М.Кабирӣ:ҳукумат бояд ақибнишини кунад,на мардум

М.Кабирӣ:ҳукумат бояд ақибнишини кунад,на мардум

 

Мусоҳибаи ихтисосии “Isloh.net” бо устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон     

 

(қисмати дуввум)

 

Ироаи аснод ба Додгоҳи ҷароими ҷангии СММ вобаста ба аъмоли Э. Раҳмон дар кадом марҳила аст? Ба назари шумо далоиле, ки доред барои таҳқиқ ва боз кардани парванда кофӣ аст?

 

 Дар марҳалаи гуфтугӯ бо вакилон ва ошноӣ бо санадҳо ва далелҳо. Ҷои дигар ҳам гуфтам, ки ин кори осон нест. Доштани далел як тарафи масъала аст. Доштани лобби тарафи дигари масъала. Вакилон ҳам таҷрибаи бурдани кор то додгоҳи байналмиллалиро алайҳи як президенти африқоӣ доранд ва муваффақ  ҳам шуданд. Аммо, худи онҳо эътироф мекунанд, ки алайҳи он президент алакай афкори манфӣ дар хориҷ шакл гирифта буд ва бисёриҳо аз ҷиноятҳои ӯ огоҳ буданд. Ва кишвар ҳам аз лиҳози стратегӣ муҳим буд. Кишвари мо дар маркази таваҷҷӯҳи байналмиллалӣ нест, ки касе думболи ҷиноятҳои роҳбараш бигардад. Ин ба дӯши худи ҷомеъаи шаҳрвандӣ меафтад, ки дар ин замина фаъъолтар бошад. Албатта, вазъият аз ду соли қабл фарқ мекунад. Ҳам фаъолияти мухолифин ва ҳам аҳмақиҳои худи низом боиси ошноии бештари оламиён ба вазъияти кившари мо гашт. Барои мисол, вақте Раҳмон моро ба куштори саёҳони хориҷӣ дар Данғара муттаҳам кард, вазорати хориҷаи яке аз ин кишварҳо дархости мулоқот намуд ва хост назари моро бишнавад. Зимни сӯҳбат гуфт, ки мо тасаввуроти умумӣ доштем, ки як кишвари диктотурӣ аст, аммо, намедонистем, ки вазъ то ин ҳад бад аст онҷо. Ва як ҳукумат то ин ҳад дурӯғ бигӯяд. Пас, онҳо ба ҳама кор қодир ҳастанд.

 

 Шумо ариза ба додгоҳи мазкурро аз номи Паймони миллии Тоҷикистон ироа хоҳед кард? Зимнан бархӯрд ва муносибати аврупоиҳо бо ПМТ чи гуна аст?

 

Ҳоло дар ин мавзӯъ муфассал сӯҳбат накунем беҳтар аст. Ин як раванди тӯлонии ҳуқуқӣ аст, на сиёсӣ ва расонаӣ. Кори ҳуқуқӣ оромӣ ва пайгириро мехоҳад, на таблиғот. Ҳамон тавре, ки дар парвандаи маҳбусони сиёсӣ хуб кор карданд, бачаҳои мо ва муваффақ шуданд қарори СММ содир шавад, инчунин, номи банда ҳам аз  Интерпол берун шуд, бояд бештар кор кард ва натиҷаи онро эълон намуд. Бояд гуфт, ки масъала танҳо бо додгоҳҳои байналмиллалӣ маҳдуд намешавад. Ҳамзамон, бархе аз масъулини ҳукумат эҳтимол аст, ки вориди руйхати ‘’Магнитский’’ шаванд, ки таҳримҳои байналмиллалӣ болояшон ҷорӣ хоҳад шуд. Дар ин самт кор бештар аст.

Аммо, ПМТ барои аврупоиҳо як созмони ҷадид маҳсуб мешавад ва табиист, ки ниёз ба вақт дорем, то бештар муаррифӣ шавад. Набояд ин тасаввурро дошт, ки агар имрӯз созмоне рӯйи саҳна омад, фардо расонаҳо ё доираҳои сиёсӣ онро бишносанду робита дошта бошанд. Ин тавр нест, вақт ва кор мехоҳад. Алакай чанд мулоқот дар сутӯҳи гуногун анҷом шуд ва рӯзҳои наздик мулоқотҳои дигаре барномарезӣ шудаанд. Дар умум, муносибат бо мухолифини тоҷик дар Аврупо табиӣ аст.

 

 Дар назар буд ПМТ шабакаи моҳвораии телевизионии худро роҳандозӣ кунад.  Ин ТВ кай фаъол хоҳад шуд?

 

Набояд ПМТ ё ҳар созмону гурӯҳи дигар ТВ-и худро дошта бошад. Ман ба ин комилан мухолифам. Ва на танҳо мухолифин, балки ҳукуматҳо ҳам набояд расонаи ҳукуматӣ дошта бошанд. Расонаҳо бояд хусусӣ бошанд ё ҳадди аксар ҷамъиятӣ. Ҳукуматҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар шакл гирифтан ва қавӣ шудани расонаҳои мустақил кӯмак кунанд, на бештар аз ин. Чун агар расона ҳукуматӣ ё ҳизбӣ шуд, ӯ дигар воситаи таблиғот аст, на воситаи ахбори омма. Ҳар куҷо, ки таблиғот шуд, онҷо ё таърифи худ аст ё танқиди дигарон. Дақиқан коре, ки то имрӯз ҳукумат алайҳи мо мекунад ва мо алайҳи ҳукумат. Чи қадар маблағу неруи инсонӣ ва зеҳниро алайҳи якдигар истифода мекунем, фақат Худо медонад. Оё лозим аст боз як воситаи таблиғотии дигар бисозем? Аз нигоҳи ман ҳеҷ зарурате надорем.

Аммо, ҷомеъаи мо ба як шабакаи телевизионии мустақил шадидан ниёз дорад. Хуб мешуд, ки он дар дохили кишвар бошад, то ҳукумат ба ӯ тамғаи “муздурони хориҷӣ-ро’’ назанад. Вале, маълум аст, ки ба зудӣ ин чиз имкон надорад. Пас, мемонад дар хориҷ роҳандозӣ кардан. Эътиқоди ман ин аст, ки ин шабакаро бояд рӯзноманигорони мустақил ё созмонҳои ғайриҳизбӣ роҳандозӣ кунанд ва майдонро ба ҳама тарафҳо баробар бидиҳанд. Барои онҳо калимаи ҳукуматӣ ва наҳзатӣ эътибори баробар дошта бошад ва назари ҳарду тарафро бидиҳанд. Мисли ҳар расонаи бетарафи дигар. Агар ин тавр набошад, ташкили ТВ ҷуз зарар ба миллат дигар фоидае нахоҳад дошт.

Вақте мо дар ПМТ мавзӯъи таъсиси як шабакаи ТВ-ро баррасӣ мекунем, манзур ҳамин чиз аст, на як шабакаи тобеъ ба ПМТ. Дар Аврупо шумораи рӯзноманигорони тоҷик хеле зиёд аст. Вақти он расидааст, ки ин қолабҳои шахшудаи қаблӣ шикаста шавад ва ҳарчи зудтар як гуфтугӯйи ҷиддиро барои ин мавзӯъ оғоз кунанд. Чун агар мо мавзӯъро оғоз кунем, новобаста аз ниятамон боз гапро ба самти “наҳзатӣ”-ю ‘’ғайринаҳзатӣ’’ мекашонанд. Хеле хуб мешуд, ки зудтар дӯстони рӯзноманигор оғоз мекарданд ва як шабакаи миллӣ роҳандозӣ мешуд.

 

Афзоиши нархи интернет дар Тоҷикистонро бархеҳо, ҳатто аз мақомот ва низ дар навиштаҳояшон аз “фабрикаи ҷавоб” ба ҳузури фаъоли оппозитсиони тоҷик марбут медонанд. Фикр мекунад бо ин васила метавонанд  аз ин робита ҷилавгирӣ кунанд?

 

Пештар гуфтам, ки ҳукуматдорони моро як тарс фаро гирифтааст, ки худашон онро бофтаанд. Интернетро маҳдуд мекунанд, танҳо барои он, ки мухолифин аз он истифода мекунанд. Фардо шояд моҳвораҳоро ҷамъ кунанд, агар як шабакаи мустакили ТВ роҳандозӣ шавад. Аз як тараф мегӯянд, ки мухолифин заъиф  ҳастанд ва касе ба гапи онҳо гӯш намекунад. Аз тарафи дигар, метарсанд, ки ҳарфи мо тарафдор пайдо мекунад ва даст ба чунин корҳои аҳмақона мезананд. Ҳоло ин савол назди мо аст, ки чи кор бояд кунем? Оё фаъолияти худро қатъ кунем, то ҳукумат интернети мардумро қатъ накунад? Ё эътирозу талабро бештар ва васеътар кунем, то ҳам ҳукумат ин қарори худро лағв кунад ва ҳам мардум ҳарфи дилашро зада тавонад. Чун, мо то имрӯз хеле гузашт кардем ва ақибнишиниҳо шуд, вале ягонтои он кӯмак накард. Баръакс, ҳукуматдорон ҳар рӯз бештар пойи худро дарозтар карданд ва кор то дахолат дар дегу табақи мардум ва ҷойгаҳи хобашон ҳам расид. Пас, набояд мардум ақибнишинӣ кунад, балки ин ҳукумат аст, ки ҳақи мардумро ғасб кардааст ва бояд ақибнишинӣ кунад.

 

    Муҳиддин Кабирӣ, замоне вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва ҳоло паноҳандаи сиёсӣ. Зиндагӣ дар шароите комилан мутафовит. Унс гирифтед, одат кардед?

 

  Пинҳон намекунам, соли аввал хеле сахт буд. Вақте беҳтарин дӯстонат ба ҳукми абад зиндонӣ ё кушта мешаванд, дар паҳлуйи падари пир буда наметавонӣ, ҳама аъзову тарафдорон, хешу табор пароканда,  бе сарнавишт ва аслан намедонӣ чи шуда ва чаро чунин шудааст, кори осон нест. Гап сари вакилу раис будан ё моликият нест, агарчи ин ҳам таъсир дорад. Аммо, дар баробари мусибате, ки сари миллат омад, ба хусус, болои аъзои ҳизб, дар бораи пулу мол ва ҷойгоҳ фикр кардан барои худи инсон нафратовар мебуд, чи расад пеши мардум. Чанд моҳ ҳамеша бачаҳои зиндон пеши назарам буданд. Вақти хоб фикр мекардам, ки онҳо дар чи шароит хобанд, вақти хӯрдан ҳам фикр мекардам, ки бачаҳо чи мехӯрда бошанд. Хеле душвор буд он ҳолатҳо. Дуруст, ки раванди фишорҳо ва зулмҳо болои ҳизбамон пеши чашми ҳама мардум мегузашт ва ҳама медонистанд чаро чунин шуд ва кӣ ин мусибатро овард. Аммо, зоҳири масъала ин буд, ки ман як ҳизби қонунии парлумониро аз Устод Нурӣ мерос гирифтам ва ҳоло ҳизб паркандаву бачаҳо зиндониву муҳоҷиранд. Зиёд парвои гапи дигарон надоштам, бештар ин савол аз зеҳни худам меомад, ки чаро чунин шуд ва кучо мо иштибоҳ кардем. Ё аниқтараш, ман хато кардам. Баъдан тасмим гирифтам, ки бо фикри зиёд дар бораи гузашта на ба бачаҳои зиндонӣ кӯмак карда метавонам, на ба ҳаракат ва асири ҳамин вазъият хоҳам монд. Тасмим гирифтам як муддат танҳо бошам ва бештар мутолиъа кунам. Агар ёдатон бошад , аз тобистони 2016 як сол дар шабакаҳо ва расонаҳо набудам. Ҳарчанд фишор меоварданд, ки чаро пинҳон шудаст, чаро бо мардум сӯҳбат намекунад, ин хомуширо нашикастам. Хонаи иҷораро пас додам ва ба лагери оддии муҳоҷирин рафтам, танҳо бо як муҳофизам.

 

Ҳашт моҳи лагери муҳоҷирин бароям як зиндагии нав буд, мисли як донишгоҳи нав. Ҳатто, бештар аз донишгоҳу академияи дипломатӣ. Беҳтарин рӯзҳои ҳиҷратам ва оромтаринаш ҳам ҳамон рӯзҳои зиндагӣ дар лагери муҳоҷирин буд. Хеле содда, ором, мисли ҳама. Баъди рафтан назди муҳоҷирин роҳаттар шудам.Гӯё баргаштам ба зиндагии бачагиам дар деҳа ва ё солҳои хидмати аскариам. Байни садҳо муҳоҷир дар лагер ҳама кас ҳаст. Аз дузд сар карда то доктори илм. Аз банги то сӯфӣ. Ҳама ранг, ҳама дин, ҳама нажод. Таърихи паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва чанд китоби даврони бачагиро аз нав хондам. ‘’Пирамард ва дарё’’-и Ҳемингуэй дар қатори таърихи Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) хеле кӯмак мекунад, ки дар танҳоӣ ва дар баробари мушкилоти зиёд кас чи бояд кунад, то нашиканад ва пирӯз шавад. Воқеан, як мактаби аҷиб буд ва шояд муфассалтар ҷузъиёти он рӯзҳоро баъдан бинависам. Муҳим он аст, ки тасмим гирифтам ҳама корро аз сифр оғоз кунам ва гузаштаро танҳо гузашта бидонам, на бештар аз он. Ва хубии кор ин аст ки вақте ин нигоҳро ба бачаҳо матраҳ кардам, ҳама дар ҳамин фикр буданд, то бо ҳам бо як нигоҳи нав пеш биравем. Ин хеле муҳим аст барои як роҳбар, ки дар лаҳзаи душвор ҳамсафони огоҳ ва ҳамфикр дошта бошад. Бигузор кам бошанд, аммо бедор ва боирода. Имрӯз, ки аз нав ҳама чизро барқарор кардем ва хатто, қадаме пештар гузоштем, натиҷаи кори ҳамин гурӯҳи хурд, вале боиродаву огоҳ аст, ки аз ҳамаашон миннатдорам.

Бояд иқрор шавам, ки ҳанӯз ҳам бо Аврупо унс нагирифтаам, агарчи Аврупо бароям бегона набуд, чун зиёд рафтуомад доштам. Ва наметавонем ҳам унс бигирем, чун ҳама фикру зикрамон ватан аст. Мо ҷисман инҷо ҳастем, фикран ва рӯҳан ҳар рӯз дар Тоҷикистонем, инро шумо аз ман беҳтар медонед.

 

Фикр мекунед, ки об дубора кай ба маҷрои худ бархоҳад гашт ва замони ин навбати ҳиҷрат кай ба сар хоҳад омад?

 

   Вақти мушаххасро таъйин кардан имкон надорад. Аммо, ҳатман муҳоҷирини мо боз ба ватан бармегарданд ва дар ин шаке нест. Бояд ин дафъа бо дониш ва таҷрибаи бештар аз Аврупо баргашт, то барои миллату давлат фоидае бошад. Инҷо ҷои андӯхтани донишу таҷриба аст ва бояд истифода бурд ин фурсатро. Гӯё, ки ба як донишгоҳи нав ворид гаштед ва таҳсил мекунед ва ба ватан бармегардед. Ҳатто, агар  баргаштан зуд шавад ҳам, фарзандон бояд инҷо таҳсил кунанд ва мутахассис шаванд. Миллати мо шанс дорад, ки ҳазорҳо мутахассиси сатҳи Аврупоро барои оянда омода кунад ва ин кори андаке нест. Ман бовар дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дасти ҳамин насли тарбиятдида дар ҳиҷрат аст. Туркия ва Ҳиндустони имрӯзаро фарзандони муҳоҷирини  дар Аврупо таҳсилкарда ба кившарҳои пешрафта табдил доданд.

 

 Дар бораи сафари расмии Э. Раҳмон ба Русия ва мулоқоташ бо В. Путин,сару садоҳо зиёд шуданд.Шумо чи тавр арзёбӣ мекунед?

 

 Ингуна сафарҳои расмии ташрифотӣ як кори маъмулӣ дар робитаҳои ду кишвари дӯст ҳастанд. Ба назари ман аз охирин сафари расмии Раҳмон ба Русия солҳо гузашта буд ва тибқи маъмул, чунин сафарҳои расмӣ бояд ҳар чанд соле як бор анҷом шаванд. Сафарҳои корӣ, барои ширкат дар ин ё он нишаст ё чорабинӣ мақоми сафарҳои расмиро надоранд. Аммо, он чизе, ки диққати ҳамагонро ҷалб кард, имзо нашудан ягон санади ҷиддӣ байни роҳбарони ду  кившар буд. Ҳама санадҳо байни вазорату идораҳо имзо гаштанд. Истиқболи Раҳмон дар сатҳи ҷонишини вазири хориҷа ҳам як ҳодисаи бесобиқа буд ва назари банда ин аст, ки дар худ паёме дошт. Аммо, чи паём, рӯшан нест. Паёми пештарро Русия қабл аз сафар аз забони полковник Квачков дода буд, то Раҳмон ёдаш наравад, кӣ ӯро сари қудрат овардааст ва чигуна. Вақте афсари Русия қабл аз сафар ошкор мегӯяд, ки Раҳмонро дар натиҷаи як табаддулоти низомӣ алайҳи ҳукумати амалкунанда ба қудрат овардаанд, хеле маъниҳо дорад. Дар ҳар сурат, Тоҷикистон ва Русия ду шарики муҳим ҳастанд ва мемонанд. Инро бояд муҳимтар аз муносибатҳои шахсии роҳбарон донист.

 

Хабаре ба нашр расид, ки Э. Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ба Фаронса сафар хоҳад кард. ПМТ  барои истиқболи гарму ҷӯшони ӯ барнома дуруст хоҳад кард?

 

 Ба назари ман, танҳо ПМТ не, ҳамаи тоҷикони муқими Аврупо ‘’муштоқи’’ дидани Раҳмон ҳастанд. Ҳоло мунтазир буд, ки ин чи сафар аст, кай ва дар чи шароит анҷом мешавад. Фикр мекунам ин сафар ҳошияҳои ҷолибе хоҳад дошт. 

 

Сипосгузорам устод, ки вақти худро дареғ надоштанд ва ба ҳама саволҳои мо посухҳои мушаххасе доданд.Дар оғоз фикр кардам, ки мегуянд ин савол ҷояш нест вале чунин нашуд ва комилан ба ҳама ончӣ дар миён гузоштем посухҳои худро гирифтем.Умедворам рисолати худро дар ин қибол идома диҳем ва ҳама ончӣ мардуми кишвар аз он огоҳи надоранд огоҳашон намоем.На чунон бошад, ки ҳарчӣ режим мегуяд онро мардум хонанду аз асли он огоҳӣ надошта бошанд.

 

    • Хонандаи Ислоҳ25 апреля 2019, 00:37

      Ман ҳар субҳ аз хоб мехезам якум мекушоям фесбукро, то бинам шумо мақолае нашр кардаед. Рӯзе нахонам мақолаҳои шуморо эҳсоси хело бад мекунам, боварамкунед устод.Ман мухлиси навиштаҳои шумо ва тарзи баёни матолиби шумоям.Аҳсан ба шумо ва бо ин нерӯе, ки дореду пайваста менависед.

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.