Интихоботи порлумонии 2020, ё мотами миллӣ?

Интихоботи порлумонии 2020, ё мотами миллӣ?

 

Як ҳафта ҳам намондааст. Рӯзи қабл аз он рӯз барои анҷоми ҳар гуна амалиёти интихоботӣ мамнӯъ  эълон шудааст. Ҳеҷ гоҳе ин тавр набуд,ки ҳоло ҳаст.Шиору овезае нест, аксе не,ситоде не,даъвату мулоқоте ҳам, мошиневу садоафзое, тими  ихтиёрон барои ташвиқу таблиғ,ҳеҷ кадоме ба чашм намехурад.  Аз дебату ҷарру баҳсҳо,аз барномаву вохӯриҳо, хабаре ҳам нест. Маълум нест,ки дар ин шаҳр,дар ин мулк маъракае ҷараён дорад ё мотами миллӣ аст.Ҳатто мавзӯи сӯҳбат ҳам нест,касе намепурсад,ки ба кӣ овоз медиҳӣ? Номзади шумо кист?

 

  Як ҳафта ҳам намондааст. Ин қадар ҷомеа ба мурдаоб, ба кӯли хушкида, ба кавир,ба биёбони сӯхта, ба як ҷангали қиршуда бадал шудааст. Мардум бетафовут, ҷомеа ноумед, миллат яхзада...ҳоюҳуе , шавқу шӯре, дағдағае нест, сукути мутлақ ҳукмрон аст.

 

Як ҳафта ҳам намондааст. “Ҳамааш маълум”, “бефоида”, “овоз диҳӣ- надиҳӣ маъно надорад”... “рафтанӣ ҳам нестам”, “намеравам”,  “иштирок ҳам намекунам”, “аздусар раъйи маро ба инобат намегиранд”, “худашон овоз медиҳанд, худашон ҳисоб мекунанд”....

 

 Худоё, ин Тоҷикистон аст, Тоҷикистон аст ки дар як ҳафта қабл аз интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ қарор дорад. Дили ин ватан мурда аст, руҳу руҳияи ин мардум шикаста аст, ғурури ин ҷомеа маҷруҳ аст. Як дастаи ғаддор, як гурӯҳи муташакили ҷинояткор, ин давлат, ин ватан ва ин миллат ва ин мардум ва ин ҷомеаро,ки дар оғози солҳои бозсозӣ аз бедортарин ва аз додхоҳтаринҳо буд, 28 сол аст ба хун ва ба хоки сияҳ нишондааст.Шукӯҳу шаҳомат, сиёсату салобаташ рафтааст:

 

Як бахшаш овораву дарбадар,як гурӯҳаш ҳам маҳбусу зиндонӣ, як қисматаш ҳам мутамаллиқу чоплус:- ҳайсият ва шарафбохта ва гурӯҳе ҳам даст пеши бар дар рикоби сардастаи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ камар бастааст. Дар воқеъ ҳар қадар ки мурғро пару бол мекандаед, пеши поҳоятон мепилакидаст,боз ҳам ҷафстар ва боз ҳам хамидатар мешавад.

 

 Раҳмонов ҳоло ватани озод ва ҳамватанони озодаи маро ба ҳамин рӯз расонидааст. Ин аксиома аст,ки як рӯзе ҳатман ба хуни худаш хоҳад ғалтид. Аммо то он замон чи қадар ҷонҳо ва чи қадар номусу ирзи инсонҳо барбод меравад.

 

   Хабарҳо мерасанд аз ҳар гӯша ва зовияҳо, ки ин бор  эҳсосе аз интихобот нест, рағбате, майле, иштиёқе,ки биравам номзад бишавам, нест. Ноумедӣ кишварро фаро гирифтааст. Ҷомеа  ба ҳадде озурда ва дилгазон шудааст,ки мунтазир аст, ҳатто як аҷнабӣ биояд ва ин мардум ӯро бо гулу гулдаста истиқбол бикунад. Ин бор кадом маърака, кадом сабқат, кадом корзор, кадом раъю раъияте нест. Сукути мутлақ. Ҳавлу ҳавои интихоботӣ  ба назар намерасад мегӯянд.

 

Ёдам меояд, ки рӯзҳо нокофӣ буд, ёдам меояд, ки аҳзоб аз ҷумла ҲНИТ ва аҳзоби дигар талаб мекарданд,ки рӯзҳои зимистонӣ кофӣ нест, имкони дидору мулоқот бо ҷомеа маҳдуд аст,интихоботро тобистон  доир бикунем. Дар зимистон чи тур мешавад, ки 97 дарсади кишвари куҳсорро тай зад, Бадахшон рафт ва муаррифӣ кард ва ташвиқу таблиғи интихоботӣ бурд. Даъво бар сари он буд, ки марҳала ва фурсати интихоботӣ бояд, ки ним сол муқаррар бишавад, се моҳ нокофист.

 

    Вақте ҷавонбахтиёрони наҳзатӣ тасвири бузурги устод Муҳиддин Кабириро дар чаҳорроҳаи кинотеатри Ватан ва  меҳмонхонаи Душанбе устувор мекард, вақте наҳзатиён барои баргузории анҷуман толор мепурсиданд, вақте тими наҳзат авроқи таблиғоти интихоботӣ тавзеъ мекард, вақте расонаҳо бо номзадҳои Наҳзат мусоҳабаҳо доир мекард, ҷон аз қолиби Раҳмонов берун меомад вале дар ҳар сурат маълум мешуд, ки Тоҷикистон дар як марҳалаи интихоботӣ қарор дорад, користони сиёсӣ аст, сабқат аст. Ҳатто бо интихоботи соли 2015 наметавон қиёс кард, чи расад ба корзори соли 2010,ки ҲНИТ беш аз 60% ороро касб кард ва паёми  заволи Раҳмоновро дод.

 

Раҳмонов,ки он сол Роғунро баргаи таблиғотиаш кардаву  шиору транспорантҳоро болои сар гирифта роҳпаймоиҳо доир мекард, ба он хотир буд, ки нишон бидиҳад, ки дар ғаму фикри мардум аст. Кафанпулиҳоро бароварданду доданаш, ки “моликияти истисноии давлат” сохта шавад. Бо ин ҳама тапу талошҳо ва бо ин ҳама худро дар паноҳу бари мардум заданҳо маълум шуд, ки халқи тоҷик ӯро чашми дидан надорад ва раъю овози худро ба ҲНИТ дод. Ҳамакнун баъди ҳамагӣ даҳ сол “моликияти истисноии давлат” яке ба Чин фурӯхта шуд ва дигарӣ –Роғун дар ҳоли фурӯхтан қарор дорад ва ҳеҷ зарурате ҳам намебинад,ки шиору транспорант гирифта роҳпаймоӣ ташкил бикунад, чун ҲНИТ дар ин сабқат ҳузур надорад, рақибе,ки дар ниҳояти кор гӯри Раҳмоновро бо  лутфи Аллоҳ хоҳад канд.

 

Як ҳафта ҳам намондааст.Вале Тоҷикистон як мурдасароест, “тихий час”-и тӯлонӣ, кар, кӯр, гунг  ва   номзадҳои бенишонӣ,беситоди интихоботӣ, нишонае аз интихобот нест.

 

Як фикру хиёлҳое доштам дар бораи ҲСДТ ва Раҳматилло Зоиров. Чанд изҳороту баёнияҳое интишор дода садои норизоӣ ва эътирозоташро баланд кард. Фикрам ин буд,ки ҳамин як Зоиров аст,ки ин бор “интрига”- интихоботӣ мешавад. Шоядам барои ҲСДТ ҷой бидиҳанд ва шоядам 2 ҷойе,ки ҲНИТ доштро бидиҳанд. Ва нишон диҳанд,ки интихобот “честний” доир шуд ва ҷомеа аз як ҳизби мухолифи дунявӣ ҷонибдорӣ кард. Маҷлиси намояндагон аз ҳизби мухолиф ҳам намоянда дорад. Аммо ҳамааш шуда 8-9 дар сад аст ҷонибдорони он. Аксарияти мутлақ аз ҲХДТ ва Раҳмонов ҷонибдорӣ мекунад.Аввалан ман ба чунин ҷамъбаст ва натиҷагири ин интихобот комилан бовар надорам. Раҳмонов ҳоло ба як марҳалае аз даврони диктотурҳо қарор дорад, ки хиёлаш, ки Худои ин давлат бошад(наузубиллоҳ-вай ба ҳамин марҳалаи риёсати диктотурҳо расидааст) Ва аслан ва усулан ва табиатан омода нест,ки ду курси ки чӣ,ним курсиро ба Зоиров бидиҳад.Аз сӯи дигар, ба унвони як мард ва инсон ӯ сахт ноҷавонмард ва кинагир ҳам ҳаст. Ҳеҷ гоҳ Зоировро барои онки аз мақоми мушовирии ӯ истеъфо дод, нахоҳад бахшид. Аммо агарки ӯ бар фарзе, мутақоидаш карданд, ки овардани Зоиров барои имиҷи Раҳмонов ва ба вижа Рустам судманд аст ва ӯ ду курсиро дод, боз ҳам ин ифода ва иродаи раъйи мардум нест. Ин анъоми Раҳмонов ҳисобида мешавад.Чун дар асл Зоиров на ҳатто 60%,балки аз 80% дар сад ҳам бештар раъй мегирад. Зеро тамоми ҷомеаи,чи мухолифу чи бетараф андаруни ғурфаи интихоботӣ дасташ намеравад,ки ба Раҳмонов овоз диҳад. Ин ҳам аксиома аст.Раҳмонове,ки 28 сол аст дуздиву тозӣ дорад дар бади мардум кайҳо задааст ва ҳамин ғурфаҳо ҳаст ки мардум аз вай ниқорашонро мегиранд. Дар болои ҳизбаш хати бутлон мекашанд ва табиист,ки ногузиранд аз мухолифаш дастгирӣ кунанд. Албатта, боз ҳам натиҷаро Раҳмонов эълон мекунад ва худу номзадҳояшро баранда.

 

  Дар ҳамин фикру хиёлҳо будам,ки боз ҳам Зоиров бо нашри як баёнияе дигар айнан аз ончики то ҳоло гуфтам навишта ва мавонеи дар сари роҳи ӯ ва ҳизбаш гузоштаи мақомотро тазаккур додааст. Гуфтааст,ки тақрибан  дар тамоми раванди интихобот Комиссияи марказии интихобот бо ду ҳафта таъхир корҳояшро сомон дода истодааст. Ҷаноби Зоиров  нигаронии шадид кардааст,ки танҳо даҳ рӯз барои таблиғ фурсат додаанд,ки чунин мақтаъи маҳдуди замонӣ барои таблиғи интихоботӣ дар ҳеҷ кишваре назир надорад. Бале,корҳое,ки Раҳмонов  мекунад, мисол надорад ва вориди китоби Гиннес ҳам шудааст. Аммо яқинам шуд,ки Раҳмонов ҳатто як раъйи мухолифро ҳам дохили парлумон  нахоҳад кард “ тем более” Зоировро, ки тамоми сиру пиёзаш дар дохили парлумонро, аз ҷумла ҳаҷми  маоши моҳонаашро, аз ҷумла имтиёзҳо барои тиҷорати домодҳояшро, аз ҷумла  маблағи воқеии Фонди Президент ва хеле  чизҳои дигарро, масалан ҳамин қонунҳои копӣ ва дуздидамешуда аз Русия ва Қазоқистонро. Ва шоядам ягон касе Диссернетро бифаҳмонад, ки як муруре ба қавони Тоҷикистон ҳам биандозад ва ошкор кунад, ки Маҷлиси олии қонунгузори кишвар ҳам як дузде беш нест.Эълони 10 рӯзи таблиғи зарбдори Зоиров ҳам  чизеро дар натоиҷ иваз нахоҳад кард, чун сукути мутлақ сукуте аст,ки аз тарафи Раҳмонов дастур шудааст. Ва,дигар ҳам ин аст ки барои ҳар як курсии 63 курсии пулу маблағ пардохта шудааст. Ҳоло дигар як спектакл ва як маскарадеро шоҳид хоҳем шуд,ки режиссёри фартут ба саҳна гузоштааст.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.