Мубориза бо зулм,фасод ҷузъе аз воҷиботи динии ҳар мусалмон аст

Мубориза бо зулм,фасод ҷузъе аз воҷиботи динии ҳар мусалмон аст

 

   

Мусоҳибаи ихтисосии “Isloh.net” бо устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон

(қисмати аввал)      

  Тайи чанд рӯзи аст, ки ҳайате аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери раҳбарии раиси он дар ҳамоиши солонаи мусалмонони Фаронса,ки рӯзҳои 19,20,21,22 апрел аст, ширкат доранд. Ин конфаронс дар шабурӯзҳое иттифоқ уфтод, ки Наҳзати исломӣ 46 сола мешавад ва қарор аст, рӯзҳои наздик аз кишварҳои Аврупо  ва аз ақсои олам намояндагони он даври ҳам оянд ва аз ин таърихи сарнавиштсози миллат ёдоварӣ кунанд. Қаблан ҳам хабар дода будам, ки дар ҳошияи конфаронси Порис фурсатро муғтанам шуморида бо чанде аз масъулони Наҳзати исломӣ мусоҳибаҳо анҷом додам. Иншо Аллоҳ дар ҳар вақти имконпазир пешкаши шумо хоҳам кард. Ҳоло аз устод Кабирӣ ин саволро пурсидам, ки чи таассуроту бардоште аз конфаронси Порис ҳосил кардааст:

 

-    Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

    Бале, бо даъвати Иттиҳоди Мусалмонони Фаронса бо як ҳайат барои чанд рӯз  Париж омадем, то дар ҳамоиши солонаи онҳо ширкат намоем. Дақиқтар бигӯям инҷо намоишгоҳ аст, ки ҳар сол ташкил мешавад. Ин яке аз қадимтарин  намоишгоҳи мусалмонон дар Аврупо мебошад, ки тайи як ҳафта даҳҳо ҳазор мусалмон ва ғайри мусалмон аз он боздид мекунанд. Бар тибқи анъанаи бузургтарин намоишгоҳи Фаронса Ла Бурже як ҳафта ҳар сол дар ихтиёри созмонҳои фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии мусалмонон қарор мегирад. Ҳар кас доштаву бозёфт ва касбу ҳунари худро инҷо ба намоиш мегузорад. Сарояндагон, рассомон, моделерҳо, қаннодон ва ҳатто фермерҳо инҷо гӯшаи худро доранд. Сиёсатмадорон, фақеҳон, андешамандон ҳам нишастҳо ва баҳсҳои ҷолиб баргузор мекунанд. Ҳар кас тибқи завқу салиқааш гӯшае пайдо мекунад ва ҳар кас метавонад худро муаррифӣ кунад. Бори аввал ин намоишгоҳ  дар сатҳи байналмиллалӣ доир мешавад, чун мусалмонони Русия ҳам гӯшаи худро ташкил кардаанд, ки ҷолиб буд. Мо, тоҷикон имсол меҳмон будем ва тасмим шуд, ки соли оянда гӯшаи Тоҷикистон ташкил шавад, то мо  тоҷикони муқими Аврупо тавонем кишвару миллатамонро  муаррифӣ кунем.

 

Барои шумо бештар кадом қисмати намоишгоҳ писанд омад?

 

 Бештар маҳфилҳои фарҳангӣ, фикрӣ ва фиқҳӣ ба ман писанд омад. Олимон, фақеҳон ва андешмандон дар як  фазои ором баҳсҳои ҷолиби фикрӣ ва фиқҳӣ мекунанд, масоили доғ аз нигоҳи як мусалмони аврупоӣ баррасӣ мешаванд. Инҷо алакай насли сеюми мусалмонон таваллуд шудаанд, ки аврупоӣ фикр мекунанд, танҳо бо забонҳои аврупоӣ суҳбат мекунанд ва худро ҷузъи ин муҳити фарҳангӣ-иҷтимоъӣ медонанд. Аммо, ҳамзамон мехоҳанд арзишҳои миллӣ ва мазҳабии худро ҳифз кунанд, ҳуввияташон аз байн наравад. Барои мо тоҷикон, ки тоза муқими Аврупо шудаем, ин таҷриба хеле муҳим аст. Мехоҳем ё не, мо ҳам ин мароҳилро аз сар мегузаронем. Фарзандонамон инҷо алакай таҳсил мекунанд, бузург мешаванд ва ҳамзамон аз насли мо фарқ хоҳанд дошт. Ва бояд аз қабл омода бошем.

 

   Дар намоиши навбатии Иттиҳоди мусалмонони Порис, иншоаллоҳ, ки миллат ва мардуми тоҷикро ба ваҷҳи аҳсан шинос хоҳем кард. Вале Худо кунад, ки ҳиҷрати мо ба тӯл наанҷомад. Аммо воқеияте, ки дорем ин аст ки се- чаҳор соли ахир ҷашнҳое чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва солгарди таъсиси ҲНИТ чун ин ҳамоиш дар хориҷ, дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мешавад. Имсол ҳам маросими 46 солагии солгарди ташкилёбии ҲНИТро дар Аврупо доир мекунемВале барои хелеҳо дар хориҷ аз Аврупо ин суол посух мехоҳад, ки ҲНИТ чаро Аврупо ва кишварҳои узви онро ихтиёр кард, на кишварҳои мусалмониро.

 

- Сабабҳои аслии рӯ овардан ба Аврупо хеле соддаанд. Якеаш, мардумсолорӣ ва риояти ҳуқуқи башар дар ин кившарҳо. Он чизе, ки дар аксари кишварҳои минтақаи мо вуҷуд надорад, аз ҷумла дар кишварҳои мусалмоннишини минтақа ҳам. Инсон он чизеро меҷуяд, ки ниёз ба он дорад. Миллати тоҷик имрӯз ниёз ба озодӣ, адолат ва каромати инсонӣ дорад. Агар ин надоштаҳо дар кившарҳои минтақа ҷой медоштанд, ягон тоҷик ба Аврупо намеомад ва худро дар мушкилии забонӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ гирифтор намекард. Ҳамон тавре, ки дар садри ислом Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) ёронашро барои раҳоӣ аз зулми мушрикони Макка ба Ҳабаш равон кард, на кишварҳои наздики минтақа, мисли Форс, Рум ё қабоили арабии мавҷуд дар нимҷазираи Араб. Аз лиҳози динӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ ин кишварҳо наздиктар буданд, аммо , он чизе, ки далел қарор гирифт, одил будани шоҳи Ҳабаш Наҷошӣ буд. Ва ниёзи аслии мусалмонон ҳам он замон адолат ва озодӣ буд, ки танҳо дар Ҳабашистон метавонистанд пайдо кунанд.

Дуввум, дар ягон кишвари мусалмонии минтақа имрӯз як низоми демократии озод вуҷуд надорад, ки як неруйи сиёсӣ мисли ҲНИТ ё ҳар гурӯҳи оппозитсионии дигар озодона тавонад фаъолият кунад. Пеш аз Аврупо омадан аксари мо дар Туркия, Эрон, Русия ва кившарҳои дигари минтақа будем ва мехостем онҷо бимонем, зеро наздиктар ба ватан аст. Аммо, ҳеҷ кадоме аз онҳо натавонист моро бигунҷонад ва ночор ба Аврупо омадем.

 

Аммо инки ҲНИТ дар Аврупо ҷойи амн ёфт ва аз инҷо фаъолият мебарад, барои онҳое, ки бофтҳои иҷтимоии ҷавомеи ғарбиро балад нестанд, як каме ғайриоддӣ аст.

 

    Аз нигоҳи аввал бале, ғайриоддӣ менамояд. Ба ман ҳам ҳангоми дархости паноҳандагӣ ин саволро доданд. Ба ин маънӣ, ки шумо роҳбари як ҳизби исломӣ ҳастед, чаро дар Арабистони Саъудӣ, Эрон ва ё Туркия дархости паноҳандагӣ накардед. Ман ҳам хеле шаффоф ҷавоб додам, ки агар ман дар ҷустуҷуйи танҳо озодии динӣ ва ё ҳали мушкилоти иқтисодии шахсиам мебудам шояд яке аз кишвархои исломиро интихоб мекардам ва аз муборизаи сиёсӣ даст мекашидаму оромона паси ибодат ва тиҷорат мешудам. Аммо, ман тасмим дорам муборизаи худро барои озодии миллатам идома диҳам ва танҳо ҷое, ки ин шароитро фароҳам мекунад, Аврупо аст. Мусалмоннишин будан ва ҳатто исломӣ будани як кишвар кофӣ нест, ки инсон худро онҷо ором ва ҳимоятшуда эҳсос кунад. Ҳатто як инсони муъмини мусалмон ҳам. Шумо метавонед дар як кишвари исломӣ, вале ноозод бархе аз озодиҳои динии худро дошта бошед, мисли озодӣ дар намоз, рӯза ва дигар воҷибот. Аммо, дар анҷоми воҷиботи дигари диниатон ҳам озод нестед. Барои мисол, мубориза бо зулм, фасод ва талош барои расидан ба каромати инсони ҷузъе аз воҷиботи динии ҳар мусалмон аст. Дар Қуръони Маҷид ва аҳодисӣ набавӣ таъкид ба адолат, инсоф, озодӣ ва ҳақи мардум нахурдан камтар аз даъват ба намозу рӯза нест ва талош барои расидан ба чунин як ҷомеъаи озоду одил ҷузъи воҷиботи динӣ ва инсонии мост. Аммо, дар аксари кишварҳои мусалмонии мо озодиҳои диниро ба озодиҳои бархе аз масоили ибодӣ, мисли намозу рӯза, ҳаҷ ва закот маҳдуд кардаанд ва агар дар ҳамин масоил озодии нисбӣ вуҷуд дошта бошад, гӯё озодиҳои динӣ дар ин кишвар таъмин аст. Ин дарки маҳдуд аз озодӣ ва дин аст, ки чунин саволҳоро ба миён мегузорад: чаро шумо ҳамчун мусалмон ба кившарҳои аврупоӣ рафтеду ба кившарҳои исломӣ не. Бехабар аз он ки ҳама инсонҳо новобаста аз дину қавмияташон баробар ба озодӣ, адолат ва каромат ниёз доранд ва фирор мекунанд аз ҷое ки ин ниёзҳо фитриашон маҳдуд шавад. Ҳатто, агар ин маҳдудиятҳо бо номи дин ва аз тарафи диндорҳо ҳам бошад.

 

   ҲНИТ дар Афғонистон ҳам буд, дар Эрон ҳам буд, дар Русия ҳам буд ва инак ҳоло дар Аврупост. Ин ҳама мусофират ва ҳиҷратҳо рӯи аҳдофи ҳизб ва барномаҳои он чи асароте мегузорад? 

 

Фикр накунам дар шароити ҷаҳонишавии иртиботот ва андешаҳо ҷуғрофие таъсири зиёд болои аҳдоф ва барномаҳои ин ё он ҳизбу созмон гузорад. Солҳои қабл ин омил шояд таъсири бештаре дошт, чун инсонҳо дар маҳдудаи сиёсӣ, ҷуғрофӣ ва иқтисодии хосе зиндагӣ мекарданд, меандешиданд ва иртибот доштанд. Ин ҳама болои шакл гирифтани ҷаҳонбинӣ таъсир дошт. Имрӯз ҳама чиз ҷаҳонӣ шудааст ва фарқ намекунад, ки шумо дар кадом нуқтаи ҷаҳон қарор доред, дастрасӣ ба иттилоот, андеша ва омор қариб яксон аст. Агар касе фикр кунад, ки бо Аврупо омадан нафаре, аз ҷумла, аъзо ва пайравони ҳизби мо бештар ‘’аврупоӣ’’ мешаванд, ё бо рафтан ба як кившари исломӣ бештар ‘’исломӣ’’ мешаванд, як хулосаи содда ва қолабӣ аст.Бале, агар шумо масири тағйирот дар барнома ва аҳдофи ҳизбамонро аз рӯзҳои аввали таъсис, то имрӯз таҳлилу баррасӣ карда бошед, дигаргуниҳои зиёдеро мушоҳида хоҳед кард. Кофист, ки як бор муроҷиъат кунед ба сарчашмаҳо, мисли суханрониҳо, мақолаҳо ва мусоҳабаҳои роҳбарону масъулини ҳизб дар тули ҳама ин солҳо ва бароятон ин таҳаввулот комилан рӯшан мешавад. Шояд касоне, ки дар дохили раванд бошанд ин таҳаввулотро ба осонӣ ҳис накунанд, аммо, барои як коршинос ва муҳаққиқ ин кори душворе нест. Агар солҳои Шуравӣ ва авоили 90 шиорҳо ва дидгоҳҳо бештар таҳти таъсири пирӯзии муҷоҳидин дар Афғонистон ва инқилоби исломӣ дар Эрон шакл мегирифт, солҳои баъди Устод Нурӣ ба ҷои вожаҳои ‘’ давлати исломӣ’’ е ‘’ҷумҳурии исломӣ’’ бештар ибораи ‘’ҷомеъаи исломӣ’’-ро истифода мекарданд. Ин тағйирот бештар таҳти таъсири таҷрибаи дохилӣ ва худи ҳаракат шакл гирифта буд, на инки натиҷаи зиндагӣ ё ҳиҷрат дар Аврупо,Эрон ё кившари дигар бошад.

 

Яъне, ҳамон қадр,ки роҳбарону масъулини ҳизб бо қишрҳои дигари ҷомеъа, гурӯҳҳои сиёсиву фарҳангӣ иртиботи бештар пайдо мекарданд, бо қонуниятҳо ва сохторҳои ошкору ноаёни давлату ҷомеъа бештар ошно мегаштанд, ҳамон кадр тағйирот дар барнома ва аҳдоф бештар эҳсос мешуд. Ва ин танҳо хоси ҳизби мо ҳам нест. Пас аз чанд соли ҳамзистиву ҳамкорӣ ҳатто назари коммунистҳои кишвар ҳам бо мо дигар шуда буд. Ман инро аз таҷрибаи худам бо Шабдолов дар парлумон ва дигар шахсиятҳо метавонам мисол биёрам. Имрӯз агар мо аз расидан ба як ҷомеъаи воқеан ҳам озоду мардумсолор ва маданӣ (шаҳрвандӣ) сӯҳбат мекунем, маънии онро надорад, ки ин тағйирот дар натиҷаи зиндагӣ дар Аврупо шакл гирифтааст. Ин ҳарфро ман ҳанӯз солҳои 2007 дар Тоҷикистон мегуфтам ва рабте ба ҳиҷрату зиндагии имрӯзаи мо надорад. Нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки ин раванди такомули фикрӣ бояд қатъ нашвад ва ҳамеша дохилӣ бошад, на хориҷӣ. Барои зинда ва пӯё боқӣ мондани як ҳаракати сиёсӣ-фикрӣ ин масъала хеле мухим аст. Бисёре аз ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ қурбони шахшудагӣ мегарданд ва наслҳои баъди ҷуръати тағйироту ислоҳ 

 от дар равиш ва афкори муассисон ва наслҳои аввали худро надоранд ва метарсанд, ки ба дур шудан аз асл муттаҳам мешаванд. Ҳизби коммунисти шӯравӣ ҳам натавонист худро аз қолаби афкори насли аввалаш бираҳонад ва билохира ҳам худ заъиф гашт ва ҳам як абарқудратро барҳам зад. Дар сурате, ки коммунистҳои Чин даст ба ислоҳоти ҳаматарафа заданд ва тавонистанд худро ба талаботи замони нав то ҷое мутобиқ кунанд. Дар олами ислом ҳам ҳизбҳое мисли ‘’Ҳизби Таҳрир’’ ва ҳатто ‘’ Ихвонулмуслимин’’ ҳам ба ин мушкилӣ гирифторанд ва наслҳои ҷавонашон дар як буҳрони фикрӣ байни ‘’навгароӣ’’ ва ‘’ аслгароӣ’’ боқӣ мондаанд. Хубии Наҳзат дар он аст, ки худи Устод Нурӣ ва устодоне мисли Ҳимматзода афроди муътадил ва навгаро буданд ва ҳамеша шароити макон ва замонро ба инобат мегирифтанд. Ва ин ҷасоратро ҳам доштанд, ки иштибоҳҳоро эътироф кунанд ва барои ислоҳашон бикӯшанд. Бинобар ин, агар тағйироте ҳам  дар барнома ва аҳдоф шакл бигирад,  ҳеҷ рабте ба ҳиҷрат надорад ва ин як мавзӯъи сирф дохилист.

 

   Дар тамоми навиштаҳо бар зидди шумо ва ҲНИТ аз пуштибонӣ ва дастгирии “хоҷаҳои хориҷӣ” сухан меравад. Мисли онки ҲНИТвасила ва абзори дасти хориҷиҳост ва масъулони он иҷрокунандаи хостаҳои хориҷиҳоанд. Ҳоло, дар қатори хориҷиҳо на танҳо Эрону кишварҳои арабӣ, исми Аврупо ва Амрико ҳам зикр мешавад. Дар ҳар сурат дар бораи “хоҷаи хориҷӣ” чӣ назар доред?

 

  Аслан таъбири ‘’хоҷагони хориҷӣ’’ ё ‘’ муздурони хоҷагони хориҷӣ’’ ихтироъи мо тоҷикон нест. Ин вожаи дӯстдоштаи ҳама режимҳои диктотурӣ аст, ки алайҳи дигарандешон истифода мекунанд. Барои дастгоҳи таблиғотии шӯравӣ Солженицин ё Сахаров ‘’муздури капитализм’’ ё  ‘’ буржуазияи пӯсидаи ғарбӣ’’ буданд. Шумо аз бойгонӣ нашрияҳои ‘’Правда’’ ё “Известия’’-ро пайдо кунед, ин вожаҳо хеле зиёданд онҷо. Шумо ягон кишвари диктотурие надоред, ки ‘’як қисми шаҳрвандонаш ‘’хоин’’ ё ‘’ “фурӯхташудаи хориҷиҳо’’ набошад. Режимҳои диктотурии арабӣ вожаи ‘’ъумало’’ (муздурон)  ё ‘’хавоин’’ (хоинҳо)-ро дар баробари дигарандешони худ истифода мекунанд. Агар ин дигарандеш дунявӣ бошад, ӯ муздури Ғарб аст, агар мазҳабӣ бошад, муздури кадом созмон ё кишвари исломии дигар.Барои як низоми худкома имкон надорад, ки шаҳрвандаш бар хилофи ҳокимон андеша дошта бошанд. Агар дошта бошад, пас ҳатман ӯ хоин аст. Ва ҳатман дасти хориҷие вуҷуд дорад. Ягона изофае, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин ихтироъи диктотурҳои қаблӣ изофа кард, ин ‘’универсалӣ’’ кардани ин вожаҳо дар контексти воқеъиятҳои миллии худамон мебошад. Дар шинохти ‘’хоин’’ ҳеҷ мушкиле надоранд, ҳар ки мухолиф аст ва дигар хел фикр мекунад,ӯ хоин аст. Мушкили онҳо дар муаррифии ‘’хоҷагон’’-и ин ‘’хоинхо’’-и миллат аст. Инҷо тамоми дунё, ҳамаи кишварҳо, ҳамаи созмонҳои бонуфузи олам як ё ду бор ҳади ақал ‘’мушарраф’’ ба ин лақаб шудаанд.

 

Албатта, вобаста ба вазиши боди сиёсӣ ва молӣ. Аз Арабистони салафӣ сар карда то Эрони шиъа ва аз Аврупои либералӣ гирифта то Амрикои капиталистӣ ҳама дар як марҳалаи кӯтоҳ ва гоҳо ҳамзамон ‘’хоҷагони ‘’ мо мухолифини тоҷик будаанд ё ҳастанд. Ва мо ҳам он қадр тавонманду доно ҳастем, ки якбора ‘’муздурии’’ ин ҳама абарқудратҳои ба ҳам зиду душманро ӯҳда карда метавонем ва боз пул ҳам меситонем. Ин ‘’қудрат’’- ро танҳо мухолифини тоҷик доранд, ки на танҳо дар дохили кившар алайҳи Раҳмон, балки бо маблағи эронихо дар родиёи амрикоӣ ҳам табаддулот роҳандозӣ мекунад ва муваффақ ҳам мешавад. Ба назари ман, ин бозии тӯлонӣ бо зеҳни мардум бо вожаҳои ‘’хоину’’ ‘’ хоҷагони хориҷӣ’’ ва ‘ табаддулот’’-ҳо худи онҳоро гирифтори як бемории зеҳнӣ кардааст. Инро дар илми равоншиносӣ ‘’параноя’’ мегӯянд ё таваҳҳум. Одам фикр мекунад, ки касе ҳамеша дар фикри нобуд кардани ӯст, мехоҳад қудрати ӯро бигирад ва ё молашро. Ҳукуматдорони мо ҳам гирифтори ин ҳолат ҳастанд ва инро ҳамеша дар зеҳни миллат талқин мекунанд. Гӯё дар Вашингтону Брюсел, Риёзу Техрон, Анкараву Москва сиёсатмадорон шабу рӯз дар фикри барканории ‘’ пешвои тоҷикон ‘’ бошанд ва кори дигаре надоранд. Маълум нест, ки ин ҳама хаёлпардозиҳо барои тарсонидани кӣ  роҳандозӣ мешавад. Аммо, мисле, ки худашон ҳам кам- кам доранд таҳти таъсири ин бофтаҳои худ қарор гирифтаанд. Маҳдуд кардани интернет нишонаи чунин тарс аст. Тарсе, ки аз зеҳни худи онҳо берун омадааст ва камтар ба воқеъиятҳо рабт дорад. Албатта, бо таъассуф бояд гуфт, ки бархе сиёсатмадорони маъруфи олам ҳатто намедонанд Тоҷикистон дар куҷои харита қарор дорад, чи расад ба он, ки дар фикри барканории роҳбари он бошанд. Инро касе медонад, ки дар Ғарб кору зиндагӣ кардааст. Аммо, таблиғоти дохилӣ ин аст, ки гӯё нисфи олам барои зиёрати ‘’пешво” дар навбат истодаанду нисфи дигараш дар фикри табаддулоту зиди ӯ ҳастанд. Воқеъан, ин як бемор аст.

Поёни қисмати аввали мусоҳиба,ки иборат аз шаш савол буд.Қисмати дуввуми мусоҳибаро,ки аз ҳафт саволи дигар аст дар бахши дуввум мутолеа намоед.Саволҳои муҳиме  дигареро дархуд дорад. Масалан яке аз он саволҳо ин аст: Ироаи аснод ба Додгоҳи ҷароими ҷангии СММ вобаста ба аъмоли Э. Раҳмон дар кадом марҳила аст?

 

                                                                                                                                                 

    • Читатель22 апреля 2019, 18:28

      Ассаламу алейкум, Мухаммадикбол, брат у тебя всё отлично, захожу иногда читаю. МашаАллах!
      Два предложения, сделай шрифт чуть больше, потому, что читать не удобно и
      второе не оставляйте Сироджиддина. Похоже народ не понял очередную уловку
      чекистской ятимовской гэбни. Видно, что автором всего этого Ятимов.

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.