Конфронси САҲА ва тавтеаҳои режими Фюрер

Конфронси САҲА ва тавтеаҳои режими Фюрер

Муҳаммадиқболи Садриддин

  

 

  Аз нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо,ки идома дорад намегуям. Ҳама аз кору бори он огоҳед ва хуб ҳам мушоҳида карда истодаед,ки бо “руи сурху сари баланд” омодаҳо ва “паёми Пешво ё Фюрер”-ро овардаҳо дар баробари суҳбатҳои бародарон аз Паймони миллӣ ва Гурӯҳи 24 намедонанд сарҳоро андаруни куҷояшон пинҳон кунанд.

 

       Дар аввал аз он хоҳам гуфт,ки режими Раҳмон шуруъ аз соли 2015 чи тавтеаҳоеро алайҳи рушанфикрону дигарандешон ва бавижа нерӯҳои милливу мардуми хосатан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чид.Зеро мо дар моҳи сентябр ҳамон моҳе,ки ҳодисаҳои табаддулоти тақаллубии Ҳоҷӣ Ҳалим ва боздошти Раёсати Олии ҲНИТ сурат гирифт, қарор дорем.Ва дар ҳамин моҳ буд,ки ҳукумати Раҳмон ҲНИТро мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Даҳҳо нафарро ба ин баҳона ба хоку хун нишонд ва садҳои дигарро зиндон кард ва ҳазорҳо нафар аз тарс ва бими ҷон муҳоҷир ва овораву сарсону саргардон дар  хориҷ аз кишвар паноҳанда шуданд.Аз ин ҳама хуб огоҳӣ дореду ниёз ба идома додани ин масъаларо намебинам.Танҳо инро ба он хотир ёдовар шудам,ки худованди меҳрубон боз ҳам бар салоҳи бандаҳои муъмину мусалмонаш чашму ақли Раҳмону тарроҳони ин ҳама тавтиаҳои ноҷавонмардонаашро тавре кур гардонд,ки ин ҳама спектаклҳо дар моҳи сентябр иттифоқ афтод, дуруст дар моҳе,ки ҳамасола нишасти САҲА баргузор мешавад ва солтосол ин ҳама ҷиноёти зидибашарии режим бештару бештар барои ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ошкоротар мешавад. Хоҳ Абдулло Роҳнамои русурхак инро мехоҳад ё хайр, ин гурӯҳи заиф “зеҳнияти қавӣ”-и  онҳоро  дар ниҳояти амр бо алтофи Худовандӣ торумор хоҳад кард. Чун мо новобаста аз он ки хурду камем аммо ба имону ба исломи худ содиқ ҳастем ва медонем,ки дар роҳи ҳақ ва адолат гом мебардорем. Шояд пиндорашон ин буд,ки дигар инҳоро маҳв мекунем ва минбаъд ҳаргиз сарбардошта наметавонанд.Аммо гуфтам,ки Аллоҳи зулҷалол тавре роҳгумашон занонд,ки ҳамасола дар болотарин сутуҳи ҷаҳонӣ ҷурму ҷиноёташон бармало ва тасбиту таъйид мешавад, ва моҳи сентябр барояшон моҳи дарду ғам хоҳад буд. Ва ҳамин нюансро ба ҳангоми кашидани тарҳи табаддулот ва манъи ҲНИТ-бузургтарин нерӯи сиёсии Тоҷикистон ба инобат нагирифтанд.

 

   Дуввум: Ёдатон бошад соли 2016 ин аввалин руё-руйӣ ва  бархурди мухолифони сиёсии тоҷик бо ҳайати ҳукумат дар Варшава дар конфронси САҲА сурат гирифт. Масоил ва мавзуоти он нишастро мо ҳам  ба таври навишторӣ ва ҳам бо наворҳо пушиши густарда дода будем. Муҳимтарин ва хотирнишинтарин лаҳазоти ин нишаст он буд,ки ҳукумат дар муқобили мухолифони сиёсияш хоссатан ҲНИТ  оҷиз омад ва ночоршуд аз ҷаласаи САҲА шармандавор фирор кунад. Инҷо дақиқан дарк намуданд,ки ҲНИТ кӣ будааст ва чӣ гуна нерӯи зеҳнӣ ва тавони муқобилаи солим ва бо далелро дар баробарашон доштааст.

 

 Сеюм: Соли 2017 ҳарчи талош карданд,то САҲА аз иштироки ҲНИТ  ва мухолифони сиёсии дигар ҷилавгирӣ намояд ва таҳдид ба бастани дафтари САҲА дар Душанберо карданд ва салоҳиятҳои ин дафтарро коҳиш доданд, вале бе самар буд ин ҳама ҳаёҳу ва шуру ғавғоҳо. Албатта як қатор “тадбирҳои пешгирикунанда” дар кишварро созмон дод,мисли митингҳои сохта назди дафтари САҲА, назди сафорати Эрон дар Душанбе ва сухтани аксҳои мухолифон ва тухмшапак кардани хонаҳои мухолифони сиёсӣ тавассути донишҷӯён. Вале ҳамаи ин “иқодомот”бе самар  анҷомид ва режим боз дар арсаи байналмилалӣ худро шармандатар ва обуруйи надоштаашро боз бештар резонид.Дар ин сол мухолифон дар назди стадионе,ки онҷо конфронси САҲА баргузор мегашт митинг доир карданд ва журналеро бо зикри тамоми қабоҳатҳои режим: аз шиканҷаҳо ва аз боздоштҳо ва аз таҳдидҳои ба хонаводаҳои мухолифин интишор дода боз ҳам ба оламиён симои ҳақиқии режимро муаррифӣ намудем.

 

Чорум: дар соли 2018 ҳукумат қабл аз моҳи сентябр дар Данғара чор сайёҳи дучархасавори хориҷиро кушт ва билофосила онро ба души ҲНИТ  гузошт,ки аз иштироки ҲНИТ дар САҲА  бо ин иттиҳоми дурӯғаш ҷилавгирӣ кунад.

 

Аммо ин иттиҳоми режим дурӯғ баромад ва ин амали ваҳшиёнаро гурӯҳи даҳшатафкани ДОИШ  ба уҳда гирифт,ки ҳама аз он огоҳӣ доред.Инҷо ҳам тири режим хок хурд ва қабл аз моҳи сентябр як “конфронсак” хост доир кунад ва ҲНИТ-ро барои корпусҳои дипломатии муқими кишвар воруна ва чаппа муаррифӣ кунад.Филми сохтаву бофтаи домулло Айёмиддинро бо забони англисӣ тарҷума ва чанд брошюра  ё дурӯғномаҳоеро чоп кард,то ба дипломатҳо ва консулу сафирҳо тавзеъ кунад. Аммо ин дипломатҳо чун аз шайтанати ин режими ҷаноби “Фюрер” огоҳии хуб доштанд тамоман дар ин “конфронсак”ашон иштирок накарданд. Режим дигар ночор монд ва ҳайати худашро бо шумули Мулло Абдурраҳим ва Мулло Айёмиддин ва Сайфулло Сафаров ва Зариф Ализода ва ду сафир ба конфронси САҲА  фиристод.

 

Аз ончӣ дар ин сол дар ин ҷаласаи САҲА  гузашт хуб огоҳӣ доред.Ҷавонони ноогоҳро ба инҷо даъват карда буданд,то онҳо ҳам дар муқобили Софтҳотел,ки он сол ин конфронс баргузор мегардид, митинг ташкил намоянд. Аммо мо митинг накардем ва ин тирашон ҳам ба хок хурд.Вақте аз он ҷавонон мепурсидем барои чӣ омадед инҷо? Мегуфтанд “ака мо намедонем барои чӣ, ба мо гуфтанд онҷо равед аз ватану пешвои миллат ҳимоят кунед ва мо харҷи шуморо медиҳем ва як тамошо карда меоед. Аз суҳбатҳои  ҳошиявии  конфронси он сол бохабаред,аз суҳбати Мулло Абдурраҳим ва Мулло Айёмиддин бо М.Кабирӣ огоҳӣ доред. Аз гиряҳои мулло Абдурраҳим ва ҳамаро шок карданҳояш ҳам огоҳед.Аз муштзании як дипломати боксёр ба Сулаймон Орзуев ҳам огоҳед,ки дар назди Софтҳотел иттифоқ афтод.Хулоса ҳама талошҳои режим дар ин конфронс бе натиҷаи дилхоҳашон анҷом ва ба пирӯзии мухолифон хотима ёфт ва олам аз кӣ будани ин режим огоҳтар гашт. Ончӣ мегуфтем,ки чунин режим дорем,барои бархе боварнакарданӣ буд, вале вақте бо чашми худ ин ҳайатро диданд барояшон ҳама чиз рушан ва ҳар ончи мо гуфтем қатрае аз баҳр буд. Пас аз он чандин мулоқотҳо ва талабҳое кардем ба нафъи мухолифон ва зарари режим поён ёфтанд. Бояд зикр намоям,ки ин ҳайат пас аз баргашташон бисёрашон ба нафақа гусел шуданд ва бо бархурди хашини ҷаноби “Фюрер”  - “Пешво” мувоҷеҳ гаштанд.

 

Панҷум: Имсол то моҳи сентябр яъне то шуруъи конфронси САҲА  аз тарафи режим чандин қатлҳои ҷамъӣ сурат гирифт, ба мисли ҳодисаи зиндони “Кирпичний”-и Ваҳдат дар 19 май дар моҳи Рамазон. Инчунин ҳангоми этап аз Хуҷанд 14 зиндонӣ гуё бо хлеб заҳролуд гаштанду мурданд.Боздоштҳо ва истирдодҳое аз Русия ба кишвар дар имсол ҳам идома ёфт ва ҳам онки чандин нафарро бо роҳи фиреб,ки Пешво афв кардааст, аз Русия  оварда ва дар ватан ба давраҳои тулонӣ зиндонӣ карданд.Аммо дар мавриди САҲА  бошад мулоқотҳо ва зораҳое карданд ва Доналд Туск-Президенти ҳамакнун пешини Иттиҳоди Урупо  вақте ба кишвар сафар дошт ӯро меҳмондории хубе намуданд ва аз ӯ хостанд,то пеши роҳи ҲНИТ- ро гирад ва дар САҲА иштирок накунад ва чандин чунин амалҳои паси пардагии дигареро анҷом доданд.Аммо ҳеҷ яке аз чунин илтимосу зораҳоро қабул накарданд. 

 

Ҳукумат ҳайати худро имсол фиристод ва дар баробари ҳайати 8 нафарааш бозҳам мулло Абдурраҳимро барои гиря кардан ва тавсифи ҷаноби “Фюрер” “қуш” кардааст,мисле,ки аз ин гиря ҷаноби “Фюрер”-ро хуш омадааст. Бо ин ҳайат чандин НПО –ҳо дуруғиро бо номи ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ эъзом кардааст,то аз ин режим ҳимоят кунанд. Аз ҷумла муовини мудири Пажуҳишгоҳи фалсафаи АУи Тоҷикистон ва декани факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Бохтар  ба ҳайси намояндаи ҷомеаи маданӣ дар ин конфаронс ҳузур доранд. Аз му мадад гуфта ҳаминҳо ва аз ҷумла Саломиддин Мирзраҳматро аз Қазиқистон ба ин ҳайат часпонидаанд. 

 

Ана дақиқан дар оғози кориин конфронси САҲА  барои таваҷҷуҳи ҷомеъаро ба самти дигар кашонидан бо минемёт ба задани КПП  қирғизҳо шуруъ карданд.То обро лойолуд кунанд ва мардум САҲА ро фаромӯш ва таваҷҷуҳашон ба ин самт кашида шавад.Ёдатон бошад дақиқан чанд рӯз пеш ширкати Фарози домоди “Фюрер” иқдом ба бастани худ намуд. Яъне кори Фароз тамом ва дигар барояш Қирғизистон аҳамият надорад чун дигар ширкаташро мебандад ва маблағҳои лозимаи солона то се миллиард доллариро дар чанд сол ғундошт аз ин канал ва  аз ин кишвар. Дигар барои Раҳмонов муҳим нест,ки чӣ мешавад ва кӣ мемурад.Барояш муҳим бақо дар қудрат ва аз даст надодани грантҳои кишварҳо аст.

 

Дар САҲА провакаторҳо мехоҳанд ин чорабиниро хароб кунанд

 

Рӯзи якуми конфронси САҲА вақте мухолифон дар дохили толор навиштаҷоти “Free Tajik Political Prison”  “Озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ”- ро дар даст гирифтанд ва аз модератор хостанд,то онҳоро барои бародаштани ин навиштаҷот,ки иҷоза диҳад.Ҳайати режим аз ин кор хушаш наомад ва эътироз кард.Аммо модератор барояшон ду дақиқа иҷозат дод,ки Темур Варқӣ гуфт бароямон як дақиқа кофӣ аст. Ин навиштаҷотро беш сад нафари дар толор ҳузур дошта,ки намояндагони 57 кишвар буданд аз ҷойҳояшон хеста барои онки ба таври комил дар акс намоён шавад, аккосӣ намуданд.Дар ҳамин асно як нафар аз ҳайати ҳукуматӣ барои халал расонидан аз ҷои нишасти худ хеста  он шиорро бо танааш мепушонад.То дигарҳо аккосӣ карда натавонанд.Вагарна метавонист як дақиқа сабр кунад,то вақташон тамом шавад ва пас аз он аз ҷойи нишасташ хориҷ шавад.Бародарон нагузоштанд,то ин махшушгар ва халалрасон берун шавад,. Аммо бо зурӣ мехост халал ворид кунад,номи ин шахси махшушгарро Парвиз гуфтаанд. Дар ҳар сурат он аксҳо ҳоло дар интернет аст ва ҳамагон метавонанд бубинад ва ба ҳама кишварҳои оламҳам ирсол гаштаанд.

 

  Аммо ин ҳолат аз аввалин  мавориди халал ворид кардан ва ё тавтиачинии намоянадаи режим дар ҷаласаи имсолаи САҲА буд.Ҳатто боз ношармида эътироз намудааст,ки ҳуқуқи маро ашхосе,ки дар даст ин навиштаҷотро доштанд, поймол кардаанд. Навори дигаре дишаб аз Самиев Камол ягона марди тоқи дор,ки ӯ сокини н.Ашт аст нашр гашт,ки ин дуюмин навори ин намояндаи ғайри расмии ҷаноби “Фюрер” дар САҲА аст. Шахсияти ин мард бароямон комилан мушаххас гашт.Ӯ то соли 2003 котиби раиси шуъбаи ҲНИТ дар н.Ашт будааст.Пас аз он ба дигар корҳо гузашта ва дар кумитаи дини н. Ашт кор кардааст. Чандин маротиба ҳаҷ рафта ва дар миёни мардуми ашт бо кличкаи "Муш" ё “Буз” маъруф будааст ва ҳоло дар кумитаи маъюбон чи вазифае доштааст.Ба нақли манбаъи Ислоҳ ӯро наҳзатиён ҷонашро наҷот додаанд ва тафсилоти бештарро дар мавриди ин мард хоҳем навишт.Агар ҳама иштирок кунандагони НПО- ҳоро таҳқиқ кунем,хоссатан онҳое барои ҳимояти режими фюрер омадаанд, шахсиятҳояшон бозгӯ кунандаи ҳоли онҳост.  Дигар чизе намегуям ва қазоват ба худи шумо хонандагони гиромӣ.

 

Хитоб ба иштироккунандагони конфронси САҲА,ки аз тарафи режими ҷаноби Фюреранд!

 

Ба дасисаҳо ва амалҳои хашин даст назанед ва чеҳраи режими Раҳмонро боз ҳам хашинтару махуфтар накунед.Ӯ дигар бо сафедкунии шумо сафед намешавад ва чеҳрааш барои ҳама олам намоён гаштааст. Шумо узви ин миллат ҳастед ва фаромуш накунед,ки он дардҳоеро,ки имрӯз мекашем, шумо ва наздиконатон ҳам мекашанд.  Агар мехоҳед аз ин режим ҳимоят кунед, марҳамат, онро бо баёни ончи мехоҳед, иброз доред,то ҷаҳониён онро шунаванду ба он худашон қазоват кунанд. Даст ба хушунат ба мисли соли гузашта ва ангезаҳое ҳоло нақша дореду, дар сададаш ҳастед назанед.Ҳар амали шумо зери муроқаба аст ба ҷони худ ҷабр накунед.

Таҳлилҳои дигар аз ҷараёни конфронси САҲА-ро дар ҳолати пайдо гаштани ҷузъиётҳои тоза дар ихтиёри шумо азизон мегузорем.

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.