Рустами Эмомалӣ чӣ гуна бояд ба қудрат расад

Рустами Эмомалӣ чӣ гуна бояд ба қудрат расад

        

нақша ё тарҳе,ки Раҳмонов мехоҳад онро амалӣ намояд

Рустами Эмомалӣ,ҷойгузин, валиаҳд, номзади аслӣ ва асосии интихоботи соли 2020 ба мақоми президенти Тоҷикистон аст. Чуноне мебинем Раҳмон равиш ва ҳаракоти сиёсии худро ба гунае ба намоиш гузоштаву пеш бурда истодааст,ки ба ҷойгузин кардани Рустам кадом шакку шубҳае боқӣ намемонад. Ин нақша ва барномаи ҳаёту мамотии Раҳмон аст ва Раҳмон барои онки ба ин орзу ва нияти худ  бирасад, ба тамоми корҳои мумкин ва ғайримумкин,муҷоз ва ғайримуҷоз, қонунӣ ва ғайриқонунӣ,имконпазир ва имконнопазир даст хоҳад зад.

 

Аммо... бале, инҷо як аммои хеле вазнин аст. Инчи аммоест, дар идома хоҳем гуфт. Вале ҳоло аз он хоҳем гуфт,ки сари Раҳмон ва тими вижаи ӯ,ки тарҳҳо, гузинаҳо, пешомаду пайомадҳо,мунтаҳо ҳама коррҳоро омӯхтан дорад, танҳо бо як ҳадаф: овардани Рустами Эмомалӣ ба ҷойи худи Эмомалӣ гарм аст ва тафсу таби он ҳаррӯзи Худо баландтар мешавад.

 

Барои мисол баргузории раъйпурсӣ ба манзури ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ,ки кадом сабаб ва зарурате надошт дар соли 2016 фақат ба ин хотир буд,ки синни президенти баъдиро аз 35 ба 30 пойин оварад ва заминаи омадани Рустамро ба мақоми олӣ фароҳам бисозад.  Раҳмон барои ҷойгузин кардани Рустам ба ҷойи худ бар изофаи Қонуни асосӣ ва қавонини интихоботии кишварро ҳам мувофиқ ва мутобиқ кард. Ба хотири хонаводагӣ кардани иқтидори сиёсӣ буд,ки Раҳмон бо талбису риё Ҳизби наҳзати исломииТоҷикистон- нерӯи сиёсиеро,ки зарфият ва тавонмандии ҷилавгирӣ аз ин барномаро дошт, аз бозӣ берун кард. Мутмаинан дар интихоботи соли 2020 на Раҳмон,ки як диктотури фартут ва фосиду дузд шинохта шудааст ва на писараш Рустам,ки  “алифро аз тиёқ” фарқ намекунад дар баробари Кабирӣ раъй ба даст намеовард. Ва гувоҳи ин иддаоям баргузории як назарпурсии сайти “Ахбор.ком” дар чанд рӯзи пеш аст ки аз се номзади пешниҳодшуда Муҳиддин Кабирӣ,раиси ПМТ овози бештар касб карда ва Рустаму Раҳмон ба маротиб камтарро соҳиб шудаанд. Тарғибу ташвиқи Рустам ба унвони як мудири муваффақу кордон ҳамарӯза аз тамоми шабакаҳои телевизионии кишвар ва иштироки пайваста ва ҳамешагӣ ва ҳатмии ӯ дар маросиму маърака ва чорабиниҳо бори дигар ба он далолат мекунад,ки Раҳмон рӯи ӯ сахт ҳисоб карда аст. Раҳмон қасд дорад Рустамро ба мисли онки Ҳайдар Алиев,раиси ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳоми пасирашро ҷойгузин худ кард,ба ҷойи худ оварад.

 

Аммо оё ба ҳамин роҳатӣ аст? Мақоми раиси ҷумҳурӣ раиси Хадамотигумрук ва директори Агентии мубориза бо фасод ва ё раиси пойтахт нест,ки Раҳмон фармон диҳаду осону роҳат Рустамро таъйин кунад. Илоҷ надорад.Ба зоҳир ҳам ки бошад, саҳнасозӣ ҳам,ки бошад бояд интихобот доир кунад. Албатта, интихобот ки баргузор гардид ҳарфу садо дорад, гапу калоча дорад. Ҳамчуноне,ки аз ҳамин ҳоло  сару садоҳои мухталиф баланд шудаву дили Раҳмонро сиёҳ мекунанд.

 

  Барои мисол бархеҳо аз ҷойгузин шудани Озода ба ҷойи падараш суҳбат мекунанд.Ва,барои тасбити назари худ аз ҳасби ҳоли Озода,таҳсили ӯ дар донишгоҳҳои амрикоӣ,кори амалӣ дар сохтори марказии ҳокимият ва ниҳоятан масъулияти феълии ӯро “хол”-ҳои сиёсӣ ва аз авлавиятҳои ӯ барои як довталаби мақоми олӣ  талаққӣ карданӣ мешаванд. Аммо бояд гуфт,ки ин ҳарфу ҳиҷоҳо ва ҳадсу назарҳо дар бораи  Озода Раҳмон,ки номзади эҳтимолӣ хоҳад буд,аслан ҷиддӣ нестанд. Агарки Раҳмон ҳамчунин ният ва андеша дошт, ба ҳеҷ ваҷҳ Қонуни асосии кишварро бо баргузории як раъйпурсӣ,ки боиси ҳазоруяк таънаву маломаташ шуд дар зери пойи Рустам мусоид намекард.Вай ба маҳзи онки Рустамро биоварад синни президентшавандаро аз 35 то 30 кам кард. Ғайр аз ин агар шумо мутаваҷҷеҳи шахсият ва табиату фитрати Раҳмонро эътибор бидиҳед ва ӯро шинохта бошед,ки чи касе аст асло бовар намекунед,ки Раҳмон Озодаро ба Рустам тарҷеҳ бидиҳад. Агарки Рустам ҳеҷ куҷоро нахонда бошад,ки воқеан ҳам нахондааст ва агарки Озода болотарин дипломи донишгоҳҳои Амрикоро ҳам дошта бошад, Раҳмон ба ҳеҷ ваҷҳ ин корро нахоҳад кард. Чун Озода шавҳар дорад ва чи шавҳаре ҳам? Имкони саддарсади аз контрол баромадани ӯ вуҷуд дорад. Аммо Рустам то охирин лаҳза ин корро нахоҳад кард. Ниёзи ӯ ба маслиҳат ва машварати падараш ҳарлаҳзаина аст ва ӯ такяро танҳо ва танҳо ба падараш мекунад.Рустам зери контрол хоҳад буд. Аз хати кашида берун пой намегузорад. Гоҳ-гоҳе шояд барои ҷосозии кадрҳо мушкиле байнашон пеш ояд.Аммо ин муҳим нест. Муҳим ин аст ки вай содиқ аст,гӯш мекунад ва шадидан ниёз дорад,чун бесавод аст. Зеро истодани Раҳмон дар сари мансабтанҳо барои ҳокимият ва қудрат нест. Раҳмонов риштаи ҷонаш ва риштаи умраш бо пояҳои курсӣ гиреҳ хӯрдааст. Ва, инро шумо арзёбии як рақиб ва ҳарифи сиёсӣ напиндоред,воқеиятест раднопазир.

 

Рафтани Раҳмонов аз қудрат рафтани ӯ аз зиндагӣ аст. Раҳмонов, ки ҳоло пир шудааст,аз ин ҳисоб мехоҳад Рустам президент бишавад вагарна ҳатто ба Рустам ҳам аслан ва тамоман як заррае ҳам нишон намедиҳад. Аз тарафи дигар курсиро ба Озода вогузошта ба Рустам чи тавр тавзеҳ хоҳад дод? Басо,мавориде дар таърихро медонем,ки писарони норозӣ барои тахту тоҷ падарони худро куштанд,дар ҳоле,ки баъди бахусус шаҳрдори пойтахт таъйин шудани Рустам ва барномаҳои  ғайримаъмулӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи ӯ ба унвони як ҷавони кордону муваффақ ва фарзанди фарзона хислати умумимиллӣ касб кардааст.Душанбе, маълум нест,ки аз кадом ҳисоб  бо таксиҳову васоили нақлияи муосир таъмин мешавад, роҳҳои чандқабатӣ, биноҳои баландошёна, меҳмонхонаҳо, гулгаштҳо, поркҳо... мунтаҳо зери мудирияти “ҷавони кордону ояндадор” рӯзбарӯз “обод” мешавад. Ва ҳатто шабакаи телевизиони пойтахт,ки дар давраи раиси қаблӣ кормандонаш базӯр маош дарёфт мекарданд, тавассути моҳвора на танҳо дар Тоҷикистон,дар ҷаҳон нашру пахш мешавад ва ба қиммати чанд миллион доллар истудиёи назираш дар минтақа набударо дастрас мекунад ва дар расми баҳрабардорӣ аз он Рустам ҳамроҳ бо Раҳмон ширкат мекунанд. Зимнан Раҳмон на бо ин умед,ки Озода,балки бо ин умед,ки Рустам ҷойгузин хоҳад буд, ӯро ҳатто дар маросимҳое,ки ба вазифа ва мақоми ӯ муносиб нест,ҳамроҳ мебарад. Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳамвора кадрҳоеро намоиш медиҳанд, ки падару писар,албатт, “барои инкишофу тараққиёт”-и Тоҷикистон сӯҳбатҳои бисёр ҳам ҳаётӣ  карда истодаанд.

 

  Аз сӯи дигар ҷойе,ки имрӯз Озода дорад, мақоми андак ва камтар нест.Озода амалан сарвазири Тоҷикистон аст,балки сарвазир дар назди ӯ касе нест. Вай имрӯз парастории ҳокимиятро  дар даст дорад. Тамоми мақомдорон ва мансабдорон дар назди ӯ ба зону мезананд. Вазирону раисони ҳокимият ҳисоботҳои худро таслими ӯ мекунанд. Мушовирон ва ёрдамчиёни Раҳмон бо иҷозати ӯ назди Калон медароянд. Мунтаҳо тамоми масоил аввал дар дасти ӯ ҷамъу ҳаллу фасл мешавад ва сипас барои даст мондан ба президент фиристода мешавад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки Раҳмонов барои ӯ дар муқоиса бо роҳбари пешини Дастгоҳи иҷроия салоҳиятҳои бештаре додааст. Барои ҳамин фикри инки имкон дорад Озода ҷойнишин ва муддаии курсии падараш бишавад, ҷиддӣ ва дуруст нест.

 

     Хуб, акнун барбигардем ба ҳамон “аммо”-е,ки дар фавқ гуфтем. Ин аммо кадом муаммо надорад.Он аст ки Рустам бо ин ҳама нишасту бархостҳо дар курсиҳои муҳимми давлатӣ ва ин ҳама реклому пиарҳо, “ҷавони кордону роҳбари муваффақ”-гуфтанҳо..... омода шудааст, тайёр аст, ки Раҳмон курсиро дар ихтиёраш бигзорад ва Раҳмон муътақид шудааст, итминон ҳосил кардааст,ки Рустам аз уҳда мебарояд, идора мекунад? То Раҳмон худ низ дар толор биншинаду   дар гардани Рустам занҷири заррини мурассаъи раисиро овехтан ва даст рӯи Қонуни асосӣ бигузоштан ва савганди президентӣ  ёд кардани вайро бибинаду ормон шиканад?

 

 Гумони ғолиб он аст ки ҳанӯз Раҳмонов эътимод ва бовар надорад.Кадри ҷавон ва роҳбари муваффақ ҳанӯз хом аст, пухта ва такмил нашудааст. Аз инҷост,ки Раҳмон дар интихоботи қарибулвуқуъ боз ҳам худаш  номзад хоҳад буд. Ҳеҷ истиҳола ва шарм ҳам намекунад,ки  солҳои тӯлонӣ дар ин мақомистодаву пир шудааст ва дигар ҳам инки барои мисол дар қаламрави  СНГ шабеҳи ӯ касе дигар нест.Мӯсафед ва пиртарин раиси ҷумҳурӣ хоҳад буд,ки  дар ҷаласаҳо бо ҳамтоёнаш нишаста, шояд  эҳсоси нороҳатӣ мекунад. Зеро танҳо ӯ аст ки ин ҳама муддат дар сари қудрат аст. Ҳеҷ яке аз раисони давлат баробари ӯ дар қудрат наистодаанд. Аммо вай бояд истад, чун ҷонаш бо курсӣ бастааст.Аз инҷост ки ба гумони ғолиб Рустам ,ки курсии шаҳрдориро аз зери пойи Маҳмадсаид Убайдуллоев кашида гирифт, курсии раиси Маҷлиси Миллӣ ва ҳамин тавр мақоми дуввум дар иерархияи (Порядок подчинения низших (чинов, должностей и т. п.) высшим) қудрат дар Тоҷикистонро ҳам хоҳад гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ,нафари аввал ва Рустами Эмомалӣ,раиси Маҷлиси Миллӣ расман нафари дуввум хоҳанд шуд.Ба бовари мо нақша ва нияти Раҳмон ҳамин тавр аст.

 

Ва, ба эҳтимоли зиёд давоми ду ва ё се соли оянда Рустам вориди мудирияти давлат,раҳбарӣ ва саҳнаи сиёсати калон хоҳад шуд,сафарҳо ба хориҷ аз кишвар хоҳад дошт ва дигар обутоб ёфта ва дар як интихоботи пеш аз ҳангом курсии аввалро мегирад. Раҳмон бо хоҳиши худ истеъфо медиҳад. Рустам ба таври автоматӣ и.в президент мешавад ва давоми се моҳи оянда дар як интихоботи “шаффофу озоду демократӣ” аз байни шояд се ё чаҳор номзади албатта ҷавон ғалаб мекунад. Аммо ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад,ки Рустам ба унвони раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ бишавад ва ё ҳатто яке ду моҳ қабл аз шурӯи замони интихоботи президентӣ Раҳмон довталабона истеъфо бидиҳад ва роҳро барои Рустам ҳамвор бисозад. Чунки интихоботи порлумонӣ дар моҳи  марти соли 2020 доир мешавад аммо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баъди 8 моҳи он, дар моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд. Дар ин ҳашт моҳи раёсати Рустам ба Маҷлиси миллӣ барномаи сафарҳои ӯро ба хориҷ аз кишвар хеле густарда хоҳанд кард,то дар хориҷ аз кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад. Ва,дар ин миён барояш,шояд аз ҳисоби ҷавонҳое,ки вакили Маҷлис мешаванд ва ё дар ягон ҳизб роҳбар хоҳанд шуд,”ҳарифони киссагӣ” ҳам бисозанд,то як андоза ҷараёни интихобот табиитар бинамояд. Дар ҳар ҳолат Раҳмон ин бор ба тафовут аз тамоми интихоботҳои қаблӣ,ки бо тақаллуб ва сохтакории ошкоро анҷом пазируфта буд, бамаротиб бештар тақаллуб ва ҷиноят содир хоҳад кард. 

 

Вай ин навбат рӯирост вабанк меравад.Бидуни онки авоқиб ва пайомадро биандешад, қудратро ҳифз хоҳад кард.Агар ҳам ки Рустамро овард, чизе иваз намешавад, чун худи ӯ дар доираи як қонуни ғайриқонуниаш бо номи Асосгузор ва Пешво ӯро ва кишварро дар паси парда мудирият хоҳад кард.  Ва,бо гузашти 29 сол аз замони раҳбарии як диктатор,дигар даврони ҳокимияти хонаводагии ӯ шурӯъ мешавад. Мудирияти сегона:- Раҳмон,Рустам ва Озода,ки дар мақомҳои аввали кишвар қарор хоҳанд гирифт барои халқи Тоҷикистон,ки солҳост интизори ислоҳот ва як дигаргунӣ мебошад басо гарон хоҳад буд. Мардуме,ки бекорӣ ва фақр ба ҷону танаш задааст, дар бадтарин шароит мубтало мешавад. Шояд нукарону чокаронаш иттиллои нодуруст мерасонад,ки боке не, ҳамааш ваҳму воҳима аст ва бояд тибқи нақша пеш рафт, зеро мардум пайи рӯзгори худ аст.Тарси ҷанг ҳанӯз ҳам боқист.

 

Вале ин хушбоварӣ ва худфиребие беш нест. Зеро борҳо таҷриба   ва такрор шудааст, ва дар ин миён касе наметавонад мустасно бошад,агарчи вай худро Пешвою Асосгузор ҳам ҷилва бидиҳад. Оппозитсиони тоҷик ва нерӯҳои дигари сиёсии кишвар то куҷо оммаҳоро ба худ ҷазбу ҷалб мекунад ва аз ҳамчунин равиш ва ҳаракоти Раҳмон ҷилавгирӣ хоҳад кард, ҳарфи дигар аст. Вале,дар сурати татбиқи нақша ва барномаҳои Раҳмонов барои идомаи бақои ҳокимияти хонаводаӣ имкони нооромӣ дар кишвар ва бахусус марзҳоро касе наметавонад радд бикунад. Ҳатто ҳамин ҳамсояамон,ки ҳоло даъвои марз доранд, моро дар шумори одам намешуморанд ва рама меҳисобанд. Дигар ҳам ин аст ки ҳолу аҳволи муҳоҷирони кории тоҷик ва ҳамин тавр зиндагии хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз шароите,ки имрӯз доранд боз ҳам вазнинтар ва сангинтар мешавад.Чунки Русия, то онҷое хабарҳо ҳокист тарафдори як дигаргунӣ дар мудирияти Тоҷикистон аст.

 

Аз ҳама мушкилтар барои вазиру раисону масъулони вилоёту навоҳӣ хоҳад шуд,ки ҳам дар баробари Раҳмон, ҳам дар баробари Рустам ва ҳам дар баробари Озода дуқат шуда, заминро бӯсида ҳисоботу гузориш медиҳанд. Ва,ин сегона тавассути ин масъулон Тоҷикистонро батамом хоҳанд балъид ва имкони кашидани нафасаи озод ба мардумро нахоҳанд дод. 

 

  Бо ин ҳол Рустам,ки ҳамвора дар маъракаву ҷамъомадҳо пушт-пушти падараш аст аз ҷониби мардум тахаллуси Памперсро гирифтааст, то ба ҳол на бо расонае,на бо хабрнигоре ва на дар ягон ҷаласаву маҳфиле суханронӣ кардааст. Раҳмон ҳам аз ин гунгии писараш хеле нороҳат аст ва инро ҳам зиёд фикр мекунад,ки Памперс чи тавр дар мақоми Пешво кор мекарда бошад?

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.