Путин аз президентӣ меравад, аз роҳбарии Русия не

Путин аз президентӣ меравад, аз роҳбарии Русия не

                 

нақшаи ҳифзи қудрати Путин то охири умр  

 

Путин қасд дорад курсии қудрат ва зимоми раёсат дар Русияро якумрӣ дар даст дошта бошад.Чунин аст,бардошт ва бовари ағлаби сиёсатшиносоне,ки мақолаи Вячеслав Володин (Председатель Государственной Думы ФС РФ ) , спикери Думаи Давлатии Русияро,ки таҳти унвони "Живая Конституция развития " дар нашрияи "Парламентская газета" аз 17.07.2019 ба чоп расид, мутолеа кардаанд.

 

 

Раиси Думаи Давлатии Русия,ки аз афроди наздик ва вафодор ба Путин ва дар гузашта ноиби раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия буд, зоҳиран бар адами тавозун  ва таносуби шохаҳои ҳокимият дар ин кишвар ишора карда пешниҳод додааст,ки ба Қонуни асосии Русия ислоҳот ворид карда шавад. Ҷаноби Володин ба унвони ислоҳоти асосӣ дар Қонуни асосӣ тавсеаи ваколатҳои Думаи Давлатӣ, афзоиши  нақшу нуфузи он ва бахусус ширкати мустақими Дума дар ташкили ҳукумат,таъйини нахуствазир ва аъзои Кобинаи Вазиронро матраҳ карда аст. Зимни ин пешниҳод шеваи интихоби депутатҳои Думаи Давлатӣ иваз шуда ваколатҳои нахуствазир аз ҳисоби ваколатҳои президент,ки дар назар аст ба шиддат коҳиш дода бишавад, бамаротиб афзоиш дода мешавад.

 

  Айни замон ҳайати Думаи Давлатии Русия 50 дар100 тавассути ҳавзаҳои инфиродӣ ва 50 дар100 тибқи феҳристи ҳизбӣ ташкил мешавад. Аммо бар пояи пешниҳоди Володин ҳиссаи ҳавзаи ягона ва ё ҳамон феҳристи ҳизбӣ аз 50 то 25 дарсад коҳиш дода шуда барои номзадҳои мустақил ва ё ҳамон ҳавзаҳои якмандатӣ 75дар 100 ҷой ва ё курсӣ дар парламент дар назар гирифта шудааст. Албатта, ин тағйирот зоҳиран бар суди мардуми кишвар аст,зеро аҳзоби сиёсии Русия ҳам дар зери сояи ҳизби “Русияи воҳид”,ки ҳизби ҳоким аст, монда  кадом нақши муҳиммеро дар  кори парламент бозида наметавонанд. Ва шумори номзад ва ҳамин тавр депутатҳои мустақил бештар бишавад, назорат бар кори ҳукумат ҷиддитар хоҳад шуд. Вале, нигарониҳо ва шакку гумонҳои аксарияти огаҳони умур аз ин навъи тағйирот дар Думаи Давлатӣ ин аст ки зери мафҳуми “номзадҳои мустақил” аз ҳавзаҳои якмандатӣ, онҳое вориди Дума мешаванд,ки дар асл номзадии онҳо дар ҳамоҳангӣ,мувофақа ва розигии Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ ва худи Путин пешбарӣ шудааст.Ва, ҳамин тавр, ҳатто ҳамин аҳзоби нимҷон ва ё камҷоне мисли ЛДПР-и Жириновский ва КПРФ-и Зюганов, ончики имрӯз дорандро аз даст хоҳанд дод ва Думаи Давлатии Русия комилан зери назорати Путин ва ҳизби “Русияи воҳид”-и ӯ хоҳад гузашт. Чунки дар шумори  ба истилоҳ номзадҳои мустақил дар ҳеҷ сурат онҳое,ки имруз бо сиёсати ҷории ин кишвар мухолифат доранд ва мухолифи Путин ҳастанд, роҳ дода намешаванд ва ба бовари бештари коршиносон масрафи маъракаи интихоботии як номзад барои Думаи Давлатӣ беш аз 500 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки аз ҳамчунин  имконият мухолифони Путин бархурдор нестанд.Ва,гуфта мешавад,ки хароҷоти “номзадҳои мустақил”-ро бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Раёсати ҷумҳурӣ бизнесменҳои “подконтрол”-и худи Путин пардохт хоҳанд кард.

 

  Ҳоло биёем ба даъвои асосӣ,ки Путин талош дорад роҳбарӣ мудомулумри Русия бишавад. Мусаллам аст,ки Путин то соли 2024 дар мақоми Президенти ФР фаъолият мекунад. Ва, дар ин мақом аз ваколат ва салоҳияту имтиёзоти хеле баланду боло бархурдор аст. Аммо бо хатми ин муҳлат наметавонад дигарбора номзадии худро дар мақоме, ки дорад пешбарӣ намояд.Чун Қонуни асосӣ барои ӯ ҳамчунин имконият ва ҳуқуқеро намедиҳад. Тағйир додани Қонуни асосӣ ба манзури тамдиди курсӣ дар тамоми дунё вокуниши басо ва бисёр ҳам манфиро ба бор хоҳад овард. Ин ҳам дар ҳоле,ки Путин барои бори чаҳорум дар курсии президентии Русия менишинад. Дигар гузинаи имконпазир ва мисли онки бидуни кадом як қонуншиканӣ, балки баракс бо афзудани мақом ва нуфузи ҳокимияти қонунгузор - Думаи Давлатӣ ва зери ҳимоят ва пуштибонии он дарёфтани мақоми нахуствазирӣ беҳтарин  роҳи ҳали “мушкилоти соли 2024” хоҳад буд. Думаи Давлатӣ бо аксарияти мутлақи оро аз шумори афроди ҷонибдори Путин ташкил мешавад ва ин Дума, албатта бо ҳидоят ва роҳнамоии Путин  кобинаи вазирон ва аъзои онро интихоб ва таъйин мекунад. Интизор меравад ин ҳама дигаргунӣ то соли 2021 яъне  то 3 соли қабл аз хатми муҳлати раёсати Путин таҳаққуқ пайдо бикунад. Ва, ҳамин тавр бештари функсияҳои президент  ба “премер-министр” дода шуда танҳо дар ин миён номи мансаб ва ҷойи он иваз мешавад. Путини президент,Путини “премер министр” мешавад.Зеро дар Думаи Давлатӣ,ки бар пояи ин ислоҳот  депутатҳо ва ҳизби баранда “Русияи воҳид”-и зери раёсати Путин хоҳанд буд, лидери ҳизби ҳокимро нахуствазир интихоб мекунанд.

 

     Аз ин ҷо аст,ки  коршиносон ва таҳлилгарон ҳадаф аз пешниҳоди В.Володинро,ки гуфтем аз афроди хеле наздики В.Путин,раиси ҷумҳурии Русия мебошад ,на эҷоди тавозун дар шохаҳои ҳокимият ва на тақвияти мақоми ҳокимияти қонунгузори ин кишвар, балки  ҳифзи ҳузури Путин баъд аз анҷоми муҳлати президентии ӯ,ки дар соли 2024 поён меёбад, арзёбӣ мекунанд.Зеро бар пояи ин пешниҳод мақоми нахуствазир ба маротиб боло бурда шуда аз ваколат ва салоҳиятҳои президент бар нафъи нахуствазир коста мешавад. Ва, Русия аз як низоми раёсати ҷумҳрӣ ба низоми раёсатиҷумҳурӣ-парлумонӣ табдил хоҳад ёфт ва нахуствазири он дуруст монанд ба канслери Олмон мешавад. Албатта, ҳамчунин мақомеро Путин дар солҳои 2008-2012 таҷриба карда, бидуни онки аз салоҳият ва ваколатҳои раиси ҷумҳурӣ бикоҳад, тақрибан  функсияи президентро иҷро мекард. Д.Медведев, ба ном президент буд ва дар асл Русияро худи Путин мудирият мекард. Аммо он навбат барои чаҳор сол буд ва маълум буд,ки баъди чаҳор сол боз бармегардад. Ин навбат Путин мехоҳад,ки зоҳиран бошад ҳам нормаҳои демократияро риоя карда аммо қудратро дар қабзаи худ нигоҳ бидорад. Барои ин беҳтарин гузина ҳамине аст ки тавассути мақолаи Володин пешниҳоди ҷомеа шудааст.Бидуни шак,ин шеваи давлатдорӣ паёмадҳои бисёр бад ва манфӣ хоҳад дошт, ҳам барои Русия ва ҳам барои кишварҳои шуравии пешин,ки ҳамин ҳоло ҳам дар мадор ва меҳвари сиёсатҳои жеополитикии Русия қарор доранд.   Амалан такрори шеваи раҳбарии Политбюрои ПК СССР ва Леонид Илич Брежнев хоҳад буд,ки танҳо бо мурдан аз курсии қудрат мешавад канор рафт.Фарқият аз низоми тоталитарӣ ва диктотурии шуравии пешин дар ин маврид ин аст ки ҳоло ба он капитализми ниҳоят ваҳшӣ ҳамроҳ ва ҳамсафар аст ва вақте мисли Русия як давлате паҳновар ва бузурги олам зери султа ва сайтараи як шайка қарор мегирад, на танҳо худи ин кишвар ва мардуми он, балки ҷаҳон бо мушкилоти фаровон рубару хоҳад шуд.Дар ҳоли ҳозир  дороиҳои Путинро 200 миллиард доллар баровард кардаанд. Бидуни шак ин дороие нест, ки ҳадди ақал мисли Роман Абрамович ва ё Олег Дерипаска бо бизнес гирду ғун карда бошад. Ин пули нафту газ ва тиллову танга ва силоҳу муҳиммоти ҷангии Русия аст ки ин афсари собиқи КГБ тули ин муддат аз худ кардааст. Ҳамакнун бо ҳамин гуна ҳилла ва найрангҳо намехоҳад аз қудрат канор биравад.

 

    Путин аз соли 2000 то 2008 риёсати Русияи Федеролиро бар уҳда дошт. Инҷо аз онки чи тавр як системаи тамоюл ба мардумсолорӣ доштаро  шикаст ва як режими саркубгарро ба вуҷуд овард зиёд намегуем. Зеро ба ҳамагон маълум аст ки чи тавр расонаҳои савтиву тасвириву навишторӣ ва умуман озодиҳои сиёсиву мазҳабиву матбуот салб шуданд. Амалиётҳои ҷангӣ дар Ичкерия, Гурҷистон, Украин ва ғайра,ки Русияро дубора ва як меҳварӣ бадӣ мубаддал кард.  Хулоса ин аст,ки Путин мехоҳад низоми ҳама сохт ва шакли ҳукуматдориро дар Русия як бор  таҷриба кунад

 

     Вале ин нукта,ки танҳо ва маҳз дар даврони раҳбарии ӯ ба Қонуни асосии Русия,ки 25 соли қабл дар замони Борис Елтсин қабул шуда буд чаҳор навбат ислоҳот ворид кард, ки танҳо барои таҳким ва тақвияти ҳукумат ва қудрати худи ӯ равона шуда буданд. Аз чаҳор тағйирот се тои он ба ваколат ва салоҳияти президент тааллуқ дорад:

Дар соли 2008 мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз ду чорсолӣ ба ду шашсолӣ тамдид карда шуд,ки чуноне шоҳидем Медведевро чаҳор сол президент монду инак ду шашсола боз ҳам ҳокимият мекунад.Дар соли 2014 бо ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосӣ таъйини прокурорҳоро дар ихтиёри президент яъне худ гузошт.Соли 2014 бошад бо тавсеаи ваколати президент шуморе  аз сенаторҳо дар Шӯрои Федератсиони Русия –палатаи болоии органи қонунбарори ин кишвар бо фармони президент Путин таъйин мешаванд.

 

Қонуни асосии Амрико чӣ?

 

  Аммо Конститутсия-Қонуни асосии  Амрико 230 сол қабл соли 1789 қабул шуда ва тули ин ҳама сол ба он 27 ислоҳот ворид шудааст,ки асосан барои рушди ҷомеа ва беҳтар шудани зиндагии мардуми оддӣ ва ҳуқуқҳои он равона шудааст.Дар соли 1791 меъёрҳое ба мисли “озодии сухан,дину эътиқод, матбуот ва ҷаласаҳо” дар сатҳи ин қонун мақом ва ҳимояти ҳуқуқӣ пайдо карданд. Ва ҳамчунин “ҳуқуқи гумонбар ё мазнун дар раванди мурофиа ва муҳокимаи додгоҳӣ”  дар ҳамин навбати ислоҳот мушаххас ва муайян карда шуд. Соли 1865 “ғуломдорӣ” бекор ва тибқи қонун ҷиноят шуморида шуд ва барои занҳо Қонуни асосии ИМА аз соли 1920 ҳуқуқи интихоб ва интихоб шуданро  таъмин кард. Ва аз охарин тағйирот ин марбут аст ба муҳлати раёсати ҷумҳурӣ. Аз 1951дар Амрико як нафар ду навбат бештар пайдар пай наметавонад президент бишавад. Бубинед,ки Амрико ва Русия то куҷо тафовут доранд ва ин тафовут аз ҳар ҷиҳат ва ҳамаҷиҳата аст. Дар ҳоле,ки қаламрав ва боигарии Русия бамаротиб аз Амрико бештар аст. Иллат ва далели асосии рушди Амрико ин аст ки дар ин кишвар ҳокимият ва қудрат иваз мешавад ва мисли оби гандида ва мурдаоби кули бугирифта нест.Инҷо ҳукумат ҳам дар таҳаввул ва таҷаддуд аст ва зиндагӣ ҳам таҳти ҳамин шароит рушд мекунад.Аммо низомҳое амсоли Русия, ки диктотурҳо ва дарозумрони сиёсӣ аз қудрат рафтанӣ нестанд,зиндагӣ сангин,қашшоқӣ, фасод, беқонунӣ бедод мекунад.

 

Бадбахтона, Путин бо собиқаи кегебешники замони коммунисти шуравӣ талош дорад,ки қудратро то ахири умр аз даст раҳо накунад. Дар ҳар сурат дар робита ба ин мақола,ки ҳоло пиромуни он дар расонаҳо баҳсу баррасиҳо зиёд аст изҳори назар накардааст. Шахсан кадом вокуниш нишон надодааст,аммо ҳарфҳое дар ин авохир аз даҳон берун кард,ки то ҳадде ризоияти ӯ аз пешниҳоди Володинро  таъйид мекунад:

  “Агар ман хаста мебудам, бори ҷаҳорум ба мақоми президентӣ намерафтам” гуфт чанде пеш ба Оливер Стоун, коргардони амрикоӣ.

 

  “Бояд панҷ соли дигар сахт кор кунам ва ҳоло барои интихоби шуғли пас аз президентӣ фикр накардаам, новақт аст” гуфтааст дар суҳбат бо нашрияи итолиёвии “ Corriera della Sera”

 

   Дар суҳбати ахири мустақими телевизиониаш бо мардуми Русия ҳам дар пурсиши як нафар чунин ҷавоб дод: “ Не. Президентӣ ба дилам назадааст”.

 

Бале, агар, ки пушти навиштаи Володин худи Путин набуд ва агарки баъди анҷоми президентиаш ,ки солаш ба 71 мерасад,намегуфт,ки “шуғли дигаре фикр накардаам” ва мегуфт, ки бале он замон нафақахӯр мешавам ва бознишаста хоҳам шуд, ҳоло  метавонистем бигуем,ки на, Путин  дигар аз ҳокимият канор меравад. Аммо ончики дар даст дорем,акси онро мегуяд, Путин ҳам то охир истоданист....

 

Шояд хонанда гуяд чаро ончӣ марбути сиёсати Русия аст таҳлил намудед?. Ин таҳлил ба он хотир аст,ки чунин сенария имкон дорад дар кишвари моҳам татбиқ шавад.Агарчӣ барои таҳаққуқи ин таманнои соҳиби кремлин ва хоҷаи “пешво” панҷ сол боқӣ мондааст.Аммо барои пешвои оила вақти хело каме мондааст. Интихоботи парлумониро ҳафт моҳ мондааст ва барои сабқати он, на бештар аз ду моҳ.Барои татбиқ ва амалӣ гардонидани ин тарҳ ё сенария, аз имрӯз бояд корро шуруъ кунад. Пешво бақояшро барои ҳамеша дар қудрат пас аз имзои ПРОТОКОЛИ 32/20 ва туҳматҳои соли 2015 ва бар худаш титули "пешвои оила"ро барчаспкардан тамдид карда буд. Яке ин тарҳи хоҷааш писандаш меояд ва инҳама ҷиноёте анҷомдод,барои ин мақом ва бақо дар қудрат, ҳоло ин варянтро дида шармаш меомадагист,ки чаро инқадар мардумро куштаму,зиндонӣ кардаму,фирорӣ намудам. Мо агарчӣ мухолифони сиёсияшҳам бошем вале машваратҳои судмандашҳам медиҳем.

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.