Рӯзи Конститутсия ё тавҳинномаи миллат

Рӯзи Конститутсия ё тавҳинномаи миллат

  

      Қонуни асосии Тоҷикистон,ки Бахтномаи миллат ҳам номида мешавад,ба тафовут аз санади ҳамсон дар давлатҳои дунё барои мардум ва ин миллат бадбахтӣ, мушкилӣ, душворӣ ва кулфату ғам овардааст. Ин ҳуҷҷати барои ҳар халқу миллат муқаддас ва олӣ  дар шароит ва вазъияте таҳия ва қабул гардид,ки халқи тоҷик бадтарин давраи таърихии худ, ҷанги шаҳрвандиро аз сар мегузаронд ва ирода ва орову мавзеъи беш аз як миллион аҳолӣ дар он инъикос наёфт. Зеро ин шумора аз халқи тоҷик дар ҳоли фирор ва гурезогурез дар Афғонистон ва кишварҳои дигари пасошуравӣ қарор дошт.Гузашта аз ин маъракаи раъйпурсӣ барои қабули нахустин Қонуни асосии замони истиқлол, дар як рӯз бо рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ва дар ин интихобот,ки ба рағми раъй ва иродаи мардуми тоҷик ва бо дахолати мустақими Русия баргузор шуд, нафаре ба курсии олии кишвар нишаст,ки дар ин интихобот бохта буд ва аз ин рӯ тӯли ин 25 сол ин Санади муқаддас ва Бахтномаи миллатро то сатҳи кафш ва патаку пайтоба ночиз, беарзиш ва беқурб кард.

 

Барои Раҳмонов мардуми тоҷик дар ягон навбати интихобот овоз надодааст ва вай бо фиребу найранг, то ҳамин имрӯз худро роҳбари халқе,ки ӯро ягон вақт қабул накардааст, эълон намуда истодааст.Бо инки тамоми ин ҳама муддат Қонуни асосиро барои идомаи ҳузури худ дар мақоми раёсати давлат мувофиқ ва мутобиқ бикунад, борҳо мавриди таарруз,таҳқир ва таҷовуз қарор дод.Аз тарафи Раҳмонов ҳар гоҳе бихост ин қонун дасткорӣ шуд ва бештар аз гузашта бо мавозин ва нормаҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ дар муғойират қарор гирифт. Шукуҳу шаҳомат, эътибор ва эътимоди як Санади мустаҳкам ва аслӣ ва асосиро аз даст дод.Ҳамчуноне,ки то ҳамин имрӯз куллия маъракаҳои сиёсии Тоҷикистон тавассути ин дастнишондаи қувваҳои хориҷӣ қалбакӣ ва маснуӣ доир шудааст,Қонуни асосии миллат ҳам муҳиммият, аҳамият ва бартарияти худро аз як тағйирот то тағйироти баъдӣ гум кард. Барои онки маъмур ва мудири имрӯзаи Тоҷикистон,ки худро бо ановини чандлояе, чун Сардори давлат, Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат  тазйин ва  тасвир мекунад, Қонуни асосиро барои тақвияти иқтидори як диктотур мутобиқ кард.

 

     Дар ҳамаи ин се навбати  ислоҳоти Қонуни асосӣ,ки дар солҳои 1999,2003 ва 2016 доир шуд фақат барои Раҳмонов, шароити ҳузур ва тамдиди мӯҳлати раёсати ӯ ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ масъалаи асосӣ буд. Тағйироти бори аввал дар Қонуни асосӣ дар сентябри соли 1999 бо иштироки Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ва тавассути Комисиюни Оштии Миллии зери риёсати устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сурат гирифт.Раҳмонов дар ин ваҳла як давраи панҷсолаи раёсати ҷумҳурии худро тай карда ва барои даври дуввум ва охарини худ худро омода мекард. Аз инҷо буд,ки ӯ ва тарафдоронаш бо истифода аз ҳавлу ҳавои сулҳ барои давраи баъдии худ ду соли дигарро изофа карданд. Намояндаҳои оппозитсиони тоҷик  ба ин пешниҳод ризоият доданд,бо ин шарт, ки минбаъд мӯҳлати давраи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар аз ду панҷсолаи пайдарпай барои як номзад, ба як ҳафтсола коҳиш дода бишавад.Он замон воқиан ҳам як як марҳалаи баъдиҷангӣ,давраи гузор ба шароити одӣ ва осоишта буд, ҷомеа ниёз ба ҳамчунин ислоҳотеро дар Қонуни асосӣ дошт. Раъйпурсии халқӣ баргузор ва онро пазируфт.Чун бар сари ин тарзи ислоҳот ба Қонуни асосӣ ҳамаи тарафҳо ва нерӯҳои сиёсии кишвар тавофуқ ҳосил карданд:минбаъд Президенти Тоҷикистон танҳо барои як ҳафтсола интихоб хоҳад шуд.

 

   Аммо Раҳмонов,ки дигар маззаву лаззат ва қудрати курсии раёсати ҷумҳуриро дар як кишвари ҷангзада ва ҷомеаи дар рагу пайвандаш тарсу ҳароси ҷанг ҷогирифта чашида буд, ду -се соле нагузашта даст ба ғиромбозӣ ва риёкорӣ зад.Шарти умда ва асосии сулҳу ваҳдат дар кишварро ошкоро вайрон кард. Чун дигар дар баробари худ нерӯи мусаллаҳро намедид ошкоро ба Созишномаи сулҳи умумимиллӣ хиёнат кард ва даст ба ҷинояти вазнин зад.Бо муқаррибони дар дастурхони дарбор олуда ва жӯлидааш моҳи июни соли 2003 маъракаи раъйпурсии комилан нозарур ва нолозимеро баргузор карда як мӯҳлати ҳафтсолаи давраи раёсати ҷумҳуриро ба ду ҳафтсолӣ иваз кард. Барои ин навбати тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳеҷ омиле  ва ангезае вуҷуд надошт, магар инки Раҳмонов, собиқ директори совхоз ва комунисти суп-сурх дигар аз курсӣ бархестанӣ ва поин омаданӣ набуд. Вай мегуфт,ки ӯ дар ин курсӣ “сварка” кардагиаст ва “бо хун омадааст, бо хун меравад”. Ҳамин тавр обрӯ ва мақоми Қонуни асосӣ,Санади асосии давлат,Бахтномаи миллат аз даст рафт,таҳриф,тавҳин ва таҷовуз шуд.Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як ҷониб ва тарафи сулҳ бо интишори баёния ва изҳорот мухолифати худро ба ин тағйироти бемаврид ва бемавқеъ иброз дошт ва устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ қатъан муқобили ин амали хоинона ва ҷинояти зиддимиллӣ садо баланд карданд.

 

М.Убайдуллоев,раиси Маҷлиси Миллӣ ва нафари дуввуми Тоҷикистон низ агарчанде ошкоро изҳори назар накард, аммо ба дафтари марказии ҲНИТ омад ва аз устод хост ба ҳайси як тарафи сулҳ ба ин амали Раҳмонов,ки хилофи руҳияи Созишномаи умумии сулҳ аст ошкоро мавқеъ бигиранд ва ҳатто пешниҳод мекунад,ки барои баргузории тазоҳурот дар пойтахт тамоми имкониятҳоро фароҳам хоҳад кард. Убайдуллоев ба устод мегӯяд, ки “ин номард,сари даст гирифта аҳду паймон карда буд,ки ҳамин як ҳафтсоларо охир мерасонад ва роҳро барои ӯ холӣ мекунад”.

 

Дар китоби “Шикастанҳо ва бастанҳо”-и Абдумаҷид Достиев як иттифоқи аҷибе нақл карда мешавад. Ба навиштаи Достиев, вақте дар КОМ масъалаи мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ ҳалли худро дар байни тарафҳо пайдо мекунад, Убайдуллоев меҳмонхонаи Вахш,ба назди Достиев омада ва аз қавли Раҳмонов мегӯяд,ки ин тағйирот лозим нест, бигзор ҳамон шакле,ки пеш буд дигар карда нашавад.

 

  Мухолифати Убайдуллоев ҳам дар соли 1999 ва ҳам дар соли 2003 барои тағйироти муҳлати раёсати ҷумҳурӣ ба ин маъно метавонад таъбир бишавад,ки аз Раҳмонов на танҳо мардуми тоҷик,нерӯҳои милливу мардумӣ, аҳли зиё,ҳамчунин ҳамкоманда ва ҳамроҳони бо танку тӯпи Узбакистону Русия ба қудратрасидаҳо ҳам хеле бармаҳал безор шуда буданд.

 

   Ҳамин тавр Раҳмонов Қонуни асосии таҷовуз ва таҳрифшуда ва ба як латтапора бадалшударо ба худ печидаву тобида, гӯиё аз роҳи қонун ва тибқи демократия интихоб мешуда бошад, бори дигар дар солҳои 2006 ва 2013 худро Президент “интихоб” кард. Акнун, ки дар ин муддати тӯлонии қудрат ба як Диктотури мустабид бадал шуда  давру бари худро аз ҳамшаҳриҳову аъзои хонаводааш истеҳком гирифт, дигар Қонуни асосиро ба як қаҳбаи хиёбонӣ бадал карда Рустами писарашро дар амри таҷовуз ва таҳқиру тавҳин ба кӯмак фаро хонд ва дукаса тохтутозу бадрафторӣ карданд. Акнун ин Қонуни асосӣ ба ҳадде аз мадору меҳвараш берун шуд, рисолаташро аз даст дод ва беиффат ва беарзиш шуд,ки ҳам барои худи Раҳмонов ва ҳам барои бачааш ва ҳатто шоядам барои духтараш бистари муносиб ва нарму фораме аст,ки метавонанд то охири умр онро дар истифодаи худ қарор диҳанд.Ҳоло дар Тоҷикистон муҳтарам, муҳташам, муаззам,муътабар ва  меъёр на Қонуни асосӣ,балки Эмомалӣ  Раҳмонов аст. Қонуни асосии Тоҷикистон дигар шуд худи ӯ.Ҳар чизе,ки бигӯяд ва ҳар чизе,ки бихоҳад ҳамон бояд болотар аз Қонуни асосӣ дониста бишавад.

 

   Дар Қонуни асосӣ агар,ки таъкид мешавад ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд ва баробарии онҳо дар интихоб кардан ва интихоб шудан кафолат дода шудааст, аммо Раҳмонов бо қабул ва имзои як қонуни дигар бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдат ин ҳама меъёрро барои худ ботил кард. Бар пояи ин қонун,ки бо Қонуни асосӣ комилан мухолифат дорад, Раҳмонов модомулумр дар сари қудрат хоҳад истод ва барои вай кадом маҳдудият дар курсии риёсати ҷумҳурӣ вуҷуд надорад. Ҳатто Раҳмонов ба тафовут аз бақия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба суд кашида намешавад, агарки вай дар тамоми давраи роҳбариаш ҷиноят содир карда бошад ҳам.

 

  Аммо танҳо ин ҷиноят ва хиёнати Эмомалӣ Раҳмонов дар баробари талаботи моддаҳои Қонуни асосии кишвар нест. Раҳмонов тамомияти арзии кишварро, як асли усулии Қонуни асосиро бо фурӯхтани замин ба Хитой  нақз кард.Барои як чунин ҷиноят,ки ватанфурӯшии ошкоро аст боястӣ Додгоҳи олӣ Раҳмонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашад. Зеро вай дар ҳақиқат Қонуни асосиро нақз кард. Мебоист,ки додситонӣ алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мекард ва хеле солҳо пеш ӯро барои ин ҷиноят маҳкум ба зиндони абад мекарданд. Аммо чуноне мебинем, Раҳмонов Қонуни асосиро ба ҳадде залилу кучак кардааст, ки дар назди додгоҳ ва додситтон ҳам арзиш ва қадру қиматашро бохтааст.Ҳангоме дид ҳама хуб аст касе чизе намегуяд,шурӯъ кард ба фурӯши 300 гк замин ба Узбекистон. Агар хомӯш бошем боз қисматҳои дигари кишварроҳам мефурӯшад.

 

  Бубинед барои мисол Қонуни асосии Амрико 232 сол қабл,соли 1787 қабул шуда ва тӯли ин ҳама сол ба он 27 ислоҳот ворид шудаст,ки асосан барои рушди ҷомеа ва беҳтар шудани зиндагии мардуми одӣ ва ҳуқуқҳои он равона шудаанд. Дар соли 1791 меъёрҳое ба мисли “озодии сухан,дину эътиқод,матбуот ва ҷаласаҳо” дар сатҳи ин қонун мақом ва ҳимояти ҳуқуқӣ пайдо карданд. Ва  ҳамчунин “ ҳуқуқи гумонбар ё мазнун дар раванди мурофиа ва муҳокимаи додгоҳӣ” дар ҳамин навбати ислоҳот мушаххас ва муайян карда шуд. Соли 1865 “ғуломдорӣ” бекор ва тибқи қонун ҷиноят шуморида шуд ва барои занҳо Қонуни асосии ИМА аз соли 1920 ҳуқуқи интихоб ва интихоб шуданро таъмин кард. Ва аз охирин тағйирот ин марбут аст ба муҳлати раёсати ҷумҳурӣ. Аз соли 1951 дар Амрико як нафар ду навбат бештар пай дар пай наметавонад президент бишавад.

 

Аммо дар Тоҷикистон чи тавр аст? Қонуни асосӣ тӯли ин ҳама муддат танҳо ва танҳо барои як Раҳмонов хидмат кардааст,зиндагии Раҳмоновро хубу ружд кардааст, бар манфиати шахсӣ ва хусусии Раҳмон шароит муҳайё кардааст. Аз ин ҷост ки барои ҷомеаи кишвар, барои мардум Қонуни асосӣ вуҷуд дорад ё не,амал мекунад ё не, эҳсос ҳам намешавад.  Ба як ҷумла метавон онро на асар ва осори ҳуқуқӣ, балки як китоби саргузаштӣ ва тарҷумаи ҳоли Эмомалӣ Раҳмонов донист.

 

Ба иттилои хонандагони гиромии Пойгоҳи Ислоҳ.нет мерасонем,ки навори ин таҳлил бегоҳи рӯзи 6.11.2019 дар канали ютубии "ISLOH TV"  нашр мегардад.

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.