Найрангҳои нав ё пеш аз сафари Раҳмонов

Найрангҳои нав ё пеш аз сафари Раҳмонов

                         

              барояш дар Аврупо басо дардисарсоз хоҳад шуд

    Тамдиди муваққати парвона ё аккредитатсияи кори  чанд нафар аз хабарнигори “Озодӣ” дар Душанбе  аз он шаҳодат медиҳад,ки Раҳмон ва ёрдамчиёнаш дар фикри фанду фиреби мақомоти Амрико,маъмурияти радиои “Озодӣ” ва ҷомеаи хабарнигорон дар дохил ва хориҷ  аз кишваранд.

Қаблан вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълон карда буд,ки ба хабарнигорони ин расона,ки ба таъйиди ин вазорат низомномаи кориро нақз кардаанд, парвона “аккредитатсия”  нахоҳад дод. Ва,ҳатто роҳ нишон ҳам доду ишора ҳам кард,ки ин хабарнигорон метавонанд дар васоити ахбори дохилӣ ба фаъолияти худ идома бидиҳанд. Аммо яке чи шуд,ки ба чанде аз кормандони ин расона  аккредитатсия дода ва изҳор ҳам дошт,ки асноди бақия дар ҳоли баррасӣ аст?

 

  Вакилони сенати Амрико, конгрессменҳо, муовини вазорати хориҷаи Амрико, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, Президенти радиои “Озодӣ”, масъули матбуотии САҲА, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба таври мукаррар аз ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус вазорати хориҷӣ талаб карданд,ки дар кори хабарнигорони ин расона халал нарасонанд ва парвонаи фаъолияти онҳоро бидиҳанд, аммо аз кӯҳ садо буду аз Раҳмонову вазиронаш не. Ингор карру  гунг шуда буданд. Баракс бар зидди ин расона ошкоро мавзеъ гирифта онро дар таблиғи  терроризм ва террористон-манзурашон Паймони миллии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳам карда эълом намуданд,ки дар ҳеҷ сурат иҷозаи кор намедиҳанд. “Фермаи ҷавоб”-и нахӯди пеши қошуқи ба ҳар ош қатиқи дар ҳар кор шарики ҳамеша ҳозиру нозир ба нашру чопи навиштаҳое пардохта талош мекард,ки надодани парвона ба хабарнигорони “Озодӣ”-ро амали дуруст ва бар манфиати миллат ва давлат қаламдод кунад. Чун дар пушти мушкили мазкур дақиқан ҳамин ферма ва раиси он меистад ва инро ҳама хуб медонанд.Барои мисол муаллифи ҳамешагии “фермаи ҷавоб” Фаридун Ориёӣ чунин навиштааст: 

 

“Имрӯз Радиои Озодӣ ҳамчун абзори дасти нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон фаъолият дорад,аз ҷумла амалҳои тахрибкорона ва ифротгароёнаи  ташкилоти террористӣ ва дигар созмону гурӯҳҳои бадхоҳи кишвари моро таблиғ мекунад”.

 

Ҳатто писари мулло Абдурраҳим Карим таджикистан Иноятуллоҳроҳам водор намуданд,ки суҳбате намояд ва бо даврдодани курси дар назди дурбин чарандиёт бигуяд.Агарчи чизе натавонист мудаллал бигуяд вале муҳим гуфт.Эй кош суҳбат намекарду обурӯйи надоштаашонро намебурд.

 

Барои соҳибони “фермаи ҷавоб” тағйироте дар сатҳи роҳбарии бахши тоҷикии “Озодӣ” сурат гирифт,аслан қобили қабул нест.Хеле аз сармоя ва барномаҳояшон бо ин дигаргунӣ бар ҳадар рафт. Ва, як мушкили аслиашон ҳам ҳамин аст ки имрӯз ба тафовут аз давраи мудири пешини ин расона,ки дигар “одами худашон” шуда буд ва ҳарчизе, ки мехостанд, инъикос ва намехостанд мустарад мешуд, мудири нав рисолати касбӣ ва идории худро аз рӯи виҷдон,то ҷое иҷро расонида истодааст.  Бубинед,ки як гумноми дигаре,ки дақиқан аз “фермаи ҷавоб” аст бо номи Сайид Салим ошкоро изҳор медорад,ки қаблан корашон бо ин расона хеле ҳам хуб буд ва кадом мушкилеро ҳам эҳсос намекарданд:

 

 ....”қатъи фаъолияти  директори қаблӣ Соҷида Мирзо,ки аз соли 2008 то 2019 дар бахши тоҷикиии радиои Озодӣ фаъолият мекард, аз он шаҳодат медиҳад,ки барои радиои Озодӣ кормандони мутахассис лозим нест.Барои радиои Озодӣ кормандони иғвоангезу тафриқаандоз, дурӯғгӯву тавтеасоз лозим аст. Омилҳои мазкур боиси он гардид,ки бесабаб директори қаблӣ аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шавад ва ба ҷойи он нафаре таъйин гардад,ки мувофиқи талабот ва хостаҳои  хоҷагони хориҷиашон амал намояд”.

 

 

    11 сол он хонуми “мутахассис” кор кардааст вале баъди 11 сол “хоҷаҳои хориҷӣ” ӯро ба нафаре  мувофиқ бар завқи худ иваз кардаанд. 11 соли кори ӯро бо хоҷаҳои хориҷӣ қабул доранду ҳоло ҳатто ним соли кори нафари дигарро не.

 

Аммо наметавонад ошкоро бигӯяд,ки Соҷидаи Мирзо  ин расонаро ба минбари таблиғи як диктотур табдил дода ва бар асоси баъзе аз маълумотҳои расида бо ин васила ҷавоиз ҳам дарёфт карда буд.Дар санаде,ки маъмурияти “Озодӣ” кори Соҷидаро ҷамъбаст кард, ҳамин иттиҳоми сангин,ки як расонаи байналмилалӣ ба минбари таблиғи Раҳмон ва хонаводаи вай табдил шудааст,сабт шуда ва ҳамин гуноҳ далели рондани шармандавори ин хонуми “мутахассис” шудааст.

 

Муаллифи дигари “фермаи ҷавоб”,ки худро ҳуқуқшинос Остон Мирзо муаррифӣ карда, кушоду равшан изҳор менамояд,ки таъйини мудири феълӣ барои онҳо писанд нест:...”вақтҳои  охир бо таъин шудани Салим Аюбзод, сиёсати иттилоотии ин табақа пурра тобиши зиддимардумӣ гирифтааст. Ба ҳизбе,ки дар назди қонун бояд ҷавоб гӯяд,минбари комилҳуқуқ дода,фақат тасвири саргузашти наҳзатиҳоро дар радио расонаӣ кардааст.”

 

 Хуб, ҳоло акнун,ки иллат ва мушкили Раҳмон ва аҳли рикоби дар барзах гирмондааш маълум гардид.Хоҳед донист ки бо ин ҳама бадбиниву танаффур чи шуда ки ба чанде аз кормандони “Озодӣ” муҷаввизи муваққатӣ содир гардид. Сабаби асосӣ дар ҳамин марҳила ва дар ҳамин маҳдудаи замонӣ ин аст ки Раҳмонов озими сафар ба кишварҳои урупоӣ аст.Бале, ин додани нимдоданро иллат ҳамин сафар ба Урупост. Сафаре,ки барои  ба даст овардани он Раҳмонов ва бахусус вазорати хориҷии он ҷону марг канда аст.

 

Сафаре,ки зоҳиран Раҳмонови мунзавишударо як каме ҳам бошад, таскин медиҳад.Вале агарки аккредитатсия ба хабарнигорони як расонаи байналмилалӣ дода намешуд, имкони зиёд вуҷуд дошт,ки ин сафар баргузор нагардад.

 

Хабарҳо ҳокист,ки миёни масъулон “фермаи ҷавоб” ва вазорати умури хориҷӣ “задухӯрдҳо”-и лафзӣ сурат гирифтааст.Вале дар ниҳоят ба ҳамин гуна як тавофуқи дарунӣ даст ёфтанд,ки ҳуҷҷатҳои муваққат бидиҳанд ва тазоҳур кунанд,ки мушкил рафъ шуд ва озоди баён ва расона дар Тоҷикистон ҳамчун асли мардумсолорӣ мавҷуд аст. Зеро яқинан дар Урупо масъалаи матбуоти озод дар ҷойи аввал аст. Аз ин рӯ дар марҳилаи кунунӣ Раҳмон наметавонист,ки дигар хел рафтор кунад. Албатта, мисли ҳамон қазияи Шарофиддин Гадоев, ки ғайримайлу ғайрихоҳиш мурда-мурда розӣ шуданд,ки ба таври муваққатӣ бошад ҳам парвонаи кори хабарнигорони “Озодӣ”-ро бидиҳанд. Аммо аз ин найрангу ҳиллаи Раҳмон ва вазорати хориҷӣ ва “фермаи ҷавоб”-и он асҳоби расона дар Амрико ба шиддат нороҳат шуданд. Президенти радиои “Озодӣ” бо интишори як баёния аз инчунин муомила ва бархӯрди риёкоронаи Раҳмонов ибрози норизоиятӣ кард ва талаб намуд,ки дар чаҳорчӯби қонун иҷозаи кори хабарнигорони ин расонаро таъмин кунанд.

 

Афзун бар ин “Вошингтон пост”-нашрияи муътабари амрикоӣ, ки дар бештарин маворид навиштаҳои он бахусус барои ҳизби ҷумҳурихоҳ муассир ва коргар маҳсуб мешавад,бо нашри як матлаби бесобиқа бо лаҳни шадиде Раҳмоновро як диктотури мухолиф ва душмани сарсахти озодиҳо ва демократия дар Тоҷикистон муаррифӣ карда ва аз шеваи мудирияти хонаводагии ӯ дар кишвари фақири вомонда аз шӯравии пешин ба шиддат интиқод кард. Иллат ва ангезаи нашри ин мақолаи “Вашингтон-пост” ҳам ҳамин масъалаи аккредитатсияи хабарнигорони “Озодӣ” аст ки Раҳмонро дар арафи сафараш ба Урупо шарманда ва расво кард ва ба даҳани тамоми хабарнигорони урупоӣ,ки акнун мунтазири омадани Раҳмон ба кишварҳояшон ҳастанд, ҳарфу гапи тоза андохт: масъалаи аккредитатсияи хабарнигорони “Озодӣ” чӣ шуд? Ва, дафъатан ба дунбол ин суолро ҳам тарҳ хоҳанд кард,ки чаро ҳукумати Тоҷикистон бархе аз хабарнигорони паноҳандаи тоҷик дар Урупоро шомили “феҳристи сиёҳ”-и бонкҳо карда ва онҳоро “террорист” муаррифӣ кардааст. Аз ин хотир сафари Раҳмонов ба Урупо барояш дар воқеъ басо дардисарсоз хоҳад буд.Аз сӯи дигар Раҳмонов ва мушовирони расмиву ғайрирасмиаш ин воқеиятро намепазиранд,ки дунё дигар шудааст. “Озодӣ” “Рӯзи нав”,”Нерӯи сухан”, “Нигоҳ” ва “Наҷот” нест,ки битавонанд, бубанданд. Вай як расонаи байналмилалӣ аст. Наметавонад бо масрафи тамоми маблағҳое,ки дуздидаву ҷобаҷо кардааст, даҳони оноро бипӯшонад. На мавҷи радиоии онро зада метавонад, на сафҳаи интернетии онро баста ва на битавонад барномаҳои видеоии онро сокит созад.Раҳмонов ҳамчунин тавонро дорад?Надорад. Бо онки шарт мегузоранд,ки фалону беҳмон масоил ва мавзӯъҳо бояд инъикос наёбад, сипас иҷоза медиҳем , ин роҳи ҳал нест ва шуданӣ нест. Агар дафтари “Озодӣ” дар Тоҷикистон баста ҳам бишавад бахши тоҷикӣ фаъолияти худро аз маркази он идома хоҳад дод. Бояд бипазиранд,ки “Озодӣ” аз ихтиёрашан даррафта ва дигар Соҷидае пайдо нахоҳад шуд, ки битавонанд, бихаранд, лаҷом зада саворӣ кунанд.

 

 Минбаъд бахши тоҷикӣ новобаста аз онки кӣ мудир хоҳад шуд, таҳти муроқибати алоҳида  қарор хоҳад гирифт, чун коре,ки Соҷидаи Мирзо бо ин расона кард, дар таърихи беш аз 70 солаи ин радио назир надошт. Хоҳ Салим хоҳад буд ва хоҳ нафаре дигар,ки ҳатто аз Офриқо ҳам мудир оваранд, мурда-мурда дар бораи мо,дар бораи ПМТ, Гурӯҳи 24 ва ҲНИТ хоҳад навишт: мусбат,манфӣ,муҳим нест. Аммо менависад. Зеро мо бахши бузурге аз ҷамъияти Тоҷикистони кӯчак ҳастем,ки дар дохил ҳаводор ва ҳам дар Урупо фаъолияти озодона дорем ва мо оппозитсияи ин режими диктотур ҳастем. Таҳдиди бастан ва аз байн бурдани дафтари “Озодӣ” камоли ҳамоқат аст. Ин корро Ислом Каримов дар соли 2005 кард. Аммо чи суд дид? Зеро дар ҷаҳони имрӯз,ки дунё дар болои иттилоот мечархад на танҳо “Озодӣ” аст ки дар дастрасии мардум қарор дорад. Садҳо сайту торномаву сафҳаву балову батаре аст ки ахбору маълумотро дар даруни хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ кашола карда ва дар таги биниаш нишон медиҳад.     

 

   Аммо суоле,ки ҳамаро гиҷу гаранг кардааст ин аст ки як ҳукумат бо “Озодӣ” чи мушкил дорад? Чуноне,ки  дар боло ишора кардам, мушкили асосӣ ин аст ки дигар гапаш ба роҳбарияти он раҳ намеравад. Масъули имрӯза инро мехоҳад ё хайр, рисолат ва уҳдадории вогузоштаи радиоро ба ҷо меоварад. Наметавонад дар бораи ҲНИТ, Гуруҳи 24 ПМТ нанависад. Ва, низ наметавонад дар бораи Раҳмонову бачаҳояш нанависад. 

 

Раҳмонов, масъалааш ин аст ки интиқоли қудрат ва ё бақои худаш дар қудратро то ҳадде ки метавонад, хапу хамӯш, дар зери ягон чодар ва пинҳон ва бегапу камгап ва махфиву рустӣ ва орому осуда гузаронад. Ҳоло масъалаи муҳимми Раҳмонов бо “Озодӣ” ҳамин аст. Дафтари “Озодӣ”-дар Душанберо мунзавӣ барои ҲНИТ накарда истодааст. ҲНИТу ПМТ ва “24”-ро бахши марказии  радио бозтоб ва мунъакис карда истодаасту хоҳад кард.  Дафтари “Озодӣ” дар Душанбе бошад набошад, ки ин масоил матраҳ ва тасвир мешаванд. Ҳоло мушкили Раҳмонову “Озодӣ” интихоботи худаш ва интихоботи Рустам аст. Бим дорад, ҳарос дорад,ки ахбори ҳатто хурду реза аз ин маърака дар берун дарз нахурад. “Озодӣ” дар ин маърака тарзе ҳузур дошта бошад,ки масъала ба вуҷуд наоварад. Воқеан ҳам  агарки Раҳмонов барои махфӣ ва пинҳон кардан чизе надошта бошад, чаро аз ҳузур ва фаъолияти “Озодӣ” ва хабарнигорони он дар тарсу ҳарос аст? 

 

 Ҳоло масъалаи парвонаи кормандони “Озодӣ” то сатҳи Конгресс ,Маҷлиси намояндагон, вазорати хориҷа матраҳ шуда ва Амрико дар садади қатъи бахше аз тарҳҳои имдодии худ ба Тоҷикистон  ба маблағи даҳҳо миллион доллар шудааст. Аз ин рӯ бо ин найрангҳо ва бо ин хидъаву риёҳо набояд як масъалаи ба роҳатӣ ҳал мешударо ин қадар душвору мураккаб кард ва то дар равобити давлатӣ  таъсир гузошт. Дар ҳамин сафари Урупо дақиқан хоҳад фаҳмид,ки бо фанду найрангу фиреб танҳо худро фиреб додааст....

 

 Метавонед моро дар дигар шабакаҳои иҷтимои ҳамроҳи намоед.

Facebook: https://www.facebook.com/Muhammadiqbo...

Facebook: https://www.facebook.com/wasatiyat

Instagram: https://www.instagram.com/isloh_tv/

websitehttps://isloh.net/

Telegrama: https://t.me/islohnet

соцсети: +33 7 67 69 67 83

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.