Оғози моҳи Шаъбон ва фазилати он

 

 

Тибқи ахбори нашргашта дар Сомонаи Умулқурои давлати Саъудӣ, маҳкамаи олии фалакии ин давлат ва расадхонаҳо ва дорулифтоҳои давлатҳои Кувайт,Қатар,Баҳрайн ва баъзе давлатҳои дигари исломӣ,моҳи раҷабро 29 рӯз унвон кардаанд ва имрӯз шанбе, 6 уми апрелро аввали моҳи Шаъбон эълом кардаанд.

 

Тоҷикистон ва Русия

 

Бояд зикр намоям,ки тибқи тақвими Сомонаи "Маркази исломии ҶТ" имрӯз шанбе 6 уми апрел 1- уми моҳи шаъбон нишон додашудааст.Инчунин дар сомонаҳои марокизи исломии Русия ва муфтиёти ин кишвар, имрӯз шанбе 6- уми апрел аввали моҳи шаъбон дида мешавад.Дар тақвимҳое дар давлатҳои аврупоӣ ва марокизи ифтои он имрӯз шанбе 6 уми апрел аввали моҳи шаъбон омадааст.

 

 Давлати Миср ва қораи Африқо

 

Аммо бар хилофи ин Дорулифтои давлати Мисри Араб тибқи хабари “Иниститути ҷустуҷӯйи фалакшиносӣ” моҳи раҷабро 30 рӯзи комил эълом намудааст, сабаб моҳи ҷадиди шаъбонро надидан унвонкардаанд.Имрӯз 6 уми апрел шанбе 30- уми моҳи раҷаб шумурда ва 7- уми апрел, якшанбе 1- уми моҳи Шаъбон эълом намудааст. Инро давлатҳои Урдун,Тунис, Салтанати Уммон,Алҷазоир Эронҳам эълон ва бо ин ризояти худро изҳор доштаанд.

Агарчӣ моҳҳро тибқи суннат, бояд дидашавад ва тибқи он амал сура бигирад.Тибқи таҳқиқоти уламои фалакшиносӣ, моҳи раҷабро 29 пешгӯйи кардабуданд.Ин пешгӯйиро “Иниститути ҷустуҷӯйи фалакшиноси”ӣ давлати Мисри араб дар моҳи гузашта карда буд.Аммо имрӯз аз надидани моҳи ҷадид хабар додааст.

Ин буд ончӣ дар ин масала,то ин дақоиқ тавонистам таҳқиқ намоям ва бароятон тақдимнамоям.

 

Фазилати моҳи Шаъбон

 

Моҳи шаъбон яке аз моҳҳое мебошад,ки дорои фазилатҳои бешуморе мебошад.Моҳест баъзе моҳҳои ҳиҷрӣ чунин хусусиятро надоранд.Масалан моҳи шаъбон яке аз моҳҳои ҳаром нест ва аз ин сабаб бештар мардум аз он ғофил мегарданд.Миёни моҳи ҳароми Раҷаб ва моҳи Рамазон қарордорад,ки аз он бетаваҷҷуҳӣ мекунанд.Моҳест амали солонаи инсон ба боло меравад,ки ҳолати шахс вақти болорафтани амалҳои солонааш хело муҳим аст,ки дар кадом ҳолат қарор дорад. Дар ин моҳ чандин фазилат якҷо ҷамъшудаанд,ки ба баёни онҳо мепардозам,то аз онҳо огоҳ гардед.

  

{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ} [آل عمران:102].

 

“Эй касоне, ки имон овардаед, чунонки шоистаи тарс аз Худост аз Ӯ битарсед ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред.”  (Сураи Оли Имрон, ояти 102)

 

Имом Насоӣ дар сунанаш аз Усома ибни Зайд (раз) овардааст:  Гуфтам: Эй фиристодаи Аллоҳ, ман ҳаргиз надидам, ки Шумо ҳеҷ моҳеро ба андозаи моҳи шаъбон рӯза дошта бошед, яъне рӯза доштани  Шумо дар ин моҳ нисбат ба моҳҳои дигар хеле зиёд аст. Фармуданд: “Моҳи шаъбон моҳест, ки мардумон аз (зинда доштани ин моҳ) ғофил мемонанд. Ин моҳ миёни моҳи рамазон ва раҷаб аст. Дар ин моҳ амалҳо назди Парвардигори оламиён бардошта мешаванд. Ман дӯст дорам, ки амалҳои ман дар ҳоле назди Парвардигорам бардошта шаванд, ки рӯзадор бошам. (Ривояти Имом Насоӣ, китоби Сиём ҳадиси № 2329)

 

Аз ин ҳадис чунин бар меояд,ки моҳи шаъбон моҳест, ки мардумон дар интизори моҳи рамазонанд. Дар ҳоли ҳисобот амалҳои солонаи мо дар ин моҳ  назди Аллоҳ бардошта мешаванд.Моҳи раҷаб агарчӣ яке аз моҳҳои ҳаром аст ва чун дар ин моҳ аҳодиси саҳеҳ дар мавриди рӯза доштану амалҳои хайр ворид нашудааст гумон мекунанд, ки ин моҳ ҳам мисли моҳи раҷаб аст ва боз аз моҳҳои ҳаромҳам нест. Дар ҳоле,ки моҳи шаъбон тибқи аҳодиси саҳеҳ яке аз моҳҳои муҳим барои аъмоли нек ва пур кардани саҳифаҳои худ аз некист ва захираи тӯша барои он рӯзи сангини қиёмат ба шумор меравад.

 

Уламо дар мавриди рӯза доштани ин моҳ тибқи амали Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) назари хешро баён месозанд. Аммо ибодатҳои худро барои инки риё дар он сурат нагирад ба шакли пинҳонӣ анҷом медоданд, билхусус рӯза доштани  худро, зеро рӯза сиррест миёни банда ва Аллоҳ ва подоши рӯзаро Худи Аллоҳ медиҳаду бандаи рӯзадорашро дараҷоти волое ваъда додааст. Гузаштагони солеҳи мо муддати чиҳил сол рӯза мегирифтанд, аммо касе аз рӯза доштани онҳо огаҳ намегашт. Мислан аз хона бо худ ғазо мегирифтанд, то аҳли хонадон аз рӯзадории онҳо огаҳ нагарданд. Ончӣ бо худ мебурданд онро ба фақиру нодоре садақа мекарданд. Ҳам аҷри садақа барояшон буд ва ҳам ибодати худро бериё анҷом медоданд. Аммо мо дар ин аср барои тарбияи фарзандон ва хонаводаҳоямон рӯза доштану ибодатҳоро ташвиқ кунем, то аз ин ибодатҳо ғофил набошанд ва пас аз сари мову шумо ба роҳи паймудаи Расули Акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ва бузургони ин уммати пеш аз мо амал кунанд.Гузаштагони солеҳи ин уммат закоти моли худро дар ин моҳ адо мекарданд, то дар ҳол дар амали солонаашон сабт гардад.   Ҳоло асри фасод аст ва атрофи моро муҳити носолиме иҳота карда. На садову симоӣ солим дорем, на мактабу донишгоҳи солим, на сомонаҳои таълимии солим,на масҷиду уламои ҳақгӯе дар  минбарҳои масоҷиди кишвар,то ҳақиқати ин динро бифаҳмонанд ва на ҷамъе, ки роҳбарони имрӯзи барои мо ва фарзандони ин сарзамин  сохтаанд. Аз ин лиҳоз ончӣ медонед ба фарзандони худ ва хонаводаҳои худ расонед,то аз роҳи ҳақ  мунсариф ва дур нашаванд.Хуб медонем,ки ин ҳукумати имрӯзии мо аслан намехоҳад фарзандони мо аз дини худ,муқаддасоти худ,асолати аҷдодӣ ва миллии худ огоҳии комил дошта бошад.Сабаб дар он аст,ки агар донист аз ин хирасарон талаб мекунанд,ки шумо чаро моро мехоҳед аз асли худ дур кунед.Пас барои огоҳии хонаводаи худамон бояд худи мо ва шумо пайваста кушиш намоем ва хонаводаи худро аз асли худ,дини худ,гуаштаи солеҳи худ огоҳ намоем.Нахуст онро бояд накӯ фаҳмид,то тавонем бифаҳмонем!

 

Дур будан аз ҳама амалҳои баду ҳаром

 

 Агарчӣ дар ҳама моҳҳо инсони мусалмон аз ҳама амалҳои бад дур бошем,аммо дар ин моҳ худро барои моҳҳои дигар омода ва одат бикунонем.Дар ин моҳ кӯшиш бояд кунем аз амалҳои бад мисли  дурӯғ, тӯҳмату бӯҳтон, шаҳодати бар дурӯғ, мухолифи ҳақ будан, ҷонибдорӣ аз ботил кардан, ботилеро барҳақ ҷилвагар кардан, зулму ситам бар бечорагон кардан, пора гирифтану пора додан, зино, шаробнӯшӣ, ҳаққи касеро хурдан, муъомилаи бад бо хонавода кардан,баҳсҳои дур аз одобу ҳусни муошират дар шабакаҳо анҷом додан ва дигар амалҳои зишту норавои дигар ҷиддан бояд парҳез кунем. Пок будан аз ҳар ончӣ шариъати ислом онро мамнуъ кардаву онро ҳаром ҳукм кардааст.

 

Анҷом додан ва шитоб кардан дар ҳама амалҳои хайру нек

Ҳар амале, ки шариъати ислом онро мадҳ ва амр намудааст дар анҷоми он амалҳо бештар саъйу кӯшиш кунем. Хондани намозҳои панҷвақта дар ҷамоъат, рӯза доштан, тиловати Қуръони карим пайваста, хайру садақа кардан ,оштӣ кардан бо ҳар касе, ки қаҳрӣ ҳастем, силаи раҳмро риъоят кардан, рафту омад бо хешовандони наздик, бародар, хоҳар, амак, тағо, хола, ризо кардани падару модар ва амсоли ин дар раъси ҳамаи ин аъмол аст. Дур кардани мушкилоти бародари мусалмони дар ҳолати вахим қарордошта, бо ҳар роҳе, ки метавонем (моддӣ ва ё маънавӣ). Кӯмак ба ятимон ва хонаводаҳои ятимдоштаву нодори серфарзанд, адо кардани қарзи қарздоре, бахшидани шахсе аз мо қарздор аст ва онро дода наметавонад, кӯмак ба зиндониёни дар асорат қарордошта, чӣ бо сухан аз онҳо ҳимоят мекунед, чӣ бо мол ва ё метавонед барои озодияшон коре анҷом диҳед. Гуфтани сухани ҳақ бар алайҳи ҳар ноҳақу ботиле, ки ботил ва ноҳақ буданаш ошкор ва маълум аст. Фаромӯш накунем агар дар 10 моҳ амали хубе анҷом дода натавонем,албатта рамазонро аз ин моҳҳо истисно мекунам,чун дар он аксаран то ҷое амалҳои нек мекунем, ҳадди ақал дар ин моҳ амалҳои неку солеҳро анҷом диҳем. Чун амалҳои яксолаи  мову шумо  назди Аллоҳ бурда мешавад ва номаҳои аъмоламон дар ҳоли анҷоми аъмоли нек тақдими Парвардигори оламиён мегардад. Раҳмати Аллоҳ бепоён аст шояд як амале, ки он холис ва бериё барои ризои Ӯст ҳама гуноҳони дар гузашта анҷомдодаи мову шуморо бахшад. Бикӯшем бештар  намозҳои субҳу асрро бо ҷамоъат хонем. Ҳозир шудан дар намози ҷумъа ва пас аз аср то шом соати иҷобати дуъоро аз ёд набарем. Зикрҳои субҳу шомро набояд аз хотир барорем ва ба зикрҳои маснунаи дигар ҳам бештар забонамонро одат кунонем. Намози таҳаҷҷуд ё қиёми шабро тарк накунем, агарчӣ бо адо кардани ду ракаъат ҳам бошад.

 

Огоҳи ба бонувон!


Бонувонеки аз рамазони соли гузашта қазоӣ доранд кушиш кунанд он рӯзаҳои қарзии худро дар ин моҳ бигиранд ва ба моҳи рамазон бидуни рӯзаи қарз аз соли гузашта ворид шаванд.Бо ҳар шакле метавонед рӯзаҳои соли гузаштаатонро адо намоед.Рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ва ё як рӯз медоред ва як рӯз мехуред.Барои онҳоеки аз соли гузашта қарздор будед беҳтар аст,то оғози моҳи рамазон қазои рӯзаҳоятонро доред.

 

Огоҳи ба бародарон!

 

Инчунин ин масала ба бародаронеки бо сабабе аз сабабҳо мисли сафар,беморӣ рӯзаҳои худро дар соли гузашта хурдабуданд марбут мебошад,то рамазон қазоҳои худро адосозед ва ба рамазон ворид гардед.

 

 Назари уламо дар робита ба ин моҳ

 

Уламои гузашта дар мавриди моҳи шаъбон чунин ақида доштанд, ки рӯза доштани моҳи шаъбон як машқе аст барои омода шудан ба моҳи рамазон. Қироъати Қуръон барои мусалмон амали ҳаррӯзааш бояд бошад. Аммо тловати зиёди Қуръон дар моҳи шаъбон ин дохил шудан бо омодагии бештар ба моҳи баҳори Қуръон, яъне рамазон аст. Ду амале, ки дар ин моҳ анҷом медиҳем рӯза доштан ва тиловати Қуръон ин одат кардан барои моҳи рамазон аст. Пас барои анҷоми  ин ҳама амалҳои неке, ки зикр гардид набояд коҳилву кӯтоҳӣ кард, то амалҳоямон дар ин лаҳазоти хуб назди Аллоҳ бардошта шаванд. Моҳи рамазонро, ки моҳи ибодату ниёиш аст ба беҳтарину хубтарин ҳол ва бо ин нафаси шаъбонӣ сипарӣ созем.

 

Абдуллоҳ ибни Амр (раз) аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васллам) ривоят мекунанд, ки фармуданд: “Рӯза ва Қуръон рӯзи Қиёмат бандаро шафоъат мекунанд. Рӯза мегӯяд : Эй Аллоҳ, аз таъом ва шаҳват манъаш намудам, пас маро шафоъаткунандааш бигардон. Қуръон мегӯяд: Эй Аллоҳ, аз хоб кардани шаб манъаш намудам, пас маро шафоъаткунандааш бигардон. Фармуданд: Пас шафоъаташон мекунад.”( Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Ҳоким №1979 ва Имом Аҳмад №6454  Ҷомеъул ҳадис№3882)

 

Ин масъаларо ҳам бояд зикр намоям, ки тибқи ҳадиси саҳеҳ, ки онро Абудовуд, Насоӣ, Ибни Моҷа, Ибни Ҳиббон, Ҳоким, Имом Аҳмад, ки ровии ҳадис Абуҳураира (раз) аст.

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ҳангоме, ки моҳи шаъбон нисф шуд дигар рӯза нагиред,то инки моҳи рамазон дохил шавад.”

Мо ривоёти зиёде дорем, ки Расули Акрам (саллаллоҳу алйҳи васаллам) рӯзаи моҳи шаъбонро бо рамазон якҷо карда. Ин барои онҳое, ки дар оғози моҳ рӯза мегиранд ва ё то нисфи моҳи шаъбон рӯза гирифтаанд мушкиле надорад. Аммо онҳое, ки то миёнаи моҳ рӯза нагирифтаанд, пас рӯза нагиранд,то инки рамазон дохил шавад. Аммо онҳое, ки як рӯз рӯза мегиранд ва як рӯз мехуранд, рӯзҳои душанбе панҷшанбе рӯза мегиранд, рӯзҳои рӯзи бийзро мегиранд ҳеҷ мушкиле барояшон нест, метавонанд бигиранд. Ин барои онҳоест, ки аз оғози моҳ,то нисфаш аслан рӯза нагирифтаанд барои онҳост. Мо боз ҳадисе дорем дар Саҳеҳайн, ки ровии ҳадис Абуҳурайра (раз) аст. Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Рамазонро ба рӯза доштани як ё ду рӯз қабл (аз моҳи рамазон) оғоз накунед. Марде (шахсе), ки рӯза медошт қабл аз он, пас рӯза дорад”.

 

Агар тавонашро дошта бошад қабл аз оғози ин моҳ рӯза бигирад.  Агар мушкил бошад як рӯз рӯза бигирад як рӯз ифтор кунад. Агар натавонад рӯзҳои душанбе панҷшанбе рӯза гирад. Ин ҳам барояш мушкил бошад рӯзҳои миёнаи моҳ 13,14,15 рӯзҳои бйизро рӯза гирад. Агар натавонист гирифта, пас мунтазир бошад ва ҳангоме, ки рамазон дохил шуд ба рӯза доштани рӯзаи фарзии моҳи рамазон шурӯъ кунад. Як рӯз қабл аз рамазон ва ё ду рӯз қабл рӯза нагиред.

 

Уламо боло рафтани амалҳоро дар се ҳолат медонанд:

 

Ҳолати аввал: Амалҳои инсон пас аз намози субҳ ва аср боло бурда мешаванд.Ин қавл тибқи ҳадиси саҳеҳе аст,ки онро имом Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (раз) ривоят намудаанд.

Ҳолати дуввум: Амалҳои ҳафтавори инсон панҷшанбе шаби ҷумъа боло бурда мешаванд,ки ин ҳадисро Имом Аҳмад бо санади ҳасан дар муснадаш аз Абуҳурайра (раз) ривоят намудааст.

Ҳолати севвум: Амалҳои солонаи инсон дар моҳи шаъбон ба боло бурда мешаванд,ки ҳадиси болоеки аз Усома ибни Зайд(раз) овардам шаҳодат диҳандаи он ва далели ин қавл ва ҳолат мебошад.

Барои тулонӣ нашудани мақола матнҳои аҳодисро наовардам,танҳо ҳолотро баён намудам,агар хоҳиш дошта бошед метавонед ин аҳодисро дар кутубе зикр намудам бо ровии ҳадис пайдо намоед ва мутолеа намоед.

 

Бояд бигӯям, ки дар фазилати ин моҳ мақолот ва аҳодиси зиёде зикр гардида, аммо банда барои тазкир аз ин моҳ мухтасаре барои хонандаи азиз баён доштам. Умед дорам моҳи шаъбонро ба хубӣ бо анҷоми амалҳои солеҳу солеҳа мегузаронем ва омодагии хубе барои моҳи рамазон мегирем. Аллоҳ моро дар моҳи шаъбон аз бандагони солеҳу муслиҳ бигардонад ва моро ба моҳи мубораки рамазон солим бирасонад,моро аз дуъоҳои некатон фаромӯш насозед,Аллоҳ аз ҳамаи шумо азизон розӣ бошад омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.