазор баршумурдаанд.Инчунин вазирони амният,дохила,мудофеъаи кишвар бидуни мувофиқа бо Н.Назарбоев интихоб намегарданд.Ҳамчунин духтари ӯ раиси Маҷлиси Олии Қазоқистон аст.

 

   Қосимҷомарт Тоқаев дипломати собиқадор дар Маскав таҳсил кардааст ва ҳамчун мутахассиси Чин шинохта мешавад. Ӯ то кунун, нахуствазир ва раиси порлумони Қазоқистон низ будааст ва аз соли 2011 то соли 2013 дар шаҳри Женева барои Созмони Милал кор кардааст. Бидуни ҳеҷ шаку тардиде ӯ зери дикта ва фармони Нурсултон Назарбоев президентияшро идома медиҳад.

 

Барои ҳамаи мо ва шумо хонандаи тоҷик маълум аст,ки то имрӯз ҳеҷ президенте,ки дар Осиёи Марказӣ  аз қудрат рафтааст, дигар дар он кишвар на худаш ва на наздикони ӯ наметавонанд боқӣ бимонанд. Агар монда бошанд ҳам дар ҳолатҳои баде қарор гирифтаанд.

 

Масалан дар Қирғизистон Аскар Акаев рафт, худаш бо наздиконаш Қирғизистонро барои ҳамеша тарк карданд.Қурмонбек Боқиев сарнагун гашт, барои ҳамеша худаш бо наздиконаш аз ин кишвар фирор карданд. Алмосбек Отамбаев рафт, агарчи президенти кунунии кишварро худи ӯ сари қудрат овард ва ҳамҳизбаш ҳам буд,аммо феълан барои Отамбоев ва наздиконаш дар Қирғизистон ҷои пое вуҷуд надорад ва мумкин аст бар алайҳаш делои ҷиноятӣ кушоянд.

 

Дар Туркманистон бошад, хуб медонем, пас аз марги мармузи Сафармурод Ниёзов ва омадан ба сари қудрат писархонди ӯ президенти ҳолии кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов тақрибан ҳама осоре боқимонда аз ӯро аз китоби “Руҳнома” гирифта то ҳайкали тиллоиву аксаш аз пули миллӣ ва ҳарончи аз ӯ ба ёд мондаро аз кишвар барчид ва наздикони Сафармурод Ниёзов, аз ҷумла аз ҳамсари дуввумаш,ки  писаре дошт нопадид кард.

 

Дар Узбекистони ҳамсоя бошад пас аз марги диктатор Ислом Каримов ва сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев  ба наздикони ӯ чӣ моҷароҳое гузашт ва духтараш Гулнораро зиндон карданд ва пулҳои ӯро аз хориҷ баргардониданд ва писари ӯ Ислом Каримовро дар Лондон чӣ кор карданд,аз расонаҳо огоҳ ҳастем.Ҳамсари Каримовро ба куҷо бадарға карданд ва ҳатто номаш ба забон овардан дар кишвар мамнуъ эълон шуд, ҳамчунон ки дар расонаҳои давлатӣ ҳам минбаъд аз худи Каримов ном бурдан номумкин  дониста шуд.

 

 Бале, агар дар Қазоқистон шахсони ҷадид сари қудрат меомаданд, дақиқан ба мисли ин се кишвар, балки шароит ва авзоъи аз инҳо бадтар Н. Назарбоев ва оилаи ӯро интизор буд.Аммо вақте ӯ “истеъфо” медиҳад ба ҳамин роҳатӣ ва боз дар кишвар боқӣ мемонад ва интихоботи президентӣ таҳти назорат ва дар чавкоти муқаррароти ӯ баргузор мегардад, табъан, ки ӯ дар дохили кишвар аст ва ин дигар барои ҳар кудак маълум аст,ки чӣ гап аст инҷо. Бо онки як нафари бахуд содиқ ва савгандисадоқатхӯрдаро овард, на танҳо инки худашро дар канори болотар аз раиси ҷумҳур ҳифз кардааст, ҳамчунин тӯли ин ҳама сол ҷамъу гиркардаи худ ва аҳли байташро ҳам ҳифз мекунад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки тағйирот танҳо баъди марги “элбасӣ” дар кишвари қазоқ рух хоҳад дод ва то замоне ӯ зинда аст ӯ таҳаввуле пеш нахоҳад омад.

 

  Қабл аз натоиҷи интихобот мардуми мазлуми қазоқро бо интисоби Қосимҷомарт Тоқаев тасаллият арз менамоем.Ва ин интихоботро идомаи диктатура дар ин кишвар унвон менамоем.Нотарсида бояд эълом кунед,ки хоҳед нахоҳед мо бар шумо ҳукумат хоҳем кард.

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.