М.Кабирӣ: Маоши Раҳмон болотарин дар ҷаҳон аст

М.Кабирӣ: Маоши Раҳмон болотарин дар ҷаҳон аст

                                          

 

    Имрӯз-20 июл Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон 54 сола шуд. Чаҳор соли қабл дақиқан дар панҷоҳсолагӣ маҷбур ба ҳиҷрат шуд ва то ҳамин ҳоло,ки    дар ҳиҷрат қарор дорад,муқовимати худро идома додааст. Барояшон дар ин муқовимати мусолиматомез истодагарӣ,матонат ва росих будан дар ин роҳи муқаддасро орзу дорем. Аз Аллоҳ таманно менамоем барояшумри тулонии тавъам бо паймудани роҳи солеҳони умматро иноят намояд.Аз ҳама газанду офоти золимони аср дар ҳифзу ҳимояти хеш қарораш диҳад.

 

       Пойгоҳи “Ислоҳ” саъй кард бо эшон мусоҳибае анҷом бидиҳад,ки фишурдаи онро бароятон тақдим менамоем.

 

Ислоҳ: Бардошт ва таассуроти Шумо аз ҷаласаи 126-и Кумитаи ҳуқуқи башари СММ

 

Муҳиддин Кабирӣ:Ба номи худованди бахшанда ва меҳрубон

Ин ҷаласаро метавон аввалин рӯёрӯйии ҷиддии ҳукуматдорон ва созмонҳои ғайридавлатии кишвар, бо шумули мухолифин дар мавзуъи ҳуқуқи башар донист, ки мақомот онро комилан бохтанд. Ҳам коршиносони Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва ҳам созмонҳои ғайридавлатӣ бо далелҳо ва саволҳои мушаххас ба ин ҷаласа омада буданд. Ҳайати ҳукумат бошад ҷавобҳояшро тарзе омода карда буд, ки мегуфтӣ матни қонунҳоро қироат мекард. Ҳукумат натавонист ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид кунад, ки дар кишвари мо ҳуқуқи башар риоят мешавад. Баръакс, ин ҷаласа саволҳоро бештар кард.

 

Ислоҳ: Барои ПМТ-эътилофи созмонҳои оппозитсионии тоҷик ин ҷаласа чи аҳамият ва дастовард дошт?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Бори аввал дар таърихи кишвар ҳайате аз мухолифин, аз ҷумла аз ПМТ тавонист дар ҷаласаи СММ ширкати расмӣ кунад. На танҳо ширкат кунад, балки гузориши худро ба таври расмӣ сабт намояд. Ва мулоқоти алоҳида бо аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дошта бошад. Ва аз ҳама муҳим, мушкилоташ ҷузъи саволҳои СММ гардад. Яъне ,садои миллати тоҷик дар чеҳраи созмонҳои оппозитсионӣ ба болотарин мақоми ҷаҳонӣ расид. Роҳ барои оянда боз гашт. Барои миллати тоҷик ин хеле аҳамият дорад, ки садояш дар баробари ҳукумати худкома шунида шавад. Ин дастоварди кам нест.

 

Ислоҳ: ҲНИТ-ро ҳукумати Тоҷикистон созмони террористӣ  хондааст, аммо масъалаи он дар ин нишаст ҳам мавриди баҳс қарор дода шуд.Мавқеъ ва назари СММ ба ҲНИТ чи гуна аст?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳукумат нисфи миллати тоҷикро террорист эълон кардааст. Ҷаҳонро бо руйхати шаҳрвандони худ пур кардааст ва ба кадом кишваре мақомоти кудратии мо сафар накунанд, аввалин созишномаашон ин боздошту истирдоди шаҳрвандон мебошад. Гӯё ин миллат ғайри террористу муҳоҷир таваллуд кардан қудрати дигаре надошта бошад. Аммо, вақтҳои охир эътимод ба даъвоҳои ҳукумат қариб аз байн рафтааст. Аз ҷумла, дар нисбати ҲНИТ ҳам. Даъвати СММ маънои эътироф накардани ин иттиҳом аст. Илова бар ин, СММ талаб дорад, ки мақомот роҳбарияти зиндонииҲНИТ- ро озод намояд ва барои боздошт ва маҳкумияти ғайриқонунӣ ҷуброн ҳам пардохт кунад.

 

Бале, дар кишвари мо падидаи терроризм вуҷуд дорад, аммо он бештар ба мақомот рабт дорад, на ба ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ. Аз як  тараф амалҳои мақомот бар зиди шаҳрвандони худ дар баъзе ҳолатҳо ба терроризм шабоҳат дорад, мисли тарсафканӣ тавассути куштор, зиндон, шиканҷа, шантаж ва фишори равониву маънавӣ. Аз тарафи дигар, рафторҳои ҳукумат боиси пайдоиш ва рушди ифротгароиву терроризм гаштааст. Беҳуда Дабири Кулли СММ ҷаноби Антонио Гутера ахиран нагуфт, ки яке аз сабабҳои пайдоиш ва рушди терроризм ин  мудирияти ғалат ва ноадолатии ҳукуматҳост. Яъне, СММ ба ин натиҷа расидааст, ки на динҳо, созмонҳо ва аҳзоб терроризмро ба вуҷуд меоранд, балки ҷиноятҳои бархе ҳукуматҳо дар масоили марбут ба дин, сиёсат ва иқтисод ба пайдоиши он кумак мекунад.

 

Ислоҳ : Аммо дар ин як,ду соли ахир Раҳмон бо онки тарафи дигари сулҳро ба ёд намеоварад,ошкоро эълом кард,ки бо ҲНИТ сулҳ накардааст. Ин яъне чӣ аст?

 

Муҳиддин Кабирӣ:  Маълум шуд, ки  Раҳмон бо касе сулҳ накарда будааст ва ҳануз ҳам ҷангро идома медиҳад. Вақте мегуяд « ман бо ҲНИТ сулҳ накардаам», пас рост мегуяд, ӯ сулҳ накардааст. Ин мо будем, ки сулҳ кардем. Ва ҳеҷ гоҳ намегуем, ки бо ин қисм сулҳ кардему бо он гурӯҳ накардем. Ҳарки алайҳи мо меҷангид бо ӯ сулҳ кардем ва бахшидем. Акнун мефаҳмем, ки Раҳмон бо мо сулҳ накарда будааст. Марҳум Муъмин Қаноат бо он ҳисси волои худ аз воқеиятҳои баъдиҷангӣ дар як мусоҳиба гуфта буд, ки ҷанг ҳануз ҳам ба шакли дигар давом дорад. Манзури ӯшояд ҳамин чиз буд  ва медонист, ки Раҳмон самимӣ нест.

Аммо Раҳмон бидонад ,ки миллат бо ҳам сулҳ кардааст аммо бо ин эълонаш ӯ худро аз чорчӯби сулҳ ва ваҳдати миллӣ кайҳост,ки берун афканд. Ва исбот кард, ки ҷанг фалсафаи зиндагии ӯст, на сулҳ. Шиори доимии худ « бо хун омадаам, бо хун меравам»—ро бори дигар такрор кард, фақат бо шеваи дигар.

 

Ислоҳ: Бо онки ҲНИТ баста ва мамнӯъ шуда ва  хеле аз шахсиятҳои матраҳи он маҳкум ба зиндон шудаанд ва худи шумо ҳам фирорӣ ва паноҳанда ҳастед,аммо  ҳоло ҳам ҳукумат ва мақомоти алоҳидаи он даст аз сари он барнамедоранд. Шабурӯз бар алайҳи он менависанду мегӯянд. Инҷо чи ҳарфе аст?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Ин маънои онро дорад, ки фикр ва андешаро зиндон кардан имкон надорад, кушта намешавад. Метавон як нафарро кушт, зиндонӣ кард ё берун ронд, аммо фикри ӯ вуҷуд дорад, паҳн мешавад, рушд мекунад. Бо фикр ва андеша бояд бо фикру андеша ва мантиқ муқобала кард, на бо силоҳ. Чун бархеҳо бо мантиқ ва андешаи солим созгор нестанд, ягона василаи муборизаашон зуроварӣ, туҳмат ва дурӯғ боқӣ мемонад. Ҳатто агар чанд фарди бо мантиқ ва соҳибфикрро ҳам ба хидмат бигиранд, боз ҳам оҷиз мемонанд дар муборизаи фикрӣ. Чун мантиқ бо хақиқат ва воқеъият натиҷа медиҳад, на бо дурӯғ ва туҳмат. Ҳатто як артиши чандҳазории « фабрикаи ҷавоб»ҳам дар баробари чор дигарандеш кам меоранд. Чун мантиқ, адолат ва ҳақиқат бар зидди онҳост ва дар паҳлуйи дигарандешон. Ин аст ,ки бо вуҷуди куштану зиндонӣ кардан, вуҷуди мо дар дурии чанд ҳазор километр боз ҳам метарсанд ва дигаронро ҳам мехоҳанд битарсонанд. Чаро аз камтарин фаъолияти мо меҳаросанд ва ба  вокунишҳоиғайриконунӣ ва ҳатто ғайриахлоқӣ даст мезананд? Гап сари ин иқдомҳои хурд ва дурии мо нест. Гап сари он аст, ки ин амалҳо бо ҳақиқат ва воқеъиятҳо созгоранд ва мардум мебинад, ки ҳар амали мо рабт ба ин ё он ҳодиса дорад. Дар паси ин амал тақдири зиндоние, мазлуме, инсоне истодааст. Агар мо дар бораи зиндониҳо гап мезанем, дар паси калимаи «зиндонӣ» инсонҳои мушаххас мисли Зайду Бузургмеҳру Муҳамммадалӣ ва садҳо нафари дигар истодаанд. Аммо, вақте мақомот даст ба иқдоме мезананд, паси он шиор аст, гапҳои умумӣ ва мутлақ аст. Онҳо паси мафҳумҳои абстрактикӣ, авомфиребона, мисли ватандустӣ, миллатпарастӣ ва пешвогаройӣ худро пинҳон мекунанд,мо дар бораи тақдири  инсонҳои воқеӣ, мушкилоти рӯзмараи  мардум ва воқеъиятҳое мегуем, ки миллат ҳар рӯз онро мебинад. Дар сурате, ки миллиардхо пули буҷа дар ихтиёрашон аст, боз ҳам шикаст мехуранд, чун аз ҳақиқат дуранд. Ҳамин заъфи ботинӣ,воруна нишон додани воқеиятҳо,ки мардум бо чашмони ху мебинад, онҳоро водор ба чунин рафтор  мекунад.

 

Ислоҳ: Ду навбат вакили Маҷлиси намояндагон будед. Қарори маълум маоши раиси ҷумҳуриро парлумон тасдиқ мекунад. Мешавад дар робита ба ҳамин масъала ва низ ҳаҷми маошаш як кам тавзеҳ бидиҳед?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Тибқи қонун маоши Президентро Маҷлиси Намояндагон муайян мекунад. Ва ин сири давлатӣ ҳам нест ва набояд бошад. Мо қонун дар бораи сири давлатӣ дорем,ки онҷо номгуйи масоил зикр шудааст ва маоши Президент ҷузъи онҳо нест. Вақте чанд бор мо дар парлумон фоизи маоши президентро чанд баробар баланд мекардем, ба мо маблағи аслиро эълон намекарданд. Барои мисол, қарор пешниҳод мешуд, ки маоши ӯ ду баробар бештар шавад. Ман боре савол додам, ки чанд аст, ки ду баробар зиёд мешавад? Дар ҷавоб гуфтанд, ки Парлумони қаблӣ маблағро таъйин карда буд, шумо фақат метавонед дар бораи фоизи он гап занед, на дар бораи хаҷми он. Дар ҳеҷ кишвари олам маоши президент пинҳон нест, ғайр аз Тоҷикистон. Ман намефаҳмам, ки аз чӣ шарм мекунад, чиро пинҳон медорад. Аммо, яке аз вакилони даъвати қаблӣ гуфта буд, ки сабаби пинҳон кардан хеле зиёд будани он аст, ки ҳатто аз кишварҳои бойи аврупоӣ ҳам болотар. Агар он вақт аз кишварҳои аврупоӣ бештар буд, мо чанд бор чандсад фоизи боло бурдем, шояд холо яке аз болотарин маош дар ҷаҳон бошад.

 

Ислоҳ: Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати пулчинаки IRS тавассути Маҷлиси намояндагон,ки шумо вакили он будед ба тасвиб расидааст. Метавонед бигӯед,ки тарафҳои имзокунандаи ин созишнома киҳоанд?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Бале, он ҷаласа ёдам ҳаст. Он вақт ширкатро чинӣ муаррифӣ карданд, акнун маълум шуд, ки аз хонавода будааст. Чун он ҷаласаро махфӣ эълон карданд, баҳсҳо расонаӣ нашуд. Агарчи ҷаласаи махфӣ гузаронидан дар ин масъала хилофи қонун буд ва ман он вақт эътироз карда будам. Ва гуфтам, ки ин ҷаласа ғайриқонунӣ аст, чун тартиби баргузории он бо қонунгузории кишвар ва регламенти кор Маҷлиси намояндагон мухолафат дорад. Ба саволи ман дар бораи набудани имзои тарафи чинӣ ва адреси ширкат, Вазири нақлиёти он замон Ашуров ҷавоб дода натавонист ва гуфт, ки дар нусхаи асл вуҷуд дорад, ки албатта дурӯғ буд. Ман мутмаинам, ки имзо дар созишнома пас аз тасвиби он дар парлумон гузошта шуда аст, то мо вакилон онро набинем. Эҳтимол дорад аз номи ҳарду тарафи созишнома як кас ё ду нафари як хонавода имзо карда бошанд. Яъне, Раҳмон аз номи ҳукумат, фарзандаш аз номи ширкат. Чун пешниҳод кардани созишномаи ҳукуматӣ ба парлумон бе имзо ва адрес ғайриқонунӣ аст ,ки ин кор анҷом шуд. Саволи дигар додам, ки чаро матни созишнома танҳо русӣ аст, магар чиниҳо нусхае  бо забони худ ва ё англисӣ лозим надоранд? Боз ҳам Вазир китф мекашид ва мегуфт, пас русиро медонистаанд. Ин як ҷаласаи комилан ғайриқонунӣ буд ва инки чанд сол аст, ки ин ширкат пули миллатро ғайриконунӣ ҷамъ мекунад ва ба хориҷ мебарад. Хеле мехостам, ки мақомот сабти он ҷаласаро пурра нашр кунанд ва исбот кунанд ,ки ҳарфҳои мо туҳмат аст. Дар он ҷаласа иттифоқоти зиёде гузашт, ки чорчуби ин мусоҳаба имконият намедиҳад ҳамаашро бигуям. Ба хусус, он лаҳзаҳое, ки қариб бо раиси парлумон даст ба гиребон мешудем ва бо бархе вакилон. Миллат бояд бидонад, ки буданд вакилоне,ки алайҳи ин созишнома,ошкоро ҳарф заданд ва бархеашон ҳангоми раъйдиҳӣ тугмаи “не”-ро пахш карданд. Шодӣ Шабдолов ва Юсуф Ахмедов аз ҷумлаи ин вакилон мебошанд. Номи дуйи дигарро намегирам, чун мақоми расмӣ доранд.

 

Ислоҳ: Аз нигоҳи шумо интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон чи гуна баргузор мешавад?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Тибки сенарияе, ки худи Раҳмон мекашад. Интихобот саҳнасозие беш нахоҳад буд. Бадтар аз интихоботҳои пешина, чун рақибе дигар надоранд.

 

Ислоҳ: Идомаи  ҳузури Раҳмон дар сари ҳокимият  барои мардум ва миллати тоҷик чи паёмадҳо дар бар хоҳад дошт?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Идомаи ҳокимияти Раҳмон маънии идомаи вазъи имрӯза ва бадтар шуданро дорад. Тоҷикистон боз ҳам ҷузъи  қашшоқтарин, фасодзадатарин ва бастатарин кишварҳои минтақа ва ҷаҳон боқӣ хохад монд. Боз ҳам калимаҳои муҳоҷир, терроризм, экстремизм,камбизоатӣ, коррупсия, зиндон, ришва ва ришу ҳиҷоб машҳуртарин калимаҳо дар расонаҳо ва забони мардум хоҳанд буд. Миллати моро ҳамингуна хоҳанд шинохт. То вақте Раҳмон ҳаст, зиндагии миллати мо атрофи ин вожаҳо хоҳад чархид. Маориф, тандурустӣ, амният, озодӣ, маошу нафақаи дуруст ҳамонгуна, ки хаст орзуи мардум ва шиори ҳукумат боқӣ хоҳад монд. Магар ин ки як рӯз миллат ба қарор биёяд, ки бас. Дигар чунин зистан имкон надорад. Вазифаи мо ҳам бояд фаҳмондани он бошад, ки як миллат дар чунин ҳолат бояд чи кор кунад.

 

Ислоҳ: Мубориза ва муқовиматҳои шумо ва он ҳам тавассути интернет ва сайтҳо, дар ҳоле, ки тарафи  дигар тавассути силоҳ ва ҷангу хунрезӣ сари кор омадааст самара ва натиҷа хоҳад дошт?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳатман. Ҳатто, беҳтар ва зудтар аз мубориза тавассути силох. Ҳукумат бадаш намеояд, агар як гурӯх мухолифи мусаллаҳ ҳамеша боқӣ бимонад. Агар вуҷуд надошта бошад,онро бояд бисозад. То баҳонае барои саркуби бештари дигарандешон дошта бошад. Ман ба натиҷаи муборизаи мусолиматомез эътиқод дорам. Аз ҷумла, ба хезишҳои эътирозии  мардумӣ, ки солҳои охир натиҷаи беҳтар аз муборизаи мусаллаҳона бар зиди диктотурҳо медиҳад.Ҳамчунин, бовар дорам, ки хезишҳои мардумӣ бояд тавонанд аз худ дифоъ кунанд, дар сурате, ки ҳокимият даст ба хушунат бизанад.

 

Ислоҳ: Шуморо ҳамроҳ бо Раҳмон ба дебат даъват намудем,чаро посухе надодед,омода ҳастед ҳолоҳам ба ин гуфтгӯйи онлайнӣ дар ҳузури миллат?

 

Муҳиддин Кабирӣ: Заминаи воқеии чунин дебатро намебинам. Агарчи, усулан онро қабул дорам.

 

Ислоҳ: Ҳоло роҳбарони ПМТ бо чи корҳое машғуланд?

 

Муҳиддин Кабирӣ:  Ба қарибӣ як сол мешавад аз таъсиси Паймон. Дар баробари фаъолияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дипломатӣ мо ҳануз ҳам машғули такмили сохторҳои он ҳастем. Ин як раванд аст ва шумо шоҳид ҳастед, ки рӯз ба рӯз фаъолияти Паймон густурда мешавад. Ин ҳама бо шарофати  заҳмату талошҳои ҳамаи созмонҳои узви Паймон мебошад. Воқеан ҳам дӯстон заҳмат мекашанд. Оне, ки мухолифини тоҷик фаъъолтарин ва муназзамтарин дар байни ҳама кишварҳои собиқ Шуравӣ мебошанд, натиҷаи устуворӣ ва матонати фаъъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷикон дар хориҷ мебошад. Инҷо лозим медонам, ки ба ҳар кадоме онҳо бо истифода аз ин фурсат ташаккур бигуям ва ҳар кадоме онҳо сазовори қадрдонӣ ҳастанд. Ба шумо ҳам дар пойгоҳи «Ислоҳ» ва ба шахси шумо барои заҳматҳои хастанопазир аз худованди маннон ҳама подошҳои накӯро талаб ва орзу дорам.

 

Ислоҳ: Сипосгузорем,ки вақти қимати худро дареғ надошта дар ихтиёри мо гузоштед.Ҳатман боз ҳам дар фурсатҳои муносиб ба суроғатон хоҳам омад.

 

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳамеша дар хидмати миллати азизам ҳастам ва онро ифтихор медонам.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.