Роғун чаро ба ин ҳолати садамавӣ дучор шуд?

Роғун чаро ба ин ҳолати садамавӣ дучор шуд?

 

 

Беш аз 35 миллиард сомонӣ ва ё севуним миллиард доллари халқи тоҷикро Раҳмон ва бастагони ноуҳдабарои дуздаш барбод доданд.Роғун на танҳо аз по уфтод, балки дучори садамаи марговаре шудааст, ки маҷбур сохт то обанбори онро комилан холӣ бикунанд. Дар оғоз ҳаҷми маблағи харҷшуда дар ин неругоҳро зикр хоҳам кард, ки аз манобеи расмӣ:- вазорати молия, неругоҳи Роғун, Кумитаи омор ва расонаҳо гирдоварӣ шудааст:

 

 Маблағҳое, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун сарф шудааст:

 

     Маблағ аз буҷҷаи ҷумҳурӣ:

 

2007 то 2009 ----684,2 миллион сомонӣ

Соли 2010----641 миллион сомонӣ

Соли 2011---- 812.7 миллион  сомонӣ

Соли  2012----  1 миллиарду 100 миллион сомонӣ

Соли 2013----946 миллион сомонӣ (108 миллион доллар  946 миллион) 

Соли 2014 ----1 миллиарду 354 миллион сомонӣ 

Соли  2015----- 1 миллиарду 650 миллион сомонӣ

Соли 2016 ----1 миллиарду 900 миллион сомонӣ 

Соли 2017-----1 миллиарду 700 миллион сомонӣ (доллар 9 сомонӣ)

Соли 2018-----2 миллиард  сомонӣ (227 миллион курс 8,81)

Соли 2019-----2 миллиарду 100 миллион сомонӣ

 

Маблағи саҳмияҳо аз ҳисоби мардум, ки дар соли 2010 маҷбурӣ фурӯхта шудааст:

 

  794,4 миллион сомонӣ ё муодили 186 миллион доллар арзиши саҳмияҳои фурӯхта шуда аст.  Бар пояи иттилои вазорати молия аз ин миқдори маблағ, ки дар бонкҳо гузошта шуда буданд, дар соли 2013, 70 миллион ва дар соли 2015, 56 миллион сомонӣ баҳра ба даст омадааст. Давоми солҳои 2010 ва 2011,ки маърака ва ҳашари умумии пулғундорӣ ба роҳ монда шуда буд, аз ҳисоби муассиса ва корхонаҳо 25,1 миллион кӯмаки молиявӣ, аз ҳисоби маблағҳои озоди ташкилоту муассисоти буҷавӣ 46 миллион ва ҳамчунин аз ҳисоби бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ 41,3 миллион сомонӣ ба корҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун масраф шудааст.

 

   Ва, дигар инки дар соли 2018 аз ҳисоби фурӯши филизот ва сангҳои гаронарзиш ,ки дар хазинаи давлатӣ нигаҳдорӣ мешуд 749 миллион сомонӣ ё баробар ба 80 миллион доллар харҷ шудааст.

 

  Маблағи авроқи гаронбаҳои давлат, ки дар бозори Урупо ва Амрико  барои Роғун ба фурӯш баровард, яъне евробондҳо дар ҳаҷми 500 миллион доллар низ барои сохти ин нерӯгоҳ масраф шуд, ки солона 7,2 дар сад бояд Тоҷикистон баҳра ва ё фоизи ин пулро баргардонад. Ин маблағ ва маблағи саҳмияҳо, ки наздик ба 700 миллион долларро ташкил медиҳад бо маболиғи харҷшуда аз буҷҷаи давлат беш аз севуним миллиард доллар баровард шуд ва аз ин ҷост, ки мо бо қотеъият зикр кардем, Раҳмон ва хешовандони чун худаш дузд, Роғунро мисли бақия иншооти ҳаётии кишвар ба манбаи бойшавии худ мубаддал кардаанд.

 

                                       Чаро Роғун аз по  уфтод?

 

     Барои он Роғун аз фаъолият монд ва аз пой уфтод, ки девори обанбор кафида имкон ва тавони ҳифзи об ба сифр баробар шуд. Манобеи огоҳ мегӯянд, ҳанӯз қабл аз маросими ифтитоҳи чархаи аввал, яъне пештар аз рӯзи 16 ноябри соли 2018 дар банди обанбор дарз ва рахна пайдо шуд. Азбаски ба ҳеҷ сурат наметавонистанд  барномаи Раҳмон барои корандозии чархаи аввалро, ки таййи се соли ахир мунтазир буд,ноком бисозанд.

 

   Аммо ин дарзи кӯчак, ки дар қисмати поёнии девораи тарафи рости обанбор  пайдо шуда буд дар натиҷаи фишори ҷараёни об беш аз пеш васеъ шуда шикофи бузургеро ба вуҷуд овард. Ин шикофи бузург боиси пайдо шудани шикофиҳои кӯчаку калонтари дигаре дар девори дарғот гардид ва масъулони нерӯгоҳ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз тахриб ва садамаи миқёсан азим бечора шуданд.  Обанбор бо суръати баланд дар ҳоли холишавӣ қарор дошт ва хатари мустақим ба чархаи аввал лаҳза ба лаҳза наздик меомад.

 

  Қоҳир Расулзода,сарвазири мамлакат,ки рӯзи 2-юми март аз вазъи нерӯгоҳ дидан кард,руку рост ба Раҳмон расонд, ки чорае ба ҷуз аз тахлияи ҳавз надоранд. Зеро ҳаҷм ва суръати маҷро аз ин шикофиҳо бештар ва шадидтар аз обе аст, ки чархаро давр мезанонад. Раҳмон, ки ин обанбор ва кордароии чархаи як ва дуввум танҳо дастоварди 27соли раёсаташ ба ҳисобмерафт  ва барги барандаи Рустам дар маъраки пешазинтихоботиаш буд, аз вуқӯи ҳамчунин фалокати ҷонкоҳ сахт дар хашму ғазаб шуд. Худи ҳамон рӯз дар кишвар лимити барқ ҷорӣ гардид ва фардояш, рӯзи саюми март сармуҳандиси Роғун аз кор ронда шуд.Даъво ва доду фарёди Раҳмон бо масъули ширкати итолиёвии  “Salini Impregilo SpA” , ки масъулияти сохтмони нерӯгоҳро бар дӯш дорад, бидуни натиҷа хотима ёфт,балки ӯро дар ҳолати шок қарор дод. Маъмури ширкат маҷллаеро аз фаъолият муассисааш дар кишварҳое, ки ҳамчунин тарҳҳоро ба иҷро расонидааст пеши рӯи Раҳмон бикшод ва гуфт,ки дар ҳеҷ яке аз сохтмонҳои мушобеҳ иштибоҳ накардааст. Вай гуфт иштибоҳ аз ҷониби таъминкунандаи семент, арматура ва баъзе дигар аз ашёест, ки  ба кори бандсозӣ истифода шуд. Вай афзуд, дар ҳоле, ки лаборатория ҳам зери назорати  фирмаи вобаста ба Ҳасан Асадуллозода, додари арӯси худатон қарор дорад, таъминкунанда ҳам Амирулло Холов, бародари ҷаноби Асадуллозода, додарарӯси дигари шумост. Амирулло Холов, раиси қаблии ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) ва ҳоло роҳбари фирмаи асосии таъминкунандаи маҳсулот ва ашё барои Роғун аст, ки бо Таҳмина, духтари худи Раҳмон муштарак фаъолият мекунад. Дуд аз димоғи Раҳмон баромад.

 

     Ҳоло бо харҷи маблағҳои ҳангуфт ҳайатҳои гуногуни мутахассисонро аз Бразилия, Канада, Хитой,Русия ва Эрон оварда истодаанд, то сохтмони корношоям(брак)-шударо ислоҳ бикунанд. Кадом гурӯҳе аз ин мутаххассисон як навъ моеъ(раствор)еро овардаанд то шикофҳоро маҳкам кунанд. Аммо, то онҷо, ки иттилоъ мерасад ин услуб ҳам натиҷаи матлуб надода истодааст.Албатта, харҷу масорифи даъвати ин гурӯҳҳо ҳам на аз ҷайби Амирулло ва Таҳмина хоҳад буд.Ин қаллобӣ ва ҷиноят то он замон, ки Раҳмон сари кор аст бидуни ҷазо гузошта мешавад, ҳамчунонки дар соли 2016 Ожонси назорати молияи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия 186 миллион сомонии изофанависӣ ва ба сирқатбурда аз маблағ ва маҳсулоти Роғунро ошкор кард вале касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд,зеро дуздон ва изофанависон ҳамонҳое буданд, ки номашон пештар зикр шуд. Манобеи огоҳ мегӯянд, Палатаи ҳисоб ҳам дуздии миллионҳо сомонӣ дар Роғунро ошкор кардаанд вале он дуздон ҳам аз атрофиёни худи Раҳмонанд, ки имкон надорад ифшо бишаванд.Тайи наздик ба семоҳи фаъолияти Роғун ҳам, ки гуфта мешавад 100 миллион киловат-соат истеҳсол кардааст, кадом маблағе вориди хазинаи давлат нашудааст. Аз ин ҷо аст ки ҳарфҳои Муҳиддин Кабирӣ,раиси ҳизби мо, ки дар баромади охираш муфассал дар ин маврид гуфт: “маболиғи содиротии барқ ба хориҷа ба ҳисобҳои оффшории Раҳмон ва хонаводаи ӯ мерезанд”, воқеияти маҳз ва раднопазир аст.

 

                        Роғун  ва ҳарфу ҳиҷоҳои он

 

   То соли 2015 арзиши сохтмони Роғун 2.2 миллиард доллар баровард ва эълом шуда буд Ва гуфта мешуд, ки 13 миллиард киловат неру дар сол истеҳсол мекунад. Ҳоло боз ҳамин мақомот арзиши онро 3.9 миллиард ҳисоб кардаанд. Гумон аст ҳатто бо ҳамин маблағ ҳам битавонанд сохтмонро ҳатто нисф анҷом диҳанд. Аммо имрӯзҳо ҳарфашон ин аст ки ин нерӯгоҳ баъди фаъолсозии ҳамаи чархаҳо солона 17 миллиард соат истеҳсол мекардааст. Аҷаб? 13 миллиард чи тавр 17 шудааст.

 

 Роғун барои ширкати “Умед-88” сархӯр омад. 170 миллион сомониеро, ки Абдусаломи Қурбониён, вазири молияи пешини Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмияҳои мардум ба ин ширкат қарз дода буд, бидуни ҳамоҳангӣ бо Раҳмон ва додани “доля” сурат нагирифтааст. Ҳеҷ имкон надорад, ки аз ҳисоби вазорати молия ба як ширкати хусусӣ дар ин ҳаҷм маблағ қарз дода бишавад, агарки ризояти худи Раҳмон гирифта нашавад. Ҳамакнун тамоми пойгоҳҳои фурӯши маводди сӯхти ин ширкат ба дасти “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов, домоди Раҳмон мегузаранд. Вале соҳиби “Умед-88” умри боқии худро паси зиндон хоҳад сипард, албатта, то замоне, ки Раҳмон сари кор бошад.

 

  Ҳарфи дигар ин аст ки евробондҳои барои Роғун ба фурӯш гузошта тавассути биржа дар Люксембург сурат гирифта аст. 500 миллион доллар. Ҳанӯз ҳамон вақти санҷиш масъулони ин биржа дар мавриди замонати бозгардони ин пулҳо суол карда буданд ва Ҷамоллидин Нуралиев,муовини аввали Бонки миллӣ ва аз домодҳои дигари Раҳмон худи Раҳмонро кафил ва зомини бозгардони ин маболиғ  муарифӣ карда буд. Ва, ҳамон вақт дар асноди ин биржа Раҳмон як диктатори тамомаёр  баҳо гирифта мушорикат дар барномаи ҷалби сармоя тавассути фурӯши ин евробондҳои ӯ риски азим дониста шуда буд. Ба эҳтимоли зиёд як далели беилоҷии Раҳмон ва мақомоташ дар қазияи Ш. Гадоев  эъломи сафари ғайримунтазираи вазири хориҷии Люксембург ба Душанбе буд, ки Раҳмон қасд дорад боқии евробондҳоро дар биржаи ин кишвар ба фурӯш барорад.

 

   Дар ҳамин ҳол посухи Бонки ҷаҳонӣ ба дархости Раҳмон тавассути боз ҳам Ҷамоллидин, муовини аввали Бонки миллӣ  дар мавриди дастгирии идомаи сохтмони нерӯгоҳ як торсакии дигар аст. Бонки ҷаҳонӣ ишорае пурмаъно кардааст, ки дар барномаи бунёди Роғун  барои бахши хусусӣ шароите боқӣ гузошта нашудааст. Ин бад-он маъност, ки “моликияти мустасноии давлат” эълом кардани  ин нерӯгоҳ як иқдоми аблаҳона аст.Ва агарки бихоҳӣ  маблағ бигирӣ бояд онро ислоҳ созӣ. Дар ҳоле ки Раҳмон чорае дигар надорад, намедонад ин пешниҳодро пазирад ё напазирад?

 

    Ҳарфи дигари гуфтанӣ дар мавриди Роғун ва Раҳмон ин аст ки ёдатон бошад дар корзори   интихоботи парлумонии соли 2010 аз сохтмони Роғун Ҳизби халқӣ-демократии зери раёсати Раҳмон чи тавр баҳракашӣ карда буд? Ӯ бо як беҳаёӣ ва пурруӣ аҳолии кишварро маҷбур кард, ки саҳмия бихаранд. Аммо эълом кард, ки сохтмони Роғун таҳти сарпарастии ҲХДТ пеш хоҳад рафт.   Раҳпаймоиҳои мардуми дар дӯшу даст шиору транспорантҳо ба тарафдории сохтмони Роғунро  ҳам ҳамон сол ташкил карда буд. Ҷилави ин ҳамқоати ӯро ҳам он замон ҳамин муассоти байналмилали молиявӣ гирифта буданд, ки аз мардуми пойин аз хатти фақр бо чӣ рӯе пул меситонӣ?

 

    Дигар инки  ваъдаи баҳрабардории чархаи дуввуми Роғун дар апрели соли 2019 амсоли ваъдаҳои мукаррари Раҳмон, ки баъди фалон сол бебарқӣ хотима меёбад, дурӯғ баромад. Бори охир, ки мегуфт се сол пас мардуми тоҷик бо нерӯи барқ ба таври доимӣ таъмин мешавад, зимни ироаи Паёми солонааш ба Маҷлиси олӣ дар соли 2016 буд. Дар ҳамин суханронӣ, ки рӯзи 22декабри соли 2016 сурат гирифт, эълом дошт, ки дар соли 2019 мардуми тоҷик бо барқ пурра таъмин хоҳад шуд.  

 

Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дониста ва огоҳ бошед, ки Роғун баъид аст, ки ҳатто дар соли 2020 ба нурпошӣ оғоз кунад.Маҷрои Вахш 29 октябри соли 2016 баста шуд. Раҳмонро ёд доред, ки паси фармони як трактори бузурги зард нишаст хеле кор кард,    маҷроро баст. Аз он таърих то санаи 16 ноябри соли 2018, ки чархаи аввалро гардон кард, ду сол гузашт, то обанбор ба қадри даркорӣ пур бишавад. Ҳоло, ки обанборро комилан холӣ кардааст ва маълум нест сарбанди ба садама дучор шуда обод хоҳад шуд ё хайр, боз ҳадди ақал ду сол мебояд, ки оби он барои гардондани чархаи аввал фароҳам шавад.Аз ин рӯ  таҳдиди лимит дар тирамоҳи соли оянда барои мардум реалӣ аст. Танҳо роҳаш ин аст ки ҳаҷми содирот ба хориҷаро баробари соли 2017 кунад.

 

  Ҳиҷои дигари миёни Раҳмон ва Роғун ин аст ки  Раҳмон натавонист ваъдаи додаашро дар пеши мардум ва вакилони он дар Маҷлиси олӣ иҷро кунад. Аз урфи давлатдорӣ аст ки вақте натавонистӣ, бояд пешоӣ ва баланд шавӣ ва узр оварӣ, ки натавонистам ва сабабҳои нокомӣ ва нобарориатро ба халқ бифаҳмонӣ.Албатта, агар ки нангу шарафи инсониву мардиат бошад, ин беҳтарин маврид аст, ки истеъфо бидиҳӣ. Обрезӣ, барбоддиҳӣ, лоймолӣ ба сари ин миқдор аз пули мардум як ҷинояти вазнин аст. Вале раиси ҷумҳур дамбадарун асту худро ба нодонӣ мезанад, дар лаб кулӯх молида, хапу хомӯш шудааст. Ҳеҷ ҳарфе, ҳеҷ садое, дар мавриди иллати таъвиқи корандозии чархаи дуввуми Роғун намезанад. Аммо ончиро, ки халқ мебинад наметавон зери доман руст кард.Ва, вақте бо Худо мушту гиребон мешавӣ, истеза мекунӣ, бидун, ки Худои пок сабур аст. Мебардорад, мебардорад. Аммо як вақте мезанад, ки ба худ намеоӣ. Чун задани Худо садо надорад.

 

   Воқеияти имрӯза инки Раҳмон севуним миллиард доллари мардуми тоҷикро барои Роғун сарф кард, аммо имрӯз он кор намекунад, харобу вайрон шудааст. Ҳазорҳо ҳазор тоҷики дигар барои маблағҳои ночиз солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мешаванд. Раҳмон ин паҳлуи масъаларо фикр мекарда бошад? 

 

Яке аз дӯстон нима шухӣ вале дар асл воқеияти талхаст чунин  гуфт: иллати харобшавии Роғун фатвои ғайришаръии Сайидмукаррам, раиси Шӯрои уламо ё муовинаш Ҳусейн Мусозода дар мавриди рӯзадорони Роғун буд, ки дар ҳузури Эмомалӣ гуфт бихуранду кор кунанд ва Роғун мунтазир намемонад,то рамазон ба охир расад, аҳолӣ мунтазири барқанд. Ва иллати дигари нокомии Раҳмон нашри “хушхабар”-и баҳрабардорӣ аз чархаи аввал тавассути як исломситези навбаромад аст ки “пеш аз об мӯза кашид”-а буд. Ин дӯстам афзуд аз наҳсияти ин ду тан аст, ки ду чархаи аввал, ки мебоист ин замон бичархад, номаълум, ки кай ба кор медарояд.Инчунин ман инроҳам изофа мекунам,ки мо шоҳиди он будем,ки  дар пахши тугмачаи чархаи аввал Раҳмон бе Бисмиллоҳ онро фишордод, вақте гуфтандаш,ки бе Бисмиллоҳ тугмачаро пахш карди,ночор барои риё ва 97% мусалмони кишвар Бисмиллоҳ гуфт вале он аз сидқ набуд ва Аллоҳ амали риёкоронаро ҳаргиз намепазирад. Имрӯзҳо дар арафаи ҳулули моҳи мубораки рамазон қарордорем ин дафъа ШУМИТ чунин фатвое медода бошад,то рамазонро хуреду дамбаро рост кунед?Дигар чунин ҷиноят ва мухолифати шаръӣ накунед,ки ягон балои дигаре бар сари аҳолии кишвар ва кишварҳои ҳамсоя он дамбаи сурохшуда кадом рӯзе наорад. Вақт ба мо миллати мазлуми ғоратшуда нишон медиҳад.Дод аз дасти ин дуздони “Фронти Халқӣ”

  

 

 

 

 

           

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.