Таслияту таскинбахшӣ аз беҳтарин ибодат аст

Таслияту таскинбахшӣ аз беҳтарин ибодат аст

  • 08 марта 2019, 19:26

Дар оламе зиндагӣ дорем, ки ҳама гирифтори мушкилие ҳастанд; яке беморӣ дорад, дигари фақир аст, яке сарсону овора, берун аз ватан. Дигаре даруни зиндон муҳтоҷи нафаси озод, яке муҳтоҷи фарзанд, дигаре бехонаву дар, яке муҳтоҷи лабханд, дигаре муҳтоҷи ёрӣ  мебошад.

 

Ҳама гирифторӣ доранд, алалхусус, мардуми сарзаминам Тоҷикистон, ки гуё гирдоби кулфатҳо онҳоро аз ҳар сӯ иҳота карда бошад.

Дар ин соатҳои ғамбор ҳама муҳтоҷи таслияту навозиш ҳастанд. Таслият бо як лабханд, таслият бо як лафзи ширин, таслият бо камтарин кӯмак метавонад дунёи торики азизонамонро дурахшон созад.

 

Таслият ибодате аст, ки наздик аст фаромӯш шавад ва хелеҳо аз он ғофил ҳастанд.

Дар Қурони Карим ва суннати Паёмбар ин мавзӯъ маконати хоссеро дорад.

 

Биёед бо ҳам ин мавзӯро аз наздик дар тасвири Қурону суннат бо ҳам  мутолиа мекунем, то дилҳои ғамзада таслият ёбанд.

 

Вақте Паёмбар аз ватани худ Маккаи Мукаррама хориҷ шуданд ва бо азми ҳиҷрат ба суи Мадина равона гаштанд, ҳанӯз ба Мадина нарасида, ба роҳе чашмонашон афтод, ки ба сӯи Макка мебурд.  Бо чашмони пур аз об, бо дили реш ба он роҳ нигоҳ мекарданд. Аллакай, пазмони ватан шуда буданд. Ватане, ки хотираҳои кудакӣ, айёми навҷавонӣ, аввалин рӯзҳои нузули ваҳйро шоҳид шуда буд. Асло намехостанд тарки ватан  кунанд. Аммо золимони Макка маҷбурашон карданд, то аз ватан бираванд.

Ба сӯи Макка нигоҳ мекарданд дар ҳоле, ки  дили муборакашон аз ғам пур буд. Дар ин ҳангом Аллоҳе, ки аз ҳоли муҳоҷирон ва ғарибони роҳи худ бохабар аст ва лаҳза ба лаҳза дар ёрии онҳост, ба Расулаш ваҳй нозил кард:

 

ان الذي فرض عليك القران لرادك الى معاد

 

Эй расули ман! Ҳаргиз ғамгин машав, ки туро аз ватан берун карданд.  Ҳамон Аллоҳе, ки ба ту Қуръонро нозил мекунад, рӯзе мешавад, ки туро ба ватанат бармегардонад. (сураи Қасас ояти 85)

 

Ин оят таслияти Раббул Оламин  ба паёмбараш буд. Парвардигор ба паёмбараш ваҳйе фиристод, ки таскини дили расули ҳабибаш шуд.  

 

Башорату ҳамвора бо дилбардории Аллоҳ ба сӯи паёмбар ин буд, ки асло ғам махур, имрӯз ту танҳо бо як нафар, аз дасти золимону мушрикини  Макка бо дили пур аз ҳарос аз ватани худ ҳиҷрат мекунӣ, аммо рӯзе мешавад, ки бо сари баланд, бо қудрати подшоҳӣ вориди сарзамини худ хоҳӣ шуд.  Ин оятҳо қуввати дили паёмбари муҳоҷир шуда буданд.

 

Рӯзе саҳобагони муҳоҷир, ки фақиру камдаст буданд, ба назди паёмбар омаданду гуфтанд: “Ё расулаллоҳ! Ҳама аҷру савобро сарватмандон бо худ мебаранд, мисли мо намоз мегузоранд ва мисли мо рӯза мегиранд, илова бар ин аз сарвати худ садақа мекунад ва аҷри садақаро мегиранд.  Мо бошем, чун сарват надорем, аз аҷри садақа маҳрум ҳастем. Ҷонам фидои асҳоби Расул, ки на аз камбағалӣ, балки аз нагирифтани аҷр ба сарварашон шикоят мебаранд!

Вақте Паёмбар дилҳои шикастаи муҳоҷиринро диданд, ба онҳо таслият доданду гуфтанд:

“Аллоҳ ба шумо низ ин фурсати аҷр гирифтанро додааст. Ҳар субҳоналлоҳе, ки мегӯед, аҷр дорад, ҳар алҳамдулиллоҳ аҷр дорад. Ҳар Аллоҳу Акбар аҷр дорад". (Саҳеҳи Муслим)

 

Дар рӯи замин мусалмоне нест, ки орзӯи дидори Паёмбарро накарда бошад. Ҳар нафари мусалмон боре бо дили худ гуфтааст: Эй кош дар замони Паёмбар будаму чеҳраи муборакашонро медидам.

Вақте, дилат аз муҳаббати Паёмбар саршор аст ва хеле ғамгин ҳастӣ, ки кош Паёмбарро медидӣ бидон, ки паёмбар бароят паёме доранд.

 

Рӯзе Паёмбар ба қабристоне рафтанд ва ба сӯи қабристон назар карда гуфтанд:

Ассалому алейкум аҳли муъминон. Ба зудӣ, иншоаллоҳ мо низ ба шумо пайваст хоҳем шуд. Ва ман низ хеле дуст дорам то он бародаронамро бубинам.

 

Вақте Паёмбар гуфтанд. Ман низ хеле дуст дорам он бародаронамро бубинам. Саҳобагон пурсиданд: Магар мо бародарони шумо нестем!?

Паёмбар гуфтанд шумо асҳоби ман ҳастед, бародаронам онҳое, ҳастанд, ки пас аз рафтани ман аз ин дунё меоянд ва хеле мехоҳанд, ки бо ман мулоқот карда бошанд.

 

Дар давоми ҳадис гуфтанд: Агарчи дар дунё онҳо маро дида наметавонистанд, аммо дар охират, дар канори “Ҳавзам” ман онҳоро мунтазир хоҳам буд. (саҳеҳи Муслим).

 

Пас, хуш ба ҳоли мову шумо! Пас, аз ин машаққатҳои фироқ ҲАбиби Аллоҳ мунтазири мо ҳастанд, бояд кӯшиш кард бо аъмоли солеҳ дар наздашон ҳузур ёбем!

 

Вақте амаки паёмбар Абутолиб аз дунё гузаштанд ва дар ҳамон сол ҳамсари маҳбубаи паёмбар Хадиҷа низ вафот карданд, Паёмбар он қадр ғамгин гаштанд, ки он солро соли Ғам ном гузоштанд. Аллоҳ барои таслияти расулаш худи ҳамон сол Паёмбарро ба сайёҳати Биҳишту осмонҳо даъват кард, то дили Паёмбар бо дидани малакути илоҳӣ таскин ёбад ва ғамҳои дунё Паёмбарро маҳзун насозад.

 

ГОҲЕ МЕШАВАД, ИНСОН ҲАМА ЧИЗУ ҲАМА КАС ДОРАД, АММО КАСЕРО НАДОРАД, КИ БАРОЯШ КАЛИМАҲОИ ТАСЛИЯТБАХШ ГУЯД.

 

Ҳаргиз фаромӯш намекунам рӯзе, ки яке аз дустонам занг зад ва хеле гиря кард, гиряе, ки садои муҳтоҷӣ дошт.

Ба ӯ гуфтам, азизам ту, ки ҳама чиз дорӣ. Хонаву сарват фарзанду ҳамсар, падару модар. Чаро ин қадр бо хориву зорӣ гиря мекунӣ?  Чӣ камбуди дорӣ?

Дӯстам боз сахттар гиристу гуфт: Ман хато кардам, хатое ки кардаму пушаймонам. Ҳама маро таъна мезананд, ҳама аз ман рӯй гардониданд, ҳатто нафареро надорам, ки бароям таслият бидиҳад, ба ман бигуяд, ки ту хато кардӣ,  аммо бо ин хато ту қиёмат қоим нашудаасту зиндагӣ идома дорад. Ҳама хато мекунанд.

Ман ҳамаро дорам, аммо касеро надорам, ки шарики ғуссаҳоям бошаду маро таслият бидиҳад.

 

Намунаҳои ҳамдардӣ

Вақте савдогареро мебинем, ки дар гармии офтоб ё сардии зимистон барои ёфтани ризқи худ истодааст, бо харидани арзонтарин чиз ба дили ӯ хурсандӣ меорем.

 

Вақте ба падару модар пешакӣ хабар надода, тӯҳфае ҳадия мекунӣ, гуё дунёро барояшон иҳдо кардӣ, ғамҳои гузаштаро ҷуброн мекунад.

 

Вақте ба ятиме бигӯӣ, ки  фарзандам агар ба чизе ниёз дорӣ ба ман бигу, лаҳзае бошад ҳам ғами бепадариро фаромӯш месозад.

 

فاما اليتيم فلا تقهر9 و اما السائل فلا تنهر10



“Ҳаргиз ятимро маозор ва ҳаргиз дастони муҳтоҷро холӣ бар нагардон”. (сураи Зуҳо ояти 9 ва 10)

 

Бемореро агар зиёрат кардӣ, бо дидан ту гӯё сараш ба осмон мерасад, ниме аз дарди худро фаромӯш месозад.

 

Ғариберо хабар гирифтӣ, хурсандии бепоёнеро барояш тӯҳфа мекунӣ.

Дар роҳ мондаеро ба манзилаш бирасон, ба якборагӣ аҳлашро аз парешонӣ наҷот медиҳиву худашро аз сарсонии роҳ.

 

Калимаҳои зебо, табассумҳои самимӣ, нигоҳҳои пурмуҳаббат таслияти қалбҳои шикаста аст. Аз касе кучактарин таслиятро дареғ мадор. Ҳамеша бо қадри тавон таскинбахши алангаи ғаму ғуссаҳои қалби мардум бош!

 

Паёмбар дар умри худ дасти муҳтоҷеро холӣ нагардонида буданд. Ба тамоми ятимону камдастон кумак мекарданд. Ҳоли қарздоронро мепурсиданду барояшон роҳи чора меёфтанд. Аз шунидани дарди дили касе малол намекарданд. Ҳамеша оёти илоҳӣ дастурамалашон буд.

 

Муслима Аҳмадӣ









    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.