Р.Шоҳмурод:“Зиндониёни кушташуда ислоҳнашаванда буданд”

Р.Шоҳмурод:“Зиндониёни кушташуда ислоҳнашаванда буданд”

    

  Террори давлатӣ ё идомаи қатли омм ва даҳшатафканӣ дар зиндонҳо

 

     Некқадам, Валиҷон ва Абдураҳмон, танҳо се нафар аз шумори 14 маҳбуси кушташуда дар роҳи интиқол аз Хуҷанд ба Душанбеанд,ки расонаҳо тавонистанд, ба таври мухтасар ҳам бошад дар бораи онҳо маълумот ба нашр бирасонанд. Ва,ҳамин маълумотҳо буд,ки далели бардурӯғи вазорати адлия мабнӣ ба “3 хлеби заҳролуд” –ро рӯйи об бароварад. Касеро натавонистам биёбам, ки бигӯяд, бале,бовар кун,маҳбусҳо заҳр хурда мурданд. Худамро ҳам он қадар водор кардам,ки ба заҳролудшавии маҳбусон бовар бикунам, нашуд, натавонистам.Ин як кори комилан ғайриимкон аст,танҳо ба ин далел,ки маҳкумшудаҳо ба ҳангоми “этап” наметавонанд бо худ ғизо бигиранд, аз ҷумла ҳатто хлеб.Дигар ҳам, ҳамон суҳбатҳои наздикони ин се нафари зикршуда аст, ки гуфтанд, “бадани писараш ҷойи солим надошт”, “бинияш шикаста”, “хеле буи бад мекард”, “даруни салафан пури хун” ,”пуштош сиёҳ шудагӣ ..мисли свет мондагӣ”, “ҷасад гарм буд”, “хун аз баданаш шор-шор мерехт”, “бо болға задагӣ”.....ва ва ғайраву ҳоказо....

 

Оё медонед 14 зиндониро барои чӣ куштанд?

онҳо шоҳидони қатли омми“Кирпичний” буданд     

                      

   Инсоф диҳед, кадом одам бо хлеби заҳролудшуда баданаш хуншор мешавад? Хун аз баданаш шор-шор мерезад?

Охир падару модарро чи водор кард,маҷбур кард,ки ба ҳаққи мурдаи фарзандаш туҳмат бандад? Агар назада бошанд, накушта бошанд чаро бигуяд.ки задаанд?

Аслан чаро зада мекушед? Тасаввур намоем, ки онҳоро чи тавр куштанд? Бо чӣ заданд? Олоти кушторашон чи буд? Онҳоро танҳо танҳо куштанд? Чи тавр куштанд? Чи тавр ҷон доданд? Чанд кас онҳоро кушта?

 

Агарки ҳамин тавр буд ва агарки маҳбусон хлеби заҳрнок иллати маргашон буд, чаро аксу навори модари Некқадамро бо зӯрӣ ва таҳдид  гирифта аз телефонаш пок кардед? Чаро мурдаҳоро ба соҳибонашон надодед? Ва,нагузоштед,ки шуставу кафан карда ҷаноза хонда бигуронанд? Чизеро,ки шумо пинҳон кардед, чӣ аст? Чаро дар дафни маҳкумшуда сӣ нафар милисаву амниятӣ ҳузур дошт? Агар ки зери доман чизеро панаҳ карданӣ набудед, чаро нагузоштед,ки падару модарон ва ё фарзанду ҳамсарҳо мурдаҳоро бубинанд? Ҳамин суолҳо ва даҳҳо суоли дигар воқеияти куштори ваҳшатнок ва махуфи маҳбусҳоро барои халқи худо ошкор кардааст.

 

Аммо нуктае,ки дар ин фоҷеаи ваҳшатноки бесобиқа  беш аз ҳама таваҷҷуҳи маро ба худ андармон кард ин аст ки се нафари исм ва ҳолати кушторашон дар матбуот роҳ ёфта, ҳамагӣ бо айби ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъи исломӣ маҳкум шудаанд. Дақиқан муаммо ва муодилаи қатли омми ин навбати маҳбусонро аз ҳамин зовия,яъне бо чи айбе ба зиндон кашидани маҳкумшудаҳои кушташуда мебояд ҷуст. Бубинед, ба фарқ аз маҳбусони кушташуда дар зиндони “Кирпичний”,ки ҳамаашонро бо иттиҳоми исломиёни тундраву ифротӣ кушта ва ҳатто эълон ҳам карданд,ки ҳаққи ин ҷинояткорони тундрави исломӣ марг аст ва бо куштани онҳо ҷаҳонро тоза кардаанд ва амнияти 9 миллион таъмин шудааст,ин навбат моддаҳои ба ин 14 маҳбус задаро  пинҳон доштанд. Ба гумони ғолиб ҳамаи ин 14маҳбуси ба шаҳодатрасонида онҳое ҳастанд,ки бо ҳамин айбу иттиҳом маҳкум шудаанд. Тоҷикписарони намозхону худотарсеанд,ки бо ҳазоруяк туҳмату буҳтон болояшон тамғаи террористу экстремист зада шуда ва бо ҳамин иттиҳом ба зиндон андохта шудаанд.

 

  Аз рӯи суҳбатҳои пайвандони се нафари ёдшуда бармеояд,ки онҳо то қатли омми зиндони “Кирпичний” давраи адои ҷазоро дар ҳамин муассиса мегузаронданд. Баъди ҳодисаи қатли омми мазкур онҳоро ба зиндони низомаш сахти шумораи 3-и Хуҷанд “этап” кардаанд. Аммо бо гузашти беш аз як моҳ дубора ба “Кирпичний” бармегардониданд. Гумони ғолиб ин аст ки иллати аслии куштори ин 14 маҳбус ҳам ба ҳамон барномаи аз қабл таҳия ва ба иҷрогузоштаи қатли омми зиндони “Кирпичний” иртиботи мустақим дорад. Чуноне медонем ва инҷо ишора бар он ҳам кардем, дар зиндони “Кирпичний” маҳбусоне кушта шуданд,ки ҷумлагӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъаи мазҳабӣ муҷрим шинохта шуда буданд. Омили кушторро ҳам Раҳмон ва Ятимов ба ДОИШ алоқаманд карданд. Дар асл ин 14 нафар мебоист  якҷо ва ҳамроҳ бо ҳамон 29 нафар маҳбуси дар “Кирпичний” кушташуда кушта мешуданд. Шояд бо иллат ва далоиле тири киллерҳои воридшуда дар зиндон ба онҳо нарасид, аммо аз онки исми онҳо ҳам дар феҳристи барои куштор ворид шуда ва дар қатли онҳо тасмими худи Раҳмон ва дастури у иттихоз шуда буд, чорае ба ҷуз аз дар роҳ куштан наёфтанд. Ин бор ҷуръат накарданд,ки дигарбора зиндони шумораи №3-и Хуҷанд ва “Кирпичний”-ро бо хуни ин маҳбусон рангин бисозанд ва “корро дар роҳ” ҳал карданд. Кадом шакку шубҳа надошта бошед,ки онҳоро накушта бошанд ва онҳо  дар пайи истеъмоли хлеб масмум ва фавтида бошанд. На! Ҳеҷ гоҳ ин гапи дуруғро бовар накунед. Ин фарзандони мусалмонҳоро куштанд!!

 

  Ва,куштори онҳо ҳадаф ва нақшаи махсусе аст,ки як рӯз не як руз бармало мешавад. Аммо,ман мутмаинам,ки ин қатли оммҳои занҷираӣ дар зиндонҳо рабти мустақим ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар дорад ва ҳадафаш ҳам ҳамоно саркуб ва аз байн бурдани афрод ва шахсиятҳое аст ки дар ҷомеа ва байни мардум эътибор доранд.Инҷо ҳеҷ “разборка”-и генералҳои мухолифи Мансур Умаров нест. Инҷо ҳамаи “санксия”-ҳоро худи Раҳмон имзо кардааст ва Умаров ба ҳайси як вафодортарин саг аз ҷузъиёти қазия огоҳӣ дорад ва ба эҳтимоли зиёд аз муаллифони тарҳи маҳв ва саркуби исломиҳои дар зиндон худи ӯ бошад. Зеро ҳоло зиндонҳои  кишвар табдил ба оппозитсияи Раҳмон шудаанд. Воқеияти феълии кишвар ҳам ин аст ки имруз оппозитсияи Раҳмон дар озодӣ нест. Оппозитсияи ӯ дар зиндон аст. Афроди соҳиби раъйу андешаву ирзу номусро бо баҳонаҳои узвият ва ё ҳамкорӣ бо Салафия, ДОИШ,  Наҳзат ва ғайра дастгир ва ҳабс карда ва бар пояи нақшаи маҳви мусалмонҳои  кишвар кушта истодааст. Ин кушторҳо ҳеҷ кадоме тасодуфӣ нестанд. Барнома ва нақша аст. Исломиҳоро бояд бикушад,мардумро аз ислом дур созад,тарс бидиҳад.Чун танҳо мусулмон аст ки алайҳи истибдод,фасод ва зулм муқовимат хоҳад кард. Шумо ба ҳарфҳои Рустами Шоҳмурод,вазири адлияи Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ бишавед,ки  дар конфаронси хабариаш чӣ гуфт? Гуфт афроде,ки бо иттиҳоми робита ва пайвастан бо созмон ва ташкилоти тундрав ва ифротӣ зиндонианд ислоҳ намешаванд ва шуданӣ ҳам нестанд: “рӯирост мегӯям,то ҳамин рӯз ба чанд нафараш сарукор гирифтем,аз роҳ гардонидани онҳо ба тариқи суханрониву сухангӯӣ ман надидам ин чизро.Бениҳоят душвор аст бо инҳо кор кардан. Дар ҳодисаҳои ахир онҳо хусусияти ифротии худро нишон доданд”. Сармақоларо аз хулосаи мафҳуми вазири адлия гузоштем.Мафҳуми суханонашҳам ҳамин буд,то бигуяд мо дар қатли оммамон иштибоҳ накардаем.

  Ин ҳамин тавр як ҳарфи хушку бадоҳатан ба сари забон омада нест. Ин ҳамон “санксия” ва “диагноз”-е аст,ки натиҷааш куштори дастаҷамъии инсонҳои мазлум дар зиндонҳои Хуҷанд, Ваҳдат ва дар роҳ буд,ки ҳамагон шоҳидаш ҳастем.

 

  Бо тамоми азобу шиканҷа,задан, куфтан, бар барқ мондан дар замони боздошт, тафтишот ва муҳокима “ исломиҳо”-ро азият ва озор доданд ва сипас дар зиндонҳо онҳоро таҳти шадидтарин шароит, танҳо 9 маротиба онҳоро “приверка” карданро нигоҳ доштанд. Яъне шикастанду тикаву пора карданд. Аммо онҳо  боз ҳам  ончики ҳукумат мехоҳадро накарданд, боз ҳам намоз хонданд,руза гирифтанд, бенамозу берӯзаро.... Ҳамаи ин маълумот ба Раҳмон бурда ва расонида мешуд. Раҳмоне,ки ба маҳзи онки қудратро раҳо накунад, болои ҲНИТ туҳмату буҳтон зада онро аз саҳнаи сиёсӣ берун кард, бо шунидани ҳамчунин маълумот бори дигар алайҳи ислом ва исломиҳо ба ҷангу ҷидол хест ва дастур дод,ки зиндониҳояшро маҳв ва нобуд бисозед. Чун ба хулоса ва натиҷае омад,ки чорае надорад, ҷуз онки онҳоро бикушад. Яъне онҳо-исломиҳои маҳкум ва маҳбусшуда гапи Раҳмонро нагирифтанд ва аз тоату итоати Худо даст накашиданд. Раҳмон бар ин бовар шуд,ки агар онҳо ҷавоб шаванд, дар озодӣ ба корҳое даст мезананд,ки барои ҳокимият ва ҳукумати ӯ мушкил ва масъаласоз мешаванд. Барои ҳамин Раҳмон бояд исломиҳои дар зиндонҳоро ба қатл бирасоанд,то инки орому осуда Рустамро ҷойгузини худ бисозад ва худ, то охири умр Асосгузори сулҳу ваҳдат бошад.Аз ин ҷо аст ки бисёри мегуянд,ки маълум нест боқии ба ном “тундравону ифротиён” аз зиндонҳо зиндаву саломат берун хоҳанд омад ё хайр? Ҳадди ақал бо куштани ин 14 нафар Раҳмон ва Ятимову Умаров шоҳидони асосии қатли омм дар зиндони “Кирпичний”-ро маҳв карданд. Зеро ин маҳбусон ҳам дар даруни ҳодисаи куштори зиндони “Кирипичний” буданд ва шоҳид буданд,ки чи тавр бо автомати Калашников зиндониҳоро аз дами тир гузарониданд.Ман ба ин кори онҳо, ки аҷсоди зиндониҳоро  дарида аъзои бадани онҳоро фурухта бошанд ҳам шак надорам. Зеро онҳо ба ҳар кори бадтар аз ин ҳам қодиранд. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки ҳамаи аҷсоди зиндониҳо дарида  ва аъзои дарунии онҳо гирифта шудааст.

 

   Ва, як нуктае дигар ҳам,ки куштори ахири зиндониҳо дар роҳ тибқи нақша ва ҳамоҳангшуда буд ин аст ки мақомот метавонистанд  далели кушторро дигар чиз, чизе,ки эътимодбахш бошадро бигуянд. Аммо ҳамин тавр як дуруғи бемаънӣ ва ҳеҷ кас боварнамекардагиро гуфтанд ва ҳадафшон  ҳам ҳамин аст ки бигзор дар кишвар сару садо паҳн шавад,ки ҳамаи мурдаҳо исломӣ буданд, намозхон буданд, то дар берун аз зиндон дигарҳое,ки ҳанузам аз роҳу ақидаи худ нагаштаанд, битарсанд ва сар фуруд оваранд. 

    

   Ҳеҷ ҳукумате ин корро карда наметавонад, магарки аз роҳи хунрезӣ ва одамкушӣ ба сари қудрат наомада бошад. Дуруст ҳамин Раҳмон, ки бо роҳи хун ва аз болои хуни тоҷикҳо сари қудрат омадааст. Вагарна, агар ҳадаф эълом ва рекламаи қатли исломиҳо набуд, ва агар ҳадаф эҷоди тарсу ваҳшат ва террори давлатӣ набуд метавонистанд,ки дар роҳ аз Майхура то Душанбе,ки қариб 80 километр аст, зиндониҳои заҳролудшударо наҷот диҳанд.

 

    Нафари масъул барои “этап”,ки корманди Мансур Умаров аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аст лаҳза ба лаҳза тавассути бесим (ратсия) вазъи “конвой” ва роҳро иттилоъ медиҳад. Агар қасд доштанд,ки онҳоро зинда ва саломат бирасонанд, метавонистанд дар ҳамон лаҳазоти аввали заҳролудшавӣ дар беморхонаҳои Варзоб ёрии тиббӣ бирасонанд. Аммо кадом заҳру заҳролудшавӣ ҳам набуд ва ҳадаф ҳам куштори онҳое буд,ки мебоист дар шумори 29 зиндонии “Кирпичний” дар моҳи май кушта мешуданд.

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.