М.Ризоӣ:“Раҳмон бо ислом душмании ислоҳношаванда дорад”

М.Ризоӣ:“Раҳмон бо ислом душмании ислоҳношаванда дорад”

    

Мусоҳибаи ихтисосии пойгоҳи таҳлилии “Isloh.net”бо Муҳаммадсаид Ризоӣ,узви раёсати Паймони миллии Тоҷикистон

 

  Ҷаноби Муҳаммадсаид Ризоӣ! Барои бори дуввум аст, ки рӯ ба ҳиҷрат овардаед, мусофир ҳастеду ғариб ва номатон ҳам ҳаст паноҳанда. Фикр мекунед он чӣ, ки барояш умрро, зиндагиро фидо кардеду дунёро фано мекунед, арзишашро дорад?

 

     Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Бале, ин бори дуввум аст, ки ман маҷбур ба ҳиҷрат ва тарки Ватан мешавам. Аммо дар ҳар ду ҳиҷрат аз Ватан ба хотири он берун ва овора будам ва ҳастам. Азбаски барои ватани худ овораву мусофирам, арзишашро дорад.

 

    Ба ҳайси як узви бособиқаи ҳизб метавонед бигӯед, ки чаро Раҳмон бо он, ки сулҳу салоҳ кард, оштӣ шуд, ва агар воқеиятро бигӯем, бояд мадюни ҳамин мухолифин-неруҳои милливу мардумии озодандеш бошад, ки соҳиби қудрат шуд, вагарна гумон буд, ки ҳатто раиси ноҳия бишавад, боз ҳам ин сулҳро шикаст, пушт гардонду душман хонд. Чӣ боис шудааст, ки чунин муносибат бикунад ва чи чизе аст, ки таҳрик ва ангезааш дода?

 

   Гуфтаниед, ки Раҳмон ёфт ҳама чизро аз Наҳзат, дар ниҳоят наҳ зад Наҳзат. Ба истилоҳи дигар Наҳзатро лагад зад?! Дар таърих хело кам дида мешавад, ки тарафҳои сиёсӣ баъди ба қударт расидан, сари паймонҳои худ пойдор боқӣ монда бошанд. Ба вижа вақте хостаҳо ба ҷои манфиъати мардум, шарафу иззати Миллат ва тақвияти қудрати кишвар ба хотири ҳифзи ҳокимияти мардумӣ, манфиъат шахсӣ бошад ва шарафу иззат дар шуҳрат ва мунҳасир дар боқӣ мондан дар қудрат дониста шавад.

 

Ва шахси Раҳмонов аз ҳамин қабил аст. Тамоми ҳамяроқони собиқи худро, ки ҳимояташ карданд ва то ба қудрат расиданаш дар паҳлуяш буданд, ба  қатл расонид, ҳабси умрбод кард. Ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба хотири шарафи Миллат, тақвияти Давлат дар оромӣ ва суботи кишвар кумакаш намуданд, аз фаъолият боздошт ва бархе раисону аъзои боломақоми онҳоро ба муҳлатҳои тулонӣ, ё умрбод аз озодӣ маҳрум сохт. Танҳо ин ангезаи худбинӣ, худхоҳӣ ва қудратро барои ҳимояи манфиъатҳои шахсии худ донистан аст, ки таҳрик мекунад Раҳмоновро, то ба ҳама қонунвайронкунӣ, қонунивазкунӣ ва дар умум ба ҷинояткориҳое, ки мисли хостаҳояш бепоёнанд, даст занад.

 

 Бархе бар ин назаранд, ки шахси Кабирӣ, обрӯву шӯҳрати ҷаҳонӣ ва истиқболи оммавии Ӯ, рейтинги бартару болои касб кардаи Ӯ, Раҳмонро дар баробари ҲНИТ ошуфта ва хашин кардааст. Агар шахси дигаре дар раъси ҳизб қарор медошт,шояд шароити феълии ҳизб дигар буд?

 

  Устоди зиндаёд, Лоиқ дуруст гуфтаанд: “Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст? Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?” Обру ва шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардан ва мавриди истиқболи умумӣ қарор гирифтани Кабирӣ, айби худи Ӯ нест. Айб дар тоҷик таваллуд шуданӣ Ӯ ва махсусан ҳамзамон бо Раҳмонов буданӣ уст. Ин аз мантиқ ва хирад дур аст, ки ба хотири як нафар, ҳоло, кӣ ва чӣ мақоме ҳам дошта бошад, лаёқат ва арзишмандии як шахсият нодида гирифта, аз раисии ҳизбе канор андохта шавад. Мо мехоҳем на танҳо дар раъси Наҳзат, балкӣ дуст медорем дар роҳбарии кишварамон шахсиятҳои мисли Кабирӣ қарор дошта бошанд. Дигар ин, ки дар раъси Наҳзат ҳар касе бо ин ҳушмандӣ ва тавонмандӣ мешуд, боз ҳам Раҳмон  ин хилофкорӣ ва қадрношиносии худро нисбати Наҳзати Исломӣ мекард. Зеро Раҳмон аввалан бо дин, ислом душмании ислоҳношаванда дорад, сониян ҳар, касеро бубинад дар коре ё чизе аз худаш бартарӣ дорад, бо он ҳамин бархурдро мекунад. Мисоли равшан Муҳаммадрузӣ Искандаров, Зайд Саидов ва гирфтории даҳҳо ҳуқуқшинос ва дур аз Ватан овораву дарбадар гаштани садҳо тоҷиру мутахасис ва рӯзноманигору шоир ва аҳли қалам  аст, ки аҳли илму хирад ва ҳама озодандешон ҳақиқати гуфтаи манро медонанд ва рад намекунанд.

 

  Шумо аз афроди наздик ва аз шогирдони устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебошед. Ба эҳтимоли зиёд бо шумо ҳарфу ҳиҷоҳо ва сӯҳбатҳое доштанд, ки то ба имрӯз ногуфта боқӣ мондаанд. Ҳамин ҳоло ҳарфҳое дар мавриди нафари ҷойгузини устодро дубора дар расонаҳо матраҳ карда истодаанд. Баъди худ Устод киро дар раъси ҳизб дидан мехост?

 

    Дуруст қайд кардед, банда аз таҳсилкардагон дар назди ҳар ду устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода (раҳматуллоҳи алайҳимо) мебошам. Бештари даврони шогирдиро назди марҳум устод Нурӣ адо кардаам. Дар ҳиҷрати аввал як қисмати музокирот ва кору фаъолият ва бемориҳои устодон, аксаран паҳлуяшон будам. Аммо бояд инро дуруст бидонем, ки Наҳзати Исломии Тоҷикистон як ҳаракат ва мактаб аст. Устод Нурӣ (р) муассиси ин мактаб аст. Ниҳоди мактаби таъсисдодаи марҳум Устод, мардумӣ ва характери динӣ дорад. ҲНИТ бахши сиёсии ин ҳаракат аст. Ҳизб оиннома ва барномаи худро дорад ва аз давраи таъсис, то ба ҳол бар асоси он расман фаъолият кардааст. Органи олии Ҳизб, Анҷуман ва органи қонунбарори он Раёсати Олӣ ва меъёри қабули қонунҳо дар он Шуро мебошад. Пас, масъалаи тавсия барои ҷонишинӣ баъди сари раҳбар чизе мебошад, ки дар оинома нишон дода нашудааст. Вале инро инкор карданӣ нестам, ки марҳум Устод бо шогирдон ва мақомоти зирабт, тавсияҳо ва гуфтаниҳои муфид бо салоҳдиди зарфият ва тавонмандии онҳо накарда бошад. Чунин тавсияҳо пеши мо вуҷуд доранд, вале онҳо ба ниҳоди усулии Ҳизб мухолиф ва дар тазод намебошанд. То ин дам хело аз он тавсияҳо гуфта шудаанд ва дар оянда ҳам муносиб ба шароит онҳо омухта ва амалӣ мешаванд. Бинобар устод Нурӣ (р) дар раъси Ҳизб шахси муъмини ба Худо ва содиқ ба Ватан ва хидматгузор ба мардумро, ки дар баробари зулм сар хам накунад, барои озодӣ ва адолат ҳеҷ биму ҳаросе надошта, ҳама дороиҳои чӣ арзону чӣ гарони худро дар ин роҳ сарф менамудагиро мехост ва тавсия дода буданд.

 

 Ҳоло, ки ҳизб дар кишвар фаъолият намекунад, сару садоҳое дар бораи бефаъолиятӣ ва ё вокуниш нишон надодан ба фишорҳои ҳукумат то замони бастан аз сӯи роҳбарият ва бахусус раиси феълӣ шунида мешавад; мисле, ки мебоист барномаи зиддибуҳронӣ ва роҳиҳалли муносиберо рӯи даст гирифта мешуд. Ҳамчунин имкон вуҷуд дошт?

 

  Дуруст аст, ки фаъолияти ҲНИТ бар асоси як қарори аҷулона ва ғайриодилона, аз тарафи Додгоҳи Олӣ ва бо фармони шахси Эмомалӣ Раҳмон, бо талоши Кумитаи Давлати Амнияти Миллӣ, Вазорати Корҳои Дохила ва Кумитаи Динӣ назди ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Кумитаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, боздошта шуда, бисёре аз аъзо ва тарафдорони он, махсусан афроди раддаи болоӣ бо шумули ду муъовини раис, аъзои Раёсати Олӣ ба муҳлати умрбод ва муҳлатҳои зиёд, равонаи зиндон шуданд. Муҳокамаи паси пардагии ҲНИТ, ваъдаҳои мақомот, пасон шиканҷа, таҳқиру таҳдиди онҳое бо туҳмат боздошт шуданд, дар иваз ҳарос надоштанашон аз парвандаҳои сохта, ҳукмҳои сангин, сабру таҳаммул, содиқ мондани бародарони мо ба Наҳзат Исломӣ ва ба роҳбарияти он, аз як тараф исботи онро дорад, ки манъи ҲНИТ бо туҳмат ва мухолиф ба сарқонуни Ҷумҳурӣ ва қонун дар барои аҳзоб мебошад. Аз тарафи дигар ин баёнгари он аст, ки байни аъзоён ва мақомоти раҳбарии ҲНИТ ихтилофе нисбати шахси раис ва барномаҳои ҳизб вуҷуд надорад, ки он боис шуда бошад, ки Наҳзатро ба ин ҳолат расонида бошад ва дар сурати тағйири раис ва ё мақомоти шинохтаи дигари он, ҳизб ба ин ҳолат дучор намешуд. Инро ҳам бояд ҳамватанони мо бидонанд, ки анҷумани ҳизб, ки қарор буд дар моҳи октябр даъват ва баргузор шавад, масъалаи интихоби раиси нав ва барномаи стратегии ҷадид барои фаъолиятҳо дар сархати мавзуоти  он қарор дошт. Ҳамагон муталиъанд, ки раиси ҳизб, Муҳиддин Кабирӣ пеш аз интихобот гуфта буд, ки дар сурати роҳ наёфтани ҳизбаш ба Маҷлиси Олӣ аз мақоми худ канорагирӣ мекунад. Ин масъала баъди эълони комисияи интихоботӣ аз натиҷаи расмии овозҳо, дар ҷаласаи иҷроия дида шуда буд.

 

Дар мавриди барномаҳои зиддибуҳронӣ, намедонам Наҳзат боз кадом барномаҳоеро бояд анҷом медод?! Фикр мекунам –албатта дар ҳадди тавон- ҳар чӣ барои кишвару миллат, оромӣ ва истиқрор, тарақиёту пешрафти Ватан лозимӣ бударо, анҷом ва ҳар чӣ бар зарари манофиъи кишвару миллат, барҳамзадани назму оромӣ, истиқрор ва монеъи рушду тарақии кишвар буд, муқобалат намуд. Дар сулҳ тарафи асосӣ буд, ҳаққи 30%  худро ба хотири таҳаққуқи аҳдофи созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ, камокон талаб накард. Дар интихоботҳо ба хотире мансабталош номида нашавад, аз натоиҷи овозҳои худ гузашт дошт. Асоси тамоми мушкилоте болои ҲНИТ омад, мухолифат кардани он буд ҳамчун ҳизби созанда, ба халос кардани корхона ва муассисаҳои марбут ба Раҳмону наздиконаш аз боҷу андоз, шаффофияти сарфу харҷи будиҷаи давлатӣ, мухолифат ба фурушу тороҷи захираҳои кишвар, дуздии амволи давлатӣ дар чорчубаи “қонун”, мухолифат ба манъи озоди баён, дин ва дар ниҳоят, ки метавон онро асоси ҳамаи мушкилот донист сирф ҳамин мухолифати Наҳзат буд ба барномаи “пешво” қарор додани худи Раҳмон .

 

Ҳоло дида истодаем, ки намояндагоне дар Маҷлиси Олӣ аз ноадолатиҳои дар кишвар ҷорӣ, суҳбат мекунанд. Ва бояд ин гуна шавад, агар онҳо намояндаи ҳизби созандае бошанд ва виҷдони эҳсоскунандаашон зинда бошад. Ин дар боло кардани нархи интенет, алоқа ва ахиран иваз кардани шиносномаҳо, ки мақсад аз ҳамаи инҳо ғорат кардани мардум аст ба вучуд омада истодааст. Бошем мебинем ба сари ин аҳзоб чӣ меояд, дар камоли нотавонӣ аз виҷдони худу тарафдории мардум даст кашида, то абад об бар даҳон мегиранд, ё аз маҷлисҳо дар оянда берун ва бо ин ё он айби сохта –Худои нокарда- зиндонӣ мешаванд.

 

 Дуруст аст, ки Ҳукумат ҳамчунин муомила ва пешниҳодҳоеро ҳам  карда буд, ки агар ҲНИТ бихоҳад ба фаъолияташ идома бидиҳад, бояд,ки нафаре дигарро раис баргузинад ва ин масъала бо гурӯҳҳое аз ҳизб ҳам сурат гирифта будааст. Ин сару садоҳо то куҷо воқеият доранд?

 

  Ин гуна, сару садоҳо буданд ва ҳоло ҳам бо бархе аз мақомоти наҳзатӣ бо ҳар роҳу васила ин гуна пешниҳодҳо мешаванд, вале инҳо дурӯғ ва роҳе барои эҷоди тафриқа ва ҷудоиафганӣ байни аъзои ҳизб мебошанд. Ман дар боло қайд кардам ва боз мегӯям, Раҳмон касе нест, ки ба Ӯ эътимод карда шавад. Бо қарибтарин касоне, ки худро барои вай қурбон карданд, аз ҷоҳу мақоми худ гузаштанд бадтарин муносибатро раво дида истодааст. Ҳоло мусоҳибаи шумо дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдат рост омада аст. Дур наравем, қадрдонӣ аз аъзоёни Комисиюни Оштии Миллӣ, ҳайати опозисюнро, ҳама медонем, ки аксарашон ба хиёнат муттаҳам ва дар зиндон ё берун аз Ватан ба сар мебаранд. Аммо аъзои Комисиюни Оштии Миллӣ аз ҳайъати ҳукуматӣ дар кадом сатҳ қадрдонӣ шудааст? Дар ҷашни Ваҳдати соли гузашта, муҳтарам Абдулмаҷид Достиев, муовини устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ (р), раиси Комисиюни Оштии Миллӣ, дар мусоҳибае, аз заҳматҳои худу аъзои Комисиюн барои расидан ба сулҳ ёдоварӣ кард ва як гилаи кучаке аз вазъияти кунунияш карда буд. Дар ивази пазируфтан ва рафъи иштибоҳ, Раҳмон тавассути қумондонҳои ҳамяроқи Фронти Халқияш, чунон таҳдидаш кард, ки гуфтаҳои худро ҷаноби Достиев –ба қавли худаш, сурх ношуда- инкор  кард ва адабе ҳам гирифт, ки то охири умр чунин “хиёнат”-еро такрор намекунад.

 

Раҳмон мегуяд бо Наҳзат сулҳ накардааст. Агар мегуфт бо Кабирӣ сулҳ накардааст, “дуруст”тар меомад. Раҳмон Наҳзатро “террорист” эълон кардааст. Ҳатто вақтҳои охир алайҳи шахси устод Нурӣ (р), ки як шахсияти фароҳизбӣ ва сарсупурдаи сулҳу ваҳдат ва Ватану Миллат буд, бо дастури дастгоҳҳои ҳукуматӣ бо лаҳҷаҳои қабеҳ ва аксу видёҳои сохта, ҳуҷумҳои расонаӣ сурат гирифта истодааст. Пас, кӣ омодааст раиси як ҳизби “террорист”-ӣ шавад ва ба Раҳмонов бовар кунад, то ҳизбаш ба фаъолият иҷоза дода шавад. Ин сару садоҳо дар  воқеъ дурӯғ, маневрҳое барои тафриқа ва гул задани афкори мардум вуҷуд доранд.

 

 Дар давраи аввали ҳиҷрат, муборизаи мусаллаҳона ва муҷоҳидин буданд, ки монеаҳоро аз роҳи сулҳ гирифтанд ва сулҳ офариданд. Ҳоло фикр мекунед -дар ҳоле, ки Ҳукумат ҳамон ҳукумате ҳаст, ки танҳо силоҳи муҷоҳид водор ба сулҳу салоҳаш карда буд- аз чӣ роҳе метавонед бозгардед?

 

 Оре, ва бояд аввал мардуми азизи мо инро бидонад, ки сар задани ҷанг, куштору сухтан ва аз байн бурдани хонаву кошонаи мардум ва сабаби ҳиҷрату овора шудани ҳамватанони мо дар солҳои 1992-1997 ҳамин ҳукуматдорон ва махсусан мақомоти аввали кишвар буданд. Фронти Халқиро кӣ ташкил кард? Силоҳро дар майдони Озодӣ аввал шуда кӣ ва барои кадом мақсад дар пеши дурбинҳои наворгирӣ тавзеъ ва дар телевизони давлатӣ пахш кард? Силоҳро байни гуруҳҳои ҷиноятпеша тақсим карданд, ҷангу куштору ғоратро оғоз намуданд. Мардуми бесилоҳ бояд чи кор мекарданд? Маҷбур шуданд ҳиҷрат кунанд ва танҳо роҳи зинда мондан, ба Афғонистони ҳамсоя, ки ду даҳсола буд гирифтори ҷангу ҷидол шуда месухт, паноҳанда шудан буд. Дар Тоҷикистон ҳукумати авбошон баъди ин ҳам аз куштану ғорат ва сухтани ашёе, ки бурда намешанд, даст намебардошт.

 

Фарзандони муҳоҷиронро нангу номусашон ба ҷӯш омад, аз роҳбарияти опозисиюн талабу дархост карданд, то онҳоро муҷоҳид қабул кунанд, на ба хотири ғорату аз байн бурдан боигарии кишварашон, балки ба хотири пешгирии қатлу ғорат ва пешгирии тороҷи ашёи боқимондаашон, силоҳ бигиранд ва ҷиҳод кунанд. Пеши зулму бедодии ҷоҳилони силоҳбадастро танҳо бо силоҳ гирифта мешуд. Ин корро карданд ва дар воқеъ Раҳмон маҷбур шуд ба зону бизанд ва сари мизи музокира биншинад ва ба сулҳу оштии миллӣ розӣ шавад. Муҷоҳид шудан ва аз ҳаққу ҳуқуқи худ ҳимоя кардан ва дар муқобили зулму бедогарӣ истодан, ҳеҷ бадӣ ва даҳшат бо худ надошт. Воҷибу зарурӣ буд. Бадиву даҳшат он  вақт ба бор меомад, ки пеши ҷангҷуёни Фронти Халқӣ гирифта намешуд ва ҷангу хунрезӣ ва беҳокимиятӣ идома пайдо мекард. Танҳо ҳамин ифтихор барои Наҳзати Исломӣ ва Опозисюни пешин, то абад басанда ва боқӣ мемонад, ки тавонистанд оташи ҷанги саркардаи Фронти Халқиро хомуш кунанд ва тавонистанд монеъи интиқоли ҷанг аз Афғонистони ҷангзадае, ки Толибону Алқоидаро дар худ дошт, ба Тоҷикистон бишавад.

 

Ин давра бошад, Ҳукумат на аз роҳи ҷанги аланӣ, балки аз роҳи қонуншиканӣ, туҳмат ва ҳабсгирӣ, ҷиноятҳои қаблии худро такрор кард. ҲНИТ ин бор ҳам ба хотири оромӣ ва ҳифзи ҷону молу сарвати мардуму кишвар аз роҳҳои расмии ҳиҷрат ба кишварҳое, ки қонунмеҳваранду инсон иззату каромат дорад, паноҳанда шуд. Мо фаъолияти худро дар дохил манъ қарор додем. Аз роҳҳои лозимӣ хостори раҳоии маҳбусоне, ки бо туҳмат гирифторанд, маҳбусони сиёсианд шудем. Барои ҳамагон маълум аст, ки тарафи Ҳукумат на танҳо инро қабул накард, балки адвокатҳо, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ва чанде дигар аз ҳуқуқшиносону рузноманигоронро, танҳо ба сабабе, ки ҳимоят аз ҲНИТ ва тарафдорӣ аз ҷабрдидагони наҳзатӣ карданд ва гуфтанд, агар иддиъои Ҳукумат дурст аст, бояд муҳокима бо доштани адвокатҳои мустақил, шаффоф ва ҳузур доштани намояндагони хабргузориҳои омма, сурат бигирад, ба муҳлатҳои тулонӣ ҳабсу муҷозот кард.

 

Мо дар кишварҳои паноҳдодаи худ бо номи исломӣ қарор дорем. Вақте мебинем ҳукумат аз ҷиноят ва тороҷи кишвар даст барнамедорад, бо силоҳи давр, қалам, маҳкамаҳои адли ҷаҳонӣ, шикоят ва бегуноҳии худро собит ва аз маҳбусони худ, маҳбусони сиёсӣ ҳимоят ва раҳоии онҳоро талаб мекунем. Мо собиқаи корӣ дар Порлумонро дорем, дар Маҷлиси Олӣ намоянда доштем, мардуми азизамон, элитаи кишварамон ва ҷомиъаи ҷаҳонӣ моро шинохтанд ва аз дархосту пешниҳоҳои мо тарафдорӣ мекунанд. Парвандаи се тан аз маҳбусони сиёсӣ Муҳаммадалӣ Ҳайт, муовини раиси ҲНИТ, Бузургмеҳр Ёров, адвокат ва Зайд Саидов тоҷири муваффақ, собиқ вазири саноъати Тоҷикистон ва поягузори Ҳизби Таҷикистони Нав ба додгоҳи ҳуқуқи СММ дода шуда, бегуноҳии онҳо собит ва аз Тоҷикистон, озодӣ ва пардохти ҷубронпулӣ талаб карда шуд. Паймони Миллии Тоҷикистон, бар пояи 4 ҳизбу ҳаракати мухолифин таъсис ёфтааст. Инҳоянд силоҳи пурқудрате, ки пеши зулму қонуншиканиҳои Раҳмонро мегиранд. Муҳимтарин силоҳ расона ва шабакаҳои хабариву таҳлилӣ мебошад. Шабакаҳои монанди пойгоҳи “Ислоҳ”, “Паём” “Востокнюз”, “Ахбор” ва дигарҳоянд, ки ҳамватанони азизи моро аз ҳақиқат ва воқеъияти ҷиноятҳои Раҳмон огоҳ мекунанд. Шакке надорам, ки мо пируз мешавем.

 

Ҳизбе, ки ҳизби муллоҳост имрӯз бо руҳоният чӣ нақшу ҷойгоҳе қоил аст? Ҳоло мулло ва руҳонияти ҳизб киҳоянд?

 

  Наҳзат ҳизби исломӣ аст. Наҳзати Исломӣ дар даврони собиқ Шуравии комунистӣ таъсис шуда, ҳадафи асосияш тарғибу ташвиқ ва ҳифзу ҳимояти осор ва фарҳанги миллӣ-мазҳабии мардуми мусулмон дар қаламрави Шуравӣ буд. Ҳоло ҳам ин ҳадаф яке аз барномаҳои муҳими он барои кишвари мо Тоҷикистон мебошад. Бояд дар Тоҷикистон идораи динӣ ва муфтиёт мустақилят дошта бошанд. Дар иҷрои ибодат ва умури хонаводагӣ ва иҷтимоъӣ, мусулмонон мустақилона аз Қуръон, Суннат ва мазҳаби имоми Аъзам (р), ки ба қонунҳои қишварҳо мухолифат надоранд, кор бигиранд. Мулло ва минбарҳои масоҷид барои сиёсатҳои ғализ ва тақвияти ҳадафҳои палиди ҳукумат ва гуруҳе бозича қарор нагиранд. Раисиҷумҳур фатвотеву муллову минбар фатводурусткун набошанд. Ин кор мардумро ба гумроҳӣ мебарад. Мардум эътиқоди ғалат ба Худо, Паёмбар ва дину шариъати Ислом пайдо мекунанд. Мардум ба ҷои ислоҳу дурустӣ бероҳа ва бадкор мешаванд. Дар натиҷа фасоду ҷинояткорӣ афзоиш меёбад.

ҲНИТ ҳама уламои саросари кишварро руҳонӣ ва аз худ медонад. Наҳзати Исломӣ тавассути муллоҳо таъсис ёфта, қариб ҳамаи аъзоёнаш илова бар шаҳодати тахассусҳои дунявӣ, маълумоти олии динӣ доранд. Оне, ки як идда аз руҳониён ва олимони ҲНИТ маҳбусанд, онҳо руҳониёни намунаи наҳзат ба шумор мераванд.

 Ташаккур устод Ризоӣ!

  Саломат бошед!

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.