Салтанат пас аз ин аз Рустам,то Анӯшеравон ҳамвор аст

Салтанат пас аз ин аз Рустам,то Анӯшеравон ҳамвор аст

 

Давлат ва давлатдорӣ,то ин интихобот ҳаром буд ҳаромтар мешавад

 

     Тоҷикистон ба марҳалаи сахту сангини салтанат ва ҳокимияти оилавӣ дохил шуд. Минбаъд дар идораи давлат ва аркони он ба ҷуз аз оилаи Эмомалӣ Раҳмонов,ниҳоде, ҳизбе, шахсе камтарин нақшро нахоҳад дошт. Раҳмонов, бо ғорат ва дастбурд задан ба натиҷаҳои интихобот ин ҳақиқати талхро ба миллат ва мардуми тоҷик ошкоро кард, ки  аз ин ба баъд ҳокимият (аз марказ то ҷамоат) ва қавонини давлатдорӣ бар вифқи муроди вай ва фарзандонаш ҳаракат мекунад. Ин интихобот интихоби вакилон ва ташкили ҳокимияти қонунгузор набуд, ин як навъ райгирӣ ва ҳамапурсӣ барои истеҳком ва эъломи як давлати хонаводагӣ буд. Тоҷикистон пас аз ин тавассути Эмомалӣ, Рустам ва Озода идора мешавад. То ҳамин имрӯз ҳам мудирияти давлат ба ҳамин минвол буд. Аммо акнун фарқ мекунад, чун ҳокимияти оилавӣ ба паллаи  тарозу гузошта шуда буд ва Раҳмонов  ба ҳайси як қаллоб ва муғамбири моҳири сиёсӣ, муваффақ бар он шуд, ки онро машруият бахшад. Халоиқ ингор ба вай, масир ва барномаи сиёсии баргузидааш-барпоии ҳокимияти оилавӣ- оре гуфт. Раъй дод. Дар участкаи 15-и пойтахт овоздиҳанда ҳам барои Раҳмонов овоз дод ва ҳам барои Рустами Эмомалӣ. Рустам,ки ваколатномаи Маҷлиси Душанберо дар интихоботи халқӣ ба даст овард, ваколати  Маҷлиси Миллиро ҳам бечунучаро ба даст меоварад ва барои Озода  мушорикат дар ин ҳама ғавғоҳои интихоботӣ лозим нест.

 

Вай  бо фармони Раҳмонов курсии феълан дар зери подоштааш дар Маҷлиси Миллиро ҳифз хоҳад кард ва ҳамин тавр манзара рӯшан аст: Раҳмонов-президент, Рустам-раиси Маҷлиси Миллӣ ва Озода, раҳбари Дастгоҳи иҷроияии президент. Озода ҳокимияти иҷроияро, шурӯъ аз Сарвазир то раиси ҷамоат идора мекунад, Рустам ҳокимияти  қонунгузорро  ва худи Раҳмон ҳам ин ҳарду ва ҳам тамоми кишварро. Ба ин тартиб ҳокимияти хонаводагӣ дар Тоҷикистон амалан ва қонунан поярезӣ шуд ва дорад ба фаъолият идома медиҳад. Дар интихоботи баргузоршуда, зоҳиран ҳама чиз аз қабл мушаххас буд. Ҳатто қабл аз он,панҷ-шаш соли пештар ҳам маълум буд,ки Раҳмонов дар сар ҳавои салтанат дорад. Ва тамоми барномаҳо ва кадрҳоро дар ростои ҳамин ҳавохоҳӣ дорад мутобиқ  мекунад. Бори дигар таъйид шуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро чаро аз сари роҳаш бардошт.

 

ҲНИТ шояд дар ин даҳсолаҳо талоши гирифтани қудратро надошт,ҳатто агар ки имконият ҳам дошт,вале бо таваҷҷӯҳ ба бархурди кишварҳои минтақа ва бархе аз абарқудратҳо ва бахусус ҳамсоякишварҳо ин ҳадафашро барои баландмуддат мавқуф гузоштаву мегузошт. Аммо аз ҳақ набигзарем, ки ин  имкониятро барои Раҳмонов намедод,ки бидуни шарму ҳаё ва бар болои ҳама арзишҳо по гузошта ташкили ҳокимияти хонаводагӣ диҳад. ҲНИТ метавонист бо тазоҳуротҳои густарда ва бо ҳамроҳӣ ва пуштибонӣ аз яке дигар аз аҳзоби сиёсӣ садди роҳи ин ҳавохоҳии Раҳмонов бишавад. Барои ҳамин Раҳмонов ҲНИТ-ро аз сари роҳаш барканор кард. Ҳоло бидуни кадом мониа ва бо як дилпурӣ барномаҳояшро барои ташкил ва таҳкими  ҳокимияти оилавӣ татбиқ карда истодааст. Ин тавр нест ки ҳама дар ҳокимияти Раҳмонов аз чунин тарзи ҳокимият розӣ ва хурсанд бошанд. Чун ин тарзи ҳокимият ва ҳукуматро наметавон ҳукумати собит ва муътадил ва устувор гуфт. Имкони ҳар лаҳза шикастан, вайрон шуда ва аз байн рафтани он вуҷуд дорад. Инро ҳам худи Раҳмонов хуб огоҳ аст. Барои ҳамин вай беш аз пеш кадрҳои данғарагиро, хешу таборашро дар мудирияти давлат басиҷ ва ҷалбу ҷобаҷо мекунад ва барояшон шароити ғорату дуздии мардумро фароҳам меоварад,то дар соати “икс” ӯ ва ҳокимияти хонаводагии ӯро танҳо нагузоранд. Давлат ва давлатдорӣ то ин интихобот ҳаром буд ҳаромтар мешавад. Ҳокимияти оилавӣ коре ба кори мардум, зиндагӣ, рифоҳ ва мушкилоти он нахоҳад дошт. Бубинед,ки на Раҳмонови калонӣ ва на хурдӣ  назди хабарнигорон ва камераҳои онҳо наомаданд.

 

Хабарнигорон,ки дар  худ саволҳои мардум ва миллатро  ҳамл мекарданд, сар хор-хорон монданд. Ин ду ба назди хабарнигорон аз тарс наомаданд. Онҳо аз додани посух сахт метарсанд. Зеро тамоми корҳоро дар хуфия анҷом медиҳанд. Агар илоҷ доштанд,интихоботро  шабона доир мекарданд. Ҳамчунон,ки натиҷаҳои онро шабона шабмаҳтобӣ карданд. Акнун дар ҳокимияти оилавӣ Рустам ба унвони валиаҳд эшелони навро меоварад. Акнун писари Муроди телех, Шоҳрухи писари Фаттоҳ Сайид, Исмоили ҷияни худи Рустам-писари Маҳмадзоир, Умеди писари Нуриддини амакаш, (прокурори як ноҳияи Душанбе) Фахриддини писари аммааш( сардори милисаи Шаҳринав) Муҳиддини писари тағояш (дар Тавҳидбонк) Сомони додараш,Заринаи хоҳараш,Нақшов Файзиддини писархолааш (ҷонишини раиси Тоҷиксемент) дар  чавкоти тарҳи сиёсати ҷавонсозӣ ба мақомҳо таъин карда мешаванд. Ҳоло ин номҳое,ки маълуманд.Ёдатон бошад,ки Раҳмонов дар Хуҷанд чи гуфта буд? Ҳеҷ хеши дипломдор надорам гуфта буд. Вацте ки вай бо ин бехешӣ ҳамчунин ҳокмияти оилавӣ барпо кард,Рустам чи кор хоҳад кард?

 

    На танҳо шӯъбаи амнияту дохила, началники застава,суд, прокуратура,  андоз  аз “бачаҳакои боло” мешаванд,  сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтмоӣ, сардори раёсати молияи шаҳру навоҳӣ, кумитаи заминсозӣ, шӯъбаи фарҳанг, сардухтур ҳама-ҳама ва дар тамоми навоҳии кишвар аз бачаҳакои боло мешаванд. Сардори СЭС ,сардори паспортний стол, раиси Загс, водоканал, маориф ,бозорҳои навоҳӣ дар дасти як эшелони гушнаҳои нав дода мешавад. Мавҷи дигари бехонаву бедарҳо оби гармро нодидаҳо ба шаҳрҳо сарозер мешаванд. Боқии заминҳои Данғара,Фархор, дараву пуштаҳои Сари Хосор, Балҷувон, Кангурт  Даштиҷум ҳам ба ҳокимияти оилавӣ мутааллиқ мешавад. Дачаҳои сохтаи Муродалӣ Алимардон, Амонулло Ҳукумов аз куҳҳои дараи Алмосӣ ва Шаҳристони Суғд  зада гирифта мешаванд. Хулоса, ҳокимияти хонаводаӣ на танҳо мақомоту ниҳодҳо, тамоми он чизеро ки аҳамияти иқтисодӣ ва молиявӣ дорад кашида мегирад. Ҳокимияти оилавӣ ба дараҷаи олии салтанат мерасад ва ҳамаи вузаро ва раисҳо дигар дастбӯси ҳамин се Эмомалӣ,Рустам ва Озода хоҳанд шуд. Мисли саг вафодори ҳамин оила мешаванд. Агар сагона хидматгузор нашаванд, дар мақом боқӣ намемонанд. Фикр мекунед,ки Раҳмонов намедонад,ки мардум ӯро намехоҳад ва аз афту башарааш безор шудааст? Саддарсад медонад.

 

Барои ҳамин беш аз пеш ҳокимиятро дарунӣ,хонаводаӣ мекунад, то ин халқе,ки ӯро намехоҳад, зиёдтар зери итоат бигирад ва тарсу ваҳшатро дар мағзи устухонаш ҷо созад. Вай хуб медонад,ки як каме имконияти сарбардорӣ ба мардум бидиҳад,ҷоҳу ҷалолашро чаппаву роста мекунанд. Вай ва дуздбачаҳои вай мисли Ҳасану Маҳмадзоиру Ҷамолиддину ғайраву ғайра аз як сӯ танҳо ва танҳо дуздӣ ва ғорат карда истодаанд,аз тарафи дигар ба воситаи сагони вафодоре чун Рамазон Раҳимзода, Юсуф Раҳмон ва Саймумин Ятимов алови чашми мардумро гирифта ҳокимият ронда истодааст. Шиори вай ҳам ҳамин аст,ки “то кайе дорад ва то кайе даррад”. Аммо то он замон бояд танҳо ва фақат бидузданд. Ҳокимияти хонаводаии ташкилдодаи ӯ ҳам бо ҳамин ҳадаф аст. Бояд бидуздад.

 

Фикр мекунед чаро ба ҲСДТ ҳамагӣ 0.03% овоз дод?Вай шумори мухолифони худ ва режимаш дар Тоҷикистонро феълан 13 ҳазор баровард  кард. Ин 13 ҳазор шиносоӣ ва ба зиндон бурда хоҳанд шуд ё хайр,ҳоло  чизе гуфта наметавонем. Аммо ба ҲСДТ-и Раҳматулло Зоиров дар интихоботи соли 2015, 18 ҳазор овоз дода буданд. Аз интихоботи феълӣ 5000 бештар дошт. Фикр мекунед,ки чаро ин тавр карданд? Дар ҳоле,ки мебоист бештар мебуд.Сабаб ин аст, ки Раҳмонов ба мухолифон ва онҳое,ки тарафдор ва пайрави онҳоанд паём дод, ки ман ба интихоботи президентӣ бидуни шумо хоҳам рафт. Раҳматулло Зоиров ва ҲСДТ-и ӯ, танҳо ҳизби расмии мухолифи режими Раҳмонов,ки бо вуҷуди фишору таъқибу сарзанишу мазаммат, по ба арсаи сабқат гузошт ва  дар баробари ҳизби Раҳмонов қад алам кард, аз ҳамон оғози кор медонист,ки натоиҷ дасткорӣ ва раъйи мардум ба яғмо ва номуси миллат ба тороҷ бурда мешавад.Чун Раҳмонов дар нисбати Зоиров кинае шутурӣ дорад. Раҳматулло Зоир, ки ба маҳзи шиюъ ва бурузи вируси маризии султахоҳӣ дар Раҳмонов аз канори ӯ рафт, истеъфо дод аз мақоми мушовири ҳуқуқии вай, то ҳамин имрӯз алам ва хашми Раҳмоновро коре накардааст,ки фурукаш шавад. Ин аз як тараф аз тарафи дигар агарки Зоиров ҳатто беш аз сӣ дар сад ва беш аз нисфи раъйҳоро ҳам мегирифт, Раҳмонов ин бор,бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи президентии дарпешистода, ки тамоми ҳосили ҳокимияти 28 солаи Раҳмонов ва барномаи ҳаёту мамотии “валиаҳд” дар он  гузошта мешавад, ҳамин миқдор овоз медод.

 

Дар интихоботи президентии моҳи  ноябр дар баробари худ Раҳматтуло Зоирови вакили Маҷлиси намояндагонро ҳеҷ гоҳ имкон ва шароит намедод.Ва ба худ ҳарифи дорои иммунитет ва дахлнопазирӣ намесохт. Ва, сукут ва тарси ҷомиаро намешикаст,ки барои Зоирови вакили Маҷлиси намояндагон, ки инак акнун дар баробари худи Раҳмонов барои курсии раёсати ҷумҳурӣ қад алам кардааст, овоз диҳанд. Раҳмонов як муғамбири сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ одитарин шароит барои имиҷсозӣ ба Зоиров ва мухолифини дигарро намедод ва намедиҳад. Тарафи дигари масъала ин аст ки бори дигар ин фикр дар афкори умумии саросари кишвар матраҳ ва ҷосозӣ шуд,ки равӣ наравӣ фоида надорад, овоз диҳӣ надиҳи ҳукумат-Раҳмонов кори худашро мекунад. Ин ҳам барои интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ бисёр ҳам муҳим аст. Раҳмонов тамоми имкониятҳои дар ихтиёраш доштаро сарф мекунад,ки он интихобот орому осуда ва бидуни ҳузури мухолифин бигзарад. Барои ҳамин Зоиров ва ҳизби ӯ аз ҳамон оғоз ноком буданд ва инки ПМТ сад бор изҳорот ва баёнияҳои пуштибонӣ медод, суде намекард.Мо инро аз ҳамон аввал ҳам медонистем. Аммо барои дурнамои сиёсӣ муҳим буд.Ба хусус барои афкори умумӣ ва созмонҳо ва давлатҳои урупоӣ.

 

  Дар охири навишта номаи як бародареро,бидуни зикри номаш меоварам,ки рабти мустақим ба навиштаи мо дорад. Нома ҳаҷман бузург нест.Вале дар ҳар сурат мазмуни онро меоварам,ки ба шакли зайл аст:

 

“ Имрӯз баъд аз интихобот,пеш аз эълони натиҷаҳо бо як мансабдори КДАМ аз ноҳияи Данғара нишаста будам.Гуфт ҲСДТ ба Маҷлис роҳ намеёбад.Чун ҲСДТ барои интихоботи президентӣ сахти сахт монеа мешавад.Ба ҳамин хотир як фоизи тамоман ночизаш медиҳанд.

 

Ман пурсидам,ки чи хел? Гуфт,ки ин интихобот дар ихтиёри Саймумин Ятимов ва командааш супорида шудааст ва вай чихеле форад,ҳамон хел ҷамъбаст мекунад.Супориш шудагӣ аст,ки ба ҳизби Зоиров аз ним фоиз ҳам камтар диҳанд. “Муаллим” имрӯзҳо на танҳо раиси КДАМ ,балки ба мисли як хон аст.(Тахаллуси дигари Ятимов муаллим будааст,чун пединститут ва он ҳам дар Кулобро хонда будааст,барои ҳамин дар байни худи амниятиҳо бо номи “муаллим “ машҳур аст) Муаллим ҳатто дар болои Раҳмонов ҳам калонӣ мекардааст.Президент чихел муттаҳамие аз Ятимов дорад.Чи хел муттаҳам аст гуфта пурсидам аммо чизе нагуфт. Вале гуфт,ки “муаллим” нуфузашро дар тамоми кишвар расонидааст. Сардорони тамоми шӯъбаҳои КДАМи шаҳру навоҳӣ одамони содиқи “муаллим”.Бархе аз одамони муаллим дар Ҷиргатол,Лахш,Тоҷикобод ва Рашт мисли худи ӯ хони ин ноҳияҳоянд. Онҳо дар болои раисони ноҳия ,ки намояндаи президент ҳам ҳастанд, калонӣ мекунанд.Вале ин одам мегӯяд, ки “валлоҳи биллоҳи Ятимов дар болои Раҳмонов ҳоло калон аст. Зеро мо борҳо гуноҳҳои сахти ӯро ба воситаи Рустам ва Озода ба Раҳмонов расонидем,аммо чизе нашуд.Рустаму Озода дар КДАМ одамони худашонро доштанд ва доранд. Аммо Ятимов хеле аз онҳоро  ба вазифаҳои паст фаровард ва бархеашро ҳам пеш кард. Гуфт,ки Раҳмонов гуфтааст ба Ятимов,ки аз вазифа меравӣ. Вале Ятимов гуфтааст,ки агар ман равам ту ҳам меравӣ,инро фаромуш накун. Ятимов баъзе аз рақибони бонуфузаш дар КДАМро пачақ кард.Ятимов тамоми ҷиноятҳои Раҳмоновро санад кардагӣ аст ва парвандаи махсус дорад. Ҳатто вай президентшав ҳам ҳаст.Гуфтааст,ки мисли Путин бояд корманди амният давлатро идора кунад.Интизор шавед президенти навро”

 

 Ин нома ва муҳтавои он ба қазовати шумо хонандаи азиз аст.Вале воқияти феълӣ дар кишвар ин аст ки ҳокимияти оилавӣ дигар бо тамоми қудрат ва тавон бар таҳкими худ мекӯшад. Тоҷикистон аз ин шароите,ки дорад боз ҳам ба бадтарин шароит рӯбарӯ мешавад.

 

17 март ё шояд як рӯз ё ду рӯз қабл нахустин ҷаласаи ҳайати нави Маҷлиси Намояндагон  баргузор ва номзадии Маҳмадтоир Зокирзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии №12 –и Рашт аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов барои спикери парлумон пешниҳод карда мешавад. Абдуҳалим Ғаффорзода,раиси ҲСД ба унвони вакили куҳнасол ҷаласаро ифтитоҳ мекунад. Сипас Саймурод Фаттоҳзода ва Раънои Бобоҷониён дар ду бари Маҳмадтоир Зокирзода дар раёсати парлумон ба унвони муовинон хоҳанд нишаст. Аммо ин ҳама як декоратсия, як спектакл ва як маскарад хоҳад буд, ки то панҷ соли баъд давом мекунад. Ҳокимият бошад ҳокимияти оилавӣ  шуд ва агар ки 14 сол Рустам риёсат кард ва дар идомааш Анӯшервон меояд .Қонунро иваз мекунанд, Рустам пешво мешад ва Анӯшеравони 25 -26 солаи раиси ҷумҳурӣ ва ҳамин тавр аз Оли сомон то Оли Раҳмон дар тӯли беш аз ҳазор сол тоҷику тоҷикистонӣ ҳазорҳо сол ақибуфтодатар, деркардатар, батаъвиқ мондатар, хоҳад монд. Аз ёди худ ва аз ёди ҳамагон ҳам фаромуш мешавад.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.