Пойгоҳи низомӣ ё маркази таълимӣ?

                   Пойгоҳи низомӣ ё маркази таълимӣ ?

   чаро артиши Чин вориди қаламрави Тоҷикистон шуд

 

     Раҳмон на танҳо қисмати бузурге аз Вилояти Мухтори Бадахшонро ба хитоиҳо фурӯхтааст, ҳамчунин, бахше дигар аз марзҳои мамлакатро дар ноҳияи Мурғоби ин вилоят барои бунёди пойгоҳи ҷангӣ ба ихтиёр ва истифодаи Артиши Хитой вогузоштааст. Қарордоди вогузории замин барои эҳдоси пойгоҳи ҳарбии артиши Хитой миёни Раҳмон ва роҳбари ин кишвар ба таври махфӣ ва маҳрамона ҳанӯз дар соли 2016 ба имзо расидааст. Аммо мақомоти тоҷик, то ҳамин ҳоло ба миллат ва мардуми тоҷик дар ин робита  кадом маълумоте надода, гузашта аз ин вуҷуди пойгоҳи ҳарбии хитоӣ ва ҳузури артиши Хитой дар Тоҷикистон дар Мурғобро рад мекунанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар посух ба саволи нашрияи “Вашингтон пост”, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар ин бора як матлабе ба нашр расонид, гуфтааст:  “ Дар Тоҷикистон ҳеҷ пойгоҳи низомии Ҷумҳурии Мардумии Хитой вуҷуд надорад ва ҳеҷ гуфтугӯ дар бораи таъсиси постгоҳе набуд”. Ин дар ҳоле аст,ки хабарнигори ин нашрияи амрикоӣ дар бозори Мурғоб бо се, чаҳор тан аз сарбозони хитоӣ суҳбат карда ва онҳо тасдиқ кардаанд,ки тайи се сол аст,ки дар ин пойгоҳ хидмат мекунанд.

 

Аммо чуноне мегуянд, офтобро бо доман пӯшида намешавад ва  як мақоми масъул дар Сарраёсати нерӯҳои марзбони КДАМ маҷбур шудааст қазияро сабуктар,яъне на пойгоҳ,балки “ситоди мушатрак”тафсир кунад: “Дар ноҳияи Мурғоб ситоди муштараки марзбонии Тоҷикистону Хитой фаъол аст ва чанд сол пеш таъсис шудааст”.

 

Дертар, дар пайи интишори матлаби “Вашингтон пост” сухангӯи вазорати дифои Хитой ташреҳ кард,ки робитаҳои низомии кишвараш боТоҷикистон дар чавкоти созишномаҳои дуҷониба, мавозини байналмилалӣ ва дар чаҳорчуби қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ ба роҳандозӣ шудааст. Ҳамин тавр таъйид мекунад,ки Хитой дар Тоҷикистон ҳузури низомӣ пайдо кардааст. Зимнан хабарнигорон ва коршиносони Хитоӣ ҳам бо тазаккур аз вобастагиҳои аз меъёр зиёди Тоҷикистон ба сармоя ва қарзҳои Хитой вуруд ва ҳузури артиши Хитой дар қаламрави Тоҷикистонро  амри зарурӣ ва ногузир хондаанд.

 

   Шен Сею, рузноманигори хитоӣ,ки ахиран вебсайти ноошнои “Haggin.az” навиштаи ӯро дар ин робита ба чоп расонидааст, вуруди  артиши Хитой ба хоки Тоҷикистон ва  дар ихтиёри онҳо вогузории бахше аз замин дар марзро тасдиқ кардааст. Ин рузноманигор сабабҳо ва авомили дохил ва мустақар шудани артиши Хитой дар хоки Тоҷикистонро бо чанд далел тавзеҳ кардааст:

 

Ба ақидаи ӯ “...сабаб танҳо қарзҳои давлатии Тоҷикистон дар назди Пекин нест, ҳамчунин ҳаҷми сармоя ва ширкати Хитой дар макроиқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳадде амиқ ва пурвусъат аст, ки иҷоза медиҳад ва раво ҳам ҳаст,ки Хитой ҳузур ва ширкати тоталӣ дошта бошад.(присутствие) Афзун бар ин Тоҷикистон дар як нуқтаи калидӣ ҷойгир шудааст, ки вазъият дар он ба таври мустақим ба амнияти миллии Хитой таъсир мерасонад.

 

Фаъолшавии Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ-як ташкилоти террористӣ,ки ҳамкорӣ ва робитаи танготанг бо диаспораи уйғурҳои Тоҷикистон дорад, барои Хитой таҳдид ба ҳисоб меояд, ки Пекин ба он ниҳоят ҷиддӣ муносибат мекунад ва вокуниши сахт нишон медиҳад, зеро афзудааст ин нигоранди хитоӣ вилояти Бадахшони Тоҷикистон –ин роҳи рост ба навоҳии худмухтори Шинҷон- Ӯйғури Хитой аст ки бо ҳама авоқиби таҳдидомезаш барои амнияти милли Хитой мушкил эҷод мекунад.

 

  Агарчанде мақомоти Тоҷикистон ташкили пойгоҳи ҷангии Хитойро тасдиқ намекунанд, аммо чуноне бармеояд  воҳидҳое аз Артиши халқӣ-озодибахши Ҷумҳурии Халқии Хитой аз се соли қабл дар замини давлати Тоҷикистон мустақар шудааст. 

 

Аммо дар ҳамин ҳол  манобеъ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки қарордод ва созишномаҳои байнидавлатӣ пас аз тасвиби он ҳукми қонунӣ мегирад, аз вуҷуди чунин санад изҳори бехабарӣ карда ва таъкид намуданд,ки ҳамчунин қарордоде барои таъйид ба парлумон ворид нашудааст. Вале бар асоси маълумоти мунташира дар расонаҳо воҳидҳои ҳарбии артиши Хитой ҳам дар сохтмони ин пойгоҳ дар Мурғоб ва ҳам дар назорати марзи бо Афғонистон ихтиёри ому том доранд. Хабарҳо ҳокӣ аз он аст,ки дар доираи қарордоди ба имзо расида дар соли 2016 Хитой  11иншооти гуногуни марзбонӣ, як маркази таълимӣ барои сарҳадчиёни тоҷикро  аз пули худ бунёд хоҳад кард. Аммо дар ин қарордод банди изофии махфие вуҷуд дорад,ки бар асоси он Хитой барои тармим  ва ё эҳдоси 30-40 дидбонгоҳи марзиро дар қаламрави Тоҷикистон, дақиқан дар имтидоди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон бунёд карда ва контроли онро ба таври комил зери назорати худ қарор медиҳад. Гуфта мешавад масрафоти сохтмон, муҷаҳҳазсозӣ ва нигоҳдории ин дидбонгоҳҳо ва низ маркази таълимӣ ва иншооти мавриди назар дар тавозуни Хитой вогузор шудааст. Барои сохтмон ва бунёди ин ҳама иншоот ягон тоҷике ҷалб нахоҳад шуд ва  ин ҳама иншооти низомии дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро худи хитоиҳо:-бо қувваи худ, бо дастони коргарону муҳандисонашон ва дар асоси нақшаи мутахассисон аз нерӯҳои марзбонии ин кишвар хоҳанд сохт. Гуфта мешавад ин ҳайати низомиён аз моҳи январи соли ҷорӣ аз ҳайати Раёсати №6-и вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой ба ихтиёри пулис гузошта шудааст.

 

Тибқи маълумоти дарёфтии хабарнигори хитоӣ  сарбозони қаторӣ ва афсарони ҳайатии шахсии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикситон дар ин хатти марз зери назорати фармондеҳони хитоӣ адои хидмат мекунанд ва ҳамин тавр  назорат ва танзими кори 3 коммендатура,5 заставаи сарҳадӣ, 5 дидбонгоҳ ва як маркази таълимӣ дар Мурғоб, дар наздикии Вилояти мухтори Шинҷон-Ӯйғури Хитой ва дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба дасти хитоиҳои дода шудааст. Ва, ҳоло суол ин аст ки  чи зарурат барои дохил ва мустақар кардани Артиши Хитой дар қаламрави Тоҷикистон вуҷуд дорад ва чаро ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамчунин амали хиёнат ва ҷинояткорона даст назадаанд ва истиқлолияти давлатиро таҳти хатар нагузоштанд, магар инки Раҳмон. Чаро дар ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ: на Туркманистон, на Қазоқистон ва на Қирғизистону Узбакистон  пойгоҳи ҳарбии Хитой вуҷуд надорад,аммо дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

 

Бубинед,ҳоло аз ҷалби қарзҳо ва сармояи Хитой ба иқтисоди Тоҷикистон ду даҳсола нагузаштааст аммо аллакай хитоиҳои барои ҳифзи сармоя ва пули худ ва гӯиё робитаи танготанги Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ бо уйғуртаборҳои Тоҷикистон артиши худро дохили хоки Тоҷикистон карда амалан таҷовуз, тасоҳуб ва таарруз мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки то ҷанд соли дигар шумораи шаҳрвандони Хитой,ки дар ширкатҳои муштараки тоҷикиву хитоӣ иҷозаи кор дарёфт мекунанд аз миллион ҳам хоҳад гузашт.Танҳо барои кони Кумарғи Айнӣ 2000,барои эҳдоси лӯлаи интиқоли гази Туркманистон ва Хитой тавассути Тоҷикистон 1700 ва беш аз 5000 хитоӣ дар корхонаи тавлиди тиллои Зарафшон ва 20000 дар заминҳои кишти вилояти Хатлон кору фаъолият доранд. Ин омор аз 1000 як ҳисса аст. Оё фардо артиши Хитой барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонаш барои таъмини амният ва кору коргоҳҳои онҳо даст ба иқдомоти зидди мардуми бумӣ-зидди тоҷикҳо  намезанад?

 

Хабарнигори хитоӣ дам аз таҳкими робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ бо Тоҷикистон мезанад. Ва, ошкоро ба ҳайси як фотеҳу музаффари дар ҳоли нишоту шодмонӣ ва сармаст аз пирӯзӣ иброз медорад,ки Бадахшони Куҳии Тоҷикистон бар мабнои махсусият ва вижагиҳои худ истисноан масъалаи чинӣ-тоҷикӣ,балки мушкилии ин ду давлат аст.Ин таҳдид ва ҳамзамон ҳушдори рӯйирост, аз ҷумла ба Русия ҳам ҳаст,ки дар ин авохир чору ночор шудааст,ки ҳузури Хитой дар манотиқи таҳти нуфузашро таҳаммул бикунад. Ва, бардурӯғ аз робитаи диаспораи уйғурҳои Тоҷикистон ба Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ мезанад,дар ҳоле,ки кадом диаспораи қобили таваҷҷуҳи уйғурҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

 

Аммо ҳузури хитоиҳо дар қаламрави Тоҷикистон барои чанд сол аст? Зарурати  дар ихтиёри хитоиҳо додани назорати марз ва додани замин барои эҳдоси пойгоҳи ҷангӣ чӣ буда аст?.Таҳдид то чӣ андоза бузург аст ки нерӯҳои ҳарбии худи Тоҷикисон имкони муқовимат ва муқобала бо онро надоранд.Истиқлолияти Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд? Афзун бар ин ин таҳдид ва хатар аз тарафи кадом нерӯҳоест,ки Тоҷикистон маҷбур шудааст,ки бо хитоиҳо,ки ба ҷуз аз панҷсад километр марзи муштарак ҳеҷ гуна умумият ва қаробат бо миллати тоҷик надорад, рӯ оварад ва аз вай кумак хостааст. Ва,инак ин дуввумин ҳузур ва истгоҳи ҳарбиёни кишвари дигар дар Тоҷикистон аст. Русия ва Хитой.Ва, ё инки хитоиҳо аз роҳи зӯр вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд.Вале, дақиқ аст,ки ин таарруз, тасоҳуб,тасаллут ва тасарруф ва таҷовузи асокир ва афсарони Хитой ё қавми яъҷуҷу маъҷуҷ(ба дигар таъбире намешавад баён кард.М.И) бо пешниҳод ва дархости Раҳмон аст.Аммо чаро Раҳмон бидуни онки аз мардум ва миллат бипурсад барои хитоиҳо ин ҳама меҳрабонӣ ва кутарафурушӣ (оптом) дорад? Раҳмон бо вориди хоки ватан кардани сарбозони хитоӣ ватанро ҳимоят мекунад ва худу хонаводааш аз миллат ва мардуми тоҷикро? Бо ин кору амали худ Раҳмон на танҳо сарвату дороиҳои миллатро ғорат ва дуздида истодааст, ҳамчунин ояндаи ин миллат ва ин мардумро бо тиҷорати хатарнок ва фоҷиафарҷом  барбод дода истодааст.

 

Агар ки дар воқеъ хатар буда бошад,ки комилан дуруғи маҳз аст, барои режими тоғутии Раҳмон аст, на барои тоҷик ва Тоҷикистон, пас чаро ҳифозати марзро ба  Русия надод? Дар ҳоле,ки беш аз ду миллион тоҷик дар Русия кору фаъолият мекунад ва амалан иқтисоди кишвар бо пули онҳо мечархад  ва муҳимтар аз ҳама русҳо дар муқоиса бо хитоиҳо барои тоҷик мисли хитоиҳо бегона нестанд ва аҳли китобанд,на будоӣ. Чаро ин ҳам нангу номуси миллӣ, динӣ ва шарафу шаҳомат ва каромати инсониамонро, имониамонро, исломиамонро як Раҳмон ба хотири манофеи худ ва хонаводааш ба бозӣ гирифтааст, мо сокиту хомушем ? Магар хитоӣ марзи як мамлакати мусалмоннишинро чаро бояд ҳифозат кунад? Чаро дар васати ду кишвари мусалмонӣ хитоии бутпараст ворид карда бишавад? Агар танҳо ҳадаф таҳким ва тақвияти назорат ва ҳифозати марз буд, магар русҳо камтар аз хитоиҳо муҳофизат мекарданд?

 

  Воқеияти имрӯза ин аст ки Тоҷикистон аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофиёӣ дар минтақа ва пайванди манофеи Русия, Хитой ва Амрико қарор дорад. Ва, инро ҳам бояд тазаккур дод,ки овардани ДОИШ аз тарафи Амрико ба Афғонистон,ки дар ҳайати он атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон шомиланд,беҷиҳат нест.Бархурд ва мухолифати манофеи абарқудратҳо дар минтақа Русияро водор кард,ки бо Толибон, ки он ҳам  сохта ва маҳсули хадамоти вижаи Амрикост канор ояд ва дар садад аст ки саҳми онҳоро дар давлати Афғонистон таъмин кунад ва ҳоло талош дорад ин гурӯҳро аз листи созмонҳои террористӣ берун кашад, фақат ба хотири онки тавассути онҳо аз вуруди ДОИШ ба сарҳадоти ҷанубии худ, яъне Тоҷикистон пешгирӣ кунад. Хуб, вақте ки вазъият ба ин гуна аст, бори дигар ин суол пеш меояд,ки чаро марзбонони Русияро Раҳмон берун кард ва акнун имрӯз онро ба итоати хитоиҳо даровард? Кӣ кафолат медиҳад,ки то ду даҳсолаи дигар артиши Хитой,ки на шуморааш маълум  аст, на забонашонро тоҷикон медонанд, на замони истиқрораш дар Тоҷикистон муайян аст,бо ҳукумати баъди Раҳмони Тоҷикистон чӣ гуна муомила хоҳад кард. Онро,он минтақа аз Мурғобро ончунон ки барои русҳо ба 49 сол иҷора дод иҷора додааст ва то абад,ончунон ки 1150 километри мураббаъ ва ё ду дар сад аз хоки кишварро?

 

Дар ҳоле ки Раҳмон бо миллиардҳо доллари қарз аз Хитой  як рӯз не якрӯз аз ҳокимият меравад. Пас, Хитой Тоҷикистонро ба давлати худ мулҳақ намекунад? Бо овардани Хитой истиқлолияти кишвар таҳти суол қарор нагирифт? Бо овардани Хитой ояндаи амнияти суботи давлате бо номи Тоҷикистонро кӣ кафолат медиҳад. Оё хатари Хитой камтар аз хатарҳое аст,ки Раҳмонро водор кардааст инони назорати марзро ба ин “аждаҳои сурх” ва ба ин “ғули ҷаҳонӣ” бидиҳад? Тоҷикистон тавони муқовимат карданро дар баробари Хитой дошта метавонад? Ин марзу арозӣ оянда ҷавлонгаҳи артиши Хитой ва Русияву Амрико нахоҳад шуд, чун пойгоҳи ҳарбии Русия дар инҷост ва Амрико ҳам, то ҳамин ҳоло ба маблағи 155 миллион доллар ба бахши низомии Тоҷикистон кумак кардааст.Ба боварии тамом гуфта метавонам,ки Раҳмон ин хитта аз хоки кишварро фурӯхтааст. Раҳмон инҷо ҳам  “доля”-и худро дорад. Хитой барои Раҳмон пул медиҳад. Хитой барои онки ба Раҳмон дар муҳосибот ва ё истифодаи қарзҳо ихтиёру ому том додааст, суроғашро намегирад. Ёдатон бошад ҳаҷми рақами нишондодҳои гумрукӣ миёни Тоҷикистон бо Хитой чи қадар тафовут дошт? Тақрибан наздики 800 миллион доллар. Хитой ҳатто лому мим нагуфт.Дар ин ҳаҷм ворид кардани маҳсулоту моли бидуни “растаможка” ба ҷуз аз домодҳои Раҳмон ба кӣ тааллуқ дошта метавонад?

 

Ва, ниҳоятан, агар ин пойгоҳи ҳарбии Хитой ҳарфи “ситоди муштарак” аз қавли  КДАМ ва “маркази таълимӣ” аз қавли расона ва хабарнигори хитоӣ аз куҷо пеш меомад. Ва агарки ҳузури артиши хитоӣ танҳо барои анҷоми тамриноти низомӣ ва ё робитаҳои ҳарбӣ буд, пас, чаро 30 то 40 посгоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистонро бояд хитоиҳо зери назорат дошта бошанд? Давлати Тоҷикистон, марзу буми ин кишвар, хоку қаламрави ин кишвар тика-пора мешавад, ба савдо зада мешавад, танҳо барои онки Раҳмон ва оилаи ӯ болои мардум дубора лашкар накашанд. Аммо ин кишвари кучак то кай лаб-лаб, пора-пора,қтъа-қитъа фурӯхта мешавад?

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.