Муҳаммади Нурӣ:“Рӯзе худи мардуми тоҷик ин ҳизбро бармегардонад”

Муҳаммади Нурӣ:“Рӯзе худи мардуми тоҷик ин ҳизбро бармегардонад”

 

  Сӯҳбати ихтисосии “Isloh.net” бо Муҳаммади Нурӣ, аз фаъолони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

 

     Сӯҳбат бо Муҳаммадҳам дар ҳошияи ҳамоиши “Иттиҳоди мусалмонони Фаронса”дар шаҳри Порис, ки рӯзҳои 19 то 22 апрел доир гардид, иттифоқ афтод. Бо Муҳаммад, ки аз даврони бачагӣ ошноӣ ва дӯстӣ дорам, дар гулгашт ва хиёбонҳои зебои Пориси афсонавӣ хело ҳам қадам задем ва аз рӯзҳои гузаштаи умр ва аз инки 46- солагии ҲНИТ дар ҳамин шабу рӯзҳо иттифоқ афтодаву мо ин ҷашни муборакро на дар ватан, балки дар мусофират таҷлил хоҳем кард ҳам гуфтему гирифтем.Бо ризояти эшон диктофонро рӯшан кардам ва гуфтам, аз шумо суолҳое, ки посухашон пеши ман ҳаст аммо гумон мекунам барои аъзо ва дӯстони ҲНИТ ва мухлисон шояд ҷолиб астро хоҳам пурсид. Ва шурӯъ кардам ба пурсишҳо:

 

    Дар чӣ вазъу ҳол қарор доред? Ба чи шуғле ва коре машғул ҳастед? Кадом масъулияти мушаххас дар ПМТ ва ҳизб доред?

 

   Ба номи худованди бахшоянда ва бениҳоят меҳрубон. Дар оғоз ба ҳама хонадаҳои сомонаи шумо салом мефиристам.

     Аз соли 2015, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарам ба омӯзиш,ҷамъоварӣ ва мураттаб ва муназзам кардани бойгонии падари марҳумам Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Худованд аз ӯ орозӣ бошад, машғул ҳастам. Инчунин ҳаводиси ба сари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон омада дар ин солҳоро  ҷиддан пайгирӣ карда истодаам ва ҳеҷ гоҳ нисбат ба он бетараф набудаву нестам. Сӯҳбату мулоқотҳо ва корҳои зиёди амалиеро дар ин замина бо афроди гуногун доштам ва ба анҷом расонидам. Ин корҳоро холисона ва барои ризои Худо кардаам ва шояд замони мусоиде фароҳам шавад, ки ҳамаи онро нукта ба нукта шарҳ диҳем. Мо, ки дар ин чанд соли ахир бо матбуот ё ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбатҳову суханрониҳое надоштаем, шояд барои бисёриҳо чунин тасаввуре ё шояд чунин гумоне пайдо шуда бошад, ки фориғ аз ҳамаи ин ҳаводис ҳастам ва бетарафиро ихтиёр кардаам. Албатта чунин як сӯҳбатҳо миёни мардум, бахусус мухолифон вуҷуд дорад. Бояд бигӯям, ки феълан ягон масъулияти расмӣ дар ПМТ ва ҲНИТ надорам, ки ин ҳам омил ва сабабҳои худро дорад. Аммо қатъан сарҷамъем ва муттаҳидии тоҷиконро дар ҳар ҷое, ки бошанд ҷонибдорӣ мекунам.Иттиҳод ва ҳамбастагӣ ҳамеша муфид аст. Ҷамъияти тоҷиконро бо номи “Нур”дар Олмон ташкил кардем. Феълан онҷо узви Шӯрои ҷамъият ҳастам. Ояндаи наздик дар Фаронса ҳам ҳамчунин созмони иҷтимоиеро роҳандозӣ хоҳем кард. Иқдомоте дар ин замина сурат гирифтааст.Инчунин аз бойгонии Устод як қатор маводҳои навишторӣ, савтӣ ва видеоиро барои интишор ва дар дастраси ҷомеа қарор додан омода карда истодаем, ки барои бештар ва дурусттар шинохтани афкор, осор ва роҳу мактаби ӯ хидмат хоҳад кард ва тавре ҳам гуфтам талош мешавад аз ин адабиёт муҳаққиқон, коршиносон,донишмандон мухлисон ва пайравони эшон баҳра бардоранд.

 

   Чанд нафар аз аъзои Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳастанд. Ба шумо чи тавр муяссар шуд, ки аз чунин сарнавишти ниҳоят сангин наҷот биёбед?

 

   Пештар аз ҳодисаи моҳи сентябр лозим омад фарзанди хурдсоламро,ки ҳанӯз як солаш набуд ва аз беморӣ ранҷ мебурд фавран ба табобат барем. Ва ҳамсарамро низ бояд ҷарроҳӣ мекардам. Ин ду омил боис шуд, ки он шабу рӯз ман аз кишвар берун бароям. Яъне, мо дидаву дониста берун нашудаем ва аз фоҷеае, ки ба сари бародарони наҳзатӣ, бахусус роҳбарияти он омад, огоҳӣ надоштам. Ман бо иҷоза ва дар мувофақа бо роҳбарият барои табобати ҳамсару фарзандам берун рафтам. Худи шумо шоҳид ҳастед, ки он шабу рӯз вазъи ҳизб бисёр мураккаб буд ва фишорҳои афзоянда аз ҷониби сохторҳои гуногун ба ҳизб ворид мешуд. Худо шоҳид, ман қасди фирор аз ин вазъи мураккабро надоштам ва бояд баъди табобат бозмегаштам. Роҳбарияти Наҳзат, бахусус онҳое, ки имрӯз зиндонианд, инро хуб медонанд.Аммо тӯлонӣ шудани табобат ва воқеаҳои моҳи сентябр боис шуд, ки як муддат дар хориҷа бимонам. Чун дигар вазъ пешбининашаванда ва аз доираи таҳлил ва ташхис берун буд. Фитнаи бузурге ба вуҷуд омад, ки дар он ҲНИТ, бахусус муҳаррикони он- аъзои Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олӣ   қурбон шуданд. Бисёр таассуф мехурам, ки мо дар чунин лаҳзаҳои душвор канори бародарони худ набудем. Тӯли ин муддат борҳову борҳо мустақим ва ғайримустақим ман аз эшон бахшиш пурсидаву мепурсам. Тамоми коре, ки аз дастамон барои раҳоии бародарони зиндонӣ меомад ва меояд анҷом медиҳем. Ҳамон вақт ҳам мо канори  хонаводаҳои бештари ин бародарон будем. Ва ҳар хизмате, ки аз дастамон омад, анҷом додем.

 

   Роҳбарияти феълии ҲНИТ дар кишварҳои гуногуни Аврупо кору зиндагӣ доранд. Яке аз иттиҳомоте, ки Душанбе алайҳи онҳо мезанад, дастгирии кишварҳои исломӣ, ба вижа Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Чаро онҷо паноҳанда нашудед?

 

  Агар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ё ҳар кишвари исломии дигар ҲНИТ-ро дастгирӣ  мекард, ҳоло он дар ин вазъ ва ҳиҷрати дуввум қарор надошт.Ширкат дар кадом конфаронс ё гранти молӣ ва омӯзишиву хайриявӣ маънои онро надорад, ки кишвар ё ҳукумате аз шумо пуштибонӣ мекунад. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар гурӯҳ ва ҳизбе, ки дар минтақа пуштибонӣ кардааст, онро ошкоро мегӯяд ва пушташ меистад.Пуштибониаш аз Ҳусиҳои кишвари Яман дар ҷанг, чандин кишвари арабӣ бо роҳбарии Арабистони Саудӣ-кишваре ба он тавонмандиҳои молиро ба зону даровард.Ё истодагариаш дар баробари Башор Асад дар ҷанги Сурия онро баранда кард. Агар Эрон воқиан аз Наҳзат пуштибонӣ мекард, ҳоло вазъият тамоман чизи дигар буд.Ин иттиҳом як иттиҳоми хаёлӣ ва бофта аст. То ҳол ҷониби Душанбе ягон далели воқеиро дар ин бора пешниҳод накардааст. Аз сӯи дигар агар рафту Эрон- як кишвари ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанг аз ҲНИТ пуштибонӣ  мекард, чи ҷои бадӣ дошт? Ҳоло Чин як кишваре, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва диниаш барои тоҷикон бегона аз ҳукумат ва ҳизби ҳоким пуштибонӣ мекунад, Русия дар қаламрави як кишваре, ки даъвои соҳибистиқлолӣ дорад, ҳазорҳо сарбозу афсарашро бо пешрафтатарин силоҳу техникаи низомӣ ҷойгир кардааст.Иқтисоди кишвар рӯи пулҳои муҳоҷирон ва сармояҳои қарзии Чин қарор дорад. Бо ин ҳолу аҳволе ки қарор доранд, гаштаву баргашта тӯҳмат задан ба ҲНИТ, ки пуштибонаш Эрон аст, бовар кунед, хандаовар аст.

Ман мегӯям ҲНИТ як ҳизби бархоста аз баданаи миллат  аст, ки ҳамеша мустақил буд ва зери бори касе ё кишваре нарафтааст. Агарчанде ҳазорон захм дар бадан дорад, бо пои худаш роҳ меравад, бо чашми худаш мебинад ва бо забони худаш ҳарф мезанад. Мунтазири амри Маскаву Пекин ё Теҳрону Вашингтон намемонад.

   Замоне дар Фаронса таҳсил кардаам. Инҷоро беҳтар медонам. Фаронса маҳди озодиҳост. Фарҳанг, забон, расму русум ва урфу одоти инҷо писандам ҳаст. Забони фаронсавӣ забонест, комилан илмӣ ва донишгоҳӣ ва яке аз муҳимтарин забонҳои дипломатӣ ва байналмилалӣ башумор меравад. Ба хотири такмили забони фаронсавӣ ва идомаи таҳсил дар Фаронса қарор дорам.

 

 Шоеъа ва овозаҳоеро пароканда карданд, ки миёни шумо,бастагони дигари устоди шаҳид Нурӣ ва раиси ҲНИТ кадом сардие пеш омадааст. Ин сару садоҳо то куҷо дуруст аст?

 

 Мо, алҳамдулиллоҳ дар хонаводае ба воя расидаем, ки комилан фазои солим ва озодеро дошт.Ҳар яке аз аъзои хонавода фикр ва андешаи худро дар ҳар мавзӯъе пешниҳод мекард ё мегуфт. Устод ин мавзӯъро хуб мепазируфтанд, яъне ба истиқлоли шахсии ҳар фарди хонавода эҳтиром қоил буданд.Аз ҳамин хотир шояд кадоме аз бародарону хоҳаронам ё ман дар кадом маҳофиле дар бораи вазъи ҷорӣ оиди ҲНИТ ва кишвар ҳарфе гуфта бошем ва ин ба касе писанд наомада бошад, ё онро ба тарзи дигар расонда бошанд. Ростӣ мо ҳам  ҳарфҳои зиёдеро инҷову онҷо мешунавем. Аммо ман ба ин ҳарфҳо аҳамият намедиҳам. Онҳо бародарони мо ҳастанд. Табиати ин роҳ ҳам ҳамин аст. Дар ҳангоми ҳаёт будани устод ин гуна мавзӯъҳо буданд. Хулоса, ин гапу хабарҳо барои мо чизи нав нест ва мо ба онҳо аҳамият намедиҳем.Ба назари ман, ҳеҷ сардие вуҷуд надорад. Аммо ин ки ман бо бародаронам аз сиёсатҳои пеш гирифтаи нафаре  розӣ нестем ё баъзан бародаронам бо худи ман ҳам дар ҳоли мухолифат қарор мегиранд, ин ба маънои сардии равобит ё қатъи силаи раҳм нест, ин зиндагӣ аст ва ин гуна масоил пеш омаданаш мумкин аст. Алҳамдулиллоҳ дар оилае бузург шудаем, ки озодии андеша ва истиқлолияти фардӣ вуҷуд дошт. Онҳое ҳам, ки дар ҳамин мактаб бузург шудаанд, умед дорам, ки ин мавзӯъро дарк мекунанд ва худашон ҳам аз он пайравӣ мекунанд.

 

   Ба назари шумо  барномаи бастан ва манъ кардани фаъолияти ҲНИТ кори худи мақомоти Тоҷикистон буд ва ё омилҳои хориҷӣ ҳам инҷо нақше доранд?

 

 Ба гумони ғолиб гурӯҳе аз  шахсон аз ҳамон рӯзи аввали ба имзо расидани Созишномаи сулҳ барои аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ҲНИТ ташол мекарданд. Он вақт онҳо нуфуз ва таъсире ҳам дар қудрат надоштанд. Бо гузашти замон  онҳо аз мавқеъ ва нуфузи кофӣ бархурдор шуданд. Онҳо роҳбарияти кишварро мутақоид сохтанд, ки ҲНИТ ягона рақиби сиёсӣ ва калидӣ дар интихоботҳост ва оянда онҳоро аз курсии сиёсат берун хоҳад кард. Бастани ҲНИТ дар Тоҷикистон кори дасти ҳамин гурӯҳ буд, албатта бо пуштибонӣ ва дастгирии роҳбарияти  феълии Тоҷикистон. Ҳеҷ кишвари хориҷие аз Тоҷикистон хоҳиш накарда ё фишор наоварда аст, ки ҲНИТ-ро бояд бибанданд. Чун баъди баста шудани ҲНИТ мо шоҳид гаштем, ки ҳукумат ё роҳбари ҳеҷ кишваре ақалан аз ин амали ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ накард. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки басташавии ҲНИТ комилан омилҳои  дохилӣ дошт на хориҷӣ. Аммо Чин,Эрон,Русия,Арабистон агар чанде ошкоро аз ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ накарданд, дар айни замон бо хомушиашон дар қазияи ҲНИТ, ба онҳое, ки ҷонибдори бастани ҲНИТ буданд, як навъ ҷасорат доданд. Ҳамон шабу рузҳо бо мо суҳбатҳо мешуд. Мо ҳам аз тариқи каналҳои худ ба роҳбарият мерасондем, ки ин як иқдоми нодуруст ва бар хилофи манофеъи миллист. Ҳатто гуруҳе аз дохили ҳукумат ва дигар сохторҳо талош мекарданд, ки ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон боқӣ бимонад. Мо то андозае вориди саҳна шуда будем, баъзе талошҳо ҳам сурат гирифт. Ба андешаи ман, бархурди манфиатҳои носолими гуруҳҳои мушаххас ва тасмимгириҳои шитобзада боис ба рух додани чунин як фоҷеае гардид,ки дар он ҲНИТ қурбонӣ буд.

 

   Фикр мекунед, агар нафари дигаре раиси ҳизб буд ҲНИТ ҳоло дар чи вазъе қарор дошт ва он вазъ аз вазъи феълӣ фарқ мекард?

 

  Дар ин мавзуъ чизи дақиқе гуфтан мушкил аст. Вазъаш аз ин ҳам бадтар мебуд ё беҳтар?Аммо  иваз шудани роҳбар ба ҳар сурат тағйиреро дар бар дорад:-ё мусбат бошад ё манфӣ. Ба андешаи ман соли 2013 баъди интихоби президентӣ дар ҲНИТ як тағйироти куллӣ ҳам дар сатҳи роҳбарият ва ҳам дар сиёсатҳои пеш гирифтаи ҳизб бояд ба вуҷуд меомад. Бо назардошти фишорҳои афзоянда ё муносибати хашини мақомот мо бояд як роҳҳалли берун рафтан аз ин буҳронро пайдо мекардем. Чанд омилҳо ва сабабҳое вуҷуд дошт, ки бояд роҳбарияти Наҳзат барои ҷилавгирӣ ва маҳор кардани ҳолатҳои изтирорӣ ҳам Раёсати олӣ ва ҳам Шурои сиёсӣ ва ҳам аъзои воқеъии ҳизбро омода мекард.Ва бо камтарин хасорат аз ин буҳрон,ки ҳам талафоти ҷонӣ  ва ҳам талафоти моддию маънавии азимеро ба бор овард, берун мекашонд. Таҷриба ва заминаҳои воқеъӣ ва амалӣ барои ин кор вуҷуд дошт.Яке аз омилҳое, ки ин равандро бояд метезонд, ҳодисаи ба ҳабс кашидани Зайд Саид ва торумор кардани гуруҳи ташаббускор барои таъсиси “Тоҷикистони Нав ” буд. Гарчанде ҲНИТ барои интихоботи парлумонии соли 2015  омодагӣ медид ва ба рӯи он тамаркуз мекард, дар баробари ин бояд роҳбарият як барномаи амалӣ ва алтернативиеро низ таҳия мекард,ки дар сурати баста шудан ё пеш омадани ҳолатҳои изтирорӣ муайян ва таъйин мекард, ки аз кадом роҳҳо пеш меравад ё дар як чунин ҳолат чи корҳоеро бояд анҷом дод ва ҳадди ақал онро Раёсати Олӣ ва Шурои Сиёсӣ медонист ва аз руи он барнома амал мекард.Раванди ҳодиса нишон дод, ки дар он замон заъфи роҳбарияти ҲНИТ буд, ки дар як марҳилаи ҳасос воқеан ҲНИТ танҳо монд.То як мудат дигар касе намедонист,ки чикор бояд бикунад ва вазифааш аз чи иборат аст. Ба ҳар сурат ман муқобил ба роҳбарияти тулонии як нафар чи дар кишвардорӣ ва чи дар мудирият ҳастам.Чун дар аксари ҳолат он ба буҳрон мувоҷеҳ мегардад. Ҳоло фарқ намекунанд,ки ин роҳбар аз лиҳози дониш ва фаҳмиш як шахси фавқулодда олӣ ҳам бошад.

 

  Ба назари шумо имкони муфоҳима ва мусолиҳа барои идомаи фаъолияти расмии ҲНИТ бо ҳукумат вуҷуд дошт?

 

Чуноне ки дар боло ишора кардам агар соли 2013 як тағйирот дар ҲНИТ сурат мегирифт дареро барои муколама ва мусолаҳа  бо ҳукумат боз мекард.Мо пайёмҳои зиёдеро аз ҳарду ҷониб гирфитем. Албатта, инро ҳам бояд эътироф кунам, ки камтар ба мо бовар мекарданд.  Шояд бисёриҳо дар ин фикр буданд,ки дар ин муомилаҳо ҲНИТ ба як ҳизби кисагӣ табдил ёфта зери бори ҳукумат меравад. Баъзе назар санҷиҳоеро мо доир карда будем, ки бар тибқи натиҷаи онҳо тақрибан нисфи шахсиятҳои матраҳ дар кишвар ҳамин гапро мегуфтанд.Вале мо  дидем,ки ҳеҷ кадоми онҳо роҳи аз ин буҳрон берун рафтанро пешниҳод карда натавонистанд. Дар натиҷа бисёриҳо зарар диданд...

 

Роҳи бозгашт ва азсаргирии фаъолияти ҲНИТ дар кишварро дар чӣ хоҳед дид?

 

  Бубинед, новобаста ба ончи,ки аз сари ҲНИТ гузашт он ҷонибдорон ва ҳаводорони зиёдеро дар Тоҷикистон дорад.Ҳодисаҳои ахир боз ҳам маҳбубияти ин ҳизбро дар кишвар афзун кард.Мардуми тоҷик ҳеҷ мушкилие бо ҲНИТ надошту надорад. Як, ду нафаре,ки бо супориш ба зери фишор чизе алайҳи ҲНИТ мегӯянду менависанд, маънои онро надорад, ки мардум ин ҳизбро намехоҳанд.Мушкили ҲНИТ танҳо мансабдороне алоҳида дар ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва гурӯҳи мушаххасе аст.Ман умед дорам,ки бо рафтани он гурӯҳ масъалаи фаъолияти расмии ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳали мусбати худро пайдо мекунад. Ҳамон тавре, ки ҲНИТ бозгашти сарбаландонае дар соли 1997 дошт иншоаллоҳ боз бо чунин сарбаландӣ бармегардад ва дар Тоҷикистон фаъолияти худро идома медиҳад.Рӯзе худи мардуми тоҷик ин ҳизбро бармегардонад.

 

   Робитаи Раҳмон бо устод Нурӣ барои ҳамаи мо рӯшан аст. Ба аёдати устод меомад ва сафорати кишвар дар  Олмонро вазифадор карда буд, ки дар табобати он кас машғул бишавад. Аммо дар ин ахир яку якбора тағйири мавзеъ кард ва ҳатто гуфт, ки ӯ бо ҲНИТ кадом санади сулҳро имзо накардааст. Гузашта аз ин бо зери по гузоштани тамоми меъёру арзишҳои суннатӣ қасд дорад манзили устоди марҳумро мусодара кунад. Фикр мекунед чаро?

 

   Ростӣ ин мавзӯъро аз худашон бояд бипурсем, ки чаро тағйири мавқеъ кардаанд. Он  ҳам бо як шахси фавтида.Шояд дар табиати сиёсати онҳо чунин як арзишу ахлоқе вуҷуд дошта бошад,ки имрӯз кореро кунанд,ки хилофи рафтори дирӯза бошад.Имрӯз одами дигаре бошанд, фардо чеҳраи дигаре. Ҳамон рафторҳои пешинаашон нисбати падарам буд,ки бисёриҳо гумон мекунанд мо ва оилаи мо пуштибонӣ ва ҳамкории қавие бо ҳукумат ва дигар мақомот дорем. Инсофан бигӯем дар ҳодисаи ахире, ки  ба сари ҲНИТ омад аз ҳама бештар хешовандон ва оилаи марҳум устод зарар ва ҷабри  бештар диданд.Аз ҳабси тӯлонии падарарӯси ман то ҳабси писари амаву амак ва дигар хешовандонамон, ки агар ном ба ном зикр кунам, хеле тӯлонӣ мешавад.Ҳатто ронандаи устод ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон гардид. Баъзе аз муҳофизони собиқи устод низ ҳабсу зиндон шуданд ва фишорҳое шадиде болои хонаводаҳояшон омад. Гузашта аз ин 13 нафар аз аъзои Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ,ки ҳамагӣ шогирдони падарам буданд, бо мо риштаҳои хешу таборӣ доштанд, ба мӯҳлатҳои бисёр тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Ин барои мо воқеан сангин аст.Устод Нурӣ  ба хотири манофеи умуми- миллӣ,мардум ва кишвар бо ҷониби дигари ҷанг, бо ҳукумати имрӯза сулҳ карда буд, на ба хотири чизи дигаре. Бале, он вақт устод роҳбарии Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик- ИНОТ-ро бар ӯҳда дошт ва ба ҳеҷ кас пӯшида ҳам нест, ки муҳаррики асосии он ҲНИТ буд ва шояд роҳбарияти кишвар ҳаминро ба назар гирифта гуфтаанд.Чун дар оғоз ишора карданд гурӯҳҳо ҳастанд,ки аз ҳамон оғоз душманӣ, кинаву адоват нисбати неруҳои милливу исломӣ доштанду доранд.Шояд таъсири ҳамон гурӯҳҳост,ки роҳбарияти кишвар чунин ҳарфҳоеро ба забон овард.Дар мавриди гирифтани манзили устод ҳам шояд касе аз он манфиатдор бошад, ё як навъ фишор овардан бар мо бошад.Феълан қазияро пайгирӣ дорем ва ҷузъиёти онро ҳатман дар ихтиёри расонаҳо ва мардум мегузорем.

 

    Ин бори аввал нест, ки зиндагӣ дар муҳоҷирати маҷбуриро таҷриба мекунед. Зиндагӣ дар ҳиҷрат чи гуна ҷараён дорад? 

 

   Дурӣ аз ватан ва ҳамватанон бароямон мушкил аст.Тоҷикистон ватани ҳамаи мост.Мо ҳам ҳақи зиндагӣ дар он сарзаминро дорем.Феълан мушкилтарин бахши ин ҳиҷрат он аст, ки бародарон ба афроди шоистае,бидуни камтарин гуноҳе, бо тӯҳмат ва бӯҳтон дар зиндонанд ва мо канори хонаводаҳои онҳо нестем.Воқеан истодагарӣ ва ҷавонмардии онҳо,напазируфтани тӯҳмату бӯҳтон алайҳи ҲНИТ ҳамаро руҳбаланд кардааст. Бояд тазаккур бидиҳам,ки ин ҳиҷрат аз ҳиҷрати пештара ба куллӣ фарқ дошта уфуқҳои нави илму дониш ва пешрафтро барои мо мекушояд. Ба андешаи ман фарзандони онҳое,ки бо сабабҳо ва омилҳои мухталиф дар Аврупо паноҳанда шуданд дар ояндаи наздик парчамбардорони илму дониш дар соҳаҳои мухталиф мегарданд ва онҳо шаъну шарафи тоҷик ба Тоҷикистонро дар кулли ҷаҳон боло хоҳанд бурд.Ҳиҷрати ҲНИТ ба Аврупо наҳзати наву илму дониш ва пешрафтро ба вуҷуд хоҳад овард.Тақдир чунин рафта,ки ҳамвора ҳаракати озодихоҳӣ ва маорифпарварии тоҷик дар минтақа саркӯб шудааст, аммо хушбахтона ба думболаш боз ҳаракатҳо ва шахсиятҳое пайдо шудаанд,ки кори гузаштаҳо худро пеш бурдаанд.Кору пайкори Наҳзат карахт ва кунд ва шояд дар мақтае аз замон мутаваққиф ҳам бишавад, аммо бо фазлу инояти Худо, мутмаин бошед, ки ҳатман идома пайдо хоҳад кард ва роҳи худро хоҳад паймуд.

  

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.