Панҷрӯзи вахими САҲА барои ҳайати режими Фюрер

Панҷрӯзи вахими САҲА барои ҳайати режими Фюрер

Муҳаммадиқболи Садриддин

                        

     Бо анҷоми ҳафтаи аввали кори иҷлоси солонаи САҲА мардуми Тоҷикистон чи дар дохил ва чи хориҷ аз ватани азизамон бори дигар шоҳиди он шуданд,ки Раҳмон барои ҳифз ва бақои курсӣ нисфи халқи бегуноҳро ба зиндон кашида, нисфе аз онро овораву муҳоҷиру гуреза ва бахшеро ҳам шарики ҷурму ҷиноёти зидибашарии худ сохтааст.

 

    Зариф Ализода,ёрдамчии Раҳмон дар масоил ҳуқуқӣ, раҳбари ҳайати эъзомӣ дар нишасти имсолаи САҲА ва аз шарикҷурмони Фюрер дар ҳар як суханрониҳои намояндаҳои оппозитсиони тоҷик асабӣ мешуд ва зери фишори равонии шадид қарор мегирифт.Зеро ҷурму ҷиноёти Раҳмон дар ин ҷаласаи васеъи дар ҳузури беш аз 50 давлат аз тарафи намояндаҳои Паймони миллии Тоҷикистон ва Гуруҳи 24 ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ошкоро ва бо далелу бурҳон гуфта мешуданд.Ализода талош мекард,ки ҳарфи онҳоро бибурад, суҳбатҳояшонро қатъ ва дар нақзи муқаррарот муттаҳам кунад. Вақте Насруллоҳ Раҳмонов  аз мухолифин Раҳмонро Фюрер хитоб кард, доду фиғонаш сақфи толорро сурох кард. Аммо касе ба додаш нарасид, балки муҷрӣ гуфт,ки худатро ҷамъу ҷур кун, дар миёни суханронӣ лингак назан,эродат қобили қабул нест, бадтару бадтар шуд аҳволаш.Боз ношармида се маротиба худаш Раҳмоновро дар ин ҷаласаи васеъ “Фюрер” гуфт,ки касе огоҳ набуд огоҳтар шуд,аҳсан Зариф Ализода ба ин хидмати хирсонаат ба “Фюрер”. Ӯ вақте иддае аз намояндаҳои оппозитсион навиштаҷоти “Озодӣ ба зиндониҳои сиёсӣ”-ро дар варақҳои А4 дар даст гирифтанд ва бо талаби раҳоии зиндониҳои сиёсӣ баланд афроштанд, кам монда буд,ки девонаи васвос шавад. Мурда,мурда ин ҳамаро назора мекард,назора мекард,ки садҳо дурбину аккосиҳо навор мебардоранд ва акс мегиранд ва дар ақсои ҷаҳон аз ҷиноятҳои Раҳмон мегуянд.Ҳатто таҳдид кард,ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон тарки толор хоҳад кард,агарки мухолифин  шеваи суханронии худро иваз накунанд. Аммо масъули САҲА посух дод,ки ширкат дар ин ҷаласа озод аст,тасмим бо худи шумост, дарҳоро намебандем. Тарбуз аз бағалаш афтид, сатили оби хунук бар фарқи сараш рехт, девона буд ҳушёр шуд ва ёдаш омад,ки соли 2016 тарк кард, аммо суде накард. Баракс Иттиҳоди Аврупо дарҳоро ба руи Раҳмон бубаст.

 

   Баҳси Зариф Ализода дар ҷараёни суҳбати Шарофиддин Гадоев, баҳси Раҳнамои русурхак ба ҳангоми намоиш додани баёноти Муҳаммадалӣ Ҳайит аз зиндон, баҳси намояндаи режим бо Сулаймони Орзу,ки ба таваққуфи ҷаласа ба муддати панҷ дақиқа ва таваҷҷуҳи 57 давлат ба ин вокуниш шуд ва боз ба зарари ин режими фюрер тамом шуд.Воқеан режимро мардакбарин шарманда ва рӯ сиёҳ карданд ин ҳайати эъзомии қавӣ бо рӯ сурхаконаш. Аммо  дар ҳеҷ яке аз онҳо модераторон ба эродҳои вакилони режим эътино надода намояндаҳои мухолифинро ба идома суханронӣ талқин карданд ва боз вақти изофиҳамдоданду аз ҷойи ин ҳайати шарманда бахшишҳам пурсиданд, аҷаб ҷолибу  боҳол буд. Ин манзараҳое буданд,ки мебоист тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба намоиш медаромаданд ва мардум мефаҳмид,ки ҳарфу ҳоли воқеӣ чӣ аст?

 

Сулаймон Орзуевеки дар соли 2018 барои задашудан аз тарафи боксёри ин ҳайат пулис нидо карда буд. Дар ин ҷаласа ин режим баракс пулис даъват карданд,ки ӯро санҷед,ки чигуна аз номи як муассисаи ҳуқуқӣ баромад дорад. Санҷиданду диданд ва Сулаймон Орзуев ду гапи ҷолиби дигареҳам гуфт,ки режимро воқеан рӯсурхаку рӯсиёҳак кард.

Аввал: “инҷо Тоҷикистон нест,то ҳаркоре хоҳед кунед” Ин аз диктатор будани ҳокими модомулумри кишвар ва рӯсиёҳии ҳайати эъзомӣ шаҳодати волое медод.

Дуввум: дар охир бо се забон гуфт: Озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ” Ана ба шумо посух ҳайати эъзомии қавӣ,дигар чӣ метавонистед бигуед? Аллоҳ ана инхел шарманда мекунад,Ӯ дер гиру сахтгир аст.

 

 Мавридҳое,ки вакилони режими “Фюрер” ниҳоят асабонӣ ва сахт хашмгин мешуданд, диданӣ буданд. Бахусус, барои намояндагони кишварҳои урупоӣ,оташиншавиҳо,сурху сияҳшавиҳо, дар руи курсӣ мисли дар болои тобаи чакдон нишастанҳо ва ё инки зери нишастгоҳашон хору мехчаҳо гузошта бошанд бетобиву бетоқатиҳои онҳоро дида, наззора карда лаззат набурдан намешуд.Чи қадар ҳақиру залилу мустаманду мазлуманд онҳо дар инҷо. Чун аз дуруғ,аз ситам, аз ҷиноят ва аз хиёнат мехоҳанд ҳимоят кунанд. Аз ҳукумате,ки зидди мардумаш аст, аз як дузди зуре,ки соҳиби говро бастааст, мехоҳанд ҳимоят кунанд,кореро, ки дар тамоми дунёи мутамаддин барои он бояд ба зиндон кашонида бишаванд.Аз даруни гирдбод ва гирдбод дасту панҷ мезананд ва ба кумак даъват мекунанд. Аммо касе нест.Не,аз дасти Мулоабдураҳимеки ношармида гуфт: Мра мулло абдурраҳими кулобӣ меган,мда и храпо намегзарад” коре сохта асту не аз дасти Рустам Ҳайдари лесаку чоплус ва не аз дасти Абдулло Раҳнамои русурхак,ки дар инҷо мурда ,мурда бо “мавҷуди маҷозӣ” ва чор норозии аз ҷавобгарӣ фироркарда рубару задаасту намедонад гурашро куҷо гум кунад. Раҳнамои русурхак фикру хиёл мекарда бошад,ки фардо пуле аст, бо номи пули сирот ва аз онҷо барои тавҷеҳ ва тарафгирии як золим ва таблиғи ҷиноят ва ҷурм алайҳи бандаҳои солеҳи Худо чи мегуфта бошад. Хуб инҷо ки бармегардаду меравад ба МТС ва литсеи “Раҳнамо” ва як тоб мехурад даври биноҳои ниматамоми аз чандин солҳо гушти уштурхурдааш дар 7ум км,ки мехост, планҳо дошт,бизнес кунад.

 

  Хулосаи сафар  ва паёми овардаи ин майзадаҳову русурхакҳову дигару дигарашон ин буд,ки бо Пешвои миллатем. Пешвои миллат 28 сол дар сари ҳукуматанд. Демократия сохта истодаанд ва барои сохтани деморатияшон,ки Рустаму Озодаро дар канорашон  гирифта қудрати сиёсиро ғасб ва тасаллут кардаанд ҳамин ҲНИТ “мишат” мекард, “убрат”-аш карданд. Ҳамаи алами ҲНИТ ҳамин аст ки аз саҳнаи сиёсӣ “убрат”-аш карданд. Неким мо ва халқи Тоҷикистон ҳамроҳ бо Пешво демократия сохта истодаем. Махсусан дар Данғара  биноҳои зебову гаронарзиши демократӣ сохтем. Рустамро барои идомаи сохтмони демократия ба ҷойи Пешво мемонем. Таъин намекунем. Қонуни интихоботу Қонуни асосиро туғрӣ кардагӣ. Рустам интихобот қатӣ президент мешавад ва сохтани демократияро ин дуввумин фарзанди фарзонаи миллат давом медиҳад ва моро ҳам бо худаш савори демократия карда мебарад. Ман Абудлло Раҳнамои русурхак гарантия мешавам ва хоҳед медиҳам, ки Пешвои муаззами миллат ва дуввумин фарзанди фарзонаи миллат Рустам боз 27 соли дигар демократия месозанд. Шумо ҲНИТиҳо ПМТиҳо ва Гуруҳи 24иҳо ҳаминҷо “ҳавзаи роҳат” ёфтаед ва бо шумо “мавҷудҳои маҷозӣ” ва чор норозӣ мо аслан суҳбат намекунем. Ҳарчи бихоҳед гуфтан гиред: памперс, пайтоба, чоплус, хушомадгу...аммо мо бо Пешвои миллатем.   

 

  Мухолифин, ҳар кадоме бо суханрониҳои пухта ва овардани садҳо далелу бурҳон аз ҷиноёти зиддимилливу зиддибашарии Раҳмонов суҳбат карда ва бо зикр ва таъкиди онки кишварро ба як ҳабсхонаи калон мубаддал  ва болои мардум як қудрати қабилаӣ-оилавиро  ташкил дода аслан рафтанӣ нест,чеҳраи манфури ӯро беш аз пеш намудор ва намоёнтар мекарданд.

 

Яке аз мавридҳое,ки боиси хиҷолат ва сарафкандагии ҷониби ҳукумат гардид ин буд,ки баъди таҳқиқи даъвои онҳо дар мавриди суханронии Сулаймон Орзуев  муҷрии маҷлис Сулаймонро дуруст хонд ва гуфт роҳат бош ва идома диҳад. Ҷолиб инҷост, ки як мақоми масъули ҷаласа ба Сулаймон Орзуев мефаҳмонад,ки ҳақ дорад барои буридани сухани ӯ метавонад ба САҲА шикоят кунад.  Суханронии ҳеҷ яке аз аъзои ҳайати ҳукумат таваҷҷуҳи аҳли толорро ба худ ҷалб намекард. Ва,ҳеҷ ҳайати ҳукуматӣ,ки дар инҷо шуморашон аз шаст ҳам мегузашт  ин қадар ҳам мавриди масхара ва мазоҳи иштирокчиён,хабарнигорон ва ҳатто муҷриёни ин ҷаласа  нагашт,ки ҳайати фиристодаи “Фюрер”. Як намунаашро,ки дар боло зикр кардем.

 

 Аммо авҷ ва шавоҳиди раднопазири шармандагии ҳайати эъзомии Раҳмон дар ин нишаст он буд,ки онҳо бо ҳазору як умед барои  ҷаласаи солонаи  САҲА ду журналеро ба ҳамроҳ оварда ва бо дастони Камол Самиев, корманди шуъбаи дин ва танзими анъанаи ноҳияи Ашт ва Бахтиёр Насрулло яке аз адвокатҳои кишвар ба аҳли нишаст тақсим карданд.Возеҳ аст ин ду журнал,ки саропо аз туҳматномаҳо навиштаҳои дуруғин  алайҳи ПМТ,ҲНИТ ва намояндагони оппозитсиони тоҷик аст аз тарафи “фермаи ҷавоб” дар Олмон омода шудааст.Дар муқоваи он тасовире  аз дидори устод Кабирӣ бо раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон  Хоманаӣ ва раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳасани Руҳонӣ чоп кардаанд. Хостаанд доказат кунанд,ки Кабирӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон робита дорад.Аммо ин ин тирашон ва ин талошашон хок хурда ва бар ҳадар рафта.Баракси интизороташон дурусту дақиқ бар манфиати Кабирӣ ва оппозитсион хатм шудааст.

 

Аввал ин аст ки ин аксҳо куҳнаанд ва қаблан ҳам дар ҳамаҷо чоп шудаанд.Ва,он замоне буд,ки Кабирӣ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд ва дар шумори садҳо тан аз давлатмардон ва сиёсатмадорон бо даъвати мақомоти эронӣ дар як нишасти сатҳи ҷаҳонӣ дар Теҳрон ҳузур дошт.Дигар ҳам ин аст ки дар ҳоле шумо ва тамоми дастгоҳи идеоложии Раҳмон ҳангома мекунед,ки ҲНИТ кадом қуввае набуд ва касеро надорад, ва чаро САҲА ва урупоиҳо онҳоро нерӯи сиёсӣ мешуморанд,нашри ин тасвир тамоми ин талошҳоятонро хати бутлон мекашад. Зеро агар Кабирӣ касе набуд,ҲНИТ нерӯи сиёсӣ набуда бошад, чаро роҳбарияти Эрон ӯро даъват ва ҳамроҳаш дидору мулоқот анҷом медиҳад? Бар фарзе агар шахсияти Кабирӣ дар сатҳи ҳамин Абдураҳими кулобӣ ва Раҳнамои русурхак буд магар ин имкон вуҷуд дошт,ки Хоманаӣ,раҳбари як абарқудрати минтақаӣ даъваташ кунад ва бо ӯ  дидор дошта бошад. Пас, ин суханҳо ва ин ҳама иттиҳомот,ки мезанед алайҳи ӯ бепояву асосанд. Ин дақиқан яке аз бардоштҳо САҲА ва ҳозирини нишасти имсолаи он аз журналҳои Шумо аст.   

 

Бардошти дигари САҲА ва аҳли ин толор он хоҳад буд,ки агар қавли ҳукумат дар мавриди Кабирӣ ва ниҳодҳои таҳти раҳбарии ӯ дуруст буд,ки онҳо касе нестанд ва ҳеҷ ҷонибдоре надорад,чаро  ин ҳама заҳмат ба харҷ дода муқобили ӯ журнал мунташир мекунанд?  Оё ин таъйиди соҳиби нерӯ ва ҷонибдорон будани Кабирӣ,ки боиси тарсу ҳароси Раҳмон ва дору дастааш шудааст ва Раҳмон то пойи ҷон аз ӯ нигарон аст, намебошад?

 

Дар вазъияте,ки Урупо бо тамоми кишварҳояш талош дорад равобити бо Эронро ҳифз бикунад ва ҳатто қасд доранд миёни Амрико ва Эрон миёнҷигӣ кунанд ва бар азамат ва шукуҳи Эрон тан додаанд нашри акси Кабирӣ бо  роҳбарони олисавияи Эрон бар манфиати Кабирӣ хоҳад буд ё Раҳмон?

 

Ин ҳам дар ҳоле  аст,ки афрод ва ниҳодҳои зирабти давлатҳои Иттиҳоди Урупо аз қазияи шармовари ёддошти тафоҳуми имзошуда миёни Эрон ва Тоҷикистон огоҳии комил доранд ва инки Тоҷикистон бо дасти дигар аз Эрон талбандагӣ ва гадоӣ дорадро низ хуб бохабаранд. Дар шароите,ки имрӯз Кабирӣ вакили Маҷлиси Намояндагон ва ҳамин тавр ходими давлатӣ нест ва як паноҳандаи сиёсӣ аст, воқиан ҳам ба гуфтаи устод Додоҷони Атовулло нашри ин журнал аз рекламаҳои ниҳоят муфт ва ройгон барои Кабирӣ аст. Аз номи худ ба устод Кабирӣ тавсия медиҳем,ки минбаъд ҳангоме бо роҳбарони давлатҳои урупоӣ,ки зиёд дидору мулоқотҳо доранд, акс бардошт  мунташир бисозанд, то дар ҷаласаи ояндаи САҲА МуллоАбдураҳим  оварда тақсим кунад.

 

Аз ҳама ҷойи хандаовари нашр ва тавзеъи ин журнал он аст ки тавассути “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-и барои ҳамин ҷаласа ташкилдодаи  Раҳмон тавзеъ шуданд. Дар ҳоле,ки МуллоАбдураҳим,ки ифтихори нашри онро бар уҳда гирифтааст (саддарсад дуруғ) на русӣ медонад ва як калима бо англисӣ балад нест, чи гуна метавонад чоп кунад?Ва, ин ҷомеаи шаҳрвандии ба ҳамроҳ овардаи Раҳмон ҳам як шармандии дигаре барои Фюрер шуд. Зеро дар САҲА фаҳмиданд,ки онҳо кадом ҷомеаи шаҳрвандӣ набуда собиқ мухолифини фурухташуда ва кормандони феълии мақомоти давлатианд.Вақте як намояндаи ба ном ҷомеаи шаҳрвандӣ аз қаҳрамони Раҳмон ва инки ӯ як миллион гурезаро аз Афғонистон баргардонду дар кишвар сулҳ кард мавриди истеҳзо ва хандахариши аҳли толор шуд ва ҳайрон мешуданд,ки чи тур ҷомеаи шаҳрвандӣ аст,ки аз ҳукумат дастгирӣ мекунад. Ва,онҳое,ки огоҳ набуданд дуруст огоҳ шуданд,ки он як миллиони баргардонидаи Раҳмон аз тарси ӯ гуреза шудаанд ва онки Раҳмон сулҳ кардааст тарафи дигари ҳамин сулҳ дақиқан ҳамин ҲНИТ будааст ва он як миллиони гуреза пойгоҳи иҷтимоии ҲНИТ ҳануз дар соли 1992 буданд,ки ҳоло ба каррот бештар шудааст ва ин суханронӣ ҳам навъе дигари тасбит ва рекламаи мақом ва ҷойгоҳи ҲНИТ ва унвони нерӯи умда ва асосии сиёсии Тоҷикистон аст.Як мақоми масъули САҲА гуфтааст,ки ҳеҷ зарурати овардани онҳо ба ин нишаст набуд ва мо ки авзоъро медонем, бехабар нестем.Ба гуфтаи вай ин тактика иваз карданҳои ҳукумат як бозии кудакона аст.Ин тарзи муносибат дар шаъни ҳукумат ва ОБСЕ нест.

 

Инро низ бояд ишора кунам,ки Воқеан ин ҳайат дар ин панҷ рӯз ончунон ба нафъи мухолифон хидмат карданд,ки мо аз тавсифи он оҷизем. Ончи мухолифон дар чор соли дар аврупо карданд ба монанди ин панҷрӯз ин режимро муаррифӣ накарда буданд.Зариф Ализода пас аз бозгашташ ба нафақаи пеш аз муҳлат фиристода мешавад вале Абдуллоҳи Раҳнаморо чӣ сюрприз ва ё тарфанде интизор аст онро дар оянда хоҳем дид.

 

  Ба Зариф Ализода ва Абдулло Раҳнамои русурхак гуфтаниам,ки  Раҳмон барои шумоҳо Пешво аст, барои мо ӯ “Фюрер”.Аммо барои ин мардум як диктотур назири Муаммар Қаззофӣ, Ҳуснӣ Муборак, Бутафлиқа, ва амсоли онҳо,ки то мурдан ва ё то муронидан қудратро раҳо нахоҳад кард ва онро бо тамоми собуну шампуни руи дунё шустушудиҳи ҳам дар ин роҳ як зангии тамомаёр боқӣ мемонанд. Бале Раҳмонов дигар як зангиест,ки ба шустан, ба регкаш кардан, ба ҳатто фериву тайду мифу онҳо шакидан ҳам иваз намешаваду сафед намешавад. Барои ҳамин Шумо Ӯро инҷо ба таври дигар, ба сурати дигар наметавонед намоён ва  тасвир кунед. ....

Дар ин ҳафта чӣ мегузарад онро бе саброна интизорем ва аз ҷараёни онҳама, матолибе хоҳем навишт.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.