Нақди фатвои ботили “Шурои уламо” барои хидмати аскарӣ

Нақди фатвои ботили “Шурои уламо” барои хидмати аскарӣ

 

     Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон фатвое содир карда тоҷикписаронеро, ки аскарӣ намераванд, ба“ ноогоҳӣ”,“беимонӣ”, “мушрикӣ” муттаҳам шуморида, онҳою падару модарони онҳоро “гунаҳкор” ва дар ин дунёву он дунё “ноком” ҳукм карда аст.

 

    Ин бори аввал нест, ки раиси Шӯрои уламо асли конститутсионии “ҷудоии ташкилоти динӣ аз давлат”-ро нақз карда ба таври дағалона  ва қонуншикании маҳз ба умури давлатӣ ва сиёсӣ дахолат мекунад. Дахолати ӯ ба манзури ҳифзи арзишҳо ва сунану русуми динӣ мебуд ҳарф надошт, чун рисолаташро иҷро мекард, аммо ӯ дуруст бо ҳадафи дастгирӣ ва ҳаводорӣ аз иқдомоти зиди мардумӣ ва зиди динии Раҳмон ва ҳифзи манофеи ҳукумати ӯ фатво содир мекунад. Ташкилоти зери раҳбарии ӯ,Шӯрои уламо як ташкилоти ғайридавлатӣ аст, ки салоҳият ва ҳуқуқи мудохила ба корҳои давлатиро надорад вале, тавре мебинем ӯ ба ҳайси як маъмуру масъули давлатӣ намудор мешавад. Инҷо чанд иқтибосеро аз муроҷиати ахири ӯ,ки аз ҷавонони кишвар даъват кардааст ба хидмати сарбозӣ бираванд, меоварам. 

 

 “......баъзе аз ҷавонони ноогоҳ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон мешаванд, ба муҳоҷират мераванд ё баҳонаи дигар меҷӯянд.Гузашта аз ин, баъзе падару модарон низ дар ин кор ба фарзандонашон мусоидат мекунанд”.

 

  Бубинед, ки муроҷиати ӯ ба кадом тоифа аз ҷавонони кишвар муваҷҷаҳ шудааст. Мухотаби Сайидмукаррам ҳам ҳамоно деҳқонбачаву коргарзодаҳо-муҳоҷирон ва муҳоҷирбачаҳо аст, ки таври маълум аз пайи муҳоҷират рӯз мегузаронанд. Барои Саидмукаррам нарафтани як ҷавони тоҷик ба аскарӣ “ширк” ва “гуноҳи кабира” ҳисобида мешавад ва ӯ онҳоро бидуни тааммул ва истиҳола “ноогоҳ”, “саркаш” ва “баҳонаҷӯ” ба қалам дода дар дунёву охират”ноком” маҳкум мекунад. Ӯ як раҳ ба ин тарафи масъала, ки ноновари хона-муҳоҷир чаро бояд ба ҷои таъмини нафақаи аҳли оила ва осудагии онҳо хизмати ҳарбӣ биравадро андеша намекунад.Маълум аст ки муҳоҷири ҷавон бача ва фарзанди кӣ аст. Мебоист Саидмукаррам мегуфт, пеш аз ҳар каси дигар, бахусус, пеш аз камбағалбачаҳо, ки нони зиндагиашонро аз муҳоҷират, дар берун аз ватан ба даст меоваранд, фарзандони вазиру раисҳо ба хизмат раванд. Аммо ин тавр нагуфт ва намегӯяд ҳам. Фатвои ӯ барои “муҳоҷирбача”аст. Бигзор ҳарчи бар сари онҳо биёяд, аммо нақшаи даъвати баҳорӣ таъмин бишавад. Ин муҳоҷирон набояд нонковӣ раванд, балки ба артиши Раҳмон раванд ва ӯву писарону духтарони бешумори ӯ ва вазирону раисони умдатан аз хешу таборонаш интихобкардаи ӯро ҳимоят кунанд.

 

Саидмукаррам инсоф медошт, мегуфт, ки муҳоҷири ҷавони тоҷик  дар ин ватане, ки муҳофизат бикунад орому осуда нест, дар он нон намеёбад, нони ин ватан ва оромиву осудагии онро бачаи Раҳмону бачаи вазирҳо мехуранду мебинанд, бигзор ҳамонҳо раванд. Бале, ин тавр ки мегуфт адли илоҳӣ риоят мешуд. Даст рӯи сина гузошта бипурсем, ки ҳоло кадоме аз вазирони Раҳмон метавонанд бигӯянд, ки бачаҳои онҳо дар кадом қисми ҳарбӣ адои хидмат мекунанд? Бачаҳои худи Раҳмон, набераҳояш.... кадоме хизмат мекунанд? Бачаҳои худи Саидмукаррам чӣ? Посухи онҳо чи гуна хоҳад буд?  Посухе доранд? Онҳо мушкили дастрасӣ ба нонро надоранд. “Сер”-анд. Хуб, ки ду сол раванду хидмат кунанд, барои ватане, ки дар он кайфу сафо доранд,чи мешавад?

 

   Сайидмукаррам, агарчанде ба рӯ намеоварад, ки иллати судури ин фатво ва муроҷиаташ як матлаби мо дар “Isloh.net” дар робита ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати сарбозӣ мебошад, аммо мо хуб мефаҳмем, ки ин ҳамин тавр аст. Ӯ бо дастури  КГБ ин фатворо содир кардааст, чун мо гуфта будем хидмат дар ин артиш ба ҷуз аз зоеъаи умр чизеро ба кафи ҷавонон нахоҳад гузошт. Ду соли умри ҷавонӣ барҳадар ва беҳуда мегузарад. Беҳтар аст, ки ин ҷавон биравад муҳоҷират ва нони худу хонаводаашро таъмин кунад. Ҳоло агар фатво бар пояи ояву ҳадиси саҳеҳ содир шавад, ки хидмат дар сафи сипоҳе, ки солор ва фармондеҳи олии он тоғут, исломбезор, динситез, душмани аркони дин аст ва фардо дар назди Холиқи рӯзи ҷазо ҷавобгарии сахт дорад, чи хоҳад гуфт?

 

“...  саркашӣ аз ҳимояи ватан гуноҳи кабира буда мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд. Саркашӣ аз ин масъулияти имонӣ ва шаҳрвандӣ як навъ нифоқу беимонӣ низ шумурда мешавад ва касе ба ин вазифаи муҳим беэътиноӣ мекунад, маҳрум аз хайру саодат ва ноком дар дунёву охират хоҳад шуд”.

 

  Маълум аст ки Саидмукаррам талош дорад бо истифода аз аҳкоми дини ислом ҷавонони тоҷикро ба хизмати сарбозӣ моил кунад. Оят иқтибос мекунад, ҳадис меоварад, бе онки биандешад ба таври риёкорона ва мунофиқона истифода кардани аҳкоми ислом ва он ҳам аз тарафи, бигзор ҳатто ба ном ҳам бошад як имом чи ҷазои сангине дорад.Бидуни шак барои ҳар мусалмон  ҷойи хушӣ аст ки давлат ва дин дар канори ҳам кор бикунанд ва дар идораи ҷомеа ва давлат ҳамкор бошанд. Зеро чуноне Фирдавсӣ гуфтааст:

 

Чунон дину давлат ба ҳам андаранд,

Ту гӯӣ ду дурре зи як гавҳаранд.

На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,

На бе дин бувад шаҳриёре ба ҷой.

 

  Аммо ҳам Саидмукаррам ва Раҳмон саъй доранд аз дин  ҳамчун васила ва абзор истифода бикунанд. Дар асл Раҳмон аз дин ва диндорон безор аст ва як динситезу исломбезоре аст, ки ин ҳама солҳо мардуми мусалмонро барои мурооти аркони динӣ  мавриди зулму азият қарор медиҳад.  Дар ҳоле, ки дар ҳеҷ кадоме аз воҳидҳо ва қисмҳои низомӣ, дар ҳеҷ яке аз казарма ва хобгоҳҳои аскарон ибодатгоҳу масҷиде амал намекунад, бадтар аз ин, сарбозҳоро имкони гузоридани намоз ва гирифтани рӯза  намедиҳанд, чаро барои рафтан ба ҳамчунин аскарӣ фатво медиҳад? Ӯ ошкоро аз дин сӯиистифода карда истодааст.

 

 Чаро дар артише, ки дар он аз ислом ҳатто хабаре нест, нарафтани як ҷавон “гуноҳи кабира” будааст ва боз “падару модарон”-и онҳо ҳам гунаҳгор мешудаанд. То ҳадде ба худ ва ҳукми худ ғарра шудааст, ки ҷавононро бар “беимонӣ” муттаҳам мекунад.  Навиштааст, ки хеле аз ҷавонҳо “бо ихтиёри худ” мераванд ба аскарӣ. Шояд ҳастанд. Аммо ман бо итминон ва бо сароҳат эълом мекунам, ки ҳеҷ яке аз ин ҷавонҳо бо “повестка” ба “военкомат” нарафтаанд. Як намуна оварда наметавонад. Беш аз навад дар сад аз роҳи иҷборӣ-“облава” ба сарбозӣ бурда шудаанд.

 

  Воқеият ин аст, ки аз ҳамон рӯзе, ки Саидмукаррам раиси Шӯрои уламо таъин шуд, ин идора ба як шӯъбаи таблиғоти дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ ва ҳизби халқӣ-демократӣ табдил ёфт.Масоил ва мушкилоти динӣ дар кишвар баракс фаровон шуд. Дини мубини ислом дар Тоҷикистон бо ҳар роҳу васила ҳам аз тарафи қонунҳои Раҳмони мулҳид ва ҳам аз тарафи нӯкарони мафкуравӣ ва қудративу амниятиаш аз ҳаёти мардум ба шиддат берун карда мешавад. Масоҷид баста садои азон сокит шуд, ҷавонҳо аз таълим ва ширкат дар масоҷид мамнӯъ, ҳаҷ ва рӯза ба мазоҳу масхара гирифта шуд. Аммо  Саидмукаррам як раҳ, як бор, як даҳан лому мим нагуфт. Эътирозе, вокунише накард, ки уммати Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) таҳқир ва динаш тавҳин мешавад. Вале имрӯз барои артиши як тоғут фатво содир мекунад. Фатвои сиёсӣ. Ҳамчуноне барои нагирифтани рӯза ба кормандони Роғун фатво дода буд. Тарси Раҳмон барояш аз тарси Худо зӯртар аст. Магар фарзи Худо: -намоз, рӯза ва ҳаҷро мешавад таҳрир кард? Фардо чи посух хоҳӣ дод?

 

 Қабл аз ту дар ин идора дигарҳо ҳам масъулият доштанд. Ҳайсияти болову баланди исломро ва худашонро ҳифз ва барои ҳуқуқи мусалмонон талош мекарданд. Барои мисол, мо ёд дорем, ки ҳанӯз дар замони барпойии давлати шӯравӣ қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода тақозо кард ва дар Шӯрои олии вақт масъала гузошт, ки рӯзҳои ду иди мусалмонон- иди Қурбон ва иди моҳи шарифи Рамазон истироҳат эълон шавад, ки ин  пешниҳод аз тарафи раиси Шӯрои олии ҳамон замон Қаҳҳор Маҳкамов ва депутатҳо пазируфта шуд.Пас аз он муфти Амонуллоҳ Неъматзода,ки ман худ бо ӯ будам барои ҳифзи манофеъи исломӣ талошҳои фаровонеро анҷомдода буданд.Миллионҳо китобҳои динӣ ва шаръӣ дар кишвар нашргаштаанд.Дарҳои масоҷид,мадориси шаръӣ дар ҳудуди кишвар бастанашуда буданд.Бар алайҳи ҳиҷоб,риш ва дигар аркони ислом мамонеоте вуҷуд надошт.

 

  Ҳоло чаро Саидмукаррам аз амалҳое, ки сазовори як муфтӣ аст, бар манфиати ҷомеаи як кишвари мусалмонист, кор намегирад. Масалан чаро аз давлат талаб намекунад, ки  масҷидҳо аз пардохти пули барқ ва дигар навъи молиёт муоф бишаванд, агарки дар воқеъ ӯ  муфтӣ аст.Чаро ӯ аз Раҳмон намехоҳад қонуни хашини озодии виҷдонашро, ки  маҳдудиятҳое зиёде ҷорӣ кардааст, ислоҳ созад ва чаро ӯ бо ҳукумат масъалаи тадрис ва таълими озоди диниро, ки аз ҳар навъи радикализатсияшавии ҷомеа пешгирӣ мекунад, дар миён намегузорад?

 

   Ҳанӯзам,ки ҳанӯз аст, вақте қозӣ мегӯед, Тураҷонзодаро пеши назар меоваред. Қозӣ ба номи ӯ изофа шуд. Аммо ҳоло мардум наметавонад шуморо ҳатто мулло гӯяд, муфтӣ он тараф истад.

 

   Баракс бо дасиса ва фитна  масҷиди Тӯраҷонзодаҳоро аз баргузории намози ҷумъа маҳрум кард.Ҷои онки аз маҷидҳо ҳимоя кунад масҷидбандиро риво дод. Ҳам аз лиҳози мантиқ ва ҳам аз лиҳози исломӣ ӯ бояд пуштибонӣ мекард, ки каломи Аллоҳ ва ҳадиси    Пайғамбар дар масоҷид ба самъи мардум расад. Аммо ӯ тарҷеҳ дод, ки ҳатто мавъизаҳои имомхатибон аз тарафи давлат навишта шавад. Имомхатибон аз тарафи КГБ  имомхатиб мешаванду ӯ сокит меистад. Вале вақте ба умури давлатӣ ва сиёсӣ ҷалб мешавад ва ё ҷалб карда мешавад,фатвоҳое содир мекунад, ки рафтор ва кирдори зидидинии Раҳмонро табраа кунад.То Туркия рафт, ки алайҳи созмону ташкилоти исломӣ ёраш шаванд.

 

  ...”ҳар  касе барои ҳифзи ватан камари ҳиммат бастааст, аз оташи дӯзах дар амон хоҳад буд”хоҳад буд.”

 

 

   Ба пиндори Саидмукаррам он идда аз афсароне ҳам, ки бангу арақ май мезананд ва ингор дар ҳифз ва ҳимояти ватананд, болои аскарон ҷавру зулм мекунанд онҳо ҳам аз нори ҷаҳаннам эминанд? Дар ҳифзи ватан афсаронеро ҳам дидем, дар домони занҳои Воруху Чоркӯҳ панаҳ бурданд. Ва худи ҳамон бегоҳ рафтанду садтоӣ  аз “Шоҳона” “бардоштанд”.   

 

    Дар ҳар давру замон дар кишварҳои мусалмонӣ обрӯ ва мақоми пешвои динӣ баланд буд. Аммо имрӯз баракс. Вале, аз онки тавассути Саидмукаррам мехоҳанд сафи артишро пур бисозанд ва муҳтоҷ ба фатвояш шуданд, бори дигар собит мекунад, ки новобаста аз онки Раҳмон ва навкаронаш аз дину диёнат безоранд, бидуни он мустаманду ночоранд. Ҳатто ба беобурӯтарин маъмур ва масъули динӣ муроҷиат кардаанд. Раҳмон ба пойи мулло ва дини ислом сар мондаву зону задааст, ки фатвое содир карда артишашро бо аскар таъмин созад.

 

Иштибоҳоти фоҳиши шаръӣ дар хитоби охири ШУМИТ

 

Дар ин хитобашон бар ҳадисе такя намуданд,ки аслан ҳадиси макзуб ва ҷаълӣ ва сохтаро ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нисбат додан ҷиноятест нобахшуданӣ.

Лутфан ба ҳадисе ҳамчун далел аз суннат истинод намудед диққат диҳед.Ман бовар намекунам,ки инро олими дине навиштабошад

 

حديث

 "حب الوطن من الإيمان"

 حديث مكذوب موضوع لا يصح عن رسول الله صلى الله عليه وسلم

 موضوع . كما قال الصغاني (ص 7 ) وغيره .
ومعناه غير مستقيم ، إذ إن حب الوطن كحب النفس والمال ونحوه ، كل ذلك غريزي في الإنسان ، لا يمدح بحبه ، ولا هو من لوازم الإيمان ، ألا ترى أن الناس كلهم مشتركون في هذا الحب ، لا فرق في ذلك بين مؤمنهم وكافرهم ؟

 

Ҳадиси “Дӯстдоштани ватан аз имон аст” ҳадиси дурӯғ ва сохтаву бофтаест бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нисбат додаанд.Метавонанд ба кутуби ҷарҳу таъдил муроҷиа намоянд ниёзе намебинам ҳама ончӣ омадааст онро шарҳ намоям.Барои аҳли фаҳм ва агар дар он “шурои уламо” олиме бошад.

 

Таҳрифи дигар дар ин баёния ё хитоби “ШУМИТ”дар ояти Қуръонӣ аст,ки онро мегузорам ва перомуни он ҳукми аслии шаръро баён медорам.

 

“Худованди мутаъол дар сураи «Оли Имрон» мефармояд: «Эй муъминон сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад, ки растагор шавед». Муфассирини киром мегўянд: «Ибораи «Ва робиту» - «Омода бошед» дар ҳаққи марзбонон аст.

 

Акнун хонандагони гиромӣ хуб диққат диҳед ба матни ояте гузоштаанд ва чӣ гӯна аз тарсашон мақтаъи набардро тарҷума накарда ва оятро таҳриф шуда тарҷума намудаанд. Дар охир танҳо “Рибот”-ро бо қавли муфассирон кутоҳ тарҷума намудаанд.

 

Диққат кунед ба асли ояти 200 Сураи Оли Имрони таҳриф ношуда: “Эй касонеки имон овардаед,сабурбошед ва дигаронро ба сабрдаъват кунед ва дар набардҳо пойдорӣ (ё собитқадамӣ) кунед ва аз Аллоҳ битарсед,шояд,ки наҷот ёбед!”

 

Хело мутассифам аз ончи навиштед ва ҳатто дар тарҷума ва тафсираш иштибоҳи бузурге кардаед.Лутфан тафсири Ибни Касир(раҳ) ро хуб бо диққат хонед,ки шаънуннузули оят чӣ аст? Оят барои чӣ касоне мегӯяд?

 

Диққат кунед ба ду вожаи ин оят яке “Сабр” ва дигаре “Рибот” аст.Онро аз тафсири Имом Бағавӣ мегузорам,то бештар диққат кунед.

 

♦ تفسير البغوي "معالم التنزيل":

 ﴿ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اصْبِرُوا وَصابِرُوا وَرابِطُوا ﴾، قَالَ الْحَسَنُ: اصْبِرُوا على دينكم فلا تدعوه لشدّة ولارخاء، وَقَالَ قَتَادَةُ: اصْبِرُوا عَلَى طَاعَةِ اللَّهِ، وَقَالَ الضَّحَّاكُ وَمُقَاتِلُ بْنُ سُلَيْمَانَ: عَلَى أَمْرِ اللَّهِ، وَقَالَ مُقَاتِلُ بْنُ حَيَّانَ: عَلَى أَدَاءِ فَرَائِضِ اللَّهِ تَعَالَى، وَقَالَ زَيْدُ بْنُ أَسْلَمَ: عَلَى الْجِهَادِ، وَقَالَ الْكَلْبِيُّ: عَلَى الْبَلَاءِ، وَصَابِرُوا يَعْنِي: على قتال الْكُفَّارَ،

 

Ҳасани Басрӣ(раҳ) дар тафсири ин оят чунин мегӯяд: “Сабр кунед бар динатон ва канор нагузоред динатонро дар ҳолати сахти ва осони.”

Қаттода мегӯяд: Сабр кунед бар тоъати Аллоҳ.

Заҳҳок,Муқотил ибни Сулаймон мегӯянд: Сабр кунед бо фармонҳои Аллоҳ.

Муқотил ибни Ҳайён мегӯяд: Сабр кунед бар адои фарзҳои Аллоҳ таъоло.

Зайд ибни Аслам мегӯяд: Сабр кунед ба набард дар роҳи Аллоҳ.

Калбӣ мегӯяд: Исбиру яъне сабр ба балоҳо.Собируро ба набард бо мушрикон.

Ин танҳо мақтаъи аввали оят буд,ки муфассирон онро чунин тафсир намудаанд.

 وَرَابِطُوا يَعْنِي: الْمُشْرِكِينَ

 Робиту яъне биҷангед бо мушрикин.Пас аз он фазилати набардро бо аҳодиси зиёде дар ин мақтаъ баён доштаанд муфассирон.Дар куҷои ин оят омадааст хидмати аскарии намудан ва дар хидмати як исломситезе фарзандонатонро қарор диҳед,то дусол на намозхонанду,на рӯза доранд? Бовар кунед ман шарм медорам дигар нуқта бо нуқта хатоҳои ошкор ва таҳрифҳои шуморо нақд намоям.

 

Ин охирон мақтаъи оятро мегузорам вале тарҷумааш намекунам худатон онро хонед ва бубинед чӣ аст тафсираш.

 

﴿ وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ ﴾، قَالَ بَعْضُ أَرْبَابِ اللِّسَانِ: اصْبِرُوا عَلَى النَّعْمَاءِ وَصَابِرُوا عَلَى الْبَأْسَاءِ وَالضَّرَّاءِ وَرَابِطُوا فِي دَارِ الْأَعْدَاءِ وَاتَّقُوا إِلَهَ الْأَرْضِ وَالسَّمَاءِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ فِي دَارِ الْبَقَاءِ.

 

“...ШУМИТ Битарсед аз Аллоҳи осмону замин шояд,ки комёб гардед дар сарои охират ҷанобони хитобҳои ботилнавис.

 

Барои тулонӣ нашудани мақола дигар иштибоҳот ва таҳрифҳое дар дин кардаатонро дар он хитоб ба мардуми мусалмони кишвар кардаед лозим намедонам,то нақд кунам.Ҳаминқадар мегӯям лутфан ё хомуш бошед ва ё вақте аз шариъати ислом хостед чизе нависед ва ё гап задед аз Аллоҳ битарсед “Лаъаллакум туфлиҳун”

 

Ва Саидмукаррам ҳам мисли як нукари фармонбардор, ҳатто бо тавзеҳу ташреҳи ғалати оёт ва аҳодис талоши зиёд кардааст, ки барои  ба даст овардани ризоияти Раҳмоновеки кораш теша бар решаи ин дин дар кишвар задааст вале бо тассуфи хело шадид Мукаррам фатвое номуваҷҷаҳ ва бедалелеро содир кардааст. Фатвое, ки ҳатто бар хилофи ошкори шариат аст.

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.