Розҳои пӯшидаи пас аз «Сессияи 16-ум»-и тақдирсуз

Розҳои пӯшидаи пас аз «Сессияи 16-ум»-и тақдирсуз

 

(Бахши аввал)

 

   Хотираҳои қумандони баталёни махсуси вазорати корҳои дохилӣ, иштирокдори Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон, маросими “Оши оштӣ”дар Қасри Арбоб дар 27 ноябри соли 1992.

 

   Мо ба касе ва ба ҷое ҳуҷум накарда будем. Танҳо дар дохили шаҳри Душанбе қарор доштем ва пойтахтро аз ҳуҷуми нерӯҳои Фронти Халқӣ эмин медоштем, чунки шаҳри Душанбе аз ҳама самт дар муҳосираи Фронти Халқӣ қарор гирифта буд.

 

Дар Хуҷанди бостонӣ дар қасри Арбоб сессияи 16 -и дурӯғин ё ин ки маҷбурӣ идома  дошт. Барои иштирок дар кори сессия вакилони халқӣ -депутатҳоро маҷбуран бурда буданд.То ин квота таъмин бишавад ва ба фоидаи «Фронти Халқӣ”  овоздиҳӣ ё ин ки тарафдорӣ намоянд.Рӯзҳои 24 ё 25-уми ноябр ба Душанбе назди мо ду нафар,яке Абдумалик Абдуллоҷонов,иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Тоҷикистон ва нафари дуюм- мэри шаҳри Хуҷанд, ки номашро намедонистам ба намояндагӣ аз ин сессия ташриф оварданд. Онҳо ба мақсади даъват ва иштироки мо ба сессияи шонздаҳуми  Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд ва ҳузур дар маъракаи Оши оштӣ ва вахдати миллии он омада буданд. Шахсан худи ман ва як чанд қумандони штабҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе ва Ризвон- қумандони Орҷоникидзеобод (Вахдат) ҷамъ омадем. Сӯҳбат аз Абдумалик Абдуллоҷонов шурӯъ шуд.Он кас моро аз номи депутатҳои Шӯрои олӣ ба Хуҷанд дават намуданд.

 

Ман ба Абдуллоҷонов гуфтам,ки мо сессияи Хуҷандро расмӣ намешуморем ва илова намудам,ки ин сессияро кӣ ташкил кард ва дар кадом асос? Сессия тибқи қонун бояд дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад, на ин ки дар  вилоят! Ман пешниҳод кардам, ки депутатҳои Шӯрои олӣ  ба Душанбе биёянд.Ҳеҷ хавфу хатаре нест,ки депутатҳои Шӯрои олӣ битарсанд. Ягона хавф ин Фронти Халқӣ” мебошад, ки ҷилаваш дар дасти худашон мебошад.(Дар асл Фронти Халқӣ он қадар ҳам воҳимае надошт.Асоси гап дар сари он буд, ки вай бо номФронти Халқӣ буд. Асосан аскару афсарони  дивизияи 201Русия дар сари чамбари танкҳо ва зиреҳпӯшҳо (БТР) менишастанд ва меҷангиданд. Баъдан афсарони баландрутбаи русҳо Квачков ва Мусиенко эътироф карданд, ки чи тавр Фронти халқиро ташкил карданд ва Сангаки ҷинояткорро ба раҳбарии он оварданд ва нерӯҳои милливу мардумии пешқадами Тоҷикистонро куштанду ба Афғонистон фирорӣ доданд).

 

  Ҳарчанд  мо нахостем ба Хуҷанд биравем Абдуллоҷонов бисёр исрор варзиду илтимос кард ва кафолат дод, ки ҳамааш хуб мешавад  ва оташбас ва қатъи ҷанг танхо аз шумоҳо вобаста аст. То шумо ба Хуҷанд наравед, ҷанги бародаркушӣ  хотима намеёбед! Моро ҳамчун тоҷикони бонангу номус,ки дар ватанамон сулҳу оштӣ хоҳад шуд, розӣ шудем, ки ҳатман меравем. Вале рости гап, шахсан ба ман ҳамкоронам, хешовандонам, дӯстонам иҷоза надоданд, ки ба Хуҷанд биравам. Мегуфтанд, ки Шумо -ро  фиреб медиҳанд ва дар Хуҷанд шумоҳоро ба қатл мерасонанд.

 

Ман гуфтам, агар хуни ман ба онҳо лозим бошаду маро бикушанд ва дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ хотима ёбад, пас ман хунамро барои халқам бахшидам ва худ қурбонии халқам мешавам. Рӯзи 26-уми ноябри 1992 ман дар маҳаллае, ки ба сар мебурдам, ду буққаи калоне, ки ҳар як кадомеаш 600 то 700 килло гӯшти тоза дошт, ба хотири амонӣ ва тинҷӣ дар Тоҷикистони азизамон кушта қурбонӣ кардам,гӯшташро ба мардум тақсим намудам. Ба хотири онки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ бошад. 

 

Рӯзи 27-уми ноябри соли 1992 тахмин соатҳои10-11 ба самолёт нишаста ва ба самти Хуҷанд парвоз намудем. Бовар кунед, баъд аз фуруд омадан дар шаҳри Хуҷанд мо як даҳшатеро дидем. Даҳшат дар он буд,ки вақте ба мошинҳо савор шудем ва аз майдони ҳавоӣ ба самти Қасри Арбоб ҳаракат намудем, дар ду тарафи роҳ гӯё девор бошад. Аз майдони ҳавоӣ то Қасри Арбоб, дар ду тарафи роҳ аскарҳои Узбекистон, танкҳо ва зиреҳпӯшҳоро қатор гузошта буданд.На парранда бол метавонист занад, на хазанда   хазад. Суханони дӯстонам ба ёдам омад ва ба худам гуфтам, ки ин нафасҳои охирини мо мебошад, ба дом афтодем.Вақте ки мо ба Қасри Арбоб расидем, ҳанӯз,ки аз мошинҳо берун нашуда будем моро ба дигар самт бурданд. Баъдан фаҳмидем, ки ин ҷо як фароғатгоҳ будааст.(дом отдыха) Дар ин ҷо на охрана буд ва на ягон структура ва гурӯҳе дигар, ки моро муҳофизат кунад.

 

Баъд аз ягон ду соат Э. Раҳмонов ба назди мо омад.Ва мо ҳама дар як зале, ки истироҳаткунандагон хурок мехурданд, вохӯрии кӯтоҳе гузаронидем. Албатта, фароғатгоҳ холӣ буд ва танҳо мо будему халос. Вақте ки мо бо Э. Раҳмонов вохӯрдем, аз як тарафи миз мо,аз дигар тараф Э. Раҳмонов бо як-ду нафари дигар, ки ӯро  ҳамроҳӣ мекарданд, нишастем. Э.Раҳмонов  ба мо рӯ оварда гуфт, ки ҳанӯз ҷониби Фронти  Халқӣ наомадаанд. Пас, мо бо Фронти халқӣ фардо вохурӣ мекунем. Вақте ки мо ҳама дар назди миз менишастем, ман сухани аввалро аз табрикоти ӯ оғоз намудам:

 

 Раиси мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов  шахсан ман ва ҳама қумандонҳои Майдони Шаҳидон, тамоми сокинони Душанбе ва шаҳри Орҷоникидзебод, шуморо ба ин мансаби баланди давлатӣ табрик мегӯем ва ҳамагон аз он хушҳоланд, ки дар тӯли солҳои дароз Раисии Шӯрои олӣ ба дасти як деҳқон ва ба як тоҷики одӣ расид....  

 

 Саволи аввалини ман ба Эмомалӣ Раҳмонов чунин буд: Шумо чӣ мақсад доред ва аз мо чӣ мехоҳед?Дар ҷавоб ӯ саволи худи маро аз ман савол кард: шумо чи мехоҳед?Ман гуфтам: Мо мехоҳем сулҳ бошад, оташбас бошад. Ман боз гуфтам, ки ман 95% кафолати оташбасро  медиҳам аммо 5%-и дигарашро наметавонам кафолат диҳам. Чунки дар миёни мову шумо одамоне пайдо мешаванд, ки осоиштагиро намехоҳанд, ва метавонанд иғво андозанд. Аммо  мо ва шумо бо ҳам бояд зидди онҳо мубориза барем, то ки Тоҷикистонро аз ин маразҳо эмин дорем. Дар ҷавоб Э. Раҳмонов гуфт, мо ҳам айнан ҳаминро мехоҳем. Тамом, дигар ягон гуфтугузоре нашуд ва Э. Раҳмонов саросемавор хест ва моро тарк намуд. 

 

Хуллас, мо шаби худро дар ин пансионат рӯз намудем.Субҳ бошад, моро бо хуроки субҳ таъмин намуданд. Ва мо шукргузорӣ кардем, ки ҳанӯз зинда ва саломат мебошем. Чанде нагузашта буд, ки мошинҳо омаданд ва мо савори мошинҳо ба самти Қасри Арбоб ҳаракат  намудем. Вақте ки мо ба Қасри Арбоб расидем, моро ба зали сессия даъват карданд. Ман гуфтам, ки мо то бо қумандонҳои Фронти Халқӣ ҳамсӯҳбат нашавем ва фикрҳои якдигарро нафаҳмем вориди сессия намешавем. Пас аз ин моро ба як зали хурд бурданд. Дар он ҷо касе набуд. Мо танҳо будем ва мунтазири қумандонҳои Фронти Халқӣ. Қариб як соат гузашта буд, ки намояндаҳои Фронти Халқӣ,пешопеш Сангак Сафаров ва дуюм Ёқуб Салимов ва дигаронашон аз пас, дохили зал шуданд. Вақте Сангак Сафаров авалин шуда дохили зал шуд, фикр кард, ки мо аз регариҳо, тарафдорони худашон  мебошем. Ва хандида бо овози баланд:   ҳа, бачаҳо, омадед- гуфт. Баъдан дид, ки мо нишастаем. Ман аз ҷоям хестаму гуфтам:- ҳа бобои Сангак, мо омадем ва ӯро ба оғӯши худ гирифтам. Баъдан хело орому хушҳол шуд ва ҳамагон бо ҳамдигар ҳамчун бародар вохӯрӣ кардем.

 

Бобои Сангак маро ба минбар дават кард, то ки дар наздаш нишинам, аммо ман гуфтам Бобои Сангак, шумо бо акойи Ҷумъа Буйдоқов (намоянда аз ҷониби мо) ҳамсол ҳастед. Шумо ҳарду дар минбар нишинед, мо дар поён менишинем,то ин ки шуморо хубтар бинему шунавем. Ёқуб Салимов ҳам ман дар назди акаам шинам гуфта дар назди ман шишт, чунки ман бо Ёқуб Салимов то давраҳои ҷанг хело бародари бо ҳам хуб будем.Вақте ки ҳама ҷо ба ҷо нишастем дар ҳамин вақт Эмомалӣ Раҳмонов бо Маҳмадсаид Убайдуллоев дохили зал шуданд, бо камераҳову наворбардорҳо. Ман ба Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат карда гуфтам,ки инҷо ҷои шумо нест. Мо қумандонҳо инҷо суханҳои ноҷо заданамон мумкин, пасту баланд гуфтанамон мумкин. Вақте ки мо инҷо даст додем, якдигарфаҳмӣ кардем, маслиҳатро, ки пухтем, баъд ба зали калон меравему дар сессия иштирок мекунем ва кафолати оташбас ва дӯстиву бародариро медиҳем. То ин ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо боварии комил дошта бошад.Пас аз ин суханони ман Раҳмонов залро тарк кард. Дар ҳамон вақт ман ҳис кардам, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун як секретари Раҳмонов буд.(Ҳамагон медонанд, ки инҳо аз ҳеҷ куҷо пайдо шуданд). Пас аз залро тарк намудани Эмомалӣ Раҳмонов Бобои Сангак ба ман муроҷиат карда гуфт:- додарам, оғози сухан аз шумо. Ман аз ҷоям хестам ва бо чунин суханҳо шурӯъ кардам:

  “Бародарони азиз, хушбахтона фурсате ба мову шумо расид, ки аз наздик ба чашмони якдигар нигарем ва ошкоро ҳақиқатро гӯем. Ҳамаи мову шумо, хуб медонем, ки ҷанг аз куҷо оғоз ёфт ва кӣ ин ҷангро ташкил кард. Бародарон! биёед, кори шудагӣ шуд,гунаҳкорро намекобем! Мақсади асосӣ ин аст ки бояд оштӣ кунем ва ба ҷанг хотима гузорем. Ман гуфтам,ки:

 

 Аввал як Протоколи оташбас тартиб медиҳем. Касоне, ки аз ҷониби шумо, ё ин ки аз ҷониби мо ба маҳкама гирифтор шудаанд, ҳамаашон озод карда шаванд,

 

Дуюм Фронти халқӣ бояд ба Кӯлоб баргардад ва атрофи Душанберо тарк намояд. (Мо ба ҷое ва ба касе ҳуҷум накардаем ва ягон ҷойро ишғол ва ягон касро ба асорат нагирифтаем. Мо дар хонаи худамон ҳузур дорем.)

 

Сеюм, ҳарду ҷониб яроқҳоямонро ба структураҳои давлат месупорем.

 

Чаҳорум, баъд аз имзои Протоколи оташбас аз кадом ҷонибе, ки оташи тир кушода мешавад, ҳамон ҷониб гунаҳкор ҳисобида мешавад ва бигзор бо  нерӯҳои ООН, Россия ё дигар қувваҳо несту нобуд карда шаванд”.

 

  Баъд аз ин суханронии ман як полковники милитсия, ки сардори милитсияи Кӯлоб будааст, аз ҷояш хесту ба наздам омад ва бо суханҳои :-қандата зан, агар ба мисли шумо як чанд нафари дигар мебуд, Тоҷикистон  обод мешуд гуфта маро ба оғӯш  гирифту бӯсид. Ман гуфтам ҳар сухане ва пешниҳоде, ки ман доштам инҷо изҳор намудам,вақтро бисёр намегирем. Дар зали калон,дар ҳузури депутатҳо дар сессия, аз ҷониби мо акаи Ҷумъа Буйдоқов сухан мегӯяд ва Тоҳир бо забони русӣ баромад мекунад, то ин ки русҳо ва дигар миллатҳо ҳам бифаҳманд ва тарки Тоҷикистон накунанд. Ман боз як илтимос кардам, ки ҳар сухане доред, ё ин ки ҳар даъвое доред, дар ҳамин чо гӯед ва кунед. Чунки мо ҳамаамон бо вақти хуш, бо  боварии комил, ба назди халқ баромада оштӣ ва сулҳро кафолат бидиҳем.

 

   Баъд аз баромади ман Бобои Сангак хест, ба ман аҳсант гуфт ва хело ҳам ашк рехт. Ӯ он қадар зиёд ҳам сухан нагуфт.Ӯ гуфт, ки ман бо суханҳои додарам ризоям ва ҳар чи гуфт ҳамааш дуруст. Бо ҳамин усул Протоколро тартиб медиҳем. Ва, мо Протоколи  оташбасро тартиб додему ҳамакаса ба истироҳати як соата баромадем.

 

Дар вақти танаффус бисёре аз депутатҳои Шӯрои Олӣ ба назди ман омаданд ва бо ҳам вохӯрӣ намудем, гуфтугӯ кардем. Он депутатҳое,ки маро хуб мешинохтанд, оҳиста ба гӯшам мегуфтанд,ки хуб шуд, ки шумо омадед. Мо ҳамаамон дар зери фишор қарор дорем,ҳарфе гуфта наметавонем ва ихтиёрӣ ба ҷое рафта наметавонем.Ба мо ошкоро гуфтанд, ки то қумандонҳои оппозитсия наоянд ва мо кори саркардаамонро то ба охир нарасонем ва ба мақсади худ нарасем, шумоҳо ба ҳеҷ куҷо намеравед. Яке аз депутатҳо гуфт, ки Сангак инҷо омада ҳама вакилонро огоҳӣ додааст. Ягон депутат зидди Фронти Халқӣ ё ин ки кӯлобиҳо сухан намегӯяд. Аз ҷонаш ва аз ҷони зану фарзандонаш метарсад. Ба охир мерасонем ва ба мақсади худ мерасем, чунин будааст таҳдиди Сангак ва ошкоро мегуфтааст,ки Россия ва Узбакистон дар пушти мо истодаанд.

 

  Танаффус ба охир расид  ва мо ҳама дохили зали сессия шудем. Депутатҳо аз курсиҳо хестанд ва бо кафкӯбиҳои зиёд моро истиқбол карданд. Маълум буд, ки хело пазмони зану фарзандонашон шудаанд ва ҳарчи зудтар мехостанд аз ин даҳшати сессияи 16-ум халосӣ ёбанд. Мо ҳама намояндаҳо  ду ҷониб дар қатори аввали курсиҳои зал нишаста будем.

 

Якум, Бобои Сангак ба минбар баромад. Оғози суханонашро аз қозӣ Тураҷонзода сар кард.Ана  қозӣ Тураҷонзода ана ин хел,ана он хел! Ҳарчики тавонист нисбати Тураҷонзода  тӯҳматҳои зиёде кард!

 

Дуюм, Ёқуб Салимов баромад ва проблемаҳои Кӯлобро овард. Ана шумоён блокада кардед, роҳҳоро бастед.Мардум аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд, ҷугорӣ хӯрданд, тухми ҷоруб  хурданд, шикамҳояшон дамиш кард ва ғайра. Аз ин гуфтаҳои онҳо маълум буд, ки ин сенария пешакӣ тайёр  карда шуда будааст, то ин ки  ҳарчи тавонем оппозитсияро бисёртар гунаҳкор созем ва дар ҳақашон бисёртар тӯҳмат кунем. Ҳама гапҳои сафсата. Дар он вақти ҷанг онҳо бемалол орду хурокаашонро аз Узбекистон, аз Термез ба Кӯлоб мебурданд. Он вақт ҳам ҳукумати Узбакистон, ҳам ҳукумати вилояти Ленинобод(Суғд) ва халқи Хуҷанд дар ёрдами кӯлобиҳо камар баста буданд.Инчунин ҳолати мардуми шарқ ва навоҳии тобеи марказ хело бад буд ва инро ҳама медонанд.

 

   Сеюм шуда ба минбари толори сессия акаи Ҷумъа Буйдоқов баромад. Ӯ баромадан замон аз толор ба Бобои Сангак муроҷиат карда гуфт: “Бобои Сангак, о, дар боло маслиҳатҳо чи буду ту чиҳо гуфта истодаӣ? Аз баски ман бо Бобои Сангак паҳлуи ҳам нишаста будем,ӯ аз ҷояш бархесту дасти росташро дар болои синаи чапаш монду мебахшӣ гуфту нишаст.Ҷумъа Буйдоқов суханашро давом дода гуфт! О,ҳамин Сафаралӣ Кенҷаев набуд, ки мардуми Кӯлобро ба майдони Озодӣ оварда шинонд ва ба шумо яроқ тақсим карда дод! Ҷумъа Буйдоқов гуфт,ки о, мо инҷо тӯхматкунӣ ё иғвогарӣ наомадаем. Мо инҷо ба хотири оштӣ ва сулҳ омадаем.

 

Баъдан Тоҳир бо забони русӣ баромад кард. Ва бо ҳамин аз ҷониби депутатҳо пешниҳод шуд, ки ба хотири оштӣ мо байрақи миллиро бибӯсем. Баъд аз бӯсидани  байрақ мо-қумандонҳои ду ҷониб якдигарро ба оғӯш гирифтем ва бо ҳам дар ҳузури депутатҳо, аъзои ҳукумат, меҳмонон ва журналистон дар сессия оштӣ кардем. Ин оштӣ барои мо ҷиддӣ буд, аммо дида мешуд,ки барои онҳо нақшае аз сенарияи пешакӣ сохташудааст.

 

Шахсан ин ҳама ба ман маълум буд, ки ин ҳама танҳо як бозие мебошадухалос. Баъд аз оштӣ мо- ду ҷониб бояд Протоколи  Оташбасро, имзо мекардем.Аммо дар ана ҳамин замонЭ.Раҳмоновморо ва депутатҳоро ба

берун, ба оши оштӣ хурӣ даъват кард. Ва бо суханҳои:- мардум ҳама дар орзуи дидани рӯи шумост,мардум бе тоқат шудаанд, мехоҳанд рӯи шуморо бубинанд,ош хунук шуд,биёед ба назди халқ бароем, мо ва депутатҳоро ҳала-ҳала мекард. Ман аз ҷоям хестаму гуфтам,ки раиси муҳтарам мо инҷо хурданӣ наомадаем. Биёед, аввал зарур аст,ки Протоколро имзо  кунем ва баъдба назди халқ бароем. Э. Раҳмонов ду поро дар як мӯза андохта,не ош хунук мешавад, баъд мебиёему имзо мекунем мегуфт. Ман боз гуфтам, ин танҳо ду дақиқа вақтро мегирад. Э.Раҳмонов бошад,не аввал ба назди халқ мебароем, баъд имзо мекунем гуфт.Мақсади Раҳмонов ин буд,то ин санад имзо нашавад,чун ғиромбозӣ ва ҳелаву шайтанат аз оғоз дар вуҷуди ин мард вуҷуд дошт.

 

Инҷо поёни бахши аввал буд, қисмати дуввум ва ҳама ҳодисоти хунин ва тақдирсузи сессияи 16-умро, ки дар ноябри соли 1992 дар “Қасри Арбоб”и Хуҷанд гузашта буд, дар қисмати дуввум тақдими шумо хонандагони гиромии Пойгоҳи Ислоҳ менамоем,бо мо бошед,то аз асли он воқеаҳо огоҳ гардед.

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.