Табаддулоти тақаллубӣ

Муҳаммадиқболи Садриддин

                             

       Бо гузашти чаҳор сол аз замони ба ном табаддулоти давлатии генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазир дифои Тоҷикистон, ки бо номи “ошуб”-и Ҳоҷӣ Ҳалим  ёд мешавад, то кунун Раҳмон ва мақомоти марбутаи вай кадом ҳуҷҷат ва санадеро манзур накардаанд, ки қобили пазириши ин иттиҳом аз сӯи ҷомеа бошад. Ин як тарҳе аз қабл омодашуда буд,ки Раҳмонов бо ба иҷро гузоштани он ҳокимияти хонаводагии худ ва бақои онро тамдид кард ва ҳадафи асосии он аз ҳаёти сиёсии кишвар ва талош барои қудрат дур кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Бо айб ва иттиҳоми табаддулоти давлатӣ  Раҳмонов на танҳо Ҳоҷӣ Ҳалим хеле аз генералҳоро муттаҳам ва зиндонӣ кард ва ҳатто ҷонашонро гирифт,ки дар идомаи матлаб,ки чор сол аз охирон “табаддулот”аш мегузарад аз онҳо хоҳам гуфт. Аммо дар асл ин худи Раҳмонов аст ки дар арсаи сиёсат бо куштор ва хунрезӣ  ворид шуда тули ин ҳама муддате,ки сари қудрат аст танҳо ва танҳо аз тариқи табаддулот қудратро ҳифз ва тасарруф кардааст. Ҳамеша бо табаддулот ҳамроҳу ҳамсафар будааст. Он хоҳ табаддулоти давлатӣ дар доираи парлумон ва интихобот бошад ва хоҳ бо куштор ва хунрезӣ.

 

  Соли 92 Раҳмон вақте раиси вилояти Кулоб шуд,ки Сангак-ҷинояткори бо 23 сол собиқаи зиндони будан, Ҷиёнхон Ризоев,раиси пешини  ин вилоятро бо тир зада кушт. Раҳмонов аз болои мурдаи Ҷиёнхон Ризоев ва бо дастгирии як ҷинояткор ин вазифаро ба даст овард. Ҷинояткоре,ки барои маҳви ислом, саркуби неруҳои озодихоҳу милливу мардумии тоҷик  аз Ӯзбакистон ва Русия пуштибонии пуливу техникӣ медид, дар Иҷлосияи 16 бо маслиҳат ва роҳнамоии Ислом Каримов Раҳмоновро раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб кард.Дар асл ин як табаддулот ба маънои комили калима буд. Зеро Сангак ва Фронти халқии он бо шиори барқарории С. Кенҷаев ва Р. Набиев ба ҳокимият  ба ҷанг алайҳи миллат даромада буданд.

 

   Аммо дар Хуҷанд Кенҷаевро,ки даъвогари курсии раиси Шурои олӣ буд то интихоби Э. Раҳмон ба ин мақом ҳабс карданд. Набиевро зуран ба истеъфо фиристоданд. Кенҷаевро барои он ҳабс карданд,ки даъвои курсии раиси Шӯрои олӣ накунад.Ба таври ғайриқонунӣ ва аз роҳи табаддулоти давлатӣ институти президентиро барҳам доданд. Агар институти президентӣ нигоҳ дошта мешуд, мебоист баъди се моҳ интихобот сурат мегирифт ва маълум буд,ки ба вай ҳеҷ кас овоз намедиҳад.Набиевро аз роҳи зӯр ва иҷбор тавассути табаддулот дар  Шурои Олӣ аз мансаб ронда ҷояшро гирифт. Вақте Набиев неву нестон кард ва гуфт,ки “маро халқ интихоб кардааст на депутатҳо, депутатҳо чи тавр президени интихобидаи халқро аз вазифа мегиранд”,дар ҷавоб ошкоро таҳдидаш кард,ки “ту ва писарат дар хона шиштеду мо фронти халқиҳо ҷанг кардем! чи хел ҳукуматро ба ту медиҳем. Набиев натавонист гуяд,ки шумо барои ҳокимияти қонунӣ хеста будед ва ё барои ғасби ҳокимият?! Бад-ин тартиб президенти  интихобшуда аз тариқи овоздиҳии халқиро ғайриқонунӣ  ва бо анҷоми табаддулот  аз вазифа барканор карданд.Институти президентӣ ба таври ғайриқонунӣ барҳам зада шуд.Аз ин лиҳоз ҳануз аз рузҳои аввали сари короӣ Раҳмон тавассути табаддулоти давлатӣ қудратро тасарруф карда буд. Шӯрои олӣ ҳақ надошт,ки институти президентиро бекор кунад. Ҳатто дар ҳамон вақти раиси вилояти Кулоб таъин шуданаш ҳам фармони раиси ҷумҳурӣ дар бораи таъйини Раҳмон ба ин мақомро то кунун касе надидааст

 

  Дар  интихоботи президентии соли 1994 ӯ дар баробари А. Абдуллоҷонов бохт. Сафирони Русия ва Амрико дар Тоҷикистон Абдуллоҷоновро бо пирузӣ табрик карданд. Аммо ӯ эълон кард,ки мо ҳукуматро бо хун гирифтаем ва бо хун медиҳем ва пирузии ҳарифашро дуздид.

 

  Агар ӯ аз худаш дили пур дошт,агар ӯ бо раъю овози халқи Тоҷикистон интихоб шуда буд, соли 1999 шароити ширкати сиёсатмадороне чун С. Тураев ва С. Қувватовро аз байн намебурд ва исми Давлат Усмон,намояндаи ҲНИТ-ро бо таваллову тазарро шомили барга намекард.

 

   Бақия интихоботҳои президентӣ дар кишвар ба ҷуз аз саҳнасозӣ ва мазоҳу масхара чизе беш набуданд. Ҳам дар соли 2006 ва ҳам дар соли 2013 интихоботҳое доир шуданд,ки ҳеҷ яке аз созмонҳои байналмилалӣ эътироф накарданд. Нозирони кишварҳои демократӣ он интихоботҳоро бозӣ бо демократия унвон карданд.

 

   Дар арафаи интихоботи соли 2006 равобити Раҳмон  бо Русия тира шуд.Раҳмон неруҳои марзбони Русияро аз сарҳадоти Тоҷикистон пеш кард. Русия дар садади тағйири ӯ ва ҳокимияташ пардохт.

 

  Ричард Ҳоугленд,сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон  дар он шабурӯзҳо дар як  номаи махфӣ ба Департаменти давлатӣ тафсилоти суҳбати худ бо Раҳмонро тавзеҳ дода аз ҷумла навишт,ки  Раҳмон бо ӯ аз Путин сахт шикоят кард. Раҳмон гуфтааст,ки Путин қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ тавассути генерал Ғаффор Мирзоев, раиси Горди президентӣ дар Тоҷикистонро дошт. Раҳмон гуфтааст, Путин,ки мехоҳад дар Тоҷикистон нафари мавриди назари худро ба қудрат биншонад ва барои ин кор  Ғаффор Мирзоев ва неруҳои марзбони Русия дар Тоҷикистонро истифода карданӣ буд. Танҳо баъди онки, гуфтааст Раҳмон, ӯ Ғаффор Мирзоевро аз мақоми фармондеҳи Горди президентӣ барканор кард, Путин ноилоҷ монд.

 

Аммо на танҳо генерал Ғаффор Мирзоев буд,ки бо иттиҳоми анҷоми табаддулоти давлатӣ ва сарнагунии ҳокимияти давлатӣ муҷрим ва ба зиндон кашонида шуд,ҳамчунин қабл аз Ғаффор генерали дигар Ёқуб Салим,вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон ҳам ба айби мушобеҳ-анҷоми табаддулоти давлатӣ ба 15 соли ҳабс маҳкум шуд. Ёқуб Салимове,ки дар як суиқасд  дар Хуҷанд  ҷони Раҳмонро наҷот дод ва Раҳмон дар аввалин суханрониаш баъди он инфиҷор дар ҳузури омм эълон дошт,ки “на танҳо худаш, балки фарзондону набераҳояш тамоми умр ин некии Ёқубро фаромуш нахоҳанд кард” баъди андак фурсате ӯро ба 15 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо то кунун,ки инак Ёқуб давраи ҷазояшро хотима дод ва ба озодӣ баромад, далелу мадракеро,ки исбот кунад ӯ алайҳи Раҳмон табаддулот карданӣ буд, нишон надодааст.

 

   Генерал Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба хотири танҳо як ҳарфаш,ки гуфт дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешбарӣ хоҳад кард, ба 23 соли зиндон маҳкум шуд ва ҳоло,ки ҳоло аст, адои ҷазо мекунад. Иттиҳоми сангини ӯ ҳам ҳамин кушиши  анҷоми табаддулоти давлатӣ буд.Ҳарчанд Раҳмон эълон накард аммо Искандаров дар талоши сарнагунии ҳокимияти ӯ бо Ғаффор шарик шуморида буд.

 

   Фоҷиаи генерал Мирзо Зиёев,вазири пешини ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ниҳоят дардовар ва ғамангез аст. Ӯро ҳам дар охири кор бо ҳамин иттиҳом  ташкили гуруҳҳои ғайриқонунӣ бо мақсади сарнагунии ҳокимият ва талоши табаддулоти давлатӣ ба ҳалокат расонид. Дар ҳоле,ки ҳеҷ факту далел ва шоҳиде,ки гувоҳӣ дода бошад,ки Мирзо Зиёев ҳамчунин ният ва нақша дошт, бо як гулула ҷони ӯро ҳам гирифтанд.

 

   Генерал Маҳмадназар Солеҳов, яке аз афроди наздик ба худи Раҳмон дар охирин лаҳзаҳо  аз дарбор дур карда шуд ва нафаре,ки Додситони кулл, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазири корҳои дохилӣ буд низ бо зарби тири туфанг тавассути ходими  пулис Бузмаков Абдураҳмон,ки ҳоло Бузмаковро ба Аламшозода иваз кардааст, дар манзили зисташ, дар пеши чашмони ҳамсар ва писараш ба қатл расонида шуд. Ӯро бо иттиҳомоти дигар айбдор карданд,аммо ҳамон замон маълум шуда буд, ки Раҳмон аз ӯ шакку шубҳа карда ва маълумотҳоеро дар ихтиёр доштааст,ки Солеҳов бо пуштибонии Ислом Каримов,раиси ҷумҳурии Узбакистон ва роҳбарияти Русия қасди сарнагунии ӯ ва ишғоли курсиашро дошта аст. Аз инҷо буд,ки ӯро баъди аз мақом барканор кардан дар манзили зисташ кушт, агарчанде метавонист зинда дастгир кунад. Як нуктаи мавриди зикри хос ин аст мурофиаҳои додгоҳии ҳамаи ин генералҳо, ба шумули генерал  Абдуҳалим Назарзода пушида ва дур аз чашми мардум доир шуд. Ҳатто аз адвокатҳои Ҳоҷӣ Ҳалим ва бастагони ӯ забонхат гирифтанд,ки аз толори мурофиа ҳарферо ба берун набароранд,агар ба берун чизе аз ин толори суд баромад,мисли зерҳимояат зиндонӣ мегардӣ,адолати Раҳмноияён аст дигар.Зеро онҳо бо туҳмат зиндонӣ шуда буданд.

 

 Писарону бародарони Мирзо Зиёевро баъди куштани худи ӯ ба давраҳои тулонӣ зиндонӣ карданд .Ду писари Зиёев ба 25 ва 28 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳамчунин сарнавишт бори наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим, писару бародарон ва ҳатто ронандааш шуд ва онҳо ҳабсҳои тулонӣ шуданд. Масалан ронандаи Ҳоҷӣ Ҳалим то куҷо аз асрори давлатӣ бохабар буд,ки ҳатто мурофиаи у пушида доир шуд? Бародари Ғаффор Мирзоевро ҳам оқибат ба сӣ соли ҳабс маҳкум карданд.Ҷияни Маҳмадназар Солеҳов,ки пештар раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ҳукумати Раҳмон буд ва куштори Солеҳов дар ҳузури ӯ сурат гирифт,низ ба таври мармуз вафот кард. Раҳмон,ки барои ҳар кадоме аз ин нафарон рутбаи генералиро худ дода буд, бо дастони худ   дастури  ҳабсу куштори онҳоро имзо кард.Молу мулкашонро мусодира ва наздиконашонро низ ба ҳабс андохт ва ё кушт.

 

   Раҳмон, чи хеле тазаккур додем, тавассути табаддулот ва аз болои хун қудрати сиёсӣ дар кишварро ғасб ва тасарруф кардааст, ба ҳадде ҷону раги ҷонашонро ба курсии қудрат  пайваст ва духтааст,ки дар шахсияти ҳар нафаре,ки як каме дар ҷомеа мақом касб мекунад, ҳарифи сиёсии худро мебинад. Аз инҷо буд,ки Зайд Сайид, тоҷири муваффақ ва вазири пешини саноатро барои ташкили як ҳизби сиёсӣ ба давраҳи тулонӣ зиндонӣ кард. Ва дар ниҳоят Маҳмадсайид Убайдуллоевро ҳам аз мақом маъзул кард ва ҳоло танҳо бо Озода ва Рустам, секаса кишварро идора мекунанд ва ҳадаф ҳам ин аст ки касе дигар дар саҳнаи сиёсӣ пайдо нашавад.

  Ва,нақша ва тарҳи андохта барои табаддулоти давлат тавассути Ҳоҷӣ Ҳалим ба хотири ҲНИТ буд. Зеро ҲНИТ ҳарчанд зоҳир намекард,беш аз пеш пойгоҳи иҷтимоии худро тавсиа ва пуштибонии оммаҳоро касб мекард. Муқобили ҲНИТ тамоми чораҳоро андешид ва тамоми василаҳоро ба истифода бурд, то ки ҲНИТ  даст ба кадом иқдомоте бизанад,билфарзе тазоҳурот анҷом диҳад.Чопхонаи ҳизб ва газетаву журнали ва сайти онро баст, созмонҳои ибтидоии онро баст, бинои ҳизбро сузонд, ба дари қароргоҳаш муҳр зад ва ниҳоят дар интихоботи парлумонии соли 2015 раъйҳои ба даст овардаи ҳизбро надод. Хулоса, бо тамоми имконот ва зарфияти қудрат талош кард,ки сабру таҳаммули ҲНИТ-ро шиканад ва водор ба вокунишҳои сангин кунад ва сипас силоҳ истифода бурда дубора хун бирезад ва ба ҳизб бор кунад. Аммо ин ҳама муяссар нашуд. Сипас нишастанду ҳамин сенарияи Ҳоҷӣ Ҳалим ва нақшаи анҷоми табаддулоти давлатиро бо ҷузъиёт кашиданд. Раҳмон метавонист ин корро қабл аз соли 2015 низ ба иҷро дароварад, бар тибқи Протколи 32.20. Аммо он замон ду намояндаи ҳизб вакили Маҷлиси намояндагон буданд ва дар пеш интихобот буд,ки албатта дар ин ҳолат вокуниш на танҳо дар дохил, дар хориҷа ҳам хеле зиёд мешуд. Барои ҳамин интихоботи парлумонии соли 2015-ро ором доир кард ва барои ҲНИТ саҳми ба даст овардаашро надод ва бо ин васила фаҳмониданд,ки ҲНИТ дигар пойгоҳи иҷтимоӣ надорад. Ва, аз тарафи дигар бори дигар ба мардум ҳушдор доданд,ки аз ҲНИТ фосила бигиранд. Ҳатто овоз диҳанд ҳам мо он овозро қоил нахоҳем шуд. Яъне тарафдорони ҲНИТ ва норозиҳо аз сиёсати Раҳмонро тарс доданд,ки барои пуштибонӣ аз ҲНИТ кадом амале анҷом надиҳанд.Ва аз инҷо  рӯйи Ҳоҷӣ Ҳалим,ки бар тибқи саҳми сӣ дарсади вориди ҳокимият шуда буд ангушт гузоштанд. Ӯро занг зада метарсонад, ки дастгир мешавӣ ва ӯ барои ҳифзи худ ногузир ба самти Ромит меравад. Инҷо кадом табаддулоте набуд, ин тақаллубе бузург буд.  Аз ин ҷост,ки то ҳамин акнун ҳеҷ яке аз кишварҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ назири СММ, САҲА ва ғайра дархост ва талаби Раҳмонро барои террористӣ хондани ҲНИТ қабул накарданд.

 

   Раҳмон ва дору дастааш омори дақиқи норозиёни ҷомеаро  медонанд ва медонанд, ки миёни мардум камтарин обруро надоранд ва нафратзадаанд,танҳо тавассути тарсонидан ҳузур ва бақояшонро дар ҳокимият ҳифз мекунанд вале агар неруе чун ҲНИТ дар ниҳоят тазоҳурот мекард, онро пешгирӣ ва саришта карда наметавонистанд.Ончики луқма ва нони даҳони халқро ҳамроҳ бо духтарҳову домодҳо ва писару келину хешу табору ҳаммаҳалҳояш зада гирифта истодаст ва онки халқ бо миёни кузшуда ин ҳамаро таҳаммул карда истодаастро хуб медонанд. Барои ҳамин сахт метарсанд,ки аз қудрат бираванд. Қудрат барои Раҳмон ҳоло на танҳо манбаи ҷамъоварии пулу мол, балки кафолату замонати ҳаёташ, зиндагиаш ва ҷонаш аст. Борҳо дар суҳбатҳояш  дар ҳар мавриде аз несту нобуд кардани набера ба абера ва ҳама авлодаш суҳбат мекунад,ки ин воқиан аз тарси дарунии у дарак медиҳад ва хуб медонад,ки тули ин ҳама солҳо чи ҷиноятҳои бузургу ваҳшатнокеро алайҳи мардуми Тоҷикистон анҷом додааст. 

 

Барои чашмбандӣ, барои фиреби мардум сафарҳои пурвоҳима ва пурхарҷро омода мекунад ва пешвозҳои сохтаву дуруғиро ва шеърҳову сурудҳои пур аз хушомаду тамаллуқро амдан ва дидаву дониста ва фаҳмида ташкил мекунад. Ин тавр нест, ки ӯ надонад ин мардум аз сидқу ихлос ва аз руи самимият ӯро қабул кардаву мекарда бошанд. Инҳо ҳама зоҳирӣ ва сохтаву сунъианд. Ҳама аз дидори ӯ, аз ҳарфу ҳиҷои ӯ, аз ҳокимияти оилавию ҳаммаҳалҳои ӯ ба ҷон расидаанд. Чаро бояд бар фарзи мисол як нафар аз маҳз ҷиянҳои ӯ сардори милиса дар Шаҳринав бошад ва ё сардори идораи налоги Ҳисор бошад ва ё чаро бояд маҳз ҳаммаҳалҳои ӯ дар Чкаловск бо чиниҳо корхонаи семент ташкил бикунад ва ё чаро бозори Қурғонтеппа ба дасти ҳаммаҳали ӯ ва бозори дигараш дар ихтиёри писарбоҷа ва домодаш бошад. Дар ҳоле ки инҳо на барои некуаҳволии мардум, балки фақат ва фақат ба дуздӣ ва ғорат ва ба ришвату фасод машғуланд. Аз чунин ҳукумат ва чунин ҳоким, ки ҳатто дар сари кишти каду ва ё саҳнаи мабраз пойандозу фарши қирмиз мегустаранд,кӣ хушаш меояд ва розӣ аст?Ана ин аст ҳадаф аз роҳандозӣ ва ташкили табаддулоти давлатӣ:-ҳарифи асосӣ ва соҳиби оро ва пуштибонии мардумиро аз арса ронда ҳокимиятро қабза кардан. Баъди аз арса берун кардани ҲНИТ саҳнаро комилан холӣ ёфт ва  дигар тамоми қартаҳояшро ошкор кард ва сабаби асосии баста ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ ҳам барои ҳамагон маълум шуд. Референдум доир,Қонуни асосиро дигар ва барои худ ва писараш шароити ширкат дар интихоботи президентиро фароҳам сохт.

 

   Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллатро қабул ва худро роҳбари якумрӣ эълон намуд. Ин ҳама табаддулотгуиҳо ва чандин генералҳои соҳибмақому соҳибиззатро куштанҳо дуруғе,балки тақаллубе беш набуданд.Бар ивази онҳо чанд генерали 150 килоҳаро ҷамъ кардааст ва фикр дорад ин ҳингилдевҳо барояш содиқанд ва бар алайҳаш митеж наметавонанд бикунанду ба куҳҳо намебароянд аз фарбегияшон дигар....

 

Ва,аммо нуқтаи ахир ва бозгукунандаи туҳмат ва дуруғи бузурги Раҳмон дар мавриди иттиҳомаш алайҳи ҲНИТ,ки бо Ҳоҷӣ Ҳалим мехост табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад ин аст ки ҳануз мурофиаи додгоҳии Ҳоҷӣ Ҳалим ба анҷом нарасида Додгоҳи Олӣ ҲНИТ-ро бидуни онки муҳокима карда бошад, баст ва террористӣ эълон кард. Ҳамин нукта кофист ва далели рушан аст ки бигуем инҷо кадом табаддулоте набуд ва Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳамроҳонаш, ки барои ҳифзи ҷон ногузир ба самти Ромит паноҳ бурданд, қурбоние беш набуданд. Қурбоние,ки хуни онҳо ва хуни даҳҳо ҳазор тоҷики дигар зери пояҳои тахти Раҳмон ҳоло ҳам хушк нашудааст ва хунрезиҳои навбатӣ идома дорад.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.