Раҳмон:“ артиш мактаби мардонагӣ” ва “уҳдадории конститутсионӣ”

Раҳмон:“ артиш мактаби мардонагӣ” ва “уҳдадории конститутсионӣ”

 

   Садҳо нафар аз сарбозоне, ки мӯҳлати ҳатмии хидмати дусолаи ҳарбӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба поён бурдаанд, наметавонанд ба хонаҳои худ мураххас шаванд. Раванди мураххасии сарбозони тоҷик аз воҳидҳои низомӣ, ки ҳамзамон бо фарохони наваскарон оғоз меёбад, барои бори аввал нест, ки ба таъхир уфтода боиси ҳарҷу марҷ ва нигаронии  падару модарони онҳо мешавад. Иллати аслӣ ҳам он аст ки нақшаи даъват ба Нерӯҳои Мусаллаҳ бо карахтӣ ва кундӣ ва он ҳам аз тариқи ҷалби иҷборӣ ва ё ҳамон “облава” ба иҷро мерасад. Дар бештарини ҳолат ҷавонон тарҷеҳ медиҳанд, ки ба ҳангоми маъракаи даъват ба аскарӣ Русия бираванд, то битавонанд  ҳам аз чанги “облава” наҷот ёбанд ва ҳам ҳарчи зудтар барои  таъмини рӯзии худ ва хонаводаҳояшон маблағ ба даст оваранд. Зеро бо истодан дар ватан онҳоро ҳам “облава” таҳдид мекунад ва ҳам бекорӣ. Аз ин ҷост ки онҳо огоҳона ва бо дарки ҳушмандонаи воқеият муҳоҷиратро бар хидмати сарбозии беҳуда тарҷеҳ медиҳанд. Ин ҷавонони огоҳ ба дурустӣ пай бурдаанд, ки хидмат дар артиш барои онҳо кадом манфиате нахоҳад дошт. Балки ду соли умри ҷавони худро беҳуда ва бар ҳадар аз даст хоҳанд дод, дар ҳоле ки дар канори онҳо дар хидмат бачаи ҳеҷ яке аз вазиру раис, ки ғарқа дар зиндагии пурзарқу барқанд, нестанд.

 

  Аммо Э. Раҳмон, раиси ҷумҳур, ки ҳамзамон Сарфармондеҳи кулли Қувваҳои мусаллаҳ ҳам ҳаст, дар ҷараёни сафари шармандавори худ ба Русия дар мулоқот бо диаспораҳои тоҷикӣ ин гуна ҷавононро “хизматгурез” унвон карда аз намояндагони тоҷикони муқими Русия хоҳиш кардааст, ки ба ҷавонон “фаҳмонанд”:

 

    “Ҳастанд ҷавононе, ки ҳангоми расидан ба синни хизмати ҳарбӣ бо роҳҳои гуногун Тоҷикистонро тарк карда, аз ҷумла ба Русия мераванд” ва дар идома афзудааст, ки ... “ба чунин ҷавонон фаҳмонед, ки хизмат ба Ватан-модар уҳдадории конститутсионии ҳар як шаҳрванд ва мактаби мардонагӣ буда, аз адои хизмат ба сарзамини аҷдодӣ саркашӣ кардан рафтори ҷавонмард  нест”.  

 

      Чанде аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикӣ, ки аз солҳои пеш бо онҳо робитаи дӯстона ва корӣ дорам гуфтанд, ки сӯҳбатҳои Раҳмон дар мавриди  хидмати сарбозӣ ва “ҷавонони саркаш” ва инки хизмати аскарӣ “уҳдадории конститутсионӣ” ва ”мактаби мардонагӣ” аст, аслан ба гӯши касе надаромад ва агар ҳам ки даромад ҳатто аз толор набаромада ба дасти фаромушӣ супорида шуд. Чунки  роҳбарони диаспораҳо ҳам хуб огоҳанд, ки артиш ва хидмати аскарӣ наҳва ва шева ҷараён дорад. Даҳҳо нафар аз навҷавонон дар сафи ин артишт кушта ва ё ба худкушӣ расонида шудаанд, ва дар аксарияти қисмҳои ҳарбӣ онҳо аз ҷониби ба истилоҳ “дед”-ҳо зери латту кӯб қарор гирифта мавридҳое ҳам ҳастанд, ки маълул ва маъюб шудаанд. Гузашта аз ин, дар бештари ҳолатҳо ин ҷавонон дар ҳолати гуруснагӣ қарор доранд ва дар танашон ҳам либоси дурусту ҳисобӣ нест. Командирони қисмҳои ҳарбӣ аз ин сарбозон ба ҳайси мардикор ва ғулом истифода мекунанд. Онҳоро аз саҳар то бегоҳ барои хизмати  сокинони деҳоти атрофи қисми ҳарбӣ водор мекунанд. Сарбозии онҳо бо хиштрезӣ, алафдаравӣ, себчинӣ, деворзанӣ ва аз ин гуна корҳо дар хонаҳои мардум ба итмом мерасад ва пули кори онҳоро табъан, ки командир ба ҷайби худ хоҳад зад. Яке аз ин роҳбарони диаспораҳо гуфт, ки ҷияни ӯ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Горди миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ду сол хидмати сарбозиро ба анҷом расонидааст. Тайи хизмат танҳо ба хиштрезӣ машғул будааст ва ҷияни ӯ ва чанд нафари дигар садҳо ҳазор хишт рехтаанд, ки командири қисми ҳарбӣ он хиштҳоро ба мардуми деҳа, ки навбунёд буда, мефурӯхтааст. Бадтар аз ин ду навбате, ки барои рухсатӣ омадааст, ба командир пора дода маблағи роҳкирои раву баргашташро     ( командировочний)  ҳам худи командир гирифтааст. Ӯ бо пули фиристодаи падару модараш либоси мулкӣ харида ба “отпуска” меравад. Вақте бармегардад он либосҳоро командир аз ӯ мегирад. Бори дуввум ҳам ӯ ки “рухсатӣ” меравад, боз ҳам аз нав сару либос мехарад. Хоҳ бовар мекунед хоҳ не, ин бор ҳам ҳарчи дар тан дошт, то туфлиашро командир аз они худ мекунад. Вақте ҳам ки мӯҳлати хидмат адо мешавад, барои зудтар  ҷавоб шудан командир аз ӯ 500 сомонӣ мегирад ва боз ҳам ӯ бо сару тани мулкӣ, ки бори саввум харида буд ба хона меояд. Ҳамин бародар афзуд, дар ҳоле ки чунин вазъу чунин ҳол вуҷуд дорад, магар бо чӣ рӯе Ҷаноб аз “мактаби мардонагӣ” ва “уҳдадории конститутсионӣ” ҳарф мезанад. Куҷои чунин артишро мешавад мактаби мардонагӣ гуфт?

 

   Зимнан суоли дигар ҳам ин аст ки агар хидмати аскарӣ “уҳдадории конститутсионӣ” бошад, Раҳмон метавонад бигӯяд, ки писарону набераҳояш то куҷо онро ба иҷро расониданд  ва дар кадоме аз воҳидҳои ҳарбӣ адои хидмат карданд? Ва, дигар ҳам ин аст ки конститутсия ва қонунро ӯ кай муроот карда буд, ки барои дигарон улгу ва намуна бишавад. Конститутсияи  Тоҷикистон як санади таҷовузшуда аст ки таҷовузгараш ҳам Раҳмон аст ва барои мардуми тоҷик он на як санади мӯътабар ва на “бахтнома”, балки як латта, як коғази беарзиш ва зиёдтар аз ин як “ҳукмнома”-и нангин аст. Қонуни асосии Тоҷикистон дар асл як зине аст ки ҳар бор Раҳмон хост онро бар болои маркаби худ мегузоад ва ҳар гоҳ хост иваз мекунад. Барои ҳамин, мегӯяд ин дӯсти ман, аз “уҳдадории конститутсионӣ” ҳарф задани Раҳмон маъно надорад.

 

Аммо воқеият ин аст ки раванди фарохон ва ё даъват ба аскарӣ солбасол барои Раҳмон ва режими ӯ бо ҳазору як машаққат хотима меёбад. Вале имсол назар ба солҳои пешина боз ҳам душвортар шудааст. Кор то ба ҷое кашидааст, ки дар Исфара кормандони милиса ва КГБ падару модаронро дар деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳ  ба ҳабс гирифта ултиматум мондаанд, ки то фарзандонашон аз Русия омада хизмат накунанд, озод намешаванд.

 

  Дар ноҳияи Панҷекат раиси шаҳр 6 нафар аз раисони ҷамоат ва кормандони вобаста ба даъватро барои иҷро накардани плани сарбозгирӣ аз кор пеш кардааст. Вақте мо дар ин бора навишта ҳушдор додем, ки аз “облава” кор нагиред, моро бо ҳазору як айбу иттиҳом посух доданд, ки ин ҳама ҳарфҳо дар бораи “облава” дурӯғ аст ва воқеият надорад. Аммо аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мешавад бармеояд, ки “облава” дар саросари кишвар ба таври ваҳшиёна  идома дорад. Аҷзу заъфи мақомот аст ки аз номи модарону хоҳарони Воруху Чоркӯҳи Исфара “фабрикаи ҷавоб” наворҳо сабт карда  аз ҷавонон даъват карда истодааст, ки хизмати ҳарбӣ раванд. Ва ҳатто писари кадоме аз он бечораҳои ҳабсшуда аз Русия баргашта омада ва дар навори видеоие мегӯяд ӯ аз Русия бо хоҳиши худ ва ихтиёрӣ бозгашта ва ҳоло ба хизмат меравад. Дақиқан, ки ин кори мақомоти интизомист. Вагарна чи ҳоҷат аст ки ин ҷавон дар интернет навор пахш кунад, ки артиш меравад. Чаро бояд навор бисозад ва ба интернет бигузорад? Ва, дигар инки агар фишор болои волидонаш набуд, ҳеҷ гоҳ ин ҷавон худаш билет гирифта ва он ҳам дар айни шурӯъи нави мавсими кор  бозгардад, то ки ба хидмат биравад. Касе ба ин бовар намекунад.

 

   Инки Раҳмон масъалаи аскариро то ба Маскав бурд ва аз тоҷикони муҳоҷир хост кӯмакаш кунанд, баёнгари он аст ки дучори мушкили сахт шудааст. Хуб, инро бояд бипазирад, ки ҳоло ҳама ва на танҳо ӯ, дар шароит ва замони иқтисоди бозор  ба сар мебаранд. Ва ҳама чиз, аз ҷумла ду соли умри як ҷавон ҳам арзиш дорад. Ӯ намехоҳад умри худро талаф ва зоеъ кунад, дар ҳоле, ки хуб медонад Раҳмон ҷойи онки писарашро ба сарбозӣ фиристад, дар ҷойи худ раиси ҷумҳур карданист. Зеро бо ин васила мехоҳад Рустамро беш аз пеш “сертар”кунад. Пас, ин ҷавони камбағалбача ҷавонии бе ин ҳам матрук ва бидуни ояндаашро чаро сарфи ҳимоят ва ҳифозати Раҳмон ва бачааш бикунад, ҳадди ақал биравад муҳоҷирату пул кор кунад, барояш беҳтар нест? Ин қоида ва табиати низоми иқтисоди бозорӣ ва олами сармоя аст.

 

   Вале дар ин миён барои Раҳмон ва ҳукумати ӯ “газетаи  мардумӣ”-и “СССР” як роҳи беҳтарини халосӣ аз “облава”-ро пешниҳод кардааст. “СССР” навиштааст, ки ... “ бо Русия шартнома бастан лозим, ки тоҷикони хидматкардаро ба кор гирад, “и всё”!  Вале ин журналист- мушовир- ғамхори ҳукумат як чиро фаромуш кардааст, ки артиши Тоҷикистон бигзор 20 ва ё 25 ҳазор сарбоз дорад. Аммо шумори даъватшавандаҳо, ҷавонони 18-27сола аз ниммиллион камтар набояд бошад. Ва ин 20-25 ҳазор ҳам аз чаҳор як ҳисссашон дар мавсим иваз мешаванд. Хуб, ки чунин қарордодро агар ҳам “шарики стратегӣ”, ки Пешвои миллатамонро  ба як тарзи шармовару иҳонатомез истиқбол ва бадрақа кард қабул карду имзо гузошт( ҳеҷ гоҳ ин кор нахоҳад шуд ва шуданӣ ҳам нест) пас ин ҳама ҷавонмардон куҷо кору нон биёбанд? Магар дар боғи бобои Ғулом? Чоплусиву лаганбардорӣ аз ин беш намешавад, муҳтарам журналистони  “СССР”.

 

    Бо ин ҳол, ҳоло дар қисмҳои ҳарбӣ садҳо нафар аз сарбозони  фурсат ва марҳалаи “дембл” –ро ба поён расонида лаҳзашуморӣ доранд, ки рухсат шуда  хона ба хона шаванд. Аммо на фатвои Саидмукаррам ва на хоҳиши Раҳмон аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикӣ  ва на наворҳои модарони исфарагӣ таъсире ба даъвати ҷавонон ба аскарӣ нагузоштааст ва боз ҳам милисаву прокурору военкомату амнияту раиси ҷамоаву имомхатибҳо шабу нимшаб, дар кучаву бозор ҷавононро шикор карда зӯран ба аскарӣ бурда истодаанд. Аскарие, ки бо “облава”  пур мешавад.Дар мавриди ончи имрӯз расонаӣ шуд худ шаҳодати ончӣ дар боло гуфтемро менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.