Озодӣ барои як Судонӣ ба монанди ҳаёт аст

Озодӣ барои як Судонӣ ба монанди ҳаёт аст

 

 

Имрӯз Абйи Аҳмад Алӣ сарвазири Эфипопия (Ҳабаша) барои миёнҷигарӣ ва мусолиҳа ба Хартум омад. Ӯро Абдулфаттоҳи Бурҳон раиси ҳукумати интиқолии низомиён истиқбол намуд.Чунонеки дирӯз дар мақолаи махсусе  зери унвони "Судониҳо диктаторро бо диктатор иваз кардани нестанд"вазъияти Судонро комилан бо ҷузъиёташ баён намуда будам.Дар ин мақола вазъи имрӯзаи судонро бароятон менависам.

 

Қабл аз инки мардуми ба майдон баромадаро низомиён ба қатл расонанд,қабл аз оғози ин ҷиноят шабакаи “Алҷазира”-ро дар Хартум рӯзи 3.06.2019 бастанд,то ин ҷиноятро натавонанд нашркунанд. Пас аз он низомиён барои тарсонидан ва пароканда кардани мардуми эътирозгар беш аз 100 нафарро ба қатл расониданд ва беш аз 500 нафари дигарро захми намуданд.Пас аз ин ҷиноят низомиён интернетро комилан қатъ карданд,то ин ҷинояташонро аз чашми олам пушонанд.Аз ҳар манотиқ ҷасадҳои ашхоси маъруфро пайдо намуда истодаанд ва намедонанд,ки онҳоро ба қатл расонидааст.

 

Мухаммад Ҳамдулло Ҳумейдтӣ  ноиби маҷлиси низомиёни интиқолӣ ва дар айни замон ӯ фармондеҳи қувваҳои даъми сареъ”(гурӯҳи низомии зудамалӣ вазорати мудофеъа) мебошад. Қатли оми охирро ба ӯ рабт медиҳанд ва қувваҳои зиёде зери идораи худаш дорад ва дар айни замон бо гурӯҳҳои ё малешиёти вобаста ба Умар Албаширроҳам бе восита ӯ роҳбарӣ мекардааст. Ҳумейдтиро шахсияти ҳалкунанда дар кишвар медонанд ва Абдулфаттоҳи Бурҳон раиси интиқолии низомиёнҳам ӯро итоат мекардааст.Дар рӯзҳои охир мусаллаҳони тобеъи  Ҳумейдтӣ чандин ҷиноятҳоеро дар кишвар анҷом додаанд,ки оқибати хело бадеро дар пай дорад.Аз минтақаҳои мухталиф афроди маъруфи онҳоро шабона омада бурда ба қатл мерасонанд ва дастҳояшонро баста  ба дарёи Нил мепартоянд.Пас аз он,чанд мошин силоҳро дар минатқаҳоеки аз он минтақаҳо афроди он минтақаҳоро ба қатл расонида буданд, тақсим менамоянд, то мардуми хашмгин мусаллаҳ гарданд ва онҳоро ба ҷанг кардан бар алайҳи асакарон ё низомиён шуронидаистодааст.Ин ҷиноятҳо дар Дорфур ва Нили Азрақ ва дигар манотиқ анҷомшудаанд.

 Агарчи то ин рӯзҳо мардум ба тарфи ҳеҷ аскар ё низомие тир накушоданд вале мехоҳанд бо ин роҳ мардумро ба хашм оваранд,то мардум ба ин кор даст зананд ва низомиён қатли омро шуруъ карда мардумро аз майдонҳо пароканда намоянд.

 

Натиҷаи мулоқоти сарвазири Эфиопия Абйи Аҳмад Алӣ ва Абдулфаттоҳи Бурҳон раиси интиқолии низомиёнро шабакаҳои ахборӣ чунин тавсиф намуданд:

Абйи Аҳмад Алӣ ба маҷлиси интиқолии низомӣ шарт гузоштааст,ки бо  қувваи “Ҳуррийя ва Тагйир” ҳатман бояд ба мувафақа расанд ва бояд аз тарафи низомиён 7 нафар ва аз тарафи  ғайри низомиён яъне “Ҳуррийя ва Тагйир” 8 нафар ҳукумати ҷадидро ташкил намоянд. Роҳро ба интихоботи раисҷумҳурӣ боз кунанд ва қудратро ба дасти ғайри низомиён таслим намоянд.

Сухангӯйи “Ҳуррийя ва Тагйир” Умар Аддаққир гуфт:   Мо аз даъват ва дахолати давлати Эфиопия хушҳолем ва ӯро ба Судон хайру мақдам мегӯем ва  шартҳои мабдаии ӯро мепазирем вале қабл аз инки бо низомиён сари мизи музокира бишинем низомиён шартҳои моро пизиранд ва шартҳои мо аз ин қарор мебошанд:

Аввал: Он ашхосеки дар қатли мардуми бегуноҳ даст доштанд ҳатман бояд ба муҷозот кашида шаванд  ва онҳоеки фармон додаанд барои қатл онҳоро миллат бояд шиносанд.

Дуввум: Дар қазияи қатли оммавиеки сурат гирифт ҳатман бояд таҳқиқи онро як ҳайати баналмилалии бетараф ба душ гирад ва омилони онро ба додгоҳи ҷароими баналмилалӣ кашонанд.

 

Севвум: Ҳама зиндониёни сиёсӣ,ки феълан дар зиндонҳо қарор доранд ва ба ҷурми интиқод аз низоми собиқ гунаҳгор дониста шудаанд, бояд бидуни ҳеҷ қайду шарте аз зиндонҳо озод гарданд.

 

Чорум: Озодии мардумро набояд халалдор намоянд ва расонаҳо,рӯзномаҳо,ВАО бояд озодана фаолият намоянд ва интернетро кушоянд ва дигар ҳаргиз ба бастани интернет иқдом накунанд ва ҷиноятҳои худро пушонидани нашаванд.

 

Панҷум: Ҳама воҳидҳои низомӣ аз кучаҳои пойтахт ва дигар манотиқи кишвар ба мақарҳои доимии худ баргардонида шавад ва дигар ҳеҷ бесилоҳеро ҳадафи тир қарор надиҳанд.

 

Доктор Валид Одам Мадбу устоди улуми сиёсӣ дар мавриди сафари сарвазири давлати Эфиопия чунин мегӯяд: “судон бо ҳашт кишвари африқои ҳамсарҳад аст ва нооромии судон дардисарҳои зиёде барои ин ҳашт давлати африқои меорад. Мехоҳанд,то вазъият дар судон ором гардад,то ин ҳараҷу мараҷ ба ин кишварҳо интиқол наёбад.

 

Дар мавриди вазъияти судон бо миср аз ӯ пурсида шуд,ки оё ҳарду давлат қазияашон дар инқилобҳояшон як аст?

 

 

Доктор Валид Мадбу устоди улуми сиёсӣ сухани хело аҷибе гуфт: “ҳаргиз қазияи миср ва судон як нестанд ва бо ихтисор мегӯям ва худатон хулоса намоед. Дар миср агарчӣ низомиён бар алайҳи маданиҳо ё ғайри низомиён инқилоб намуданд ва қудратро бо қатли мардумҳам гирифта бошанд ва президенти мунтахаби мардумро зиндонӣ кардаанд.Инчунин дар миср барои озоди ва оромияшон мардум инқилоб кардабуданд ва кушташудаанд.

Дар судон як генералеки сисол сари қудрат буд онро мардум бо инқилоб сарнагун карданд.Пас аз ин сарнагунӣ генералҳо пайдо шуданд ва мехоҳанд мисли ӯ сисоли дигар ҳукумат кунанд.Мардуми судон бар хилофи мардуми миср барои озодӣ ё марг инқилоб кардаанд.Чӣ гӯна озодӣ ва марг? Яъне мардуми судон бояд озод шаванд,то ки зинда бимонанд. Ҳолати маишии мардуми миср агарчи хуб нест вале аз судон хело ва хело беҳтару хубтар аст. Ин аст,ки шаҳрванди судон бояд,то охир биистад ва озодияшро ҳал намояд,дар акси ҳол мурдааст агарчӣ зиндаҳам бошад.

 

Иттиҳоди Африқо

 

Имрӯз иттиҳоди африқо узвияти судонро дар ин иттиҳод мутавақиф намудааст ва шарти дубора шомилшуданашро супурдани қудрат ба ғайри низомиён унвон кардааст.Дирӯз ин иттиҳод  ба ҳукумати низомии интиқоли шаст рӯз муҳлат дода буданд,то қудратро ба ғайри низомиён таслим намоянд

 

Ҳизби муътамари судонӣ чунин эъломҳо намудааст:   

 

         “ мардуми судон як роҳи наҷот доранд ва онҳам идома додани инқилоб,то он вақтеки низомиён аз қудрат нараванд ва қудрат ба дасти ғайри низомиён наояд”

Инчунин дар баёнияи дигараш чунин омадааст:аз ҷомеаи ҷаҳони ва иқлими даъват намудааст,ки ҳукумати низомиёнро ба расмият нашиносанд,то он вақтеки қудрат ба дасти ғайри низомиён ва мардум наояд”

Дар баёнияи дигарашон чунин омадааст: “аз мардони бо шарафи низомиён даъват менамоем,ки мардуми судонро аз “малешиёт” қувваҳои махсуси ҳукумати низомии интиқоли ҳимоят намоянд ва нагузоранд барои манфиати як чанд генерал ба қатл бирасанд”

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.