ПМТ “террорист” аст

                        

                        посухи Раҳмон ба Лавров

    Эъломи бо таъхир ва вақфаи думоҳаи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон роҷеъ ба созмони террористӣ шинохтани Паймони миллиии  Тоҷикистон  маҳз дар ҳамин сана ва таърих-15 августи соли ҷорӣ қабул шудани ин ҳукмро таҳти шубҳа ва гумон қарор додааст. Воқеан, агарки Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нимаи август Паймони миллии Тоҷикистон-эътилофи ҳизб ва созмонҳои оппозитсионии тоҷикро,ки дар берун аз қаламрави кишвар амал мекунад, террористӣ эълон кард,чаро ду моҳ қарори худро пинҳон дошт?

 

 

Ин ҳам дар ҳолест,ки чизе пештар аз 15 август   конфаронси вижаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар даҳаи аввали сентябри соли ҷорӣ вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро бо ширкати ҳайатҳои режими Раҳмон ва Паймони миллии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор дода буд. Масъулони  СММ бо онки аз посухҳои ҳайати режими Раҳмон, ки роҳбарии онро дуруст Юсуф Раҳмон-Додситони кулли Тоҷикистон  бар ӯҳда дошт, қаноат ҳосил накарданд, аз ин ҳайат ҷавобҳои катбӣ буд суолҳои худ ва ПМТро тақозо карданд.

 

Нуктаи дигаре,ки гумон ва тардид дар мавриди воқеияти қабули ин қарор маҳз дар ҳамин сана-15 августро  ба бор оварда, боз ҳам бармегардад ба ҳузур ва шикасти шармандавори ҳайати режими Раҳмон дар нишасти вобаста ба умури ҳуқуқи башар дар Варшава бале ҳамон САҲА  аст,ки тайи ду ҳафтаи миёнаи моҳи сентябр Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо доир кард. Дар ин нишаст низ ҳайати режими Раҳмонов дар баробари аъзо ва намояндаҳои Паймони миллӣ ва “Гурӯҳи 24”, ки низ чанд соли қабл террористӣ эълом шудааст қарор гирифт, аммо на ба пурсишҳои масъулони ин ҳамойиш ва на ба пурсишҳои мухолфини тоҷик натавонистанд ҷавобҳои бодалел ва мантиқӣ диҳанд.Дар ин конфронс ошкор аз тарафи чандин давлатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистонро ба нақзи  ҳуқуқи башар айбдор ва ҳайаташро ба марионетка унвонҳам доданд,ки ин як шармандагии бағоват бузурги ин режим дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

 

Дар ин миён ПМТ ҳам дар рӯзи 15-сентябр аз яксолагии ташкилёбии худ таҷлил ба амал овард,ки дар кори нишасти вижаи он дипломатҳо, коршиносони умури байналмилаӣ ва намояндагони мақомоти бархе аз давлатҳо ширкат карданд. Дақиқан,ки бори дигар ҷомеаи байналмилалӣ бо чеҳраи касиф ва аъмоли ҷинояткоронаи режими Раҳмонов бархӯрд кард ва тасбит шуд,ки дар Тоҷикистон, як кишвари фақир ва кӯчаки вомонда аз шӯравиии асбақ як тиран ва як диктотуре бо тамоми абъод ва абзори давлатӣ болои мардум, ва ба вижа ҳарифони сиёсиаш террору ваҳшат  ба роҳ мондааст. Раҳмонов ва дастаи мушовирони аблаҳаш ба яқин фаҳмиданд,ки ПМТ онҳоро беш аз пеш дар инзиво ва ҳошия қарор медиҳад ва чораеро барои раҳоӣ аз ин ҳолати асафбор,ки барояшон лаҳза ба лаҳза сахту дурушттар мешавад дар ҳамин террористӣ эълон кардани ПМТ пайдо карданд. Аммо санаро чун ҳама корҳои дурӯғину тӯҳматолудаи Раҳмон “задним число” оформит карданд.

 

Фикри террористӣ эълон кардани ПМТ то 15 август дар сарашон набуд, ин фикр дуруст дар ҳамин чанд рӯзи пеш ба каллаи пукашон омад. Вагарна то омадани ҳайати режим ба Варшава овозаву ҳангома мекарданд,ки ПМТ созмони террористӣ аст ва он набояд дар кори конфаронси Варшава ҳузур биёбад.Ҳарфи онҳо мисли лойи хушк,ки ба девор намечаспад, чун аз ҷониби САҲА қабул намешуд, аммо дақиқан доира мезаданду меҷунбониданд,ки ПМТ террористӣ шинохта шудааст. 

 

    Дуруст аст ва шакке нест,ки ПМТ дар давоми як соли фаъолияти босамари худ рӯи Раҳмонов ва режими хонаводагии вай фишори фаровон ворид карда фурсати шикаст ва фанои салтанати ӯро рӯз ба рӯз наздиктар оварда истодааст. Раҳмонов таҳти фишори шадид қарор гирифтааст. ПМТ ба тафовут аз ИНОТ дар дасташ силоҳ надорад. Тиреро партоб накардааст,аммо ба ҳадде ҷоҳу ҷалол, ва иззу мақоми Раҳмон ва режими вайро тохтутоз ва торумор кард ва хеле аз ҳақиқатҳои пинҳони ӯро парда дарид ва ошкор кард,ки ҷони Раҳмон  ба сутуҳ омад, дар каду “қама” шудааст. Бахусус дуздиҳову қаллобиҳои Раҳмон ва хонаводааш дар ин ду се соли ахир ҳеҷ гоҳ ба ин шеваи урён ва бо факту далел ошкор карда нашуда буд,ки Паймон ва аъзои он рӯшод ва зоҳир карданд.Раҳмон сариу калобаашро гум  кардааст,дасту почак мезанад, ки бо чи роҳе битавонад ПМТро сокиту соқит кунад.

 

    Зикр ва таъкиди хос дар қарори “фалшивий”-и Додгоҳ дар бораи “расона ва аудиосӯҳбатҳо ва наворҳо”-и  ҷонибдорон ва ҳавохоҳони ПМТ ва қатъи дастрасии мардуми тоҷик ба онҳо нишона ва далели рӯшану аҷзу нотавонӣ ва бо хоки сияҳ нишастани режими Раҳмон, “фермаи ҷавоб” ва дигар коршиносу “падидашиносҳо” аст ки дар ҷанги иттилоотӣ дар барои мухолифин бохтанд ва шикаст хӯрданд. Манъи расонаҳо ва васоили нақли афкору ақидаи ПМТ ва мамнӯъ эълон кардани   он дар ҳукми додгоҳ ҷонканиҳои режими Раҳмонро ба намоиш мегузорад. Бо ҷалби вазорати фарҳангу шӯъбаҳои он, вазорати маориф ва шӯъбаҳои он дар саросари кишвар,устодону муаллимону донишҷӯён дар макотиби олӣ, миёна ва омӯзишгоҳҳо ва худи “фермаи ҷавоб” дар КГБ ва ҲХДТ натавонист чаҳор сайту интишороти ПМТ-ро маҳор кунад.

 

Ноилоҷ шуд,ки аз Додситон ва Додгоҳ мадад бипурсад ва онҳоро ҳам шарики ҷурму ҷиноят бисозад. Ҳоло намедонам аз ин пас ҳам Раҳнамои рӯсурхак “гурӯҳи заиф” мегуфта бошад ва ё “чаҳор нафари аз ҷавобгарӣ дар ҳавзаи  Аврупо  роҳатёфта” , аммо аз ин қарори Додгоҳ бармеояд,ки сад бор қад алам кунанд ҳам пасту ҳақиранд. Девори Хитой ва садди Искандар бисозанд ҳам илоҷ надоранд. ПМТ ҳамроҳи мардум, даруни хонаҳо, даруни мошинҳо, даруни ошхонаву дар ҳар куҷое,ки мардум бихоҳад, хоҳад буд ва ҳарфу ҳиҷояшро мегӯяд. То ҳамин имрӯз ҳам сайту сомона ва торнамоҳои марбути ПМТро дар Тоҷикистон масдуд карда будед, акнун ки қарори хос иттихоз кардаед, чи хоҳад шуд? Боз ҳам қуфлшикан ва боз ҳам “прокси-серверҳо” дар истифода ва хидмати ҷомеаи Тоҷикистон қарор хоҳанд гирифт. ПМТ дар тӯли як сол афкору ақида, андеша ва аҳдофашро ва барнома ва нақшаҳояшро тавонист,ки ба ҷомеаи кишвар муаррифӣ кунад. Муҳоҷирони кории тоҷик ҳамарӯза аз фаъолиятҳои муассири он огоҳӣ пайдо карда истодаанд. Як назар ва таҳқиқ аз кори расонаҳои  ҳавохоҳ бо ПМТ кофист,то бубинем дар чи ҳадде ҷомеа бо онҳо иртибот дорад. Аз ин ҳисобу оморҳои бармеояд,ки  ПМТ аксарият аст, Раҳмон ва режими вай ақаллият.Мардум ва ҷомеаи тоҷик аз Раҳмон ва режими вай чизеро шунидан ва донистан намехоҳад, аз ин рӯ таъсис ва ташкили ПМТро ба хушӣ пазируфтааст.Дар ҳар хонаводаи тоҷик, ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар хориҷ аз он Кабирӣ ва ҳамроҳони вай ворид ва ҳамнишину ҳамсухан ва ҳамсӯҳбатанд. Шумори бинанда ва хонандаи расонаҳои интернетии вобаста ба ПМТ барои он зиёд аст ки мардум аз онҳо таваққӯъ ва умед доранд. Ин умед ва ин таваққуъро аз Раҳмонов надоранд. 

 

  Аз дигар тараф ҳукми Додгоҳ дар мавриди террористӣ хондани Паймони милии Тоҷикистон ин як “пиар”-и чандин миллиондолларӣ барои М. Кабирӣ, Ш. Гадоев, И. Ёқубов ва А.Шерзамонов ва пайравони онҳо,балки аз ин ҳам бештар, вогузории  “корти сабз”-дар кафи дасти онҳо аз тарафи Раҳмон аст.Ин як санад ва мадраки қотеъе хоҳад буд,ки минбаъд ПМТ бо тамоми имтиёз ва ҳифзу ҳимояте,ки як созмони сиёсии таҳти таъқиб дар Урупо дошта бошад, таъмин хоҳад шуд. Воқеан ин як лутф ва меҳрабонӣ аз ҷониби Раҳмонов барои ПМТ ва ба хусус онҳое,ки ҳоло дар садади дарёфти мақоми паноҳандагианд ва минбаъд барои гирифтани ин мақом ба ниҳодҳои марбутаи кишварҳои урупоӣ  пешкаш мекунанд,  мебошад.”Легенда”-и асосӣ ва ҷиддиро барояшон худи Раҳмонов фароҳам кард. Аз ин ба пас сатҳ ва ҷойгоҳи ПМТ дар конфаронсу нишастҳо, дар маҳофилу ҳамойишҳо ва мулоқотҳо ва дар толорҳову минбарҳои кишварҳои урупоӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ ба гуна ва тартиби дигар хоҳад буд.  Кишварҳои мизбон ва ё паноҳдода барои муддаиёни мақоми паноҳандагӣ аз созмони ПМТ ҳам сабукӣ ва осонӣ медиҳанд.Зеро Раҳмонов бо ин амали худ барои урупоиҳо айну дайн кард,ки дар ҳаққи ПМТ ва аъзои он зулму ситам мекунад.

 

Онҳо ҳайрону мутааҷҷиб хоҳанд буд,ки ПМТ,ки дар кишварҳои онҳо фаъолият мекунад,  муртакиби кадом амали террористӣ шудааст,ки онҳо бехабар мондаанд. Ин бор бо иштиёқ таҳқиқ хоҳанд кард,ки ПМТ чи амале террористӣ анҷом додааст ва дар куҷо ва бо кадом силоҳ  Онҳо мефаҳманд ҳамаро.Онҳо бори дигар ба ин ҳақиқат мерасанд,ки Раҳмонов дурӯғ мегӯяд.Вақте онҳо мебинанд,ки ПМТ дар Урупо кор карда истодааст, кадом амале бар хилофи қонун накардааст,амали террористӣ анҷом надодааст ҳайрон мешаванд.Ҳукумат то инки ПМТ ро террористӣ эълон кунад, кадом  далелу мадракеро барои ҷомеа пешниҳод накард.Урупоиҳо ҳам буҳтзада аз қарори додгоҳ хоҳанд шуд,ки чи тавр ба он осонӣ ва роҳатӣ як ташкилотеро,ки ҳеҷ кори хилофи қонун анҷом надодааст, чӣ расад ба амали террористӣ, террорист ҳукм мекунанд?  ҲНИТро, ки террористӣ хондед, кудето дар пояш бастед,чи муродатон ҳосил шуд? Дар Тоҷикистон сукут мекард, созиш мекард, сабр мекард. Аммо ҳоло чӣ? Дубора дар сатҳи байналмилалӣ обрӯяш боло рафт.Ҳамроҳ бо созмонҳо,то онҷо пеш рафт,ки дигар имрӯз вою вовайло доред.Беҳтар он набуд,ки дар дохил таҳти назаратон қарор дошт? Як бор,ки таҷриба доштед.Берун кардед. Мурда-мурда бозгардонидед. Ҳоло ҳам оқибат ҳамон тавр хоҳад шуд. 

 

Аммо барои урупоиҳо ҳам воқеан ҷолиб аст ки бо ин ҳама фосила ва фарсаху километр Раҳмонов аз тарсу ҳарос ПМТ-ро террористӣ эълон кардааст. То куҷо дуруст будани ин хабарро натавонистем дақиқ намоем, аммо мегӯянд,ки Раҳмону Рустам ва духтарони Раҳмон шумори ҷондору “охрана” ва “телех”-ҳоро зиёд кардаанд.

 

Аз додгоҳи олии кишвар ин суолро мепурсам?

 

Суоли матраҳ ин аст ки ПМТ ба кадом амали террористӣ ва экстремистӣ даст зад?

Аз болои ПМТ кӣ шикоят овард?

Парванда дар додситонӣ дар асоси даъвои кӣ боз шудааст.?

Аъмоли террористии ПМТ дар кадом минтақа,ноҳия ба анҷом расидааст?

Киҳо дар он иштирок кардаанд?

Зарари ҷониву молӣ кӣ дидааст?

Парванда чанд вақт баррасӣ шудаасат?

Иштирокдорони мурофиа:-айбдоркунадаи давлатӣ, гумонбаршуда, вакили дифоъ, шоҳидон,шахсони холис, зарардидаҳо,даъвогарҳо..... киҳо буданд?

Ҳайати додгоҳ аз киҳо иборат буд?

Дар додгоҳ мурофиа пӯшида буд ва ё озод,хабарнигорон иштирок карданд?

Маҳалли анҷоми амали террористӣ куҷо буд?

Судмедэскперт-пизишки қонунӣ, маводу мадрак пайдо кард ва хулосаи ташхисашро додааст?

Дар робита ба амали террористии ПМТ ягон кас дастгир шудааст?

Гуноҳро ба гардан гирифт ва ё такзиб кард?

 

Ин ҳукми додгоҳ хидмати бузург ба ПМТ аст

 

Дар ҳар ҳол террористӣ хондани ПМТаз тарафи Раҳмон воқеан як амали комилан хандаовар аст. Зеро бо амали носанҷида ва саросемавори худ бори дигар худаш сабаб шуд,ки ПМТ дар сатҳи дунё эътироф ва пуштибонӣ биёбад ва ба як субъекти сиёсӣ ва он ҳам  хеле қавӣ ва дар даруни Урупо ном бароварад. Раҳмон як навъ иммунитет барои ПМТ қоил шуд.

 

   Бархеҳо бар ин ақидаанд,ки ин қарор ба хотири ҷилавгирӣ аз таъсири ПМТ дар интихоботҳои қарибулвуқӯи кишвар иттихоз шуда аст. Шояд  бо ин ҳукм хостанд,ки аз иштироки номзад ва довталаби курсии президентӣ аз тарафи ПМТ пешниҳод бишавад ва ё пуштибонии онро касб бикунад, ҷилавгирӣ кунанд. Шояд ин ҳам бошад, манзурам ин тарсу ҳарос. Аммо дар ҳамин фароварди сухан як нуктаро тазаккур бидиҳам,ки асл ва иллати воқеии қабули ин қарор,террористӣ эълон кардани ПМТ, бале ба интихобот марбут аст. Аммо он ба гунаи дигар.

 

 

Ин ҳукм посухи Раҳмон ба паёми Лавров аст

 

 Ин бозиҳо ва гирудорҳо дар ҳоли ҳозир Русия фишору тазъиқи зиёдеро болои Раҳмонов   оварда истодааст. Албатта, то инки дар баёни Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия  садо бидиҳад, ниҳодҳо ва дипломатҳо ду кишвар хеле гуфтугӯ карданд. Вале ба назар мерасад Раҳмонов саркашӣ ва сарпечӣ дорад. Лавров дар он сӯҳбташ на танҳо аз дубора овардани ҲНИТ ба ҷойгоҳи пешинааш бо сароҳат сухан кард,балки аз ба ҳокимият шарик сохтани ҲНИТишораҳо кард,ва бо лаҳни мулоим вале бо киноя ба авзоъи Тоҷикистон ва Қирғизистон ишорат кард. Раҳмон,ки огоҳ аст ва аз хеле пештар медонад,ки русҳо чи мехоҳанд ,барои ҳамин сари қаҳр гирифту ПМТро дар ҷавоби ҳарфҳои Лавров,яъне Русия, террористӣ эълон  кард.Ва бори дигар торҳои асаби Русияро санҷиданӣ шуд,ки тоб хоҳад овард ё хайр. Русия дурусту дақиқ аз ДОИШ дар Афғонистон ва аз ин ки Амрико онро тарк мегӯяд ба шиддат нигарон аст.Аз ҳаводиси ахир манотиқии курднишини Сурия ҳам ин бардоштро ҳосил кард,ки доишиҳои фирорӣ аз инҷо баъид нест,ки сару калаашон аз марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон пайдо шавад. Дар ин авохир шиддати депорти тоҷикҳо  аз Русия суръати баланде касб карда истодааст. Вале Раҳмонов, ки барнома ва нақшаҳое дигар дорад. Аз ин рӯ Раҳмон ба русҳо паём доданӣ шуд,ки “талош накунед,ки манро бо Кабирӣ сари мизи музокира бинишонед. Бо террористҳо гуфтушунид  номумкин аст “.(Ёдатон бошад солҳои 93-94 ҳам ҳамин тавр мегуфт,ки бо мухолифин музокира карданӣ нест. Вале вақте русҳо як каме аз кӯмаҳои худ костанд, дав-давон рафт то ба Афғонистон ва пеши пойи устод равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба зону зад). Аз ин хотир санаи қарори додгоҳ мабни ба террористӣ хондани ПМТро, чуноне пештар ҳам тазаккур додем “задним число” яъне қабл аз сӯҳбати Лавров бо “Коммерсант” ( 25 сентябр) эълон кард. Аммо барои худаш душвор карда истодаасту бас.

    Вале гумони ғолиб ин аст ки ин ҳама “тақутуқ” ва “ҳоёҳуйҳо”-и бефоидаро Раҳмонов дорад анҷом медиҳад. Вагарна, ташкилотеро,ки дар ҳеҷ яке аз ниҳодҳои давлати Тоҷикистон мусаббат нашудааст, дар қайди давлатӣ намеистад, бар пояи кадом асосе суд карда террористӣ мехонад? Ва, дигар ҳам ин аст ки чаро санаи ҳукми додгоҳро тайи ду моҳ дар зери домонаш ба ҷо кард?

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.