Ислоҳ ба Раҳмонов ва суди олии муттаҳамаш мегуяд нет

Ислоҳ ба Раҳмонов ва суди олии муттаҳамаш мегуяд нет

                   

       Бастани сайту сомона ва сафаҳоти иҷтимоии бешумор  дар шабакаи ҷаҳонии интернет аз тарафи Суди олии Тоҷикистон бори дигар гувоҳ ва шаҳодати он аст ки Раҳмонов,як диктаторе,ки саропо дар ҷиноят ғарқидааст, талош дорад аз ифшо ва ба дастраси мардум қарор гирифтани ҷурму ҷиноятҳояш пешгирӣ кунад. Аммо ин часпу талоши ӯ мақоли тоҷикии “ба ғалбер об гирифтан”-ро монад. Чунки, барои мисол дастрасӣ ба “Ислоҳ.нет” яке аз сайтҳои муътабар ва маъруф дар ҷаҳони тоҷикии интернет минбаъд низ аз ҷурму ҷиноёти Раҳмонов, режими вай,хонавода ва надимону навкаронаш хоҳад гуфт ва барояш ба қадри донаи арзан қарори Суди олии Раҳмонов арзиш надорад. Дар аввали сухан ин нуктаро акидан мутазаккир бишавам,ки “Ислоҳ.нет” як сайти мустақил аст ва ба ҳеҷ созмону ҳаракате,на ба ҲНИТ ва на ПМТ ва на ба дигару дигараш аслан вобаста нест. Ончи ҳақиқат аст онро ҳамеша дунбол ва нашр мекунад.Аммо, то ин қарори Суди олӣ ҳам Раҳмонов тавассути Бег Сабури қудояш,ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро беш аз даҳ сол аст таҳти идора ва назорат қарор дорад, дастарсӣ ба онро дар қаламрави кишвар масдуд карда буд.

 

Ҳамчунин хеле аз он сайту сомонаву торнамоҳои зикршуда дар ҳалномаи Суди олӣ низ дар Тоҷикистон дастрас нестанд. Танҳо бо прокси-серверҳо, қуфлшиканҳо муштариён ва хонандаву бинандаҳо муваффақ ба мушоҳида ва мутолиаи онҳо мешаванд.Барои ҳамин қарори Суди Олӣ як навъ мусаккине аст,ки Раҳмоновро як лаҳза орому сокит мекунад, албатта то нашри матлаби навбатӣ ва ё навори баъдӣ дар бораи ҷароим ва ҷиноёт ва тақаллубу ҷаълкорӣ ва фасоду дуздиҳои мудовими ӯ ва дору дастааш,ки дар воқеъ дигар ба шеваву усули муқаррарӣ ва барномаи мудирият табдил шудааст. Системае,ки сохта ва ривоҷу равнақ медиҳад, ӯро ва ҳокимияти ӯро беш аз пеш бо мардум дар фосила қарор дода истодааст ва талоши онки забону даҳони васоити ахбори оммаро бибандад, аҳзоб ва ҳаракатҳои иҷтимоиро ҳатто дар хориҷ аз кишвар, террористиву ҳаросафкан қаламдод кунад,танҳо ва танҳо ба он хотир аст ки асрори махуфи ӯ ба мардум дастрас нашавад. Зоҳиран тавре вонамуд мекунад,ки як ҳокимияти пурқувват ва тавоноро идора карда истодааст ва ҳар навъе аз эътирозу нофармониҳоро дафъатан ва бераҳмона саркӯб хоҳад кард.

 

Аммо ҳатто ҳамин ҳодисаи ахир дар Ишқободи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ нишон дод,ки сахт оҷиз ва нотавон аст ва ҷомеа ба ҳадде аз ӯ ва аз фиребу найрангҳояш огоҳ аст ки наметавонад чизеро пинҳон созад, агарки онро спецслужбааш ҳам сохта бошад. Аз инҷо буд,ки Раҳмонов дар ҷаласаи васеъи Шӯрои амнияташ аз ин беҳунарии мақомоти амниятиву интизомиаш шармида дастур дод,ки дар ин бора дигар аслан сӯҳбат накунанд. Бад-ин маъно,ки “г...ҳро кобӣ бӯяш баромадан мегирад”.Зеро Раҳмонов ҳанӯз,ки дар Урупо буд, ки бӯву тафи он то ба маҳалли нишасту ҷаласаву меҳмонхонаи ӯ расид ва натавонист,ки машомашро бипӯшонад.Расонаҳо ба ҳадде навиштанду гуфтанд, ҳамин расонаҳои иҷтимоии ҳоло басташуда аз тарафи Суди олӣ ва низ онҳое,ки дар  феҳристи сайтҳои бастаи Суди олӣ  қарор надоранд, хориҷиҳо,ки бӯи он дар тамоми дунё интишор ёфт. Касе бовар накард,ки ҳамла кори ДОИШ буд. ДОИШи тапушкабапо,ДОИШи завлонабадаст, ДОИШи бизнесмен, ДОИШи муваффақ ба фаровардани посбон аз дидбонгоҳ ва ниҳоятан ДОИШи тавониста аз сайти ВКД ин аксҳоро ҳазфкарда танҳо дар мубориза бо “родмардони далер”и Тоҷикистон арзи ҳузур мекунаду бас.

 

   Инки Раҳмоновуу бачаашу духтарашу духтаронашу домодҳояш сарвату ганҷина ва пулу моли мардум,мамлакат ва миллатро доранд ба яғмо ва тороҷ мебарандро сайтҳо, нашрияҳои ва наворҳову филмҳои интернетӣ борҳову борҳо навиштанду гуфтанду боз ҳам гуфтану навиштану нишон доданро идома хоҳанд дод. Аслан ва асосан ҳамин расонаҳои интернетие,ки ҳоло баста эълон кардааст,ҳаминҳо сиру пиёзашро ошкор карданд.

 

  Суди олии Тоҷикистон қарори худро тарзе ташреҳ кардааст, ки ин ҳама расонаҳои иҷтимоии масдудшуда мутааллиқи гурӯҳ ва ҳаракатҳо бошанд.Дар фавқ гуфтем,ки ин тавр нест ва бахше аз онҳо комилан мустақиланд вале мухолифи Раҳмонов ва режими вай ҳастанд. Аммо то ҳамин акнун,барои мисол “Ислоҳ.нет” ҳатто як навишта ва як ҳарфе,ки дурӯғ ва бидуни мадрак ва асос бошадро мунташир накардааст.Ҳар ончизеро,ки дар бораи Раҳмонов гуфтаем, фарзи мисол бо дасти хоҷаҳои хориҷӣ-Русия ва Узбакистон давлати навпои мустақили Тоҷикистонро ба хоку хун кашида бар сари қудрат омад, магар нодуруст аст? Ва, ё инки Талкоро бо додарарусаш Ҳасан Асадуллозода ба ҳадде хӯрду истифода кард,ки ҳоло миллинҳо доллар қарздор аст ва инак маҷбур шуд ба як нархи ночиз дар ихтиёри чиниҳо бидиҳад,дурӯғ аст? Магар пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Хуҷанд ва пули мардумро аз ин ҳисоб ба оффшорҳо интиқол додани домодаш дурӯғ аст? Аз ин қабил мисолҳо метавон садҳо сафҳаро пур кард.

 

Аммо ҳоло сӯҳбати мо аз сайтбандони Раҳмонов аст, аз он аст ки ҳарчиқадар ки рӯи курсии қудрат бештар мешинаду мехезаду меёзад беш аз пеш худро даруни ҷома ва полтунаш мекашад ва мисли онки мехоҳад аз чашми мардум худро панаҳ гирад. Аммо ҳамзамон нашрияву шабакаҳои телевизиониву радиову интернет ҳама аз ӯ тавсиф бикунанд. Мунтаҳо мехоҳад,ки ҳама чун муаллифони косалеси дарбораш бошанд.

 

Қарори Суди Олӣ ҳанӯз аз 15 августи соли равон ПМТро террористӣ шинохта ва сайту сомонаҳои интернетии марбути онро ҳам бо ҳамин ҷурм масдуд кард, аммо аҷоиб ин ҷост,ки баъди се моҳ мисли тарошаи аз бом уфтода эъломи сайтбандонашро эълом мекунад.Хуб, дигар ин кори Раҳмонову судаш аст. Аммо такрор ҳам шавад мехоҳам зикр кунам, ки бо ин қарори худ суди Раҳмонов ПМТ-ро ба расмият бишинохт. Агарки ки намешинохт ва агарки бар вуҷуди он қоил намеомад, бар чи асосе онро террористӣ эълон мекард? Суди олӣ гуфт,ки бале, ПМТ ҳаст, вуҷуд дорад ва ҳамчунин ташкилоти сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикистониҳо фаъолият карда истодааст, намешавад инкор кард. Аммо фаъолияти он мухолифи Раҳмонов аст. Барои ҳамин бояд баста ва террористӣ хонда шавад. Танҳо мухолифи Раҳмонов,на мухолифи мардум ва миллати тоҷик. Агар ПМТ вуҷуд намедошт, намебуд чаро Суди олӣ қарор мебаровард? Ҳамин ҳоло,ки расонаҳо дар интернетро баста эълон мекунад ин низ эътирофи амал ва фаъолияти ҳамин расонаҳо аст. Ин расонаҳо,аз ҷумла, “Ислоҳ.нет” ва “ISLOH TV “ то ба ҳадде дардисарсоз шудааст,ки Раҳмонов  онро ба суд додааст ва суд ҳам табиист,ки бояд Раҳмоновро шоду хурсанд кунад, Қарорашро иттихоз кард.Бидуни онки ба натиҷа биандешад,ки ин қарор аз чи тариқе ба иҷро хоҳад даромад, механизми татбиқи он чи аст? Муҳаммадиқбол ин қарори судро эътитроф мекунад ва ба эътибор мегирад ё хайр?

 

Барои ман аслан ин ҳукумат қонуни нест ва қарори судашҳам,ки аз як шахсеки ғайри қонуни сари қудрат истода бо дикта чунин қарорҳоро содир менамояд,аслан ҳеҷ аҳамияте надорад. Агар гуянд қонуни аст пас мо ҳаққи шикоят ба зинаҳои дигари додгоҳиро дорем? Агар бале аз суди олӣ дигар куҷо болотар аст? Боқи мемонад додгоҳҳои байналмилалӣ ва ин корро ҳатман хоҳем кард.

 

Ин ҳам дар ҳоле аст,ки давоми ин бештар аз чаҳор соли дар ғурбат “фермаи ҷавоб” мутаассил, бидуни вақфа алайҳи мо матолиб ба нашр расонида ҳазорҳо тӯҳмат ва тавҳин ба поямон баст, аммо мо аз масир гоме берун назадем ва алҳамдулиллоҳ устуворона амал дорем. Дар набарди иттилоотӣ “фермаи ҷавоб” бо мо бохт, аз ин бару он бар шариконро ҳам басиҷ кард, ҷабҳа сохту сангар гирифт, аммо бефоида. Чаро Раҳмонов бо расонаҳо мушкил дорад,бо матбуот мушкил дорад ва чаро Раҳмонов ин ҳама 27 сол фақат газетаҳоро мебандад, сайтҳоро мебандад,радиоҳоро  муҷаввиз намедиҳад, парвонаи кори хабарнигоронро тамдид намекунад? Магар расона ва шабакаҳои телевизионии худаш, нашрияҳои худаш чи шудаанд,ки аз пову домани мо мегирад?

 

Устодони донишгоҳҳо, мисссионерҳои ҲХД ва ҳатто муаллимони макотиби миёна,кормандони шӯъбаҳои фарҳанг, хулоса сафи муаллифони зидди мухолифинро  даҳҳо баробар афзуд,”фабрика” ва “фермаи ҷавоб” сохту амниятиҳо шабонарӯз ҷавоб навиштанд,аммо боз ҳам нашуд ва бо қарори Суд мехоҳад манъ кунад?  Бо роҳи обунаи маҷбурӣ тиражи нашрияҳои ҲХДТ:-ҷумҳуриявию  вилоятиву шаҳриро чанд баробар зиёд кард. Нишон доданӣ шуд,ки ҲХДТ тарафдори бисёр  дорад. Омӯзгорони макотиби миёна, омӯзишгоҳҳо, донишгоҳҳоро иҷборан узви ин ҳизб кардаанд ва аз маоши  ночизи онҳо садҳо сомонӣ барои обуна ва ҳаққулузвияти ҳизбӣ ситонида истоданд,ба мардум бе пул телефон ва планшет тақсим доранд,то бар алайҳи “Ислоҳ нет” ва мухолифон нависанд.Аммо нашуд,ки нашуд. Фикр мекунед, чаро?  Чунки аз реша ва аз аслу асос ғалат, иштибоҳ, саҳв ва хатоед,хатои фоҳиши фоҳиш. Чунки мушкил ҳаст вуҷуд дорад ва ҳамон мушкиле,ки мушкили ҳам миллат ва ҳам мардум ва ҳам давлати тоҷикон рафъ нашудааст ва ҳоло ҳам талош дорад бимонад ва биистад.

 

Аз ин ҷост ки ин ғалат ва ин хато ва ин саҳв ва ин иштибоҳи фоҳишро 27 сол ба ин тараф кашида ва кашонида оварда истодаед.Ҳоло ҷудо аз тамоми ҷурму ҷиноят, ватанфурӯшӣ, хиёнатҳояш ҳамин инки Қонуни асосиро барои бақои ҳокимияти худ чандин бор иваз кард ва ҳамин инки аз ҳукумати рафтанӣ нест як ҷинояти бузурге аст ки агар тамоми матбуоти ҷаҳонро бибандед ҳам хоҳанд гуфт. Ҳоло дар рӯи замиин, агар дусад-дусаду панҷоҳ давлат арзи вуҷуд дошта бошад,амсоли Раҳмонов шояд се ё чор нафар бошанд,ки ҳудуди сӣ сол аст ки раҳбар истодааст. Худи ҳамин далели асосӣ аст ки ин сайту сомонаҳоро,ки ба гуфтаи худатон масдуд ва террористӣ хондаед,мардум ба ҷону дил пазируфт ва гӯш ба алфози онҳо медиҳад. Як бор омори тамошобину хонандаи сайтҳои худро бо сайтҳои бастаатон қиёс ва ҳисоб кунед,бинед чи рақаме ба дастатон меояд ва киҳоро мардум бештар  мехонанду мебинанд?

 

Раҳмонов ғайриқонунӣ аст, дору дастааш,дарбораш, навкару надимонаш, меросӣ кардани президентӣ,боз як бори дигар худро дар интихобот иштирок доданаш, модомулумр худро президент эълон карданаш, қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдаташ,мунтаҳо аз аввал то ба охираш ғайриқонунӣ ва ҷинояти таппа-тайёр аст. Барои ҳамин сайтҳоро бастанӣ аст ки дар ин бора нагӯянд ва мардумро “возбуждат” накунанд ва вай ва хонаводааш боз солҳои дароз ҳамаро тохтутоз карда гарданд. Вай қади аҷал аз хезишҳои мардумӣ ва аз тазоҳуроти мардум,ҳатто аз як ҷарақаи одӣ метарсад. Барои ҳамин ҳамаро ва ҳамаҷоро,ҳама забону даҳанҳоро мехоҳад бубандад, мум бирезад. Ҷойи онки худро ислоҳ бикунад, ҷойи онки бигӯяд чаро бояд,ки ману хонаводаи ману ҷиянҳои ману домодҳои ману холабачаҳои ману тағаву тағабачаҳои ман акнун аз тохтутози мардум, аз ғорату тороҷи мардуми мазлуми кишвар даст бикашанд, баракс болои мардум беш аз пеш ҷабру зулм карда истодааст. Сайтҳоро мебандад, барои онки ин кору кирдори ӯ гуфтаву навиштаву шунидаву дида нашавад. Ҳарчи қадар,ки доираи Раҳмонов дар хориҷ ва дохили кишвар хурду кӯчак ва маҳдудтар мешавад нақш ва мақоми матбуоти мустақил ва озодро коста мегардонад. Мебандад.Маҳкам мекунад,фишор меоварад. Аммо ҳамин ду рӯзи пеш дар нишасти рӯбарӯ бо намояндагони Иттиҳоди Урупо дар Душанбе боз ҳам аз фазои маҳдуд ва ҷомеаи хафақону баста дар Тоҷикистон интиқод карданд.

 

“Ҳукумати Тоҷикистон бояд дастрасӣ ба иттилоъ барои тамоми хабарнигоронро осон кунад ва дастрасии озод ба Интернет,вебсайтҳои хабарӣ,шабакаҳои иҷтимоиро барои тамоми шаҳрвандон фароҳам созад,чун ҳарду сутуни ҳуқуқи инсон ва рушди иқтисодӣ ҳастанд”.

 

   Бале, Раҳмонов дар остонаи интихоботи барояш сарнавиштсоз қарор дорад.Аммо аз чаҳор сӯ таҳти фишор аст, чун инро мехоҳад ё не, замони диктотурҳо ба охир расидааст.Бояд ки бо шароити ҷаҳони муосир канор ояд. Аз ин лиҳоз агар  садҳазор бор “хориҷиву хоҷаи хориҷӣ” бигӯяд ҳам чизе кам намешавад. Хоҷаи хориҷӣ дар ҷое, ки чизе набошад, замина надошта бошад, шароит надошта бошад, пайдо намешавад. Ҳамчунон, ки шумо дар рӯи регу қуми биёбони  саҳро донаи гандум ё офтобпараст бикоред, чизе ба даст намеоред, масалан дар қутби шимол, вале вақте дар мазраа, дона мепошед он рушду нумӯъ мекунад ва сабз мешавад. Агар замина барои ташкили “Фронти халқӣ” набуд он ташкил намешуд, агар табиати мардуми пайрави “Фронти халқӣ” бо мазоқи Квачковҳо,Мусиенкоҳо, Ахмедовҳо  мувофиқ набуд, ҳеҷ коре аз дасташ барнамеомад.

 

 Ҳамин тавр,шумо дида истодаед,ки шумори тарафдорону хонандаҳо ва бинандаҳои ин сайтҳо зиёд шуда истодааст. Мехоҳед онҳоро бубандед,аммо  худи мардум дар ҷустуҷӯянд, фоидаатон надорад, чун аз шумо сер шудаанд. Ин чунин қарору аҳкомро на як бору ду бор содир кардед,аммо чи шуд? Вақте Суди олӣ ҳамчунин қарор ба нашр мерасонад садҳо нафри дигар танҳо аз ҳисси кунҷкобӣ “як бор ин сомонаҳоро ҳам бубинем мегӯянд”ва ин худ боиси афзоши шумораи зиёди хонанда, шунаванда ва бинандаи сайтҳои масдудшуда мешавад. Дар урфият мегӯянд,ки дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не. Ҳоло,ки  Раҳмонов ва Суди Олии вай имкону кори зиндагӣ барои моро ҳатто дар хориҷ аз кишвар гирифтанӣ мешавад, магар мо сокит биистем? Мо дар дохил будем,хеле ва хеле мулоҳиза мекардем аммо ҳоло вазъият фарқ дорад:

    Дарвозаи шаҳр метавон баст,

    Даҳони мухолифин натвон баст.

 

 

    • Зарафшону Бадахшон18 ноября 2019, 05:07

      Би гуям сухан дар давом лоикон
      «Точик андар ватани худ чаро мутаhам аст?»
      Ватанро палид кардед ай касифон,
      Ай касифон, ай заифон ай палидон.
      Худо шоhид аст зи-ин макру hилатон,
      Чу вакте фурухтет замин-модари хеш.
      Шудаст бе нур руву тира аклатон,
      Чу кардан пора санги хоро битвон.
      Натони пора марди сахро тоjикон,
      Бигуфтам ин сухан бар ту Зарафшон.
      Би печ бар доми худ ин тур мугулон,
      Ки нестанд тоjикон на аз мо симое,
      hама дузду hезу рубоhу гургон.
      Худоё би бур пой аз ин тур маккорон.
      Ки мо аз муслиминем на аз кофарон,
      Худое чаро тоjик афтода бар дом?
      Чи кардааст коре чи бар у нишон,
      Гурури хуни ниекон jуш бизад дар танам.
      Бигуфтам ин сухан дар шаhри мардум,
      Ба ед оварда боги падар аз Ориён.
      На! На! На уст пешвое ба марди дилу гурдадор,
      У хамонест ки пешвоест бар тозиен.(тозиен-мугулон, насли чингизхон)
      Ва хато тозиен аз jон шудан сер,
      Биеварда бар ёд кору hоли тоjикон.
      Бигуй ай jавонмард ту худ тоjики?
      Чаро шишти дам мисли буму мушон.
      Би хез то бар у сухан изhор бикун,
      То бихобад зи гур Фирдавси ором.
      Бале, Куруш hам бедор шуд аз нагн,
      Ки шуда гулом насли у дар jаhон.
      Валенки зи мо Лоик намурдаст,
      Чу диди ин, сухан дар точикистон.
      Би хез то бар у сухан 'диктотур' бигуй,
      Бирафтаст замоне ки чангонавардон.
      Бигран тегу шамшер то кунан туфон,
      Бигуй диктотур ин аст теги ту.
      Ки хаст ин давр даври озодихохон,
      Хама дунё бидонад ки айнан хозир.
      Замони сухан аст-яъне озодихохон,
      Заменест урупо шуда мутахид.
      Рабуда ганчи торих ашъори бузургон,
      Бигуйи чи рабуд аз мо Урупо,
      Бигуям калам хушк гардад.
      Хамон кофист ки рабуданд ашъори бузургон.
      Бале! Чу Хайем риёзи эътиро кард,
      Кучо буд, он себи афтода бо Ньютон?
      Бибахшидам Урупо чун Хайем-ньютон гуфт,
      Бидода сухан бар мардумаш, шудаст Ориен.
      Надони чони бобо Ориен кист,
      Хамонест тозааст зи ботин дилтозагонон.
      Хама кушишам зи гуфтан ин сухан,
      Хаминаст бимон ай мард то абад jовидон.
      Макун jангу jидол чун замона рафта.
      Хамонест замони мардумсолорон,
      Замони илму фан, китобу алгоритм.
      Бихон то би дони ту беш дар ин jаhон,
      Сиесату, хирадмандиву пораhои Куръон.
      Бигир дасти падар-магзор бемор модар,
      Маафт бар доми hар тан jуhудон.
      Ки Худованд нагуфта биjанг хун бирез,
      У Холик бигуфтаст 'ikra' яъне бихон.
      Чу ту хондаву тавоно шуди,
      Шавад наслат пурмагзу андалебон.
      Зи анjом би гуям диктотур кист?
      Хамонест хамон Эмомали Рахмон.
      Бикарда гулом дар Руссия тоjикон,
      Бифрухта бар Хитой куhи мургобиён.
      Бале, у бигияд шукрона кунед,
      Шукронаи ин ватан кунед ин Точикистон.
      Вале аз тарс бурда сарбоз насрониён.
      Бехабар аз hувият аз кавм точикон,
      Он замон ки ин халк бе ярок ояд суяд.
      Бинши ба тайера шави он су гурезон,
      Авалин кор хал бигуяд ту пешво набуди.
      Дувумин асасгузори сулху вахдати тоjикон,
      Бад азон расмони ту аз мулки пок пок кардад.
      Чу гуjоест расми диктотур онjост бесаводон,
      Бада аз он зи мансаб биронанд ёру акработ.
      Хама луливу jугиву он беимонон,
      Сипас муhoчирон кори бар гарданд.
      Кунанд обод, бигуянд jон Точикистон,
      Касифоне бигуён аз ку jо маблаг.
      То мухоjирин бисозанд иншооти бузургон,
      Бигуям чун бидонам иктисод ман.
      2-3 кони металлурgи басаст дар jаhон,
      То тоjикон шаванд аз нав тоjик.
      На миллатпараст шаванд балки хирадмандон,
      Ва гуянд дарhои мо боз аст бар jаhониен.
      Бар насли кавми одам яъне инсон
      На узбак биранjад зи мо на ину на он.
      Хама инсонем инсон яъне одамон,
      Хама руи олам бидонад тоjик ки хаст.
      Чи дода ба ъилм чи грифта зи кайhон,
      Ба hайрат зади чу рафт ба кайhон тоjикам?
      hакикат чун бидони имруз аз hуш бипари,
      Чу оваранд дастовард бигуянд аз Тojikistoni на аз тоjik.
      Чу он дам хирад зи сиришт чун нуhуфт,
      haма донанд тоjikstoni jaмъми кавмиён.
      Милатест худ ъиникосгари Ориён,
      Намояд эътиро бар саратон давое
      Натанhо ин — балки бар куру бар СПИД-он.
      Чу расид ин замона манро надиди,
      Дуоят мукофот эй haмватан эй дилу эй jон.
      Масоз баhram пайкару накшу нигоре,
      Навис ин шеър да хар санги кухистон.

    • Зарафшону Бадахшон18 ноября 2019, 05:08

      Би гуям сухан дар давом лоикон
      «Точик андар ватани худ чаро мутаhам аст?»
      Ватанро палид кардед ай касифон,
      Ай касифон, ай заифон ай палидон.
      Худо шоhид аст зи-ин макру hилатон,
      Чу вакте фурухтет замин-модари хеш.
      Шудаст бе нур руву тира аклатон,
      Чу кардан пора санги хоро битвон.
      Натони пора марди сахро тоjикон,
      Бигуфтам ин сухан бар ту Зарафшон.
      Би печ бар доми худ ин тур мугулон,
      Ки нестанд тоjикон на аз мо симое,
      hама дузду hезу рубоhу гургон.
      Худоё би бур пой аз ин тур маккорон.
      Ки мо аз муслиминем на аз кофарон,
      Худое чаро тоjик афтода бар дом?
      Чи кардааст коре чи бар у нишон,
      Гурури хуни ниекон jуш бизад дар танам.
      Бигуфтам ин сухан дар шаhри мардум,
      Ба ед оварда боги падар аз Ориён.
      На! На! На уст пешвое ба марди дилу гурдадор,
      У хамонест ки пешвоест бар тозиен.(тозиен-мугулон, насли чингизхон)
      Ва хато тозиен аз jон шудан сер,
      Биеварда бар ёд кору hоли тоjикон.
      Бигуй ай jавонмард ту худ тоjики?
      Чаро шишти дам мисли буму мушон.
      Би хез то бар у сухан изhор бикун,
      То бихобад зи гур Фирдавси ором.
      Бале, Куруш hам бедор шуд аз нагн,
      Ки шуда гулом насли у дар jаhон.
      Валенки зи мо Лоик намурдаст,
      Чу диди ин, сухан дар точикистон.
      Би хез то бар у сухан 'диктотур' бигуй,
      Бирафтаст замоне ки чангонавардон.
      Бигран тегу шамшер то кунан туфон,
      Бигуй диктотур ин аст теги ту.
      Ки хаст ин давр даври озодихохон,
      Хама дунё бидонад ки айнан хозир.
      Замони сухан аст-яъне озодихохон,
      Заменест урупо шуда мутахид.
      Рабуда ганчи торих ашъори бузургон,
      Бигуйи чи рабуд аз мо Урупо,
      Бигуям калам хушк гардад.
      Хамон кофист ки рабуданд ашъори бузургон.
      Бале! Чу Хайем риёзи эътиро кард,
      Кучо буд, он себи афтода бо Ньютон?
      Бибахшидам Урупо чун Хайем-ньютон гуфт,
      Бидода сухан бар мардумаш, шудаст Ориен.
      Надони чони бобо Ориен кист,
      Хамонест тозааст зи ботин дилтозагонон.
      Хама кушишам зи гуфтан ин сухан,
      Хаминаст бимон ай мард то абад jовидон.
      Макун jангу jидол чун замона рафта.
      Хамонест замони мардумсолорон,
      Замони илму фан, китобу алгоритм.
      Бихон то би дони ту беш дар ин jаhон,
      Сиесату, хирадмандиву пораhои Куръон.
      Бигир дасти падар-магзор бемор модар,
      Маафт бар доми hар тан jуhудон.
      Ки Худованд нагуфта биjанг хун бирез,
      У Холик бигуфтаст 'ikra' яъне бихон.
      Чу ту хондаву тавоно шуди,
      Шавад наслат пурмагзу андалебон.
      Зи анjом би гуям диктотур кист?
      Хамонест хамон Эмомали Рахмон.
      Бикарда гулом дар Руссия тоjикон,
      Бифрухта бар Хитой куhи мургобиён.
      Бале, у бигияд шукрона кунед,
      Шукронаи ин ватан кунед ин Точикистон.
      Вале аз тарс бурда сарбоз насрониён.
      Бехабар аз hувият аз кавм точикон,
      Он замон ки ин халк бе ярок ояд суяд.
      Бинши ба тайера шави он су гурезон,
      Авалин кор хал бигуяд ту пешво набуди.
      Дувумин асасгузори сулху вахдати тоjикон,
      Бад азон расмони ту аз мулки пок пок кардад.
      Чу гуjоест расми диктотур онjост бесаводон,
      Бада аз он зи мансаб биронанд ёру акработ.
      Хама луливу jугиву он беимонон,
      Сипас муhoчирон кори бар гарданд.
      Кунанд обод, бигуянд jон Точикистон,
      Касифоне бигуён аз ку jо маблаг.
      То мухоjирин бисозанд иншооти бузургон,
      Бигуям чун бидонам иктисод ман.
      2-3 кони металлурgи басаст дар jаhон,
      То тоjикон шаванд аз нав тоjик.
      На миллатпараст шаванд балки хирадмандон,
      Ва гуянд дарhои мо боз аст бар jаhониен.
      Бар насли кавми одам яъне инсон
      На узбак биранjад зи мо на ину на он.
      Хама инсонем инсон яъне одамон,
      Хама руи олам бидонад тоjик ки хаст.
      Чи дода ба ъилм чи грифта зи кайhон,
      Ба hайрат зади чу рафт ба кайhон тоjикам?
      hакикат чун бидони имруз аз hуш бипари,
      Чу оваранд дастовард бигуянд аз Тojikistoni на аз тоjik.
      Чу он дам хирад зи сиришт чун нуhуфт,
      haма донанд тоjikstoni jaмъми кавмиён.
      Милатест худ ъиникосгари Ориён,
      Намояд эътиро бар саратон давое
      Натанhо ин — балки бар куру бар СПИД-он.
      Чу расид ин замона манро надиди,
      Дуоят мукофот эй haмватан эй дилу эй jон.
      Масоз баhram пайкару накшу нигоре,
      Навис ин шеър да хар санги кухистон.

    • Зарафшону Бадахшон18 ноября 2019, 05:09

      Би гуям сухан дар давом лоикон
      «Точик андар ватани худ чаро мутаhам аст?»
      Ватанро палид кардед ай касифон,
      Ай касифон, ай заифон ай палидон.
      Худо шоhид аст зи-ин макру hилатон,
      Чу вакте фурухтет замин-модари хеш.
      Шудаст бе нур руву тира аклатон,
      Чу кардан пора санги хоро битвон.
      Натони пора марди сахро тоjикон,
      Бигуфтам ин сухан бар ту Зарафшон.
      Би печ бар доми худ ин тур мугулон,
      Ки нестанд тоjикон на аз мо симое,
      hама дузду hезу рубоhу гургон.
      Худоё би бур пой аз ин тур маккорон.
      Ки мо аз муслиминем на аз кофарон,
      Худое чаро тоjик афтода бар дом?
      Чи кардааст коре чи бар у нишон,
      Гурури хуни ниекон jуш бизад дар танам.
      Бигуфтам ин сухан дар шаhри мардум,
      Ба ед оварда боги падар аз Ориён.
      На! На! На уст пешвое ба марди дилу гурдадор,
      У хамонест ки пешвоест бар тозиен.(тозиен-мугулон, насли чингизхон)
      Ва хато тозиен аз jон шудан сер,
      Биеварда бар ёд кору hоли тоjикон.
      Бигуй ай jавонмард ту худ тоjики?
      Чаро шишти дам мисли буму мушон.
      Би хез то бар у сухан изhор бикун,
      То бихобад зи гур Фирдавси ором.
      Бале, Куруш hам бедор шуд аз нагн,
      Ки шуда гулом насли у дар jаhон.
      Валенки зи мо Лоик намурдаст,
      Чу диди ин, сухан дар точикистон.
      Би хез то бар у сухан 'диктотур' бигуй,
      Бирафтаст замоне ки чангонавардон.
      Бигран тегу шамшер то кунан туфон,
      Бигуй диктотур ин аст теги ту.
      Ки хаст ин давр даври озодихохон,
      Хама дунё бидонад ки айнан хозир.
      Замони сухан аст-яъне озодихохон,
      Заменест урупо шуда мутахид.
      Рабуда ганчи торих ашъори бузургон,
      Бигуйи чи рабуд аз мо Урупо,
      Бигуям калам хушк гардад.
      Хамон кофист ки рабуданд ашъори бузургон.
      Бале! Чу Хайем риёзи эътиро кард,
      Кучо буд, он себи афтода бо Ньютон?
      Бибахшидам Урупо чун Хайем-ньютон гуфт,
      Бидода сухан бар мардумаш, шудаст Ориен.
      Надони чони бобо Ориен кист,
      Хамонест тозааст зи ботин дилтозагонон.
      Хама кушишам зи гуфтан ин сухан,
      Хаминаст бимон ай мард то абад jовидон.
      Макун jангу jидол чун замона рафта.
      Хамонест замони мардумсолорон,
      Замони илму фан, китобу алгоритм.
      Бихон то би дони ту беш дар ин jаhон,
      Сиесату, хирадмандиву пораhои Куръон.
      Бигир дасти падар-магзор бемор модар,
      Маафт бар доми hар тан jуhудон.
      Ки Худованд нагуфта биjанг хун бирез,
      У Холик бигуфтаст 'ikra' яъне бихон.
      Чу ту хондаву тавоно шуди,
      Шавад наслат пурмагзу андалебон.
      Зи анjом би гуям диктотур кист?
      Хамонест хамон Эмомали Рахмон.
      Бикарда гулом дар Руссия тоjикон,
      Бифрухта бар Хитой куhи мургобиён.
      Бале, у бигияд шукрона кунед,
      Шукронаи ин ватан кунед ин Точикистон.
      Вале аз тарс бурда сарбоз насрониён.
      Бехабар аз hувият аз кавм точикон,
      Он замон ки ин халк бе ярок ояд суяд.
      Бинши ба тайера шави он су гурезон,
      Авалин кор хал бигуяд ту пешво набуди.
      Дувумин асасгузори сулху вахдати тоjикон,
      Бад азон расмони ту аз мулки пок пок кардад.
      Чу гуjоест расми диктотур онjост бесаводон,
      Бада аз он зи мансаб биронанд ёру акработ.
      Хама луливу jугиву он беимонон,
      Сипас муhoчирон кори бар гарданд.
      Кунанд обод, бигуянд jон Точикистон,
      Касифоне бигуён аз ку jо маблаг.
      То мухоjирин бисозанд иншооти бузургон,
      Бигуям чун бидонам иктисод ман.
      2-3 кони металлурgи басаст дар jаhон,
      То тоjикон шаванд аз нав тоjик.
      На миллатпараст шаванд балки хирадмандон,
      Ва гуянд дарhои мо боз аст бар jаhониен.
      Бар насли кавми одам яъне инсон
      На узбак биранjад зи мо на ину на он.
      Хама инсонем инсон яъне одамон,
      Хама руи олам бидонад тоjик ки хаст.
      Чи дода ба ъилм чи грифта зи кайhон,
      Ба hайрат зади чу рафт ба кайhон тоjикам?
      hакикат чун бидони имруз аз hуш бипари,
      Чу оваранд дастовард бигуянд аз Тojikistoni на аз тоjik.
      Чу он дам хирад зи сиришт чун нуhуфт,
      haма донанд тоjikstoni jaмъми кавмиён.
      Милатест худ ъиникосгари Ориён,
      Намояд эътиро бар саратон давое
      Натанhо ин — балки бар куру бар СПИД-он.
      Чу расид ин замона манро надиди,
      Дуоят мукофот эй haмватан эй дилу эй jон.
      Масоз баhram пайкару накшу нигоре,
      Навис ин шеър да хар санги кухистон.

    • Зарафшону Бадахшон18 ноября 2019, 05:09

      Би гуям сухан дар давом лоикон
      «Точик андар ватани худ чаро мутаhам аст?»
      Ватанро палид кардед ай касифон,
      Ай касифон, ай заифон ай палидон.
      Худо шоhид аст зи-ин макру hилатон,
      Чу вакте фурухтет замин-модари хеш.
      Шудаст бе нур руву тира аклатон,
      Чу кардан пора санги хоро битвон.
      Натони пора марди сахро тоjикон,
      Бигуфтам ин сухан бар ту Зарафшон.
      Би печ бар доми худ ин тур мугулон,
      Ки нестанд тоjикон на аз мо симое,
      hама дузду hезу рубоhу гургон.
      Худоё би бур пой аз ин тур маккорон.
      Ки мо аз муслиминем на аз кофарон,
      Худое чаро тоjик афтода бар дом?
      Чи кардааст коре чи бар у нишон,
      Гурури хуни ниекон jуш бизад дар танам.
      Бигуфтам ин сухан дар шаhри мардум,
      Ба ед оварда боги падар аз Ориён.
      На! На! На уст пешвое ба марди дилу гурдадор,
      У хамонест ки пешвоест бар тозиен.(тозиен-мугулон, насли чингизхон)
      Ва хато тозиен аз jон шудан сер,
      Биеварда бар ёд кору hоли тоjикон.
      Бигуй ай jавонмард ту худ тоjики?
      Чаро шишти дам мисли буму мушон.
      Би хез то бар у сухан изhор бикун,
      То бихобад зи гур Фирдавси ором.
      Бале, Куруш hам бедор шуд аз нагн,
      Ки шуда гулом насли у дар jаhон.
      Валенки зи мо Лоик намурдаст,
      Чу диди ин, сухан дар точикистон.
      Би хез то бар у сухан 'диктотур' бигуй,
      Бирафтаст замоне ки чангонавардон.
      Бигран тегу шамшер то кунан туфон,
      Бигуй диктотур ин аст теги ту.
      Ки хаст ин давр даври озодихохон,
      Хама дунё бидонад ки айнан хозир.
      Замони сухан аст-яъне озодихохон,
      Заменест урупо шуда мутахид.
      Рабуда ганчи торих ашъори бузургон,
      Бигуйи чи рабуд аз мо Урупо,
      Бигуям калам хушк гардад.
      Хамон кофист ки рабуданд ашъори бузургон.
      Бале! Чу Хайем риёзи эътиро кард,
      Кучо буд, он себи афтода бо Ньютон?
      Бибахшидам Урупо чун Хайем-ньютон гуфт,
      Бидода сухан бар мардумаш, шудаст Ориен.
      Надони чони бобо Ориен кист,
      Хамонест тозааст зи ботин дилтозагонон.
      Хама кушишам зи гуфтан ин сухан,
      Хаминаст бимон ай мард то абад jовидон.
      Макун jангу jидол чун замона рафта.
      Хамонест замони мардумсолорон,
      Замони илму фан, китобу алгоритм.
      Бихон то би дони ту беш дар ин jаhон,
      Сиесату, хирадмандиву пораhои Куръон.
      Бигир дасти падар-магзор бемор модар,
      Маафт бар доми hар тан jуhудон.
      Ки Худованд нагуфта биjанг хун бирез,
      У Холик бигуфтаст 'ikra' яъне бихон.
      Чу ту хондаву тавоно шуди,
      Шавад наслат пурмагзу андалебон.
      Зи анjом би гуям диктотур кист?
      Хамонест хамон Эмомали Рахмон.
      Бикарда гулом дар Руссия тоjикон,
      Бифрухта бар Хитой куhи мургобиён.
      Бале, у бигияд шукрона кунед,
      Шукронаи ин ватан кунед ин Точикистон.
      Вале аз тарс бурда сарбоз насрониён.
      Бехабар аз hувият аз кавм точикон,
      Он замон ки ин халк бе ярок ояд суяд.
      Бинши ба тайера шави он су гурезон,
      Авалин кор хал бигуяд ту пешво набуди.
      Дувумин асасгузори сулху вахдати тоjикон,
      Бад азон расмони ту аз мулки пок пок кардад.
      Чу гуjоест расми диктотур онjост бесаводон,
      Бада аз он зи мансаб биронанд ёру акработ.
      Хама луливу jугиву он беимонон,
      Сипас муhoчирон кори бар гарданд.
      Кунанд обод, бигуянд jон Точикистон,
      Касифоне бигуён аз ку jо маблаг.
      То мухоjирин бисозанд иншооти бузургон,
      Бигуям чун бидонам иктисод ман.
      2-3 кони металлурgи басаст дар jаhон,
      То тоjикон шаванд аз нав тоjик.
      На миллатпараст шаванд балки хирадмандон,
      Ва гуянд дарhои мо боз аст бар jаhониен.
      Бар насли кавми одам яъне инсон
      На узбак биранjад зи мо на ину на он.
      Хама инсонем инсон яъне одамон,
      Хама руи олам бидонад тоjик ки хаст.
      Чи дода ба ъилм чи грифта зи кайhон,
      Ба hайрат зади чу рафт ба кайhон тоjикам?
      hакикат чун бидони имруз аз hуш бипари,
      Чу оваранд дастовард бигуянд аз Тojikistoni на аз тоjik.
      Чу он дам хирад зи сиришт чун нуhуфт,
      haма донанд тоjikstoni jaмъми кавмиён.
      Милатест худ ъиникосгари Ориён,
      Намояд эътиро бар саратон давое
      Натанhо ин — балки бар куру бар СПИД-он.
      Чу расид ин замона манро надиди,
      Дуоят мукофот эй haмватан эй дилу эй jон.
      Масоз баhram пайкару накшу нигоре,
      Навис ин шеър да хар санги кухистон.

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.