Раҳмонов боз Тоҷикистонро торикистон кард

Раҳмонов боз Тоҷикистонро торикистон кард

 

           Тоҷикистон боз ҳам бо бебарқӣ дасту панҷа нарм мекунад

 

   Раҳмонов ин бор ҳам мардуми тоҷикро фиреб дод. Вай на як бору ду бор ваъда дода буд,ки ду сол пас, се сол пас мардум аз танқисии нерӯи барқ халос мешавад ва ҳатто чанд бор ҳам гуфт,ки бебарқӣ дар Тоҷикистон ба афсона бадал шуд.Аммо дуруст баракси ин қавлу ваъда, ба назар мерасад,ки бо фаро расидани сардиҳо боз ҳам азобу азияти “бесветӣ” дубора дар гиребони мардуми тоҷик чанг мезанад. Агарчанде ки эълон накардаанду намекунанд, тибқи иттиллои ба мо расида беш аз 10 рӯз аст ки дар манотиқи Тоҷикистон нерӯи барқ бо лимит дода мешавад ва  маълум аст ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” мисли ҳамеша ба мардум кадом тавзеҳе дар ин бора намедиҳад.Аммо бархе аз онҳо баҳона пеш овардаанд,ки “корҳои тармиму профилактикӣ” дар ҷараён аст ва дар зудтарин вазъияти таъминоти барқ ба ҳолати муқаррарӣ бар мегардад. Вале маълум нест, ки корҳои тармиму профилактикӣ дар нерӯгоҳи Норак сар шудааст аст ва ё дар ду чархаи Роғун,ки ҳоло як сол ҳам кор накардааст ва набояд ниёз ба тармим дошта бошад.

 

  Ҳоло ки ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ҳам ба истифода дода шуд, ду стансияи аловӣ (ТЭЦ)дар Душанбе низ бар ивази садҳои миллион доллар аз тарафи ширкатҳои Хитой сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, пас сабаб чӣ аст, чи буда метавонад,ки аҳолӣ дар оғози фасли сармо боз ҳам дучори норасоии рӯшноӣ ва гармӣ мешавад? Чаро боз ҳам қувваи барқ ба аҳолӣ ва корхонҳо бо реҷа ва таври маҳдуд дода мешавад. Пас, барқе,ки тайи ду соли ахир дар ҳаҷму тавозуни низоми энергетикии кишвар изофа шуд, куҷо меравад? Он ҳама маблағҳое,ки барои бунёди Роғун харҷ гардид ва он ҳама конҳои тиллои мансуб ба миллат,ки бар ивази сохтмони ТЭЦ ҳо ба хитоиҳо дода шуд, чи шуд.ки мардуми бечораи тоҷик боз ҳам бебарқу гармӣ аст? Кӣ манфиат ва роҳати барқи афзуда ба бозори нерӯи барқи мамлакатро дида истодааст. Барқи мутааллиқ ба халқи тоҷик бударо кӣ ва ба куҷо тиҷорат карда истодааст?Ин дузд кӣ аст, ки рушаноӣ ва гармии мардумро гирифта, соҳиби молро аз моли худаш маҳрум карда истодааст. Чаро ин дуздро,ин муттаҳамро касе аз мақомоти интизомӣ дастгир карда бар зиддаш делои ҷиноятӣ боз намекунад?

 

  Ҳама медонем,ки ин дузди зӯр кӣ аст, халқи тоҷик бо ҳазору як азобу азият рӯз гузаронад, аммо вай сарвату сармоя,пули барқи мансуб ба миллатро ба ҷайбаш бизанад.

 

Ҳамин ду,се рӯз пеш буд,ки Раҳмонов эълон кард,ки то ҳамин имрӯз барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби бюҷети давлат 24 миллиард сомонӣ,ки ҳудуди дуввуним миллиард долларро ташкил медиҳад, масраф шудаст. Бо ин маблағ ду чархаи нерӯгоҳро ба кор дароварданд.  Дар ҳоле,ки  ҷиҳати  анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ бо ширкати итолиёвии “Salini impregilo SpA”ба маблағи 3,9 миллиард доллар қарордод ба имзо расидааст.Ёдатон бошад мо дар як навиштаи худ бо далелу санад исбот намуда будем,ки то ҳамин сол  барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун севуниммилард доллар,ки беш аз сиву панҷ миллиард сомонӣ мешавад харҷ кардааст. Раҳмон вақте 24 миллиард гуфт танҳо маблағи сарфшуда аз бюҷетро зикр кард. Аммо вай аз манбаъҳои дигари бузурги пулӣ,ки барои корандозии танҳо ду чархаи Роғун  сарф шудааст ҳарфе ба забон наовард. Дар ҳоле,ки он маблағҳоро мардум хуб медонанд.Бар изофаи ин 24 миллиард сомонӣ Раҳмонов ба маблағи ниммиллиард доллар евробонд-авроқи гаронарзишро барои муштариён дар Урупо ва Амрико фурӯхта маблағи онро низ гӯиё харҷи нерӯгоҳ кардааст. Аммо ин миқдори маблағ солона 7,2 дар сад фоиз-просент мехурад.Ростӣ дақиқан намедонем,ки баъди чанд муддат ин пулҳо ба “фоизхурӣ” сар мекунанд, аммо 7,2 дар сад аз панҷсад миллион доллар сифри саҳлу кам нест,ки дар сурати судовар нашудани Роғун давлат ногузир аст онро ҳам аз ҳисоби бюҷет-ҷайби халқи тоҷик  бипардозад.  Ин ҳам дар ҳоле аст ки ҳаҷми хидматрасонӣ ба қарзҳо ва ё ба забони одии авомона “протсентҳо”-и қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст ва ин рақам ҳанӯз дар соли 2016 аз 100 миллион доллар боло буд.

 

Мутаваҷҷеҳ бошед, эй мардуми азиз,ки мо ҳоло “фоиз”-и қарзҳои гирифтаи Раҳмонро солона то ҳудуди яксаду панҷоҳ- дусадмиллион доллар баргардонида истодаем. Сарчашмаи ин дусад миллион доллар аз куҷо аст? Медонед? Ин ҳамон боҷу андозҳо аст ки рӯз то рӯз бештар ва гаронтар шуда истодааст, ин ҳамон баҳои нерӯи барқ аст ки солбасол боло рафта истодааст.Дусад миллион доллари протсенти қарзҳои хориҷӣ баробар ба даҳ дар сади бюҷети давлатиро дар сол ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки тибқи гузоришҳои муассисаҳои молиявии байналмилалӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ дар шароити феълӣ қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба андозае аст,ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон 300 доллар дар гарданаш қарз дорад. Инҷо кадоме истисно нест, аз мӯсафеди пир то тифли навзод.

 

  Манбаъи дигаре,ки барои нерӯгоҳи Роғун  ба истифода дода шуд ин 80 миллион доллар пули аз филизот ва сангҳои гаронбаҳо дар соли 2018 ба фурӯш бароварда аст,ки аз захоири давлатӣ гирифта шуд.Бидуни шакку шубҳа инҷо ҳам миллионҳо доллари мансуб ба миллат ва мардум ба яғмо бурда шудааст, чун тамоми амалиётро худи  Раҳмонов ва Ҷамолиддин Нуралиев,муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди Раҳмонов ташкил ва зери назорат доштанд.

 

  Аммо манбаъ ва ё пули дар ҳаҷми бузурги дигар, ки барои сохтмони Роғун харҷ шудааст, ҳамон маблағҳои аз фурӯши иҷбории саҳмияҳо ба даст омада мебошад,ки дар соли 2010 сурат гирифта буд. 186 миллион доллар маблағи “саҳмияҳо” буд,ки ба роҳи маҷбурӣ аз аҳолӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ тоҷирон ва ҳатто нафақахӯрону маъюбону талабаҳои мактаб,донишҷӯён гирифта шуда буд. Аз ҷумла маблағҳи ҲНИТ,раиси он ва низ Зайд Сайидов, тоҷири муваффақи зиндонӣ,ки гуфта мешавад ба як миллион доллар саҳмия харида буданд.

 

Аммо кор дар ин сохтмон на ба он тарзе идома дорад,ки дар шабакаҳои телевизионӣ воҳима мешавад.Соли ҷорӣ дар ин нерӯгоҳ садама ба вуҷуд омад ва марҳалаи ифтитоҳи чархаи дуввуми онро аз апрел ба сентябр ба ақиб андохтанд.Хабарҳо аз он далолат мекунанд,ки барои рафъи ин садама садҳо ҳазор доллар аз ҳисоби давлат масраф шудааст. Баъд аз  ошкор шудани дуздӣ ва фасодкорӣ дар нерӯгоҳ марҳалаи дуюми фурӯши евробондҳоро кишварҳои урупоӣ рад карданд. Далели радди онҳо ҳам ҳамин садама ва низ ояндаи норушани нерӯгоҳ арзёбӣ шудааст. Аммо як манбаи огоҳ гуфт дар асл ношаффофии истифодаи маблағҳои сарфшуда ба нерӯгоҳ боис шудааст,ки аз идомаи харид урупоиҳо даст бикашанд.Зеро тамоми кори нерӯгоҳро ширкати “Роғунгэсстрой”,ки чанд соли қабл ба давлат тааллуқ дошт ва дар як музоядаи машкук ва ба ҳазорҳо маротиба пойинтар аз баҳои худ Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов харида ва хусусӣ кардааст бар дӯш дорад. Дар ҳоли ҳозир ҳам тамоми маблағу муҳосибот ва ашёву масолеҳ ва то лаборатарияҳои  Роғун дар дасти Ҳасан аст. Солона аз бюҷети давлат то 250 миллион доллар ба ин нерӯгоҳ ҷудо мешавад,ки Ҳасан онро обу лой мекунад.Дуздиву ғорат ва изофанависӣ дар нерӯгоҳро дар соли 2016 Оҷонси мубориза бо фасод ба маблағи 185 миллион сомонӣ ошкор кард, аммо кӣ ҷазо гирифт маълум нашуд. Зеро чуноне гуфтем Роғун ва пули он дар дасти Ҳасан Асадуллозода аст.

 

 Аммо на танҳо мушкили дуздиву ғорат аст ки Роғун ва ояндаи онро норушан карда аст ва имрӯз боз ҳам аҳолии Тоҷикистон бо бебарқӣ дасту панҷ нарм мекунад. Дигар чизе ки мояи нигаронии ҷиддӣ шудааст ин аст ки Покистон  дархости бознигарии қарордод барои харидуфурӯши барқи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи CASA-1000ро карда истодааст. Покистон харидори асосии нерӯи барқи Роғун маҳсуб мешуд.Ҳамчунин тавассути қаламрави он барқи Тоҷикистон ба Ҳиндустон мерасид. Аммо ҳоло Покистон ошкоро эълон кард,ки танҳо дар фасли тобистон  аз Тоҷикистон барқ мегирад ва дар зимистон бар иваз барқ медиҳад. Яъне муомила бо усулӣ бартер,на пул. Узбекистони ҳамсоя ҳам бо ҳамин усул аз Тоҷикистон нерӯи барқ мехарад. Аз тарафи дигар Узбекистон бо бунёди чанд нерӯгоҳи ҳароратӣ бозори нерӯи барқи  Тоҷикистонро  дар Афғонистон гирифтанӣ аст.

 

Дар оғози имсол,дар моҳҳои март ва апрел ҳам нерӯи барқ ба аҳолӣ бо лимит дода шуда буд. Он вақт ширкати “Барқи тоҷик” бо як берӯӣ ва беҳаёӣ эълон кард,ки мардум қарздоранд, то қарзро барнагардонанд, нерӯи барқ дода намешавад. Ҳамон вақт гуфта буданд,ки танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ се баробар аз ҳамин давраи соли гузашта барқ ба хориҷа содир кардаанд,ки баробар ба 9 миллион доллар аст.Ҳамин ҳоло ҳам иллати ҷорӣ кардани лимит ба аҳолӣ фурӯши барқ ба Афғонистон ва Узбекистон аст ки пули аз ин содирот ба даст меомада мустақим ба суратҳисобҳои оффшории Раҳмонову хонаводааш ба хориҷа меравад.Ин ҳам дар ҳоле аст,ки макотибу беморхонаҳо, ҳазорҳо, ҳазор мағоза, ошхона, тарабхона, амборҳои ҳифзи маҳсулоти ниёз ба яхдондошта зарарҳои молиявӣ дида истодаанд. Табибон барои ҷарроҳӣ ноилоҷ мемонанд, ҷони одамҳо дар хатар аст. Аз сабаби бебарқӣ маҳсулоти ширӣ: ҷурғот, кефир, шир, творог, панир, сметана ,қаймоқ ва яхмоси дуконҳо  нобуд мешаванд, мардум зарар дида истодаанд,аммо Раҳмонов парво надорад ва бизнеси худро идома дода истодааст. Чуноне гуфтам, дар соли ҷорӣ ин барои бори дуввум аст ки нерӯи барқ бидуни кадом огаҳӣ ва эълон бо реҷаи маҳдуд ба аҳолӣ дода мешавад. Дар оғози баҳори соли ҷорӣ шурӯъ аз моҳи март то нимаи апрел, дар шароите,ки мардум тамоми захоири барои зимистонгузаронии худро сӯхта ба охир расонида буд, дар шабонарӯз 16 соат нерӯи барқро қатъ кард.Ҳоло суол ин аст ки аз фаъолияти ду чархаи Роғун ҳам ба мардум чи суде расид? Чаро ба ҷойи онки мардум бо барқ таъмин бишаванд, боз ҳам бо маҳдудият ва танқиси барқ рӯбарӯ мешаванд.

 

 Тайи якуним соли ахир Раҳмонов ду маротиба нархи нерӯи барқро боло бардошт. Ҳоло аҳолӣ наздик ба се сент ё 22 дирам ба як квт пардохт мекунад. Аммо Раҳмонов сари худро пинҳон кардаву бидуни онки азоби виҷдон бикашад, шарм кунад, чармеро ба рух кашида ва ба ҳамсояҳо барқи ҳисса ва саҳми мардумро фурӯхта истодааст. Як бор намеандешад, ба ёд намеоварад,ки чандин бор гуфт,ки бебарқӣ дар Тоҷикистон афсона мешавад. Бале бебарқӣ дар Тоҷикистон, то имрӯзҳо афсона не, балке ҳақиқатест раднопазир. Чунонеки Раҳмонов гуфта буд “бе барқӣ барои мо рӯзе афсона мешавад” ҳеҷ неки он бе барқӣ барои ин миллат ба афсона мубаддал шавад ва ҳамоно бистуандсолест давомдорад.....

 

   

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.