Таъсири дӯсти солеҳ

  • 12 апреля 2019, 01:43

Вақте дар ватан будам, дар кадом маҷлиси бонувон иштирок накарда бошам, хоҳ тӯй бошад, хоҳ ҷамъомадҳои занона, ҳамеша сӯҳбатӣ аслии занон сару либосу баромадани муди нав буд. Аксарият оиди либоси наву мудҳои ҷадид маълумоти олӣ доштанд.

 

Аз сӯҳбатҳои диниву фарҳангӣ дар ҷамоъатҳои занона асло хабаре набуд. Дидани ин манзар хеле ғамгинам мекард. Қалбамро сиёҳӣ фаро мегирифт. Бо худ савол мекардам, ки оё дар ватани ман бонувоне вуҷуд дошта бошанд, ки авлавиятҳояшон болотар аз сару либосу зиннатҳои зоҳирӣ бошад?

 

Бо лутфи Парвардигор барои талаби илм ба хориҷ аз кишвар сафар кардам.  Бо тасаввури он, ки албатта хоҳароне, ки дар хоиҷ зиндагонӣ доранд, ҷаҳонбинии васеъ доранд. Бо фарҳангу маърифати худ аз дигарон фарқ мекунанд. Аз суҳбати онон ба бӯстони маърифат роҳ меёбаму аз меваи илму хирад лаззат мебарам. Ҳамин, ки ба Миср расидам, бесаброна, интизори сӯҳбати хоҳарони толибилм будам.

 

Пас аз ду рӯзи ба Миср расидан, яке аз ҳамсояҳо, ки аз Тоҷикистон буд, маро ба хонааш даъват кард.  Ба ман гуфт:

 

Ман чанд нафар занҳои тоҷикро ба меҳмонӣ даъват намудам, шумо низ ташриф биёред. Бо онҳо шинос мешавед, сӯҳбат мекунем.

 

Ростӣ аз хурсандӣ ба куртаам намеғунҷидам. Бо умеде, ки билохира, бо бонувони бофарҳангу пешрафта сӯҳбат мекунам. Иттифоқан чанд савол низ оиди талаби илму қабули донишгоҳ дошта будам.

 

Аммо лаҳзае, ки вориди маҷлис шудам, куллан ноумед гаштам.Тақрибан сӣ нафар хоҳарон нишаста буданд. Хурду калон, миёнасолу ҷавон. Ҳама ранг ба ранг, хел ба хел қимматтарин  куртаҳо, он ҳам аз мудҳои ҷадиди тоҷикӣ дар барашон буд. Ман ки дирӯз аз Тоҷикистон расида будам, медонистам, ки ин мудҳо ҳанӯз нав баромада буданд. Аҷабо инҳо аз куҷо ин куртаҳоро пайдо намуда бошанд. Сӯҳбатҳо бошад айни сӯҳбатҳои занҳои дохили Тоҷикистон. Боз куртаву ғайбати дигарон. Барои касе ҳам муҳим набуд, ки ман тоза ба Миср расидаму дар байнашон хоҳари ҷадид ҳастам. Касе аз ман чизе напурсид,  ҳафсалаи савол кардани ман ҳам пир шуд. Агар ду соат ҳамроҳашон нишаста бошам, ҳатто як калима аз илму таҳсил ҳарф нашунидам. Аз ҳама аламовартар он буд, ки аксарияти ҳозирин даҳ ва ё понздаҳ сол инҷониб муқими Миср будаанд. Бо ин ҳама зиндагии тӯлонӣ асаре аз илм надоранд. Он қадар ҳолам ба ҳам хурд, то охири меҳмонӣ тоқат карда натавониста, зуд ба хонаи иҷоравиям баргаштам. Худ ба худ мегуфтам, ки наход тоҷикон ба Сурайё сафар кунанд ҳам, тағйир наёбанд. Наход, ҳамеша бо сӯҳбатҳои холиву бефоида вақтамонро талаф кунем.

 

Пас аз чанд рӯз ҳамсояи дигаре, ки боз тоҷик буд, маро ба хонааш даъват кард. Бо шунидани даъвати ҳамсоя бо худ гуфтам:

 

Шояд ин бор авзоъ дигар бошад, шояд бо нафарони саводноку бофарҳанг шинос гардам. Вақте вориди хонаи ҳамсоя гаштам, ду нафар нишаста буданд. Ду хоҳар бо либосҳои кӯҳнаву фарсуда. Аз зоҳирашон маълум буд, ки хеле фақирона зиндагӣ доранд. Пас аз пазироӣ яке аз он хоҳарон, ки Шоҳзода ном дошт, аз ман чаро ба Миср омаданамро пурсид. Ман бо лабханд ҷавоб додам.

Мисли дигарон барои талаби илм омадам.

 

Шоҳзода аз шунидани посӯхи ман бо ҳасрат ба ман нигаристу гӯфт:

 

Хоҳарам на ҳама ба инҷо барои талаби илм меоянд. Хелеҳо фақат барои ҳамроҳи шавҳарашон зистан омадаанд. Хелеҳо барои он, ки инҷо назар ба Тоҷикистон шароити зист осон аст, омадаанд. Аммо андаке ҳам ҳастанд, ки танҳо ба хотири тадрис меоянд.

Инро гӯфту ба суханаш давом дод.

Агар бо нияти талаби илм омада бошед, барои ба ҳадафатон расидан кӯшиш кунед. Вақти худро барномерезӣ намоед. Дар як рӯз на кам аз ҳафт соат бояд дарс хонед.  Бидонед, фикри либоси ҷадиду пардаву болин, хӯрокҳои бо лаззату меҳмониҳои бемаврид, ҳамааш кушандаҳои вақти шумову монеъи донишомӯзиятон мегардад.

 

Албатта, дар хотиратон бошад, бояд бо дастовардҳои бузург ба ватан баргардед. Тасаввур кунед, ки нуҳ миллион нафар интизори шумо ҳастанд. Муҳтоҷи ғизои маънавӣ ҳастанд, онҳоро зиёд интизор гузоштан аз инсоф нест. Барои илмомӯзӣ шитобед ва шитобон ба ватан баргардед.

 

Дар аввалин шиносоӣ ин хоҳар ба ман, ба ҷуз насиҳатҳои муфидаш чӣ гунагии таълиму тадрис дар Мисрро иршод намуд. Ман савол медодаму ӯ бо ҷавобҳои комилу шомилаш маро қонеъ мекард. Аз пешравии шахсиаш пурсон шудам. Гуфт:

 

Ҳамааш се сол аст инҷост. Ҳамроҳи шавҳараш ва ду духтарчааш зиндагонӣ дорад. Кӯдаконаш яке якуним сола, дуввуми ҳанӯз се моҳа мебошанд. Гуфт, ки дар мудддати се сол Қуронро ҳифз намудааст. Забони арабиро ба таври комил омӯхтааст. Илова бар ин дар донишгоҳи Азҳар ҳам таҳсил дорад.

Аз посухаш тааҷуб карда пурсидам:

Субҳоналлоҳ, хоҳарам, ин ҳама таълиму тадрис бо ин ду кӯдаки хурдакак чӣ гуна бароятон муяссар шуд?

Бо лаб ханди зебое посух дод:

Аввалан тавфиқи Аллоҳ, баъдан дастгирии шавҳарам. Ман дар дасти шавҳарам ҳофизи Қурон шудам. Боқимонда, дарсҳоямро бо ёрии шавҳарам мехонам. Барои пешравии илмиам шавҳарам доимо ёрӣ мекунад. Баъзе вақтҳо кӯдаконро нигоҳу бин мекунад. Ба корҳои хона ёрӣ мерасонад. Барояш хӯроки бо лаззату фароғат муҳим нест. Муҳим ин аст, ки ман барои тарбияи фарзандонам омода шавам.

 

Аз шунидани сӯҳбатҳои Шоҳзода хеле баҳра бурдам. Шоҳзода кони илму маърифат буд. Пас аз аввалин вохурӣ зуд-зуд ба наздаш мерафтам. Дар як хонаи хоксорона зиндагӣ дошт. Ҳама асбоби хонааш кӯҳнаву қадимӣ буданд. Дар он кулбаи фақирона  ба нафарони зиёд таълим медод. Ман низ аз ӯ машварат мепурсидам. Ҳар боре, ки бо ӯ менишастам, ҳатман як фоидае мебардоштам.

 

Пас аз як соли дӯстӣ, хоҳарам Шоҳзода ҳамроҳи шавҳараш азми бозгашт ба ватан карданд. Шавҳараш донишгоҳро хатм намуд. Чанд моҳ пеш аз сафар бо ӯ расида наметавонистам, ҳамеша машғул буд. Баъдан фаҳмидам, ки Шоҳзода ба курси забони англисӣ меравад. Шабҳо бошад, аз  мудири яке аз мактаби духтарона, ки дар соҳаи тарбия ба докторӣ расидааст, дарс мегирифт. Кӯшиш мекард, то бо фаро гирифтани илм мударрисаи хубе бошад. Мударрисае, ки баробари таълими динӣ ба духтаракон забонӣ англисӣ меомӯзад. Барои васеъ шудани ҷаҳонбинии занон кӯшиш мекунад.

 

Пеш аз бозгашт ба ватан барои видоъ ба хонааш рафтам. Ба ман дафтарчаеро нишон дод, ки тамоми нақшаҳояшро навишта буд, нақшаҳое, ки барои пешравии ҷомеъа пиёда мегардонад. Барои тарбияи духтарон равона месозад.

 

Вақте бо ман видоъ мекард, боз ҳам ба такрор насиҳатам мекард, ки то фаромӯш накунам, ки дар ватан нуҳ миллион ташнаи илм интизоранд. Бояд таҳсиламро комил кунаму зуд баргардам. Ин ҳамаро мегуфту маро ба оғуш кашида мегирист. Маълум буд, ки ташнагиаш ба илм ҳанӯз нашикастааст.

 

 

Ӯ рафту ман дар Миср мондам. Хеле ҷояш холӣ буд. Аммо сӯхани охиринаш дар гӯшҳоям мудом садо медоданд.

Пас аз бадбахтиҳое, ки мақомот ба сари толибилмон овард, албатта хоҳараки ман Шоҳзодаву шавҳараш низ дар амон намонданд.

 

Ба наздикӣ, пас аз се соли сафараш ба Шоҳзода занг задам. Садояшро шунида мегиристам ӯ ҳам хеле талх гиря мекард. Вақте аз ҳолу аҳволаш ва пешравиҳояш пӯрсидам, гирякунон ҷавоб дод:

 

Хоҳарам, асло напурс муддати ду сол аст, ки шавҳарамро ба ҷурми тундгароӣ   ба муҳлати панҷ сол зиндон карданд. На танҳо шавҳарамро, балки бақия толибилмҳое, ки дар Миср хонда буданд. Ман бошам, ҳоло бо модари пири шавҳарам ва кӯдаконам зиндагӣ дорам. Зуд-зуд мақомот маро даъват карда, мабодо дарс надеҳ гӯён таҳдид мекунанд. Бо кӯмаки бародари бузурги шавҳарам зиндагӣ дорем. Кош ба ватан бар намегаштам. Аслан ба ин кишваре, ки инсон ба қадри ҳайвон қадру каромат надорад, барнагард гӯён мегирист.

 

Ин хоҳар ҳамроҳи шавҳараш бо сад умед ба ватан баргашт, то барои пешравии ҷомеъа ва ободии миллат кӯшиш кунад. Бехабар аз он, ки ба ҷои пазироӣ шавҳараш кунҷи зиндон шудаасту худаш гирифтори фишору таҳдидҳои золиму сангдилон.

 

Муслимаи Аҳмадӣ







    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.