Орзуҳои хазони меҳмони нохонда дар Белорус

Орзуҳои хазони меҳмони нохонда дар Белорус

 

     Путин мавқеи худро дар интихоби ояндаи Раҳмон рӯшан кард

 

Ҳанӯз,ки сафари идонааш ба навоҳии Рашт идома дошт, ҳанӯз, ки лентаи майдончаи варзишии сохташуда бо мусоидати Рустам барои наврасони ғармӣ қайчӣ нозада буд, тамоми ҳушу ёдаш ба он банд буд, ки Александр Лукашенко ӯро даъват  мекунад ва имкони дидору мулоқот бо Путинро барояш фароҳам хоҳад кард? Вақте гуфтанаш, ки Лукашенко исрору зораҳояшро ба инобат гирифтааст ва мехоҳад телефонӣ сӯҳбат кунад,  болу пар баровард ва тамому нимтамом ҷашни 22 солагии Рӯзи Ваҳдатро яксӯ гузошту саркану покан давид самти Минск.

 

 Лукашенко фурудгоҳ пешвозаш нарафт. Азбаски Раҳмон бо ҳадафи дигар омада ва ширкати ӯ дар бозиҳои аврупоӣ,ки ҳамин шабу рӯзҳо дар Минск ҷараён дорад, пешбинӣ нашуда ва ба Раҳмон комилан рабте надошт ва инки ӯро “меҳмони нохонда” нагӯянд, Лукашенко гуфт, ки “Эмомалӣ Шарифович, шумо меҳмони моед, Владимир Путинро ҳам даъват кардаем, зиқ нашавед, масъалаҳоро мебинем дар доираи СНГ”. Ин суханон дар мағзи ҷону устухони беқарору дардманди Раҳмон доруву даво,балки нӯшдору буданд. Бахусус дидор бо Путин, ки ҳоло инони зиндагиашро, ҳамон нӯшдоруи гаронтар аз ҷонашро дар даст дорад, барояш аҳамияти ҳаётӣ дорад.

 

Аз бегоҳи 27 июн то шоми 30 июн -чаҳор рӯзи раисҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат бо азоби алиме пушти сар мешуд. Ин тарафу он тараф бурданаш,ба як заводи трактор истеҳсолкунанда,ки аслан дар фикри он тракторҳо набуд. Ба як фермаи говҳои ширдеҳ ҳам бурданд, ки ба фарқ аз истиқболи дӯшизаҳои атласу кимхову чаканпӯши раштӣ, чанд кампири чину чуруки ҷабину рухсорашон ҷӯя-ҷӯя, ки дар дасти якеашон як буханка хлеб буд, пешвоз гирифтанд. Аммо ронандаҳову таксистҳои шаҳри Минск, ки рӯзи қабл аз хиёбонбандии мақомот барои сабқати дучархасаворони бозиҳои аврупоӣ ба сутӯҳ омада буданд, аз онки барои Раҳмон ҳам роҳҳоро масдуд кардаанд, аз тамбашавии мошинҳояшон ба ҷон омада бо нидоҳову шиорҳову эътирозии “Стоп-Рахмон” даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд. Ӯро на танҳо миллаташ балке ҳатто бегонамиллатҳоҳам чашми дидан надоранд.

 

 Барои сокинони Минск ҳам маълум аст ки сафари Раҳмон барои Белорус кадом манфиате надорад ва дӯстии ӯ бо президенти онҳо ҳеҷ беҳбудие барояшон намеоварад. Чун, ба гуфтаи онҳо як диктотури тамомаёр назди диктотури дигар омадааст ва ин ду диктотур бо чангу дандон курсиҳоро ҳифз карда кадом хидмате чашмгир дар дарозои беш аз бист ва ҳатто наздик ба сӣ соли соҳибқудратӣ барои мардум ва аз ҷумла равобити кишвар накардаанд. Раҳмон 27 ва Лукашенко 25 сол мешавад,ки дар сари қудрати Тоҷикистон ва Белорусияанд.Вагарна табодули моло коло миёни ин ду кишвар солона аз сӣ то сиюпанҷ миллион доллар убур накардааст. Пас, чи зарурате дорад, ки барои Раҳмон шуда роҳҳоро бубанданд ва барои шаҳрвандон мушкил эҷод кунанд? Зимнан барои Белорус беаҳамият ва ҷаззобу ҷолиб набудани Тоҷикистонро як масъули баландмақоми ин кишвар ҳам ошкоро зикр кард.

 

Олег Иванов, сафири фавқулода ва мухтори Беларус дар Тоҷикистон,ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард чунин гуфт: “мо ду сол пеш дар Ҳисор як корхонаи тракторбарорӣ ташкил намудем.Аз аввали сохтани он ҳадафамон фурӯши трактор ба Афғонистон буд. Мо дар ин тарҳамон иштибоҳ накардаем,чун ҳадаф ҳамон буд. Бо як табассуми аҷибе идома дод,ки албатта,мо се трактор сохтем ва агарчи хело кам аст ба Афғонистон ба фурӯш рафтанд.Инчунин бо талаби харидорони афғонӣ боз 12 трактор ба ин кишвар фурӯхтем,ки ин ба манфиати кишвари мо -Белорус буд.

Диққат диҳед ҳамаги 38 миллион доду гирифт миёни Тоҷикистон ва Белорус будааст,ин маблағ ҳатто ҳазинаи сафари Раҳмон ба Белорус намешавад.

 

Дар идома Олег Иванов чунин гуфт: “Иқтисоди Тоҷикистон панҷоҳ сол пеш ҳам хуб чизе набуд ва паннҷ сол пеш ҳам хуб набуд ва метавонам бигӯям даҳ сол пас ҳам хуб ва ё боло намешавад, бо он ҳолате,ки ман дар ин кишвар мебинаму мушоҳида мекунам.Мо дар тасмимамон иштибоҳ накардаем, чун ин корхонаро барои Тоҷикистон насохта будем ва дар тарҳамон муваффақ будем ва боқӣ мемонем ва дар инҷо баранда кишвари мост”.

 

Хулоса ва натиҷа аз ин сӯҳбатҳо ин аст ки имзои 11 аснод миёни Тоҷикистон ва Белорус дар ин сафари расмии чаҳоршабонарӯзии Раҳмон кадом тағйире дар равобити ду кишвар бор нахоҳад овард. Инки русҳои сафед як корхонаи ширу қаймоқу сметанаву кефир дар Ҳисор месозанд ва инки  тролейбуси захиракунандаи барқ ба маблағи си миллион медиҳанду  дар оянда тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон трактору тролейбус мефурушанд,нақшаҳои хуби хубанд,агарки иҷро бишаванд.Агарчӣ ин хубӣ барои тарафи Белорусҳост,на ба манфиъати кишвари мо. Вале хуб, ки аснод имзо шуд,дар ҳамон рӯзи 28-ум. Пас, чаро ва бо чи сабаб то рӯзи сиюм Раҳмон дар Минск истод таваққуф кард. Барои расми пушидашавии бозиҳои аврупоӣ дар Минск? Магар кадом варзишкори тоҷик дар он иштирок дорад? Не. Аз инҷо аст, ки ҳадафи сафари Раҳмон на таҳкими робитаҳо бо Минск, балки ба сифати миёнҷӣ истифода кардани Лукашенко барои дастгирии Раҳмон ва ё писараш дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

   Зеро Путин ба Раҳмон ҳам дар мулоқоти ахирашон дар Маскав ва ҳам бо роҳҳои дипломатӣ  гуфтааст, ки на Раҳмон ва на писараш ин бор дар интихобот набояд ширкат кунанд. Албатта, бо тағйирот ба қонунҳои кишвар Раҳмон сарнавишти интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаро пешопеш ҳал кардааст. Яъне дар дохили кишвар,ки рақиб надорад ва қавонин ҳам мусоид шудааст, ҳама сад,ҳама гул. Аммо дар берун, ки  дар асл ҳамон берун интихоботашро ҳаллу фасл мекунад, мушкил ҷиддӣ аст.

 

Тибқи баъзе аз маълумотҳои дарзхурда аз Кремлин Путин ба Раҳмон гуфтааст, ки бояд мисли Назарбоев истеъфо дода интихоботи пеш аз мӯҳлат доир кунад. Раҳмон барои анҷоми ин амр шарт гузоштааст, ки Рустам бояд номзад бишавад. Аммо Путин ба ин шарт розӣ нашудааст. Ва акнун, ки шабакаҳои белорусӣ бо истеҳзо аз сафари Раҳмон гузоришҳо мунташир карда ва дар расонаҳои иҷтимоӣ пораҳое аз онҳоро мо ҳам дидем,дигар Раҳмон пеши пойи Лукашенко барои миёнҷигӣ ба зону задааст.Лукашенко дар мулоқот ба Раҳмон як ишораи аҷибе кард. Чеҳраашро тағйир дода, чун ин сухане набуд,ки дар баробари дурбини журналистон  гуфта мешуд,гуфт:  “мо шуморо Эмомалӣ Шарипович  дар ин сафар зиқ шудан намемонем ва ҳатман В.Путин бо мо мепайвандад ва ҳатман мо ҳарсе менишинем ва баъзе масоилеро,ки шумо мехоҳед он ҳаллу фасл гарданд, ҳатман онҳоро дар миён мегузорем”.

 

Ана ин аст асли сафар:- дидор бо Путин ва мутақоид сохтани  ӯ тавассути миёнҷигарии Лукашенко. Ҳадафи сафари ба ном расмиаш ин буд,ки  Лукашенкоро мутақоид намояд,то барои гузоштани номзадии ӯ ва ё валиюлаҳдаш бо Путин миёнҷигарӣ кунад. Маҳз ба ин хотир як рӯз қабл аз омадани Путин ба Минск бо зораву тавалло шитофт.Ҳамин ҳоло, ки ин сатрҳо рӯи сафҳа мерезанд то кадом андоза ин масъала роҳи ҳали худро пайдо кардааст, маълум нест. Аммо,ба дунболи ин баёнияи Лукашенко,ки “бо Путин секаса масъалаҳоро хоҳем дид” Д. Песков, сухангӯи Путин дафъатан изҳор дошта буд, ки дар сафари Путин ба Минск, ки бо ҳадафи ширкат дар бозиҳои аврупоӣ сурат мегирад, масъалаи “мулоқоти  секаса” матраҳ нест. Вале афзуда буд ӯ агар Путин бихоҳад,шояд ин дидор доир бишавад. Ин гап дар рӯзи 28ум буд.

 

 

Аммо шоми 30 июн Интерфакс аз қавли Песков навишт, дар ҳар сурат “мулоқоти секаса” доир шудааст. Аммо бар тибқи ин хабар ибтидо Путину Лукашенко бо ҳам сӯҳбат мекунанд ва сипас, Раҳмонро, ки аз роҳи дур омадаву дасти холӣ ҳам наомада будааст, Лукашенко мегӯяд барои дастурхон меваҳои тару тоза савғо оварда ва дар пушти дар мунтазири қабули шумо шиштааст ба сӯҳбат ҳамроҳ мекунанд. Яъне, ин ба ин маъно аст ки Путин розӣ мешавад, ки бо Раҳмон сӯҳбат бикунад. Песков,сухангӯи Путин,тавре аз ин нишаст баёния додааст, ки маълум мешавад кадом масоили сеҷонибаву дуҷониба ва ё байни давлатҳо матраҳ нашудааст. Хуб,дигар маълум аст ки мавзуъ ва масъала чӣ буд.

 

Албатта, сӯҳбати Раҳмон бо Путин, дақиқан, ки болои ояндаи худи Раҳмон аст. Ӯ, маълум аст, ки дар ин сӯҳбат ҳам аз “хавфи исломиҳо”,  муҳим будани худ ва ё писараш барои ҳифзи нуфузи Русия ва инки омодааст, вориди Евр Азес бишавад ва ба Иттиҳоди гумрукӣ бипайвандад, мунтаҳо ҳадди ахири талошро барои бақои худ дар сари қудрат хоҳад кард. Аммо баъид аст ки Русия ба ҳарфҳои ӯ гӯш фаро диҳад. Чун дар воқеъ шароити ҷаҳони имрӯза комилан дигар шудааст ва ҳоло рӯзбарӯз тағйир меёбад. Путин  барои ҳифзи Раҳмон шуда дар қаламрави СНГ як нуқтаи дигари доғро намехоҳад ва наметавонад таҳаммул кунад.Украина ва Гурҷистон барои ӯ кофӣ аст. Вагарна Назарбоев ҳеҷ ҳарфе болои ҳарфи Путин намегуфт, балки ба унвони як шарики муҳим  ва раиси ҷумҳури сатҳи ҷаҳонӣ,бо як қаламрави паҳновар ҳамвора дар канори Русия буд, чи расад ба Раҳмон, ки тайи се даҳа аст,ки қудратро қабза карда ва бар изофа ҳатто барномаҳои пешниҳодии худи Путинро сарфи назар кард.

 

Дар ҳоле,ки Путин барои ҳифзи амнияту суботи минтақа Толибонро эътироф кард ва барои аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кардани Толибон ва ба ҳокимият овардани онҳо розӣ ва омодааст, намехоҳад дар дохили қаламрави СНГ, марзҳои ҷанубии он ва “манотиқи таҳти нуфузаш” нооромӣ буруз кунад.Путин ба хубӣ маълумот ва дарак дорад, ки тамоми нақшаҳои Раҳмон барои сияҳ кардан ва аз саҳна хориҷ кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз кудетои Ҳоҷӣ Ҳалим гирифта то куштори  дучархасаворон ва қатли омм дар маҳбасҳои Хуҷанду Ваҳдат сохта ва сунъӣ аст ва танҳо ҳадафи Раҳмон тарс додани Русия аз “исломи сиёсӣ” аст. Аммо аз тарафи дигар инро ҳам хуб медонад, ки ҲНИТ як созмони муътадили исломист ва мухолафате бо Русия ва соири кишварҳо надоштааст. Аммо Путин, деру дур ҳам буд, дигар барои як диктотур ва меросӣ кардани ҳокимият аз тарафи ӯ розӣ буда наметавонад, чун руҳияи мардуми тоҷикро, ки беш аз ду миллиони он амалан коргари Русия аст, хуб медонад, ки аз режими Раҳмон ба ҷон омадааст. Дар ҳар шароити мумкин,ҳатто дар они воҳид, як шарора ва як донаи кибрит метавонад дар Тоҷикистон дубора аланга ва оташи бузургеро ба вуҷуд оварад. Ёдатон бошад чанд соли пеш тарафи Медведев,ки раисҷумҳур буд дӯғ зад ва летчикҳои Русияро суд кард. Чанд солӣ ҳам дод. Аммо Медвед вақте аз вокуниши “ассиметриву диссиметрӣ” ва муҳоҷирони тоҷикро кулула карда аз шаҳрҳои Русия сур кард, як даст дар сар ва як даст дар пушт летчикҳоро  озод кард.Ҳамин ҳоло ҳам хуб медонад, ки русҳо тамоми пайдову пинҳонашро, суратҳисобҳояшро, нақшаҳои дурӯғиашро дар бораи “таҳдиду хатароти исломӣ сиёсӣ” беҳтар аз худи ӯ медонад.

 

   Раҳмон кадом шонс ва имтиёзе надорад. Ӯ тамоми имтиёз ва захоири ҳатто як диктотурро ҳам, то ба охир истифода ва харҷ кардааст. Бо онки дар қадами аввал хилофи Созиш ва аҳди сулҳ як давраи ҳафтсолиро ба ду ва оқибат шароити дар қудрат боқӣ мондани худро, то абад фароҳам кард, нишон дод, ки давлат ва мардумро идора нахоҳад кард, ӯ давлат ва мардумро истисмор карда худ ва хонаводаи худро сарватманд ва ғанӣ карда истодааст. Аз ин ҷост, ки ба пойи Путин худро кашонидааст, ки кӯмакаш кунад. Агарки кӯмак ва пуштибонии Путинро аз даст дод, ӯ пуштибонии  ҳеҷ давлате дигарро пайдо карда наметавонад. Бо Эрон, ки бо фишори Русия оштӣ шуд. Амрико ва кишварҳои Урупо, аз афту башара ва талъати нафаре, ки 29 сол дар сари қударт меистад, тамоман безоранд. Барои Чин муҳим Раҳмону хонаводааш нест, ҳарчанд ки онҳо ҳам аз додани ришваву пора ба вай хаста шудаанд. Мардуми тоҷик, ки кайҳо омодаанд, аз ӯ халос бишаванд ва ба халосгар зоранд. Ин аст “багаж” ва ё сандуқи интихоботии Раҳмон, ки дар дарунаш чанд домоду ширкатҳояшон ва чанд чоплуси хушомадгӯ, ки дар чунин маврид коре аз дасташон сохта нест. 

 

  Мушкили миллати тоҷик ин нест ки муҳоҷир аст, паноҳанда шудааст,бадбахтии миллати тоҷик ин аст Раҳмон, раисҷумҳурест, ки саропо вобаста ва дар қайди русҳост. Ин русҳо буданд,ки ӯро аз таги кадом хандақу ошғолу ахлотдон оварданду монданд. То ҳамин рӯз,ки ҳамин рӯз аст дар хати кашидаи русҳо ҳаракат дорад. Аммо, дигар барои русҳо дардисар ва масъаласоз аст. Зеро таҳаввул ва тағйироти дунё тарзе пеш рафта истодааст,ки руасои диктотур ва солиёни зиёд дар қудратистода дигар ҳам худ осебпазиранд ва ҳам кишварҳояшон. Русҳо чуноне гуфтем, инро намехоҳанд, чун Тоҷикистон дар мадори манофеи онҳо қарор дорад. Раҳмон ва истиқболу гусели ӯ дар Маскав дар моҳи апрел ва мулоқотҳои танҳо ба танҳои ӯ бо Путин ва инки ҳавопаймои Путин дар фурудгоҳи Душанбе дар иҳотаи чархболҳои ҷангӣ нишасту бархост,ҳокӣ аз он аст ки Асосгузори сулҳу ваҳдат ба охири хат расидааст ва ояндаи торике пеши рӯ дорад. Барои ҳамин буд, ки чаҳор рӯз чашмаки ман чашмаки ту гуфта дар Минск омадани Путинро интизор шуд.

 

Раҳмон барои инки дар курсиаш биистад, ба ҳама риск меравад.Ёдатон бошад аз Душанбе бархосту ба Хусдеҳи Афғонистон ба мулоқоти устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рафт. Агарчанде имрӯз мункир мешавад, он вақт зӯраш омада буд ва русҳо ҳам гуфта буданд, ки ё оштӣ мекунӣ ва ё инки муҷоҳидин вожгунат мекунанд. Ҳоло агар ки сафари Белорус барои таъйини сарнавишташ ва ҳокимият  нақш дошта бошад, чаро талош накунад? Ташвишу талвоса ва таҳлукаи зиёд дорад. Чун саги сӯзанхӯрда аст.Ин хабар то куҷо воқеият дорад, чизе гуфтан душвор аст. Вале Путин дар мулоқоти се каса аз Раҳмон хостааст, ки як бор бо Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, ки таҳти паноҳандагӣ ва ҳимояти Лукашенко қарор дорад,вохурад. Ва низ гӯё, ишораҳое кардааст, ба ин маъно, ки бо Қоҳир Расулзода “от души” сӯҳбат кунад, агар аз Муҳаммадсаид Убайдуллоев метарсад,ки сарнавишти Атамбоев бар сараш наояд, то осоиш ва оромиши ояндаашро замонат диҳад.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.