Пешво ва бахшиши “роҳгумзада”-и “сидқан пушаймоншуда”

Пешво ва бахшиши “роҳгумзада”-и “сидқан пушаймоншуда”

 

Моҷарои Шарофиддин Гадоев, як қанот ва узви аршади Паймони милии Тоҷикистон то кай идома хоҳад ёфт ва бо чи навъу тариқе ба поён мерасад, номаълум ва номуайян ба назар мерасад.Онҳое, ки аз Раҳмон ва сиёсатҳои ӯ тӯли муддати дарози раҳбариаш шинохти бештар доранд, медонанд, ки қазия чӣ гуна хотима хоҳад ёфт. Бидуни шубҳа зиндон... ва ташдиду таъмиқи тарсу ҳароси бештар дар ҷомеаи кишвар, сиёсате, ки тамоми ин ҳама вақт татбиқ шуда барои бақои Раҳмон муфид ва манфиатовар будааст. Аммо .....Нуктаи марказӣ ва ҷолиби таваҷҷӯҳ дар моҷарои мазкур ин аст ки Шарофиддин Гадоев бо дилпурӣ вориди Маскав шуд. Бар замми ин, чуноне маълум шудааст, пештар низ дидору музокирае бо намояндаи Шӯрои амнияти Русия доштааст. Такрори сафари ин намояндаи оппозитсиони тоҷик бо нияти баргузории идомаи музокира бо даъвати Шӯрои амнияти Русия ва бо миёнравии як созмоне дар ин кишвар сурат гирифтааст.

Шарофиддин билети бозгашт ба маҳалли иқомати худро ҳам аз қабл дар даст доштааст. Яъне ҳама о, кей! Русия бо намояндаи мухолифини тоҷик вориди музокирот шудааст ва як узви аршади ПМТ бо ҳамин масъулият вориди Русия шуд. Пас, яъне Русия?! Бале, дуруст аст. Ин Русия аст, ки тамоми моҷаро ва қазияи Шарофиддин Гадоев бо наху сарнах, риштаву сарришта ва пайдову пинҳонаш бо он гиреҳ хӯрдааст. Ба эҳтимоли қавӣ Русия ва Тоҷикистон як барномаи махфии муштаракеро дар сатҳи олии мақомоти ин ду кишвар барои тазъиф, корношоям ва ҳатто комилан аз байн бурдани Паймони миллии Тоҷикистон-ташаккули нави сиёсии оппозитсиони тоҷик дар Урупо таҳия, тасвиб ва ба марҳалаи иҷро гузоштаанд. Ба хусус, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба унвони як созмони сиёсии пурҷамъият ва пуртарафдор, яке аз аъзо ва аз муассисони ПМТ аст, ки ҳукумати Русия шинохти комил ва таҷрибаи гуфтугӯ аз ва бо онро ҳам дорад. Инки намояндаи Шӯрои амнияти Русия дар музокироти анҷомшуда бо Шарофиддин Гадоев кӣ буд ва чӣ масъулиятеро бар дӯш дошт ва оё дар воқеъ ӯ ходими Шӯрои амният буд ва ё инки афсари ФСБ ва инки муҳтавои ин гуфтушунид аз чӣ иборат буд, тафсилоти ин музокирот дар Паймони милии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ё хайр,аз паҳлуҳои норӯшани қазияи мазкур аст.

Вале як нукта рӯшан шуд, ки ин “музокирот”дар асл як доми тазвир дар чаҳорчӯби ҳамон барномаи махфии муштарак барои чеҳраҳои калидии Паймони миллии Тоҷикистон аст, ки бо баҳонаи ширкат дар он даъват бишаванд ва русҳо онҳоро дастгир карда ба Тоҷикистон бисупоранд. Ба як сухан, ҳадафи аслӣ ва асосии ин ба ном музокирот ҲНИТ ва роҳбари он буд, ки бо боздошт ва зиндонӣ кардани ӯ дастандаркорон ба муроду мақсад мерасиданд. Аммо чун русҳо дарёфтанд, ки Кабирӣ ба ҳарфи онҳо эътимод накард ва наомад Гадоевро доштанду доданд. Вагарна агар ҳадаф танҳо Гадоев буд, ҳанӯз дар ҳамон даври аввали музокирот, ки ӯ Маскав омад, дастгир ва истирдодаш мекарданд. Иҷоза намедоданд, ки ӯ ба Ҳоланд бозгардад.

Тоҷикистон хост ин қазияро зери доман карда сараш сарпӯш бигзорад ва дар аввал эълом кард,ки Гадоев бо хоҳиши худ омад. Аммо ночор шуд барои давлати Ҳоланд иқрор ва эътироф кунад,ки дар асл чӣ иттифоқ уфтод ва ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон таъйид карданд, ки Шарофиддин

Гадоев боздошт шудааст ва барои ҷиноятҳои содиркардааш дар назди давлат посух хоҳад дод. Аз онки Русия борҳову борҳо меъёрҳои байналмилалиро дар амри ҳимояти ҳуқуқи башар поймол кардааст, ҳарфе наву тоза нест ва ҳам инки даҳҳо нафар аз дигарандешон ва мухолифини тоҷик тавассути русҳо дастгир ва таслими Тоҷикистон шудаанд низ ҳамчунин. Дар ин замина таҷрибаи ҳамкории хуб доранд. Русия барои чунин аъмоли нангинаш посух ҳам надодааст. Тоҷикистон дар ин амр по ба пойи Русия қадам мезанад ва Русияро барои худ сипар кардааст.Дар қазияҳое мушобеҳ, аз ҷумла дар мавриди сарнавишти М. Искандаров, раиси пешини ҲДТ, З.Сайидов, тоҷири муваффақ ва Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруфи тоҷик, ки созмонҳои байналмилалӣ ба шумули СММ раҳоии онҳоро дархост намуданд, тааҳҳудоти худ дар назди ин муассисаҳои ҷаҳониро иҷро накард. Пӯшида нест, ки Раҳмон ва ҳукумати ӯ дастнишондаи русҳо ҳастанд. Ва Русия барои бештару бештар вобаста ва таҳти иродаи худ қарор додани Раҳмон гаҳ-гоҳе ҳамчунин “холҳо”-еро дар муқобили мухолифинаш “сюрприз” мекунад.

Ин русҳо буданд, ки ӯро аз курсии раиси совхоз то ба ин дараҷаҳо иртиқо доданд. Имрӯз ҳам хуб медонанд, ки Раҳмон на танҳо аз қудрат даст кашидан намехоҳад, балки онро меросӣ ва хонаводагӣ карданист. Аз ин рӯ Русия тавассути Тоҷикистон, хеле аз тиҷоратҳои номнависнашуда ва номашрӯъеро ба шумули фурӯши силоҳу муҳиммот ба кишварҳо ва созмонҳои хориҷ аз қаламрави СНГ, ки ҳатто дар феҳристи ташкилоти террористӣ шомиланд ба роҳ монда ҳамзамон бо ҳифзи шарикии стратегӣ шарокати ҷинойиро ҳам тақвият мебахшад. Аз ин ҷост ки муртакиби нақзи меъёрҳои байналмилалӣ мешавад. Дар феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯи Интерпол садҳо нафар аз атбои Тоҷикистон зикр шудааст. Ва чунин афрод тавассути Интерпол ҳангоми муоинаи аснод дар нуқоти марзӣ дастгир мешаванд.Ин таҷрибаро Шарофиддин дошт ва бо ин ҳолат солҳо пеш дар Мадрид ва охирон дар Варшава мувоҷеҳ шуда буд.Нагузоштанд, ки аз фурудгоҳи Варшава берун шавад. Аммо ҳукумати ин кишвар бозпас гардонду ба Ҳоланд фиристод, истирдод накард. Вале Шарофиддин нуқтаи марзии фурудгоҳи Маскавро бидуни мумониат убур кард. Аз инҷо бармеояд, ки Интерпол кадом нақше дар ин моҷаро надорад ва дар воқеъ барномаи “музокирот” фанду фитнае буд барои  ба дом кашидани ӯ ба унвони як фаъоли сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон. Вале Русия ва Тоҷикистон ба гардан нахоҳанд гирифт, ки қавонини байналмилалиро нақз кардаанд. Дар ниҳояти амр хоҳанд гуфт, ки Гадоевро дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷонибаи байни давлатҳо дастгир ва истирдод кардаанд.

Аммо ба фарқ аз қазияи Урунбой Усмонов ва ё Александр Содиқов қазияи Шарофиддин тафовут дорад.Қазияи ду нафари аввалӣ кори сирф мақомоти худи Тоҷикистон буд. Вале қазияи Шарофиддин, бо онки мақомоти Русия шариканд ва ӯ ба таври муваққат ҳам бошад атбои Ҳоланд ба шумор рафта ва ба унвони паноҳандаи сиёсӣ таҳти ҳимояти СММ қарор дорад, моҷароҳои байни давлатӣ ва байнулмилалиро дар пай хоҳад дошт. Аз сӯи дигар агарки Раҳмон билфарз хатти бароти Шарофиддинро даст монад, бидуни шак дар ҳамоҳангӣ бо Русия хоҳад кард, чун Русия бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалиаш Шарофиддинро дастгир ва истирдод кардааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба мавзеъгириҳои қаблии Раҳмон дар шароити мушобеҳ баъид ба назар мерасад, ки ӯ бидуни кадом муомилае, ки манфиати ӯ ва хонаводаашро дар назар бигирад,ин моҷароро бар суди Шарофиддин ҳал кунад. Ин ҳарфу ҳиҷоҳо, ки кадом ниҳоду ниҳодҳое дар ҳукумати

Тоҷикистон Пешво ва Пасворо амдан ба бодлох кашонида боиси хиҷолат ва шармсориашон шуданд ва ҳамин тавр сару садоҳое, ки Русияву Тоҷикистон бо боздошту истирдоди намояндаи мухолифин мавозини байналмилалиро поймол карда ва ҳамакнун ба як манҷалобе банд мондаанду роҳи бурунрафт мекобанд, як бардошту пиндошти бағоят хушбинона аст, ки далоилашро зикркардем.

Вале инҷо як нуктаи дигар аст.Раҳмон ва дорудастгаҳаш, ки бидуни вақфа ва мукаррар изҳор ва таъкид доштанд, ки Шарофиддин Гадоев бо пойи худ ва ҳарфи тавбаву надомат бар лаб омад, таслим ва сидқан пушаймон шудаасту зинҳор хост, варо озод мекунанд ё зиндон? Чун ҳама сабтҳое назири “ободкориҳои раиси ҷавони шаҳри Душанбе”, “дидору мулоқот бо модар, “оши худойии падар” баъди интишори навори қабл аз сафари Шарофиддин ба Русия камрангу хира шуданд. Ҳоло ҳам обрӯи ҳукумат ва ҳам “раиси ҷавони шаҳри Душанбе” ва низ тадбири Пешвои муаззами додфару додгар дар мавриди афву бахшиши “роҳгумзада”-и “сидқан пушаймоншуда” дар каффаи тарозуи озмоиш қарор доранд.

На танҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти кишвари Ҳоланд, муҳимтар аз ҳама халқи Тоҷикистон таҳти назорат ва мушоҳида гирифтаанд, ки Раҳмон қавли худро пас намегирад, мақомоташ дурӯғ нагуфтаанд ва Шарофиддин афв хоҳад шуду ба озодӣ мебарояд ва ё инки Шарофиддин Гадоев ба ҳадде як чеҳраи муҳим ва зинуфузи мухолифин аст, ки бар изои ҳабси ӯ месазад эътибору рейтинги давлатро қурбон ва дар пойинтарин зинаи мақом дар раддабандиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ қарор дод.Имрӯз рӯзи дуввум аст,ки Шарофиддин аз ниҳоди ВКД ба КДАМ таслим шудааст,ниҳоди амниятиеки Шарофиддин Гадоев борҳо онро ба боди интиқодҳои шадид кашида буд.  Ин ҳам дар ҳоле, ки  пешво қасд дорад бидуни кадом шӯру ғавғо тахту тоҷро ба писараш бидиҳад...

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.