Таҳорат кунем, то аз вирусҳо дар амон бимонем!

Таҳорат кунем, то аз вирусҳо дар амон бимонем!

Таҳорат кунем, то аз вирусҳо дар амон бимонем!

 

Дар байни давлатҳои бистгонае, ки вируси корона дар онҳо нисбат ба дигар кишварҳо зиёдтар паҳн шуда, ва аз мардум бештар қурбонӣ гирифтааст, танҳо ду кишвари исломӣ: Эрон ва Малайзия қарор доранд. Дар ҳоли ҳозир Эрон дар ҷои сеюм ва Малайзия зинаи 18-умро ишғол кардааст.

 

Вируси корона  ва ё ҳамон “COVID 19” аз шаҳри Вуҳони Чин, ки маҳалли хурӯҷи ин беморӣ шинохта мешавад, ба шаҳри Қуми Эрон мунтақил шудааст. Қум хостгоҳи “COVID 19” дар Эрон шинохта шуд. Сипас ин вирус аз шаҳр-Қум, маркази мазҳабӣ ва фарҳангии аҳли ташайюъи Эрон ба дигар шаҳру навоҳӣ ва устонҳои дуртар аз худ ва ҳатто ба хориҷ аз кишвар интиқол ёфт.

 

Кишварҳои Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Баҳрайн, Кувайт, ва Покистону Гурҷистон эълом карданд, ки ҳомилони ин вирус “COVID 19”-ро аз Эрон ва ба эҳтимоли зиёд аз шаҳрҳои Қум ва Машҳад, ки он ҷо ҳузур доштанд (шиъаёне будаанд), ки ин бемориро ба кишварҳои худ “савғот” овардаанд.  

 

Минтақаи Туркистони Шарқӣ дар Чин яке аз манотиқи камсироятёфтаи вируси корона дар ин кишвар ба қайд гирифта шудааст. Туркистони Шарқӣ минтақаест, ки аксари аҳолии он мусалмонони уйғур, қазоқ, қирғиз, тоҷик ва ғайраи Чин дар он зиндагӣ мекунанд ва аз нигоҳи мазҳабӣ аҳли суннат валҷамоъат мебошанд.

 

Ҷолиб он аст, ки дар минтақаи Туркистон Шарқӣ то кунун 76 ҳолати мубтало шудан ба ин вирус ба қайд гирифта шуда, 73 каси гирифторшудаҳо шифо ёфтаанд ва 3 каси онҳо вафот кардааст.

 

Аз сӯи дигар, оморҳо нишон медиҳанд, дар минтақаи суннинишини устони Сиистон ва Балучистони Эрон ҳам чизе кам ҳудуди 70 маврид мубталоёни “COVID 19” ба қайд гирифта шудааст. Ин минтақа яке аз устонҳои Эрон аст, ки мизони гирифторони вируси корона дар онҳо нисбат ба Қум хеле кам сабт гардидааст.

 

Ин таҳқиқ як пажӯҳиши кӯчак дар робита ба шустушӯи дасту рӯямон (ва пойҳоямон) барои эҳтиёт ва пешгирӣ аз корона вирус аст. Аҳли илм ва афроди мутахассис дар соҳаи тибб тариқи расонаҳо ҳамаро ташвиқ ва тарғиб доранд, ки барои пешгирӣ аз вируси корона рӯзона чанд маротиба дастони худро бо собун бишӯем, албатта дар бораи шустани рӯйҳо низ маслиҳатҳо кам нестанд. Аммо дар бораи шустани пойҳо, бахусус аз буҷилаки пойҳо пойинтарро шустан, бесёре аз онҳо ба ҷуз андаке чизе намегӯянд ва ё дақиқтараш ман камтар шунидаам.

 

Дар ислом, ҳам пайравони мактаби аҳли суннат валҷамоъат ва ҳам пайравони мактаи аҳли ташайюъ вақте рӯзона барои намозҳои панҷгона омода мешаванд, чанд маротиба вузӯ (таҳорат кардан) мегиранд.

 

Ба ин тартиб, дар вақти вузӯ гирифтан пайравони мактаби аҳли суннат валҷамоъат пойҳои худро мешӯянд, аммо пайравони мактаби аҳли ташайюъ бар пойҳои худ масҳ мекашанд. Решаи ин ихтилофи онҳо дар зеру забар хонадани як калима дар ояи шаши сураи муборакаи ал-Моида аст, ки аҳли суннат онро “арҷулакум” мехонанд, вале аҳли ташайюъ онро “арҷуликум”, ки баҳсаш алоҳидааст.

 

Бар асоси оморҳои расмӣ аз Созмони беҳдошти байнулмилалӣ дар ҳоли ҳозир аксар кишварҳои исломӣ, бахусус кишварҳое, ки дар онҳо бештари сокинонашонро пайравони аҳли суннат валҷамоъат ташкил медиҳад, камтарин мизони мубталоёнро дар байни мубталоёни вируси корона ва ё “COVID 19” дар дунё ташкил медиҳанд.

 

Бо ин, ки аҳли тибб ва мутахассис дар ин соҳа нестам, аммо пас аз ин пажӯҳиши кӯчак ба ин натиҷа расидаам, ки яке аз розҳои камтар шуйӯъ ёфтани вируси корона дар минтақаҳои суннинишан ҳам дар Эрон ва ҳам Чин пойбандии афроди калонсолтари ин мантақаҳо, ки маъмулан бештар аз дигарон аз ин вирус осебпазир дониста мешаванд, дар шустани пойҳояшон дар вақти вузӯ гирифтан ниҳон шудааст. Вагарна, аз нигоҳи рифоҳи зиндагӣ, шароити беҳдоштӣ, ва дар умум хидматрасониҳои комуналӣ сокинони Вуҳони Чин ва Қуми Эрон ба маротиб зиёдтар ва хубтару беҳтар аз мардумони сокин дар минтақаҳои суннинишине ба мисли Туркистони Шарқӣ дар Чин ва устони Сиистон ва Балучистони Эрон аст...

 

Хулоса, ҳамчун як мусалмон, муътақидам, ин амр метавонад, яке аз муъҷизаҳои Қуръони Карим дар ин аср бошад, ки пайравонашро ба таҳорати зоҳириву ботинӣ рӯзе панҷ маротиба амр кардааст. Таҳорат кунем, дасту рӯй ва пойҳоямонро дуруст бишӯем, то ҳам аз ин беморӣ ва амсоли он дар амон бошем ва ҳам дар вақтҳои намоз тозаву озода бо Холиқи худамон тамос бигирем!

 

Амруллоҳи НИЗОМ, Варшава-19.03.2020

 

    • Чамол20 марта 2020, 16:28

      Ай и рузутда мурданат бех… Хариятатро бибин Ки то кучохо расидааст…
      Ана ба хами хотирай Ки ма мегум, дин бояд ай сиёсат чудо бошад, Ки агар чунин набошад, сунихотон чиликотона дар куни шихотон мезанену шиохотон чиликотона даткуни суннихотон…
      Дурурд бар бе дини, туф бар диндориатон…

    • Бехтарин макола, ахсант ба Амруллох!21 марта 2020, 00:29

      Чамол, такие как вы интеллектуальные ничтожества не способны на академический или хоть какой либо спор в рамках приличия, а способны только показывать своё невежество выливая словесные фекалии наполняющие ваш внутренний, ничтожно пустой мир. Раз вы такой убежденный атеист, идите и ведите диспут, например, с одним из Исламских специалистов греческого происхождения Хамзой Тзортисом (если конечно вы владеете английским языком), чтож вас раздражает хинзиров призыв к элементарной гигиене в этой статье?!

      Слава Исламской реконкисте и смерть средневековому секулярному невежеству!

    • Хонанда21 марта 2020, 00:32

      Чамол, такие как вы интеллектуальные ничтожества не способны на академический или хоть какой либо спор в рамках приличия, а способны только показывать своё невежество выливая словесные фекалии наполняющие ваш внутренний, ничтожно пустой мир. Раз вы такой убежденный атеист, идите и ведите диспут, например, с одним из Исламских специалистов греческого происхождения Хамзой Тзортисом (если конечно вы владеете английским языком), чтож вас раздражает хинзиров призыв к элементарной гигиене в этой статье?!

      Слава Исламской реконкисте и смерть средневековому секулярному невежеству!

    • Хонанда23 марта 2020, 17:08

      Рости пажӯҳишгарони зур доштаем. Инқадар мутахассисони хубу вирусшиносони дақиқ дорем бад меген тоҷикистон дар соҳаи тибб хело қафо аст. Як вирусе ро ки дунё натавонистааст ваксинаша пайдо кунад мана тоҷики мо ёфт илоҷаш шустани по. Росташ хело таҳқиқ кардем то ҳол дар ҷое нафаҳмидем ки вирус аз по ҳам мегузаштааст баръакс агар таваҷҷуҳ карда бошед дар бисёре аз ҷойҳо ба ҷои дастаи дар дар поёни дар як гирае гузоштанд то бо пой боз кунанд мардум. Хулоса инки бародари азизмон як танзе гуфтааст вале афсус ки дар инҷо ҳам боиси тафриқаи бештар шудааст

    • Шиа24 марта 2020, 08:27

      Ин Амруллоҳи Низом на саводи тиббӣ доштааст на саводи динӣ. Охер фарқи шиа ва суннӣ дар хондани «арҷулакум» ё «арҷуликум» нест. Ҳардуи онҳо«арҷулакум» мехонанд. Фарқ дар ин аст ки ин калимаи«ва арҷулакум» ба куҷо атф мешавад. Яне ба феъли масҳ кашед бар мегардад ё ба феъли бишӯйед.
      Чаро домулло Садриддин ислоҳ накарда дар сайт гузоштааст!?

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.