М. Нурӣ:«Муҳаррики асосии ИНОТ ҲНИТ буд»

М. Нурӣ:«Муҳаррики асосии ИНОТ ҲНИТ буд»

 

Мусохибаи ихтисосии Ислох.нет бо Муҳаммад Нурӣ

 

Пойгоҳи Ислоҳ дар сездаҳумин солгарди даргузашти Устоди зиндаёд Сайидабдуллоҳи Нурӣ махсус аз ҳолати охирон рӯзҳои ӯ бо писари бузурги устод Муҳаммад Нурӣ суҳбати ихтисосӣ намудем.Умеддорем хонандагони ин мусоҳиба, аз лаҳзаҳое,ки аксари мардум аз он огоҳӣ надоштаанд аз он огоҳи пайдо мекунанд.

 

Isloh.net: Ёди устоди  бузург гиромӣ бод ва ҷояшон дар фирдаси барин бошад . Ҳоло, ки дар ин суҳбат аз устоди шаҳид ёдоварӣ мекунем метавонед  дар бораи ҳолат  ва охирон лаҳзаҳои ҳаёти он кас  бигуед. Руи дастони ки ҷон дод? Кадоме шогирдони устод дар канораш буд, ки талқинаш кард?

 

 

 Муҳаммад Нурӣ : Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.Салом ва дуруди Худо бар Муҳаммад ва олу асҳобаш. Салом  бар кулли хонандагони пойгоҳи Шумо хоссатан онҳое, ки ин сатрҳоро мехонанд. 

Воқеан даргузашти марҳум падарам ва охирон лаҳзаҳои ҳаёташ бар ман ва хонадони мо аз сангинтарин ва вазнинтарин лаҳазоти зиндагиямон буд. Чун падарам барои мо ҳам устод, ҳам роҳбар ва ҳам роҳнамои зиндагӣ ва як падари мушфиқу ғамхорамон буданд. Ӯ дар баробари падар буданаш роҳбари мактабе буд, ки мо дар он мактаб мустақим ва ғайри мустақим тарбия ёфта будем. Ҳолати вазнине буд. Ҳама нигарон буданд.  Гарчанде  ба зеҳни мо ин суолҳо меомад, ки баъди  даргузашти падарам тақдири мо ва тақдири мактабаш- ҲНИТ ва шогирдону  пайравонаш чи мешавад? Аммо тарбияи имонӣ ва ахлоқи исломӣ боис гашта буд мо ҳама чиро ба оромӣ бипазирем ва мусибати ба сарамон омадаро аз ҷониби Аллоҳ бидонем. Чун мо комилан эътиқод дорем, ки “ Мо ҳамагӣ аз Худоем ва бозгаштамон ба  сӯйи Ӯст”. Дар охирон лаҳзаҳои ҳаёташ  алҳамдулиллоҳ мо фарзандон ва бародарони эшон болои сараш будем. Инчунин шогирдони зиёдаш онҷо буданд. Саҳни ҳавлӣ, меҳмонхона ва утоқе, ки Устод(раҳмати Худо бар ӯ бод) бистарӣ  буданд, пур аз одам буд. Ҳамагӣ барояш дуои нек мекарданд. Аҳли илму дониш бо зикру қироати Қуръон ҳамон шабу руз дар атрофи устод буданд. Марҳум падарам бемории вазнинеро паси сар мекарданд, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда то охирон лаҳзаҳои ҳаёташон амри ба маъруф ва наҳй аз мункар мекарданд. Имрӯз ба хулосае омадам, ки  натанҳо кору фаъолияташон, ҳатто бемориву маргашон ҳам дарси ҷиҳод ва мубориза буд. Аз Аллоҳи меҳрубон умед дорам, ки шаҳодаташонро қабул карда бошад ва ҷойгоҳашонро ҷаннати фирдавси аъло  гардонда бошад.

 

Isloh.net:  Замоне устоди бузургвор бемор шуд ва руи тахт уфтод, киҳо бештар ба аёдати у меомаданд? Масалан аз мақомот ҳам меомаданд?

 

 

 Муҳаммад Нурӣ : Агар бигӯям аз тамоми Тоҷикистон ба аёдаташ меомаданд, хато намекунам. Роҳбарони сатҳи гуногун, олимону донишмандон, тоҷирону соҳибкорон, сиёсатмадорон, рузноманигорон ва аҳли илму фарҳанг, намояндаҳои созмонҳои хориҷӣ ва сафирони кишварҳои  мухталиф аз ҳолашон хабар мегирифтанд ва ба манзиламон меомаданд. Тамоми руҳониёни шинохтаи кишвар он замон зуд- зуд хабараш мегирифтанд. Аз идораву вазоратҳои қудратии кишвари низ ба аёдати эшон меомаданд. Манзиламон гуё ҳамаро ба ҳам меовард. Пушти дари хона пур аз мошинҳо мешуд, ки гоҳо бо дахолати кормандони БДА мушкилӣ ҳал мегардид. Ҳатто онҳое ҳам ба дидорбинии устод меомаданд, ки бо у мухолиф, ё андешаву боварҳои мухталиф, ё бо ҳам  зид доштанд. Ҳарфҳое, ки мегуям муболиға нест. Аз ин ҷараён аксу наворҳои зиёде  ҳам мунташир гардидааст ва қисмате ҳам то ҳол мунташир нагардидаанд, ки метавонанд ин ҳарфҳоро тасдиқ кунанд. Бемориашон табдил ба як ваҳдати фарогир шуда буд. Ин ҳолат  шояд рашки баъзеҳоро меовард. Вале ин як воқеъияте буд, ки касе  инкор карда наметавонист. Ҳатто ин маҳбубияту  эҳтироми фарогири қишрҳои гуногун боис гардид, ки роҳбарони аввали кишвар низ ба дидорбинии эшон биоянд. Ҳамин ҳолат нишон дод, ки устод як шахси фаромиллӣ ва ваҳдатгаро буд ба маънои воқеъии калима. Ин исботи як воқеъият аст, яъне мардумӣ будан.  Дарвозаҳои манзиламон дар шаҳри Душанбе боз буд ва аз як деҳқон то як шоҳ метавонист биояд устодро бубинад ва ҳарфи дилашро бигуяду биравад. Иншоаллоҳ як руз таҳлилгарону муҳақиқон ҳамин бахши ҳаёти падарамро омухта ва баҳои воқеъӣ медиҳанд, то дигарон бифаҳманд, ки мардумӣ будан яъне чӣ ?!

 

Isloh.net:  Вақте устод бистарӣ ва бемориаш тӯл кашид Эмомалӣ Раҳмон  сафорати Тоҷикистон дар Олмонро дастур  дод ва масъул сохт , ки дар табобат ва тадовии эшон тамоми имконотро истифода барад . То чи ҳад ин дастур иҷро шуд ва масориф ва махориҷи табобат дар Олмон пардохт шуд?

 

Муҳаммад Нурӣ :   Чуноне,ки дар боло зикр кардам, аз табақаҳои мухталифи ҷомеа ба аёдати марҳум устод меомаданд.Ва дар байни баъзе аз мансабдорон он ба як навъ сабқат, ҳоло фикр мекунам, табдил шуда буд. Доираи хабаргирон ҳар руз васеъ мешуд. Ва дар қатори ин ҳама президенти кишварамон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон  низ ба аёдатӣ устод омаданд. Чуноне, ки наворҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст. Ва ин хабаргирӣ ё аёдати президенти кишвар аз устоди марҳум боиси сару садоҳои зиёде гардид. Ҳануз ҳам дар бисёре аз доираҳо дар робита ба ин мавзуъ мегуянду менависанд. Мехоҳам воқеъиятро бигӯям. Инсофан бояд бигуям, ки дар он соли 2005 дар он шароити замонӣ ва маконӣ вазири вақти меҳнат ва шуғли аҳолӣ марҳум Зокирҷон Вазиров , ки бо хонаводаи мо пайванди хешу таборӣ доранд, ба аёдати устод омаданд ва баъд аз берун омадан аз утоқи устод ба ман гуфтанд, ки тайёриатро бубин президент ба аёдати устод меоянд. Ин буд, ки баъд аз чанд лаҳза шахси аввали кишвар ба манзиламон омаданд ва бо устод мулоқоту гуфтугу намуданд, ки шояд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳояшонро пайгирӣ карда бошед. Дар ин дидорашон аз ҳолу аҳвол ва саломатии устод пурсон шуда ба устод пешниҳоди  табобат дар кишвари Олмонро доданд. Устод ин пешниҳоди президентро пазируфтанд. Он ҷо буд, ки эшон ба вазорати корҳои хориҷа дастуру супориш доданд, то заминаро барои сафари устод ба Олмон ва табобаташон муҳайё созанд. Замоне, ки ба фурудгоҳи шаҳри Мюнхени Олмон расидем, устодро сафири вақти Тоҷикистон дар Олмон ҷаноби Нуралӣ Саидов истиқбол гирифта бо чанде аз табибони олмонӣ бо мошини ёрии таъҷилӣ аз фурудгоҳ то бемористон бурда расонданд. Дар тули табобати устод дар Олмон сафири кишварамон ҷаноби Нуралӣ Саидов ва дигар кормандони сафорат аз ҳоли устод хабар гирифта аз беҳбуди вазъи саломатии устод ба Душанбе иттилоъ мерасонданд.

Бале, бародарон ва дигар шогирдони устод омодаи хидмат буданд ва барояш хидмат ҳам карданд. Мо фарзандон низ канори эшон будем. Яне устод  тавоне дошт, ки худашро дар Олмон табобат кунад. Ва ҳамин корро ҳам кард. Устод аёдати президенти кишварамон ҷаноби Эмомали Раҳмонро ҳамчун  аёдати дӯст ва бародар қабул карда буд, ки солҳо бо ҳамдигар рафту омад доштанд. 

 

 Isloh.net:  Устод кай фаҳмид ва дарк кард, ки дигар тамом аст. Зеро дар ҷараёни тадовӣ ва беморӣ ба масъулин ва кормандони бахшҳои гуногуни ҳизб суҳбатҳое дошт, ки баъдан гуфта шуд он суҳбату ҳидоятҳо ва роҳнамоӣ барои фаъолиятҳои баъдии ҳизб будааст.  

 

Муҳаммад Нурӣ :   Ҳангоми табобат дар Олмон камина ва дигар бародаронам аз ҷумла бародари хурдиям Биҳиштӣ, ки он замон муҳассили донишгоҳи тиббӣ буд устодро ҳамроҳӣ мекардем.  Модарам ҳамеша канорашон буданд ва барояшон хидмат мекарданд. Инчунин дигар хешовандон, шогирдону мухлисонашон низ устодро ҳамроҳӣ  мекарданд. Махсусан Абдулқодир- хоҳарзодаи устод, ки воқеан заҳмати зиёд кашиданд. Инчунин аммуҳоям ҳоҷӣ Ато, Нуруллоҳ ва Абубакр ва дигар хешу ақрабо ва шогирдону мухлисонашон, ки Худо аз ҳамаашон розӣ бод, чи дар Тоҷикистон ва чи дар Олмон ҳамеша ҳамроҳи устод буданд. Падарамро худо раҳматашон кунад, ҳеҷ гоҳ танҳо нагузоштаем. Ёдам ҳаст, ки кормандони беморхона аз парастории мо бисёр хушашон омад ва барояшон чунин эҳтиром нисбати падари бемор ва ин ҳама одамҳо дар атрофаш барояшон тааҷубовар буд. Ҳатто инро як руз ба устод гуфтаанд, ки ин чи фарҳанг ва ахлоқи хуб аст, ки наздиконатон бо шумо ин ҳама меҳрубонанд ва атрофи шумоянд дар сурате, ки дар беморхонаҳои Олмон теъдоди зиёде падару модар танҳо мефавтанд ва касе аз ҳоли онҳо хабар намегирад. Устод бо ҳамин ҷумла посухашон доданд, ки ҳамаи ин аз таълим ва баракати дини муқадаси Ислом аст.

Ман намедонам , ки устод кай ва чи тавр аз бемориашон, ки саратон буд огоҳӣ ёфтанд. Аммо вохуриҳо бо бахшҳои гуногуни ҲНИТ кори маъмулии эшон буд. Падарам Худо аз  эшон розӣ бошад аз бемориашон огоҳӣ ҳам ёфта буданд, аммо тарзе бархурд мекарданд, ки гуё чизе нест ва ҳамааш хуб мешавад. Вале новобаста аз бемории шадид фаъолиятҳояшонро ҳам зиёд карда буданд ва вохуриву мулоқотҳои зиёде доштанд. ҲНИТ дигар ба як мактабе табдил ёфта буд, ки тамоми механизмҳояш фаъол буд. Устод то ҷое мутмаин буданд, ки ин ҳаракат бидуни у ҳам метавонад роҳашро  идома бидиҳад...

 

Isloh.net: То ҷое , медонем,аз миёни фарзандон  устод бештар бо шумо суҳбатҳо аз ҷумла аз боби сиёсат мекарданд. Оё ягон бор ишораҳое доштанд, ки Шумо метавонед баъди он кас раёсати ҳизбро бар уҳда бигиред? Дар робита ба он ки дар раёсати ҲНИТ кӣ хоҳад омад ва дар бораи ояндаи карийераи сиёсии Шумо гуфтугузоре доштанд?

 

Муҳаммад Нурӣ :  Як чизро ошкоро бигӯям,ки ба фарқ аз баъзе афрод раҳматии қиблагоҳӣ пойбанди мансабу вазифаву роҳбарӣ набуданд. Падарам ин чизҳоро дар худашон хеле барвақт ҳазм карда буданд.  Дар ин мавзуҳо бо мо суҳбат намекарданд. Албатта мо дар мавзуъҳои гуногун бо эшон суҳбат доштем. Аммо ин ки имиджи сиёсӣ барои мо муҳим ҳаст ё нест аслан чизе намегуфтанд. Чун дарди устод роҳбарию мансабу вазифа набуд. Ӯ фаротар аз ин чизҳо фикр мекард. Ӯ гоҳе аз сатҳи зиндагии  мардум суҳбат мекард, гоҳе ҷойгоҳи Ислом дар ҷомеаи баъди комунистии Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил мекашид. Падарам, Аллоҳ аз эшон розӣ бошад, барои як Тоҷикистони воҳид, пешрафта ва қонунмеҳвар, ки дар он ҳамаи қишрҳои ҷоема бо андешаву афкори мухталиф битавонанд бидуни кадом мушкилие зиндагӣ кунанд, суҳбатҳо дошт. Ҳатто инро дар мусоҳибаҳои ахираш дар Олмон бо рузноманигори маъруф Салими Аюбзод  матраҳ кардааст, ки қисматҳое аз он нашр гардид. Дарсҳои ахриаш ҳама тафсири Қуръону ҳадис буданд, ки сабтҳои аудиоияш пеши мо маҳфуз аст. Таъкид мекард, ки аз роҳи Худову сунати расулаш берун набошем. Аммо дар мавзуҳои сиёсату сиёсатмадорӣ суҳбатҳои зиёде доштем.Вале ин  ки як мавзуи хосса дар бораи банда ё роҳбарии баъди худаш дар ҲНИТ бошад, аслан суҳбате надоштем. Устод Худо раҳматашон кунад, танҳо бо ман не, бо ҳамаи фарзандонашон суҳбатҳо мекарданд, албата мавзуҳои суҳбат фарқ доштанд. 

 

Isloh.net:  Оё бо шумо ягон бор гуфтаанд, ки тарафи дигар тааҳудаш дар бораи сулҳро нақз мекунад? Дар бораи ҳукумат  ва Эмомалӣ Раҳмону фишорҳои батадриҷи ӯ болои масҷиду ҳиҷоб  ва намоз ва мудирияти нодурусти ӯ суҳбат мекарданд? Гуфта буданд, ки гузаштҳои он касро Раҳмон суистифода мекунанд ?

 

Муҳаммад Нурӣ : Устод дар мавқеаш бисёр устувор буд. Аллоҳ аз падарам розӣ бошад  аз он хушҳолӣ мекард, ки дигар дар кишвар садои тиру туфанг нест. Одамон орому осуда зиндагӣ мекунанд. Ӯ холисона ва бидуни риёву ҳилаву найранг сулҳ карда буд. Дидем, ки худашон ҳеч вазифаеро ҳам напазируфтанд. Раҳматии падарам аз оромии кишвар бисёр хушҳол буданд. У воқеан ҳам ин сарзамин ва мардумашро дуст медошт. Замоне, ки шамоли фишорҳо кам- кам мевазид устод он вақт бовар надошт, ки кор то ба ин ҳад мерасад. Падарам дурандеш буданд, гумони нек доштанд. Замони бемориаш ҳам, ки бо табобат машғул буд, бо камтарин фишор болои диндорон, ки он замон ба нудрат буд мавқеъ мегирифт, хатто ба фишорҳои Ислом Каримов дар Узбекистон вокуниш нишон дод. Ва Ислом Каримов ҳам дар як баромадаш номи эшонро гирифтанд. Вале дар Тоҷикистон он замон фаъолони сиёсӣ, рузномаҳо ва шахсони бедор ва руҳниёни ҳақгуй зиёд буданд. Ва устод бовар дошт, ки мақомот аз ин марз фаротар пой намегузоранд. Агар рафту чунин иттифоқе рух диҳад ҳам, мардум ҳатман вокуниш мекунанд. Аз тарафи дигар шахсоне, ки аз ҷониби мухолифон дар сохторҳои гуногуни  қудратӣ шомил шуда буданд ба ин роҳ намедиҳанд. Аммо бар акси ин он замон миёни худи мухолифону дигарандешон ҷудоӣ ва диду назари мухталиф ба миён омад. Ё аниқтараш онро ба вуҷуд оварданд, касе бо гуруҳе, касе бо худаш, касе бо маҳаллаш ҷудо шуд. Бадгуйиҳо ва низоъҳои дохилӣ байни мухолифон сохта шуд, гоҳ гоҳе фитнаҳо ба вуҷуд меомад. Ин  боис гардид, ки ҳам  худашон осеб бинанд ва ҳам ба ҷомеа осеб расонанд. Ин алакай замони зинда будани устод, махсусан охири ҳаёташон ба вуҷуд омада буд. Устод дар суҳбату маҳфилҳо борҳо таъкид кардаанд, ки ин парокандагӣ заъф ва шикасти шумост. Албатта, устод борҳо аз оқибат ва фоҷеаи парокандагӣ ҳушдор медоданд. Устод борҳо таъкид мекарданд, ки ҳукумат хидматгори мардум аст ва мардум бояд онро идора кунанд ва ҳаққи худашонро талаб кунанд. Дар акси сурат онҳо бутҳои навро шакл медиҳанд.

 

Isloh.net: Бо гузашти 13 сол аз замони даргузашти устод Нурӣ ҳамоно ин суҳбатҳо ба гӯш мерасанд, ки гӯиё ӯ масмум шуда буд. Бастагони устод , аз ҷумла худи шумо дар ин бора чӣ андеша доред?

 

 Муҳаммад Нурӣ :   Ин диду назар баъди даргузашти устод зиёд шуд. Ҳангоме, ки устод Ҳимматзода низ бо бемории ҳамсон даргузаштанд ин суҳбатҳо бештар гардид. Мо маълумтҳоро то ҳол дона дона ҷамъоварӣ мекунем ва банду баст дорем , ки воқеан чи рух дода буд он замон. Ҳоло чизе дар ин бора дақиқ гуфта наметавонам...

 

Isloh.net: Хелеҳо ёд доранд, ки издиҳоми бузурге барои бадарқаи устод ба роҳи охират омада буданд. Шаҳрдори вақт номаи тасаллияти Раҳмонро ба наздикони устод ва ҷомеаи кишвар қироъат кард. Аммо ҳоло суҳбатҳо дигар аст. Назарҳо дигар аст. Гуфта шуд бо ҲНИТ санади сулҳро имзо накарданд. Яъне бо устод Нурӣ ошти карданду бо ҲНИТ не? 

 

Муҳаммад Нурӣ : Новобаста ба он таблиғоти ноҷавон мардонае, ки соли 2015 алайҳи падарам ва мактабаш сурат гирифт, ҳануз миёни мардум ва ҷомеаи кишвари мо маҳбубу муҳтараманд. Роҳандозии чунин як саҳнасозиҳоро ба ҷуз русиёҳӣ намешавад чизи дигаре тафсир кард. Мақомоти кишвар доштани як ҳизби исломиро барои худаш ифтихор медонистанд. Борҳо ин ҳарфҳоро такрор кардаанд ҳам дар мусоҳибаҳои телевизониашон дар шабакаи “ Алҷазира” ва ҳам дар мусоҳибаҳояшон бо хабарнигорони Ҷопон иброз доштанд, ки доштани ҳизби исломӣ дар ҷомеаи демократӣ дар минтақа барои онҳо дастоварди нодире ҳаст. Ҳукуматдорон то ба имрӯз ҳар ифтихоре доштанд аз сулҳ ва хатми ҷанги шаҳрвандист, ки онро ҳам расво карданд. Ба он хотире, ки дидаю дониста бо як пурруйӣ  ва бешармӣ эълон намуданд, ки мо бо ҲНИТ сулҳ накардаем. Ҳам ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам мардуми Тоҷикистон ва ҳам худи Ҳукумат инро хуб медонанд, ки муҳаррики асосии ИНОТ ҲНИТ буд, ки устод роҳбарии ҳардуяшро бар уҳда дошт. Яке аз шартҳои муҳим ва калидӣ дар ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ваҳдатӣ миллӣ ин расман ба фаъолият шуруъ кардани ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон буд. Бидуни ҲНИТ сулҳе дар миён набуд. Ин масъала чунон возеҳу равшан аст, ки онро ҳатто кудакони боғча  мефаҳманд, аммо ҳукуматдорони мо не. Хулоса, бо чунин бархурд сулҳро танҳо моли марҳум падарам карданд ва худашон аз он канор рафтанд. Ӯ дар авҷи пирӯзӣ сулҳ кард ва ба он содиқ монд. Онҳо бояд як мавзуъро хуб дарк кунанд, ки дигар ҷангидан бо қабри падарам, бо руҳи падарам, бо андешаву афкори падарам,  маъно надорад. Дар ҳеч фарҳангу ойини дунё бо мурдаҳо намеҷанганд. Ва дигар ҳар қадар биҷанганд ҳам шармсору русиёҳ мешаванд ва дигар ҳеч!

 

Isloh.net: ҲНИТ мактаб  ва сиёсате аст, ки аз устод Нурӣ ба мерос монд. Ояндаи ӯро читавр мебинед?

 

Муҳаммад Нурӣ : Ҳамаи мо башар ҳастем, ҷойҳое хатову иштибоҳ дорем. Падарам Аллоҳ аз ӯ розӣ бошад бо Қуръону суннат зиндагӣ мекард. Вале наметавонам бигуям, ки иштибоҳу хато надошт. Шояд ҳам ҷое иштибоҳ кардаанд,ҳеҷ инсоне аз хато орӣ нест. Ва вазифаи аслии мо он аст ки он осебҳо ва хатоҳоро шиносоӣ карда  кору фаъолияти ин мактабро пеш бубарем. ҲНИТ марҳилаҳои душвореро паси сар кардаву мекунад. Ва иншоаллоҳ ояндаи хуберо дар пеш дорад. Асри  имрӯз асри аҷибе ҳаст. То дируз Толибонро гурӯҳи террористии ҷаҳонӣ мехонданд, имрӯз зораашон мекунанд, ки биё сулҳ кунем ва ё шумо дар давлатдори шарик шавед, баъд аз 30 сол ҷанг бо онҳо. Ингуна мисолҳо зиёд аст. Вазъи ҷаҳонӣ имрӯз зуд тағир меёбад. Як субҳ аз хоб бедор мешавед, ки дар дигар низом ва дар дигар сохти давлатдорӣ зиндагӣ дорӣ. Касе дақиқ гуфта наметавонад, ки фардо чи иттифоқе ба амал меояд. Муҳимтарин чизе, ки моро ба ояндаи ҲНИТ умедвор мекунад ин аст, ки ин ҳаракат зинда  аст, фаъолият дорад ва шояд дар ояндаи наздик фаъолиятҳояш чанд маротиба бештар шавад. Зинда будан, фаъъол будан, ҳаракат кардани ҲНИТ баёнгар аз расидани он ба ҳадаф ва хостаҳои ниҳоияш ҳаст, иншоаллоҳ!

 

Isloh.net: Устод чи орзуҳо ва нақшаҳо дошт, Тоҷикистонро чигуна дидан мехост?

 

Муҳаммад Нурӣ : Тамоми нақшаву орзуву ормонҳои раҳматии падарам ин буд, ки Тоҷикистон дар минтақа як кишварӣ ахлоқмеҳвар, қонунгаро ва қудратманде бошад. Ӯ мехост мардуми ин сарзамин сарбаланд бошанд. Қудрату шаҳомату иззату шарафи Тоҷиконро у фаротар аз марзҳои ҷуғрофияш дидан мехост. Ӯ тамоми талошашро кард ва дар намозҳояш пайваста дуо мекард, ки руҳи муқовимат ва истодагарии мардуми Тоҷик дар баробари зулму беҳуқуқиву беадолатӣ ҳамеша пойдор ва бедор бимонад. Ӯ ҳамвора аз як мусалмони тоҷики бо ғуруру шуҷоъ ва ҳақталошу ҷасур ситоиш мекард. 

Имрузҳо ки 13 сол аз марги падарам мегузарад дар ин ҳиҷрату ғарибӣ ниёз ба насиҳат суҳбат ва дуоҳои эшон дорем. Рӯҳат шод ва  хонаи охиратат обод бод падарҷон!

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.