Шикояти зиндониён аз шиканҷаҳои зиндонбонон

Шикояти зиндониён аз шиканҷаҳои зиндонбонон

Чанд рӯз пеш ба Пойгоҳи таҳлилии Ислоҳ сабти  шикояти дастаҷамъии зиндониёни муассисаи ислоҳии № 4 шаҳри Душанбе, низомаш пурзӯр расид. Бо ирсоли сабти аудиоӣ зиндониёни ин маҳбас аз мудири пойгоҳи Ислоҳ, Муҳаммадиқболи Садриддин хоҳиш кардаанд, ки ин шикояташон расонаӣ карда шавад. Мо ин сабтро ба матн баргардонидем. Чун ин шарти шикояткунандагон ин аст, ки садояшон расонаӣ нашавад. Инак шикоятнома

***

 

Нома

Ба раиси  зиндонҳои Тоҷикистон, генерал, Мансур Умаров,

Аз номи як гурӯҳ зиндониёни муассисаи ислоҳии № 4 шаҳри Душанбе, низомаш пурзӯр

-----

Мо аз шумо хоҳиш дорем, ки моро аз шарри роҳбари муассиса, Хушвақтзода Ҷамолиддин, муовинаш Мирзоназаров Каромат, сардори режим Нуруллоев Рустам ва кормандони оперативиаш Шарипов Бобоҷон, лейтенанти калон Абубакр, капитан Беҳрӯз, капитан Меҳроб наҷот диҳед.

 

Шахсони номбурда  ҳар рӯз бекору бакор зиндониёнро азоб медиҳанд, ғам медиҳанд, латукӯб мекунанд, ШИЗО мекунанд, КПП мекунанд. Ба китобхона меравӣ барои навиштан, барои ягон чиз ёд гирифтан, ба утоқи ҷаримавӣ мебаранд.  Масалан, моҳи ноябр соли гузашта, Миров Абубакрро бурданд “ШИЗО” карданд, Шукуров Акмалро барои тоза накардан, ҳолати санитарӣ гуфта, 15 шабонарӯз бе ягон гуноҳ ба “ШИЗО” ҳабсаш карданд.

Боз як низом доранд, зиндониёнро болои бетон хоб мекунонанд ва талаб мекунанд, ки барои халосӣ 1500 ё 2000 сомонӣ пул диҳанд, касе, пул надорад хоб меравад ҳамон ҷо. Барои вохӯрии дарозмуддат бо оила даромадгоҳ барои як шабонарӯз 100 сомонӣ мерӯёнад. Аз руи қонун дар се моҳ 3 руз бояд вохурӣ бидуни ситонидани маблағ ройгон суръати  гирад. Аммо агар пулро кам диҳем, ду шабонарӯз иҷоза медиҳанд, баҳона мекунанд, ки одам бисёр ҷой нест, чунки ба ҷои 700-800 нафар дар он ҷой 2500 нафарро нигоҳ медоранд.

 

Худашон зиндониёнро бо хабарҳои бардурӯғ байни ҳам шӯронида ҷанг меандозанд. То зада ҳамдигарро аз ҳуш равондан, ҷамъ шуда тамошо карда  мешинанд. Кӣ бой медиҳад, кӣ ғалаба, байнашон шарт мебозанд. Барои пӯшидани ин ҷиноятҳо як ду бегуноҳи дигарро айбдор карда ба “ШИЗО” мебаранд.

 

Гурӯҳи чорнафара, ҷанг карданд, 8 нафарро гирифта бурда, “КПП” карданд. Дар мобайнашон Амиров Маъруфро бегуноҳ ба зарби дубинка заданд, гирифтанд бурданд 1 моҳ дар КПП заданд. Ҳоло ҳам дар КПП шиштааст. Шарипов Абдуллоҳро зада маъюб карданд, бечора, то ба ҳол дарди маъюбӣ мекашад. Бовар накунед, як бор аҳволашонро омада бинед.

 

Касе ба китобхона рафт, ягон чиз навишт ё ягон чиз хонд,  мебаранд парванда мекушоянду ё “ШИЗО” ё “КПП” мекунанд ё пулатро мегиранд,  Агар ягон кас ришаш ногирифта, камтар баромадагӣ бошад ё мӯи сараш баланд шуда бошад, таҳқир мекунанд,мӯи сарашро бо бузқайчӣ қайчӣ мекунанд. Охир барои 2500 нафар 10 нуқта аст. Баъзе навбат мегирӣ, як ҳафта навбат мепоӣ.

 

Дар зиндон маҳбусонро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд:  Ҳизбӣ ва ҳаётӣ. Ҳизбиҳо ин исломӣ ҳастанд. Зиндонбонҳо ба ҳаётиҳо гуфтанд, чӣ хеле, ки мефорадтон бо ҳизбиҳо муомила кунед. Исломиҳо бошанд, 800 нафаранд ин ҷо. Мо иҷоза намедиҳем, ки як гурӯҳи арақхуру бангиву нашшакашу аз Худо дур, биёянд моро таҳти контроли худ бигиранд. Ин як хатари бузург аст. Мумкин байни ин ду гурӯҳ як ҷанги калоне сар занад.

 

Дар Зеландияи нав терракт шуд, 49 нафарро куштанд, як гурӯҳро сардор Хушвақтов  бароварда гуфт, дидед террористон чӣ кор карданд, шумо террористон ҳамин хел мекунетон. Охир айби мо зиндониён чист ва бо терорристони Зеландияи нав чӣ рабте дорем. 90% аз ин гурӯҳи ҳизбӣ бегуноҳ, адолат, ки вуҷуд надорад,  бо туҳмат инҷо дар маҳбасанд. Ин чӣ бедодӣ?

 

Дар зиндон машқ кардан мумкин не, касе, ки машқ мекунад мебаранд ё ШИЗО ё КПП мекунанд. Масъалаи хурок бошад, хӯрок тамоман мазза надорад, гӯшту равған дида намешавад ва бӯи ботлоқ мекунад. Агар аз ҳад зарур набошад, ягон кас намехурад. Саҳарӣ ба чой шакар меандозанд, аз оби соф камтаракак фарқ мекунад, халос.

 

Хулоса, ҳизбиҳо таҳти назорати сахтанд, таҳқир мекунандашон. Барои ҳамин мо аз генерал хоҳиш дорем, ки пеши роҳи ин корҳоро бигирад ва чорае биандешад.

Чанд рӯз пеш ду нафар муноқиша карданд. Гулбеков Шоирро лейтенанти калон Абубакр бурд ШИЗО кард. Ҳоло зиндониён мегӯянд, мо то кай ин хел зиндагӣ мекунем, ин бедодиро ба кӣ гуем.

 

Коре, ки дар Хуҷанд шуд, метарсем дар ин ҷо низ такрор шавад. Барои ҳамин, аз генерал хоҳиш дорем, ягон чорае андешад.

 

Барои истифодаи қувваи барқ, барои хурокгармкунӣ, ҳар моҳ 300-350 сомонӣ мегиранд. Моҳе якбор бо хешовандон панҷ дақиқа гап мезанонанд. Барои ин бояд аз берун ба телефони инҳо ё картаи бонкии занашон 150-200 сомонӣ маҳбусон гузаронанд. Ба ҳар шишту хест пул талаб мекунанд. Дар ҳоле, ки ба зиндон  ҳамроҳ пул гирифта даровардан мумкин не. Агар пулатро ёбанд, мебаранд ШИЗО мекунанд, пулатро мегиранд, боз пул мепурсанд, то ки ҷонатро халос кунӣ.

 

Агар касе аз ин талаботҳо сарпечӣ кунад, ҳамаро мебароранд, лату кӯб мекунанд. Талаб  мекунанд, ки ё ба саркаш бигӯем, ки ба ҳама мушкилӣ эҷод накарда пулро ёфта диҳад, ё ки ҳамакаса латукӯб мешавед. Хеле бераҳмона мезананд. То ба талаботашон розӣ нашавӣ,  аз шиканҷа даст намебардоранд. Хусусан, муовин Мирзоназаров Каромат ва лейтенанти калон Абубакр дар Боздоштгоҳи муваққатии 1 буданд, ҳамроҳи Авазов Баҳриддин аз ҳар як камера 20-30 сомонӣ ба зурӣ мегирифтанд. Агар пулро надодӣ, зиндониёнро мебароранд, латукӯб мекунанд, ғам медиҳанд, маъюб мекунанд. Чандин нафарро зада маъюб кардаанд.

 

Соли гузашта низ як одамро зада куштанд. Худашон тобутро кушодан намонда, бурда гӯр карданд.

Генерал Мансур, баъзе иқдомҳои хуб кардед, баъзе мушкилиҳо бартараф шуд, лекин дере нагузашта, боз корҳои пештара сар шуданд. Холматов Олимҷонро заданд, ба ҷигараш зарб хурда, хеле ранҷ кашид, ниҳоят ба беморхона бурданд. Ҳоло базур нафас мекашад, дар ШИЗО хобаст.  Чандин каса зада, маъюб кардагӣ ҳастанд. Чанд нафар шахсони сиҳатро аз инҷо бурданд. Фикр кардем, ҷои дигар интиқол додаанд. Аммо як нафар хабари маргаш омад. Шунидем, ки дар ҳамин зиндони худамон фавтидааст.

 

Баъзе миш-мишҳо ҳаст, ки бо ҳар баҳона, мабодо ягон зиндонӣ аз шикамдардӣ шикоят кунад, мебаранд,тавассути амалиёт узвҳояшро гирифта мефурӯшанд. Илоҳо ин ҳақиқат надошта бошад. Хеле зиндон ҷои даҳшате шудааст. Бар замми адои ҷазо, шабу рӯзамон бо даҳшату ваҳшат мегузарад.

 

Муҳтарам Генерал Мансур Умаров! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки якбор шароити зиндонҳоро бо чашми сари худ бубинед. Санҷиш гузаронед. Мо зиндониён аксарият бегуноҳ, бо тӯҳмату бӯҳтон дар маҳбас ба гуноҳи содирнакардаамон адои ҷазо мекунем.  Бар замми ин, зиндонбонон бераҳмона моро шиканҷа мекунанд. Умедворем, ин шикояти мо ба гӯши созмонҳои байналмилалии кафили ҳуқуқи инсон низ мерасад.

***

Хонандаи азиз! Ин шикоят ба пойгоҳи Ислоҳ бо таври аудиоӣ расидааст. Зиндониёне, ки ин шикоятро ба мо ирсол намудаанд, хоҳиш кардаанд, ки номашонро зикр накунем ва садояшон расонаӣ нашавад. Аммо мо  садоро ҳарчанд расонаӣ намекунем, дар аввалин фурсат дар ихтиёри Созмонҳои байналмилалии дифоъи ҳуқуқи инсон ва созмонҳои зидди шиканҷа вогузор хоҳем кард. То хоҳиши ин зиндониёни мазлум ба иҷро расад.

 

    • Ҳамсари зиндонӣ25 марта 2019, 20:25

      Аллоҳ аз шумо розӣ бошад бародар шавҳари маро бе гуноҳ бо модаи 307 5 сол зиндон кардаанд, ки айнан ҳамин мусибатро дошт ҳоло намедонам чӣ ҳол дорад, пас аз ин шикояти зиндониҳои ба ҷонрасида. Дигар набояд тарсид ва ончӣ ҳаст онро навишт, то дар умум ин бечораҳоро наҷот диҳем. Дар аввал ин Мансурҷон Умаров каме тағирот даровард вале пас аз ду моҳ боз ҳамон ҳолати авваллаи мисли Зоро сар шудааст.Инҳо вақте буйи пулро мефаҳманд ҳамаро фаромӯш мекунанд.

    • Абубакр Саторов25 марта 2019, 21:50

      Ҳозир бароям аз ин зиндон бароям хабар карданд, ки пас аз нашри ин матлаби сомони Ислоҳ фишори шадидеро болои зиндониён зиндонбонҳо шурӯъ кардаанд.Бе гуноҳ барои дилашона хунук кунанд беш аз 20 нафарро Шизо карданд.Ултиматум монаданд, ки ё он наводчика пайдо мекунед барои мо ва ё ҳолатон аз ин бадтар мешавад.Илимос бародарон нагузоред ҳолати ин бечорагон аз он ҳолати пешина бадттар шавад.Медонем шумо мехоҳед вазъашон беҳтар шавад вале ин золимон фишорро сахттар кардаанд.Охир чӣ мусибат аст падарам 63 сола аст бо ҷурми сохта аз соли 2015 дар зиндон аст сахт нигарон шудаем.Ҳар ҳолате шуд бароятон менависем.Аз шумо сипосгузорем, ки дар ғами падарони мо ҳастед ва мехоҳед онҳо зулм нашаванд.

    • Исфандиёри26 марта 2019, 09:56

      Исфандиёр39 минут назад
      Асалому Алайкум! Бародари азиз ман худорашукургузорам ки як нафаре пайдо мешудааст ки аз мардуми нохияй Лахш Чергатоли собик мухофизат мекунад, рости бародари азизу гироми мо зодай хамон нохия хастем вале дар холи хозир дар душанбе зиндаги мекунем неким аз кавли мардуми худамон зиёд чизхо мешунавем.яне чиноятхое ки ин хукумадорой нохияй Лахш анчом медиханд ногуфтани, хама руасой ин нохия аз дигар нохияхо аст. Шумо аз мардуми нохияй Лахш райси Амнияти нохияро кирдорашро пурсед ки чи кор мекунаду чи мегуяд мардумро ман шунидам ки райси Амнияти нохияй Лахш барой касоне ки риш мемондан бо лахни дагал мегуфта аст ки ришатона гиред ки ман хамон Абучахле хастам ки дар замони мухамадатон буд ман хамон Абучахл хастам бо ин суханхо ба мардум дагалона рафтор мекунад.Бародари азизу гироми аз шуммо хохиш мекунам ки аз мардуми нохияй Лахш фаромуш накунед ки ин рузхо дар зулми сахти хукумадоро карор доранд.як хохиши дигари ман ин аст ки дар борай райси Амнияти нохияхам пурсон шавед инхам хела зулум мекунад.Аз худованди манон хохони он ро дорам ки аз шари ин хукумадорой нохияй Лахш мардуми камбагали мазлум начот ёбад. Ва охру даьвона ва Алхамдулиллах

    • Дуст27 марта 2019, 01:06

      Бародари калонии мо дар зиндон аст бовар кунед тамоми масорифи хонавода яктараф асту масрафи турма яктараф. Аз Худованд шарм доред ҳукуматдон дар берун аз зиндон аз мурдум кашида мегиреду дар зиндон аз зиндониҳо.

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.